ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 13:10
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
72
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
09.12.2004
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805, мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896; с. 2015, №3, мод. 215)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, № 436, аз 28.12.2013 № 1052, аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498, аз 29.01.2021 № 1769, аз 23.12.2021 № 1847, аз 15.03.2023 № 1959)
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)- ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;
- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон - доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- истеҳсолкунанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурӯш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;
- иҷрокунанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;
- фурӯшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба истеъмолкунанда мефурӯшанд;
- чеки мол - талони хазинадорӣ бо суроғаи фурӯшанда ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши он мансуб мебошад;
- чеки хазинадорӣ - талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблағи гирифташуда, санаи фурӯш, номи ташкилоте (соҳибкори инфиродие), ки молро барои фурӯш истеҳсол мекунад;
- стандарт - стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, бинокорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тибқи қонун талаботи ҳатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар менамояд;
- сифати мол (кор, хизматрасонӣ) - маҷмӯи хусусиятҳои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи муқарраргардида ва ё эҳтимолии истеъмолкунанда (бехатарӣ, коршоямӣ, хусусиятҳои истифода, боэътимодӣ, камхарҷӣ, талаботи иттилоотии завқӣ ва ғайра) - ро қонеъ гардонидани он нисбат дорад;
- мӯҳлати кафолат - мӯҳлати тақвимӣ (ба ҳисоби моҳ) ё кор (ба ҳисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва ҳоказо), ки дар ин муддат мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) бояд ба тамоми талаботи сифате ҷавобгӯ бошад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ муайян карда шудааст;
- мӯҳлати коршоямӣ - даврае, ки баъди гузаштани он мол (натиҷаи кор) барои истифода кардан аз рӯи таъиноташ корношоям дониста мешавад;
- мӯҳлати хизмат - даврае, ки дар ҷараёни он истеҳсолкунанда ӯҳдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз рӯи таъинот истифода бурдани мол (натиҷаи кор)-ро муҳаё намояд ва бехатарии мол (иҷрои кор)-ро барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва ҳамчунин барои муҳити зист кафолат медиҳад;
- мӯҳлати нигоҳдорӣ - даврае, ки дар рафти он мол (натиҷаи кор, ё хизматрасонӣ), дар сурати риоя шудани шартҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, хусусиятҳои дар ҳуҷҷати меъёрӣ ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар кардааст, нигоҳ медорад;
- нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) ё худ моли дорои сифати номатлуб - номувофиқатии мол (кор, хизматрасонӣ) ба стандарт, ба шартҳои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасонӣ);
- нуқсони ҷиддии мол (кор, хизматрасонӣ) - нуқсоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ)-ро мутобиқи таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зоҳир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблағи калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз баҳрае маҳрум мешавад, ки ҳангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;
- бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастагӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 3. Ҳуқуқи истеъмолкунанда
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он;
- ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1847);
- ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи мол (кор, хизматрасонӣ) (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба иваз намудан ё баргардондани моли дорои сифати номатлуб (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1847);
- ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769) ;
- ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;
- ба бартараф намудани нуқсон ва камбудии мол (кор, хизматрасонӣ) (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769) ;
- ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193);
- ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;
- ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда).
Моддаи 4. Таъмини ҳуқуқи истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда
Ҳуқуқ доштани истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо роҳи ба барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани масъалаҳо оид ба асосҳои дониши истеъмолӣ (матлуботӣ) ва ҳамчунин бо роҳи ташкили системаи огоҳонии истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар фанҳои таълимӣ мавзӯъҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 5. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда дар вақти барояш муносиб бо назардошти тартиботи кори фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба интихоби озодонаи моли (кори, хизматрасонии) хушсифат ҳуқуқ дорад.
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда дар интихоби озодонаи мол (кор, хизматрасонӣ) ёрӣ расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Ба баъзе гурӯҳҳои истеъмолкунандагон дар хизматгузории тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои хизматгузории истеъмолкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз ва бартарият дода мешавад.
Ба муқаррар намудани бартариятҳо, маҳдудиятҳои бевосита ё худ бавосита ҳангоми интихоби мол (кор, хизматрасонӣ), ғайр аз бартарие ё маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, роҳ дода намешавад.
Моддаи 6. Сифат ва миқдори мол (кор, хизматрасонӣ)
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда моле диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки сифат ва миқдори он ба шартнома мувофиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498).  
Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ), фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст барои мақсадҳое, ки чунин мол (кор, хизматрасонӣ) одатан истифода мешавад, ба истеъмолкунанда мол диҳад (корро иҷро намояд, хизмат расонад) (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498, аз 29.01.2021 № 1769).
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ҳангоми бастани шартнома доир ба мақсадҳои мушаххаси харидории мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) аз ҷониби истеъмолкунанда огоҳ шуда бошад, фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки он мувофиқи ин мақсадҳо барои истифода коршоям бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 29.01.2021 № 1769).
Ҳангоми фурӯши мол аз рӯи намуна ва ё тавсиф фурӯшанда ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда моли ба намуна ва ё тавсиф мувофиқро диҳад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498).
Агар бо стандарт нисбати сифати мол (кор, хизматрасонӣ) талаботи ҳатмӣ пешбинӣ шуда бошад, фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро супорад (коре, хизматеро ба ҷо оварад), ки он мувофиқи ин талабот бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 29.01.2021 № 1769).
Истеъмолкунанда фақат маблағи миқдори муайяни моли гирифтааш (кори, хизмати ба ҷо овардааш) - ро пардохт менамояд.
Баҳисобгирии моли (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷрокарда) - ро фурӯшанда бо воситаҳои ченаке, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба истеъмолкунанда назар ба миқдори пешбининамудаи шартнома камтар мол супурда (кору хизматро ба ҷо оварда) бошад, пас фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, зарари ба истеъмолкунанда расидаро пурра ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 23.12.2021 № 1847).
Дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳое, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро нисбат ба ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳдуд месозанд, манъ аст.
Моддаи 7. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҷиҳати муқаррар намудани мӯҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор)
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст мӯҳлати хизмати моли (кори) истифодааш дарозмуддат, аз ҷумла маснуоти комплектӣ (ҷузъу қисмҳо, агрегатҳо)-ро, ки бо мурури замон барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда хавфнок шуда, ба амволи ӯ ё ба муҳити зист зарар расонда метавонад, муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мӯҳлати хизмати мол (кор) бо воҳиди вақт ва ҳамчунин бо воҳидҳои дигари ченак (километр, метр ва ғайра) вобаста ба таъинот ва хусусияти мол ҳисоб карда мешавад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба маҳсулоти озуқа, ороишиву атриёт, доруворӣ, молҳои кимиёвӣ, рӯзгор ва ба дигар молҳои ҳаммонанд мӯҳлати коршоямӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Фурӯхтани мол (иҷрои кор) баъди гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле (иҷрои коре), ки бояд ба он мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоямӣ муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардидааст, манъ аст.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор мебошад, ки дар давраи мӯҳлати кафолатии муайяншуда ё мӯҳлати кафолатии иловагии муқаррарнамудааш талаботи истеъмолкунандаро тибқи Қонуни мазкур қонеъ гардонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 8. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда ҳангоми риояи шартҳои муқарраршуда истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии мол (кор, хизматрасонӣ), ки барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист бехатар бошад, инчунин ба амволи ӯ зиён нарасонад, ҳуқуқ дорад.
Талаботе, ки бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)-ро барои ҳаёту саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист таъмин месозад, инчунин расидани зарарро ба амволи истеъмолкунанда пешгирӣ менамояд, ҳатмӣ буда, тибқи қонун муқаррар карда мешавад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо воситаҳои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние) , ки барои ҳаёт, саломатӣ, амвол ва муҳити зист хавфу хатар дорад, аз ҳисоби фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) иттилоот дошта бошад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи кафолат ё мӯҳлати коршоямии мол (кор) бехатарии мол (кор) - ро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Зараре, ки дар натиҷаи таъмин накардани бехатарии мол (кор) ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
Агар барои бехатарии истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он риояи қоидаҳои махсус (минбаъд - қоидаҳо) зарур бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ин қоидаҳоро дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамғакоғаз, зикр намояд, нишонагузорӣ кунад ё ба дигар тарз зикр намояд ва фурӯшанда (иҷрокунанда) вазифадор аст, ки ин қоидаҳоро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар ба мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи қонунҳо ё бо стандартҳо талаботи ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, ки бехатарии онро барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунандагон, муҳити зист ва пешгирии зарарро ба амволи истеъмолкунанда таъмин мекунанд ва ҳамчунин воситаҳое, ки бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандаро таъмин менамоянд, бояд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад. Номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла моли (кори, хизматрасонии) воридотӣ, бидуни маълумоти бо забонҳои давлаӣ ва русӣ ва дар мавриди зарурат бо хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ва мутобиқати он ба талаботи зикргардидаи қисми шашуми ҳамин модда, инчунин бидуни маълумоти алифбои рақамӣ ва хатҳои рамзӣ манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар муқаррар карда шавад, ки ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда риоя гардидани қоидаҳои муқаррарнамудаи истифода, нигоҳдорӣ ё интиқоли мол (кор) он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда, муҳити зист зарар мерасонад ё расонда метавонад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор аст, истеҳсоли (фурӯши) онро то бартараф намудани сабабҳои зарар фавран ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои аз муомилот ва аз истеъмолкунанда (истеъмолкунандагон) бозпас гирифтани он тадбирҳо андешад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар бартараф кардани сабабҳои зарар ғайриимкон бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст, истеҳсоли чунин мол (кор, хизматрасонӣ)-ро қатъ намояд. Ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) иҷро нашудани ин ӯҳдадориҳо бо супориши мақомоти босалоҳияти идоракунии давлатӣ, ки сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро назорат мекунанд, истеҳсоли ин мол (кор, хизматрасонӣ) қатъ гардида, аз истеҳсолот, муомилот ва аз истеъмолкунандагон бозпас гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Зараре, ки ба истеъмолкунанда дар натиҷаи бозпас гирифтани мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, бояд аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) пурра ҷуброн карда шавад.
Агар муқаррар карда шавад, ки фурӯшанда (иҷрокунанда) молеро мефурӯшад (кореро иҷро менамояд), ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошад, чунин мол (кор) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фурӯшанда (иҷрокунанда) бозпас гирифта мешавад.
Тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ғайрихӯрокворие, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва мӯҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 8(1). Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти мол
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Истеъмолкунанда ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор ҳуқуқ дорад, ки чеки хазинадорӣ, чеки мол ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро аз истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда), ба истиснои соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, талаб намуда, гирад.
Ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 9. Маълумот дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаб намояд ва истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор аст сари вақт ба истеъмолкунанда дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) маълумоти зарурӣ ва боэътимоде пешниҳод намояд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад. Номгӯи намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) ва тарзи расонидани маълумот ба истеъмолкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Маълумоти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда рӯшану возеҳ ва фаҳмо ба маълумоти истеъмолкунандагон ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои маъмули баъзе соҳаҳои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ба забонҳои давлатӣ ва русӣ расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври ҳатмӣ бояд ҳолатҳои зеринро дар бар гирад:
- зикри стандартҳое, ки мол (кор, хизматрасонӣ), нишони мол ё нишони хизматии ба қайд гирифташуда (патент кардашуда) бояд ба талаботи ҳатмии ин стандартҳо мувофиқат намояд;
- маълумот оид ба хусусиятҳои асосии истеъмоли мол (кор, хизматрасонӣ), нисбати озуқа - маълумот оид ба таркиб (аз ҷумла номгӯи дигар маводи хӯрок ва иловаи хӯрок, ки дар ҷараёни тайёр кардани онҳо истифода шудаанд), вазн ва ҳаҷми мавод, калорияи (қувваи) озуқа, таркиби моддаҳои барои саломатӣ зарарнок дар муқоиса бо талаботи стандартҳо, инчунин қобили истеъмол набудани истеъмоли он дар мавриди баъзе бемориҳо. Номгӯи моле (коре, хизматрасоние), ки маълумот дар хусуси он дар мавриди баъзе бемориҳо бояд дорои нишондоди ғайри қобили истифода бошад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- нарх ва шартҳои ба даст овардани мол (кор, хизматрасонӣ);
- мӯҳлати кафолат, агар он муқаррар шуда бошад;
- қоида ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатари мол (кор, хизматрасонӣ);
- мӯҳлати хизмат ва мӯҳлати коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ), ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст ва ҳамчунин маълумот дар бораи амали зарурии истеъмолкунанда баъди гузаштани мӯҳлати мазкур ва оқибати имконпазир дар сурати иҷро накардани чунин амал, ба шарте, ки мол (кор, хизматрасонӣ) баъди гузаштани мӯҳлати зикршуда барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда хавфу хатар пеш оварад ё худ барои истифода аз рӯи таъинот корношоям шавад;
- ишораи тарзи тайёр кардани маводи хӯроквории зудтайёршаванда (нимтайёр) дар борҷомаи онҳо;
- маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ), рақами телефон, номи фирмавии (номи) истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (ташкилотҳо), ки барои қабули шикоятҳои истеъмолкунандагон, таъмиркунандагон ва хизматрасонии техникии мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ваколатдор карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498);
- маълумот оид ба сертификати ҳатмии мувофиқати мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), инчунин дар мавриди зарурат маълумот оид ба хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ;
- маълумот дар бораи қоидаҳои фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ);
- зикри шахси мушаххасе, ки кор (хизматрасонӣ) - ро иҷро мекунад ва агар ин аҳамият дошта бошад, маълумот дар хусуси ӯ бо назардошти хусусияти кор (хизматрасонӣ);
- зикри истифодаи фонограммаҳо ҳангоми хизматрасонии фароғатӣ аз ҷониби иҷрокунандагони асарҳои мусиқӣ.
Агар моли харидаи истеъмолкунанда истифода шуда бошад ё нуқсони (нуқсонҳои) он бартараф шуда бошад, бояд дар ин хусус ба истеъмолкунанда маълумот дода шавад.
Истеъмолкунанда аз маълумоти пешбининамудаи моддаи мазкур дар ҳуҷҷатҳои замимашавандаи техникии мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамғакоғазҳо, нишонагузорӣ ё ба тарзи дигари барои намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) қабулгардида огоҳонида мешавад.
Маълумот дар бораи сертификати мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) дар шакли нишонагузории мол (кор, хизматрасонӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи аломатҳои мувофиқат ба қайди маълумот дар ҳуҷҷати техникӣ оид ба гузаштани сертификат, рақами сертификат, мӯҳлати амали он ва доир ба ташкилоте, ки онро додааст, иборат мебошад.
Агар ҳуҷҷатҳои техникии мол (шиносномаи техникӣ, дастурамали истифода ва ғайра) ба забони хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ё ба забони русӣ ҳатмист.
Маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандишуда, инчунин маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 10. Маълумот дар бораи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда)
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) маълумоти зарурӣ ва боэътимод талаб намояд.
Ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои қабулнамудаи соҳаҳои алоҳидаи хизматрасонии истеъмолкунандагон, маълумоти мазкур дар шакли аёнӣ ва дастрас бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ба таври илова бо забони русӣ ва дигар забонҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҳамчунин ӯҳдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ, (суроғаи ҳуқуқӣ) рақами телефон ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498).
Агар намуди (намудҳои) фаъолияте, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом медиҳад литсензия карда шавад, бояд ба истеъмолкунанда оид ба рақами литсензия, мӯҳлати амали он, инчунин доир ба мақоме, ки ин литсензияро додааст, маълумот пешниҳод намояд.
Маълумоти пешбининамудаи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дӯконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом дода мешаванд, бояд ба маълумоти истеъмолкунанда расонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 11. Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1959)
Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор бе муроҷиат ва ҷалби субъектҳои хоҷагидор муқаррар карда мешавад.
Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр нагардидаанд, аз ҷониби онҳо мустақилона муайян карда мешавад.
Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ ба маълумоти истеъмолкунандагон расонда мешавад ва бояд ба тартиби муқарраршуда мувофиқат кунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1959).
Моддаи 12. Масъулияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) барои маълумоти нодуруст доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва оид ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда)
Агар ҳангоми бастани шартнома ба истеъмолкунанда оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) имконияти фавран ба даст овардани маълумот муҳаё карда нашуда бошад, вай ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда (иҷрокунанда) товони зарареро талаб намояд, ки дар натиҷаи саркашии беасос аз бастани шартнома расидааст ва агар шартнома баста шуда бошад, онро дар мӯҳлати муносиб бекор кунад ва баргардонидани маблағи барои мол (кор, хизматрасонӣ) пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарҳоро талаб намояд.
Ҳангоми бекор кардани шартнома истеъмолкунанда ӯҳдадор аст мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) - ро, агар аз рӯи хусусияташ он имконпазир бошад, ба фурӯшанда (иҷрокунанда) баргардонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Фурӯшандае (иҷрокунандае), ки оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод накардааст, мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ), ки баъди ба истеъмолкунанда фурӯхтани он ба сабаби дар дасти вай мавҷуд набудани чунин маълумот пайдо гардидааст, ҷавобгар мебошад.
Бо сабаби пешниҳод накардани маълумоти пурра ва боэътимод оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар натиҷаи он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зарар расидааст, вай ҳуқуқ дорад ҷуброни чунин зарари пешбининамудаи Қонуни мазкурро, аз ҷумла ҷуброни пурраи зарарҳои ба иншоотҳои табиӣ расидаро, ки моликияти (дар ихтиёри) истеъмолкунанда мебошанд, талаб намояд.
Моддаи 13. Масъулияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Агар тибқи қонун тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар ҳаҷми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) муқаррарнамудаи қонун ё шартнома ҷуброн карда мешавад.
Пардохти ноустуворона (пушаймона) ва ҷуброни зарар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда)-ро дар асл аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад.
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) исбот намояд, ки ӯҳдадориҳояшро бинобар қувваи рафънопазир иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст ва дар ин бобат ӯ гуноҳе надорад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
Талаботи истеъмолкунанда оид ба пардохти ноустуворонаи (пушаймонаи) пешбининамудаи қонун ё шартнома аз ҷониби фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ихтиёрӣ қонеъ гардонида мешавад.
Дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани талаботи тибқи қонун муқарраршудаи истеъмолкунандагон, суд ҳуқуқ дорад аз фурӯшандае (истеҳсолкунандае, иҷрокунандае), ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси рӯёнидани ҷарима ба андозаи арзиши даъво қарор барорад.
Моддаи 14. Ҷавобгарии амволӣ барои зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст
Зарари ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонидашуда дар натиҷаи нуқсони сохт, истеҳсолӣ, дастурӣ ва дигари мол (кор, хизматрасонӣ) пурра ҷуброн карда мешавад.
Ҳар як ҷабрдида, сарфи назар аз он ки бо фурӯшанда (иҷрокунанда) муносибатҳои шартномавӣ дошта буд ё не, барои талаб кардани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, ҳуқуқ дорад.
Агар зарар дар мӯҳлати муқарраршудаи хизмат ё коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда расида бошад, он ҷуброн карда мешавад.
Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) бояд мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоямӣ муқаррар карда мешуду вале он муқаррар карда нашуда бошад, ё худ истеъмолкунандае, ки мол ба ӯ фурӯхта (кораш ба ҷо оварда) шудааст, аз иҷрои амалҳои зарурии баъди гузаштани мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоямӣ ва аз оқибати эҳтимолии иҷро накардани ин амалҳо огоҳонида нашуда бошад, товони зиён, қатъи назар аз вақту соати расиданаш, бояд пардохта шавад.
Агар мутобиқи ҳамин Қонун истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ба мол (кор) мӯҳлати хизмат муқаррар накарда бошад, дар сурати зарар дидан он бояд дар давоми даҳ соли ба истеъмолкунанда супурдани он ва агар рӯзи супурдани мол (кор) - ро муқаррар кардан ғайриимкон бошад, аз рӯзи тайёр намудани мол (анҷоми иҷрои кор) бояд ҷуброн карда шавад.
Зарари бинобар нуқсони мол расида аз ҷониби фурӯшандаи мол ҷуброн карда мешавад.
Зарари дар натиҷаи нуқсони кор ё хизматрасонӣ расидаро иҷрокунанда ҷуброн менамояд.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) барои зараре, ки дар натиҷаи истифодаи маводу таҷҳизот, асбобҳо ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ, муҳити зист ё амволи истеъмолкунанда расидааст, сарфи назар аз он ки дараҷаи дониши илмию техникиаш барои ошкор намудани хусусиятҳои хоси онҳо имконият медод ё не, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Агар истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) исбот намояд, ки мол (кор, хизматрасонӣ) дар натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир ва ё аз тарафи истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли он зарар дидааст, ӯ аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
Моддаи 15. Ҷуброни зарари маънавӣ
Зарари маънавие, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқҳои бо қонунгузорӣ пешбининамудаи истеъмолкунанда ба ӯ расондааст, аз ҷониби гунаҳкор ҷуброн карда мешавад.
Зарари маънавӣ сарфи назар аз пардохти товони зиёни амволӣ ҷуброн карда мешавад. Зарари маънавӣ бо пул ҷуброн карда мешавад.
Ҳаҷми ҷубронпулии зарари маънавиро суд муайян мекунад.
Моддаи 16. Беэътибор донистани шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозад
Шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандаро маҳдуд месозанд ва хилофи меъёру қоидаҳое мебошанд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.
Агар дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартнома ҳуқуқи истеъмолкунанда маҳдуд карда шавад ва ба ӯ зарар расад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) онро дар ҳаҷми пурра ҷуброн мекунад.
Зимни харидории як мол гузоштани шарти ҳатман харидани моли дигар манъ аст. Зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеъмолкунанда мерасад, аз ҷониби фурӯшанда (иҷрокунанда) дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.
Фурӯшанда (иҷрокунанда) ҳуқуқ надорад, ки бе розигии истеъмолкунанда кору хизматрасонии иловагии музднокро иҷро намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз пардохти чунин кор (хизматрасонӣ) даст кашад ва агар он пардохта шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда (иҷрокунанда) баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
Моддаи 17. Ҳимояи судии ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Ҳуқуқҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи истеъмолкунандагонро суд ҳимоя мекунад.
Даъвоҳо ба суди маҳалли зисти даъвогар ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ва ё маҳалли зарари расида пешниҳод карда мешаванд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он), мақомоти давлатии ваколатдор (сохторҳои минтақавии онҳо), ки ба сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунанд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои онҳо) доир ба даъвоҳое, ки ба манфиати истеъмолкунандагон, гурӯҳи истеъмолкунандагон, гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
БОБИ 2. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ФУРӮШИ МОЛ
Моддаи 18. Оқибати фурӯши моли дорои сифати номатлуб
Истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли дорои сифати номатлуб фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда пешакӣ аз он огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:
- он ба моли дигари ҳамин хел тамға (модел, артикул) ё ба ҳамон хел моли тамғаи (модели, артикули) дигар бо ҳисобу китоби дахлдори нархи хариди мол иваз карда шавад;
- нуқсони молро бемузд бартараф намуда ё маблағе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн карда шавад;
- шартномаи хариду фурӯш бекор карда шавад;
- нархи хариди мол мутобиқан кам карда шавад.
Ҳамзамон истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли дорои сифати номатлуб ба ӯ расидаро талаб намояд.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад иваз кардани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ (ҷиддан риоя нашудани талабот нисбати сифати мол) талаб намояд. Номгӯи молҳои мураккаби техникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Талаботи дар қисми якуми ҳамин модда зикргардидаро истеъмолкунанда ба фурӯшанда ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшандаро дар асоси шартномаи хариду фурӯш иҷро мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар сурати ошкор шудани нуқсони мол, ки хусусияти он имкон намедиҳад ин нуқсон бартараф карда шавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ чунин молро ба моли дигари сифатнок иваз намояд ё қимати фурӯши онро мутаносибан паст намояд, шартномаро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли дорои сифати номатлубро ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) баргардонад ва маблағи барои он пардохташударо талаб намояд. Ҳангоми ба истеъмолкунанда баргардонидани пули мол фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ҳуқуқ надорад аз ӯ маблағеро, ки арзиши мол дар натиҷаи пурра ё қисман истифода кардан ба ин андоза паст шудааст, ҳуснаш коҳидааст ё худ бинобар ҳолатҳои дигари ба ин монанддошта гирад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769, аз 23.12.2021 № 1847).
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи харидории молро надоштани истеъмолкунанда барои қонеъ нагардонидани талаботи ӯ асос шуда наметавонад.
Барои тасдиқи харидории мол шаҳодат, нишонаҳои унсурҳои маводи борпечонӣ (зарф), ки аз ҳамин фурӯшанда харида шудани молро тасдиқ менамоянд ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳо ва дигар воситаҳои исботкунандае ки аз ҳамин фурӯшанда харидорӣ шудани молро нишон медиҳанд, истифода шуда метавонанд.
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ ӯҳдадоранд  моли дорои сифати номатлубро аз истеъмолкунанда қабул карда гирад ва дар мавриди зарурӣ сифати молро бисанҷад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар сурати сар задани баҳс доир ба ошкор гардидани нуқсони мол фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда)-ро иҷро менамояд, дар асоси шартномаи байни худ ӯҳдадоранд молро аз ҳисоби худ экспертиза кунанд. Истеъмолкунанда бояд аз ҷой ва рӯзу соати гузаронидани экспертизаи мол хаттӣ огоҳонида шавад. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар санҷиши (экспертизаи) сифати мол шахсан ё намояндааш иштирок намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба хулосаи чунин экспертиза бо эътироз ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 23.12.2021 № 1847).
Хароҷоти экспертизаро фурӯшанда (истеҳсолкунанда) медиҳад. Агар дар натиҷаи экспертиза муқаррар гардад, ки мол баъди харидани истеъмолкунанда бинобар риоя накардани қоидаҳои истифода, нигоҳдорӣ ё интиқол нуқсондор шудааст, хароҷоти гузаронидани экспертиза ва ҳамчунин хароҷоти ба сабаби гузаронидани он интиқол додани молро ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) бояд истеъмолкунанда ҷуброн намояд.
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ва ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда)-ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ барои нуқсони моле, ки барояш мӯҳлати кафолат муқаррар нашудааст, ба шарте, ки истеъмолкунанда исбот намояд, ки мол то замони ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ва ё худ ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шудааст, ҷавобгар мебошад.
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда)- ро иҷро мекунад, исбот карда натавонад, ки моли дорои мӯҳлати кафолат баъди фурӯхтан ба истеъмолкунанда бо сабаби қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли онро риоя накардани истеъмолкунанда ва бинобар, амалҳои шахсони сеюм ва ё қувваи рафънопазир нуқсон пайдо кардааст, ҷавобгар мебошад.
Дар ҳолати аз ду сол камтар будани мӯҳлати кафолати дар шартнома пешбинигардида ва нуқсони молро баъди гузаштани мӯҳлати кафолат ошкор кардани истеъмолкунанда, ба шарте, ки нуқсони мол дар давоми ду соли ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ошкор шуда бошад ва харидор исбот кунад, ки нуқсони мол пеш аз супурдани он ба истеъмолкунанда ва ё бо сабабҳои то ин лаҳза ошкор гардидааст, фурӯшанда ҷавобгар мебошад.
Моли калонҳаҷм ва моли вазнаш зиёда аз панҷ килограмм барои таъмир, паст кардани нарх, иваз намудан ва баргардонидан ба истеъмолкунанда бо қувва ва аз ҳисоби фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, интиқол дода мешавад. Агар ин вазифа иҷро нагардад, инчунин ҳангоми набудани фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, худи истеҳсолкунанда метавонад молро ба маҳалли истеъмолкунанда расонад ва аз он ҷо баргардонад. Ҳамзамон фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад ӯҳдадоранд хароҷоти истеъмолкунандаро, барои интиқол ва баргардонидани моли мазкур ҷуброн намоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 19. Мӯҳлати пешниҳоди талаботи истеъмолкунандагон нисбати нуқсони мол
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол талаботи пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро, ба шарте, ки он дар давоми мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямии мол, ки истеҳсолкунанда муайян кардааст, ошкор гардида бошад, ба фурӯшанда ё истеҳсолкунанда пешниҳод намояд.
Нисбати моле, ки мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямиаш муқаррар нагардидааст ва агар нуқсони мол дар мӯҳлати мувофиқ, вале дар давоми ду соли фурӯхта шуданаш ошкор гардида бошад ва агар Қонун ё шартнома мӯҳлати дарозеро пешбинӣ накарда бошанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи мазкурро пешниҳод кунад.
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мӯҳлати кафолати мол аз рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шуданаш ҳисоб карда мешавад. Агар рӯзи фурӯхтани молро муайян кардан ғайриимкон бошад, он аз рӯзи истеҳсоли мол ҳисоб карда мешавад.
Барои моли мавсимӣ (пойафзол, либос ва ғайра) ин мӯҳлатро аз лаҳзаи фаро расидани мавсими дахлдор, ки мӯҳлати фарорасӣ бо назардошти шароити иқлимии маҳалли будубоши истеъмолкунанда муайян мегардад, ҳисоб мекунанд.
Ҳангоми фурӯхтани мол аз рӯи намуна, ба воситаи почта, инчунин дар ҳолатҳое, ки рӯзи бастани шартномаи хариду фурӯш ва рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол мувофиқ наояд, он аз рӯзи ба дасти истеъмолкунанда расидани мол ҳисоб карда мешавад. Агар истеъмолкунанда ҳангоми ҳолати вобаста ба фурӯшанда аз имконияти истифодаи мол маҳрум бошад, (чунончӣ, агар молро насб, пайваст ё васл кардан лозим бошад), мӯҳлати кафолат аз рӯзи чунин ҳолатҳоро бартараф намудани фурӯшанда шурӯъ мегардад. Агар рӯзи расонидан, насб, пайваст, васл кардани мол ва бартараф сохтани ҳолатҳои ба фурӯшанда вобастаро, ки дар асари онҳо истеъмолкунанда наметавонад молро тибқи таъинот истифода намояд, муайян кардан ғайриимкон бошад, ин мӯҳлатҳо аз рӯзи бастани шартномаи хариду фурӯш ҳисоб карда мешавад.
Ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол низ мӯҳлати кафолат муқаррар карда мешавад. Ба маснуоти иловагӣ ва қисмҳои таркибӣ мӯҳлати кафолат аз рӯи тартиби мӯҳлати кафолати барои моли асосӣ муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Мӯҳлати кафолат ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол, агар дар шартнома тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, баробари мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ ҳисоб карда мешавад.
Агар дар шартнома барои маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол нисбат ба мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ мӯҳлати кӯтоҳтари кафолат муқаррар шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давоми мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ ошкор гардидани нуқсони маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол талабот пешниҳод намояд, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар барои маснуоти комплектӣ нисбат ба мӯҳлати кафолати моли асосӣ мӯҳлати дарозтар муқаррар гардида бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол, ба шарте, ки нуқсони маснуоти комплектӣ дар давоми мӯҳлати кафолати ин маҳсулот ошкор шуда бошад, сарфи назар аз гузаштани мӯҳлати кафолати моли асосӣ, талабот пешниҳод намояд.
Дар ҳолатҳое, ки тибқи шартномаи пешбинигардида мӯҳлати кафолат на камтар аз ду солро ташкил диҳад ва нуқсони мол бо гузаштани мӯҳлати кафолат, вале дар давоми ду сол аз ҷониби истеъмолкунанда ошкор гардида бошад, истеъмолкунанда, агар исбот намояд, ки мол пеш аз фурӯхта шуданаш ба истеъмолкунанда ё бо сабабҳои то ин лаҳза фарорасида нуқсондор шудааст, ҳуқуқ дорад ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) талаботи дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.
Дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддии мол, аз ҷумла нуқсонҳои истеҳсолӣ, сохтӣ, дастурӣ ва нуқсонҳои дигаре, ки бо фарсуда, кӯҳна шудани мол ва дигар равандҳои физикии он алоқаманд нестанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба истеҳсолкунанда талаботи пешбининамудаи моддаи 18 ҳамин Қонунро пешниҳод кунад, ба шарте, ки исбот намояд, ки он мол то рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шуданаш ва ё ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шуда бошад. Агар нуқсони мол баъди ба истеъмолкунанда фурӯхта шудан дар давоми мӯҳлати хизмати дар мол муқарраргардида ва ё дар давоми даҳ соли фурӯхта шуданаш ошкор гардида бошаду мӯҳлати хизматаш муқаррар карда нашуда бошад, ин талаботро пешниҳод кардан мумкин аст.
Моддаи 20. Аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурӯшанда) бартараф намудани нуқсони мол
Нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) - ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо мӯҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Мӯҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рӯз дарозтар буда наметавонад.
Нисбати моли истифодааш дарозмуддатро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) - ро иҷро мекунад, ӯҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рӯз аз ҳисоби худ ба ӯ расонад Номгӯи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар ҳолати бартараф намудани нуқсони мол мӯҳлати кафолати он ба андозаи давраи истифода нагардиданаш дароз карда мешавад. Ин давра аз рӯзе, ки истеъмолкунанда барои бартараф намудани нуқсони мол муроҷиат намудааст, то рӯзи додани он пас аз анҷоми таъмир ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми бартараф намудани нуқсони мол бо роҳи иваз намудани маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии моли асосие, ки ба он мӯҳлати кафолат муқаррар карда шудааст, барои маснуоти комплектии нав ё қисми таркибии маснуоти асосӣ мӯҳлати кафолат ба ҳадди маснуоти комплектии ивазшуда ё қисми таркибии моли асосӣ муқаррар карда мешавад, агар мутобиқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва мӯҳлати кафолат аз рӯзи ба истеъмолкунанда баъди таъмир додани ин мол ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 21. Иваз намудани моли дорои сифати номатлуб
Дар ҳолати нуқсони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ӯҳдадор аст ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) дар давоми 14 рӯзи тақвимӣ пешниҳод кардани талаботи зикргардида иваз намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда) дар рӯзи пешниҳод намудани талаботи мазкур моли ивазшаванда надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як моҳи пешниҳод намудани талаботи мазкур иваз намояд.
Дар сурати моли чунин намуна (тамға, хел, артикул) - ро надоштани фурӯшанда (истеҳсолкунанда), ки ин ба ӯ вобаста нест, ӯ ӯҳдадор аст дар давоми як моҳи аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод шудани талабот ба вай ин гуна моли намунаи (тамғаи, хели, артикули) дигарро бо розигии истеъмолкунанда пешкаш намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моли дорои сифати номатлуб бояд ба моли нав, яъне ба моли истифоданагардида иваз карда шавад.
Ҳангоми иваз намудани мол мӯҳлати кафолат аз нав, аз рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 22. Мӯҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда
Талаботи истеъмолкунанда оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, ҷуброни хароҷот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуқсони мол, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бекор кардани шартномаи хариду фурӯш (ба истеҳсолкунанда ва ё фурӯшанда  баргардонидани моли дорои сифати номатлуб) ба истеъмолкунанда расидааст, аз ҷониби фурӯшанда (истеҳсолкунанда) бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Мӯҳлати ниҳоии қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда аз рӯзи пешниҳод намудани талаботи дахлдор аз ҳафт рӯз ва ҳангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз чаҳордаҳ рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769).
Моддаи 23. Масъулияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда) барои таъхири иҷрои талаботи истеъмолкунанда
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, барои риоя накардани мӯҳлати пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур, инчунин барои иҷро накардани (боздоштани иҷрои) талаботи истеъмолкунанда, ки бояд моли ҳаммонандро дар давраи таъмир (иваз) кардан ба ӯ пешниҳод намоянд, барои ҳар рӯзи таъхир ба андозаи як фоизи нархи мол ноустуворона (пушаймона) мепардозад.
Агар талабот ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, нархи мол бо назардошти нархи дар рӯзи ноустуворонаро пардохтани фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё худ дар рӯзи баровардани қарори суд мавҷудаи моли намуна (тамға, хел, артикул ва ғайра) муайян карда мешавад. Агар дар рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол нархаш назар ба чунин моли дар рӯзи пардохти ноустуворонаи он дар рӯзи баровардани қарори суд баландтар бошад, пас андозаи ноустуворона бо назардошти нархи рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шудани мол муайян карда мешавад.
Агар талаботи истеъмолкунанда дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур иҷро нагардад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ дигар талаботи муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
Моддаи 24. Ҳисоббаробаркунӣ бо истеъмолкунанда ҳангоми харидани моли дорои сифати номатлуб
Ҳангоми ба моли тамғаи ҳаммонанд (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб арзиши он аз нав ҳисоб карда намешавад.
Дар мавриди ба ҳамон хел моли тамғаи дигар (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб, ба шарте, ки нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодгардида пасттар бошад, истеъмолкунанда фарқи нархҳоро мепардозад. Агар нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодшаванда баландтар бошад, фарқи нархҳо ба истеъмолкунанда пардохта мешавад.
Ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод намудани талабот оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди мол он дар лаҳзаи пешниҳод намудани чунин талабот оид ба паст кардани нарх ба ҳисоб гирифта мешавад ё ин ки агар он ба таври ихтиёрӣ қонеъ нагардида бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд оид ба мутаносибан паст намудани нархи харид ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар сурати бекор намудани шартномаи хариду фурӯш истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад баргардонидани пули барои мол додааш ва ҳамчунин ҷуброни фарқи байни нархи моли тибқи шартнома муқарраргардида ва нархи моли дахлдорро дар лаҳзаи ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонидани чунин талабот, ё ки агар талабот ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд талаб намояд.
Ба истеъмолкунандагоне, ки мол ба қарз фурӯхта шудааст, дар ҳолати бекор намудани шартномаи хариду фурӯш маблағ ба андозаи қарзи дар рӯзи баргардонидани мол пардохташуда баргардонида мешавад, инчунин маблағи пешниҳоднамудаи қарз ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 25. Ҳуқуқи истеъмолкунанда барои иваз намудани моли дорои сифати матлуб
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар давоми чаҳордаҳ рӯзи тақвимии ба ӯ супурдани моли ғайриозуқавӣ, ба шарте, ки фурӯшанда мӯҳлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар ҷои харидааш ё худ дар ҷойҳои дигари таъкиднамудаи фурӯшанда ба чунин моли андоза, сохт, хурд ё калон, дӯхту шакл, ранг ва ё комплекти дигар иваз намуда, дар сурати фарқ кардани нархаш онро бо фурӯшанда аз нав ҳисобу китоб кунад.
Талаби харидор дар бобати иваз кардан ё баргардонидани мол бояд қонеъ гардонида шавад, ба шарте, ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он маҳз аз ҳамин фурӯшанда харидорӣ шудааст.
Номгӯи молҳоеро, ки тибқи асосҳои зикргардидаи моддаи мазкур иваз карда намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Агар моли ҳаммонанд дар рӯзи ба фурӯшанда муроҷиат намудани истеъмолкунанда дар фурӯш набошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли харидаашро ба фурӯшанда баргардонда, маблағи барои моли мазкур пардохташударо талаб кунад.
БОБИ 3. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ИҶРОИ КОР (ХИЗМАТРАСОНӢ)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Моддаи 26. Мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст кор (хизматрасонӣ) - ро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи иҷрои намуди кор (хизматрасонӣ) ба ҷо оварад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) мумкин аст бо санае (даврае), ки бояд иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба анҷом расанд (ва) ё санае (даврае), ки иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурӯъ намояд, муайян карда мешавад.
Агар кор (хизматрасонӣ) қисм ба қисм (расонидани нашрияҳои матбуоти даврӣ, хизматрасонии техникӣ) дар давоми амали шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба иҷро расад, бояд мӯҳлати (давраи) дахлдори иҷрои чунин кор (хизматрасонӣ) пешбинӣ карда шавад.
Моддаи 27. Оқибати аз ҷониби иҷрокунанда риоя нашудани мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Агар иҷрокунанда мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) - мӯҳлати оғоз ва анҷоми кор (хизматрасонӣ) ва мӯҳлати мобайнии иҷрои кор (хизматрасонӣ) , ро вайрон карда бошад ё ҳангоми иҷрои кор (хизматрасонӣ) маълум гардад, ки он дар мӯҳлати муайян иҷро намешавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- барои иҷрокунанда мӯҳлати нав таъин кунад, ки дар давоми он иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурӯъ кунад ва ё иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро анҷом диҳад ва пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро талаб намояд;
- иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро ба шахсони сеюм супориш диҳад ё бо қувваи худ анҷом диҳад ва аз иҷрокунанда ҷуброни зарари расидаро талаб намояд;
- пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро талаб намояд;
- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи риоя накардани мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба вай расидаро талаб намояд.
Мӯҳлати нави иҷрои кори (хизматрасонии) таъинкардаи истеъмолкунанда дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) зикр карда мешавад.
Ҳангоми гузаштани мӯҳлати нав истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи муқарраргардидаи қисми якуми моддаи мазкурро пешниҳод намояд.
Ҳангоми бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), инчунин дар сурати паст кардани нархи иҷрои кори (хизматрасонии) ба инобат гирифташаванда, музди ба истеъмолкунанда баргардонидашаванда кори (хизматрасонии) иҷрогардида мутобиқи қисми сеюми моддаи 24 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Дар мавриди бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ҳуқуқ надорад ҷуброни хароҷоти худро, ки дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) анҷом дода шудаанд, инчунин пардохти иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро ба истиснои ҳолате, ки истеъмолкунанда кори (хизматрасонии) иҷрогардидаро қабул карда бошад, талаб намояд.
Дар сурати риоя нашудани мӯҳлати муқарраргардидаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё мӯҳлати нави дар асоси қисми якуми моддаи мазкур таъиннамудаи истеъмолкунанда иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи (соати, агар мӯҳлат бо соат муайян гардида бошад) гузаштани мӯҳлати ноустуворона (пушаймона) месупорад, ба андозаи як фоизи кор (хизматрасонӣ) ва агар нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) муайян карда нашуда бошад, нархи умумии супоришро пардохт мекунад. Бо шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда метавонад андозаи хеле баландтари ноустуворона (пушаймона) муқаррар карда шавад.
Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки кор (хизматрасонӣ) дар натиҷаи қувваи рафънопазир ё бо гуноҳи истеъмолкунанда ба иҷро нарасидааст, талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишудаи и стеъмолкунанда қонеъ гардонида намешавад.
Моддаи 28. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:
- камбудии кори иҷрошуда (хизмати расонида) бе музд бартараф карда шавад;
- нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;
- моли дигар бемузд тайёр намуда ё кор (хизматрасонӣ) такроран бемузд иҷро карда шавад;
- хароҷоти бартараф намудани камбудии кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо қувваи худ ё шахси сеюм ҷуброн карда шавад.
Қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда оид ба бемузд бартараф намудани камбудӣ, оид ба тайёр намудани моли дигар ё оид ба иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) иҷрокунандаро барои риоя накардани мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) аз пардохти ноустуворона озод намекунад.
Агар камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар мӯҳлати муқарраркардаи шартномаи мазкур аз ҷониби иҷрокунанда бартараф нашуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад ва ҷуброни пурраи зарарро талаб намояд. Агар истеъмолкунанда камбудии ҷиддии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё худ риоя нашудани шартҳои дигари шартномаро ошкор намояд, ҳамчунин ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кору (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда низ ҳуқуқ дорад пурра ҷуброн намудани зарари аз камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба ӯ расидаро талаб намояд. Зарар дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонеъ гардонидани талаботи дахлдори истеъмолкунанда ҷуброн мешавад.
Талабҳое, ки бо камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобаста мебошанд, метавонанд ҳангоми қабули иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва ё агар ҳангоми қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) камбудиро ошкор намудан имконнопазир бошад, дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми шашуми моддаи мазкур пешниҳод карда шаванд.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи ба камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастаро, ки дар муддати мӯҳлати кафолат ошкор шудааст ва агар он ошкор нашуда бошад, дар давоми ду соли қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё панҷ сол дар нисбати камбудии биноҳо ё дигар молу мулки ғайриманқул пешниҳод намояд.
Агар истеъмолкунанда исбот намояд, ки ин камбудӣ пеш аз корро қабул кардани ӯ ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, иҷрокунанда барои камбудии кор (хизматрасонӣ), ки барои он мӯҳлати кафолат муқаррар нагардидааст, ҷавобгар мебошад.
Агар иҷрокунанда исбот карда натавонад, ки камбудии кори (хизматрасонии) дорои мӯҳлати кафолат баъди кор (хизматрасонӣ)-ро қабул намудани истеъмолкунанда, бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи натиҷаи кор (хизматрасонӣ), амали шахсони сеюм ё қувваи рафънопазир рух додааст, ҷавобгар мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки мӯҳлати кафолати тибқи шартнома пешбинигардида камтар аз ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) бошад ва истеъмолкунанда камбудии кор (хизматрасонӣ) - ро бо гузаштани мӯҳлати кафолат, вале дар давраи ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) ошкор намояд ва агар исбот намояд, ки чунин камбудӣ то қабул намудани кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишударо пешниҳод намояд.
Дар мавриди ошкор шудани камбудии ҷиддии кор (хизматрасонӣ), агар истеъмолкунанда исбот карда тавонад, ки ин камбудӣ то қабул намудани натиҷаи кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда талаботи бемузд бартараф намудани камбудиро пешниҳод намояд. Агар бо гузаштани ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) аз рӯи қабули натиҷаи кор (хизматрасонӣ), вале дар доираи барои натиҷаи кор (хизматрасонӣ) муқаррар намудани мӯҳлати кафолат ё дар давоми даҳ соли аз ҷониби истеъмолкунанда қабул гардидани натиҷаи кор (хизматрасонӣ), агар мӯҳлати коршоямӣ муқаррар нагардида бошад, чунин камбудӣ ошкор гардида бошад, ин талабот метавонад пешниҳод карда шавад. Агар талаботи мазкур дар мӯҳлати бо Қонуни мазкур муқарраргардида қонеъ гардонида нашавад ё камбудӣ бартарафшаванда бошад, истеъмолкунанда бо хости худ ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки:
- нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;
- хароҷоти бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахсони сеюм ҷуброн карда шавад;
- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор ва зарар ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 29. Мӯҳлати бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ)
Камбудии кор (хизматрасонӣ) бояд аз тарафи иҷрокунанда дар давоми чаҳордаҳ рӯзи тақвимӣ бартараф карда шавад, ба шарте, ки дар созишномаи тарафайн мӯҳлати дарозтар муқаррар карда нашуда бошад.
Барои риоя накардани мӯҳлати пешбининамудаи моддаи мазкур ҷиҳати рафъи камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи гузаштани мӯҳлат ба андозаи як фоизи арзиши иҷрои кор ноустуворона (пушаймона) мепардозад.
Дар ҳолати риоя накардани ин мӯҳлат истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
Моддаи 30. Мӯҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда
Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати паст кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ҷуброни хароҷоти рафъи камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахси сеюм, инчунин ҷуброни зарари дар натиҷаи бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) расида, ки дар қисми якуми моддаи 27 ва қисмҳои якум ва чоруми моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд аз рӯзи пешниҳоди талаботи дахлдор дар мӯҳлати даҳ рӯз қонеъ гардонида шавад.
Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати бемузд тайёр намудани ашёи дигар аз маводи ҳаммонанди сифаташ якхела ё иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) бояд дар мӯҳлати барои иҷрои фаврии кор (хизматрасонӣ) муқарраргардида ва агар ин мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мӯҳлати пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ки ба таври матлуб иҷро нагардида буд, қонеъ гардонида шавад.
Барои риоя накардани мӯҳлати қонеъгардонии талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи гузаштани мӯҳлат ба андозаи як фоизи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ноустуворона (пушаймона) мепардозад. Ба шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда фоизи зиёдтари ноустуворона муқаррар шуда метавонад.
Дар ҳолати риоя накардани мӯҳлати мазкур истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи дар Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.
Моддаи 31. Сметаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Барои иҷрои кори (хизматрасонии) пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) метавонад арзиши сметавӣ ё калкулятсия тартиб дода шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Бо талаби истеъмолкунанда ё иҷрокунанда тартиб додани арзиши сметавӣ ё калкулятсия ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар мавриди баланд шудани арзиши мавод ва таҷҳизоти аз ҷониби иҷрокунанда пешниҳодшаванда, ҳамчунин арзиши хизмати аз ҷониби шахсони сеюм дар рафти иҷрои шартнома расонидашаванда, ки дар мавриди бастани шартнома пешбинӣ карданашон ғайриимкон буд, зиёд кардани арзиши сметавӣ ё калкулятсияро талаб намояд. Дар мавриди даст кашидани истеъмолкунанда аз иҷрои ин талабот иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаро бо тартиби судӣ бекор кунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар зарурати иҷрои кори (хизматрасонии) иловагӣ пеш ояд ва ба ин сабаб арзиши сметавӣ ё калкулятсияро хеле зиёд кардан зарур шавад, иҷрокунанда ӯҳдадор аст истеъмолкунандаро дар ин хусус сари вақт огоҳ намояд. Агар истеъмолкунанда барои баланд шудани арзиши сметавӣ ё калкулятсия розӣ набошад, вай ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартнома даст кашад. Дар ин ҳолат иҷрокунанда метавонад аз истеъмолкунанда пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) - ро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Иҷрокунандае, ки истеъмолкунандаро аз зарурати баланд шудани арзиши сметавӣ ё калкулятсия сари вақт огоҳ накардааст, ӯҳдадор аст шартномаро иҷро кунад, ки дар ин ҳолат ҳуқуқи дар доираи арзиши сметавӣ ё калкулятсия пардохтани музди кор (хизматрасонӣ) барояш боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар сурати сарф нашудани воситаҳои пулии пардохташуда, ки бо арзиши сметавӣ  пешбинӣ шудаанд ё калкулятсияи беасоси иқтисодӣ тартибдодашуда барои кори иҷрошуда (хизмати расонидашуда), фарқияти ошкоршудаи нарх бояд ба истеъмолкунанда баргардонида шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 32. Иҷрои кор аз масолеҳи иҷрокунанда
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, иҷрокунанда ӯҳдадор аст кори тибқи шартномаи иҷрои кор муайянгардидаро аз масолеҳ ва маблағи худ иҷро намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Иҷрокунандае, ки барои иҷрои кор масолеҳ пешниҳод намудааст, барои сифати номатлуби он аз рӯи қоидаҳои масъулияти фурӯшанда барои моли дорои сифати номатлуб ҷавобгар мебошад.
Пули масолеҳи иҷрокунанда ҳангоми бастани шартномаи мазкур аз ҷониби истеъмолкунанда пурра ё дар ҳаҷме пардохта мешавад, ки дар шартномаи иҷрои кор бо шарти ҳисоби ниҳоӣ кардан ҳангоми кори баҷоовардаи иҷрокунандаро қабул карда гирифтани истеъмолкунанда зикр гардидааст, ба шарте, ки бо мувофиқаи тарафҳо тартиби дигари ҳисоби маводи иҷрокунанда пешбинӣ нагардида бошад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор иҷрокунанда метавонад ба истеъмолкунанда масолеҳро ба тариқи кредит пешниҳод кунад. Тағйирёбии минбаъдаи нархи масолеҳи қарздодаи иҷрокунанда боиси ҳисобу китоби нав шуда наметавонад.
Масолеҳи иҷрокунанда, воситаҳои техникӣ, асбобҳо ва маводи дигари барои иҷрои кор зарурро ба маҳалли иҷрои кор иҷрокунанда мерасонад.
Моддаи 33. Иҷрои кор аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда
Агар кор пурра ё қисман аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда ба ҷо оварда шавад, иҷрокунанда барои эҳтиёт кардани ин масолеҳ (ашё) ва истифодаи сарфакоронаи он ҷавобгар аст.
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193):
- истеъмолкунандаро аз корношоямӣ ё бадсифатии масолеҳи (ашёи) супурдаи ӯ огоҳ намояд;
- дар бораи сарфи масолеҳ ҳисобот диҳад ва боқимондаи онро баргардонад ё бо розигии истеъмолкунанда музди (сметаи) корро бо назардошти арзиши масолеҳи истифоданашудае, ки дар дасти иҷрокунанда мондааст, камтар кунад.
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки дар сурати пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳи (ашёи) аз истеъмолкунанда гирифтааш дар давоми се рӯз бо ҳамин гуна масолеҳи (ашёи) сифаташ якхела иваз намояд ва бо майлу хоҳиши истеъмолкунанда дар мӯҳлати мувофиқагардида аз масолеҳи (ашёи) шабеҳи он маснуот созад ва дар мавриди ноилоҷӣ ба истеъмолкунанда арзиши дукаратаи масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) ва ҳамчунин хароҷоти истеъмолкунандаро ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Арзиши масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) дар асоси нархи мавҷудаи масолеҳ (ашё) дар ҷое, ки талаби истеъмолкунанда бояд аз тарафи иҷрокунанда дар рӯзи ихтиёрӣ қонеъгардонӣ ё худ дар рӯзи баровардани қарори суд қонеъ гардонида шавад, муайян карда мешавад, агар талаби истеъмолкунанда ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад.
Дар шартномаи иҷрои кор ва ё дигар ҳуҷҷате (расидае супорише), ки далели баста шудани шартнома аст, бояд ному тавсиф ва нархи аниқи масолеҳ (ашё), ки бо созишномаи тарафайн муайян карда мешавад, зикр шуда бошад.
Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки истеъмолкунандаро аз хосиятҳои махсуси масолеҳе (ашёе) огоҳонидааст, ки боиси пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) он мегардад, аз масъулияти пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳ (ашё) озод мегардад. Агар савияи дониши илмӣ ва техникии иҷрокунанда барои ошкор кардани хосиятҳои махсуси масолеҳ (ашё) имконият надода бошад, ӯ аз ҷавобгарӣ озод намешавад.
Моддаи 34. Ӯҳдадории иҷрокунандагон дар бобати огоҳонидани истеъмолкунанда аз ҳолатҳое, ки метавонанд ба сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) таъсир расонанд ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст истеъмолкунандаро сари вақт хаттӣ аз он огоҳонад, ки риоя кардани дастурҳои истеъмолкунанда ва ҳолатҳои дигари вобаста ба истеъмолкунанда метавонад сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро паст кунад ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар истеъмолкунанда, қатъи назар аз сари вақт ва аз ҷониби иҷрокунанда асоснок огоҳонида шуданаш масолеҳи корношоям ё бадсифатро дар мӯҳлати мувофиқашуда иваз накунад, дастурҳоро доир ба тарзу усули иҷрои кор (хизматрасонӣ) тағйир надиҳад ё дигар ҳолатҳоеро бартараф нанамояд, ки сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро паст карда метавонанд, иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро бекор кунад ва ҷуброни зарари ба ӯ расидаро талаб намояд.
Моддаи 35. Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида)
Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо шартномаи байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда муайян карда мешавад.
Истеъмолкунанда ӯҳдадор аст, ки музди кори (хизмати) дар ҳаҷми пурра баҷоовардаи иҷрокунандаро баъди қабул карда гирифтани он пардозад. Бо розигии истеъмолкунанда музди кор (хизмат) ҳангоми бастани шартнома дар ҳаҷми пурра ё ба тариқи пешакӣ метавонад пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 36. Қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ хизматрасонии маишӣ ва дигар намунаҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424)
Қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон (қоидаҳои иҷрои намудҳои алоҳидаи кор ва қоидаҳои хизматрасонии намудаҳои алоҳида) -ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Моддаи 37. Танзими намудҳои алоҳидаи хизмат
Оқибати вайрон кардани талабҳои шартнома дар бораи намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ, агар чунин шартнома бо хусусияти худ ба доираи амали Қонуни мазкур дохил нагардад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 4. ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Моддаи 38. Ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
Назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд - мақоми зиддиинҳисорӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193):
- ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҷиҳати хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба нафурӯхтани моли мӯҳлати коршоямиаш гузашта, инчунин оид ба нафурӯхтани моле (иҷрои коре), ки бояд мӯҳлати коршоямиаш муқаррар карда мешуд, вале он муқаррар нашудааст ва оид ба боздоштани фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ), амрномаҳоро ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193);
- ба мақомоти дахлдор оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои пеш аз мӯҳлат бекор кардан ва ё боздоштани амали иҷозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193);
- ба мақомоти дахлдор маводро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо пешниҳод менамояд  (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- маводро ба мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи тобеият барои ҳалли масъалаҳои оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноят, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон алоқаманданд, пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ барои дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, ки боиси марг ё бемориҳои оммавӣ, заҳролудшавии одамон мегардад, муроҷиат менамояд (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769).
Мақоми зиддиинҳисорӣ метавонад аз ҷониби суд барои иштирок дар мурофиаи судӣ ҷалб карда шавад ё бо ташаббуси худ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои додани хулосаҳо аз рӯи парванда дар мурофиаи судӣ иштирок намояд.
Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор кардани далелҳои вайрон гардидани Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба даст омадааст, қарор қабул менамояд (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769).
Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424)
Бо мақсади таъмини бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, аз 29.01.2021 № 1769):
- назорати риояи талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд;
- барои бартараф намудани риоя накардани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), талаботи аз истеҳсолот гирифтани чунин мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан ва нафурӯхтани чунин мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), нафурӯхтани моли мӯҳлати коршоямиаш гузашта ва моле (коре), ки бояд ба он мӯҳлати коршоямӣ муқаррар мешуду вале муқаррар карда нашудааст, инчунин талаботи боздоштани фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), оид ба гирифтани онҳо аз истеъмолкунандагон ва дар ин хусус хабардор намудани истеъмолкунандагон амрия ирсол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498);
- ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) риоя нагардидани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) нисбати онҳо ба суд даъво пешниҳод мекунад.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд, инчунин ташкил ва иҷрои корҳои тасдиқи ҳатмии мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) ба талаботи муқарраршуда ба зиммаи мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, аз 2.01.2018 № 1498):
- тартиби сертификатсия кардани мол (кор, хизматрасонӣ) - ро муайян менамояд;
- мақомоти сертификатсияи намудҳои мушаххаси мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо барои санҷишҳои дахлдор ваколатдор месозад;
- ба дуруст сертификатсия шудани мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунад;
- феҳристонии давлатии моли (кори, хизматрасонии) сертификатсияшуда, мақомоти ваколатдорро доир ба сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо ба роҳ мемонад;
- дар бораи эътирофи сертификатсияҳое, ки ба мақомоти хориҷӣ ва байналмилалӣ додааст, қарор қабул менамояд, дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ аз рӯи масъалаҳои сертификатсияи мол (кор, хизматрасонӣ) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
- риояи қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардумро назорат мекунад(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Моддаи 39(1). Мақоми ваколатдори давлатие, ки танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳад
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Моддаи 40. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1052)
Моддаи 41. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя карда шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда мешаванд, ки онҳо:
- шикояти истеъмолкунандагонро баррасӣ мекунанд ва ба онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон маслиҳат медиҳанд:
- шартномаҳои бо фурӯшандагон (иҷрокунандагон, истеҳсолкунандагон) бастаи истеъмолкунандагонро бо мақсади ошкор намудани шартҳое, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозанд, таҳлил мекунанд;
- ҳангоми ошкор намудани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати номатлуб, инчунин барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунандагон ва барои муҳити зист хатарнок мақомоти ҳокимияти иҷроияро, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро амалӣ мекунанд, фавран огоҳ месозанд;
- дар ҳолати ошкор намудани фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки маълумоти дуруст ва кофӣ надорад ё мӯҳлати коршоямиаш гузаштааст ё худ мӯҳлати коршоямиаш зикр нашудааст, агар муқаррар намудани ин мӯҳлатҳо ҳатмӣ бошад, фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) - ро то пешниҳод намудани маълумот боз медоранд ё қатъ мекунанд;
- ба суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) муроҷиат мекунанд.
Моддаи 42. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо)
Шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) муттаҳид шуданро доранд.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) дар мавридҳои пешбининамудаи оинномаи иттиҳодияҳои мазкур (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) ҳуқуқ доранд, ки:
- дар таҳияи талабот ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин ба стандартҳое, ки талаботи ҳатмиро дар ин соҳа муқаррар менамоянд, ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда танзим менамоянд, иштирок кунанд;
- экспертизаи мустақилонаи сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)-ро аз рӯи супориш дар ташкилотҳои дахлдор ё дар мавриди доштани лабораторияҳои худӣ гузаронанд, ба шарте, ки мақомоти дахлдор барои салоҳияти техникӣ доштани онҳо иҷозат дода бошанд;
- риоя шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва қоидаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои ба истеъмолкунандагон хизматрасониро тафтиш намоянд, бо супориши истеъмолкунандагон дар гузаронидани экспертиза доир ба риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок кунанд;
- ба мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо доир ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан, аз муомилот гирифтани моле (коре, хизматрасоние), ки барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист хавфу хатар доранд, таклифҳо пешниҳод намоянд;
- ҳамроҳи мақомоти идоракунии давлатӣ дар назорати татбиқи нархҳои идорашаванда ширкат варзад, тарифҳоеро, ки мақомоти давлатӣ барои ба ҷо овардани хизмати аҳолӣ (истеъмолкунандагон) муқаррар менамояд, мустақиман экспертиза кунад;
- ба мақомоти прокуратура ва мақомоти идоракунии давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони барои истеҳсолу фурӯши моли (иҷрои кори, хизматрасонии) ба талаботи муқарраргардида нисбати бехатарӣ ва сифати мол (кор, хизматрасонӣ) номувофиқ ва ҳамчунин барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон айбдоранд, мавод пешниҳод намоянд;
- дар бораи боздошти амал, бекор ё беэътибор донистани санадҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошанд, ба мақомоти ваколатдор, прокуратура ё суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 43. Ҳифзи манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон
Мақоми зиддиинҳисорӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд дар бораи эътирофи амали фурӯшандаҳо (истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон) ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома бо онҳо вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, нисбати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон ва қатъи ин амалҳо ба суд даъво пешниҳод намоянд.
Ҳангоми қонеъ гардонидани чунин даъво суд қонуншиканро ӯҳдадор месозад, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд аз тариқи воситаҳои ахбори умум ё бо тарзи дигар қарори судро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд нисбати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон оид ба зиддиҳуқуқӣ эътироф намудани амалҳои фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти тибқи шартномаи бо ӯ басташуда вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷрокунанда, барои суде, ки даъвои истеъмолкунандаро дар хусуси оқибатҳои ҳуқуқии граждании амали фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти дар асоси шартномаи бо ӯ басташуда вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷрокунанда баррасӣ менамояд, оид ба масъалаҳои ҷой доштан ё надоштани ин амалҳо ва аз ҷониби шахсони мазкур содир гардидан ё нагардидани ин амалҳо ҳатмӣ мебошад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, моддаи 135) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 44(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
9 декабри соли 2004 № 72