ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 18/12/2023 - 16:17
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
     Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгӯйинашавандагӣ фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо эҳсоси худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, худи технологияи идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.
    Таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки хусусияти ҷалби ҳарчи бештари субъектон ба онҳо аз шакли оммавӣ ба шакли фардӣ гузашта истодааст. Яъне, қувваҳои манфиатдор усули таъсиррасонии фардӣ ва алоҳидаро ба шахсиятҳо пеш гирифта, дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар аз шахсиятҳои дорои хислатҳои маргиналии ба муҳити иҷтимоӣ пурра ворид нашуда ва аз ҷавонони камтаҷриба истифода баранд.
     Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия дар замони муосир ба худ хусусияти мушкил касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар миёни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.
    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаю хавфнок ин дур будани онҳо аз муҳити иҷтимоӣ буда, маънои онро дорад, ки агар шахс ҷисман дар як муҳити иҷтимоӣ бошад, рӯҳан дар муҳити иҷтимоии дигар аст. Аз ин рӯ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону занон ба равандҳои иҷтимоии муосир омили зарурӣ буда, тавассути ширкати онҳо имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад.
    Василаи муҳими фаъолгардонии ҷавонону занон ин дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Бад-ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин намуда, баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд. Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро, дар баробари тарбияи дурусти касбӣ ва омода намудани мутахассиси дараҷаи баланд, тарбияи инсони худшиносу худогоҳ ва дорои фаҳмиши хуби равандҳои сиёсӣ омили зарурӣ дар замони муосир мебошад. Зеро, мо метавонем мутахассиси хуб тарбия намоем, вале агар он эҳсоси баланди ватандӯстӣ надошта бошад, садоқат ва хизмат намудан ба ин давлату миллатро аз ӯ интизор шудан амри маҳол аст.
    Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар масъалаи нақши олимони ҷомеашинос дар тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир саривақтӣ ва зарурӣ буда, воқеан ҳам тақвияти фаъолиятро дар ин самт тақозо менамоянд.
     Самти асосии таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ин пурзўр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
   Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд мусоидат намояд.
    Низоми чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ иборат аз таснифи чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ аст. Таснифи чораҳо аз рӯйи асосҳои зерин ҷой дорад:
-  сатҳи фаъолияти пешгирӣ (чораҳои умумииҷтимоӣ ва махсус);
-  ҳаҷм ва самти чораҳои пешгирӣ (пешгирии умумӣ, махсус ва фардӣ (инфиродӣ);
- ҳудуд (умумидавлатӣ - дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё мухторият татбиқшаванда ва маҳаллӣ (дар ҳудуди ноҳия, ҷузъҳои маъмурии аҳолинишин, объекти мушаххас, корхона, ташкилот, муассиса ва ғайра).
-  мазмуни чораҳои пешгирӣ;
- василаҳои таъсиррасонӣ ба ҷинояткорӣ (характери иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, ташкилӣ-роҳбарӣ, идеологӣ, техникӣ, ҳуқуқӣ);
- субъекти ин фаъолиятро ба иҷро расонанда.
     Ба чораҳои техникӣ роҳу тарзҳои гуногуне, ки барои нодуруст нишон додани миқдор ва сифати маҳсулот дар вақти истеҳсол, фурӯш ва тақсими маҳсулот, мубодилаи бонкӣ, дуздии молу мулк, пайдошавии ҳолатҳои таъҷилӣ, сӯхтор ва ғайра монеа мешаванд, мансуб мебошанд.
     Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки барои таъмини муътадили рушди суботи ҷомеа нақши омилҳои пешгирисозандаи ҷинояткорӣ саҳми муҳимро доро мебошад.
 
Исмоилова Мадина Исмоиловна, сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад