ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 21/11/2024 - 16:19
      Ифодакунандаи мустақилияти ҳар як давлат рамзҳо ва нишонаҳои асосии он мебошанд, ки давлат дар онҳо соҳибихтиёрии комили худро нишон медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ҶТ) ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр дорои рамзҳоест, ки мустақилият ва соҳибихтиёрии ӯро чи дар дохил ва чи дар хориҷӣ кишвар ифода мекунад. Яке аз рамзҳое, ки мустақилият ва соҳибихтиёрии ҶТ-ро дар дохил ва хориҷӣ кишвар таҷассум мекунад ин парчами миллии ҶТ мебошад. Аслан ҶТ аз замони пайдоиш ва ташаккулёбиаш ҳамчун Ҷумҳурии мухтор ва ҳамчун Ҷумҳурии иттифоқӣ дорои парчами худ буд. Парчам ифодагари нишони мустақилият, озодӣ, эътироф аз соҳибихтиёрӣ ва шинохти давлат ва миллати воқеан мустақил буда, баёнгари муқаддасоти миллист. Парчами давлатӣ ҳафт давраи ивазнамоии таърихии худро паси сар намудааст, аз ҷумла:
     1. Солҳои 1924-1929: ҶТ 14 октябри 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби ҶШС Узбакистон бунёд шуд ва 16 октябри 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазируфта шудааст;
     2. Солҳои 1931-1935: Бо ҷумҳурии иттиҳоди ҶШС Тоҷикистон эълон шудани Тоҷикистон ва пазироиши Конститусияи ҶШС Тоҷикистон, парчами он низ дигар шуд ва ин парчамро 25 феврали 1931 сохтаанд;
     3. Солҳои 1935-1940: 4 июли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд;
     4. Солҳои 1940-1946: Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ тағйирот даровард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу болға”-ро менигоштанд;
     5. Солҳои 1946-1953: Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досту болға” нигошта шуд;
     6. Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20.03.1953 то 9.09.1991:Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2 ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди фарҳангу санъати кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд;
      7. Солҳои 1991-1993: То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досту болға” ба кор мебурд. Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх. Ҳанӯз дар аввалин Конститутсияи худ соли 1929 Тоҷикистон парчами худро муайян кард ва боби 17 – уми онро (м. 105) ба нишон парчам ва пойтахти худ бахшид. Аввалин парчами Тоҷикистон, ки дар Конститутсия андозаи он (1:2) муайян шуда буд, ранги сурхи он мубориза ва ҷон исориҳо баҳри озодиро ифода мекард. Аввалин парчами расмии давлатии Тоҷикистон ифодагари синфи коргар ва деҳқон буда, пролетариятро дар ҳама арса тарғиб мекард [1, с. 633].
     Парчами Тоҷикистон дар замони салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ хусусиятҳои давлат ва миллати тоҷикро ҳамчун як миллати дорои таъриху фарҳанги ғанӣ дар ҳайати Иттифоқ муаррифӣ мекард.
Умуман, афрохтани парчам ин нишон аз ғолибият, натиҷаи ҷоннисорӣ ва муборизаҳо барои ноил шудан ба озодии воқеӣ, истиқлолият ва рамзи тавоноӣ, қудратмандӣ ва ҷасорат аст.
     ҶТ баъд аз оне, ки мустақилиятро дар натиҷаи заволи Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овард, ниёз ба қабули рамзҳои давлатии худро дошт, ки он мустақилияти Тоҷикистонро ҳамчун давлати миллӣ муайян мекард. Моддаи 18 Эъломияи истиқлолияти давлатӣ муқаррар кард, ки “Нишони миллӣ, байрақ ва суруди миллӣ рамзи истиқлолияти ҶТ буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд”. Мақомоти Олии намояндагии ҶТ Шӯрои Олӣ 28 июни соли1991 қарор дар бораи «Рамзҳои давлатии ҶТ»-ро қабул намуд, ки дар ин замина комиссияи махсус оид ба таҳияи рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуд. Ва дар Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии ҶТ парчами давлатии ҶТ аз ҷониби вакилони халқ якдилона 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шуд. Дар ин раванд «Низомнома»-и парчами давлатии ҶТ тасдиқ карда шуд. Дар як вақт ба Конститутсияи амалкардаистодаи он вақтае, ки моддаи 170 он ба парчами давлатӣ бахшида шуда буд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ин ҳолатҳоро метавон аввалин заминаҳои ҳуқуқӣ барои эътироф кардани парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар замони истиқлолият эътироф намуд. Минбаъд ин заминаҳо барои ташаккулёбии рамзҳои давлатӣ, алалхусус парчами давлатӣ хизмат карданд [2, с. 106].
     Воқеан, ҶТ чун давлати мустақил соҳибихтиёрии худро нав эҳсос карда, дар замоне соҳиби парчами милли гардид, ки кишварро ҷангӣ дохилӣ фаро гирифта буд. Конститутсияи ҶТ ҳамчун қонуни асосии давлат рамзҳои давлатии ҶТ-ро дар боби аввал мустаҳкам намуд. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ, нишон аз озодӣ ва мустақилият матонат ва иқтидори давлат буда, тавассути Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» афрохта мешавад. Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» 12 майи соли 2007 қабул шуда, тартиби афрохтани парчамҳои давлатиро муайян карда, ба он тобиши дигар дод. Афрохтани парчам дар болои бинои мақомоти давлатӣ ин рамзи таъмингардонии кафолати конситутсионии давлат ба фаъолияти мақомоти дахлдори давлатист. Афрохтани парчам ин гувоҳ аз кафолати давлат дар таъмини субот ва амният аст.
     Мувофиқи Қонун парчами давлатии ҶТ дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:
     – дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти ҶТ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Ҳукумати ҶТ, судҳои ҶТ, мақомоти прокуратураи ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии ҶТ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои ҶТ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилал;
     – дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд;
     – дар утоқҳои кории Президенти ҶТ ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти ҶТ таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Сарвазири ҶТ ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии ҶТ, Раиси Суди конститутсионии ҶТ, Раиси Суди Олии ҶТ, Раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ, Прокурори генералии ҶТ, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои ҶТ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
     – дар қисмҳои ҳарбии ҶТ (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии ҶТ.
     2. Парчами давлатии ҶТ-ро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии ҶТ афрохтан мумкин аст.
     3. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии ҶТ ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии ҶТ калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии ҶТ дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.
     4. Парчами давлатии ҶТ ҳамчунин афрохта мешавад:
     – дар воситаҳои нақлиёти Президенти ҶТ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Сарвазири ҶТ, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии ҶТ берун аз ҳудуди ҶТ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои ҶТ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати ҶТ;
     – дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;
   – дар рӯзҳои ид, ҷашнҳо ва маросиму чорабиниҳои тантанавӣ дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, биноҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон гузаронида мешаванд [3, с. 4].
     Президенти кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон бо фармони худ аз 2–юми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии ҶТ эълон намуданд. Воқеан, парчами миллӣ муқаддасоти давлат аст. Маҳз муқаддасоти миллист, ки Призиденти кишвар чун анъана пас аз савганд ёд карданаш парчамро мебӯсад. Ин рамзи садоқат ба давлат миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон буда дар парчами миллӣ мазмуни он ифода ёфтааст. Бинобар ин, таҳқири рамзҳои давлатӣ боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад. Ҳамин тариқ, Парчам дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ нишон ва суруди миллӣ шаҳодатдиҳандаи соҳибихтиёрии ҳар як давлат буда чун муқаддасоти миллӣ эътироф карда шудааст. Аз ин хотир, эҳтиром ва арҷгузоштан ба парчами миллӣ ногузир буда, қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад, зеро эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба худи миллат ва як халқи соҳибтамаддун аст.
 
Адабиёт:
1. Маҷмӯаи конститутсияҳои Тоҷикистон (Муҳаррири масъул Гадоев Б.C.). – Душанбе, 2015.
2. Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Нашри сеюм. – Душанбе, 2012.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2012.
 
 
Сабурзода Наврӯз Мирзоалӣ,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад