ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 07/10/2022 - 08:22
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
    Воқеан, барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар кишвар зиёиёни миллат дар охири солҳои 80-уми асри гузашта саъю талоши зиёд намуданд ва ба он мақсаде, ки доштанд, расиданд. Аммо маҳз тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забон дар умури коргузорӣ ба таври ҳатмӣ ва густурда мақоми хосса пайдо карду мавриди истифода қарор гирифт. Бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид. Мақсад аз ин амали созандаву ташаббуси наҷибро бисёр равшан баён доштанд: «Таҷлили Соли забон ба наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ, яъне забони тоҷикии адабӣ, забони осори гаронмояи Рӯдакиву Мавлонои Балхӣ мусоидат менамояд».
    Пешвои миллат ҳанӯз аз оғози фаъолияти роҳбариашон ба омӯзиши беҳтару гиромидошти махсуси забони тоҷикӣ диққати махсус медоданд. Барои он, ки муҳим будани ин масъалаи мазкур бештар дарк шавад, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд.
    Дар ҳақиқат, миллат он вақт арзи ҳастӣ карда метавонад, ки забонаш зинда бошад, дар гуфтугӯ, навишт ва умури коргузорӣ мавриди истифода қарор гирад. Таърих шоҳиди барҳақ аст, ки бисёре аз миллатҳо бо аз байн рафтани забонашон маҳв гардиданд. Махсусан, раванди ҷаҳонишавӣ ин амалро пеш мебарад. Пешвои миллат бо эҳсоси ин гуна хатарҳои ваҳшатафзо барои пойдории забони тоҷикӣ, густариши он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Қариб дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳояшон ва ироаи ҳамасолаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзӯъ ва масъаларо ба таъкид хотиррасон ва матраҳ месозанд, то андак ғафлат наварзем.
    Дар Паёми худ низ таъкид намуданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
Тавсифҳои бисёр зебову мувофиқ, аз қабили «забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ», «сарвати муқаддас ва гаронбаҳотарин» аз муҳаббати Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ мебошад. Мо бояд ин муҳаббатро аз Пешвои миллатамон биомӯзем ва тавре баён доштанд, ба рушди забонамон эътибори аввалиндараҷа бидиҳем.
    Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббусашон баргузор гардиданд ва минбаъд низ идома меёбад, ба хотири рушду омӯзиши бештару беҳтари ин забони нобу шоирона аст.
Дар ҳақиқат, танҳо ин забон моро ба осори гаронбаҳои ниёгонамон ошно месозад ва он ҳама бароямон, ҳамзамон, ифтихор мебахшанд. Осори ин абармардони олами фарҳанг бо забони тоҷикӣ миллати моро дар арсаи ҷаҳон чун миллати қадимиву тамаддунсоз муаррифӣ менамояд.
    Дар Паёми гузашта низ (26 декабри соли 2019), тавре зикр гардид, ба масъалаи дӯстдории ин забони шево таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, дар ин хусус иброз доштанд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».
Мақсад аз ин муҳаббату дӯстдорӣ ва ҳифзи онро равшан шарҳу тавзеҳ медиҳанд: «Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем...».
    Агар пеш аз истиқлоли давлатӣ зиёиён дар ин бора масъалагузорӣ мекарданд ва он ҳам дар аксар вақт ҳеҷ муваффақ намегардиданд, ҳолиё дигар ин гуна зарурат аз миён рафтааст. Пешвои миллат чунин масъалаҳоро на танҳо ба миён мегузоранд, балки барои ҳалли дурусташон бо ҳисси дилсӯзӣ раҳнамоӣ мекунанд ва дастурҳо медиҳанд. Махсусан, аҳли зиёро вазифадор мекунанд, ки дар ин росто корҳои ҷиддиву муҳиму мондагорро саривақт анҷом диҳанд. Аз ҷумла, изҳор доштаанд: «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад».
    Бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни забон таҷдиди назар ва ниҳоди махсус бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Президенти кишвар – Э. Раҳмон оид ба манзалати забони модарӣ чунин гуфтанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ, бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд.
    Имрӯзҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ омӯхта мешавад. Имрӯзҳо тифли дилбанди фарди тоҷик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаълумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад.
    Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеч гоҳ дар ягон маврид дар намемонад. Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангар ва маҷлисоро ҳамаи анҷуманҳоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.
                                                  
Бахши таҳлили таъсири танзимкунии
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)