You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»

-A A +A
Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Пшб, 22/04/2021 - 14:13
21 апрели соли 2021 Маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки тибқи рӯзнома шаш масъалаи дохилииҳизбӣ дар он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сараввал ҳисоботи Ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ба маълумоти ҳозирин расонида шуд.
 
Зикр гардид, ки таҳлили рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 нишон медиҳад, ки бандҳои дахлдори он дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ иҷро гардида, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ташкилот дар давраи ҳисоботӣ самаранок арзёбӣ мегардад.
 
Дар самти ҳуҷҷатнигории фаъолияти Ташкилоти ибтидоӣ тамоми чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, вазъи ҳуҷҷатгузорӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар Марказ утоқи алоҳидаи кории ҳизбӣ муҷаҳҳаз бо шароити зарурӣ мавҷуд буда, барои фаъолияти муътадил фазои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таҳлили фаъолият дар самти корҳои таблиғотиву иттилоотӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 аъзои Гурӯҳи тарғиботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ” низ фаъолияти пурсамар дошта, дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаҳои Ҳизб, инчунин дастовардҳои давлатро дар байни шаҳрвандон, инчунин тариқи воситаҳои ахбори омма тарғиб намуданд. Инчунин дар Маҷлиси навбатӣ аризаҳои 8 нафар кормандони нави Маркази миллии қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба сафи Ҳизб қабул карда шуданд.
 
Зимни баррасии масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзномаи Маҷлис маърӯзаҳои аъзои Ташкилот Ҳакимов Яқуб дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Акбарализода Ҷасур дар мавзӯи “Теоретико-правовые основы противодействия терроризму” пешниҳод гардиданд.
 
Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамояд. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа ва шаҳрвандон низ зарур аст.
Дар қисмати музокирот раиси Ташкилот Саидзода Иззатулло Ҳабибулло баромад намуда, дар қатори дигар корҳои анҷомдодаи аъзои Ташкилот, инчунин натиҷаҳои фаъолияти кормандони Марказро дар самти иҷрои вазифаҳои хизматиашон номбар намуд. Бахусус, вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ зикр гардид, ки аз ҷониби Марказ дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ”, “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад” дар таҳрири нав, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” дар таҳрири нав ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи нақша таҳия гардидаанд.
15 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, ҷиҳати мукаммал намудани онҳо 63 таклиф пешниҳод карда шуд. Дар самти иҷрои дигар вазифаҳо низ кормандони Марказ дастовардҳои назаррас доранд. Ҳамзамон, вобаста ба таҳкими фаъолият дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аз кормандони Марказ даъват ба амал оварда шуд.
 
Муовини директори Марказ Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон зимни баромади худ, доир ба нақш ва мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлат ва пешрафти ҷомеа, саҳмгузорӣ дар амалисозии барномаҳои созандаи Ҳизб ва бо масъулияти баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматии худ ибрози назар намуд.
 
Инчунин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Амонуллозода Ҳамрохон аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Ташкилот барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ изҳори сипос баён намуданд. Зимнан, тақвияти ҳамкориҳо ва боз ҳам ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Дар маҷлис аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Ташкилоти ибтидоӣ қабул карда шуданд.