ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Қонун 184 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 06.12.1990 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
ҚОНУН 378 ДАР БОРАИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НОМИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОЦИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.08.1991 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗАБОН ВА СИФАТИ ҚОНУН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 22/06/2010 - 11:06

     Рӯзи 22 июни соли 2010  соати 9-00 дар Маҷмааи давлатии Коҳи Ваҳдат конференсияи  илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забон ва сифати қонун» баргузор мегардад.

    Дар конференсия иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Маджиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо ва дигар мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқи давлати пешбини шудааст.

  Дар конференсия  масъалаҳои назариявӣ ва таҷрибавии сифати қонун техникаи қонунгузорӣ ва забони қонун, мухолифати байни қонунҳо ва ғайра мавриди таҳлил қарор дода мешаванд.

 

Барномаи конференсия

 

8.30-9.00 – қайди иштирокчиёни конференсия

9.00- 9.10 сухани ифтитоҳӣ:

 Раҳимов М.З. - Директори Маркази миллии қонугузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Менглиев Р.Ш. – Муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Давлатов Ҷ.М. – Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муродов Д.Ҳ.-  Мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ватанов М.М. - Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1.    9.10.-9.20 – Ватанов М.М. - Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Масъалаи мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда».

2.    9.20-9.30 - З. Ализода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъсири онҳо ба татбиқи қонунгузорӣ».

3.    9.30-9.40 – Назаров М. - Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Риояи қонуни забон дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

4.    9.40-9.50 - Юсупов А.- Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Забони қонун ҳамчун қисми таркибии забони давлатӣ ва ҳастии миллӣ»

5.    9.50-10.00 - Раҳимов М.З. - Директори Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Сифати қонун ҳамчун омили баланд бардоштани эътибори иҷтимоии қонунияти ҳуқуқӣ».

6.    10.00-10.10 - Халифаев М.Н. - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи Созмони милали муттаҳид муқобили коррупсия: таҳлили муқоисавӣ».

7.    10.10-10.20 - Ҷабборова М.Т.- Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Таркибҳои русӣ дар қонунгузорӣ ва роҳҳои ислоҳи он».

 

 

10.30- 10. 50   Кофе-брейк

 

8.    10.50-11.00 – Бобоҷонов И.Х. - Раиси суди ноҳияи Рудакӣ, н.и.ҳ, дотсент – «Ташаккули забони қонун ва проблемаҳои ҳозираи он».

9.    11.00-11.10 - Холов С. - Муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Роҳҳои мутобиқгардонии қонунҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

10.    11.10-11.20 - Бобоев У.Х. - Муовини аввали Директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. – «Доир ба баъзе масоили забони шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

11.    11.20-11.30 – Раззоков Б.Х. - дотсенти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.х. – «Масъалахои назариявӣ-ҳуқуқии тасдиқи истилоҳоти конститутсионӣ дар қонунгузории маъмурӣ».

12.    11.30-11.40 - Самадов Ш.Д. - Узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъсири онҳо дар татбиқи қонунгузорӣ».

13.    11.40-11.50 - Эшбоев Ҷ.Х.- Сармутахассиси Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Забони қонун чун қисми ҷудонашавандаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».

14.    11.50-12.00 - Кабиров М. - Узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Забони қонун ҳамчун қисми таркибии забони давлатӣ»

15.    12.00-12.10 - Баҳриддинов С.Э. - Муовини Директори марказии миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. – «Некоторые вопросы техники уголовного законодательства Республики Таджикистан».

16.    12.10-12.20 - Гадоалиева Н.Б. - Сармутахассиси Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Масъалаҳои тарҷумаи санадҳои меъёрӣ ба дигар забонҳо».

 

12.20 – 12.30 Музокирот

 

12.30-13.30 - Танаффус

 

17.    13.30-13.40 - Алӣ Иброҳим Саидзода - Сардори раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Роҷеъ ба масъалаи мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъсири онҳо ба татбиқи қонунгузории зиддикоррупсионӣ»

18.    13.40-13.50 - Неъматов А.Р. - Сармутахассиси шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. –  «Асосҳои назариявии ҳамбастагии техникаи қонунгузорӣ ва сифати қонун».

19.    13.50-14.00 - Ғафуров А.Д. -  Сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. – «Оид ба баъзе масъалаҳои сифати қонунгузории молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ».

20.    14.00-14.10 – Шарипов Т.Ш. – Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, д.и.ҳ., Сафаров А. И. - мутахассиси пешбари шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Забони қонунгузории ҷиноятӣ: проблема ва роҳҳои ҳалли он».

21.    14.10-14.20 - Қ. Зоирӣ - Сардори шӯъбаи танзими танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Проблемаҳои забони қонунгузорӣ: мушкилот ва дурнамо».

22.    14.20-14.30 – Диноршоев А.М. Сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. - «Противоречия действующего законодательства РТ Конституции и признанным Республикой Таджикистан международным договорам по правам человека».

23.    14.30-14.40 - Иброҳимов С.И. - Ходими пешбари илмии Шӯъбаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Институти давлат ва ҳуқуқӣ АИ ҶТ – «Доир ба баъзе масъалаҳои забон ва техникаи қонунэҷодкунӣ дар соҳаи адолати судии маъмурӣ»

24.    14.40-14.50 - Суҳроб Қоҳирӣ - Сарнозири Раёсати ташкилию нозиротии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ – «Масъалаҳои мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқукӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зиддикоррупсионӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон».

25.    14.50-15.00 - Мансуров Ш. - Сардори шӯъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Риояи техникаи қонунгузорӣ - омили баланд бардоштани сифати қонун».

26.    15.00-15.10 - Сулаймонов Ф.С. - Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети  ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ - «Баъзе аз масъалаҳои татбиқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

27.    15.10-15.20 - Маҳмадшоев Ф.А. - Муовини сардори шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Доир ба баъзе масъалаҳои мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

28.    15.20-15.30 - Аминова Ф.М.-  Муаллимаи кафедраи ҳуқуқи  граждании ДРТС – «Соблюдение техники законотворчества как способ повышения качество закона».

 

15.30-15.40 – Музокирот

 

15.40 – Сухани хотимавӣ

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)