ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:37
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
673
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ
 
Қонуни мазкур асосҳои  ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад (Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
     
 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ -  фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омӯзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд;
- маърифати экологӣ – раванди доимии таълиму тарбия, ки барои аз худ кардан ва инкишофи донишу малакаҳои илмию амалӣ таҳким ва рушди муносибати эҳтиёткоронаи инсон ба табиат ва равандҳои табиии муҳити зист равона карда шудааст(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194);
- фарҳанги экологӣ – низоми муносибатҳои иҷтимоӣ, меъёрҳои ҷамъиятию инфиродӣ, ки ба таъмини мавҷудияти мутавозини инсон ва муҳити зист равона шудаанд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194);
- дониши экологӣ - бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;
- дониши экологии ҳадди ақал - ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки  мақсад аз он истеҳсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захираҳои табиӣ ва энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин муҳити зист ва ташаккули муносибатҳои эҳтиёткорона ба он мебошад.
 
Моддаи 2. Принсипҳои асосии  сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ
 
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳоянд:
- кафолати давлатии таъмини омӯзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрванд;
- ҳатмӣ будани омӯзиши фанҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи зинаҳои системаи таълимӣ;
- ворид намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи барномаҳои  давлатии мақсаднок ва соҳавӣ;
- мақсаднокии маърифати экологӣ дар ҳалли масъалаҳои  ҳифзи муҳити зист;
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ  дар бахши маърифати экологӣ;
- ошкорбаёнӣ дар масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ;
- иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
 
1. Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад:
- фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа  бо донишҳои умумии экологӣ;
- мусоидат намудан ба ташаккули тарбия  ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи  инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта.
2. Вазифаҳои Қонуни мазкур чунинанд:
- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ривоҷу равнақи донишҳои экологӣ;
- таъмини кафолати ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ ва дигар кафолатҳо барои ташаккул ва инкишофи таълим, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ;
- таъмини механизмҳои иҷрои вазифаҳо дар сохторҳои мавҷудаи системаи  иттилоот ва таълим.
 
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ 
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 5. Маърифати экологӣ ва фазои иттилоотӣ
 
Фазои маърифати экологӣ ва иттилоотии давлатӣ системаи воситаҳои ахбори омма, иншооти гуногуни соҳаҳои фаъолияти инсон (истеҳсолот ва хизматрасонӣ), фарҳанг ва фароғат, сайёҳӣ ва варзиш, маҷмааҳои табиӣ (мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, боғҳои миллӣ), инчунин маҷмааҳои таърихӣ - меъморӣ, мавзеъҳои шаҳрӣ ва деҳотиро дар бар мегирад, ки дар якҷоягӣ бо шабакаи муассисаҳои таълимӣ ба фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ташаккули фарҳанги экологии ҷамъияту шахс равона шудаанд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 6. Доираи татбиқи Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур тамоми сохторҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони табиат, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандонро фаро мегирад(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ
 
Моддаи 7. Системаи маърифати экологии аҳолӣ
 
Системаи маърифати экологӣ қисми таркибии низоми маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он маҷмӯи меъёрҳои бо ҳам алоқаманди давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимии зинаю самтҳои гуногун буда ҳамгироии омӯзиш ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти идораи маорифро таъмин менамояд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 8. Сохтори системаи маърифати экологии аҳолӣ
 
1. Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои зерин дорад:
- маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);
- маърифати экологӣ дар таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) (Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194);
- маърифати экологӣ дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- маърифати экологӣ дар таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбӣ;
- маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- маърифати экологӣ дар таҳсилоти махсус ва иловагӣ;
- маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ.
2. Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили низоми маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ  монда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 9. Барномаҳои давлатии маърифати экологии  аҳолӣ
 
1. Асоси ташкилии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ барномаи комплексии давлатии маърифати  экологии аҳолӣ  мебошад.
2. Маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои давлатӣ татбиқ мегардад. Барномаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ  бо ҷалби  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳия карда мешаванд. Ҳуқуқ ва вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Барномаҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои давлатӣ таҳия мешаванд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 10. Маблағгузории системаи маърифати экологии аҳолӣ
 
Масъалаҳои татбиқ, маблағгузорӣ ва сертификатсияи барномаҳои комплексӣ, мақсаднок, соҳавӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Иҷрои барномаҳои давлатии маърифати экологии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  карда  мешавад.
 
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194)
 
Моддаи 11. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ
 
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ аз инҳо иборат аст:
- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани онҳо, ташкили системаи маърифати экологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ, ки масъалаҳои маърифати экологиро дар бар мегиранд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194);
- иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии таълимии экологӣ;
- муқаррар намудани тартиби сертификатсияи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкили маърифати экологӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо;
- муқаррар намудани тартиби санҷиши малакаи касбӣ - экологии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисоне, ки фаъолияташон ба расонидани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии инсон вобастагӣ дорад, инчунин ходимони соҳаҳои маориф, ҳифзи саломатӣ, илм ва фарҳанг;
- тайёр намудани мутахассисони эколог, кадрҳои илмию педагогӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои соҳаи маърифати экологӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо;
- таъмини системаи маърифати экологӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194);
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194)
 
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ  инҳо дохил мешаванд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194):
- ташкил ва таъмини системаи маърифати экологӣ дар сатҳи маҳал;
- таъсиси комиссияи байниидоравии минтақавӣ дар бахши маърифати экологӣ;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;
- таъмин намудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва мақомоти идоракуние, ки ба фаъолият дар соҳаи маърифати экологӣ машғуланд, бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ;
- санҷиши малакаи касбӣ - экологии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маърифати экологӣ машғуланд;
- ташкили системаи тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунӣ дар системаи маърифати экологӣ, мутахассисони эколог, кормандони воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки фаъолияташон ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;
- назорат ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маърифати экологӣ(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
 
Моддаи 13. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар маърифати экологӣ(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194)
 
1. Дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон чунин ҳуқуқҳо доранд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194):
- омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;
- ширкат дар озмунҳо барои таҳияи лоиҳаҳо оид ба маърифати экологӣ;
- ширкат дар омода намудани барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.
2. Иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъолияти маърифати экологиро дар асоси сертификати давлатие амалӣ менамоянд, ки тартиби гирифтани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологӣ машғуланд, ҳуқуқи ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намудан ва гирифтани маълумоти дақиқи экологиро доранд(Қонуни ҶТ аз 1.10.2025 № 2194).
4. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани дониши экологиро дорад.
5. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.
 
Моддаи 14. Ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ
 
1. Барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои манфиатдор дар соҳаи маърифати экологӣ комиссияҳои байниидоравӣ таъсис дода мешаванд.
2. Комиссияи байниидоравии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
3. Комиссияи байниидоравии минтақавиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд.
4. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии давлатӣ намояндагони вазорату идораҳои мутасаддии соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, иқтисод, молия, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, меҳнат, мудофиа, ҳолатҳои фавқулодда, корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист ва воситаҳои ахбори омма шомил карда мешаванд.
5. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии маҳаллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомил карда мешаванд.
 
Моддаи 15. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ
 
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонун мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Эмомалӣ  Раҳмон
 
           ш. Душанбе
 29 декабри соли 2010,
              № 673