You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН

-A A +A
Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 13:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
594
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Панҷшанбе, 5 Март, 1992

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ислоҳоти замин

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №10, мод 139; соли 1994, №15-16, мод 252; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, №22, мод 276; соли 1997, №9, мод. 117; соли 2006, №3, мод. 165)

 

Фасли  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин

Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи оќилона ва ҳифзи замин иборат буда, маќсадаш зиёд намудани махсулоти кишоварзӣ мебошад.

                 

Моддаи 1 . Ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон дар бораи ислоҳоти замин

Ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумҳурии Тољикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Љумҳурии Тољикистон, Конуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои ҳуќўќии байналмилалї, ки Љумҳурии Тољикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 2. Мундариҷаи ислоҳоти замин

1. Ислоҳоти замин маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.

2. Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқӣ ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар замин таъмин мегардад.

Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вакф ба эътибор гирифта намешавад.

 

Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин

Самтҳои асосии ислоҳоти замин аз инҳо иборатанд:

Ба  рўйхатгирии  тамоми заминҳо аз рӯи гурўҳҳо, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин;

муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини мақоми ҳокимияти иҷроияи мaҳаллӣ (ҳукумати ноҳия) бо мақсади азнавтақсимкунии он  баҳри самаранок истифода бурдани замин;

додани замин ба истифодаи якумраи меросї ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерї) ва касбҳои анъанавии мардумї, инчунин ќитъаи замини назди ҳавлигї;

аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таљдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзї;

муқаррар ва аниқ кардани cарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудї мaҳалҳои, аҳолинишин ва сохтори замину хоҷагидории онҳо;

ба расмият даровардан ва аз нав ба ќайд гирифтан ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамоянд.

 

Моддаи 4. Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти замин

Ислоҳоти замин марҳила ба марҳила гузаронида  мешавад.

Дар марҳалаи аввал ба мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї ҳуқуқи ихтиёрдории замин, аниқ намудани cарҳадҳои маъмурӣ, муайян намудани талаботи шахсони воќеї ва ҳуќуќї ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав тақсим намудани он дода мешавад.

Дар марҳалаи дуюм мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ба шахсони воќеї ва ҳуќуќї барои истифодабарӣ додани заминро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 5. Мақомоте, ки ислоҳоти заминро амалӣ мегардонанд

1. Гузаронидани ислоҳоти замин ба ӯҳдаи маќомоти иљроияи  мaҳаллии ҳокимияти давлатї ва маќоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад;

2. Хадамоти давлатии танзими замини  маќоми давлатии заминсозии Љумҳурии Тољикистон ва мақомоти он дар мaҳалҳо оиди таъмини ислоҳоти замин вазифаҳои зайлро анҷом медиҳанд:

бақайдгирии давлатии заминистифодабарӣ ва ба рас­мият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин;

баҳисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги за­мин;

амалӣ гардондани корҳои танзими замин, мураттаб сохтани нақшаҳои куллї истифодаи замин, нақшаю лоиҳахои танзими замин, баҳодиҳии замин ва ба харита даровардани гурўҳи заминҳо;

назорати давлатӣ ба истифодаи замин;

Шӯроҳои депутатҳои халқ дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои ислоҳоту танзими замин дар асоси маводи пешниҳодкардаи аз тарафи Хадамоти давлатии танзими замини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамоянд;

 

Моддаи 6. Таъмини  молиявии    ислоҳоти замин

Ислоҳоти замин аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳо гузаронида мешавад.

 

Фасли П. БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН

 

Моддаи 7. Вазифаҳо ва гузаронидани баҳисобгирии замин

Баҳисобгирии замин бо мақсади аниқ кардани маълумотҳо оиди мавҷудият ва тақсимоти фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаро­нида мешавад.

Баҳисобгирии замин аз рӯи гурўҳ, заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои он гузаронида мешавад.

 

Фасли III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ МАҚОМИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯИ МAҲАЛЛӢ (ҲУКУМАТИ НОҲИЯ)

 

Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин

1. Фонди махсуси замин аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил карда мешавад:

заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мутобиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад;

заминҳои кишоварзии аз истифода баромада ё ба қатори замин­ҳои қиматашон пасттар гузаронидашуда;

заминҳои эҳтиётӣ;

заминҳoи бе дарахту буттазори фонди ҷангал, ки барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;

заминҳое, ки ѓайриоқилона  истифода бурда мешаванд;

заминҳои дигари ташкилоту корхонаҳои кишоварзї, ки пештар дар ислоҳоти кишоварзӣ истифода нашудаанд;

2. Заминҳои фонди махсуси маќомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї, ки дар соли љорї пурра таќсим нашудаанд, ба фонди захираи давлатї дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин

Фонди махсуси заминро мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї ба шахсони воќеї ва ҳуќуќї ба мақсади истифодаи кишоварзӣ ва дигар маќсадҳо медиҳанд;

 

Моддаи 10. Муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда

1. Заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашавандаро мақоми  давлатии  заминсозии Љумҳурии Тољикистон бо роҳи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ба риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинга он муайян менамоянд.

2. Ҳуҷҷатҳо оиди муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ҳалли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онҳо ба мақоми ҳокимияти иҷроияи мaҳаллӣ (ҳукумати ноҳия) пешниҳод карда  мешаванд.

 

Моддаи 11. Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин

Ќитъаҳои заминро маќомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї аз                           заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси ҳуљљатҳои пешниҳодкардаи маќомоти давлатии заминсозии Љумҳурии Тољикистон мегирад.

Барои мусодира намудани қитъаҳои замин ва ба фонди махсус дохил намудани онҳо розигии заминистифодабарандагон талаб карда намешавад.

Ҳангоми ба қарори мусодираи замин розӣ набудан истифодабарандаи замин метавонад ба суд  ё суди иќтисодї  шикоят кунад;

То вақти ба заминистифодабарандагони нав супурдани заминҳо онҳоро заминистифодабарандагони собиқ истифода мебаранд.

 

Моддаи  12. Шартҳои тақсимкунии фонди махсуси замин

1. Қитъаҳои замин аз фонди махсус мувофиқи тартиби танзими замин, чун қоида, яклухт ҷудо карда мешаванд.

2. Ќитъаҳои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони воќеї ва ҳуќуќї барои истифодаи кишоварзї дода мешаванд.

3. Шаҳрвандони дар мaҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи ки­шоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Ба хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳои саноатӣ ва дигар корхонаю идтиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо қитъаҳои замин дар асоси озмун дода мешаванд.

 

Фасли IV. ТАЉДИДИ СОХТОРИ ТАШКИЛОТУ  КОРХОНАҲОИ  КИШОВАРЗӢ ВА ИСЛОҳОТИ ЗАМИН

 

Моддаи 13. Шаклҳои хоҷагидорӣ

Таљдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз тобеияташон бо роҳи ташкил намудани хоҷагии деҳконӣ, ширкати хољагидорї, кооперативи истеҳсолї ва дигар шаклҳои хоҷа­гидорӣ бо розигии коллективҳои меҳнатї гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 14. Ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳaнгоми таљдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзї

1. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкати хољагидорї, кооперативї, истеҳсолї, дигар намуди  хоҷагидорӣ, ки дар ҷараёни таљдид ташкил меёбанд, қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои таљдидгардида дода мешаванд.

2. Андозаи қитъаи замине, ки барои хоҷагии деҳқонӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, коллективҳои иҷоравӣ дода мешавад, аз рӯи миқдори заминхои мавҷудаи хоҷагӣ муайян мегардад, ки он ба фонди таќсимшаванда људо карда мешавад.

3. Мақомоти  иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї дар асоси лоиҳаи заминсозї оид ба људо намудани қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони  нав қарор қабул мекунад;

Баъди қабули қарор лоиҳаи заминсозї амалӣ мегардад ва ҳуқуқи истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад.

 

Моддаи 15. Ѓайридавлатикунонї ва хусусигардонии хољагиҳои муассисаҳои илмї

Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии пойгоҳҳои кишоварзӣ,нуќтаҳои ёрирасонии муассисахои илми- тадқиқотї ва хољагиҳои ба онҳо баробар эътирофшуда, хољагиҳои махсуси тухмипарварї, растанипарварї ва зотпарварї танҳо ба розигии Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон сурат мегирад.

 

Фа сл и V. МУҚАРРАР НАМУДАНИ САРҲАДИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ ВА  МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН

Моддаи 16. Аниқ ва муқаррар намудани ҳудудҳои мaҳалҳои аҳолинишин

Аниқу муқаррар намудан ва ё тағйир додани cарҳади мaҳалҳои аҳолинишин дар мавридҳои зайл сурат мегирад:

набудани cарҳадҳои мaҳали аҳолинишин;

тағйир ёфтани нақшаи генералии мaҳали аҳолинишин;

додани замини иловагӣ барои эҳтиёҷоти мaҳали аҳолинишин.

Барои ҳар як мaҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ cарҳадҳоро тафсир намуда, маводи нақшаю харита тартиб дода мешавад.

Сарҳади мaҳалҳои аҳолинишини деҳотро мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї муайян менамояд.

Сарҳадҳои мaҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ки мувофиқи тартиби муайяншуда тасдиқ шудаанд, дар асл, бо аломатҳои марзӣ ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Додани замин дар мaҳалҳои аҳолинишини деҳот

Додани замин ва дигар муносибат дар ҳудуди мaҳалҳои аҳолинишини деҳот мутобиқи моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Фасли VI. БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ТАҶДИДИ РАСМИЯТИ ҲУҶЧАТҲОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ  ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН

 

Моддаи 18.Тартиби азнавбаќайдгирии ҳуҷҷатҳо

1.Шахсони воќеї ва ҳуќуќї, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд,дар ҳолати надоштани ҳуљљатҳои дахлдори тасдиќкунандаи ҳуќуќи истифодаи замин ба мақомоти иҷроияи мaҳаллӣ ҳокимияти давлатї бо дархост муроҷиат менамоянд.

2. Мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї дархости воридшударо ба ќайд гирифта, барои тайёр намудани пешниҳодот ба маќомоти маҳаллии заминсозї мефиристад.

3. Мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї вазифадоранд дар муддати як моҳ дархости аз нав барасмиятдарории ҳуљљатҳоро баррасї намуда, ќарори дахлдор ќабул намоянд.

4. Маќомоти маҳаллии заминсозї оид ба муайян намуданиҳудудҳои заминистифодабарї бо дарназардошти гирифтани ќитъаи замин ба фонди махсус, инчунин таѓйир додани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин корҳои заруриро иљро менамояд ва ҳуљљатҳоро (лоиҳаи заминсозиро) барои тасдиќ ба мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатї пешниҳод менамояд. Баъди тасдиќи ҳуљљатҳо (лоиҳаи заминсозї) ва дар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминистифодабаранда ҳуљљати тасдиќкунандаи ҳуќуќи истифодаи замин дода мешавад.

5. Шахсони воќеї ва ҳуќуќї, ки ќитъаи замин доранд, дар сурати доштани ҳуљљатҳои шаҳодатдиҳандаи ҳуќуќи истифодаи замин, барои баќайдгирї ба маќомоти маҳаллии заминсозї бо дархост мурољиат менамояд.

6. Маќоми маҳаллии заминсозї дархостро баррасї намуда, тибќи ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон, ҳуќуќи истифодаи заминро ба ќайд мегирад ва ба шахсони воќеї ва ҳуќуќї ҳуљљати тасдиќкунандаи ҳуќуќи истифодаи замин медиҳад.

 

Моддаи 20. Ба расмият даровардани ҳуҷҷати ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин

1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истиқомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онҳо ба мақсадҳои дар моддаи 12 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷи­кистон зикршуда дода шудааст, асноди тасдиќкунандаи ҳуќуќи истифодаи якумраи меросии замин.

2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба замине, ки барои боғдорӣ ва обчакории дастҷамъӣ ҷудо шудааст ва ба қитъаҳои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафоқат мебошанд, санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросӣ дода мешавад.

3. Аъзои рафоқати боғдорӣ ва обчакорӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи хоҳиши худ иморату дарахтони ба ӯ тааллуқдоштаро дар қитъаи за­мине, ки ба соҳибии якумрии меросӣ дода шудааст, ба шахси дигар фурушад ё ройгон диҳад. Дар ин маврид розигии рафоқат талаб кар­да намешавад.

 

Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодабарии замин то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо

То барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои исти­фодаи замин,шахсони воќеї ва ҳуќуќии қаблан муайяншуда ҳуќуќи  истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд.

                                                                                               

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Р. НАБИЕВ

5 марти соли 1992  шаҳри Душанбе.

№ 594.

 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №10, мод 140)

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» аз лаҳзаи ба нашр расиданаш татбиқ карда шавад.

        

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    С. КЕНҶАЕВ

5 марти соли 1992  шаҳри Душанбе.

№ 595.