ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ омили рушди иқтисод

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 14/03/2025 - 10:19
      Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад” [1]. 
     Воқеан, дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ, маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ ба унсурҳои муҳимми устувории низоми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Омӯзиши ин мафҳумҳо ва таҳлили нақши онҳо дар рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа аҳаммияти калон дорад. Маърифати молиявӣ маҷмуи дониш, малака ва муносибатҳое мебошад, ки ба шахс ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ имкон медиҳанд, ки қарорҳои молиявии дуруст қабул карда, захираҳои худро самаранок идора намоянд. Маърифати молиявӣ на танҳо барои шахсони алоҳида, балки барои соҳибкорон ва идоракунии молияӣ - давлатӣ низ муҳим аст.
       Ба унсурҳои асосии маърифати молиявӣ дохил мешаванд:
- идоракунии даромад ва хароҷот;
- истифодаи воситаҳои молиявӣ (кортҳои бонкӣ, қарзҳо, суғурта ва ғайра);
- риояи меъёрҳои қонунгузории андоз ва молия.
     Фарҳанги андозсупорӣ маҷмуи дониш, боварӣ ва муносибати шаҳрвандон ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мебошад. Баланд будани фарҳанги андозсупорӣ ба беҳтар шудани сатҳи даромади буҷети давлатӣ ва рушди устувори иқтисодиёт мусоидат мекунад.
       Унсурҳои фарҳанги андозсупорӣ иборатанд аз:
- дарки аҳаммияти андозҳо барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;
- ихтиёран ва сари вақт пардохтани андозҳо;
- ҳисси масъулият дар назди давлат ва ҷомеа.
     Маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ ду рукни муҳимми пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ташаккули ин ду мафҳум на танҳо барои худи шаҳрвандон, балки барои давлат ва ҷомеа дар маҷмуъ аҳаммияти бузург дорад, аз ҷумла:
1) беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии халқ;
2) тақвияти фаъолнокии иқтисодӣ тавассути рушди соҳибкории хурду миёна;
3) тавсеаи заминаи андозбандии миллӣ;
4) таъмини устувории буҷети давлатӣ;
5) рушди устувори иқтисодии кишвар.
     Дар замони муосири рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ аҳаммияти бештарро касб менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ на танҳо идоракунии самараноки молиявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро осон, балки шаффофияти низоми андозбандиро низ таъмин менамояд.
      Технологияҳои рақамӣ дар рушди маърифати молиявӣ нақши муҳим мебозанд. Ин технологияҳо имконият медиҳанд, ки шаҳрвандон бо воситаҳои молиявии муосир шинос шуда, малакаи идоракунии дороиҳо ва хароҷоти худро такмил диҳанд.
     Андозсупорӣ раванди асосии ҳар як ҷомеа буда, дар таъмини фаъолияти молиявии давлатӣ ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ мебозад. Фарҳанги пасти андозсупорӣ боиси якчанд натиҷаҳои манфӣ, ба монанди камбудии даромадҳои давлат, коррупсия ва ғайриқонунии фаъолияти иқтисодӣ мегардад. Баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва таълимоти дуруст дар бораи аҳаммияти андозҳо дар рушди миллӣ ва иҷтимоии давлат барои таъмини як ҷомеаи адолатнок ва устувор зарур аст.
     Самтҳои афзалиятнок вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ:
 - такмили қонунгузории андоз ва механизми ҳалли баҳсҳои андозӣ;
- ба таври назаррас баланд бардоштани самарабахшии ҳамкорӣ миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон;
- баланд бардоштани иттилоотонӣ, рушди машварати андозӣ, тарғиби фарҳанги андоз, интизом ва масъулияти андозӣ дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва тавассути воситаҳои ахбори омма.
     Андозбандӣ дар шароити муосир аз сатҳи фарҳанги андозсупории андозсупоранда, ки аз бисёр ҷиҳат рафтори андозии ҳамаи иштирокдорони ин равандро муайян менамояд, вобастагӣ дорад. Рафтори андозии андозсупорандагон бо арзишҳои муайян, аз ҷумла, меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳавасмандиҳо ва анъанаҳое, ки бевосита ба ташаккули фарҳанги андозӣ таъсир мерасонанд, тавсиф карда мешавад [2,с.22].
     Додани имтиёз низ яке аз роҳҳои баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ба шумор меравад. Имтиёзҳои андозӣ афзалиятҳое ба шумор меравад, ки мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон фароҳам оварда шудаанд. Ба имтиёзҳои мазкур аз ҷумла, бе ягон таъсири манфӣ ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар ҳаҷми камтар ё дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андоз дохил мешаванд [3,с.192].
     Маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва ташаккули муносибати мусбӣ нисбат ба пардохти андозҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани маърифати молиявӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ на танҳо зарурат, балки вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ва давлат мебошад. Ин ду мафҳум ба ҳам алоқаманд буда, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозанд.
 
ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2024 [Захираи электронӣ].– Манбаи дастрасӣ: http://preziddent.tj/node/16771 (саннаи муроҷиат:02.03.2025).
2. Салимов М.М. Муаммоҳои баланд бардоштани фарҳанги андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори ДДҲБСТ–2021.–№3.–С.21-30.
3. Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълими/ Зери назари номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шонасриддинов Н.Ш. Душанбе, 2012, – 352с.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)