ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 564 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Хабарҳо

-A A +A

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ПЕШВОИ МО!

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 08/09/2020 - 15:35
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (5 овоз)

Семенари омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои ҳуқуқии интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”.

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 15:08
     28 феврали соли 2025 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» баргузор гардид.
     Чорабиниро директори Марказ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, доир ба нақш ва аҳаммияти интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ибрози андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИНТИХОБОТ – ВАСИЛАИ ИШТИРОКИ МАРДУМ ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 13:23
«Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИНТИХОБОТ ҲАМЧУН ИНСТИТУТИ ДЕМОКРАТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 11:38
     Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд.   Нисбат ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва дар идоракунии корҳои давлатӣ низ ба ин ҳуқуқҳо шомил мебошад [4].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 27/02/2025 - 17:07
     Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, бевосита дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАҚОМ ВА НАҚШИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТӢ ДАР РАВАНДИ МАЪРАКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 27/02/2025 - 15:04
     Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Дар давлати демократӣ халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Яъне, арзиши меҳварии демократияро ҳуқуқи иштироки озодонаи халқ дар ташаккули ҳокимият ва идоракунии корҳои давлатӣ ташкил медиҳад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАНЪИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН ДАР МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 25/02/2025 - 11:25
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ нақш ва мавқеи занонро дар ҳаёти ҷомеа баланд арзёбӣ менамояд. Дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ имконият фароҳам меоварад то соҳаҳои мухталиф бо суръати баланд инкишоф ёбанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАҚШИ ИНТИХОБОТ ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 24/02/2025 - 16:48
      Интихобот воситаест, ки тавассути он шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлатӣ амалӣ менамоянд. Он робитаи байни халқ ва ҳокимият, қонунияти ниҳодҳои сиёсиро таъмин менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР – САНАДИ ҲУҚУҚИИ ТАЪРИХӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/02/2025 - 11:59
   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ироа гардид, яке аз вижагиҳои паём ин тақвияти ҳамкории зич бо созмони махсусгардонидашудаи СММ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба ҷашни 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 21/02/2025 - 16:52
     21 феврали соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 тасдиқ шудааст, мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА НАҚШИ НИҲОДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ИН САМТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 21/02/2025 - 10:15
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

АСОСҲОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ: ҶАНБАҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 18/02/2025 - 09:09
     Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд.      Нисбат ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва дар идоракунии корҳои давлатӣ низ ба ин ҳуқуқҳо шомил мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲУҚУҚИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 13/02/2025 - 11:53
     Дар ҷаҳони муосир интихобот яке аз падидаҳои муҳим ва механизми эътирофшудаи ифодаи иродаи халқ дар идора кардани давлат ба шумор рафта, маҳз тавассути интихобот муносибати байниҳамдигарии давлат ва шаҳрванд мустаҳкам мегардад. Интихобот асоси низоми ҷомеаи демократӣ буда, дар раванди ташаккули сохторҳои ҳокимият, таъмини намояндагии сиёсӣ ва нигоҳ доштани субот нақши калидӣ мебозад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

АСОСҲОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ: ҶАНБАҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 12/02/2025 - 10:04
     Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Нисбат ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва дар идоракунии корҳои давлатӣ низ ба ин ҳуқуқҳо шомил мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 11/02/2025 - 11:21
     «Фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо