ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Танзими ҳуқуқии телевизион ва радио

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 23/04/2026 - 16:59
    Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио ҳамчун воситаҳои асосии ташаккули афкори умум ва таъмини амнияти иттилоотии давлат боқӣ мемонад.  Танзими ҳуқуқӣ ин раванди таъсири мақсадноки давлат ба муносибатҳои ҷамъиятӣ бо ёрии воситаҳо ва усулҳои махсуси ҳуқуқӣ буда, ба муътадилсозӣ ва батартиб даровардани онҳо равона шудааст. Яке аз муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки мавзуи танзими ҳуқуқӣ мебошад, ин телевизион ва радио аст.
     Танзими ҳуқуқии телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ба роҳ монда мешавад.
     Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Моддаи 30-юми Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода медиҳад [1]. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ инъикоси худро меёбанд. Меъёрҳои он асосҳои ҳуқуқии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро муайян мекунанд.
     Инчунин танзими ҳуқуқии телевизион ва радио дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавоӣ” ки 14 декабри соли 1996, №382 қабул гардидааст ба амал бароварда мешавад. Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.
      Дар баробари Қонуни болозикр дар ин раванд “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 30 июли соли 2020, №429 қабул гардид.
     Ҳадафи асосии барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявию маҳаллии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, эҳё ва арҷгузорӣ ба анъанаву меъёрҳои сиёсӣ ва этникии мамлакат, ба вуҷуд овардани фазои ҳамзистӣ, ҳамкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва масъулияти иҷтимоӣ мебошад.
     Дар ҳамин раванд вобаста ба танзими телевизион ва радио ҳануз солҳои пеш Кумитаи вобаста ба ин масъала ташкил шуда буд.
     Кумита соли 1957 дар назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, аз соли 1962 ба Комитети давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1971 Комитети давлатии Шӯрои Вазорати ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ном гирифт. Ҳоло бо номи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
     Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - идораи ҷумҳуриявии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба фаъолияти телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, вазъият ва инкишофи минбаъдаи кори телевизион ва радиоӣ масъул аст.
       Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, аз ҷумла новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият амалӣ мегардонад.
      Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ 10 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис додааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.
      Дар асоси танзими ҳуқуқӣ вазифаҳои асосии телевизион ва радиошунавонӣ аз инҳо иборат аст:
- сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар руйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд;
- таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва оммавӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, ва варзишӣ;
- инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
       Бо мақсади бозҳам тақвият бахшидан ба ин соҳа Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон 1 марти соли 2016 ташкил карда шуд.
      Бояд қайд намуд, ки қонунгузор вобаста ба таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд ҷавобгари пешбини кардааст. Масалан дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 137, 137(1), 144, 179(1), 179(3), 189, 241, 241(1), 276, 307, 307(1), 307(3), 330, 396 вобаста ба таркиби ҷиноят банду баст карда мешавад.
     Дар хулоса ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки танзими ҳуқуқии телевизион ва радио шарти зарурии фаъолияти устувор ва масъули воситаҳои ахбори омма мебошад. Он ба ҳифзи манфиатҳои ҷомеа, таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди фазои солими иттилоотӣ мусоидат мекунад. Дар шароити рушди технология ва рақамикунонӣ, такмили доимии қонунгузорӣ дар ин соҳа аҳамияти хоса дорад.
 
Собирзода Ҳусноро
муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузорӣ
 
                   Руйхати адабиётҳо

     1.      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026);

2.      Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” аз 14 декабри соли 1996 № 382 Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2026);
3.      Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, № 429 Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 12.03.2026);
4.      Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №428 Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 14.04.2026);
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад