ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Инкишофи давлатдорӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Яшб, 19/01/2020 - 15:15
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Инкишофи давлатдорӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият»

        3-сентябри соли 2010 соати 10-00 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 19-умин  солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мадаввар дар мавзӯи «Инкишофи давлатдорӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият » баргузор гардид.
       Нишасти идонаро директории марказ Раҳимов М.З. ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории мизи мудаввар-ро аз дастоварҳои даврони истиқлолият арзёбӣ намуд. Ҳамзамон аз инкишофи қонунгузорӣ дар даврони истиқлолият суханрониӣ намуданд.

 

 

      Дар мизи мудаввар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, мақомотҳои қудратӣ ва намояндаҳои Марказ оиди инкишофи падидаҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ маърӯза намуда, оиди баъзе масъалаҳое, дар қонунгузорӣ такмил меҳоҳад изҳори андеша намуданд
        Буриев. И – доктори илмҳои ҳуқуқ, муовини директори институти давлатӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи таърих ва давлатдории аморати Сомониён сулолаи ҳахоманишинҳо, институтҳои идоракунии соҳавӣ, падидаҳои идоракунии умумӣ, ва  оиди тартиби баррасии ҳуҷҷатгузориҳо  дар он даврон маълумот дод.
        Диноршоев А.М. номзади илҳои ҳуқуқ, сардори шӯъбаи қонунгузори оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният дар давраи соҳибистиқлолият, таъсиси сохторҳои қудратӣ, оиди қабули эъломия оиди соҳибистиқлолият фаъолияти парлумони касбӣ ва дигар ниҳодҳои қонунгузор баробари ба эътидол омадани ваъзи ҷумҳурӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ сухан ронда, нақши  муҳими соҳибихитиёрии давлатро яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ эътироф намуд.


          Нематов А.Р. номзади илҳои ҳуқуқ, сармутахассиси шӯъбаи қонунгузори оид ба масъалаҳои аграри ва ҳифзи муҳити зист ва  Раупова М.Т. муовини сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ оилавӣ ва соҳибкорӣ низ дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки қонунгузорӣ як воситаи асосист, ки муносибатҳои ҷамиятро бо низом медорад, яъне маҳз бо шарофати эълон гардидани соҳибистиқлолиятии  давлати Тоҷикистон низоми ҳуқуқӣ дар кишвар бо тадриҷ кулан  тайғир ёфта муносибатҳои нав ба нав ба вуҷуд омада институтҳои нав ташкил шуданд.
Дар охир кормандани Марказ ба музокира баромада, оиди баъзе ҷанбаҳо ва  меъёрҳои қонунгузорӣ саволгузорӣ намуданд.
           Яъне боз ҳам зарурияти такмили  қонунгузорӣ ва қонунҳои соҳавӣ  моро  водор  менамояд, ки  дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутахассисони ҷавонро тарбия намуда саҳми худро дар рушду  инкишофи қонунгузорӣ ва бунёди  воқеан  як давлати ҳуқуқбунёду  дунявӣ гузорем, зикр намуд директори Марказ Раҳимов М.З.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад