ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
954
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013
                                                 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                 ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
 
                                               (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
                                              БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдона ё таҳдиди содир намудани кирдори дорои хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ, инчунин муносибати беэътиноёнаи аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила, ки ҳуқуқу озодиҳои ин шахсонро поймол мекунанд ва ё поймол карда метавонанд, шаъну шарафи онҳоро паст мезананд, зарари ҷисмонӣ ва ё руҳӣ мерасонанд ва ба маҷбуран ё қасдан маҳрум сохтан аз озодӣ оварда мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- пешгирии зӯроварӣ дар оила - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд;
- зӯроварии ҷисмонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст;
- зӯроварии равонӣ дар оила - таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ, ҷинсӣ, иқтисодӣ, таъсири равонӣ, таҳқири шаъну шараф аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила, ҳамчунин маҷбур сохтан ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки боиси вайрон шудани рушди равонӣ, ҷисмонӣ ё шахсӣ ва поймол шудани ҳуқуқу озодиҳо мегарданд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- зӯроварии шаҳвонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила содир шудаанд;
- зӯроварии иқтисодӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор гардад;
- ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила (минбаъд - ҷабрдида) - узви оила, ки ба ӯ аз ҷониби дигар узви оила қасдан зарари ҷисмонӣ, маънавӣ ё моддӣ расонида шудааст;
- амрномаи муҳофизатӣ - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё шахсе, ки таҳдиди содир намудани онро мекунад, дода мешавад;
- субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила - мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешгирии зӯроварӣ дар оила масъул мебошанд.
Моддаи 2. Мақсадҳои Қонуни мазкур
Мақсадҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият;
- танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила;
- ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064).
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад.
Моддаи 5. Принсипҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила
Пешгирии зӯроварӣ дар оила ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- қонуният;
- инсондӯстӣ;
- махфӣ будани иттилоот оид ба зӯроварӣ дар оила;
- дастгирӣ ва таъмини пойдории оила;
- иштироки аҳли ҷомеа, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар низоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳаёт ва саломатии аъзои оила;
- бартарии чораҳои пешгирикунанда нисбат ба чораҳои ҷавобгарӣ;
- ногузирии ҷавобгарӣ барои зӯроварӣ дар оила.
Моддаи 6. Ҳуқуқҳои ҷабрдида
Ҷабрдида ҳуқуқҳои зеринро дорад:
- кӯмаки тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро гирад, аз ҷумла аз хизматрасонии муассисаҳои тиббии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ройгон истифода барад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- барои ҷуброни зарари моддию маънавии дар натиҷаи содиршавии зӯроварӣ дар оила ба ӯ расонидашуда ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- бо розигии хаттиаш дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон ҷойгир карда шавад;
- маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва дигар иттилоотро оид ба ҳифзи амнияташ гирад;
- ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо мақсади маҳкумкунии ҷамъиятии рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- ба мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ё суд дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда муроҷиат намояд.
                  БОБИ 2. СУБЪЕКТҳОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мансубанд:
- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи низомномаи он (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- тасдиқ намудани низомнома ва оинномаи намунавии марказҳои ёрирасон;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таъсис додани муассисаҳое, ки ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонро аз зӯроварӣ дар оила амалӣ менамоянд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- таҳлили сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 10. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар байни ноболиғон;
- татбиқи чораҳои зарурӣ нисбат ба ҷабрдидаи ноболиғ ва офиятбахшии ӯ дар ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- намояндагӣ дар мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии ноболиғоне, ки таҳти зӯроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
- баррасии масъалаи ба хонаи кӯдакон фиристодани кӯдакони мунтазам таҳти зӯроварӣ дар оила қарордошта;
- ҷиҳати андешидани тадбирҳои дахлдор ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба шахсоне, ки нисбат ба узви ноболиғи оила зӯроварӣ содир намудаанд ё таҳдиди содир намудани онро кардаанд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- қабул, баррасии муроҷиатҳо ва дигар маълумот дар хусуси зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор намудани сабаб ва шароитҳои барои зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- ба қайд гирифтани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ва нисбати ӯ татбиқ намудани чораҳои тарбиявию пешгирикунанда;
- ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ ва дар ҳолати зарурӣ ба муоинаи тиббӣ фиристодани ҷабрдида;
- бо розигии хаттии ҷабрдида ба марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон фиристодани ӯ;
- додани амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- тартиб додани мавод, оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба қайд гирифтани оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам ҳодисаҳои зӯроварӣ ҷой доранд ва татбиқ намудани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати устувор намудани оила;
- пешбурди баҳисобгирии омории ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила;
- ташкили курсҳои махсуси таълимӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- ҳамкорӣ бо падару модар ё дигар намояндаи қонунии ноболиғ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон;
- ошкор намудан ва ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба тарбиягирандагон ва таълимгирандагоне, ки таҳти зӯроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
- андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- таҳия ва дар амалияи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҷорӣ намудани тавсияҳои методӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббию равонӣ ба ҷабрдидагон;
- расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ҳамчунин расонидани кӯмаки равонӣ, равонпизишкӣ, наркологӣ ва пешгирию табобатӣ ба ҷабрдида ва шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муроҷиати ҷабрдида ва кӯмаки тиббии ба ӯ расонидашуда;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқҳои иҷтимоии ӯ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба ҷабрдида;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани ҷабрдида ва шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҳамоҳанг сохта, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иштирок мекунанд, барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд.
2. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди дахлдор оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ ва ташвиқотиро амалӣ намуда, ҷиҳати пойдории оила тадбирҳо меандешанд.
3. Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд ва метавонанд ба ҷабрдидагон, ки кормандон ё аъзои онҳо мебошанд барои барқарорсозии саломатиашон кӯмак расонанд.
Моддаи 16. Марказҳои ёрирасон
1. Марказҳои ёрирасон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дар шакли муассиса таъсис дода мешаванд. Марказҳои ёрирасон шахси ҳуқуқӣ буда, ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мансубанд ва фаъолияти худро дар асоси низомнома ё оиннома амалӣ менамоянд.
2. Марказҳои ёрирасон оид ба пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зӯроварӣ дар оила вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- иштирок дар татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- қабули ҷабрдидагон;
- ба таври ройгон ба ҷабрдида расонидани кӯмаки зарурии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ;
- ташкили ҳуҷраҳои муваққатӣ, додани паноҳгоҳ барои будубоши муваққатии ҷабрдида (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064);
- ба мақомоти корҳои дохилӣ бо розигии ҷабрдида пешниҳод намудани маълумот дар бораи далелҳои ошкоршудаи таҳдиди воқеии содир намудани зӯроварӣ дар оила ё далелҳои содир шудани чунин зӯроварӣ;
- таҳлил ва ҷамъбасти сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳсозии аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод намудани маълумот доир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила;
- вазифаҳои дигаре, ки низомнома ё оинномаи маркази ёрирасон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 161. Телефони боварии субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064)
Субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила метавонанд хати алоқаи телефони бовариро фаъол намоянд.
Моддаи 17. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон
1. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вобаста ба эҳтиёҷоти мушаххас бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти соҳаи тандурустӣ дар беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ё дармонгоҳҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ таъсис дода шуда, шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Реҷаи кории марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон бояд ба реҷаи кории беморхона ва дармонгоҳ мувофиқ бошад.
2. Хароҷоти офиятбахшии тиббию иҷтимоии ҷабрдида аз ҷониби шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда тибқи нархномаи барои муассисаҳои тандурустӣ муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.
3. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар асоси аризаи ӯ ё роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар марказҳои мазкур ҷойгир кардани ҷабрдидаи ноболиғ розигии падар, модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васоят ва парасторӣ зарур мебошад.
4. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар давоми мӯҳлате, ки барои муолиҷаи тиббӣ ва офиятбахшии равонию иҷтимоии ӯ зарур аст, нигоҳ дошта мешавад.
5. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва дигар намудҳои кӯмак;
- ҳангоми зарурат фиристодани ҷабрдида барои муолиҷаи дахлдор;
- ҳангоми зарурат бо розигии ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудани маълумот дар бораи зӯроварии содиршуда;
- бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод намудани маълумот доир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила.
                  БОБИ 3. ЧОРАҲОИ ФАРДИИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА.
 МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
Моддаи 18. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои таъсиррасонии мақсаднок ба шуур ва рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ҷиҳати пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ӯ ва таъмини амнияти ҷабрдида татбиқ карда мешаванд.
2. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила аз инҳо иборат мебошанд:
- сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- амрномаи муҳофизатӣ;
- дастгиркунии маъмурӣ;
- татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ, бекор кардани фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ;
- ҷойгир кардани ҷабрдида дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.
3. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила бо назардошти хислатҳои фардии шахсе, ки нисбат ба ӯ ин чораҳо татбиқ карда мешаванд ва хавфнокии кирдори содирнамудаи ӯ интихоб карда мешаванд.
4. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила шикоят кунанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064).
Моддаи 19. Асосҳои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Асосҳо барои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
- аризаи ҷабрдида ё маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- ошкор намудани ҳолати зӯроварӣ дар оила аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ;
- маълумоте, ки аз ҷониби дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод шудаанд.
2. Ариза ва маълумот оид ба содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 20. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта
1. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта бо шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ва ҷабрдида аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила бо мақсади ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии зуроварӣ дар оила шудаанд, фаҳмонидани оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии он, барқарорсозӣ ва таҳкими устувории оила гузаронида мешавад.
2. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта дар бинои хизматии субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, инчунин дар ҷои зист, таҳсил ё ҷои кор гузаронида мешавад.
3. Шахсе, ки бо ӯ сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта гузаронида мешавад, дар бораи қатъ кардан ва минбаъд такрор накардани кирдори зиддиҳуқуқӣ огоҳонида мешавад.
4. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта бо ноболиғон дар ҳузури падару модар, омӯзгор ё дигар намояндаи қонунии онҳо гузаронида мешавад.
Моддаи 21. Амрномаи муҳофизатӣ
1. Барои баровардани амрномаи муҳофизатӣ муроҷиат оид ба ҳолати содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир намудани он асос мебошад.
2. Шахсе, ки амрномаи муҳофизатиро гирифтааст, ӯҳдадор аст талаботи дар он пешбинишударо иҷро намояд. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
3. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси мукаллафи зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда, ки ҳангоми баровардани он ба синни 16- солагӣ расидааст, дода мешавад.
4. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда аз ҷониби сардор ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли содир шудани зӯроварӣ дар оила дар муддати 24 соат аз лаҳзаи содир шудани зӯроварӣ дар оила ё ҷой доштани таҳдиди содиршавии он ё аз лаҳзаи додани ариза дар бораи содир шудани зӯроварӣ дар оила дода мешавад.
5. Амрномаи муҳофизатӣ ба мӯҳлати то 30 рӯз дода мешавад. Дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ мумкин аст мӯҳлати амрномаи муҳофизатӣ бо дархости сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурор то 60 рӯз дароз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064).
6. Дар амрномаи муҳофизатӣ насаб, ном ва номи падари шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё таҳдиди содир кардани онро намуда, вақт ва ҷойи додани амрнома, ҷой, вақт ва ҳолати содир кардани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир кардани он, талаботи пешбинишуда ва мӯҳлати амали онҳо, оқибатҳои ҳуқуқӣ дар сурати давом додани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ва риоя накардани талаботи амрномаи мазкур, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси амрномаи муҳофизатиро бароварда зикр мегарданд.
7. Амрномаи муҳофизатӣ нисбати шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда метавонад талаботи зеринро пешбинӣ намояд:
- манъ кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбати ҷабрдида, бар хилофи хоҳиши ҷабрдида анҷом додани ҷустуҷӯ, пайгирӣ, ташриф, муошират ва дигар муносибатҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ҷабрдидаро маҳдуд месозанд;
- тавсия барои дар вақти муайян ба манзили истиқоматӣ ҳозир шудан;
- манъ кардани истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои мадҳушкунанда дар вақти амали амрномаи муҳофизатӣ.
8. Иҷро накардани талаботи дар қисми 7 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардидааст, мӯҳлати амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
9. Аз болои амрномаи муҳофизатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. Шикоят дар мӯҳлати то се шабонарӯз бояд баррасӣ гардад. Шикоят ба суд амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
10. Нусхаи амрномаи муҳофизатӣ ба ҷабрдида дода мешавад.
11. Назорати иҷрои талаботи амрномаи муҳофизатӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилие, ки онро баровардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 22. Дастгиркунии маъмурӣ
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дорад ва кофӣ набудани амрномаи муҳофизатӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдида, шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии маъмурии шахси зӯроварӣ дар оила содирнамударо анҷом медиҳад.
Моддаи 23. Маблағгузории фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила
Фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила аз ҳисоби буҷети давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
                                              БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24. Риояи махфияти маълумот вобаста ба зӯроварӣ дар оила
Маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавии ҷабрдидагон иттилооти махфӣ буда, бояд ифшо нашаванд. Ифшо намудани иттилооти мазкур аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба вазъи хизматӣ аз зӯроварӣ дар оила бохабар шудааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 954
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 19 декабри соли 2012, № 1024
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 478