ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 21/07/2025 - 11:49
      Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдорӣ ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсияро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст.
    Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ гардида, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
     Ҳанӯз 21 июли соли 1999, №1262 масъалаи мазкурро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ баррасӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия ва пурзӯр намудани масъулияти онҳо дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)” қабул гардид.
    Дар заминаи фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти манфиатдор муваззаф карда шуданд, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия нигаронида шудаанд, бо зоҳир намудани таваҷҷӯҳи махсус ба муносибатҳои молиявию кредитӣ ва рафъи имкониятҳои пинҳоние, ки ба содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия мусоидат мекунанд, пешниҳод намоянд [1].
     Дар асоси супориши мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” таҳия ва тибқи тартиби муқарраршуда аз 10 декабри соли 1999, №875 қабул карда шуда, баъдан бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни зикргардида дар таҳрири нав ва 25 июли соли 2005, №100 ба тасвиб расид.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 супориш доданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардад [2]. Дар заминаи супориши Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 қабул карда шуд, ки айни ҳол мавриди амал қарор дорад.
     Бо ба инобат гирифтани таҳдидҳои коррупсия барои амнияту суботи ҷомеа, ки арзишҳо ва ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои аҳлоқӣ ва адолатро халалдор месозад бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 2005, №1601 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки 21 ноябри соли 2003 дар сессияи 58 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, маъқул дониста шуд [3].
     Баъди ба тасвиб расонидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. То ин муддат се санади барномавии дурнамо, аз ҷумла Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул карда шуданд.
     Дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода арзёбӣ мегардад.
     Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию тафтишӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомоти Агентӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Агентиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008, № 374 муқаррар менамояд [4]. Агентӣ мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоро мутобиқи қонунгузорӣ иҷро менамояд.
     Ҳамчунин, ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 декабри соли 2010, №968 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода шуд. Шурои миллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- мусоидат оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати муайянсозӣ, тасдиқ ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;
- мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;
- мониторинг ва баҳогузорӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба иҷрои ҷорабиниҳои муқовимат ба коррупсия;
- назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
- ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа, ҷалби қувваҳои солимфикри ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия бо роҳи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд [5].
    Яке аз сабабҳои пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ ин номукаммал будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, барои бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо экспертизаи зиддикоррупсионӣ нақши муҳим дорад. Бо ба эътибор гирифтани аҳамияти назарраси масъала 28 декабри соли 2012, №925 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қабул карда шуд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳои бартараф намудани ин омилҳоро танзим менамояд [6].
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуданд: “Мо бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”-ро қабул намудем, ки ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мусоидат менамояд” [7].
     Дар баробари экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз чораҳои самарабахши дигаре, ки ба пешгирӣ кардани коррупсия ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда нигаронида шудааст, ин таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ба шумор меравад. Дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо механизми таҳлили хавфҳои коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ҷорӣ карда шуд.
     Методологияи мазкур асосҳои ташкилӣ ва методии раванди таҳлили хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд муқаррар менамояд. Мақсади методология бо дарназардошти таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ (хоси ташкилот), ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад.
     Таҷриба нишон медиҳад, ки вобаста ба пешрафти босуръати ҷаҳони имрӯза рӯз аз рӯз тарзу усулҳои нави содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ зуҳур карда истодаанд. Ин ҳолат водор месозад, ки роҳҳои нави муқовимат бар зидди ин падида дарёфт карда шуда, фаъолият дар ин самт боз ҳам тақвият бахшида шавад. Махсусан дар замони рушди босуръати техникаву технологияҳои муосири иттилоотӣ муқовимат ба коррупсия низ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва механизмҳои ииноватсионӣ бояд роҳандозӣ гардад. Раванди мазкур, ки ба тадриҷан кам намудани муносибати бевоситаи шаҳрвандон бо шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд, боиси кам шудани омилҳои коррупсионӣ, суръат гирифтани иҷрои корҳо, сари вақт гирифтани маълумоту иттилооти зарурӣ ва омилҳои дигари мусбӣ мегардад. 
     Бинобар ин, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла таҳкими фазои зиддикоррупсионӣ дар кишвар, шароит боз ҳам бештар фароҳам меорад.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба як қатор вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
     “Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”, – зикр намуданд Пешвои миллат [8].
     Дар доираи сиёсати зиддикоррупсионии Пешвои миллат ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони кордону поквиҷдон, роҳандозӣ намудани чораҳо вобаста ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ ва таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Сарвари давлат мунтазам таъкид менамоянд: “Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед”.
     Воқеан, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он зарур мебошад, ки дар баробари тадбирҳои аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар амалишаванда, ҳар шахс дар навбати худ манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта тавонад.
     Дар доираи сиёсати зиддикоррупсионӣ баланд бардоштани музди меҳнат ҳамчун механизми ҳавасмандгардонӣ ва коҳиши хатарҳои коррупсионӣ мавқеи муҳими стратегӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз асоси фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамзамон, 8 феврали соли 2025, №962 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” тасдиқ карда шуд. Мувофиқи санади зикршуда аз якуми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда мешавад. Тадбирҳои мазкур дар баробари баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин ба коҳиши сатҳи коррупсия ва тақвияти идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.
      Дар асоси маълумотҳои зикршуда бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти манфӣ муваффақ гардидааст.  Сиёсати зиддикоррупсионӣ имрӯз дар Тоҷикистон на танҳо омили таҳкими адолати иҷтимоӣ, балки шарти муҳими рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ гардида, ба коҳиши назарраси коррупсия ва таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
 
            Руйхати адабиётҳо
  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)”
  2.  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://prezident.tj/event/missives/17365
  3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 2005, №1601 “Оид ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия”
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008, № 374 // https://mmk.tj/content/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-агентии-назорати-давлатии-молиявӣ-ва-мубориза-бо
  5. Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 № 968
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” // https://mmk.tj/content/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-экспертизаи-зиддикоррупсионии-санадҳои-меъёрии-ҳуқуқӣ
  7. Суханронӣ ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия https://prezident.tj/event_by_theme/internal_politics/defense_and_litigation/12831
  8. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” // https://prezident.tj/event/missives/49225
Муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифзода Фарангис Шариф
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад