ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 01/04/2025 - 16:44
     Дар шароити муосир, таҳлил ва баҳодиҳии фаъолияти молиявӣ ва истеҳсолии ташкилотҳо яке аз омилҳои асосии идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳо ҳамчун воситаи муҳим барои ҳисобу таҳлил ва қабулу қаророҳо хизмат мекунанд. Омӯзиши мафҳум ва моҳияти нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо ҳам ба равандҳои иқтисодӣ ва ҳам барои такмилу рушди низоми идоракунии молиявӣ аҳамияти калон дорад.
     Нишондиҳанда як воситаи муҳими таҳлил ва дарк кардани маҷмӯи маълумотҳои оморӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Он ба воситаи нишон додани муносибат ва тағйироти як ё якчанд ҳолат, имконият медиҳанд, ки вазъи оянда ё муносибати иқтисодӣ ва иҷтимоии як низоми дуруст арзёбӣ шавад. 
    Нишондиҳандаҳо намунаҳои оморӣ ё рақамиро муайян мекунанд, ки чӣ гуна як ё якчанд падида дар як давраи муайян ё дар муқоиса бо як давраи дигар тағйир ёфтаанд.
   Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҷарима ҳамчун ҷазо, ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзишӣ (ҳадди ақал ва ё ниҳоӣ), кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад [1,с.12].
     Нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад. Ин нишондиҳанда дар қонунгузории кишвар барои:
1. Ҳисоб кардани андозҳо ва боҷҳо: Нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои муайян кардани ҳаҷми андозҳое, ки шаҳрвандон ва ташкилотҳо бояд супоранд, истифода мешавад. Он метавонад барои ҳамаи андозҳо муқаррар шавад.
    Андоз - пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад (ба истиснои андози иҷтимоӣ). Андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб ва бо пули миллӣ пардохт карда мешаванд, агар Кодекси андоз тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад [2].
        Боҷи давлатӣ - пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[3 ];
2. Дигар пардохтҳои ҳатмӣ:  - пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ , ки онҳо яке аз шартҳои нисбати супорандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, инчунин пешниҳоди ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозат барои истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда мебошад[4].
3. Ҷарима ҳамчун ҷазо: Агар шахс ё ташкилот ба талаботи қонунӣ пайравӣ накунад, нишондиҳанда барои ҳисоб кардани маблағи ҷаримаҳо истифода мешавад. Ҳамчунин, нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷаримаҳо ва ҷазоҳо муҳим аст. Агар шахс ё ташкилот қонунҳоро вайрон кунад, нишондиҳандаҳо барои муайян кардани ҷаримаҳо ё пардохтҳои ҷазо истифода мешаванд. Барои муайян кардани миқдори ҷарима ё ҳаҷми ҷазо дар асоси қонун ва қарорҳои дахлдор, нишондиҳандаҳо аҳамияти калон доранд.
    Ҷарима - ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст [5].
     Ҷазо - чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад [6].
4. Ҳисоб кардани арзишҳои муайян (ҳадди ақал ё ниҳоӣ): Он барои муайян кардани арзишҳои муайян, ки метавонанд барои кӯмакпулиҳо, нафақаҳо ё дигар дастгириҳои молиявӣ истифода мешавад.
      Дар маҷмӯъ нишондиҳанда барои ҳисобҳо як воҳиди муҳими иқтисодӣ мебошад, ки ба ҳисоб ва баҳисобгирии ҳамаи пардохтҳои давлатӣ, андозҳо, ҷаримаҳо ва ё дигар ҳисобҳои ҳатмӣ равона карда шудааст.
     Муқаррар намудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, чун қоида, бо назардошти сатҳи таваррум, ки тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарпешистодаи банақшагирӣ муқаррар шудааст, сурат мегирад [7].
     Қобили зикр аст, ки бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”  5 январи соли 2008, № 350 қабул карда шудааст.
     Мутобиқи Қонуни мазкур нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши  ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад [8].
     Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи қонунгузорӣ дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”  20 июни соли 2024, №2065 қабул карда шуд. Нисбат ба қонуни қаблӣ қонуни нав мукаммалтар мебошад, зеро дар он дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дигар тағйироти иқтисодӣ дар назар гирифта шудаанд, ки метавонад ба муайян кардани нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъсири бештар дошта бошад.
    Чуноне, ки дар боло гуфта шуд нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”-и кишвар барои соли молиявии дахлдор муқаррар карда мешавад.  Фарқияти солҳои 2023, 2024 ва 2025 дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитода “Дар бораи буҷети давлатӣ”- ро дида мебароем.
1) дар соли 2023 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба андозаи 68 сомонӣ муқаррар карда шуда буд [9].
2) дар соли 2024 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” Аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
 3) 1-уми январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд шуда 75 сомониро ташкил медиҳад.
      Бо ҷорӣ кардани нишондиҳандаи нави ҳисобҳо, мутаносибан маблағи дигар пардохтҳо низ тағйир меёбад [10].
     Дар қисми дуюми моддаи 1 ба муҳимияти сатҳи таваррум ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ишора мешавад. Ба ин маъно, ки муқаррар кардани нишондиҳандаҳо барои ҳар як давраи молиявӣ на танҳо бо назардошти ниёзҳои давлат барои пардохтҳои молиявӣ ва иҷтимоӣ, балки бо назар ба сатҳи таваррум ва дигар омилҳои макроиқтисодӣ низ сурат мегирад. Агар таваррум афзоиш ёбад, нишондиҳандаҳо ва маблағҳои муҳосибашаванда низ бояд мутобиқ шаванд. Дар сурати кам шудани таваррум, нишондиҳанда низ метавонад коҳиш ёбад, то ки ба вазъияти иқтисодӣ ва манфиатҳои мардум мувофиқ бошанд.
   Нишондиҳандаҳо метавонанд ба хазинаи давлатии кишвар, сатҳи қарз, арзиши нақд, сармоягузориҳо ва дигар омори асосии молиявӣ аҳмияти калон  дошта бошанд.
     Аҳамияти истифодаи нишондиҳандаҳо:
1) таҳлили вазъи воқеии молиявӣ ва иқтисодӣ;
         2) пешгӯии имкониятҳо ва хавфҳо;
3) арзёбии самаранокии фаъолияти иқтисодӣ;
4) таҳияи стратегияҳои рушди корхона.
     Намудҳои асосии нишондиҳандаҳо ва хусусиятҳои онҳо:
     Нишондиҳандаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба таҳлил ва мониторинги вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ равона карда шудаанд.
1. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ: Барои муайян кардани сатҳи рушди иқтисодӣ, истифодаи нишондодҳои ҳарсолаи таваррум, индекси нархи истеъмолӣ, нишондиҳандаи маҳсулоти дохилии умумӣ ва индекси истеҳсолот муҳим аст.
2. Нишондиҳандаҳои молиявӣ: Индекси арзиши пулӣ, қурби асъор ва дигар нишондиҳандаҳо барои арзёбии мавқеи молиявии кишвар истифода мешаванд.
3. Нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ: Ба онҳо индексҳои касбӣ ва маълумотҳои оморӣ дар бораи шумораи аҳолӣ, сатҳи фақр, сатҳи таҳсилот ва дигар омори иҷтимоии кишвар дохил мешаванд.
     Ҳамин тариқ, нишондиҳанда барои ҳисобҳо як унсури калидии сиёсати молиявии давлатҳо мебошад, ки барои таъмини ҳаёти молиявии устувор ва мунтазам, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар кишвар, инчунин пешгирии ноустувории молиявӣ дар иқтисоди миллӣ истифода мешавад.
Руйихати адабиётҳои истифодашуда:
1) Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон/ зери таҳрири директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Изатулло Ҳабибулло. - Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2020. – 256с.
2) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2021№1844.
3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз 28.02.2004 №19.
4) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз 5 январи соли 2008, №350.
5) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.1998 №574.
6) Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”.
7) Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”.
8) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” 28 июли соли 2006 № 197.
9) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” 20 июни соли 2024, №2065 .
 
ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)