Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз умри дубора дида, бо ҳама шукуҳу тантана гузаронида мешавад. Ба муносибати пешвозгирии ҷашни Наврӯз ҳар сол дар мамлакат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.
Наврӯз ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 6 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Мо тавассути Наврӯз аз нав зиндагии ҷисмонию рӯҳонии хешро таҷдид мекунем ва дар домони табиат аз файзи заминию осмонии он лаззат мегирем ва чеҳраи мо аз шодмонӣ мешукуфад. Наврӯз тайи ин сипеҳри бузург барои инсон фурсате барои осоишу оромиш нест, балки ниёзи зарурии ҷомеа ва шукуфоию тавоноии миллати фарҳангдӯсти мо будааст: дунёе, ки ҳар лаҳза навшавист ва Наврӯзи фаррухпай ҳам қадимӣ аст ва ҳам ҷадид. Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст.
Наврӯз «рузи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад.
Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои решабарандози замона ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувийяти миллию фарҳангие мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Абулқосим Фирдавсӣ
Одиназода Фарида Шамсулло,
мутахассиси шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон