ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН ВА РОҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 02/04/2024 - 09:32
“Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва бо роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад”
          Эмомалӣ Раҳмон          
 
         Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
         Самтҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст зиёдшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ба шумор меравад. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон нишон дод, ки аз ҷониби онҳо асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
         Тавре аз гузориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ бармеояд  аз тарафи ноболиғон 555 ва аз тарафи ҷавонон бошад 3020 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳамзамон, нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ҳазору 126 адад  парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
         Сабабҳои асосии сар задани ин қабил ҷиноятҳо, ки имрӯз сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст, ба як қатор омилҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнӣ (субъективӣ) асос ёфтааст.
         Раванди ҷаҳонишавӣ дар қатори ҷанбаҳои мусбии худ аз паёмадҳои манфӣ низ холӣ набуда, воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигарон, ки тавассути филмҳои хориҷӣ, пахши ҷараёни мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тан ва ҳар гуна бозиҳои дигари компютерӣ ба ҳаёти мо дохил мешаванд, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро фосид менамоянд.
         Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилооти ҷаҳонро хатар таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандони хеш ва бад-ин васила коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо, равияҳои ҷиноятпеша борҳо дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад. Ҳамчунин ин суханон ба он тақвият бахшида мешаванд, ки воқеан қисмати зиёди вақти наврасон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, волидонро мебояд барои дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуди фарзанди хеш саҳмгузор бошанд.
         Наврасоне, ки бо ҷурми даст доштан ба содир кардани ҷиноят боздошт мешаванд, миёни ҷиноятҳои гуногун дуздии амволи ғайр мавқеи асосиро ишғол мекунад. Табиист, ки ин намуди ҷиноят нерӯи зиёди ҷисмониро талаб намекунад, аз ин рӯ он метавонад ҳанӯз аз хурдсоли дар рафтори кӯдак мушҳоҳида гардад ва сари вақт аз ҷониби калонсолон ислоҳ нагардидани он, амали кӯдак ва бинобар ин борҳо такрор гардидани он метавонад тадриҷан ба одат табдил ёбаду дар солҳои наврасӣ боиси бештар ба ин намуди ҷиноятҳо даст задани ноболиғон гардад.
         Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни наврасон инчунин баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо зарурат пайдо мекунад. Ҳамчунин бо ҳамин мақсад ва бинобар сабаби атрофи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштани аксарияти онҳо зимни бурдани корҳо оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ба наврасон доир ба аз кадом лаҳза ҷавобгарии юридикиро пайдо кардани амали ҷинояткоронаи онҳо маълумот додан лозим аст.
         Бошуурона дарк кардани меъёрҳои ахлоқ ва ҳамеша риоя кардани он аз тарафи наврас бешубҳа барои ӯ фаҳмонидани меъёрҳои ҳуқуқиро осон мегардонад. Дар инҷо нақши падару модар хело бузург аст , чунки маҳз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои ахлоқ шинос намуда, зарурияти риоя кардани онҳоро фаҳмонанд ва бад – ин васила дар рушди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо ҳиссагузор бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ робитаи ногусастанӣ дошта, ҳар ду дар якҷоягӣ таъмингари пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни наврасон аст.
         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд” аз ин лиҳоз бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурд ва наврасонро дар рӯҳияи  худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро, агар маҳкум накунем, фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва қонуншиканиҳо зиёд хоҳад шуд.
 
 
Одиназода Фарида Шамсулло,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад