ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Паём ва рушди ояндаи Кишвар

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 31/12/2024 - 12:57
     Чун солҳои гузашта Президенти муҳтарами кишвар, Пешвои миллат ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Кишвар баромад намуданд.
     Президенти муҳтарам нахуст мардуми Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва иштирокдорони Паёмро бо фарорасии соли нави  милодӣ шодбош гуфта, ба ҳама, бахусус ба мардуми сарбаланди Тоҷикистони ободу Тоҷикистони озод оромӣ, сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ таманно намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистонро боз ҳам ояндаи равшан ва саршор аз дастовардҳои нав интизор аст.
     Бояд ёдовар шуд, ки Паём хоси кишварҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, он як барномаи стратегии сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва низомиву фарҳангӣ мебошад. Паём ҳамчун як ҳуҷҷати роҳнамо рушди ояндаи кишварро дар самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ муайян менамояд.
      Хеле рамзист, ки Паёми имсола дар бинои нави Парламенти Кишвар, ки ба наздики бо тарҳи хеле зебову замонавӣ сохта, ба истифода дода шудааст, баргузор шуд. Ҳамчунин Паём дар замоне ироа гардид, ки вазъи сиёсиву ҳарбӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон башиддат вазнин, зудтағирёбанда ва печидаву ноустувор аст.
     Вобаста ба ин, Президенти муҳтарам дар Паёми имсола дар баробари дастовардҳои кишвар дар солҳои ахир, аз ҳалли масъалаҳои ниҳоят мубрами давлативу ҷамъиятӣ, муҳиму ҳалталаб ибрози андеша намуданд ва ҷиҳати ҳаллӣ онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо, ҳукумати маҳалҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва онҳоро дар ин самт вазифадор ва раҳнамоӣ намуданд.
     Аз суханрониҳои Презденти муҳтарам маълум гардид, ки вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Кишвар бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ тадриҷан раванди устувор касб кардааст. Оянда низ барои оромиву осоиш, ободиву пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон тамоми имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар сафарбар карда мешавад.
     Президенти муҳтарами кишвар дар ҳар Паёми худ вобаста ба беҳдошти шароити зисту зиндаги мардум аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Имсол низ иброз намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 стипендияи донишҷӯён, нафақаи шаҳрвандон ва музди кори кормандони соҳаи буҷет баланд бардошта мешавад. Албатта ин ғамхориҳои давлату ҳукумат ба фароҳам овардани шароити зисти арзанда ба мардуми Тоҷикистон равона карда шудааст.
     Дар ин раванд бештар ба соҳаи маориф аҳамияти ҷиддӣ дода, устодонро ба парвариши пурсамари хонандагону донишҷӯён раҳнамун шуданд ва асоси пешрафти давлату ҷомеаро ба хонишу дониш фаро гирифтани наврасону ҷавонон, дур доштани онҳо аз андешаҳои хурофотӣ, рою роҳи бегонапарстӣ, тундравии динӣ ва гароиш додани онҳо ба хештаншиносӣ, расму оин ва фарҳангу ҳунари миллӣ, хизмат ба меҳану миллат арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин иброз намуданд, ки бе маориф, бе илму дониш Кишвар ояндаи хуб дошта наметавонад ва ҳамчу як давлати пасмондаву дастнигар боқӣ мемонад.
     Инчунин пешвои гиромӣ роҳандозии барномаҳои рақамиву электрониро шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа дар шароити кунунӣ арзёбӣ намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва онҳоро вазифадор намуданд, ки дар муддати чор моҳ санадҳои ҳуқуқии боястиро дар ин самт таҳия ва ба Ҳукумати Кишвар пешниҳод намоянд. Дар ин раванд дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти  инноватсионии шаҳри Кулоб созмон додани Донишгоҳи технология ва менеҷменти  инноватсионии шаҳри Кулоб ва факултаву кафедраҳои онро дар дигар донишгоҳҳои Кишвар амри зарурӣ донистанд.
      Гузашта аз ин вазъи корҳои сохтмониро дар Неругоҳи Барқии  Обии Роғун пешрав ҳисобида, иброз намуданд, ки бо сохта шудани он дар соли 2027  Кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ расида, мардум аз нерӯи барқ ба таври доимӣ истифода хоҳанд кард.
    Дар самти муносибатҳои беруна сиёсати дарҳои кушодаро ба суди давлату миллат созгор шуморида, сафирон ва намояндагони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъулони самти корҳои хориҷиро ба хизмати шоиста ба суди миллату давлат хонданд.
     Албатта дар амалӣ намудани нуктаҳои Паём санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус қонунҳо нақши муҳим ва калидӣ доранд. Чун муқарраркунандаи ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин танзимгари муносибатҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ мебошанд.
     Вобаста ба ин, дар баробари кормандони дигар вазорату идораҳо кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш истиқбол карданд ва ироаи онро тавассути телевизион дар бинои Марказ бо ҳам шуниданд. Инчунин дар натиҷаи омузиш ҷиҳати амалӣ намудани мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паём аз тарафи Марказ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки он мавриди тасдиқ ва корбарӣ қарор дода мешавад.
    Мардуми тоҷику Тоҷикистон аз Паёми Президенти муҳтарами Кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон руҳбаланд гардида, ҷиҳати хидмат ба Кишвари худ-Тоҷикистони озоду обод беш аз пеш корҳои босуду самар анҷом хоҳанд дод.
Сардори шуъбаи қонунгузории сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Содиқ Шоназаров

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад