ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПРЕЗИДЕНТ – РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 20/11/2024 - 14:13
     Одамият аз замони пайдоиши худ ниёз ба сардору сарвар ва пешвою роҳбар дошт. Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи ташаккули фарҳанги инсонӣ ин ниёзмандӣ хусусияти бештар пайдо кард. Дар замонҳои гузашта ин солориву сардорӣ бо роҳи зӯрӣ гирифтани ҳукумат ва ё аз сӯи гурӯҳи мардумон эътироф кардани ин ё он шахс ба сифати роҳбар рӯи кор мешуд. Бе сарварӣ мардумро ба паҳну парешонӣ ва бенизомӣ, бе шубҳа доштани сарвар ба ҳамбастагӣ, бонизомӣ ва рушду нумӯ мебарад.
     Одамон, бавижа мардумони порсу тоҷик солори худро шоҳ, шоҳаншоҳ (Тус), туркҳо хон, хоқон, фарангиҳо карол, қайсар (шояд аз вожаи кайсар (тоҷбарсар) (кай-сар) бошад, кай ба мазмуни шоҳ), арабҳо бошанд халифа, амир, ҳоким, султон, ҷопонҳо, русҳо император, дигарон бо дигар ном ва пас аз бештар рушд кардани фарҳанги давлатдорӣ онҳоро дар бархе кишварҳо Президент, Раис ва ба монанди инҳо ном бурданд. Дар бархе кишварҳо ҳатто имрӯз ҳам Сарвари давлат ба ҳамон номи пешин амал мекунад. Дар замони қамар бинобар аз даст рафтани давлату ҳукумат ва марзу бум маснади шоҳӣ ҷойгоҳи худро аз даст дод ва  тоҷикон Сарвари давлатро асосан амир мегуфтанд.
     Ниҳодҳои давлатӣ садаҳои охир бештар интихобӣ шуданд, ин тарз ба кишварҳои пасошуравӣ низ паҳн гардид. Шаҳрвандон бо роҳи ройдиҳӣ онҳоро интихоб мекунанд ё аз тарафи Парламент интихоб мешаванд. Дар гузашта чи тавре, ки дар боло ёдрас шуд, маснади шоҳӣ ё императорӣ ва дигару дигар асосан бо роҳи зӯрӣ ишғол карда мешуд, ҳарчанд интихоби нисбӣ (байъат дар замони қамар) низ буд. Албатта ҳамонро интихоб мекарданд, ки асосан зӯру далеру доро, на донову донишвар буд. Агар мо ба ториху таҷриба нигарем сарварон асосан ҳам донишманд ва ҳам далеру доро буданд.
     Дар замони Шӯравӣ бошад, сарварии давлат ва ё ҷомеаро нахусткотиби ҳизби коммунист (Котиби  генералӣ) ба зимма дошт. Имрӯз низ дар бархе кишварҳо дида мешавад. Имрӯз бештар маснади Президент фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
     Ниҳоди Президентӣ бори нахуст соли 1787 дар Амрико созмон дода шуд. Ин ниҳод дар Тоҷикистон соли 1990 рӯи кор омад ва интихоби Президент нахуст аз сӯи Парламент ва пасон тавассути овоздеҳии умумихалқӣ сурат гирифт.
     Идораи Президентӣ сохти дуруст ва беҳтарини идораи давлатӣ аст. Зеро монанд ба яккасардории даврони шоҳигарии мардуми порсу тоҷик аст. Танҳо Шоҳ нажодӣ буд ва Президент интихобӣ аст.
     Дар Тоҷикистон пас аз Озодии кишвар (9 сентобри соли 1991) 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии умумӣ мардуми Тоҷикистон Конститутсияи худро қабул намуд ва бино ба он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона шинохта шуд. Ин ройи мардуми Тоҷикистон ва ташаббуси Роҳбари Олии он буд. Ин санади асосӣ сохти давлату ҷомеа, тартиби бунёди ниҳодҳои давлатӣ ва сохтору самтҳои асосии кори онҳоро, бавижа тартиби интихоби Президенти кишварро муайян кард. Ҳарчанд пеш аз ин низ дар Ҷумҳури Тоҷикистон мансаби Президентӣ созмон ёфта, бинобар сабаби аз байн рафтани зарурияти амалкарди он, моҳи ноябри соли 1992 ин ниҳод бекор карда шуд.
     Боби чоруми Конститутсияи Тоҷикистон ба Президенти кишвар бахшида шудааст. Ҳарчанд ба андешаи ман бойад боби сеюм ба Президент бахшида мешуд ва боби пасин ба Ҳукумат. Зеро Президент Сарвари давлат аст. Сарвар ҳамеша дар пеш бояд бошад ва дар асл чунин ҳам ҳаст. Дар бисёр кишварҳои дигар чунин аст, бавижа дар Конститутсияи Кишвари Рус Президент пеш аз Парламент ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷой дода шудааст. Мазмуни Президент низ ҳамин аст. Президент вожаи лотинӣ буда, сардор, пешвойу роҳбарро ифода мекунад ва дар ҳама ҷо, дар ҳама санад Президент бояд дар ҷои нахуст бошад. Ин хоси кишварҳои мардумӣ (ба юнонӣ демократия, ба арабӣ ҷумҳурӣ ва ба фарангӣ республика ва ба порсӣ-тоҷикӣ-мардумӣ) аст. Имрӯзҳо аксаран мутахассисону донишварони соҳа ва сиёсатмадорон Президентро ба ҳокимияти иҷроия мансуб медонанд, ки ба андешаи ман чандон дуруст нест.
     Мувофиқи моддаи 69 Конститутсия Президент Сарвари давлат, кафили соҳибихтиёрии давлат, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мураттабӣ ва муназзамии кори ниҳодҳои давлатӣ аст, ки ба онҳо ниҳодҳои (ҳокимияти) қонунгузору судӣ низ шомил ҳастанд. Кори шохаҳои ҳокимиятро ҳамоҳанг месозад. Вобаста ба ин Президент наметавонад ҳокимияти иҷроия бошад. Президент ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ мекунад ва хато намекунем агар гӯем ҳамаи шохаҳоро роҳбарӣ мекунад. Чун Президент давлатро роҳбарӣ мекунад. Пас шохаҳои ҳокимият бурун аз давлат буда наметавонанд. Гузашта аз ин Президент муайянкунандаи сиёсати давлатӣ аст ва ин сиёсат ба мардуми Тоҷикистон ва ҳам ба шохаҳои ҳокимият ҳатмист. Агар Президент шохаи ҳокимият бошад ва бо дигар шохаҳо дар асоси баробарӣ ҳамкорӣ кунад, наметавонад вазифаи мураттабиву муназзамии фаъолияти ниҳодҳои давлатиро ба ҷо орад, сиёсати давлатиро муайян ва давлату ҷомеаро Сарварӣ кунад.
Президент шаҳсутуни Кишвар аст. Бинобар ин, ҳокимият иҷрокунанда буда наметавонад. Ин хилофи мантиқ аст. Гузашта аз ин ҳокимият ниҳоди фармонраво аст, на иҷрокунанда (ҳокимият, ҳоким, ҳукумат, ҳукумат кардан, ҳукм рондан…ба монанди ҷумҳур, ҷумҳурият, (мардумӣ). Ҳукм ба забони тоҷикӣ мазмуни фармонро дорад.
     Дар асл Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз на мақомоти иҷро, балки ҳокимият ва ҳокимияти идоракунанда аст, кишвар ва ҷомеаро идора мекунад. Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқӣ, зеро онро Совети депутатҳо бунёд мегузошт ва Комитети иҷроия қарорҳои онро иҷро мекард, дар назди он ҳисоботдиҳанда буд. Дигар ниҳодҳо низ кумитаи иҷроияи худро доштанд ва имрӯз низ доранд, ҳамчунин қарорҳои партияи Лениниро иҷро мекард. Ҳукумат аз вожаи ҳукм гирифта шуда, мазмуни фармонро дорад ва фармонраво, идоракунанда аст, на иҷрокунанда. Қонун низ дар бораи низоми мақомоти идора амал мекунад, на дар бораи низоми мақомоти иҷроия.
     Мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон Президент вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро созмон медиҳад ва Ҳукумати Кишвар аз вазорату кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Пас ба чунин хулосае омадан мумкин, ки Президенти Кишвар Ҳукуматро созмон медиҳад ва он бояд дар санадҳои ҳуқуқӣ рушану возеҳ бошад. Инчунин Президент аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад. Ҳукумат дар назди Президент вазифадор ва ҳисобдеҳ аст. Сохти идорӣ низ Президентӣ аст.
     Мо, мардуми Тоҷикистон бо пешниҳоди намояндагони мардумӣ, албатта бо хости мардум Пешвои худро ба таври расмӣ шинохтем. Ҳарчанд ба таври ғайрирасмӣ мардуми Тоҷикистон Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро даҳсолаҳо пеш то замони қабул гардидани Қонун дар бораи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҳамчун Пешво ном мебурданд.
     Моҳи декабри соли 2015 бо пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Қонун низ дар ин бора қабул шуд.
     Бо назардошти дигаргуниҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсия воридгардида, он дар таҳрири нав бо номи Қонуни конститутсионӣ дар бораи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қабул гардид.
     Бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешрафт дар асоси Қонун 16 ноябр Рӯзи Президент муқаррар гардид, ки ҳар сол бо ҳаводориву ҳавохоҳии мардум ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ин рӯз аз 16 ноябри соли 1992 сарчашма мегирад, чун дар он рӯз Президенти арҷманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвар интихоб шуданд ва пас аз интихоботи Президент, ки 6 ноябри соли 1994  баргузор гардид, пайваст ба ин рӯз 16 ноябри соли 1994 рӯзи савгандёдкунии Президенти кишвар муайян карда шуд. Президенти гиромӣ дар ин рӯз савганд ёд карданд ва ба маснади Президенти расман оғоз карданд. Дар бархе кишварҳо ҷашни  Президент расман бо рӯзи истироҳат пешвоз гирифта мешавад.
     Мо мардуми Тоҷикистон бояд дар роҳи устувории ниҳоди Президентӣ  гомҳои фароху фаротар гузорем. Зеро мо дидем, ки танҳо киштии давлату миллатро сардори моҳир, маллоҳи варзида як кас ба соҳили мурод мерасонад. Агар маллоҳ ё сардор бисёр шавад, (монанди дуҳокимияти дар оғози бунёди кишвари Шӯроҳо ва ё дигар кишварҳо, ҳатто Тоҷикистони оғози солҳои навади садаи бист) ногузир аст, ки он киштӣ дар тӯфонҳои бузурги дарёи зиндагӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардад. Ёдрас бояд шуд, ки ҷаҳон имрӯз аз ҳар нигоҳ ба тӯфони Нӯҳ мемонад.
      Мо аз гузаштаи куҳани худ бояд сарфароз бошем (ҳастем) ва дар роҳи зинда кардани он, албатта бо назардошти шароити замони нав гомҳои фароху фаротар ва жарфу густурдатар гузорем. Фарҳанги миллии худро бештар зинда созем ва дар зиндагии худ корбаст кунем, онро бо дастовардҳои пешрафти ҷаҳони имрӯз омезиш диҳем. Забону солшумории Хуршедиро чун Наврӯз гоҳи ҷаҳонӣ бахшем. Ҳарчи хубу хушу судманд аст бояд пазирем ва корагир кунем. На чун мардумони замони қамар дар сар саллаву дар гардан тӯрба кашол кунем. Албатта саллаву рӯмоли тоҷикӣ ба ин пайвандӣ надорад.
     Тоҷикистон, бавижа пойтахти он-Душанбешаҳрро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш озоду ободтар, зебову дилрабо, мардумашро дар паноҳу осоиш ва хушиву хурсандӣ мебинем. Албатта барои расидан ба ин рӯз хидмати халқ бузург аст. Вале дар ин кор саҳми Асосгузори Сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
     Агар хато накунам дар солҳои навади садаи бист вазъи тоҷику Тоҷикистон ба тӯфони Нӯҳ ва Тоҷикистон ба киштии Нӯҳу Пешвои гиромӣ ба Нӯҳпайғамбар монанд буд (Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ, Мушти хокест, ба обе надиҳад тӯфонаш) ва Президенти муҳтарам тавонистанд чун Нӯҳпайғамбар ин киштиро (Тоҷикистон) аз мавҷу гирдоби балохези ин тӯфон раҳо бахшанд ва ба соҳили мурод бирасонанд. Зиҳӣ Пешвои гиромӣ, Сарвари тоҷикони ҷаҳон.
     Имсол, рӯзи 16 ноябр дар баробари ҷашни Президент, Иҷлоси шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон-иҷлоси таърихӣ низ ҷашн гирифта мешавад. Ва мо бояд ин рӯзро пос дорем ва ҷиддан аз ин рӯзи таърихӣ ва аз ин Иҷлоси таърихӣ ёдовар шавем. Зеро нақши он дар пойдории кишвар, бавижа рӯи кор омадани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар фарҷом барои ба ҳам омадани мардум, баргаштани гурезаҳо, қабули Конститутсия ва дигар санадҳои ояндасоз, Ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, оромиву осоиш ва шинохта шудани Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчу кишвари демокративу ҳуқуқбунйод, бавижа аз парокандагиву нестӣ эмин мондани Тоҷику Тоҷикистон бузург аст. Ва ин Иҷлос, воқеан ҳам таърихист. Бо ҳам дар як рӯз гиромидошти ин ду падида-ҷашни Президент ва ҷашн Иҷлоси шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон намодӣ аст. Нишони пайвандии ин падидаҳо аст.
     Пешвои моро дар ҷаҳон ҳамчу сулҳофар, хирадпарвар, адабпарвар ва адибпарвар мешиносанд. Пешвои гиромӣ нерӯи зеҳнии худро асосан дар самти рушди соҳаҳои бунёдӣ, калидӣ чун маорифу тандурустӣ маҳор медиҳанд. Зеро ягон давлат бе рушди ин соҳаҳо наметавонад давлати комёб шавад. Ва дар бунёди ин соҳаҳо пайванд ба сулҳу субот соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро рушду нумӯ бахшиданд. Ҷое, ки донишу фарҳанг нест, ҷое, ки тандурустӣ нест, ҷое, ки оромиву осоиш, сулҳу субот нест, ягон соҳаи рузгори ҷомеа пеш намеравад. Ҳама пешравиҳо сахт ба оромӣ, маориф ва тандурустӣ ва Сарвари хирадманд, чун Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Мо солҳои навади садаи бист ин ҳолатро ба тану ҷони худ, дар кишвари худ санҷидем ва бо чашмони худ дидем.
     Чунин буд, ки Пешвои гиромӣ аз сӯи созмонҳои шинохтаи ҷаҳонӣ борҳо бо ҷоизаҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сулҳ ва самту соҳаҳои дигар арҷгузорӣ шуданд. Ҳамчу раҳбари ислоҳотгар-реформатор шинохта шуданд.
     Имрӯз Тоҷикистону тоҷикро дар ҷаҳон бо Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тоҷику Тоҷикистон мешиносанд. Зеро халқ, Президент, кишвар мафҳуму мавҷуди ба ҳам вобастаанд, ва бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Зеро кишвару халқе Президент ё сарвар надорад ва ё Президенте, ки давлату халқ надорад буда наметавонад, номумкин аст. Ҳарчанд бархе кишварҳои парламентӣ ҳаст ва давлатро раиси праламент намояндагӣ мекунад, ин албатта хоси ун мардум аст ва аз рӯи андешаҳои ман агар чунин сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистон буда тавонад ҳам, вале самарбахш буда наметавонад. Бархе ҳуқуқшиносон ҳарчанд ҷонибдори ин сохти идораи давлатианд.
     Дар бораи қаҳрамониҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон навиштанд, менависанд ва хоҳанд навишт. Ҳарчанд ба навиштану гуфтан ниёз надоранд. Зеро мушк он аст, ки бибуяд, на ин ки аттораш бигӯяд. Пешвои моро дар берун хуб мешиносанд. Барои кишвару мардуми мо корҳое карданд, ки барои мардуми худ Фаранклин Рузвелт, Ҷорҷ Вашингтон, Камол Отатурк ва дигар шахсони шӯҳратёр карда буданд. Асосан мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори Шоҳ Ҷамшед, Фаридун, Анушервони одил, Шоҳ Исмоили Сомонӣ (Сосониён, Сомониён, Ғурийон) ва дигар гузаштагони бузурги мо мебошанд. Таҷассум ва эҳёгари базми Ҷамшедиву адолати Нӯшервону давлатдории Шоҳ Исмоил ва дигар оину фарҳанги неки тоҷикон мебошанд. 
     Вобаста ба Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомали Раҳмон дар он рузҳои ваҳшатноку даҳшатнок бойад гуфт, ки муҳтарам Эмомали Раҳмон худ инсонияти баланд доштанд, фарҳангӣ, гузашта аз ин мардумдуст буданд, меҳандуст буданд, ниҳоди пок доштанду доранд.
Ин хислатҳои Пешво ҳануз дар даврони ба душ доштани роҳбарии хоҷагии давлатии ба номи В. И. Ленин, инструктори Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Данғара буданашон ба мардум аён буд. Бо мардум наздик буданд, ба мардум ғамхор буданд, дар ҳолатҳои вазнин мардумро дастгири мекарданд. Ин хислатҳои Пешвои гиромӣ модарзодӣ аст.
     Ба гуфтаи Саъдии саъдахтар:
      Ту некӣ, бад набошад низ фарзанд,
      Бувад тарра ба тухми хеш монанд.
     Ҳамин хислатҳои неки нажодии Пешвои гиромӣ бавижа дар вахти бадбахтиҳои солҳои навади садаи бист ба таври ошкоро рӯ зад. Шояд ҳамин буд, ки мардум аз байни даҳ номзад он касро намояндаи худ дар Маҷлиси Олӣ интихоб намуд. Ин даври якуми шинохти Пешвои бузург аз сӯи мардум ва ба майдони сиёсат по гузоштани он кас буд.
     Ман ҳамчун бошанда ва корманди ҳукумати Душанбешаҳр (инструктори шуъбаи ташкиливу кадрӣ, мудири шуъбаи маъмуриву ҳуқуқии ҳукумати Душанбешаҳр) медидам, ки Пешвои гиромӣ чун вакили мардумӣ дар иҷлосҳои Шурои Олӣ бо андешаҳои жарф, пешниҳодҳои судманд, беғараз, нотарсона, далерона баромадҳо мекарданд. Имондорона бойад гуфт, ки он кас бо баромадҳои худ, пешниҳодҳои худ ва суханрониҳои худ аз ҳамаи вакилон фарқ мекарданд, гӯё Офтоби осмони Парламенти онвахта буданд. Бо тамоми ҳастӣ ва тору пайванди худ барои беҳдошти авзои онвахта сухан мекарданд, онсон, ки падар, модар барои фарзанд дилсӯзона сухан мегуфт. Ин ҳолатро бевосита вакилони мардумӣ ва мардуми Тоҷикистон тавассути симову садо медиданд ва мешуниданд. Ин баромадҳои Пешвои гиромӣ он касро на танҳо дар ноҳияи Данғара, вилояти онвахтаи Кулоб, балки дар тамоми Кишвар ба мардум шинохт намуд. Чунин сиёсатмадорӣ, жарфандешӣ, густурдаройӣ, далерӣ ва чусту чолокии Пешво буд, ки дар он рӯзҳои вазнин он касро сессияи Шурои вакилони халқи вилояти Кулоб раиси вилояати Кулоб  интихоб намуд. Ин интихоб низ тавассути вакилони мардумӣ,  боварии наздик ба ду миллион мардум ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
     Ин даври дуйуми шинохти Пешвои бузург аз сӯи мардум ва ба майдони сиёсат по гузоштани он кас буд.
     Чунин кору пайкор ва хӯйу хислатҳои наҷиби ин абармард боис ба он шуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар иҷлоси торихии 16 Шурои Олии Тоҷикистон аз сӯи намояндагони мардумӣ якдилона Сарвари давлат-Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданд, ҳарчанд вакилони ботаҷриба, воломансаб, солор буданд. Вале он вижагиҳое, ки дар боло дарҷ карда шуданд, боис ба он шуд, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари Тоҷикистон интихоб шуданд.
      Ин даври сеюм-даври бештару фарохтар шинохт пайдо кардани Пешвои бузург аз сӯи мардум ва ба майдони сийосат по гузоштани он кас буд.
     Даври чоруми шинохти он кас ва ба майдони сийосат гом ниҳоданашон дар кишварҳои пасошуравӣ ва даври панҷуми шинохту ба майдони сиёсат по гузоштани он кас дар ҷаҳон шинохт шудану ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ гом ниҳодани он кас мебошад.
   Дар ҳамоишҳои кишварҳои пасошуравӣ ва Созмони кишварҳои ҷаҳон иштироку суханрониҳояшон, рафту омад ва ҳамкориҳо бо дигар давлату созмонҳои чаҳонӣ бурҳони ин гуфтаҳост. Имрӯз ҷаҳониён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчу Президенти муваффақ, сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва арҷ мегузоранд.
     Мехоҳам ёдрас шавам, ки дар он замони душвору печида вакилони мардумӣ ба хулосае омаданд, ки ниҳоди Прездентиро бекор карда, вазифаи Сарвари давлатро ба зиммаи Раиси Маҷлиси Олӣ вогузор намоянд. Дар он вахт ин ройу роҳ, шеваи дурусту рост ва беҳтарин буд, ки намойандагони мардумӣ ба ҷо оварданд. Ва ин роҳ аз сӯи мардум низ пазируфта шуд ва самари хуб низ ба бор овард. Ва пасон бо расидани пайти муносиб, бахусус барқарор гардидани сохти конститутсионӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ 6 ноябри соли 1994 дар асоси нахустконститутсияи бо роҳи раъйпурсии мардум пазируфтаи кишвар ниҳоди Президентӣ созмон дода шуд ва ҳамзамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи шаҳрвандон Президенти Тоҷикистон интихоб гардиданд.
     Пешвои гиромӣ дар он рӯзгори аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноорому ноҷӯр ва солҳои пасин низ начандон созгор дар самтҳои гуногуни рӯзгори мардуму Кишвари тоҷик корҳои бисёр бузурге анҷом доданд, ки дар тарозуи андешаи инсонӣ ҷой додан басе душвор аст. Ин корҳои Пешвои гиромӣ чун Моҳу Хуршед равшан аст. Ба ҳеҷ як рӯнамоӣ ниёз надорад. Вале ситоишу сипосгузорӣ аз он сирату хоси инсонист.
Мардуми тоҷику Тоҷикистон аз Пешвои бузурги худ-Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда низ дар роҳи озодиву ободии кишвар корҳои бузургро умедвор аст.
 
Шоназаров Содиқ,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба
сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад