ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Март 2025

-A A +A

СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ҶИНОЯТӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 11/03/2025 - 16:12
     Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҶТ) бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад [1].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 13/03/2025 - 15:47
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2142
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.02.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкориро (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
2) субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
3) санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ – намуди фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла омӯзиш, таҳлил ва назорати фаъолияти субъекти соҳибкорӣ оид ба мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;
5) давраи мораторий ба санҷишҳо – муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ карда шудаанд;
6) мақомоти ваколатдори давлатии назоратию санҷишӣ – мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд;
7) Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратӣ ва доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 4 Қонуни мазкур, боздошта мешавад.
2. Баъд аз анҷоми мораторий ба санҷишҳо, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ аст.
Моддаи 4. Истисноҳо дар татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти ­субъектҳои соҳибкорӣ
1. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба санҷишҳои мақомоти андоз татбиқ намегарданд.
2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, новобаста ба муқаррароти моддаи 3 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:
1) бо мақсади танзими давлатии дурустии ташаккулёбӣ ва татбиқи нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ;
2) дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ;
4) дар асоси дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
3. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 2 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.
Моддаи 5. Мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъо­лияти субъектҳои соҳибкориро мегузаронад.
2. Мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ баъд аз анҷоми мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ гузаронида шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 6. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъо­лияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 8 июни соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №6, мод. 342) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2142
 
Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №598
 
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №700 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №4-5, мод. 249) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. Зокирзода
ш. Душанбе, 31 январи соли 2025, №1568
 

Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ омили рушди иқтисод

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 14/03/2025 - 10:19
      Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 17/03/2025 - 13:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2141
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.02.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ
 
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 19 декабри соли 2024, № 1508
қабул шудааст бо қарори Маҷлиси миллииМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2025, № 596ҷонибдорӣ шудааст
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми истеҳсолоти органикиро муқаррар намуда, ба ташаккул ва таъмини устувории низоми агроэкологӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) гардиши маҳсулоти органикӣ – коркард, нигоҳдорӣ, тамғагузорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ;
2) истеҳсолоти органикӣ – фаъолият оид ба истеҳсол ва (ё) коркарди маҳсулот ё ашёи хоми органикӣ, ки бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникии дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад;
3) маҳсулоти органикӣ – маҳсулоте, ки аз растанӣ, аз ҷумла ашёи хоми растаниҳои худрӯй, инчунин чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ истеҳсол карда мешавад;
4) регламенти техникии истеҳсолоти органикӣ – санади меъёрии техникие, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулоти органикӣ дар ҷараёни истеҳсол, коркард, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ муқаррар мекунад;
5) низоми агроэкологӣ – низоми аз тарафи субъектҳои хоҷагидор истифодашаванда, ки дар он мувозинаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баргардондани унсурҳои таркибии он барои гардиши моддаҳои маъданию органикӣ таъмин карда мешавад;
6) стандарти истеҳсолоти органикӣ – қоида, дастур ва (ё) тавсифҳо, ки ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дахл доранд;
7) субъекти хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ – соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқие, ки истеҳсол ва гардиши маҳсулоти органикиро амалӣ менамояд;
8) тамғаи молии маҳсулоти органикӣ - аломате, ки дар шакли чопӣ ё графикӣ дар рӯйи борҷомаи маҳсулоти органикӣ тасвир ёфта, бо мақсади нишон додани ҷойи истеҳсол ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ё миллӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ҷавобгӯй будани маҳсулоти органикӣ гузошта мешавад;
9) усули гидропонӣ – тарзи парвариши растанӣ дар муҳити сунъӣ, бе истифодаи хок, ки дар он ғизо дар шакли маҳлул мустақиман ба реша дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти органикӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти органикӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои низоми истеҳсолоти органикӣ
Мақсадҳои низоми истеҳсолоти органикӣ аз инҳо иборатанд:
1) нигоҳдории гуногунии биологӣ ва агробиологӣ;
2) баланд бардоштани фаъолнокии биологии хок бо мақсади нигоҳ доштани ҳосилхезии он барои давраи дарозмуҳлат;
3) истифодаи такрории партовҳои олами наботот ва ҳайвонот бо мақсади ба хок баргардондани моддаҳои ғизодиҳанда ва кам кардани истифодаи захираҳои барқарорнашаванда;
4) истифодаи захираҳои барқароршаванда дар низоми хоҷагидорӣ дар маҳал;
5) мусоидат ба ҳифзи хок, об ва ҳавои атмосфера, инчунин кам кардани ҳамаи намудҳои ифлосшавӣ дар натиҷаи фаъолияти кишоварзӣ;
6) коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади дар ҳамаи марҳилаҳо нигоҳ доштани яклухтии органикӣ ва хусусиятҳои ҳаётан муҳимми он;
7) ҳифзи саломатии аҳолӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои истеҳсолоти органикӣ
Ба принсипҳои истеҳсолоти органикӣ мансубанд:
1) риояи мувозинати экологии табиат ва барқарор намудани захираҳои он;
2) ҷорӣ намудани усулҳои самарабахши истифодаи захираҳои табиии барқарорнашаванда, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва агробиологӣ;
3) ихтиёрӣ будани фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
4) нигоҳ доштани ҳосилхезии хок, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва саломатии аҳолӣ;
5) баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии истеҳсолоти кишоварзӣ бе расондани зарар ба табиат ва саломатии аҳолӣ.
Моддаи 5. Самтҳои асосии истеҳсолоти органикӣ
Ба самтҳои асосии истеҳсолоти органикӣ мансубанд:
1) растанипарварии органикӣ;
2) чорводории органикӣ;
3) парандапарварии органикӣ;
4) занбӯриасалпарварии органикӣ;
5) моҳипарварии органикӣ;
6) истифодаи маҳсулоти органикӣ аз ашёи хоми растаниҳои худрӯй;
7) коркарди органикии ашёи хоми органикӣ.
Моддаи 6. Шартҳои истифодаи растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ
1. Растаниҳои худрӯй ва меваҳои онҳо, инчунин набототи худрӯйи дигар бо мақсади истифода дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бояд бе расондани зарар ба низоми экологӣ ҷамъоварӣ карда шаванд.
2. Барои истифодаи растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар ҳудуди ҷангал ва чарогоҳҳо бояд қитъаҳое интихоб карда шаванд, ки бо моддаҳои кимиёвӣ коркард нашуда бошанд.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ
Моддаи 7. Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ
Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ аз инҳо иборат мебошанд:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
2) банақшагирии стратегӣ ва танзими асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
3) мониторинги фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 
4) амалӣ намудани тадбирҳои истифодаи роҳҳои муносиби коркарди хок, усулҳои агротехникии муосир, таъсиррасонии камтарин ба таркиби хок, воридкунии моддаҳои ғизоӣ тибқи стандартҳои миллӣ ва роҳ надодан ба сахтшавии хок дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
5) амалӣ намудани тадбирҳои муҳофизати растаниҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
6) назорати риояи талаботи бехатарии биологӣ, карантини растаниҳо ва тадбирҳои беҳдошти байторӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
7) ба роҳ мондани сертификатсияи экологии маҳсулоти органикӣ, арзёбии равандҳои технологии истеҳсол ва коркарди он ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани зарар ба муҳити зист, ҳамчунин таъмини амнияти экологӣ;
8) назорати риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
 
9) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ.
Моддаи 8. Танзими раванди фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар истеҳсоли маҳсулоти органикӣ
1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ машғул мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ба қайд гирифта мешаванд.
2. Субъектҳои хоҷагидор зимни бақайдгирӣ маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
1) ном ва нишонии субъекти хоҷагидор;
2) маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва биноҳое, ки дар онҳо фаъолияти истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад;
3) хусусияти амалиёти истеҳсолӣ ва хосияти маҳсулоти органикӣ.
Моддаи 9. Талабот барои истеҳсоли маҳсулоти органикӣ
Истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар асоси талаботи зерин ба роҳ монда мешавад:
1) алоҳида ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти органикӣ аз маҳсулоти истеҳсолшаванда, ки ба истеҳсолоти органикӣ тааллуқ надоранд;
2) манъи истифодаи агрокимиёҳо, пеститсидҳо, антибиотикҳо, ба истиснои онҳое, ки дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ё миллӣ дар истеҳсоли маҳсулоти органикӣ иҷозат дода шудаанд;
3) манъи истифодаи пайвандсозии ҷанин, усулҳои ба таври сунъӣ гирифтани клони организмҳо, ҳуҷайра ё молекулаҳо, организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, инчунин маҳсулоти бо усулҳои муосири биотехнология ҳосил кардашуда;
4) манъи истифодаи нумӯяҳои афзоиш ва маҳсулнокии ҳайвонот, воситаҳои гормондор;
5) манъи истифодаи растаниҳои бо усули гидропонӣ рӯёндашуда;
6) манъи истифодаи афканишоти ионофар барои коркарди маҳсулоти хӯроквории органикӣ ё хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ, инчунин ашёи хом барои тайёр кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ё хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ;
7) истифодаи воситаҳои биологии мубориза бар зидди организмҳои карантинию зараррасон, касалиҳои растанӣ ва бемориҳои ҳайвонот;
8) амалисозии чораҳо барои пешгирии талафёбии растанӣ ё маҳсулоти он аз организмҳои зараррасон, ки ба муҳофизат аз зараррасонҳо, интихоби намуд, навъи растанӣ, киштгардон, усулҳои парвариши растаниҳо ва тарзи коркарди маҳсулоти органикӣ асос меёбанд;
9) интихоби зот ё намуди ҳайвоноти кишоварзӣ бо назардошти қобилияти мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба касалиҳо, муҳайё сохтани шароит барои нигоҳдории саломатии ҳайвоноти кишоварзӣ, барқароршавии табиӣ, таъмини нишондиҳандаҳои санитарию беҳдоштӣ ва байторӣ;
10) истифодаи ғизои иловагӣ, воситаҳои ёрирасони технологӣ, хушбӯйкунанда, қувватфизои таъм, дорувории ферментӣ, микроэлементҳо, витаминҳо, аминокислотаҳои бо стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ё миллии дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ пешбинишуда;
11) истифодаи микроорганизмҳои биологӣ, аз ҷумла барои коркарди маҳсулоти ғизоӣ истифодашаванда, амалисозии чораҳои муҳофизатии маҳсулоти ҳайвонот аз вайроншавии микробиологӣ, ки ба таъсири мутақобилаи микроорганизмҳо дар муҳити табиӣ асос ёфтаанд;
12) манъи омезиши маҳсулоти органикӣ ба маҳсулоти бо тарзи маъмулӣ истеҳсолшуда дар раванди нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ;
13) манъи истифодаи банду баст, зарфҳои истеъмолӣ ва нақлиётии ба ифлосшавии маҳсулоти органикӣ ва муҳити зист мусоидаткунанда, аз ҷумла банду басти полимерӣ, зарфҳои истеъмолӣ ва нақлиётӣ.
 
БОБИ 3. ТАМҒАГУЗОРӢ, ВОРИДОТ ВА СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ОРГАНИКӢ
Моддаи 10. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ
1. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Тамғаи борҷома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳсулоти органикӣ бояд дорои чунин маълумот бошанд:
1) ном ва суроғаи истеҳсолкунанда ё корхонаи коркарди маҳсулоти органикӣ;
2) номи маҳсулот бо зикри усули истифодашудаи истеҳсолоти органикӣ;
3) дарҷи ном ва тамғаи молии маҳсулоти органикӣ;
4) шартҳои нигоҳдории маҳсулоти органикӣ ва муҳлати мувофиқатии он;
5) ишора дар бораи тартиби нигоҳ доштани маҳсулоти органикӣ бо маҳсулоти дигар.
3. Субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулоти органикиро истеҳсол менамоянд, ҳуқуқи истифодаи тамғаи молии мувофиқати маҳсулоти органикиро доранд.
4. Истифодаи ҳамаи намуди аломат, аз ҷумла аломатҳои дар тамғаҳои тиҷоратӣ истифодашаванда, инчунин услубҳои тамғагузорӣ ва рекламаи маҳсулоти органикӣ ё ҷузъиёти аз он истеҳсолшуда, ки метавонанд истеъмолкунандаро ба иштибоҳ оранд, манъ мебошад.
Моддаи 11. Воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ
Воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 4. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ ВА ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ 
Моддаи 12. Дастгирии давлатии рушди истеҳсолоти органикӣ
1. Рушди истеҳсолоти органикӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат дастгирӣ карда мешавад.
 
2. Дастгирии давлатии соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо роҳҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) ҷалби сармоя барои пешбурди соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
2) мусоидат ба амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳосилхезгардонӣ, беҳтар намудани ҳолати беҳдоштӣ ва ҳифзи заминҳо;
3) рушди инфрасохтори бозори маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти органикӣ;
4) таъмини дастрасии иттилоот оид ба ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ;
5) ташкили таҳқиқоти илмӣ оид ба рушди истеҳсолоти органикӣ, услуб, тарз ва технологияҳои инноватсионии истеҳсоли маҳсулоти органикӣ;
6) роҳҳои дигари дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 13. Шаффоф ва ошкоро будани иттилоот дар бораи истеҳсолоти органикӣ
1. Иттилоот дар бораи истеҳсолоти органикӣ шаффоф ва ошкоро мебошанд.
2. Ба иттилоот дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ, ки дастрасии тарафҳои манфиатдор ба онҳо озод мебошад, маълумоти зерин дохил мешаванд:
1) дар бораи тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
2) дар бораи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ, номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти органикӣ;
3) оид ба субъектҳои дигари дар рушди истеҳсолоти органикӣ иштироккунанда.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 14. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ
Баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 16. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 529; с. 2019, №4-5, мод. 220) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 11 феврали соли 2025, № 2141
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 17/03/2025 - 14:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1891
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.07.2022
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
 
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2022, № 745
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 294
ҷонибдорӣ гардидааст
(Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2148)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил, пешбурд, рушд ва қатъи фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ шакли фаъолияти ғайрисоҳибкории мустақилонаи шаҳрванд ё бо ҷалби аъзои оила ва (ё) дигар шаҳрвандон барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки дар қитъаҳои замини барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ додашуда ва (ё) бадастоварда ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
2. Аз ҷониби шаҳрвандон фурӯши маҳсулоти кишоварзии ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсол ва коркардшуда фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва (ё) қитъаи замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ иборат мебошанд.
2. Қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрвандон бо тартиб ва ба андозаи муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ва (ё) шаҳрвандон барои ин мақсад ҳуқуқи истифодаи онро ба даст меоранд.
3. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба гурӯҳи заминҳои маҳалли аҳолинишин дохил буда, ба шаҳрванд пас аз ба қайди давлатӣ гирифтани ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ дода мешавад.
4. Қитъаи замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ дохил буда, ба шаҳрванд бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат дода мешавад.
Моддаи 4. Манъи дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Дахолати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти шаҳрвандон дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ПЕШБУРД ВА РУШДИ ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 5. Танзим ва дастгирии давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
1. Танзим ва дастгирии давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз маҷмуи чорабиниҳое, ки фаъолияти самаранокро дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ таъмин менамоянд, иборат мебошанд.
2. Танзими давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва ба рушди фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ мусоидаткунанда;
2) амалигардонии чорабиниҳо оид ба рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
3) назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фаъолият дар қитъаҳои замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ.
3. Дастгирии давлатии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) ташаккули инфрасохтори хизматрасонии истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
2) ташкили хизматрасонии техникӣ, обёрӣ, байторию санитарӣ ва иттилоотию машваратӣ;
3) пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;
4) шаклҳои дигари дастгирӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ мансуб мебошанд:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди ҳоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
2) тасдиқи барномаҳои дастгирӣ ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
3) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дохил мешаванд:
1) таҳия, тасдиқ ва амалисозии барномаҳои маҳаллии рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
2) муқаррар намудани нишондиҳандаҳои асосии рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар ҳудудҳои дахлдор;
3) мусоидат ба беҳтарсозии таъминоти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо захираҳои моддию техникӣ, оби полизӣ, тухмии растаниҳо, ниҳолҳо, ҳайвоноти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводҳо;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дохил мешаванд:
1) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
2) пешбурди китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо;
3) гузарондани мониторинги истифодабарии қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
4) татбиқи чораҳо барои таъмини пешбурди фаъолияти озод ва мустақилонаи хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҳангоми истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН ҲАНГОМИ ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 9. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои пешбурди ҳоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо қитъаи замин барои замини наздиҳавлигӣ ва (ё) ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ дода шудааст ва (ё) барои ин мақсадҳо ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба даст овардаанд, ҳуқуқи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро доранд.
2. Шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ доранд:
1) истифодабарии қитъаҳои замин ва муносибатҳои молумулкиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;
2) фаъолияти хоҷагидориро дар қитъаҳои замин озодона ва муcтақилона амалӣ намоянд;
3) бо иттиҳодияҳои кишоварзӣ ва кластерҳои агросаноатӣ ҳамкорӣ намоянд ва ихтиёрӣ ба ҳайати онҳо дохил шаванд;
4) сохтмон ва азнавсозии гармхона ва сардхонаҳо, дигар иншооти хизматрасонӣ ва истеҳсолиро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монанд;
5) ҷуброни зарарро вобаста ба гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд ва гиранд;
6) аз манбаъҳои захираҳои обӣ ва барқ барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқарраргардида истифода намоянд;
7) аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
Моддаи 10. Уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ уҳдадоранд:
1) истифодаи мақсаднок ва оқилонаи қитъаҳои замин, аз ҷумла кишти зироатҳои кишоварзӣ, гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва ободониро таъмин кунанд;
2) сари вақт андози истифодаи қитъаҳои замин, ҳаққи хизмати обрасонӣ, барқ, инчунин дигар пардохтҳои ҳатмии муқарраргардидаро ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, тариқи ғайринақдӣ пардохт намоянд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2148);
3) қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ва байторӣ, талаботи агротехникию мелиоративӣ ва технологияҳои парвариши зироатҳои кишоварзиро риоя намоянд;
4) барои нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок тадбирҳо андешанд;
5) ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обу заминро таъмин намоянд;
6) бо риояи тартиби муайяннамудаи беҳдоштиву санитарӣ ва бойторӣ забҳи ҳайвоноти кишоварзиро дар ҷойҳои махсуси барои ин мақсадҳо ҷудошуда таъмин намоянд;
7) ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли ҷойгиршавӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдорро оид ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ пешниҳод намоянд;
8) дар қитъаҳои замини хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ ба бунёди бинову иншоот ва шинонидани дарахтони бисёрсола роҳ надиҳанд;
9) иҷрои уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
БОБИ 4. ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 11. Тартиби пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ самт, хусусият ва намудҳои фаъолият, таркиб ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро мустақилона муайян мекунанд.
2. Сардори хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад манфиатҳои шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштироккунандаро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ намояндагӣ кунад.
3. Шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштироккунанда метавонанд муносибатҳои шартномавиро вобаста ба истеҳсол, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бевосита бо ташкилотҳои кишоварзӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона амалӣ намоянд.
Моддаи 12. Фаъолияти меҳнатӣ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Фаъолияти меҳнатӣ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо истифодаи меҳнати шахсии шаҳрванд ё бо ҷалби аъзои оила ва (ё) шаҳрвандони дигар амалӣ карда мешавад.
2. Шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" метавонанд вазъи ҳуқуқии аҳолии шуғлнокро (ё ба он баробаркардашударо) гиранд.
Моддаи 13. Баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
1. Баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз тарафи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо амалӣ карда мешавад.
2. Пешбурди китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо дар асоси маълумоти дахлдори аз ҷониби хоҷагии ёрирасони шахсӣ пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:
1) насаб, ном ва номи падар, сана ва соли таваллуди сардори хоҷагии ёрирасони шахсӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштирок мекунанд;
2) масоҳати қитъаи замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ки дар он кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад, миқдори дарахтони бисёрсола, аз ҷумла мевадиҳанда, инчунин номгӯи дигар маҳсулоти кишоварзии истеҳсол ва коркардшаванда;
3) саршумори чорво, парандаи хонагӣ, оилаҳои занбӯри асал ва қуттии пилла;
4) маълумот оид ба шумораи воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ;
5) маълумот оид ба бино, дастгоҳ ва таҷҳизоти дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истифодашаванда.
3. Маълумоти китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо барои ташаккул ва татбиқи нишондиҳандаҳои асосии таъмини рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва дастгирии давлатии онҳо истифода бурда мешаванд.
4. Шакл ва тартиби пешбурди китоби баҳисобгирии хоҷагиҳо оид ба баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 14. Тартиби қатъи фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ пас аз қатъи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва (ё) қитъаи замини хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.
БОБИ 5. МУНОСИБАТҲОИ МОЛУМУЛКӢ ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
Моддаи 15. Истифодаи молу мулк дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Шаҳрвандон барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ метавонанд аз биноҳои истиқоматӣ, маишӣ ва истеҳсолӣ, дигар бино ва иншооти ёрирасон, дарахтони бисёрсола, аз ҷумла мевадиҳандаи дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва (ё) замини хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ воқеъбуда, инчунин воситаҳои нақлиёт, техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, ҳайвоноти кишоварзӣ ва молу мулки дигар истифода баранд.
2. Шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштироккунанда метавонанд шумора ва шакли бино, инчунин иншооти хоҷагидориро бо мақсадҳои нигоҳдории саршумори ҳайвоноти кишоварзӣ, коркарди хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳдории техника, таҷҳизот ва дигар асбобу ашё бо риояи талаботи меъёрҳои техникӣ, сохтмонӣ, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор мустақилона муайян намоянд.
3. Шаҳрвандон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки дигарро барои пешбурд ва рушди хоҷагии ёрирасони шахсӣ харидорӣ ва истифода намоянд.
4. Истифодаи молу мулки узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар фаъолияти он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Ихтиёрдории маҳсулоти кишоварзии ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсол ва коркардшуда
Маҳсулоти кишоварзии дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсол ва коркардшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ихтиёрдорӣ карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Тартиби андозбандӣ ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ
Андозбандӣ ҳангоми пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳалли баҳсҳо вобаста ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Баҳсҳое, ки вобаста ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ" аз 8 декабри соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 675; с. 2006, №7, мод. 349; с. 2011, №6, мод. 449) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1891

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРИИ ШАҲРВАНДОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 18/03/2025 - 13:43
     Дар марҳилаи муосири рушди иқтисодиёти миллӣ ташаккули фарҳанги андоз ва маърифати андозсупории шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа бидуни азнавсозии ниҳодҳои давлатие, ки ҷараёнҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва тақсим менамоянд, ғайриимкон аст. Азбаски зиёда аз 80 фоизи воридоти даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо таъмин карда мешавад, андозбандӣ ва рушди он дар шароити тағйирёбандаи иқтисодиёти муосир яке аз бахшҳои муҳимми низоми андозбандӣ боқӣ мемонад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 19/03/2025 - 13:07
    Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар баромаду мулоқоти худ махсус таъкид менамоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ХУЛОСАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ҲАМЧУН РАВАНДИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 19/03/2025 - 15:24
     Яке аз соҳаҳое, ки ҳамасола бевосита дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати зиёд дода мешавад, ин рушди иқтисодиёти кишвар ва дастгирии соҳибкорон ба ҳисоб меравад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 20/03/2025 - 16:04
     «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
     Коррупсия ба рушди босуръату бомароми иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида, эътимоди халқро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ коста мегардонад. Бинобар ин, ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои ҳуқуқиву ташкилӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 27/03/2025 - 10:10
  1. Шартномаҳои байналмилалӣ: мафҳум ва тавсифи онҳо
  2. Намудҳои шартномаҳои байналмилалӣ
  3. Тартиби бастани шартномаҳои байналмилалӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ
  4. Тарзҳои изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар шартномаи байналмилалӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад