ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУСТАҲКАМИИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ БАРТАРАФКУНАНДАИ ТАМОМИ КАМБУДИҲОИ ЭҲТИМОЛИСТ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 03/11/2023 - 16:14
МУСТАҲКАМИИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ БАРТАРАФКУНАНДАИ ТАМОМИ КАМБУДИҲОИ ЭҲТИМОЛИСТ
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, инак 29 сол ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз амал мекунад.
    Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира, оянда масъул ва вазифадор дониста, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон намуд.
    Яке аз ҷанбаҳои асосии нақши Конститутсия таъсири он ба низоми сиёсӣ мебошад. Конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян кард, ки дар натиҷа низоми сиёсӣ устувор ва давлати миллии мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушду тараққӣ кард.
   Конститутсия барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ низ мусоидат кард. Мувофиқи он фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, кафолат дода шуд.
    Инчунин, Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, дар тули 29 сол барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овард.
     Конститутсия механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо ва гурӯҳҳои осебпазирро танзим менамояд, ки ин ҳама муқаррарот ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ саҳми бузург дорад.
     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар дар рушди қонунгузории миллӣ нақши муҳим дорад. Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, вазъи ҳуқуқии ҳокимияти қонунгузор, субъектони ташаббуси қонунгузорӣ ва зинаҳои (давраҳои) фаъолияти қонунгузорӣ муайян шудааст. Яъне, таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асос ва заминаи Конститутсия сурат гирифта, устувории низоми ҳуқуқи миллӣ таъмин гардидааст.
    Пас аз қабули Конститутсия низоми қонунгузории кишвар мунтазам ташаккул ёфта, имрӯз тибқи феҳристе, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ пеш бурда мешавад, нишондоди қонунҳо дар шаклҳои гуногун 396 ададро ташкил менамояд. Айни замон, низоми қонунгузории Тоҷикистон аз Конститусия, 17 қонунҳои конститутсионӣ, 21 кодекс ва 357 қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
   Меъёрҳое, ки Конститутсияи мо муқаррар кардааст, диққати олимон ва мутахассисони ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Зеро, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши таҷрибаи байналхалқӣ, урфу одати мардуми тоҷик, бо дарназардошти арзишҳои миллии кишвари азизамон таҳия ва қабул гардид. Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, соҳибихтиёр ва ягона эътироф карда шуд. Ҳамин аст, ки олимон ва мутахассисони ҷаҳонӣ ба он баҳои баланд медиҳанд. Агар мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар он оид ба тамоми соҳаҳои ҳуқуқи кишвар меъёр муқаррар шудааст. Мушоҳида намудани холигӣ дар Конститутсияи кишварамон оид ба ин ё он соҳаи ҳуқуқ ғайриимкон аст, зеро мустаҳкамии меъёрҳои он бартарафкунандаи тамоми камбудиҳои эҳтимолист. Ба таври мушаххас ифоданамоии иродаи халқи тоҷик дар дебочаи Конститутсия воқеан ҳам арзиши ин санади ҳуқуқиро дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон эътироф намуд.
   Мақоми беҳтаринро додан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки дар он иродаи халқи тоҷик мустаҳкам гардидааст. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимият аз они халқ аст ва халқ онро бевосита ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.
   Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
     Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
      Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам, пурра, пайдарҳам ба шумор рафта, дар танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши бағоят калон дорад. Бинобар ин, ин ҳуҷҷати тақдирсозро коршиносони байналхалқӣ дар шумори Конститутсияи беҳтарину мардумитарин эътироф намудаанд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
      Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёри конститутсионӣ водор месозад, ки қонунгузорӣ механизмҳо доир ба таъмини волоияти Конститутсия ва мутобиқнамоии меъёрҳои он бо қонунгузориро ба Конститутсия пешбинӣ намояд.
       Якчанд аз механизмҳои мавҷударо дар ин самт пешкаши хонандагон менамоем:
   1) Назорати конститутсионӣ - суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз болои мутобиқати қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия амалӣ менамояд. Агар Суди конститутсионӣ қонун ё санади меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия номутобиқ ҳисобад, онро беэътибор эълон менамояд.
      2) Экспертизаи ҳуқуқӣ - пеш аз қабули қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ, онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ будани онҳо бо Конститутсия мегузаранд. Ин имкон медиҳад, ки қонунҳо ё ин ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ қабул нагарданд.
      3) Назорати судӣ - судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин назорати риояи қонунҳоро ба меъёрҳои Конститутсия амалӣ менамоянд. Агар суд муайян намояд, ки қонун ё муқаррароти он бо Конститутсия номувофиқ аст, метавонад дар бораи беэътибор донистани он ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд.
    4) Назорати парлумонӣ - парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки риояи қонунҳоро ба меъёрҳои Конститутсия назорат намояд. Агар қонун ба Конститутсия мувофиқат накунад, парлумон метавонад онро тағйир диҳад ё бекор намояд.
    5) Назорати ҷамъиятӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, агар онҳо ҳисоб намоянд, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳо бо қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ поймол шудааст, ба Суди конститутсионӣ ё дигар мақомоти ваколатдор муроҷиат намоянд.
  Ҳамаи ин механизмҳо имкон медиҳанд, ки раванди мутобиқнамоии меъёрҳои қонунгузорӣ ба Конститутсия таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз гардад.
    Дар баробари ин, зикр намудан ба маврид аст, ки меъёрҳои Конститутсия абстрактӣ набуда, балки воқеан дарҷгардида (меъёрҳои фаъол) мебошанд. Конститутсия на танҳо муносибатҳои ҷамъиятиро фаъолона танзим менамояд, балки ба таърихи навини давлат бевосита таъсир мегузорад.
    Бинобар ин, бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик 26 - сентябри соли 1999, 22 – юми июни соли 2003 ва 22 – юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму устувор гардиданд.
       Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 - уми сентябри соли 1999 дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонида шуд.
       Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои соли 2003 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд; раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи иродаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид; ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд; ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд; ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид; асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд; тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд; вазифаи давлат дар соҳаи солимгардонии муҳити зист, инкишофи варзиши оммавӣ ва туризм мушаххас гардиданд; ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсили ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ устувор гардид; синни 25-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон, синни 35-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар шуд; асосҳои қатъи ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мушаххас гардиданд; салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар алоҳидагӣ танзим шуданд; муҳлати ваколати маҷлисҳои вакилони халқ 5 сол муайян шуд; ба низоми судӣ Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.
      Дар тағйиру иловаҳои соли 2016 шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шуда, институти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муқаррар гардид. Синни номзад ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шудан ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон 30-солагӣ муқаррар гардида, як қатор тағйирот оид ба вазъи мақомоти судии кишвар, тағйиру иловаҳои техникию имлоӣ ва монанди инҳо ворид карда шуданд.
       Ҳамин тариқ, Конститутсия дар ташаккули низоми сиёсӣ, тараққиёти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ, ба рушди давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.
 
 
            ИЗЗАТУЛЛО САИДЗОДА
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад