КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7- 8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №12, мод.2, мод.3, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5, №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1, мод.1, мод.2, №6, мод. 311; с.2020, №1, мод.8, мод.9, №7-9, мод.607, мод.623, №12, мод. 904)
(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998
№ 684, аз 10.12.1999
№ 877, аз 12.05.2001
№ 6, аз 12.05.2001
№ 12, аз 2.12.2002
№ 64, аз 2.12.2002
№ 89, аз 1.08.2003
№ 33, аз 1.08.2003
№ 45, аз 17.05.2004
№ 35, аз 15.07.2004
№ 46, аз 1.03.2005
№ 86, аз 25.07.2005
№ 97, аз 26.12.2005
№ 125, аз 30.07.2007
№ 301, аз 5.01.2008
№ 339, аз 18.06.2008
№ 386, аз 18.06.2008
№ 389, аз 6.10.2008
№ 422, аз 31.12.2008
№ 451, аз 31.12.2008
№ 457, аз 26.03.2009
№ 487, аз 5.08.2009
№ 547, аз 11.03.2010
№ 600, аз 21.07.2010
№ 617, аз 25.03.2011
№ 694, аз 2.08.2011
№ 750, аз 16.04.2012
№ 808, аз 03.07.2012
№ 844, аз 13.06.2013
№ 965,
№ 966, аз 12.11.2013
№ 1028, аз 28.12.2013
№ 1037, аз 14.03.2014
№ 1066, аз 26.07.2014
№ 1088,
№ 1089, аз 18.03.2015
№ 1176,
№ 1177, аз 23.11.2015
№ 1228, аз 25.12.2015
№ 1261, аз 15.03.2016
№ 1274, аз 14.05.2016
№ 1304,
№ 1305, аз 23.07.2016
№ 1330,
№ 1331, аз 14.11.2016
№ 1358,
№ 1359, аз 24.02.2017
№ 1379,
№ 1380, аз 28.08.2017
№ 1467, аз 2.01.2018
№ 1472,
№ 1473, аз 17.05.2018
№ 1515, аз 3.08.2018
№ 1538, аз 2.01.2019
№ 1554,
№ 1555, аз 20.06.2019
№ 1609, аз 2.01.2020
№ 1661,
№ 1662, аз 04.07.2020
№ 1701, аз 07.08.2020
№ 1717, аз 17.12.2020
№ 1730, аз 20.04.2021
№ 1776, аз 23.12.2021 №
1809, аз 19.07.2022
№ 1895, аз 19.07.2022
№ 1896, аз 24.12.2022
№ 1924,
№ 1925, аз 13.11.2023
№ 1984, аз 13.11.2023
№ 1985, аз 20.06.2024
№ 2050)
ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ
БОБИ 1 ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 2.01.2018
№ 1472).
Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1661).
Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
Қонуни ҷиноятӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1661).
Моддаи 4. Принсипи қонуният
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
1) Ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноятӣ будани онро танҳо ҳамин Кодекс муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 2.01.2018
№ 1472).
2) Ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.
3) Татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз рӯи қиёс манъ аст.
4) Мазмуни Кодекси ҷиноятӣ бояд дақиқан мутобиқи матни он фаҳмида шавад.
Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатьи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкиӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 6. Принсипи ногузирии ҷавобгарӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ӯ чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятии дар ҳамин Кодекс пешбинишуда татбиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 2.01.2018
№ 1472).
Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсии худ.
2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқӯъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати он муайян шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.
Моддаи 8. Принсипи адолат
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
1) Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
2) Ҳеҷ касро барои як ҷиноят ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.
Моддаи 9. Принсипи инсондӯстӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
1) Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
2) Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
Моддаи 10. Принсипи демократизм
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ислоҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархосту ризоияти онҳо ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ
Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 11(1). Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Агар меъёри ҳуқуқи ҷиноятӣ духӯра ифода ёфта бошад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба манфиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.
2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳумҳои якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
БОБИ 2. АМАЛИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ ДАР ЗАМОНУ МАКОН
Моддаи 12. Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон
1) Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.
2) Вақти содир намудани ҷиноят, вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибатҳои он, эътироф карда мешавад.
Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни ҷиноятӣ
1) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, яъне ба шахсоне татбиқ мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун кирдор содир кардаанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки мӯҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо кардани қонун содиршуда ҷиноят ҳисоб намешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Агар қонуни нави ҷиноятӣ ҷазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мӯҳлати ҷазоро адо мекунад, сабук созад, ҷазои таъиншуда бояд мутобиқи ҳадди болоии ҷазое, ки қонуни ҷиноятии нав муайян кардааст, ихтисор карда шавад.
3) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзӯр мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, қувваи бозгашт надорад.
Моддаи 14. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст тартиби дигар муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Чунин кирдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда ҷиноят эътироф карда мешавад, агар:
а) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шудааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;
б) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят дар ҳудуди он фаро расидааст;
в) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят берун аз ҳудуди он фаро расидааст;
г) дар шарикӣ бо шахсоне содир шудааст, ки фаъолияти ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди давлати дигар ба амал баровардаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
3) Шахсе, ки дар киштии обӣ ё ҳавопаймои қонунан таҳти парчам ё аломатҳои шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир карда бошад, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии ҳарбии обӣ ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли воқеъбудаи онҳо ҷиноят содир кардааст, ҳамчунин мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин шахсон содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 15. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди доимо дар он истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар кирдори содиркардаи ӯ дар давлате, ки дар ҳудуди он ин кирдорро содир кардааст, ҷиноят эътироф карда шавад ва агар ӯ барои ин ҷиноят дар давлати хориҷӣ маҳкум нашуда бошад. Ҳангоми маҳкум кардани шахсони мазкур ҷазо набояд аз ҳадди болои санксияи пешбининамудаи қонуни давлати хориҷие, ки дар ҳудуди он ҷиноят содир шуда буд, зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда барои ҷинояти берун аз ҳудуди Тоҷикистон содир кардааш мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар ӯ:
а) ҷинояте содир карда бошад, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда ё меъёрҳои муқаррарнамудаи шартнома ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472);
б) бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин содир карда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ин қоидаҳо дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад.
4) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи Кодекси мазкур дар ҳолате низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки мутобиқи моддаҳои мушаххаси Қисми махсуси Кодекси мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳз барои дар ҳудуди давлати хориҷӣ содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардида бошад. Дар ин маврид ҳолатҳои дар қисми 1 (ба истиснои маҳкум шудан) ҳамин модда пешбинигардида ба инобат гирифта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359).
5) Доғи судӣ ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ ҷиноят содир кардааст, набояд ҳангоми банду басти (квалификатсияи) кирдори ин шахс ва ҳангоми таъини ҷазо барои ҷинояте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааст, ба инобат гирифта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст
1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байналмилалӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давлати хориҷӣ супорида шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
БОБИ 3. МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶИНОЯТ
Моддаи 17. Мафҳуми ҷиноят
1) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.
2) Кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки зоҳиран аломатҳои яке аз кирдорҳои дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят намебошад.
Моддаи 18. Категорияҳои ҷиноят
1) Кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардида вобаста ба хусусият ва дараҷаи хавфи барои ҷамъият доштаашон ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин тақсим мешаванд.
2) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ҷиноятҳои вазнин эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 19. Такрори ҷиноят
1) Такрори ҷиноят кирдоре эътироф мешавад, ки шахс дар вақти гуногун ду ё зиёда ҷинояти дар ҳамон як модда ё қисми моддаи ҳамин Кодекс пешбинишударо содир намудааст.
2) Содир кардани ду ва ё зиёда аз он ҷинояти дар моддаҳои мухталифи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро танҳо дар ҳолатҳое такрори ҷиноят ҳисобидан мумкин аст, ки агар он дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс зикр гардида бошад.
3) Ҷиноят такрорӣ эътироф намешавад, агар шахс барои ҷинояти қаблан содирнамудааш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда буд ё доғи судӣ барои ин ҷиноятҳо барҳам хӯрда ё бардошта шудааст.
4) Дар мавриде, ки такрори ҷиноятро ҳамин Кодекс ба сифати ҳолатҳое пешбинӣ менамояд, ки барои он ҷазои нисбатан сахтарро пешбинӣ кардааст, ҷинояти аз тарафи шахс содиргардида мутобиқи қисми дахлдори моддаи ҳамин Кодекс, ки ҷазоро барои такрори ҷиноят пешбинӣ менамояд, банду баст (квалификатсия) карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Ҷинояте, ки аз як қатор кирдорҳои ҷиноятии ҳаммонанд иборат буда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона равона шудааст ва дар маҷмӯъ ҷинояти давомдорро ташкил мекунанд, такрори ҷиноят эътироф намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
6) Дар муддати дароз иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки хусусияти пайваста содир намудани таркиби як ҷинояти дарозмуддат дорад, такрори ҷиноят эътироф намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
1) Содир кардани ду ё зиёда аз он кирдори ҷиноятии дар моддаҳои гуногун ё қисмҳои мухталифи ҳамон моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида, ки шахс барои ҳеҷ кадоми он маҳкум нашудааст, маҷмӯи ҷиноят эътироф мешавад. Дар айни замон ҷиноятҳое, ки шахс барои содир кардани онҳо тибқи асосҳои муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст, ба назар гирифта намешаванд.
2) Як кирдоре, ки аломатҳои ҷинояти дар ду ё бештар моддаи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дорад, ҳамчунин маҷмӯи ҷиноятҳо эътироф мешавад.
3) Ҳангоми содир намудани маҷмӯи ҷиноят шахс барои ҳар ҷинояти содирнамудааш дар асоси модда ё қисми дахлдори ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
4) Агар ҷиноят аз ҷониби меъёрҳои умумӣ ва махсус пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ маҷмӯи ҷиноят ҷой надорад ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар асоси меъёри махсус ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 21. Ретсидиви ҷиноят
1) Содир намудани ҷинояти қасдона аз тарафи шахсе, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ дорад, ретсидиви ҷиноят эътироф мешавад.
2) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин хавфнок дониста мешавад:
а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан на камтар аз ду маротиба барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи миёна бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:
а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум карда шудааст, ё ин ки қаблан барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Ҳангоми эътирофи ретсидиви ҷиноят ба назар гирифта намешавад:
а) доғи судӣ барои ҷинояте, ки шахс то синни ҳаждаҳсолагӣ содир намудааст;
б) доғи судӣ барои ҷинояте, ки нисбати он шартан татбиқ накардани ҷазо ё ин ки аз рӯи он мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ гардидааст, агар шартан татбиқ накардани ҷазо ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм бекор карда нашуда бошад ва шахс барои адо намудани ҷазо ба ҷойҳои маҳруми аз озодӣ фиристода нашудааст, инчунин доғи судие, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 84-и ҳамин Кодекс барҳам хӯрдааст ё бардошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Ретсидиви ҷиноят дар асос ва ҳудуди пешбининамудаи ҳамин Кодекс боиси ҷазои сахттар мегардад.
БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БОЯД БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДА ШАВАНД
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
Моддаи 22. Шартҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ
Танҳо шахси воқеии мукаллаф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синну соли муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс расидааст.
Моддаи 23. Синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад
1) Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.
2) Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобграрии ҷиноятӣ кашида мешаванд: одамкушӣ (моддаи 104), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110), қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111), одамрабоӣ (моддаи 130), таҷовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зӯроварии дорои хусусяти шаҳвонӣ (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), ғасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш (моддаи 199), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 202), парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо (моддаи 214), авбошӣ дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 237), дуздӣ (моддаи 244), ғоратгарӣ (моддаи 248), роҳзанӣ (моддаи 249), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (моддаи 252), қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 255) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966, аз 19.07.2022
№ 1895).
3) Дар ҳолатҳои алоҳидаи дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида танҳо он шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки аз синни шонздаҳсола болотар аст.
4) Агар ноболиғ дар вақти содир намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ба синну соли дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рӯҳӣ, ки бо парешонҳолии рӯҳӣ алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусусияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ба шахсе, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонуни ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудааст, чораҳои дорои хусусияти маҷбурии тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин кардан мумкин аст (
Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Шахсе, ки дар ҳолати мукаллафӣ ҷиноят содир намуда, вале то баровардани ҳукми суд мубталои бемории рӯҳие шудааст, ки барои дарки хавфи кирдори худ ё идора кардани онро имконият намедиҳад, ҳамчунин ҷазо дода намешавад. Суд метавонад нисбати чунин шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро раво бинад ва пас аз шифо ёфтан ин шахсро ҷазо додан мумкин аст, агар мӯҳлатҳои дар моддаи 75 ҳамин Кодекс пешбинишуда нагузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 25. Ҷавобгарии ҷиноятии шахсони дорои парешонҳолии дардмандонаи рӯҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад (мукаллафии маҳдуд)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Шахси мукаллафе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят бар асари парешонҳолии рӯҳи наметавонист пурра хусусияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онро идора намояд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳолати мукаллафии маҳдуд ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта шуда, барои таъин намудани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ асос шуда метавонад.
Моддаи 26. Ҷавобгарии ҷиноятии шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ ҷиноят содир намудаанд
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Шахсе, ки дар ҳолати мастӣ дар асари истеъмоли машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҷиноят содир кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Дар сурати ҷиноятро содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд дар баробари муқаррар намудани ҷазо метавонад чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1330).
1) Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф мешавад, ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад.
2) Кирдори танҳо аз беэҳтиётӣ содиршуда дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 28. Ҷинояти қасдан содиршуда
1) Ҷинояти қасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо қасди бевосита ё бавосита содир шудааст.
2) Ҷиноят бо қасди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияте ё ногузирии фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфноки онро пешбинӣ намуда, хоҳони фаро расидани он бошад.
3) Ҷиноят бо қасди бавосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияти фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфнокии онро пешбинӣ намуда, фаро расидани оқибатро нахоста, вале дидаву дониста ба ин оқибатҳо роҳ дода бошад, ё ба онҳо беэътиноёна муносибат карда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 29. Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда
1) Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда кирдори барои ҷамъият хавфноке эътироф мешавад, ки аз худбоварӣ ё бепарвоӣ содир шудааст.
2) Ҷиноят ҳангоме аз худбоварӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда, вале бе асосҳои ба он кофӣ, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳоро бартараф мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҷиноят ҳангоме аз бепарвоӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокии ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ накарда бошад, ҳол он, ки дар сурати бодиққатӣ ва дурандешии зарурӣ мебоист ва метавонист он оқибатҳоро пешбинӣ кунад.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст
Агар шахс дар натиҷаи қасдан содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ дигар оқибатҳои ба ҷамъият хавфнокро расонад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс боиси таъини ҷазои сахттар мегардад, чунин ҷиноят қасдан содиршуда эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 31. Бегуноҳ расонидани зарар (тасодуф)
1) Кирдор бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он хавфнокии ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк накарда бошад, ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ё наметавонист онро дарк кунад ё имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокро пешбинӣ накарда бошад ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ва наметавонист онро пешбинӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Кирдор инчунин бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он, гарчанд имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда бошад ҳам, аммо ин оқибатҳоро бо сабаби номувофиқии сифатҳои психофизиологии худ ба талаботи шароити фавқулодда ё аз ҳад зиёд мондашавии асабу рӯҳ пешгирӣ карда натавониста бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
БОБИ 6. ҶИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА
Моддаи 32. Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят
1) Тайёрӣ ба ҷиноят ин аз тарафи шахс қасдан ҷустуҷӯ, тайёр ё мувофиқ кардани восита ё олоти содир намудани ҷиноят, ёфтани шарикони ҷиноят, забоняккунӣ барои содир кардани ҷиноят ё қасдан фароҳам овардани шароити дигар барои содир кардани ҷиноят мебошад, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Сӯиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.
4) Ҷавобгарӣ барои тайёрӣ ба ҷиноят ё сӯиқасди ҷиноят бо ишора ба ҳамин модда мутобиқи ҳамон моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ фаро мерасад, ки барои ҷинояти хотимаёфта муқаррар шудааст.
Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта
Ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад.
Моддаи 34. Ихтиёрӣ даст кашидан аз ҷиноят
1) Бо ихтиёри худ даст кашидан аз ҷиноят он аст, ки агар шахс имконияти то охир расонидани ҷиноятро дарк карда, ихтиёран ва ба таври қатъӣ ҳаракатҳои тайёрӣ ё ҳаракати (беҳаракатии) бевосита ба содир намудани ҷиноят равонашударо қатъ кунад.
2) Агар шахс ҷиноятро ба охир нарасонида, бо ихтиёри худ ва ба таври қатъӣ аз он даст кашида бошад, ӯ барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
3) Шахсе, ки ихтиёран аз ба охир расонидани ҷиноят даст кашидааст, танҳо дар ҳолате ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки кирдори содирнамудаи ӯ таркиби ҷинояти дигар дошта бошад.
4) Агар ташкилкунандаи ҷиноят ва таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи саривақт хабар додан ба мақомоти ҳокимият ё чораҳои дигари андешидаашон аз ҷониби иҷрокунанда ба охир расонидани ҷиноятро пешгирӣ карда бошанд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. Агар ёрдамчӣ барои пешгирии содиршавии ҷиноят ҳамаи чораҳои аз ӯ вобастабударо андешида бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Агар ҳаракатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда зикргардидаи ташкилкунанда ва таҳриккунанда аз ҷониби иҷрокунанда содир кардани ҷиноятро пешгирӣ карда натавонанд, чораҳои андешидаи онҳоро ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ҳисоб кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
БОБИ 7. ШАРИКӢ ДАР ҶИНОЯТ
Моддаи 35. Мафҳуми шарикӣ дар ҷиноят
Иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсон дар содир намудани ҷинояти қасдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 36. Шарикони ҷиноят
1) Ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф мешаванд.
2) Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир намудааст ё якҷоя бо шахсони дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, ҷиноят содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда бошад, инчунин шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятиро (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис дода ё ба он роҳбарӣ кардааст.
4) Таҳриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ (харидан), таҳдид ё ба тариқи дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст.
5) Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, восита ё олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 37. Ҷавобгарии шарикони ҷиноят
1) Ҷавобгарии шарикони ҷиноят вобаста ба хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар яки онҳо дар содир намудани ҷиноят муайян карда мешавад.
2) Ҳамиҷрокунандагон барои ҷинояти якҷоя содирнамудаашон бо моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс бе ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҷавобгарии ҷиноятии ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҷиноят бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Шахсе, ки субъекти ҷинояти дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс махсус зикргардида набуда, дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда иштирок кардааст, барои ин ҷиноят метавонад танҳо ба сифати ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
5) Агар иҷрокунанда бо сабабҳои аз ӯ новобаста ҷиноятро то ба охир расонида натавонад, шарикони дигари ҷиноят барои шарикӣ дар тайёрӣ ба содир намудани ҷиноят ё сӯиқасди содир намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
6) Агар кирдорҳои ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ бо сабабҳои аз онҳо новобаста барор нагиранд, онҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 38. Ифроти (экссесс) иҷрокунандаи ҷиноят
Аз ҷониби иҷрокунанда содир гардидани ҷинояте, ки шарикони дигар қасди онро надоштанд, ифроти иҷрокунанда эътироф мешавад. Барои ифроти иҷрокунанда дигар шарикони ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
Моддаи 39. Ҷиноят содир намудани гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Ҷиноят бе маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он иҷрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат накардаанд.
2) Ҷиноят бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он шахсоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат кардаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
3) Ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, агар он аз ҷониби гурӯҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
4) Иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) муттаҳидшавии ду ё якчанд гурӯҳи мутташаккил эътироф мешавад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор таъсис ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаи идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод ва сохторҳои он асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест.
6) Шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис додааст ё ба он роҳбарӣ кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ташкил ва роҳбарии онҳо, инчунин барои тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), агар қасди ӯ содир намудани онҳоро дар бар гирифта бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дигар иштирокчиёни гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои иштирок дар онҳо дар ҳолати пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс, инчунин барои ҷиноятҳое, ки дар тайёрӣ ё содир кардани онҳо ширкат варзидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
7) Таъсиси гурӯҳи муташаккил дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нашудааст, боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тайёрӣ ба он ҷиноятҳое мегардад, ки барои содир кардани онҳо ин гурӯҳ таъсис ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
8) Ҷавобгарии ҷиноятии шахсоне дар ҳамин модда номбаршуда бе ишора ба моддаи 36 Қисми умумии ҳамин Кодекс фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
9) Иштирокчии гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани ҷиноят дар ошкор намудани нияти ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД
Моддаи 40. Мудофиаи зарурӣ
1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа, ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зӯроварии барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯроварӣ алоқаманд бошанд, ҷиноят ҳисобида намешавад.
2) Ҳимоя аз таҷовузи бо зӯроварӣ марбут набуда, ки барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок нест, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯроварӣ қонунӣ ҳисобида мешавад, агар зимнан ба аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, роҳ дода нашуда бошад, яъне ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии таҷовуз мувофиқ нест.
3) Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективӣ баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро надошта бошад.
4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касбӣ ё дигар тайёрии махсус ё мақоми хизматиаш ё имконияти ба шахсони дигар ё мақомоти ҳокимият барои кӯмак муроҷиат карданаш, ба мудофиаи зарурӣ ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
5) Қасдан барангехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 41. Расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст
1) Ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои навро содир карданаш ба ӯ зарар расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни замон чораҳои зарурии бо ин мақсад андешидашуда аз ҳад набаромада бошанд, ҷиноят ҳисоб намешаванд.
2) Номутобиқатии ошкорои воситаю усулҳои дастгир кардан ба хавфи кирдор ва шахси содирнамуда, инчунин ба ҳолатҳои дастгир кардан, ки дар натиҷаи онҳо ба шахс қасдан зараре расонида шавад, ки зарурати дастгир кардан онро талаб намекард, баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҳуқуқи дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамударо дар баробари шахсони ба ин кор махсус ваколатдор, инчунин ҷабрдидагон ва шаҳрвандони дигар низ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
4) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани зарари дар вақти дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда расонидашуда ҳаракати ӯ дар мавриди аз дастгиршавӣ халос хӯрдан, қувваю имконияти дастгиршаванда, ҳолати рӯҳии ӯ ва ҳолатҳои дигари вобаста бо амали дасггир кардан ба назар гирифта мешаванд.
Моддаи 42. Зарурати ниҳоӣ
1) Дар ҳолати зарурати ниҳоӣ, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин шахс ё шахсони дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда расонидани зарар ба манфиатҳое, ки ҳамин Кодекс муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар номумкин бошад ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳоӣ аз ҳад нагузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мувофиқ набуда, дар натиҷа ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз ҳад гузаронидани зарурати ниҳоӣ эътироф мешавад. Чунин азҳадгузаронӣ танҳо дар ҳолати қасдан расонидани зарар боиси ҷавобгарӣ мегардад.
3) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани кирдори дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содиршуда хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда, воқеят ва наздикии фаро расидани он, имконияти воқеии шахс дар мавриди пешгирӣ намудани он, вазъи рӯҳии ӯ дар ҳолати бамиёномада ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.
Моддаи 43. Маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ
1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, агар дар натиҷаи чунин маҷбуркунӣ шахс ҳаракати (беҳаракатии) худро идора карда натавонад, ҷиноят ҳисоб намешавад.
2) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии рӯҳӣ, инчунин дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ, ки дар асари он шахс имконияти идора кардани амали худро нигоҳ доштааст, бо дарназардошти муқаррароти моддаи 42 ҳамин Кодекс ҳал мешавад.
Моддаи 44. Таваккали асоснок
1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда ҳангоми таваккали асоснок ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҷиноят ҳисоб намешавад.
2) Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба мақсади мазкур бо ҳаракати (беҳаракатии) ба таваккал марбутнабуда номумкин бошад ва шахсе, ки ба таваккал роҳ додааст, барои пешгирӣ намудани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.
3) Агар таваккал баръало бо таҳдиди ҳалокати одамон, фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, он асоснок эътироф карда намешавад.
Моддаи 45. Иҷрои фармон ё амр
1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда аз ҷониби шахсе, ки бо мақсади иҷрои ҳатмии фармон ё амри мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ӯ додашуда амал кардааст, ҷиноят намебошад. Барои расонидани чунин зарар шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додааст.
2) Шахсе, ки бо мақсади иҷрои фармон ё амри ғайриқонунӣ қасдан ҷиноят содир кардааст, бо асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
3) Иҷро накардани фармон ё амри бараъло ғайриқонунӣ ҷавобгарии ҷиноятиро истисно мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
БОБИ 9. МАФҲУМ, МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ҶАЗО
Моддаи 46. Мафҳум ва мақсади ҷазо
1) Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.
2) Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.
Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:
а) ҷарима (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451);
б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451);
в) якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№1896);
г) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451, аз 19.07.2022
№1896);
д) корҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451);
е) корҳои ислоҳӣ;
ж) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;
з) маҳдуд кардани озодӣ;
и) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;
к) мусодираи молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
л) маҳрум сохтан аз озодӣ;
м) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86);
н) ҷазои қатл (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 1.03.2005
№ 86, аз 19.07.2022
№1896).
Моддаи 48.Ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ
1) Корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл танҳо ҳамчун ба сифати ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 1.03.2005
№ 86).
2) Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№1896).
3) Маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
4) Барои як ҷиноят танҳо як ҷазои асосӣ таъин намудан мумкин аст. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҷазои асосӣ таъин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1088).
5) Ҷаримаро ҳамчун ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, таъин намудан мумкин аст (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965).
6) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1088).
Моддаи 48(1). Корҳои ҳатмӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Корҳои ҳатмӣ аз ҷониби маҳкумшуда берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад, ки намудҳои онҳоро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян менамояд (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
2) Корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз шаст то дусаду чил соат муқаррар карда мешаванд ва на зиёда аз чор соат дар як рӯз адо карда мешаванд.
3) Таъини корҳои ҳатмӣ барои шахсони зерин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) хизматчиёни ҳарбӣ;
б) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) занони ҳомила;
г) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
д) маъюбони гурӯҳҳои I ва II.
4) Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба миён омадани яке аз ҳолатҳои дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод мекунад.
5) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз адои корҳои ҳатмӣ, суд онро ба ҷазоҳои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
1) Ҷарима ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъин шудааст.
Маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1985)
2) Ҷарима ба маблағи аз сад то бисту як ҳазору нӯҳсад андозаи муқарраршудаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617, аз 15.03.2016
№ 1274).
Андозаи ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир кардани ҷиноят амал мекард, зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
3) Суд андозаи ҷаримаро бо дарназардошти вазнинии ҷинояти содиргардида ва вазъи молу мулкии маҳкумшуда дар доираи пешбинӣ намудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд.
4) Ҷаримаро ба сифати намуди ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс таъин кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима суд онро бо ҷазоҳои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида, дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
6) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 177 қисми 1, 178 қисми 1, 245 (ба истиснои банди "а" қисми 4), 246 (ба истиснои банди "а" қисми 3), 247 (ба истиснои банди "в" қисми 3 ва банди "а" қисми 4), 251, 253, 255 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди "г" қисми 2 ва банди "б" қисми 3), 258, 259, 259(1), 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисмҳои 1 ва 2, 295, 340(1) ва 388 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ
аз 21.07.2010 № 617, аз 14.11.2016
№ 1359, аз 24.02.2017
№ 1379,
аз 2.01.2018 № 1472, аз 24.12.2022
№ 1924).
7) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 314 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 315, 316 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 3 ва ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 318, 322 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 323, 340 қисмҳои 1 ва 2 ва 391 қисми 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, ҷазо бо тартиби муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010
№ 617, аз 25.03.2011
№ 694).
8) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010
№ 617).
9) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 6, 7 ва (ё) 8 моддаи мазкур ба сифати ҷазои асосӣ таъин ё иваз карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ҳангоми иваз намудани ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима, мӯҳлат ва андозаи ин намуди ҷазоҳо набояд аз ҳадди поёнӣ ва болоии муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси ҳамин Кодекс бо назардошти қисми адокардаи ҷазо кам ва ё зиёд бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010
№ 617).
10) Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11) ҳамин модда пешбинишуда, баробар аст (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010
№ 617, аз 15.03.2016
№ 1274).
11) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319-321 ҳамин Кодекс пешбинигардида таъин карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ин масъала аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ
аз 15.03.2016 № 1274).
12) Ҳангоми иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 11) ҳамин модда пешбинигардида як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст (Қонуни ҶТ
аз 15.03.2016 № 1274).
Моддаи 50. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
1) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз манъ кардани ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё машғул шудан бо фаъолияти муайяни касбӣ ё фаъолияти дигар иборат аст (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
2) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз як то бист сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017
№ 1467).
3) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолате ба сифати ҷазои иловагӣ низ бо ишора ба ҳамин модда таъин карда шуда метавонад, ки ин намуди ҷазо дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нагардида бошад ҳам ва агар суд, бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи ҷинояти содиршуда ва шахсияти гунаҳгор, имконнопазирии нигоҳ доштани ҳуқуқи ӯро барои ишғол намудани мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян эътироф намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Ҳангоми ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидани ин ҷазо, он дар тамоми вақти адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он пас аз адои ҷазои асосӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳукм низ татбиқ мегардад. Дар ҳолатҳои дигар мӯҳлати он аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 50(1). Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896)
Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад (
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).
Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Шахсе, ки рутбаи ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвони ифтихории Тоҷикистонро дорад, дар ҳолати барои ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуданаш суд метавонад бо назардошти шахсият ва кирдори содиркардааш ӯро аз чунин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон маҳрум намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Корҳои ислоҳӣ дар ҷои кори маҳкумшуда ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол таъин гардида, аз даҳ то сӣ фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад (
Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Дар мавриди аз тарафи шахси маҳкумшуда ҳангоми адо намудани ҷазои корҳои ислоҳӣ ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод менамояд ё ин, ки қисми адо накардаи ҷазоро ба ҷазои сабуктар иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Дар сурати аз адои мӯҳлати ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда, суд метавонад ба ҳисоби як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ ба ҷои як рӯзи корҳои ислоҳӣ, як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷои се рӯзи корҳои ислоҳӣ ҷазои нотамомро бо маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс ё маҳрум сохтан аз озодӣ иваз намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Таъини корҳои ислоҳӣ барои шахсони зерин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386):
а) хизматчиёни ҳарбӣ;
б) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
г) занони ҳомиладор;
д) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
е) маъюбони гурӯҳҳои I ва II.
Моддаи 53. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ
1) Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин бар ивази корҳои ислоҳи меҳнатии барои ҷиноятҳои дигар пешбинигардида нисбати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи ҳайати афсарон, инчунин хизматчиёни ҳарбии бо тартиби ихтиёрӣ хизматкунанда ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Аз таъминоти пулии шахси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат ба андозаи муқаррарнамудаи ҳукми суд аз даҳ то сӣ фоизи маблағи таъминоти пулӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Дар давраи адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшударо ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ӯ додани рутбаи ҳарбии баландтар манъ аст, мӯҳлати ҷазо бошад ба собиқаи хизмати ӯ барои додани рутбаи навбатии ҳарбӣ ҳисоб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 54. Маҳдуд кардани озодӣ
1) Маҳдуд кардани озодӣ, яъне нигоҳ доштани маҳкумшуда дар муассисаҳои махсус бидуни ҷудо кардан аз ҷамъият дар шароити татбиқи назорат аз болои он ба мӯҳлати аз як то панҷ сол мебошад.
2) Дар ҳолати иваз кардани корҳои ислоҳи меҳнатӣ бо маҳдуд кардани озодӣ, он метавонад ба мӯҳлати камтар аз як сол таъин гардад.
3) Дар ҳолати аз адои ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, он ба мӯҳлате, ки дар ҳукми суд барои маҳдуд кардани озодӣ таъин шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад. Дар айни замон вақти адои маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ дохил мегардад аз ҳисоби як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ.
4) Таъини маҳдуд кардани озодӣ барои шахсони зерин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) хизматчиёни ҳарбӣ;
б) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) занони ҳомиладор;
г) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
д) маъюбони гурӯҳҳои I ва II (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 55. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Моддаи 56. Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ
1) Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба хизматчиёни ҳарбие таъин карда мешавад, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъвати хизмати мӯҳлатнок адо мекунанд, инчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаи аскари қаторӣ ва ҳайати сержантҳо адо мекунанд, агар онҳо дар лаҳзаи ҳукмро баровардани суд мӯҳлати бо қонун муқарраргардидаи хизматро тибқи даъват адо накарда бошанд. Ин ҷазо ба мӯҳлати аз се моҳ то ду сол дар ҳолатҳое муқаррар карда мешавад, ки моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудаанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки хусусияти ҷиноят ва шахсияти гунаҳгор дар бораи имконияти иваз намудани маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати на бештар аз ду сол бо нигоҳ доштани маҳкумшуда дар қисми ҳарбии интизомӣ дар ҳамин мӯҳлат далолат диҳанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Иваз кардани маҳрум сохтан аз озодиро бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба шахсе, ки қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо намудааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудае, ки бо сабаби вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ ношоям дониста шудаанд ё нисбати онҳо ҳолатҳои дигаре муқаррар шудаанд, ки онҳоро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунанд, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ татбиқ карда намешавад.
4) Ҳангоми нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бар ивази маҳрум сохтан аз озодӣ мӯҳлати нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рӯзи нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 57. Мусодираи молу мулк
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965)
1) Мусодираи молу мулк ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки зерини маҳкумшуда мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1089):
а) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, моддаи 130(1), қисми 3 моддаи 131, қисми 2 моддаи 150, моддаи 153(1) (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 156, 156(1), 167, қисми 2 моддаи 171 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 172 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 173 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 183, 184, 184(2), 184(4), 185, 186, 187, 188, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 195, 200, 201, 202, 202(1), 202(2), 204, 205, 206, 221, 230, 232, 232(1), 238, 239, 240, 241, 244-250, 254, 257, 259, 259(1), 262, 273, 274, 275, 277, 278, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 279, қисми 3 моддаи 280, моддаҳои 281, 282, 284, 286, 291-293, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 308, 309, 310, 313, 314, 319, 320, қисми 2 моддаи 324, 335(1), 335(2), қисми 2 моддаи 338 (1) 340, 340(1), 351, 352, 353, 356, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391, 397, қисми 3 моддаи 401, моддаи 401(1) ва моддаи 402 Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ё мол ва (ё) ашёи дигари қочоқ мебошанд, ки барои он моддаи 289 Кодекси мазкур ҷавобгарӣ муқаррар намудааст ва ҳама гуна даромадҳо аз ин молу мулк, ба истиснои молу мулк ва даромадҳо аз он, ки бояд ба соҳиби қонунӣ баргардонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013
№ 1037, аз 26.07.2014
№ 1089, аз 14.05.2016
№ 1304, аз 24.02.2017
№ 1379, аз 17.05.2018
№ 1515, аз 2.01.2020
№ 1662, аз 24.12.2022
№ 1925);
б) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки ба онҳо молу мулки дар натиҷаи содир намудани ақаллан як ҷинояти бо моддаҳои дар банди а) қисми мазкур пешбинигардида бадастовардашуда ва даромадҳо аз ин молу мулк қисман ё пурра табдил дода ё ба шакли дигар гардонида шудаанд;
в) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) истифода мешаванд ё пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018
№ 1515);
г) олот ва (ё) воситаҳои содир намудани ҷиноят, ки ба шахси гунаҳгор тааллуқ доранд.
2) Агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадҳо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври қонунӣ бадастомада ҳамроҳ карда шуда бошанд, он қисмати ин молу мулк мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ мебошад.
3) Молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси ин молу мулкро қабулнамуда медонист ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст.
4) Агар мусодираи ашёи муайян, ки ба молу мулки дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур зикргардида дохил мешавад, дар лаҳзаи қабули қарори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фурӯш ё бо сабаби дигар ғайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблағи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд.
5) Ҳангоми ҳалли масъалаи мусодираи молу мулк мутобиқи қисмҳои 1-4 моддаи мазкур, дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда, ҳал карда шавад.
6) Дар ҳолате, ки шахси гунаҳгор молу мулки дигарро, ки ба он ситониш метавонад татбиқ гардад, надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда аз арзиши молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикршуда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
7) Барои содир намудани ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1089).
8) Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965, аз 26.07.2014
№ 1089).
Моддаи 58. Маҳрум сохтан аз озодӣ
1) Маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷудо кардани шахси маҳкумшуда аз ҷамъият бо роҳи дар колонияҳои ислоҳи сукунат, дар колонияҳои ислоҳи низомашон умумӣ, пурзӯр, сахт, махсус ё дар маҳбас ҷо кардани ӯ иборат аст. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ ё пурзӯр бо тартиби муқаррарнамудаи фасли панҷуми Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷо карда мешаванд (Қонуни ЧТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то бисту панҷ сол муқаррар мешавад. Ҳангоми то баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз ҷониби гунаҳгор барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004
№ 46, аз 21.07.2010
№ 617).
3) Дар сурати иваз кардани ҷазоҳои ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ он метавонад мутобиқан бо назардошти андоза ва мӯҳлати адонагардидаи ин намуди ҷазоҳо ба мӯҳлати камтар аз шаш моҳ таъин гардад (Конуни ЧТ аз 21.07.2010
№ 617).
4) Дар сурати қисман ё пурра ҷамъ кардани мӯҳлатҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳангоми таъин намудани ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҷинояту ҳукмҳо, мӯҳлати ҳадди аксари маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
5) Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҷойҳои зерин таъин мешавад:
а) барои шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда ва ба мӯҳлати на зиёдтар аз панҷ сол бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳи сукунат (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, инчунин шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) барои шахсоне, ки бори аввал ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 1.03.2005
№ 86);
е) ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои рецидиви махсусан хавфнок мумкин аст дар маҳбас адо кардани қисми мӯҳлати ҷазо таъин шавад, вале на зиёдтар аз панҷ сол (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
6) Ба занони ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда адои ҷазо дар колонияи ислоҳи низоми зерин таъин карда мешавад:
а) дар ҳолати рецидивӣ махсусан хавфнок - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт;
б) барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содир намуда - дар колонияҳои ислоҳи сукунат;
в) дигар заноне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми умумӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
7) Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои дигар суд метавонад бо зикри далелҳои қабули қарор низоми сабуктари адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.
8) Намуди бо ҳукм таъиншудаи муассисаи ислоҳиро суд мутобиқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир медиҳад.
Моддаи 58(1). Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан
(Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86)
1) Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан танҳо ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад.
2) Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба шастусесолагӣ расидаанд, таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
1) Ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои зерин муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми сеюми моддаи 179), геносид (моддаи 398), биосид (моддаи 399) (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 17.05.2004
№ 35).
2) Қатл ба зан ё шахси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45).
3) Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
Моддаи 60. Асосҳои умумии таъини ҷазо
1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи муқаррарнамудаи моддаи Қисми махсус боназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Намуди ҷазои нисбатан сахттар аз ҷумлаи ҷазоҳое, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди ҷазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба мақсади ҷазоро таъмин карда натавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҳангоми таъини ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи ҷабрдидаро аз рӯи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ба назар мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1661).
Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд
1) Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:
а) бори аввал содир намудани ҷиноят;
б) ноболиғ будани гунаҳгор;
в) ҳомиладор будан;
г) кӯдакони хурдсол доштани гунаҳгор;
д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рӯи дилсӯзӣ содир намудани ҷиноят;
е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳие, ки сабаби он зӯроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;
ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан, дасггир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;
з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ё вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натиҷаи ҷиноят бадастомада (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кӯмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.
2) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест.
3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари дар қисми якуми ҳамин модда зикрнагардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.
Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд
1) Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо инҳо мебошанд:
а) такроран содир намудани ҷиноят, ретсидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;
б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;
в) дар ҳайати гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят;
д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани шахсоне, ки гирифтори бемории рӯҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин шахсони хурдсол ё ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати маҳалгароӣ, миллӣ, нажодӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қассосгирӣ барои амалҳои қонунии шахсони дигар, инчунин бо мақсади рӯпӯш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
ж) дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кӯдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад;
з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ ё ҷамъиятиаш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;
к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус садизм, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
л) содир намудани ҷиноят бо истифодаи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқулодда, офати табиӣ ё фалокатҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;
н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда;
о) қасдан содир намудани ҷиноят нисбати падару модар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё дигар нияти нопоку паст.
2) Суд метавонад вобаста ба хусусияти ҷиноят ҳолатҳои дар бандҳои "а", "н" ва "о" зикргардидаро ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф накунад.
3) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро суд такроран ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ба назар гирифта наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Ҳангоми таъини ҷазо суд ҳолатҳои дар ҳамин модда зикрнагардидаро ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда наметавонад.
Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст
1) Дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои мустаснои вобаста бо мақсаду ниятҳо, нақши гунаҳгор, рафтори ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят ё пас аз он ё ҳолатҳои дигаре, ки дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро хеле кам мекунанд ва ҳамчунин дар ҳолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии ҷинояти гурӯҳӣ барои ошкор намудани ҷинояти содирнамудаи гурӯҳ, мумкин аст ҷазо аз ҳадди поёнии дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба ҷазои дар ин модда пешбинигардида ҷазои сабуктар таъин намояд ё ҷазои иловагиро, ки ба сифати ҷазои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст, таъин накунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳолатҳои алоҳидаи сабуккунанда ва ҳам маҷмӯи чунин ҳолатҳо метавонанд ҳамчун ҳолатҳои мустасно эътироф карда шаванд.
3) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 64. Таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти нотамом ҳолатҳое ба назар гирифта мешаванд, ки бо сабаби онҳо ҷиноят то ба охир расонида нашудааст.
2) Мӯҳлат ё андозаи ҷазо барои тайёрӣ ба ҷиноят аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.
3) Мӯҳлат ё андозаи ҷазо барои сӯиқасди ҷиноят аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.
4) Барои тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯйқасди ҷиноят ҷазои қатл ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 1.03.2005
№ 86).
Моддаи 65. Таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар шарикӣ
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии шахс дар содир намудани он, аҳамияти ин иштирок дар муваффақ шудан ба мақсади ҷиноят, таъсири ӯ ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ё зарари имконпазир ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи марбут ба шахсияти яке аз шарикон ҳангоми таъин намудани ҷазо танҳо нисбат ба ин шарик ба назар гирифта мешавад.
Моддаи 66. Таъини ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар ҳолати рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо шумора, хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои қаблан содиршуда, ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо таъсири ислоҳкунии ҷазои қаблӣ нокифоя буд, инчунин хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои нав содиргардида ба назар гирифта мешавад.
2) Мӯҳлати ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо на камтар аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, дар ҳолати рецидиви хавфноки ҷиноятҳо - на камтар аз се ду ҳисса ва дар ҳолати рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо - на камтар аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Агар дар моддаи (қисми моддаи) Қисми махсуси ҳамин Кодекс ҳолат рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфнок ҳамчун аломати таснифкунанда ишора гардида бошад, дар ин маврид ҷазо барои ҷинояти содир намуда бидуни дарназардошти қоидаҳои пешбинӣ намудаи қисми дуюми ҳамин модда таъин карда мешавад.
4) Муқаррароти моддаи мазкур барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 67. Таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо
1) Дар сурати содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо суд барои ҳар ҷиноят алоҳида ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) таъин намуда, бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоиро муайян менамояд.
2) Агар маҷмӯи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна дар бар гирифта бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳо таъин карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷазои ниҳоӣ ҳангоми зам кардан набояд аз мӯҳлат ё андозаи ҷазои болоие, ки барои содир намудани ҷинояти нисбатан вазнинтар, аз ҷумлаи ҷиноятҳои содиршуда пешбинӣ гардидааст, сахттар бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёдтар бошад. Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 1.03.2005
№ 86, аз 31.12.2008
№ 451, аз 21.07.2010
№ 617).
4) Агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Ба ҷазои асосии барои маҷмӯи ҷиноятҳо таъиншуда метавонанд ҷазоҳои иловагие ҳамроҳ карда шаванд, ки барои ҷиноятҳои маҷмӯи ҷиноятҳоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Агар барои якчанд ҷиноятҳо як намуди ҷазои иловагӣ таъин гардида бошад, он гоҳ мӯҳлат ва андозаи ҷазои ниҳоӣ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда, вале на зиёда аз мӯҳлат ё андозаи ҳадди аксаре, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ҳар як намуди ҷазо пешбинӣ шудааст, муайян карда мешавад. Ҷазоҳои иловагии гуногуннамуд бояд мустақилона иҷро карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
6) Агар пас аз баровардаии ҳукм аз рӯи парванда муқаррар гардад, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти дигари то баровардани ҳукм аз рӯи парвандаи аввал низ гунаҳгор мебошад, ҷазо бо қоидаҳои дар ҳамин модда зикргардида таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои аз рӯи ҳукми аввали суд адогардида ба мӯҳлати ниҳоии ҷазо ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 68. Таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо
1) Агар маҳкумшуда пас аз баровардани ҳукм, вале то адои пурраи ҷазо ҷинояти нав содир карда бошад, суд ҷазоеро, ки аз рӯи ҳукми пештара то охир адо нашудааст пурра ё қисман ба ҷазои дар асоси ҳукми нав таъиншуда зам мекунад.
2) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо, дар ҳолате, ки агар он бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набошад, аз мӯҳлат ва андозаи баландтарине, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намудҳои ҷазо муқаррар гардидааст, зиёд буда наметавонад.Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои ба маҷмӯи ҳукмҳо дохилбуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
3) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ метавонад аз мӯҳлати баландтарини ҷазое, ки дар ҳамин Кодекс барои ҷиноят аз рӯи ҳукми охир пешбинӣ шудааст, баландтар бошад, вале на зиёда аз сӣ солро ташкил кунад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
4) Дар мавриди таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо, агар бо яке аз ҳукмҳо ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шуда бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
5) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бояд ҳам аз ҷазои барои содир намудани ҷинояти нав таъиншуда ва ҳам аз қисми то охир адонашудаи ҷазо аз рӯи ҳукми пештараи суд зиёдтар бошад.
6) Ба ҷазои асосӣ ҳамроҳ кардани ҷазоҳои иловагии аз рӯи ҳукми пештара иҷронашуда мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 67 ҳамин Кодекс сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 69. Тартиби муайян кардани мӯҳлати ҷазо ҳангоми замкардани он
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Дар ҳолати қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳо аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробар аст ба (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) як рӯзи нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) ду рӯзи маҳдуд кардани озодӣ;
в) се рӯзи корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) ҳашт соати корҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
д) 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати андозаи ҷаримае, ки доир ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда таъин гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум сохтан аз рутбаи махсус, рутбаи ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк ҳангоми бо маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ зам шуданашон мустақилона иҷро мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 70. Ҳисоб кардани мӯҳлати ҷазо ва ба ҳисоб гирифтани ҷазо
1) Мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ бо моҳ ва сол инчунин корҳои ҳатмӣ - бо соатҳо ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳангоми иваз ё зам кардани ҷазоҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, инчунин ҳангоми ба ҳисоб гирифтани ҷазо, мӯҳлатро бо шабонарӯз ҳисоб кардан мумкин аст.
3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда дар намуди ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳукуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд. Дар ин маврид ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур, тартиби муайяннамудаи қисми 10 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
4) То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ба мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рӯз баробари як рӯз, дар шакли маҳдуд кардани озодӣ - як рӯз баробари ду рӯз, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ - як рӯз баробари се рӯз, корҳои ҳатмӣ - як рӯз баробари ҳашт соати корҳои ҳатмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
5) То эътибори қонунӣ пайдо кардани хукм дар ҳабс нигоҳ доштан ё адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, ки бо ҳукми суд барои ҷинояти дар хориҷа содирнамуда таъин шудааст, дар ҳолати мутобиқи моддаи 16 ҳамин Кодекс супурда шудани шахс, як рӯз баробари як рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
6) Вақте, ки дар давоми он нисбати шахси пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемории рӯҳӣ гардида чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ карда шудаанд, ба мӯҳлати ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 71. Шартан татбиқ накардани ҷазо
1) Агар суд ҷазоро дар намуди корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда, ба хулосае ояд, ки ислоҳ кардани маҳкумшуда бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст, он гоҳ метавонад дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои сабуку вазнинкунандаро ба назар мегирад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин ва инчунин қаблан барои ҷинояти қасдона ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, ба истиснои ноболиғон, маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафақа расидаанд, татбиқ карда намешавад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти бо қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур пешбинишуда ба ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, татбиқ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 19.07.2022 №1896).
3) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо суд мӯҳлати санҷиш муқаррар менамояд, ки дар давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад. Мӯҳлати санҷиш бо давомнокии аз як то панҷ сол таъин гардида, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
4) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо мумкин аст ҷазоҳои иловагӣ, ба истиснои мусодираи молу мулк, таъин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
5) Суд дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намуда, метавонад иҷрои вазифаҳои муайяни зеринро ба зиммаи маҳкумшуда гузорад: дар мӯҳлати муайян зарари расонидаро барқарор намудан, иваз накардани истиқоматгоҳи доимӣ, ҷои кор ё таҳсил бидуни огоҳ кардани мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат мекунанд, ба ҷойҳои муайян нарафтан, ба кор ё таҳсил дохил шудан, даври муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ ё касалиҳои зуҳравӣ тамом кардан, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани оила.
6) Агар маҳкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи мӯҳлати санҷиш бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти ба рафтори маҳкумшуда назораткунанда метавонад дар хусуси бекор кардани маҳкумӣ ва бардоштани доғи судӣ қарор қабул намояд.
7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ дода барои содир намудани он ба ӯ ҷазои маъмурӣ таъин шуда бошад ё ашаддӣ аз ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркашӣ намояд, суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти дар қисми нӯҳуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумшавӣ ва барои адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
8) Агар маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати санҷиш ҷинояти нав содир намояд, суд шартан татбиқ накардани ҷазоро бекор намуда, мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ҷазо таъин мекунад.
9) Ба рафтори маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо таъин карда шудааст - мақоми ваколатдори давлатӣ, ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ бошад - фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗО
БОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 72. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617)
1) Шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна содир кардааст, агар пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шавад ё ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ё зарари расонидаашро талофӣ намояд ё ин ки ба тариқи дигар зиёни расонидаашро рафъ кунад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Шахсе, ки категорияи дигари ҷиноятро содир намудааст, танҳо дар ҳолатҳое, ки махсус дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617, аз 14.11.2016
№ 1359).
Моддаи 73. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Агар шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо ҷабрдида оштӣ шуда, зарари ба ҷабрдида расонидаашро талофӣ карда бошад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 74. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият
Шахси бори аввал содиркардаи ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна мумкин аст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар муқаррар гардад, ки бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ин шахс ва ё кирдори содирнамудаи ӯ дигар барои ҷамъият хавфнок нест (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 75. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан
1) Агар аз рӯзи содир шудани ҷиноят мӯҳлати зерин гузашта бошад, шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад:
а) ду сол пас аз содир намудани ҷинояти начандон вазнин;
б) шаш сол пас аз содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна;
в) даҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти вазнин;
г) понздаҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди қисми панҷуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир шудани ҷиноят то рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
3) Агар шахс аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд, ҷараёни мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада, ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор карда мешавад. Зимнан, агар аз вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир намудани ҷинояти нав қать нагардида бошад, ин шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.
4) Агар то гузаштани мӯҳлати дар ҳамин модда зикрёфта шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурӯъ гардида, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад.
5) Масъалаи истифодаи мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро нисбати шахси содирнамудаи ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд. Агар суд бо сабаби гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсро имконнопазир донад, ба ӯ ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад (Қонуни ЧТ аз 1.03.2005
№ 86).
6) Нисбати шахсоне, ки ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан татбиқ карда намешавад (
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).
БОБИ 12. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАЗО
Моддаи 76. Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан
1) Шахсе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо карда истодааст, агар ӯ бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ислоҳ шудани худро исбот кунад, суд метавонад ӯро шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кунад. Дар айни замон ин шахсро пурра ё қисман аз адои ҷазои иловагӣ озод намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Суд шахсро шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда метавонад ба зиммааш ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 71 ҳамин Кодексро гузорад, ки шахс бояд дар давоми қисми адонашудаи ҷазо онҳоро иҷро кунад.
3) Шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда танҳо дар мавриди воқеан мӯҳлати зеринро адо намудани ӯ имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин гардидааст;
б) на камтар аз се ду қисми ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;
в) на камтар аз чор се ҳиссаи ҷазои барои ҷинояти махсусан вазнин таъиншуда, инчунин ҷазое, ки ба шахси қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озодгардида таъин шудааст, агар шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан тибқи асосҳои дар қисми шашуми ҳамин модда пешбигардида бекор карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Мӯҳлати ҷазои воқеан адонамудаи шахс дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз шаш моҳ камтар буда наметавонад.
5) Ба рафтори шахсе, ки шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, мақоми давлатии ваколатдор ва ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд.
6) Агар дар давоми мӯҳлати боқимондаи ҷазои адонашуда:
а) маҳкумшуда тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва барои он ба ӯ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда бошад ё аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ҳангоми шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани ӯ ба зиммааш гузоштааст, ашаддӣ саркашӣ намояд, суд бо дархости мақомоти дар қисми панҷуми ҳамин модда зикргардида дар хусуси бекор кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми ҷазои адонашуда қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) маҳкумшуда ҷиноят содир намояд, суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ба ӯ ҷазо таъин мекунад.
7) Шахсони зайл дар ҳолатҳои зерин шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) шахсе, ки нисбати ӯ ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86);
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) ташкилкунанда, иштирокчиёни гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
г) шахсе, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудааст (
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).
Моддаи 77. Ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо
1) Ба шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунад, суд бо дарназардошти рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо, қисми адонашудаи ҷазоро бо намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда метавонад. Дар айни замон шахс метавонад пурра ё қисман аз намуди адои ҷазои иловагӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Дар сурати иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо суд метавонад мутобиқи намудҳои ҷазоҳое, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, намуди сабуктари ҷазоро дар доираи ин намуди ҷазои пешбиникардаи ҳамин Кодекс интихоб намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани ҷазо пас аз воқеан мӯҳлати зеринро адо намудани маҳкумшуда татбиқ шуда метавонад, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617):
а) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки суд барои ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна таъин кардааст;
б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки суд барои ҷинояти вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунад;
в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки суд барои ҷинояти махсусан вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод кардан, ё ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кардааст.
4) Нисбати шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
5) Агар шахс ҳангоми адои ҷазои нисбатан сабуктар ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида қисми адонашудаи ҷазои сабуктарро ба ҷазои барои содир намудани ҷинояти нав таъиншуда ҳамроҳ мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
6) Қисми ҷазои адонакардаи шахсони дар қисми ҳафтуми моддаи 76 ҳамин Кодекс номбаршуда бо ҷазои нисбатан сабук иваз карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
7) Дар мавриди аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ тартиби пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 78. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кӯдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Нисбати зани маҳкумшуда адои ҷазо дар сурате мавқуф гузошта мешавад, ки оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ӯ зиндагӣ кардан розигӣ додаанд ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кӯдак имконият доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Агар зани маҳкумшудаи ки нисбати он адои ҷазо мавқуф гузошта шудааст аз кӯдак даст кашад ё ӯро ба ятимхона супорад, аз маҳалли сукунат ғайб зада бошад ё аз тарбияи кӯдак ва нигоҳубини ӯ саркашӣ намояд, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус мақоми ба ӯ назораткунанда зиёда аз ду маротиба ӯро хаттӣ огоҳ карда бошад, суд метавонад зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Пас аз ҳаштсола шудани кӯдак ё дар ҳолати вафот кардани ӯ, суд вобаста ба рафтори зани маҳкумшуда метавонад ӯро аз адои ҷазо озод кунад ё онро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд ва ё зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад. Дар ин ҳолат суд метавонад вақтеро, ки дар давоми он зани маҳкумшуда мӯҳлати ҷазоро адо накарда аст, пурра ё қисман ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Агар зани маҳкумшуда дар давраи мавқуф гузоштани адои ҷазо ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ӯ ҷазо таъин мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 79. Бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан
1) Суд шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда, имконияти дарки воқеии амалҳои худ ва идора кардани онҳоро аз даст додааст, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод мекунад. Ба чунин шахс суд метавонад чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин намояд.
2) Шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм мубталои бемории дигари вазнине гардидааст, ки монеи адои ҷазо мебошад, суд метавонад аз адо намудани ҷазо озод кунад ё ин ҷазоро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд. Зимнан вазнинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, хусусияти беморӣ ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.
3) Хизматчиёни ҳарбие, ки ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми харбии интизомӣ маҳкум шудаанд, дар ҳолати мубталои беморие шуданашон, ки дар натиҷаи он барои хизмат ношоям эътироф мегарданд, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод карда мешаванд. Ҳамчунин қисми адонашудаи ҷазо мумкин аст ба ҷазои дигари нисбатан сабуктар иваз карда шавад.
4) Шахсони дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда зикргардида, дар ҳолати шифо ёфтанашон, агар мӯҳлати дар моддаи 81 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, нагузашта бошад, мумкин аст ҷазо дода шаванд. Дар айни замон вақте, ки дар давоми он нисбати онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ андешида шудаанд, ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 80. Озод кардан аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда
Шахсе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст мумкин аст аз ҷазо озод карда шавад, агар ҷазоро адо намуданаш дар натиҷаи сӯхтор ё офати табиӣ, бемории вазнин ё фавти ягона узви қобили меҳнати оила ё ҳолатҳои дигари фавқулодда метавонад барои маҳкумшуда ё оилаи ӯ боиси оқибатҳои хеле вазнин гардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 81. Озод кардан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ
1) Агар хукми айбдоркунӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо карданаш дар мӯҳлати зерин ба иҷро расонида нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад:
а) ду сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти начандон вазнин;
б) шаш сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти дараҷаи миёна;
в) даҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти вазнин;
г) понздаҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди қисми чоруми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Агар маҳкумшуда аз адои ҷазо саркашӣ кунад, мӯҳлати иҷрои ҳукм боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати иҷрои ҳукм аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор мешавад. Дар айни замон, агар аз вақти баровардани ҳукм бист сол гузашта, мӯҳлати иҷрои ҳукм қатъ нашуда бошад, ҳукми айбдоркунӣ ба иҷро расонида намешавад.
3) Агар то гузаштани мӯҳлати дар ҳамин модда зикргардида шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир кунад, мӯҳлати иҷрои ҳукм қатъ мегардад. Дар ин ҳолат ҳисоби мӯҳлати иҷрои ҳукм аз сари нав аз рӯзи содир намудани ҷинояти нав шурӯъ мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Масъалаи нисбати шахси ба ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкумшуда татбиқ намудани мӯҳлати иҷрои ҳукмро суд ҳал мекунад. Агар суд татбиқи мӯҳлати иҷрои ҳукмро имконнопазир донад, ин намуди ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
5) Нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудаанд, мӯҳлати иҷрои ҳукм татбиқ карда намешавад (
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).
БОБИ 13. АВФ. БАХШИШИ ҶАЗО. ДОҒИ СУДӢ. САФЕДКУНӢ
1) Авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
2) Бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
1) Бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад.
2) Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.
Эзоҳ ба моддаҳои 82 ва 83: Татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо барои ҳуқуқи ҷабрдида дар мавриди гирифтани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда монеъ шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
1) Шахс доғи судӣ дошта эътироф карда мешавад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Шахс доғи судӣ надошта ҳисоб мешавад:
а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин санадҳо;
б) дар сурати қабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;
в) дар сурати қабул намудани қонуни нави ҷиноятӣ, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин қонун;
г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи 90 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;
д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ - аз рӯзи гузаштани мӯҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Доғи судӣ дар мӯҳлати зерин барҳам мехӯрад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) ба маҳкумшудае, ки нисбати ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) нисбати шахсоне, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд бо гузаштани як сол пас аз тамом кардани мӯҳлати таъиншудаи ҷазо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
д) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
4) Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад.
5) Агар шахс то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад.
6) Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доғи судиашро то тамом шудани мӯҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин мӯҳлат бекор кунад.
7) Барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
1) Шахсе, ки ҷиноят содир накарда, беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё ғайриқонунӣ маҳкум гардидааст, бояд сафед карда шавад, яъне суд далели беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё ғайриқонунӣ маҳкум шудани ӯро эътироф намояд.
2) Ҳамаи ҳуқуқҳои шахси сафедкардашуда пурра барқарор карда, аз ӯ ё дар ҳолати зарурӣ аз хешовандони ӯ аз номи давлат узр хоста мешавад, ки дар ҳолати ба нашр мухолиф набудани ӯ ё хешовандонаш, дар матбуоти маҳалли зисти шахси сафед- кардашуда ба табъ расонида мешавад.
3) Зарареро, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданаш расонида шудааст, давлат пурра талофӣ менамояд.
ФАСЛИ V. ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТИИ НОБОЛИҒОН
БОБИ 14. ХУСУСИЯТҲОИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗОДИҲИИ НОБОЛИҒОН
Моддаи 86. Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон
1) Шахсоне ноболиғ эътироф мегарданд, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Ба ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, мумкин аст ҷазо ё чораҳои маҷбуркунӣ дорои хусусияти тарбиявӣ дошта таъин карда шаванд.
Моддаи 87. Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд
1) Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд, аз инҳо иборатанд:
а) ҷарима (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617);
б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617);
в) корҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617);
г) корҳои ислоҳӣ;
д) маҳрум сохтан аз озодӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҷарима танҳо дар сурате таъин карда мешавад, ки ноболиғ даромади мустақилона ё молу мулке дошта бошад, ки ба он ҷарима андохтан мумкин аст. Ҷарима ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 06.10.2008
№ 422).
3) Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ноболиғон ба мӯҳлати аз як то ду сол таъин карда мешавад. Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида андозаи ниҳоии ҷарима аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад. Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудани ноболиғ аз пардохти ҷарима ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима суд ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) мутобиқи тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 ҳамин Кодекс иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
4) Корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз чил то як саду шаст соат таъин карда мешавад, ки он аз иҷрои корҳои барои ноболиғон мувофиқ берун аз вақти таҳсил ё корҳои асосӣ иборат аст. Давомнокии иҷрои чунин намуди ҷазо нисбати ноболиғони то синни шонздаҳсола аз ду соат дар як рӯз ва нисбати ноболиғони синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола аз се соат дар як рӯз зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
5) Корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба ноболиғон дар ҷои корашон ба мӯҳлати аз ду моҳ то як сол таъин карда мешаванд. Дар айни замон аз панҷ то понздаҳ фоизи музди меҳнати маҳкумшудагон ба ҳисоби даромади давлат нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
6) Ба ноболиғоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир намудаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи Қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дигар намуди ҷазоро пешбинӣ накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набудаи дар Қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи Қисми умумии ҳамин Кодекс таъин менамояд. Маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати ноболиғоне таъин карда мешавад, ки (Қонуни ҶТ аз 17.05.2010
№ 617):
а) дар синни то шонздаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то ҳафт сол;
б) дар синни аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то даҳ сол (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
7) Маҳрум сохтан аз озодиро ноболиғон дар ҷойҳои зерин адо мекунанд:
а) ноболиғони ҷинси марде, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ноболиғони ҷинси зан - дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ;
б) ноболиғони ҷинси марде, ки қаблан маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд - дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми пурзӯр.
Моддаи 88. Таъин намудани ҷазо ба ноболиғон
1) Ҳангоми ба ноболиғ таъин намудани ҷазо, ба ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 60 ҳамин Кодекс пешбинигардида, инчунин шароити зиндагӣ ва тарбияи ӯ, дараҷаи инкишофи рӯҳӣ, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои дигари шахсӣ, инчунин таъсири шахсони дигар ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Ба шахсе, ки дар синни аз чордаҳсолагӣ то шонздаҳсолагӣ якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин мебошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо аз даҳ сол зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ба шахсе, ки дар синни аз шонздаҳсолагӣ то ҳаждаҳсолагӣ якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин аст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо аз дувоздаҳ сол зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Андозаи ниҳоии ҷазои ҷарима ба ноболиғон барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва ё аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо доир ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 89. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта
1) Агар ҳисоб карда шавад, ки ислоҳи ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта имконпазир аст, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ба ноболиғ чунин чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин кардан мумкин аст:
а) огоҳ кардан;
б) ба назорати падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ё мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон супурдан (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба зимма гузоштани ӯҳдадории барқарор кардани зарари расонидашуда;
г) маҳдуд кардани фароғат ва муқаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.
3) Ба ноболиғ мумкин аст ҳамзамон якчанд чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шавад. Давомнокии мӯҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии таъсиррасонии тарбиявиро, ки дар бандҳои "б" ва "г" қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, мақоми таъиннамудаи ин чораҳо муқаррар менамояд.
4) Дар ҳолати мунтазам аз чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта саркашӣ намудани ноболиғ, он бо дархости мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон бекор карда шуда, мавод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ноболиғ мувофиқи қонун ба мақоми дахлдор фиристода мешавад.
Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон
1) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд бо татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки дар қисми дуюми моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, аз ҷазо озод карда шавад.
2) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд аз ҷазо озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки мақсадҳои ҷазо мумкин аст танҳо бо роҳи ҷойгир кардани ӯ дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатӣ-тарбиявӣ барои ноболиғон ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид мӯҳлати дар муассисаи нишондодашуда нигоҳ доштан аз мӯҳлати ҳадди болоии ҷазо, ки Кодекси мазкур барои ҷинояти содиркардаи ноболиғ пешбинӣ намудааст, зиёд буда наметавонад.
3) Нигоҳ доштани ноболиғ дар муассисаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда нишон додашуда мумкин аст то ба охир расидани мӯҳлате, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ кардааст, қатъ карда шавад, агар тибқи хулосаи мақоми махсуси давлатӣ, ки ислоҳшавиро таъмин менамояд, ноболиғ барои ислоҳшавии худ ба татбиқи минбаъдаи чораи мазкур дигар эҳтиёҷ надошта бошад. Дароз кардани мӯҳлати нигоҳ доштан дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатӣ-тарбиявӣ барои ноболиғон баъди ба охир расидани мӯҳлати пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда танҳо дар мавриди зарурати ба охир расидани тайёрии таҳсилоти умумӣ ё касбӣ роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 91. Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудани ноболиғон
1) Шахсоне, ки дар синну соли ноболиғӣ ҷиноят содир намуда, ба корҳои ислоҳӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, пас аз воқеан адо намудани мӯҳлати зерин метавонанд шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386):
а) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;
б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;
в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст.
Моддаи 92. Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани ҷазо
1) Ба шахсе, ки барои ҷинояти дар синни то ҳаждаҳсолагӣ содирнамудааш бо маҳрум сохтан аз озодӣ ё бо корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст, қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо нисбати шахси маҳкумшуда дар сурате татбиқ шуданаш мумкин аст, ки агар ӯ бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ё таълим роҳи ислоҳшавиро пеша карда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани қисми мӯҳлати адонашудаи ҷазо дар ҳолати воқеан адо намудани мӯҳлати зерин имконпазир аст, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617):
а) на камтар аз чоряки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;
б) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;
в) на камтар аз нисфи мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст, инчунин барои ҷинояти қасдона, агар шахс қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад.
4) Ҳангоми бо корҳои ислоҳӣ иваз кардани қисми адонашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ, онҳо дар доираи мӯҳлатҳои барои ин намуди ҷазо муқарраргардида таъин шуда, набояд аз мӯҳлати адонашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ зиёдтар бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
5) Нисбати шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 91 ҳамин Кодекс тадбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
6) Агар шахсе, ки ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаҳои 68 ва 88 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ӯ ҷазо таъин менамояд.
7) Дар мавриди аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ, тартиби пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 93. Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукм
Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукми айбдоркунии дар моддаҳои 75 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳангоми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои мӯҳлати ҷазо озод намудани ноболиғон нисфи он ихтисор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 94. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ
Барои шахсоне, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати дар қисми сеюми моддаи 84 ҳамин Кодекс пешбинигардидаи барҳам додани доғи судӣ ихтисор гардида, мутобиқан баробар аст ба (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) як сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна;
б) се сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 95. Татбиқи муқаррароти ҳамин боб нисбати шахсони аз ҳаждаҳ то бистсола
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
Дар ҳолатҳои истисно, бо дарназардошти кирдори содиршуда ва шахсият, суд метавонад нисбат ба шахсоне, ки дар синни аз ҳаждаҳсолагӣ то бистсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, муқаррароти ҳамин бобро татбиқ намояд, ба ғайр аз дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир кардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
ФАСЛИ VI. ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ
БОБИ 15. МАҚСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАН ВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ
Моддаи 96. Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
Мақсад аз татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ - ин муолиҷаи шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 97 ҳамин Кодекс зикргардида ё беҳбуди ҳолати рӯҳии онҳо, инчунин пешгирии кирдорҳои наве, ки метавонад аз ҷониби онҳо содир шавад ва дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.07.2016
№ 1330).
Моддаи 97. Асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро суд метавонад ба шахсони зерин таъин намояд, ки кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дар ҳолатҳои зерин содир намудаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) дар ҳолати номукаллафӣ;
б) пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемориҳои рӯҳие гардидаанд, ки таъин ё иҷрои ҷазоро имконнопазир месозанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) дар ҳолати ҷой доштани мукаллафии маҳдуд;
г) ҷиноят содир намуда, мӯҳтоҷи табобат аз майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил, мебошанд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015
№ 1228, аз 23.07.2016
№ 1330).
2) Тартиби ба иҷро расонидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ҷинояти начандон вазнин содир намудаанд, инчунин шахсоне, ки аз рӯи ҳолати рӯҳияшон хавфе надоранд, суд метавонад маводҳои заруриро ба мақомоти тандурустӣ барои ҳалли масъалаи табобати ин шахсон ё фиристонидани онҳо ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳу асаб мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 98. Намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Суд намудҳои зерини чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин карда метавонад:
а) назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ (психиатр);
б) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рӯҳӣ;
в) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ;
г) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати пуршиддат.
2) Ба шахсоне, ки барои дар ҳолати мукаллафӣ содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҳкум шудаанд, вале ба табобати майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания, ё бемории сил ва ё бемориҳои рӯҳии мукаллафиро истиснонакунанда эҳтиёҷ доранд, суд дар баробари ҷазо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобатро дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ ё сил таъин карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.11.2015
№ 1228, аз 23.07.2016
№ 1330).
Моддаи 99. Таъин намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар шахс тибқи ҳолати рӯҳии худ барои ҷойгиркунӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ эҳтиёҷ надошта бошад, мумкин аст назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ таъин карда шавад.
2) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар хусусият ва вазнинии бемории рӯҳии шахс чунин шароити табобат, нигоҳубин, нигоҳдорӣ ва назоратро талаб кунад, ки танҳо дар шароити шифохона имконпазир бошад, метавонад табобати маҷбурӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ таъин карда шавад.
3) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рӯҳӣ танҳо ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ ба ҷой кардан дар шифохона эҳтиёҷ дорад, вале назорати пуршиддатро талаб намекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ назорати доимиро талаб мекунад.
5) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати пуршиддат метавонад ба шахсе таъин карда шавад, ки аз рӯи ҳолати рӯҳиаш барои худ ва шахсони дигар махсусан хавфнок буда, назорати доимию шадидро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 100. Дароз кардани мӯҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Дароз кардани мӯҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.
2) Дар ҳолати ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ эҳтиёҷ надоштани шахси рӯҳан бемор, инчунин дар ҳолати бекор карда шудани онҳо суд метавонад чунин шахсро барои ҳалли масъалаи тибқи асосҳои умумӣ табобат кардан ба мақомоти тандурустӣ супорад ё ба муассисаи таъминоти иҷтимоӣ фиристад ё ин ки ӯро бо шарти назорати ҳатмии духтурон ба парастории хешовандон ё васиён диҳад.
Моддаи 101. Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбати шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил
1) Дар ҳолати ҷиноят содир намудани шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил суд дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ метавонад дар баробари ҷазо ба онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро низ таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.11.2015
№ 1228, аз 23.07.2016
№ 1330).
2) Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба намуди ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда маҳкум шудаанд, бояд дар муассисаҳои тиббӣ маҷбуран табобат карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
3) Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бояд дар маҳалли адои ҷазо ва пас аз озод шуданашон, дар ҳолати ҷой доштани зарурат барои идома додани табобат, тибқи асосҳои умумӣ дар муассисаҳои тиббӣ табобат карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 102. Ба ҳисоб гарифтани вақти татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
Мӯҳлате, ки дар давоми он ба шахси пас аз содир намудани ҷиноят ба бемории рӯҳӣ гирифторшуда чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудаанд, дар ҳолати шифо ёфтани ӯ ва таъин шудани ҷазо ё барқарор намудани татбиқи он, ба ҳисоби як рӯзи дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ баробар ба як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 103. Табобати маҷбурӣ якҷоя бо татбиқи ҷазо
1) Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 98 ҳамин Кодекс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар маҳалли адо намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати шахсони ба намудҳои дигари ҷазо маҳкумшуда бошад дар муассисаҳои мақомоти тиббие ба иҷро расонида мешаванд, ки ба беморони рӯҳӣ кӯмаки амбулатории психиатрӣ мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ суд метавонад чунин шахсро ҷиҳати табобат ба шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ ё муассисаи дигари табобатӣ фиристад, агар ин ба ҳолати рӯҳии маҳкумшуда асос ёфта, ба манфиати табобат бошад.
3) Вақти табобат дар муассисаҳои нобурда ба мӯҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати аз байн рафтани зарурати табобати маҳкумшуда дар муассисаҳои номбурда, ӯ бо қарори суд мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми чоруми ҳамин модда, барои адои мӯҳлати боқимондаи ҷазо фиристода мешавад.
4) Чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии якҷоя бо иҷрои ҷазо таъингардидаро суд бо пешниҳоди мақомоти татбиқкунандаи ҷазо, дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ, қатъ мекунад.
ҚИСМИ МАХСУС
ФАСЛИ VII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ШАХСИЯТ
БОБИ 16. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТӢ
1) Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Куштани:
а) ду шахс ё бештар аз он;
б) шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
д) зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст;
е) одам бо бераҳмии махсус;
ж) одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок;
з) одам аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
и) одам бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ ё бандитизм (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
к) одам аз ҳиссиёти авбошӣ;
л) одам бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;
м) одам бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ;
н) одам бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;
о) одам дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 403 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45);
п) одам дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ё такроран ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004
№ 46, аз 1.03.2005
№ 86, аз 18.06.2008
№ 386, аз 31.12.2008
№ 451, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 105. Кӯдаки навзоди худро куштани модар
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Кӯдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати харобии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рӯҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 106. Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ
1) Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон бо сабаби зӯроварӣ, таҳқир, ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами зиддиҳуқуқӣ ё рафтории бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Дар ҳолати ҷунун куштани ду ё бештар шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 107. Одамкуши дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содиркарда заруранд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Одамкушӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 108. Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан
1) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан дар натиҷаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор иҷро накардани шахс, инчунин аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду ва ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан
1) Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе,ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
1) Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё аз кор мондани ин узв, қатъ гардидани ҳомиладорӣ ё дар бадсуратии ислоҳнопазири рӯй ифода ёфтааст, инчунин расонидани зарари дигар ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии зиёди саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ гардидаст ё гунаҳгор баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани қобилияти меҳнатии касбӣ ё бемории рӯҳӣ, нашъамандӣ ва ё токсикомания мегардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар он:
а) нисбати ду ва ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) нисбати шахси баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) нисбати шахси рабудашуда ё гаравгон;
д) бо бераҳмии махсус;
е) бо усули хатари умумидошта (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
ж) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
з) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;
и) бо нияти ғаразнок ё бо кирояи зархаридон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
к) бо ҳиссиёти авбошона;
л) бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;
м) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
н) бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;
о) такроран ё аз ҷониби шахсони қаблан барои одамкушӣ маҳкумшуда содир гардидааст, ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир гардида бошанд;
в) аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 31.12.2008
№ 451, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 111. Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ
1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тӯлонии саломатӣ ё ба таври устувору назаррас аз даст додани камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдоре, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) бо бераҳмии махсус;
д) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;
е) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
ж) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан содирнамудаи ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё одамкушии пешбининамудаи моддаҳоии 104 ва 110 ҳамин Кодекс содир гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 112. Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ
Расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба мӯҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 113. Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ
1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон дар асари зӯроварӣ, таҳқир ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби кирдори мунтазами зиддиҳуқуқӣ ё рафтори бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз сад то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар ҳолатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида содир шудааст,
бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 114. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 115. Қасдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани ӯ заруранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати то яксаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани ӯ заруранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Лату кӯб ё содир намудани ҳаракати дигари зӯроварӣ, ки дарди ҷисмонӣ расонидаанд, вале боиси оқибатҳои дар моддаи 112 ҳамин Кодекс зикршуда нагардидаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
1) Азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо роҳи лату кӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ, агар он боиси оқибатҳои дар моддаҳои 110 ва 111 ҳамин Кодекс зикршуда нагардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдоре, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) нисбати баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ё шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар вобастаи гунаҳгор аст, инчунин шахси рабудашуда ё гаравгон гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст;
д) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
е) аз рӯи кирояи зархаридон;
ж) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом содир шудааст (Қонуни ЧТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 16.04.2012
№ 808),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ
аз 16.04.2012 № 808).
Моддаи 118. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 119. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ
1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду бист то дусад соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатии ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 120. Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асоси тарсу ҳарос мавҷуд бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 121. Вайрон кардани қоидаҳои ҷарроҳии пайвандсозӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)
1) Вайрон кардани шарту тартиби бурида гирифтани аъзо ё бофтаҳои бадани инсон ё шарту тартиби дар қонун пешбинигардидаи пайвандсозӣ, ки боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии донор ё ретсипиент гардидааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 122. Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои пайвандсозӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 2.01.2019 № 1554)
1) Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани ҷабрдида барои пайвандсозӣ, ки бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ӯ ё наздиконаш ё бо роҳи таҳдиди несту нобуд кардани молу мулки ӯ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 2.01.2019
№ 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) нисбати шахсе, ки нотавонии ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси таҳти вобастагии моддӣ ё тобеияти дигари гунаҳгор қарордошта;
б) нисбати шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки аз ҷониби:
а) гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) гурӯҳи муташаккил содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 123. Исқоти ғайриқонунии ҳамл (аборт)
1) Исқоти ғайриқонунии ҳамл аз ҷониби шахси дорои маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
3) Ҳаракатҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ӯ гардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 124. Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан
Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан, агар дар натиҷа исқоти ҳамл ба амал бароварда шавад, бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ
ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1330)
1) Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1330),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1330),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зӯҳравӣ
1) Бо касалии зӯҳравӣ сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 127. Дар хатар монондан
1) Дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ӯ ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ӯро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),-
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:
а) боиси марги одамон;
б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 128. Ёрӣ нарасонидан ба бемор
1) Бидуни сабабҳои узрнок ёрӣ нарасондан ба бемор аз ҷониби шахсе, ки вазифадор буд мутобиқи қонун ё қоидаҳои махсус ёрӣ расонад ва он аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии бемор расонидани зарари миёна гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги бемор шуда бошад ё ба саломатӣ зарари вазнин расонда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 129. Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ
1) Иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиётӣ ба саломатии бемор зарари миёна расонида шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422);
2) Ҳамин кирдор, агар он бинобар беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё марги бемор ё мубталои вируси норасоии масунияти одам гардидани бемор шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 23.07.2016
№ 1330),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1555).
3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:
а) боиси марги одамон;
б) дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 2.01.2019
№ 1555).
БОБИ 17. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДӢ, ОБРӮ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ
1) Одамрабоӣ, яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 181 ҳамин Кодекс пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 130(1), 131 ва 181 ҳамин Кодексро содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
д) нисбати шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ӯ огоҳ буд (Конуни ЧТ аз 17.05.2004
№ 35);
ж) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
з) бо ғарази шахсӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда;
в) бо мақсади гирифтани аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида барои пайвандсозӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 2.01.2019
№ 1554);
г) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок:
д) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Шахсе, ки одами рабудаашро ё ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаашро ихтиёрӣ озод мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 130(1). Савдои одамон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)
1. Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008
№ 339, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2. Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) нисбати ду ё зиёда шахс;
г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан барои пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;
ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3. Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554):
а) боиси марги ҷабрдидаи савдои одамон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554)
Моддаи 131. Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамрабоӣ ё ғасби гаравгон алоқаманд намебошад
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 130, 130 (1) ва 181 ҳамин Кодексро содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) ба истифодаи усули барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок;
г) ба истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
д) нисбати шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ӯ огоҳ буд;
ж) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386)-,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрумшуда;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554)
Моддаи 133. Ғайриқонунӣ ҷойгир намудан дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ
1) Ғайриқонунӣ дар шифохонаҳои бемориҳои рӯҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки мӯҳтоҷи чунин шакли муолиҷа намебошад ё ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ӯ дар ин шифохона,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо ғарази шахсӣ;
б) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати ӯ ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки онҳо, паҳн кардани маълумоти тӯҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ин шахсон, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
ба корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 135. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
Моддаи 136. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ
1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007
№ 301),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 137(1). Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1358)
1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,-
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1358).
БОБИ 18. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ ҶИНСӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ҶИНСӢ
Моддаи 138. Таҷовуз ба номус
1) Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан ((Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
2) Таҷовуз ба номусе, ки (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодексро содир кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) аз тарафи гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) боиси ба касалии зӯҳравӣ мубтало гардидании ҷабрдида шудааст;
д) нисбат ба духтари баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
е) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 19.07.2022 №1896).
3) Таҷовуз ба номусе, ки (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
г) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
д) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ ё ба оқибатҳои вазнин оварда расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
е) бо истифодаи силоҳ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати силоҳ хизмат мекунад, содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бисту панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 15.07.2004
№ 46, аз 1.03.2005
№ 86,
аз 19.07.2022 №1896).
Моддаи 139. Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан таҷовуз ба номусро содиркарда;
б) аз тарафи гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст;
д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1896).
3) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
в) нисбат ба хеши наздик содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1896).
4) Ҳаракате, ки дар қисмҳои 1), 2) ё 3) ҳамин модда пешбинӣ шудааст, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.11.2023
№ 1084):
а) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз бист то бисту панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1896).
Моддаи 140. Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Маҷбур намудани шахс ба алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё анҷом додани дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо роҳи иръоб (шантаж) ё таҳдиди несту нобуд, вайрон кардан ё кашида гирифтани молу мулк ё бо истифода аз тобеияти хизматӣ, молу мулкӣ ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 141. Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаҳои 138 ва 139 ҳамин Кодекс пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 19.07.2022
№ 1896).
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
б) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
в) такроран (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084);
г) аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 19.07.2022
№ 1896).
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1896).
3) Ҳамин ҳаракат, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554, аз 19.07.2022
№ 1896).
Моддаи 142. Ҳаракати бадахлоқона
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Анҷом додани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаи 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 19.07.2022
№ 1896).
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаи таълимӣ ва тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 19.07.2022 № 1896);
г) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
3) Ҳаракатҳое, ки дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084).
Моддаи 142(1). Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ
(Қонуни ҶТ
аз 15.03.2016 № 1274)
1) Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар нисбат ба шахси ноболиғ содир шуда бошад ё боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардида бошад,(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1662),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 15.03.2016 № 1274,
аз 19.07.2022 № 1896).
3) Ҳаракатҳое, ки дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то даҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1662,
аз 19.07.2022 № 1896).
Эзоҳ: Ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба шахсе татбиқ карда мешавад, ки ҷиноятро нисбат ба ноболиғ содир кардааст ва он дар санксияи моддаҳои боби мазкур пешбинӣ шудааст - аз манъ кардани ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, ташкил намудани истироҳат ва солимгардонӣ, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон, инчунин машғул шудан ба чунин фаъолият дар асоси инфиродӣ ё фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғонро дар бар гирифтааст, иборат аст (
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896).
БОБИ 19. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Моддаи 143. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон
1) Қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс:
а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматиаш содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808)
1) Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1661),-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1661).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) нисбати зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси баръало ноболиғ ё нисбати маъюб;
г) бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1661).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808, аз 2.01.2020
№ 1661).
Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ
1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 30.07.2007
№ 301),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ
1) Ошкор намудани маълумот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани маълумот оид ба гирифтории шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам ифода меёбад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1330),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобироти шаҳрвандон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ шудаанд,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил
1) Ғайриқонунӣ даромадан ба манзил бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) бо ғайриқонунӣ васл намудани воситаҳои гӯшандозӣ ё дигар воситаҳои махсус дар манзили истиқоматӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Дар зери мафҳуми манзил дар ҳамин ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс хонаи истиқоматии фардӣ бо биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ба он дохилшаванда, бинои истиқоматӣ новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ мувофиқ аст, ҳамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилнашаванда, вале барои истиқомати муваққатӣ таъин гардидааст, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд
Аз ҷониби шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани маълумоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 149. Ғайриқонунӣ маҳдуд кардани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Ғайриқонунӣ маҳдуд намудани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз хуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ
1) Монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқи иштирок дар райъпурсӣ, инчунин монеъ шудан бо фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ё комиссия оид ба гузаронидани райъпурсӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор агар:
а) дар алоқамандӣ бо ришвадиҳӣ, фиреб, зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 151. Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз
Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натиҷаҳои интихобот, раъйпурсӣ, ҳамчунин вайрон намудани овоздиҳии пинҳонӣ, ки аз ҷониби узви комиссияи интихоботӣ, гурӯҳи ташаббускор ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 152. Маҷбур намудан барои иштирок дар корпартоӣ ва ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ
Бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он маҷбур намудан ба иштирок дар корпартоӣ ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 152(1). Роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1088)
Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва дигар ташкилот дар шароити вазъияти фавқулодда, -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1088).
Моддаи 153. Вайрон кардани қонунҳои меҳнат
Дидаю дониста ғайриқонунӣ аз кор озод кардани шахс, иҷро накардани қарори суд дар хусуси ба ҷои кори пештара барқарор кардан, ҳамчунин дигар ҳаракатҳои қасдан ва моҳиятан вайронкунии қонунҳои меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 153(1). Напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Аз ҷониби корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон зиёда аз ду моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 422).
Моддаи 154. Вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат
1) Вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ ё бемории касбӣ гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст ё ба саломатии чанд нафар зарари вазнин ворид намудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиёти боиси марги ду ё зиёда шахсон гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 155. Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зани синни кӯдакаш то сесола
Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зане, ки кӯдаки то сесола дорад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристодани нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Дар моддаҳои 156 ва 156(1) Кодекси мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба зиёд мебошад ва зарар ба миқдори махсусан калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёд мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№844).
Моддаи 156(1). Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
1) Истифодаи ғайриқонунии ихтироот, намунаҳои саноатӣ ё моделҳои муфид, бидуни розигии муаллиф ё арзномадеҳ фош намудани моҳияти ихтироот, намунаи саноатӣ ё модели муфид то интишори расмии маълумот дар бораи онҳо, азхудкунии муаллифӣ ё ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.
2) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№844).
Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ
(Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472)
Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолат ба фаъолияти қонуниашон, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии онҳоро ба таври назаррас вайрон кардааст,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 159. Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияи диние, ки ба шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз мекунанд
Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё иттиҳодияи диние, ки фаолияташон бо расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ё дигар таҷовуз ба шахсият ё ҳуқуқи шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ҳамчунин роҳбарӣ ба онҳо (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо
(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 750)
1. Вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз мақоми хизматӣ ё истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011
№ 750).
Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо
1)Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо ё ин ки маҷбур кардан дар иштирок дар онҳо, агар ин кирдор бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як хазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озод ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон
1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2)Ҳамин кирдор, агар:
а) бо зӯроварӣ;
б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 163. Вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон
1) Радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мӯҳлати баррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ӯ ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)
Ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз як саду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024
№ 2050).
БОБИ 20. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОИЛА ВА НОБОЛИҒОН
Моддаи 165. Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят
1) Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани ҷиноят бо роҳи ваъда, фиреб, таҳдид ё дигар усул, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида анҷом дода шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат агар аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё шахси дигари қонунан ба зимааш тарбияи шахсони ноболиғ гузошташуда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракати дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Ҳаракати дар қисми якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо ҷалби шахси ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) ба гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) ҷиҳати содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин анҷом дода шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Дар боби мазкур зери мафҳуми ноболиғон шахсони хурдсол ва ноболиғ фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 166. Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ
1) Ҷалби шахси ноболиғ ҷиҳати истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои спиртӣ, истеъмоли мунтазам ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ё ба фоҳишагарӣ, оворагардӣ, гадоӣ, ки аз ҷониби шахси синнаш ба ҳаждаҳсолагӣ расида содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин ҳаракат агар аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё шахси дигари қонунан ё воқеан ба зиммааш тарбияи шахсони ноболиғ гузошташуда, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 20.06.2024
№ 2050),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракати пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) нисбат ба ду ё якчанд ноболиғ;
б) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он,
в) такроран содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 167. Савдои кӯдакон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554)
1. Ҳама гуна амал ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кӯдак ғайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии ғайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2. Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) нисбати ду ё зиёда ноболиғ;
г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан барои пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;
ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3. Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554):
а) боиси марги ҷабрдидаи савдои кӯдакон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554);
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои кӯдаконро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Моддаи 168. Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида
Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ аз мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877, аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 169. Бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст
Бастани созиши никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин бастани ақди никоҳ бо чунин шахс,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877, аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 170. Дузанагӣ ё серзанагӣ
(Қонуни ҶТ аз 10.12.1999 № 877)
Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877, аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 171. Иваз намудани тифл
1) Иваз намудани тифл,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади ғаразнок ё нияти дигари қабеҳ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 172. Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ
Ҳаракати ғайриқонунӣ дар мавриди писархондии (духтархондии) кӯдак, ба парастори (таҳти васоят) додани онҳо ё додани онҳо ба тарбияи оилаи шаҳрвандон, ки бо мақсадҳои ғаразнок ё бо ниятҳои дигари қабеҳ анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 173. Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ)
1) Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда, ки аз ҷониби шахсе, ки воқеияти писархондиро (духтархондиро) ҳамчун сирри хизматӣ ё касбӣ вазифадор аст ҳифз кунад ё аз ҷониби шахси дигар агар ин кирдор бо ғараз ё бо дигар ниятҳои қабеҳ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 174. Иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1177)
Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин ӯҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.03.2015
№ 1177),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз дусад то дусаду чил соат ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлат аз як то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024
№ 2050).
Моддаи 175. Иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак
1) Иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдаки хурдсол аз ҷониби шахсе, ки ин ӯҳдадорӣ тибқи вазифаи хизматӣ ба зиммааш гузошта шудааст ё аз ҷониби шахсе, ки ин вазифаро мувофиқи супориши махсус ба ҷо меорад, ё ин ӯҳдадориро ихтиёран ба зимма гирифтааст, агар дар натиҷа аз беэҳтиётӣ ба саломатии кӯдак зарари миёна расида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз беэҳтиётӣ боиси ворид гаштани зарари вазнин ба саломатии хурдсол гаштааст;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ӯ шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар Кодекси мазкур зери мафҳуми кӯдаки хурдсол шахси ба синни чордаҳсола нарасида фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 176. Сӯиистифода аз ҳуқуқи васӣ ё парастор
Истифодаи васоят ё парасторӣ бо мақсади ғаразнок ё дигар ниятҳои қабеҳ, ҳамчунин дидаю дониста бе назорат ё бе ёрдами зарурӣ гузоштани шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордоштаро ба таври назаррас поймол кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима бо андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 177. Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1. Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 2.01.2018 № 1472),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 2.01.2018 № 1472).
2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
Моддаи 178. Бадқасдона саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат
1. Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 2.01.2018
№ 1472),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
Эзоҳ: Дар моддаҳои 177 ва 178 Кодекси мазкур бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рӯйпӯш намудани даромад, тағйири ҷои истиқомат ё ин ки ҷои кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт, дар ҳаҷме, ки он дар маҷмӯъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
ФАСЛИ VIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
БОБИ 21. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ
1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966, аз 14.11.2016
№ 1359),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) такроран содир шуда бошад;
в) аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359);
г) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359);
д) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359);
е) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359), -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюми ҳамин модда, агар он (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;
г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.2004
№ 46, аз 1.03.2005
№ 86, аз 18.06.2008
№ 386, аз 31.12.2008
№ 451, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Такрорӣ дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбинишудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 179(1), 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодекс эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 179(1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359).
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359).
Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирӣ содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад (Қонуни ЧТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 179(2). Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё, ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310, 401(1) ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акти (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад ё барои маблағгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965, аз 13.06.2013
№ 966, аз 12.11.2013
№ 1028), аз 17.05.2018
№ 1515)-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаи қонунигардонидашуда (расмикунонидашуда) содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808),-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 179(3). Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ
1) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 181, 182, 184, 184(1), 184(2) 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018
№ 1538),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359).
Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ
1) Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба рух додани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба молу мулк ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад ё ба амнияти ҳавопаймо ва шиноварии бехатари киштии обӣ таҳдид мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013,
№ 965,
№ 966),
бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 181. Ғасби гаравгон
1) Ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон марбут бо таҳдиди куштан ё расондани зарар ба саломатии ӯ ё минбаъд нигоҳ доштани ҳамин шахс бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
е) нисбат ба зане, ки гунаҳгор баръало ҳомиладор буданашро медонад;
ж) нисбат ба шахсе, ки гунаҳгор баръало аз дар вазъияти оҷизона қарор доштани ӯ огоҳ буд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
з) бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
и) нисбати ду ва ё зиёда шахсон анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҳаракати пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в)дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45).
Эзоҳ: Шахсе, ки бо ихтиёри худ ё талаби мақомоти ҳокимият гаравгонро озод мекунад, агар дар ҳаракати ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 182. Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа
1) Ғасби бино, иншоот, роҳҳо ё воситаҳои иттилоот ё алоқа, дигар иншооти коммуникатсионӣ ё ин ки нигоҳ доштани онҳо, марбут бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани онҳо ё бо таҳдиди куштори шаҳрвандон ё расондани зарар ба саломатии онҳо бо мақсади маҷбур кардани давлат ё дигар мақомот, шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ё гурӯҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ кардан аз иҷрои ягон ҳаракат ҳамчун шарти иҷро накардани таҳдид (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) бо истифода аз силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташакил анҷом дода шуда бошад:
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин шуда бошад;
в) дар ҳолати ретсидивӣ махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
1) Ҳуҷум ба киштии обӣ бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;
в) такроран ё бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 184. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан, ҳамчунин ғасби чунин киштӣ ё қатор бо мақсади ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ин ки амалӣ намудани назорати ғайриқонунӣ дар дигар шакл (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё ин ки худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо, киштӣ ё қатораи роҳи оҳан таҳдид намоянд,
бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;
г) бо истифодаи силоҳ, ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибати вазнин гашта бошад;
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 184(1). Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зӯроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Ғасби платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ё дигар шаклҳои назорати ғайриқонунӣ аз болои он ё қасдона вайрон кардани он ва ё расонидани зарар ба он, ки ба бехатарии платформа таҳдид менамояд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Содир намудани амали зӯроварӣ нисбати шахс дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ, ки ба бехатарии он таҳдид менамояд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ таҳдид намоянд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ бо ҳар тарз ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳо бо мақсади ҷойгир кардани восита ё моддае, ки метавонад платформаи стасионариро вайрон намояд ё ба бехатарии он таҳдид кунад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 184(2). Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Содир намудани амали зӯроварӣ нисбати шахсе, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ қарор дорад, агар чунин амал тавонад ба бехатарии ин ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намояд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Вайрон кардани ҳавопаймо ё киштӣ ва ё расонидани зарар ба ин ҳавопаймо ё киштӣ ё ин ки ба бори он, аз ҷумла вайрон намудани таҷҳизоти навигатсионӣ ё ба вуҷуд овардани монеаҳои ҷиддӣ дар истифодабарии он, ки онро аз кор мебарорад ё метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд, ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳое, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ бо ҳар тарз ҷойгир намудани восита ё моддае оварда расонад, ки метавонад чунин ҳавопаймо ё киштӣ ва ё бори онро вайрон намояд ё ба он зараре расонад, ки метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намоянд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
д) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 184(3). Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Содир намудани амали зӯроварӣ дар фурудгоҳ нисбати шахсе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид мекунад ё метавонад таҳдид кунад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Вайрон намудан ё расонидани зарари ҷиддӣ ба таҷҳизот ё иншооти фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад ё ин ки ба ҳавопаймоҳои воқеи фурудгоҳ, ки дар истифодабарӣ қарор надоранд, ё халал расондан ба кори хадамоти фурудгоҳ, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид кунад ё метавонад таҳдид кунад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ кардан аз он, агар чунин кирдорҳо ба бехатарӣ дар фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, таҳдид мекунанд ё метавонанд таҳдид кунанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
д) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 184(4). Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт
Интиқоли ғайриқонунии шахс дар нақлиёт бо дарки он, ки ин шахс ҳаракате содир намудааст, ки бо моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷиноят мебошад, бо мақсади ёрӣ расонидан ба чунин шахс барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 185. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ
1) Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (иттиҳодия, отряд, дастаҳо ё дигар гурӯҳҳо), ҳамчунин роҳбарӣ ба ин гуна воҳидҳо ё иштирок дар онҳо,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ даст кашида ва силоҳашро супурдааст, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966).
1) Ташкили гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин гурӯҳ (даста),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Иштирок дар гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ё дар ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муддати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 187. Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)
1) Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои мутташакил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият оид ба иштирокаш дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 188. Бетартибиҳои оммавӣ
1) Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки бо зӯроварӣ нисбат ба шахсият, харобкорӣ, сӯхтор, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, истифодаи силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё моддаҳои оташзананда алоқаманд аст, инчунин муқобилият нишон додан ба ҳокимият, ки бо истифодаи силоҳ ё дигар предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст, ҳамчунин иштирок дар ин амал (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966, аз 26.07.2014
№ 1089),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Даъват ҷиҳати фаъолона итоат накардан ба талаботи қонунии намояндагони ҳокимият ё ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 189. Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1730)
1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020
№ 1730) .
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) такроран;
б) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) ба зӯран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;
г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 190. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо
1) Вайрон кардани коидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ва ё миёна гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Моддаи 191. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳое, ки хавфи таркиш доранд
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳо ё сехҳое, ки хавфи таркиш доранд агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 192. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018
№ 1473)
1) Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ӯҳдадорӣ оид ба риоя намудани ин қоидаҳо вогузор шудааст, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломатӣ гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ва зиёда шахсон ё боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018
№ 1473).
Моддаи 193. Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ
1) Ғайриқонунӣ соҳибӣ кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, фурӯхтан, нигоҳ доштан, интиқол, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактивӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Содир намудани ҳаракате, ки аз талабот бо таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё ин ки бо ягон шакли дигари тарсонидан барои додани маводи радиоактивӣ иборат мебошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактивӣ
1) Тасарруфи маводи радиоактивӣ ҳамчунин таҳдиди тасарруфи онҳо бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол (Қонуни ҶТ аз
13.06.2013 № 966).
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаҳои 199 ва 202-и ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, агар шахс пештар як ё бештар ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, инчунин ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 186, 244-251-и ҳамин Кодексро содир карда бошад.
Моддаи 194(1). Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ бо тарзе, ки раҳоиёбӣ ва ё хатари раҳоиёбии маводи радиоактивӣ ба вуҷуд омада, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият, ба муҳити зист мегардад, бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, ҳамчунин таҳдиди содир намудани чунин кирдор бо ҳамин мақсад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур зери мафҳуми "маводи радиоактивӣ" маводи ядроӣ ва дигар моддаҳои радиоактивии нуклиддоре фаҳмида мешавад, ки худ аз худ таҷзия меёбанд (ҷараёне, ки зимни он афканишоти ионии як ё якчанд намуд, масалан, алфа-афканишот, бета-афканишот, афканишоти нейтронӣ ва гамма-афканишот сурат мегирад) ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои радиологӣ ва ё таҷзияи худ метавонанд боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ва ё зарари ҷиддӣ ба моликият ва муҳити зист шаванд.
"Маводи ядроӣ" - плутоний, ба истиснои плутонийи дорои ҷамъи изотопҳо, ки зиёда аз 80 фоизаш плутоний-238 аст; уран-233; урани бо изотопҳои уран-235 ё уран-233 ғанигардонидашуда; урани дорои омехтаи изотопҳое, ки дар табиат дар шакле вомехӯранд, ки аз маъдан ё пасмондаҳои маъданӣ фарқ мекунанд; ва ҳар гуна маводи дорои як ё якчанд элементҳои зикргардидае мебошад, ки дар ин ҳолат "урани бо изотопҳои уран-235 ё уран-233 ғанигардонидашуда" урани дорои изотопҳои уран-235 ё уран-233 номида мешавад ва ё дорои ҳар ду изотопест ба андозае, ки фоизи барзиёди маҷмӯи ин изотопҳо дар муқоиса бо изотопи уран-238 нисбат ба фоизи изотопи уран-235 дар муқоиса бо изотопи уран-238, ки дар табиат вомехӯрад, зиёдтар аст.
"Объекти ядроӣ" аз инҳо иборат аст:
а) ҳама гуна реактори ядроӣ, аз он ҷумла реакторҳое, ки дар киштиҳои баҳрӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ барои истифодабарӣ ба сифати манбаи барқ барои ба ҳаракат овардани чунин киштиҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ ва ё ҳама гуна дигар мақсад насб карда шудаанд;
б) ҳама гуна иншоот ё воситаи ҳамлу нақл, ки барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, азнавкоркардабароӣ ё интиқоли маводи радиоактивӣ истифода мегардад.
"Восита" аз инҳо иборат аст:
а) ҳама гуна воситаи таркандаи ядроӣ; ё
б) ҳама гуна воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки метавонад вобаста ба хусусиятҳои радиологии худ боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари воқеӣ ба моликият ё муҳити зист гардад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 194(2). Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Содир намудани ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ, инчунин ҳаракатҳои ба истифодабарии дастгоҳи ядроӣ халалрасонанда, ки таъсиррасонии шуоъи радиоактивӣ ё партовҳои маводи радиоактивӣ боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,
бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми "дастгоҳи ядроӣ" дар моддаи мазкур дастгоҳе (инчунин биноҳо ва таҷҳизоти бо вай алоқаманде) фаҳмида мешавад, ки дар он истеҳсол, азнавкоркардабароӣ, истифодабарӣ, коркард, нигоҳдорӣ ё гӯронидани маводи ядроӣ амалӣ карда мешавад, агар зарар ё дахолат ба истифодабарии чунин дастгоҳ метавонад ба шуоъхӯрии зиёди радиоактивӣ ё партови зиёди маводи радиоактивӣ оварда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 194(3). Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки воситаҳои дар моддаи мазкур зикргардидаро бо ихтиёри худ месупорад, агар дар ҳаракати ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 194(4). Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводҳои радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966)
1) Ҳамлу нақли ғайриқонунӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард:
а) ягон моддаи тарканда ё маводи радиоактивӣ, бо дарки он ки онҳо барои расонидан ё ба вуҷуд овардани таҳдиди расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарар бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё маҷбур намудани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ аз он таъин гардидаанд;
б) ҳама гуна силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ бо дарки он ки он силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
в) ҳама гуна маводи ибтидоӣ, ки махсус таҷзия мешавад ё таҷҳизот ё маводе, ки махсус барои коркард, истифодабарӣ ва ё истеҳсоли маводи махсус таҷзияшаванда таъин ё тайёр карда шудаанд, бо дарки он ки онҳо барои истифода дар фаъолияти бо таркишҳои ядроӣ ё дигар фаъолияти ядроӣ алоқаманди бо кафолатҳои мувофиқи созишнома дар бораи кафолатҳои пурра бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ фаронагиранда, таъин гардидаанд; ва ё
г) ҳама гуна таҷҳизот, мавод ё таъминоти барномавӣ ё ин ки технологияи мувофиқ, ки саҳми назаррасро дар банақшагирӣ, истеҳсол ё расонидани силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мегузорад, бо нияти истифодаи онҳо ба ин мақсад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ягон шахс бинобар содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 194(5). Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)
1) Ба муқобили киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ғайриқонунӣ истифода бурдан ё ин ки аз кишти ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ партофтани моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ ё силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, ё ин ки нафт, гази моеи табиӣ ё дигар моддаи хатарнок ё зараррасон ба андоза ва ҳаҷме, ки он боиси марг ё зарари вазнин ба саломатӣ мегардад ё шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ва ё маҷбур кардани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои иҷрои ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)
1) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, (ғайр аз силоҳи суфтамили шикорӣ), лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966, аз 26.07.2014
№ 1089),-
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, ҳамчунин ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ё дигар намуди силоҳи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
2) Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои ғайриқонунӣ бо тирҳо танҳо он гоҳ ба миён меоянд, ки агар шумораи тирҳо то даҳ дона бошад ва агар ин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Барои зиёда аз даҳ дона тир бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ новобаста аз ҷавобгарии маъмурӣ ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
3) Силоҳи оташфишон (ду адад ва зиёда аз он), лавозимоти ҷангӣ (граната, снаряд ва ғайра ду адад ва зиёда аз он, тир 30 адад ва зиёда аз он), миқдори калон ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965, аз 26.07.2014
№ 1089).
Моддаи 195(1). Ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар
Ғайриқонунӣ ва қасдона расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар дар ҳудуди ҷойҳои истифодаи ҷамъиятӣ, объекти давлатӣ ё ҳукуматӣ, объекти системаи нақлиёти ҷамъиятӣ ё объекти инфрасохтор, инчунин ба тарзе, ки он ба муқобили онҳо равона шуда, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон мегардад ё ин ки чунин ҷойҳо, объект ё системаро бағоят хароб сохта, зиёни калони иқтисодӣ мерасонад ё метавонад расонад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур "воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар" аз инҳо иборат аст:
а) силоҳи тарканда ё оташбор ё воситае, ки дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
б) силоҳ ё воситае, ки бо усули раҳо, паҳн кардан ё таъсир расондан бо моддаҳои заҳрноки химиявӣ, агентҳои биологӣ ё заҳрҳо ва ё моддаҳои ба онҳо монанд ё ин ки радиатсия ё маводи радиоактивии дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 965).
Моддаи 195(2). Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1089)
1) Истеҳсол, тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, фиристодан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштани моддаҳои оташзананда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан мувофиқ карда шудаанд,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Истифода бурдани моддаҳои оташзананда,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;
в) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;
г) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва ё 3 ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми моддаҳои оташзананда дар ҳамин ва дигар моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур маҳлул, мавод ва моддаҳое фаҳмида мешаванд, ки новобаста аз тарзи омода намудан дорои қобилияти даргирандагӣ буда, барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шуда, ҷиҳати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк ва муҳити зист равона карда шудаанд.
2) Шахсе, ки ихтиёрӣ моддаҳои оташзанандаи дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои содир намудани ҷинояти мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
3) Моддаҳои оташзананда дар ҳаҷми аз 0,5 литр то 1 литр миқдори калон ва зиёда аз 1 литр миқдори махсусан калон ҳисобида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1089).
Моддаи 196. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳ
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966)
1) Ғайриқонунӣ сохтан ё таъмир кардани силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) онҳо, ҳамчунин ғайриқонунӣ сохтани лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки такроран ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
4) Ғайриқонунӣ сохтани силоҳи газӣ, ҳамчунин ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Моддаи 197. Нигоҳдошти бепарвоёнаи силоҳ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 13.06.2013 № 966)
Нигоҳдошти бепарвоёнаи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш аз ҷониби дорандаи қонунии онҳо, ки барои онро истифода бурдани шахси дигар шароит фароҳам овардааст ва агар он аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 198. Иҷрои номатлуби вазифаи ҳифзи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)
1) Иҷрои номатлуби вазифаи хеш аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ҳифзи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш гузошта шудааст, агар он сабаби тасарруф ё нобуд щудани онҳо ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Иҷрои номатлуби вазифа оид ба ҳифзи силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ё дигар намуди силоҳи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, агар ин боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад ё хавфи ба миён омадани чунин оқибатҳоро пеш оварда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 199. Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966)
1) Тасарруфи силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Тасарруфи силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар намуди силоҳи қатли ом, ҳамчунин мавод ё таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ анҷом дода шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил,
б) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 199(1). Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 389)
1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори на чандон калон ё дар давоми сол пас аз таъини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдорҳо, агар ба миқдори калон содир шуда бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда), ба миқдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо, зиёда аз дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 389).
БОБИ 22. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
Моддаи 200. Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)
1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ба миқдори кам (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021
№ 1776),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳаракатҳои пешбннинамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ё дар дигар ҷойҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, варзиши ё дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешаванд;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) ба миқдори калон;
д) дар ҳолати ретсидиви хафнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
д) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ:
1) Дар моддаҳои 200-205-уми ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳоро содир карда бошад.
2) Мафҳумҳои миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар ҳамин модда ва моддаҳои дахлдори дигари Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мутобиқи номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар муомилот қарор доранд, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд ва дар замимаи 1 ба Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084).
3) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони дар моддаи 204 нишон дода шуда дар Номгӯ аз рӯи миқдори ниҳоли зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги) онҳо мебошанд, мувофиқанд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021
№ 1776).
Моддаи 201. Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)
1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021
№ 1776),
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ;
г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;
е) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 20.04.2021 № 1776)
1) Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021
№ 1776),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин ҳаракат агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) ба миқдори калон содир шуда бошад;
д) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он анҷом дода шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18 06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) ба миқдори махсусан калон;
в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;
г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 202(1). Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристонидани прекурсорҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 547)
1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;
в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009
№ 547, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 202(2). Тасарруфи прекурсорҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Тасарруфи прекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009
№ 547).
2) Ҳамин ҳаракат агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) такроран;
в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он;
г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009
№ 547).
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;
в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 20.04.2021
№ 1776)
1) Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 20.04.2021
№ 1776),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) нисбати шахсони баръало ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
б) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ЧТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо роҳи фиреб;
г) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
д) такроран;
е) дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;
ж) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004
№ 35).
Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда мебошанд, ба миқдори кам содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;
г) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 205. Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 20.04.2021
№ 1776)
1) Ташкил ё нигаҳдории фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 20.04.2021
№ 1776),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 206. Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 19.07.2022
№1895)
1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ намебошанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1895),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар;
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) такроран содир гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) вобаста ба моддаҳои сахттаъсир ба миқдори калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 19.07.2022
№ 1895),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Рӯйхатҳои моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои ҳамин модда ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1895).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 206(1). Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 19.07.2022
№ 1895)
1) Вайрон намудани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ, додан, фурӯш, тақсимот, интиқол, фиристодан, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, инчунин мавод, асбоб ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо истифода бурда мешаванд ва таҳти назорати махсус қарор доранд, агар ин кирдор аз ҷониби шахсе анҷом дода шуда бошад, ки он вазифадор аст қоидаҳои зикргардидаро риоя кунад,
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, баҳисобгирӣ, додан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок, агар он боиси тасарруфи онҳо ё расонидани дигар зарари ҷиддӣ гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1895),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 207. Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1555)
1) Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир шуда бошад, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020
№ 1701) .
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ё зиёда шахсон гардида бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020
№ 1701).
Моддаи 208. Ниҳон доштани иттилоот оид ба ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд
1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеаҳо ё рӯйдодҳое, ки барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;
б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Истеҳсол, нигоҳ доштан ё интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ин ки ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин ғайриқонунӣ додани санади расмӣ ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқати ин мол, кор ё хизматрасониро ба талаботи бехатарӣ тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) вобаста ба мол ё маҳсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кӯдакони то синни шашсола тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии ду ё бештар ҷабрдидагон зарар расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи мазкур, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар ҷабрдидагон гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 210. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва фаъолияти хусусии фармасевтӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё фаъолияти хусусии фармасевтӣ аз ҷониби шахсе, ки барои ин фаъолияти интихобнамудааш иҷозатнома (литсензия) надорад, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатии инсон гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1555).
Моддаи 210(1). Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуйнабуда,инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)
1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1555).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1555).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) ба миқдори махсусан калон;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 13.06.2013 № 966, аз 2.01.2019
№ 1555).
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузаштаи дар ҳамин модда пешбинишуда ба миқдори калон арзиши маводҳои дорувории аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ва ба миқдори махсусан калон аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451).
БОБИ 23. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 211. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба корҳои иҷронамуда ё вазифаҳои ишғолнамудааш ӯҳдадор шудааст ин қоидаҳоро риоя кунад, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст,
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми моддаи мазкур, агар:
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахс;
б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 212. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт
1) Аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил ё дигар воситаи нақлиёти механикӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ҷазо дода мешавад
(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1467).
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст,
бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017
№ 1467).
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар моддаи мазкур трактор, дигар мошинҳои худгард, троллейбус, инчунин мототсикл ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар назар дошта шудааст.
Моддаи 212(1). Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, муомилоти ғайриқонунии рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт
1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084),
бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084)
3. Кирдорҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084).
Моддаи 212(2). Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1331)
Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати масти қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад
(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1467).
Моддаи 213. Таъмири бадсифати роҳҳо, воситаҳои нақлиёт ва ба истифода баровардани онҳо бо норасоиҳои техникӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Таъмири бадсифати воситаҳои нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин барои истифодабарӣ иҷозат додани нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ носоз аз ҷониби шахси масъули ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии ҷабрдида зарари вазнин ё миёна, ё зарар ба миқдори калон расонида бошад,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар аз бсэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) боиси оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 214. Корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо
1) Хароб кардан, осеб расонидан ё бо усулу воситаҳои дигар барои истифода корношоям гардонидани воситаҳои нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин муҳосираи роҳҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарари калон расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гаштааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 215. Ғайриқонунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда
1) Ғайриқонунӣ дар киштии ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 216. Вайрон кардани қоидаҳое, ки кори бехатарии нақлиётро таъмин менамояд
1) Аз ҷониби мусофир, пиёдагард ё дигар иштироккунандаи ҳаракат (ба ғайр аз шахсони дар моддаҳои 211 ва 212 ҳамин Кодекс зикр гардида) вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар,
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) сабаби садама;
в) боиси оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 217. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон, истифодабарӣ ва таъмири хатҳои қубури магистралӣ
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон, истифода ё таъмири хатҳои қубури магистралӣ, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарар ба миқдори калон расонида бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гашгааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 218. Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналмилалӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Риоя накардани хати парвози муайяншуда, ҷои фуруд, дарвозаҳои фазоӣ, баландии парвоз ё вайрон кардани дигар қоидаҳои парвози байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд
Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд бо асбоби боздорӣ (стопкран) бо роҳи ҷудо кардани магистрали ҳавоии тормозӣ ё бо воситаи дигар, агар он аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, чаппашавӣ, осеб дидани қатори поезд ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
ФАСЛИ IX. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
БОБИ 24. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Моддаи 220. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор
Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгирсозӣ, сохтмон, ба истифода додан ё истифодаи иншоотҳои саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ ё дигар объектҳо аз ҷониби шахсоне, ки барои риояи он масъул мебошанд, агар чунин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси тағйироти муҳими манзари (фони) радиоактивӣ, марги як ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё саросар мурдани ҳайвонот ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 221. Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба олудагии муҳити зист
1) Дидаю дониста аз ҷониби шахси мансабдор аз аҳолӣ ниҳон доштани маълумот дар бораи олудагии радиоактивӣ, химиявӣ, бактериологӣ ё дигар олудагиҳои барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити зист хавфнок, ҳамчунин ба онҳо бараъло додани иттилооти таҳрифшуда оид ба чунин олудагиҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар;
а) аз беэҳтиётӣ боиси марги як ё зиёда шахсон шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) сабаби бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи оқибати олудагии экологӣ
Саркашӣ аз гузаронидани корҳо ё номатлуб анҷом додани тадбирҳои дезактивӣ ва барқарорсозӣ дар маҳалҳое, ки бо олудагии экологӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор шудааст ин тадбирҳоро андешад, агар он аз беэҳтиетӣ боиси марги як ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истеҳсол, интиқол, нигаҳдошт, гӯр кардан, истифода ё дигар муносибат бо моддаҳо ё партовҳои радиоактивӣ, бактериологӣ, химиявӣ, агар он ба расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон ё муҳити зист таҳдид кунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси олудагӣ, сироят ё заҳролудшавии муҳити табиати зист гашта бошад, ба саломатии инсон зараровар ва ё боиси саросар мурдани ҳайвонот гардида бошад;
б) дар минтақаҳои офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемориҳои оммавии инсон ё марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳрнок)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1895)
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо, агар он аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида, боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда) ё эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 225. Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ) ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда
1) Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда), эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Вайрон кардани қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ бар зидди ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 226. Ифлос кардани об
1) Ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминӣ ё зеризаминӣ, манбаъҳои оби нӯшиданӣ, мунтазам кам кардани захираҳои об ё бад кардани сифати он ё шакли дигари тағйири хусусиятҳои табиии он, агар чунин кирдор дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси расондани зарари ҷиддӣ ба олами ҳайвонот ё наботот, захираҳои моҳӣ, хоҷагии ҷангал ё соҳаи кишоварзӣ, гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) бо сабаби беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида бошад;
в) боиси муромурии саросари ҳайвонот гашта бошад;
г) дар минтақаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ ё парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 227. Олуда сохтани фазо
1) Олуда сохтан ё ба тарзи дигар тағйир додани хосиятҳои табиии ҳаво бо баланд кардани меъёрҳои муайяншуда дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳо, иншоот ё дигар объектҳо, агар ин кирдор ба муҳити табиати зист зарари ҷиддӣ ворид карда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад,
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 228. Хароб кардани замин
1) Заҳролуд ё ифлос кардани замин бо маҳсулоти зиёновари хоҷагӣ ё бо дигар навъи фаъолият дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо доруҳои заҳрдор, пору, нумӯяи авҷи растанӣ ё дигар моддаҳои хавфноки химиявӣ ё биологӣ ҳангоми нигаҳдошт, истифода, интиқоли онҳо ҳамчунин дигар усули хароб кардани замин, ки ба саломатии инсон ё ба муҳити табиати зист зарари ҷиддӣ ворид кардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонидааст,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 229. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгир намудан, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ё иншооти зеризаминӣ, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳамчунин худсарона сохтани иншоот дар минтақаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, агар чунин кирдор зарари ҷиддӣ ворид намуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 230. Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ
1) Сайди ғайриқонунии моҳӣ ё дигар намуди ҳайвоноти обӣ, агар ин кирдор:
а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;
б) бо истифода аз усули маҳви оммавӣ анҷом дода шуда бошад;
в) дар ҷойҳои тухмгузорӣ ё роҳҳои ҳаракат ба он ҷойҳо содир шуда бошад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки:
а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) такроран;
г) дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 231. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ
Салронӣ, сохтмони пул, сарбанд, анҷом додани корҳои таркиш ва дигар корҳо, ҳамчунин истифодаи иншоотҳои обгирӣ ва таҷҳизоти обкашӣ бо вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ, агар ин кирдор боиси талафоти саросари моҳӣ ё дигар ҳайвоноти обӣ ҳамчунин боиси расонидани зарари ҷиддӣ аз маҳв гардидани захираи хӯрока ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ЧТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 232. Шикори ғайриқонунӣ
1) Шикори ғайриқонунӣ, агар ин кирдор:
а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;
б) бо истифода аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ё киштии ҳавоӣ, моддаҳои тарканда, газҳо ё дигар усулҳои маҳви саросари паррандагон ва ҳайвонот содир шуда бошад;
в) бо шикори паррандагон ва ҳайвонот, ки шикори онҳо пурра манъ шудааст, алоқаманд бошад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
в) дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 232(1). Шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1925)
1) Шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз якуним то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022
№ 1925).
Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд
Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд ва сабаби маҳви паҳншавии ин организмҳо гардидаанд,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 234. Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо
1) Ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон ё ҳамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онҳо дар ҷангалзори гурӯҳи якум ё қитъаҳои махсус ҳифзшавандаи ҳамаи гурӯҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изғичи печон, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст ё буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарари ҷиддӣ расонида шуда бошад,
бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду шаст то дусаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ғайриқонунӣ буридан ё расонидани зараре, ки сабзиши чунин дарахту бутта ва изғичи печон, дигар намуди ниҳолу буттаҳои ба фонди ҷангал дохилшударо дар ҳама гурӯҳҳои ҷангал имконнопазир гардонидааст, агар ин кирдор:
а) такроран;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в) боиси расонидани зарар ба миқдори калон гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 234(1). Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 457)
1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори начандон калон,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зӯроварӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон дар моддаи мазкур зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба миқдори калон зиёда аз даҳ килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 457).
Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал
1) Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал, инчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, моддаҳои тарканда ё дигар манбаи ниҳоят хатарнок,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Несту нобуд кардан ё расонидани осеб ба ҷангал, ҳамчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, бо роҳи оташ задан ё дигар усули хатарноки умумидошта ё дар натиҷаи ифлоскунии он бо моддаҳои зарарнок, партов, оби ифлос ё дигар мавод (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон зарар расонда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 236. Вайрон кардани низоми ҳудудҳо ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Вайрон кардани низоми мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, ёдгориҳои табиат ё дигар ҳудудҳои табиии аз ҷониби давлат махсус ҳифзшаванда, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: Дар ин боб таҳти мафҳуми зарари ҷиддӣ ҳисобу китобе дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи таксаҳои муайяншуда зарар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи содир гардидани ҷиноят сӣ маротиба бештар мебошад, таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон бошад бештар аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
ФАСЛИ Х. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ
БОБИ 25. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ
1) Авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардида бошад;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил ё такроран (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад ё ба шахсе, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ монеъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфтаанд,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Авбошие, ки бо:
а) истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966);
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Вандализм, яъне зишту касиф намудани бино ва дигар иншоотҳо, расонидани зиён ба молу мулк дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 238. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан
1) Ҷалб намудан ба фоҳишагӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, истифодаи вазъи тобеият, иръоб (шантаж), таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ё бо роҳи фиреб (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 239. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ
1. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Моддаи 240. Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.03.2009 № 487)
Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.03.2009
№ 487, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 240(1). Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)
Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024
№ 2050).
Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1066)
1) Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084).
2) Паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1) ё 2) ҳамин модда, ки (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084):
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
б) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет);
в) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084).
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми даромад ба миқдори калон дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаи 241(1) ҳамин Кодекс даромад ба андозаи бештар аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066).
Моддаи 241(1). Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066)
1) Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) аз ҷониби падару модар ё дигар шахси қонунан ба зиммааш тарбияи ноболиғ гузошташуда, ҳамчунин омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ё муолиҷавӣ;
б) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
г) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон;
д) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066).
Моддаи 241(2). Истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066)
1) Суратгирӣ, наворбардории кино ё видеоии ноболиғ бо мақсади истеҳсол ва (ё) паҳн намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба сифати иҷрокунанда барои иштирок дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
в) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;
г) бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066).
Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг
1) Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих, фарҳанг, комплексҳои табиӣ ё объектҳое, ки таҳти ҳифзи давлат қарор доранд, ҳамчунин предмет ё аснод, ки дорои арзиши таърихӣ ё фарҳангӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки вобаста ба объект ё ёдгориҳои махсусан арзишнок содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 243. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо
1) Таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани гӯри онҳо, сохтмонҳои рӯи қабр ё бинои қабристон, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) аз рӯи ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;
в) ба муқобили ҳайкалу пайкара ё иншооти меъморӣ, ки ба муборизаи зидди фашизм ё ба қурбониёни фашизм, ё қабристони иштирокчиёни мубориза бар зидди фашизм бахшида шудаанд;
г) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
ФАСЛИ XI. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ
БОБИ 26. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ МОЛИКИЯТ
1) Дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Дуздие, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонидааст;
г) бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил, бино ё дигар амборхонаҳо содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Дуздие,ки:
а) ба миқдори калон;
б) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ:
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Дуздие,ки:
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми тасарруф дар моддаҳои Кодекси мазкур ғайриқонунӣ, боғараз, ройгон гирифтан ва (ё) ситонидани молу мулки ғайр ба фоидаи гунаҳгор ё дигар шахсон дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои ҳамин боб андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Андозаи зарари ба моликияти шахсӣ расонидашуда (ҷиддӣ, калон ва махсусан калон) аз рӯи аҳволи моддии ҷабрдида муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 244-251, 254 ва 257 ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қабл аз он як ё якчанд ҷинояти пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, ҳамчунин дар моддаҳои 186, 194, 199, 202 ҳамин Кодекс пешбинишуда, содир шуда бошад.
4) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъӣ (ғайр аз ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ) дар ҳолатҳое ба миён меояд, ки агар арзиши молу мулки тасарруфшуда аз даҳ андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи молу мулки шахсӣ новобаста аз арзиши он ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 245. Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
1) Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бисту чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору ҳаштсаду бисту чор то ду ҳазору ҳафсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
Моддаи 246. Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда
1) Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010 № 617, аз 13.06.2013
№ 966).
1) Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Қаллобие, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
3) Қаллобие, ки;
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Қаллобие, ки:
а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
1) Ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 1.03.2005
№ 86).
2) Ғоратгарие, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
д) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Ғоратгарие, ки:
а) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;
б) ба миқдори калон;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Ғоратгарие, ки:
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
1) Роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Роҳзание, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Роҳзание, ки;
а) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мукл (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;
г) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;
д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4) Роҳзание, ки;
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда содир шуда бошад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
1) Тасарруф бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк ё содир намудани дигар кирдори дорои хусусияти амволӣ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки вай мехоҳад онро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд, вайрон кардани молу мулки ғайр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Тамаъҷӯие, ки:
а) такроран;
б) бо истифодаи зӯроварӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содиршуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Тамаъҷӯие, ки:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил
б) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;
в) дар ҳолати ретсициви хавфнок;
г) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
4. Тамаъҷӯие, ки:
а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи силоҳ, лавозимоти ҳарбӣ ё моддаҳои тарканда содир шуда бошад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ
аз 13.06.2013 № 966).
Моддаи 251. Тасарруфи ашё ё асноди дорои арзиши махсус
1) Тасарруфи ашё ё асноди дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ё фарҳангӣ, сарфи назар аз тарзи тасарруфи он,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдорҳо, агар:
а) такроран;
б) гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) боиси несту нобуд, хароб ё вайрон кардани ашё ё асноди дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 252. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф
1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (рабудан),
ба ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар;
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдида хавфнок намебошад ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо расонидани зарар ба миқдори калон;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдида хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 253. Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ
1) Расонидани зарари молу мулкӣ ба молик ё дигар соҳиби молу мулк бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруф (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо расонидани зарар ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 254. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки бараъло бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулки қаблан ваъдадоданашудае, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) ба миқдори калон;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо роҳи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;
в) зарар ба миқдори калон расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 256. Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки аз сабаби муносибати беэҳтиётона бо оташ ё манбаи хатари умумидошта содир шудааст ё ба миқдори калон зарар расонидааст ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонидааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 257. Тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдорҳо, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба миқдори калон;
г) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
3) Кирдорҳои пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо роҳи роҳзанӣ ё тамаҷъӯӣ;
в) дар миқдори махсусан калон содиршуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Дар ҳолати нарх надоштани воситаҳои фондҳои кӯмаки хориҷӣ арзиши он аз рӯи нархи бозорӣ, ки дар рӯзи содиршавии ҷиноят ҷой дорад, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
БОБИ 27. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ
1) Радди ғайриқонунии бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ ё саркашӣ аз бақайдгирии онҳо, радди ғайриқонунии додани иҷозати махсус (литсензия) барои татбиқи фаъолияти муайян ё саркашӣ аз додани чунин иҷозатнома, ғайриқонунӣ маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, ки аз ҷониби шахси мансабдор бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо риоя накардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд;
б) ба миқдори калон зарар расондааст содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ
1) Татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат (литсензия) ҳатмӣ мебошад ё бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ ва (ё) бо роҳи истифода бурдани шахсони дигар, инчунин машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон ё расонидани зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ба давлат содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 14.05.2016
№ 1305),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:
б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;
в) аз ҷониби шахси қаблан барои соҳибкории ғайриқонунӣ ё фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ судшуда содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 258 ва 259 Кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон, даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;
2) Таҳти мафҳуми даромад, ки дар боби мазкур пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022
№ 1924).
Моддаи 259(1). Истеҳсол ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 97)
1. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда ки ҳатман бояд бо маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқатии аз сохтакори муҳофизатшаванда тамға карда шаванд, агар он ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2. Ҳамин кирдор агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005
№ 97, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур агар арзиши мол ва маҳсулоти тамғаношуда аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошадмиқдори калон ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошадмиқдори махсусан калон эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022
№ 1924).
Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066)
1) Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ ба воситаи шахсони дигар ва ё истифода бурдани чунин шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дигар (Қонуни ҶТ
аз 14.05.2016 № 1305),
бо ҷарима ба андозаи то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо ки:
а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудаанд,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми шахсони дигар шахсоне фаҳмида мешаванд, ки муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти идоракунии шахси ҳуқуқӣ буда, бо роҳи гумроҳ намудани онҳо шахси ҳуқуқӣ ташкил (таъсис, азнавташкилдиҳӣ) шуда буд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066).
Моддаи 260(1). Истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066)
1) Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё додани ваколатнома, агар ин ҳаракатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ва ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.
2) Соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё истифодаи маълумоти шахсӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, агар ин кирдорҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсаду чилу ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар моддаи мазкур дар асоси музднок ё ройгон ба даст овардани он, азонихудкунии ҳуҷҷати ёфтшуда ё тасарруфшудаи тасдиқкунаидаи шахсият, инчунин бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ соҳиб шудан ба он фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014
№ 1066).
Моддаи 261. Бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин
Дидаю дониста ба қайд гирифтани аҳди ғайриқонунӣ бо замин, таҳриф намудани маълумотҳои баҳисобгирии Кадастри давлатии замин, ҳамчунин қасдан кам кардани андозаи пардохтҳо барои замин, агар ин кирдорҳо бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул щудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 262. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808)
1) Анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба ҳар гуна шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966, аз 12.11.2013
№ 1028),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) ба миқдори калон содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966).
Эзоҳ: 1) Шахсе, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамин кирдор озод карда мешавад, агар ӯ пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаашро супорида бошад.
2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаи мазкур андозаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардае дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон андозаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардае фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷ ҳазор маротиба зиёдтар мебошад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
3) Даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - ҳама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
4) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда қисман ё пурра ба дигар молу мулк табдил дода шуда бошанд ё ба шакли дигар гардонида шуда бошанд, он гоҳ чунин молу мулк мусодира карда мешавад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966)
5) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба молу мулки аз сарчашмаҳои қонуни гирифташуда ҳамроҳ карда шуда бошанд, он гоҳ бе расонидани зарар ба ҳар гуна ваколатҳои марбут ба манъ ё ҳабси он қисми молу мулк, ки ба арзиши даромадҳои ҳамроҳшуда мувофиқ меояд, мусодира карда мешавад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
6) Нисбат ба фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз молу мулке, ки даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба он табдил дода шудаанд ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҳамроҳ карда шудаанд, гирифта шудаанд, чораҳои дар моддаи мазкур зикршуда бо ҳамон тарз ва дараҷае, ки нисбат ба даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
7) Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, инчунин фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз ин даромадҳо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
8) Ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи мазкур новобаста аз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахс аз рӯи ҷиноятҳои асосӣ, ки дар натиҷаи онҳо даромадҳо бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, фаро мерасад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965).
9) Ҷиноятҳои асосӣ - ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1) моддаи 57 Кодекси мазкур пешбинишуда, ки пеш аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир гардида, дар натиҷаи онҳо даромадҳо ба даст оварда шудаанд (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965, аз 17.05.2018
№ 1515).
Моддаи 263. Фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ
1) Татбиқи фаъолияти бонкӣ (амалиёти бонкӣ) бидуни бақайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, ё бо вайрон кардани шартҳои лицензиякунонӣ, агар ин кирдор бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон вобаста бошад ё ба манфиати шаҳрванд, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад;
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;
в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ё соҳибкории ғайриқонунӣ судшуда содир гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Даромад ё зарар ба миқдори калон чунин даромад ё зарарест, ки маблағи он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба ва даромади махсусан калон аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо се ҳазор маротиба зиёдтар мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 264. Ғайриқонунӣ гирифтани кредит
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Аз ҷониби шаҳрванд, соҳибкори инфиродӣ ё роҳбари ташкилот гирифтани кредит, иловапулӣ (дотатсия) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар муассисаи кредити бараъло пешниҳод кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба вазъи хоҷагидорӣ ё молиявии шаҳрванд, соҳибкории инфиродӣ ё ташкилот ё оид ба дигар ҳолатҳое, ки барои гирифтани кредит, иловапулӣ ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ заруранд, (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ғайриқонунӣ гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ё кредите, ки дар зери кафолати давлатӣ дода мешавад, ҳамчунин бар хилофи мақсад истифода бурдани онҳо, агар ин кирдор ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр) (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд мебошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 265. Ғайриқонунӣ додани кредит
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Ғайриқонунӣ додани ҳама гуна кредит ё ба ин мусоидат кардани шахсоне, ки бо истифода бурдани вазифаи хизматиаш мебоист ё метавонист ин кирдорҳоро ба ҷо оварад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз21.07.2010
№ 617).
Моддаи 266. Саркашии бадқасдона аз адои қарзи кредиторӣ
Саркашии бадқасдонаи роҳбари ташкилот, соҳибкори инфиродӣ ё шаҳрванд аз адои қарзи кредиторӣ ба миқдори калон ё аз пардохти коғазҳои қиматнок пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми қарзи кредиторӣ ба миқдори калон - қарзи шаҳрванд ба андозаи бештар аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва қарзи корхона ба андозаи бештар аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 267. Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он
1) Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ҳамчунин паҳн намудани маълумотҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онро ниҳон дорад (дар ҳолати набудани аломатҳои тамаъҷӯӣ) (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) бо истифодаи зӯроварӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) ба ҷабрдида ба миқдори калон зарар расонида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 268. Ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағ
1) Кирдори бадқасдонаи роҳбари муассисаи кредитӣ ё корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо мақсади ғараз ё манфиатдории шахсӣ маблағи пулии дар суратҳисоби худ бударо ба суратҳисоби ташкилоти дигар ғайриқонунӣ гузаронидааст, ҳамчунин тартиботи муқарраршударо вайрон карда, маблағи пулиро ба тарзи дигар истифода бурдааст ё дигар маблағи буҷетиро ғайримақсад истифода бурдааст, агар ин кирдор ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2). Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) ба миқдори махсусан калон зарар расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: 1) Дар таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зарарест, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд мебошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳангоми муайян намудани андозаи (миқдори) зарари расонидашуда ғайр аз зиёни бевосита ҳамчунин фоидаи аз даст рафтаро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.
Моддаи 269. Ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Пинҳон кардани молу мулк ё ӯҳдадориҳои молу мулкӣ, маълумот дар бораи молу мулк, миқдори он, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар маълумот оид ба молу мулк, ба ихтиёри дигар кас вогузоштани молу мулк, бегона кардан ё несту нобуд кардани молу мулк, ҳамчунин пинҳон, несту нобуд ё таҳриф кардани асноди муҳосибавӣ ё дигар асноди баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки фаъолияти иқтисодиро дар бар мегиранд, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбар ё молики ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ ҳангоми муфлисшавӣ ё ҳангоми пешбинии муфлисшавӣ содир шуда, ки ба миқдори калон зарар расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Дидаю дониста бар зарари кредиторони дигар ғайриқонунӣ қонеъ намудани талаботи молу мулкии кредиторони алоҳида аз ҷониби роҳбар ё молики ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз вазъияти воқеии нодории худ (муфлисӣ) огоҳанд, ҳамчунин қабул намудани чунин шакли қонеъгардонӣ аз ҷониби кредиторе, ки бар зарари дигар кредиторон аз бартарии ба ӯ фароҳам овардаи қарздор (нодор) огоҳ аст, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 270. Муфлисии бадқасдона
Бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар вонамуд сохтан ё зиёд кардани андозаи ғайри қобили пардохт будани корхонаи тиҷоратӣ аз ҷониби молик ё роҳбари он, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, агар он ба миқдори калон зарар расонида бошад, ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 271. Муфлисии сохта
Муфлисии сохта, яъне дидаю дониста аз ҷониби роҳбар ё молики корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ эълон кардани муфлисӣ бо мақсади ба таҳлука андохтани кредиторон барои дароз кардани мӯҳлат (отсрочка) ё қисм ба қисм додани (рассрочка) пардохти маблағ ба кредиторон ё тахфифи қарзҳо, ҳамчунин барои надодани қарзҳо, ки ба миқдори калон зарар расонидааст,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Дар моддаҳои 269, 270 ва 271-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки агар он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 272. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Моддаи 273. Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат
1) Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ), ки бо роҳи муқаррар намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ё нархҳои пасти инҳисорӣ содир шудаанд, ҳамчунин маҳдуд кардани рақобат бо роҳи тақсим кардани бозор, маҳдуд кардани дохилшавӣ ба бозор, аз он танг карда баровардани дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ, муқаррар намудан ё нигоҳ доштани нархи ягона,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳти пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр ё таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бидуни нишонаҳои тамаъҷӯӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ;
г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 21.07.2010
№ 617, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 274. Барқасдона вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо (ауксион)
1. Барқасдона вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер ё музояда, харидор ё дигар субъекти хоҷагидорӣ ба миқдори калон зарар расонидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.07.2016
№ 1330, аз 07.08.2020
№ 1717),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон зараре фаҳмида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
Моддаи 275. Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №844)
1) Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдорҳо такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.
2) Истифодаи ғайриқонунии тамғагузории оғоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол ё тамғаи молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда ё ба миқдори калон зарар расонида бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№844).
Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардурӯғ
1) Аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ оид ба мол, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурӯшандагони онҳо, ки бо нияти ғаразнок содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма сурат гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007
№ 301);
б) ба миқдори калон зарар расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Дар моддаҳои 275 ва 276-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зарар ҳисобида мешавад, ки агар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 07.08.2020
№ 1717).
Моддаи 277. Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ
Ҷамъоварии маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бо роҳи тасарруфи аснод, ришвадиҳӣ ё таҳдид нисбати шахсоне, ки сирри тиҷоратӣ ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онҳо, дошта гирифтани мавҷи воситаҳои алоқа ё ғайриқонунӣ тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи компютерӣ ё истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ, ҳамчунин бо роҳи дигари ғайриқонунӣ бо мақсади ифшо ё истифодаи ғайриқонунии ин маълумотҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ
Ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бидуни розигии молики он аз ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд ва ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба миқдори калон зарар расондааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Таъқиби ҷиноят барои содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи аризаи корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродии зарардида оғоз меёбад.
Моддаи 278(1). Ифшо намудани иттилоот дар бораи чораҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешидашаванда
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018
№ 1515)
Аз ҷониби кормандони ташкилотҳое, ки бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ифшо намудани иттилоот ба муштариёни худ ё дигар шахсон дар бораи ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом додани иттилоот оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба маблағи аз чорсад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018
№ 1515).
Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ
1) Ғайриқонунӣ додани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк ба шахсе, ки дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад, ҳамчунин вобаста ба мақоми ишғолнамудаи ин шахс ғайриқонунӣ расонидани хизмати дорои хусусияти молу мулкӣ ба ӯ барои амали анҷомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиҳанда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк, ҳамчунин аз ҷониби ӯ ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғол намудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) дар алоқамандӣ бо тамаъҷӯӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86, аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: Агар нисбат ба шахси кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин моддаро содирнамуда тамаъҷӯӣ ҷой дошта бошад ва ӯ ихтиёрӣ ба мақоме, ки ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятӣ кушояд, оид ба ришвадиҳӣ иттилоъ диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472).
Моддаи 280. Ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ
1) Ришвадиҳӣ ба варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзишии касбӣ, ҳамчунин ришвадиҳӣ ба ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрии) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ бо мақсади расонидани таъсир ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз сад то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
3) Ғайриқонунӣ гирифтани арзишҳои моддӣ ё истифода аз хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ аз ҷониби варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзиши касбӣ, ҳамчунин аз ҷониби ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрӣ) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ, ки бараъло барои таъсир расонидан ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо дода шудаанд ё истифода гардидаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз1.03.2005
№ 86).
Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)
1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори хориҷӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) ба миқдори калон;
в) такроран,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 282. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт
1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи кредитӣ ё картаҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки асъор ё дигар коғазҳои қиматнок ба шумор намераванд, вале асноди тасдиқкунанда, муқарраркунанда ё диҳандаи ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои молу мулкӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) ба миқдори калон;
в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҳамин ҷиноят ё барои тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ судшуда;
г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 283. Сӯиистифода ҳангоми баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия)
1) Баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия) ва ба таври оммавӣ тақсим (паҳн) кардани онҳо бидуни бақайдгирӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ё дидаю дониста истифода бурдани асноди сохта (қалбакӣ) барои бақайдгирии коғазҳои қиматнок (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ба тарҳи эмиссияи коғазҳои қиматнок дидаю дониста дохил намудани маълумоти нодуруст, ҳамчунин тасдиқи тарҳи эммиссия, ки бараъло маълумоти нодуруст дорад ё дидаю дониста тасдиқ кардани натиҷаҳои таҳрифшудаи эмиссия, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: Дар моддаҳои 281, 282 ва 283 ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми миқдори калон ё зарар ба миқдори калон чунин миқдор ё зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Додугирифти металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид бар хилофи қоидаҳои муқарраргардидаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ё кашондани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ (ҷавоҳирот) ва маишӣ ва пораҳои чунин маснуот (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) ба миқдори калон;
в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҳамон вақт ба миқдори калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид, ки мавриди муомилоти ғайриқонунӣ гардидаанд, аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёдтар бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 285. Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Саркашӣ кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хоми муштақ ба даст овардашуда, ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Вайрон кардани қоидаҳои супоридан ё фурӯши фулузот ва сангҳои қимматбаҳо ба давлат вақте ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар арзиши молу маҳсулоти дар ҳамин модда зикргардидаи ба давлат насупорида ё фурӯхтанашуда аз андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 286. Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 6)
1) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617, аз 14.05.2016
№ 1304).
2) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то шаш сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005
№ 86, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617, аз 14.05.2016
№ 1304).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба миқдори калон содир шуда бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то як ҳазору шашсаду чилу ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то нуҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617, аз 14.05.2016
№ 1304).
Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда номбаршуда ҳамон вақт ба миқдори калон ҳисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёдтар бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 6, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 287. Аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ
Аз хориҷа ба миқдори калон барнагардондани воситаҳо ба асъори хориҷӣ аз ҷониби роҳбарони корхона, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳисобномаи бонки ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман гузаронида шавад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур кирдорҳо ҳангоме ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар воситаҳои ба асъори хориҷӣ баргардониданашуда аз андозаи панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 288. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1379)
1) Қочоқ - интиқоли мол ва (ё) ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан, ё декларатсиякунонии носаҳеҳи онҳо, ба истиснои ашёҳое, ки дар қисми 3) моддаи мазкур нишон дода шудаанд, агар дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
2) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду панҷоҳу шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
3) Интиқоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар моддаҳои сахттаъсир, заҳрнок, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин ашёи хоми аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳеҳ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021
№ 1776, аз 19.07.2022
№ 1895),-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми моддаи мазкур агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди он нисбат ба шахсе, ки назорати гумрукиро анҷом медиҳад;
г) бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкур ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, агар арзиши мол ё воситаи нақлиёти интиқолшуда аз дую ним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017
№ 1379).
Моддаи 290. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Дар мӯҳлати муқарраршуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои хориҷие, ки берун аз хоки он бурда шуда буд, ба шарте, ки баргардонидани он, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад,
бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 291. Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ
1) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори калон,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ;
б) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 292 ё 293 пешбинишуда судшуда;
г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359).
Моддаи 292. Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё декларатсияи андоз дохил намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2. Ҳамин кирдор, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;
б) ба миқдори махсусан калон содиршуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: 1) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, танҳо дар ҳолате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорҳоро содир намуда, дар давоми чилу ҳашт рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор, маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорад, инчунин кирдорҳои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорида бошад.
2) Агар нисбати шахс бо моддаҳои 291, 292 ё 293 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шӯда, ҳангоми тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ шахс маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардбхтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, дар асоси моддаи 72 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
3) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд мақкумшуда маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, бо қарори суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳаллӣ иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад.
4) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳои супориданашуда аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба миқдори махсусан калон, аз сию қафт ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359).
Моддаи 293. Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 11.03.2010 № 600)
1) Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо бо роҳи пешниҳод накардани эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дар ҳолате, ки пешниҳоди чунин эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз ҳатмӣ мебошад ё ба эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дидаю дониста дохил кардани маълумоти таҳрифшуда, ки боиси ба миқдори калон пардохт нагардидани андозҳо ва (ё) пардохтҳо гаштааст,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010
№ 600, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, агар;
а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 292 пешбинишуда, судшуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ
аз 14.11.2016 № 1359).
Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон
1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бақияи пул, гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) ё дигар навъи фиреб додани истеъмолкунандагон дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фурӯши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон ба миқдори назаррас содир шуда бошанд;
бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) ба миқдори калон;
в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фиреби истеъмолкунандагон суд шудааст, содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
а) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Фиреби истеъмолкунандагон ҳангоме ба миқдори назаррас содиршуда шумурда мешавад, ки агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз даҳяки нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар, ба миқдори калон - аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад, ба миқдори махсусан калон аз панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 295. Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо истифода намудани ваколатҳои фармонфармоӣ ё дигар ваколатҳои идоравӣ бар хилофи манфиатҳои ин ташкилотҳо ва бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарӣ барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба шахсони дигар, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2. Ҳамин кирдор агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо дар моддаи мазкур шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё мутобиқи ваколати махсус вазифаи фармонфармоӣ ё дигар вазифаи идоравиро дар ташкилотҳои тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва инчунин дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақоми ҳокимияти давлатӣ намебошанд, анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
2) Агар кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда танҳо ба ташкилоти тиҷоратӣ, ки ташкилоти давлатӣ намебошад, зарар расонида бошад, таъқиби ҷиноятӣ аз рӯи аризаи ҳамин ташкилот ё бо розигии он оғоз карда мешавад. Ҳангоми расонидани зарар ба дигар ташкилот, инчунин ба манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат - таъқиби ҷиноятӣ дар асосҳои умумӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 296. Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ, ё арбитрҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 23.05.2016 № 1330)
1) Аз ҷониби аудитор, судяи ҳакамӣ, ё арбитри арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, истифода намудани ваколаташон бар хилофи вазифаҳои фаъолияти ба зиммаашон гузошташуда ва ба мақсади ба даст овардани фоида ва бартариҳо барои худ ё дигар шахсон ё расонидани зарар ба дигарон, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилот ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.05.2016
№ 1330),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 297. Аз ҳадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти муҳофизати хусусӣ ва детективӣ
1) Аз ҷониби роҳбарон ё хизматчиёни хадамоти муҳофизати хусусӣ ё детективӣ, бар хилофи вазифаҳои фаъолияти худ гузаштан аз ҳадди ваколат, ки мутобиқи литсензия ба онҳо дода шудааст, агар ин кирдор бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус содир шуда бошад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
ФАСЛИ ХII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
БОБИ 28. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Моддаи 298. Ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооти компютерӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
1) Ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооте, ки дар система ё шабакаи компьютерӣ, ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо вайрон кардани системаи муҳофизати онҳо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси тағйир додан, нест кардан ё муҳосираи (блокировкаи) иттилоот, ҳамчунин аз кор баровардани таҷҳизоти компютерӣ гардида бошад ё зарари ҷиддӣ расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 299. Тағйир додани иттилооти компютерӣ
1) Тағйири иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ, ё дар махзани мошинҳо нигоҳ дошта шудааст, ҳамчунин дидаю дониста ба онҳо дохил намудани иттилооти бараъло бардурӯғ, ки зарари ҷиддӣ расонидааст ё таҳдиди расонидани чунин зарарро пеш овардааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компютерӣ алоқаманд бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 300. Тахриби компютерӣ
1) Несту нобуд, муҳосира ё корношоям сохтани иттилооти компютерӣ ё барнома, аз кор баровардани таҷҳизоти компютерӣ, ҳамчунин вайрон кардани системаи ё шабакаи компютерӣ ё махзани мошинҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компютерӣ алоқаманд бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 301. Ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилооти компютерӣ
1) Нусхабардории ғайриқонунӣ ё бо дигар усули ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилоот, ки дар система ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, ҳамчунин дошта гирифтани иттилооте, ки ба воситаи алоқаи компютерӣ фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Маҷбур кардан барои додани иттилооте, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо таҳдиди ифшо кардани маълумотҳои беобрӯкунанда нисбати шахс ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки шахс, наздикони ӯ ва шахсони дигар, ки чунин иттилоот ба онҳо бовар карда супорида шудааст ё таҳти муҳофизати онҳо қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ӯ алоқаманд бошад;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонида бошад;
г) бо мақсади ба даст овардани иттилооти ниҳоят арзишнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 302. Тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Тайёр кардан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси барномавӣ ё таҷҳизотӣ барои ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компютерии муҳофизатдор (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 303. Таҳия, истифода ва паҳн кардани барномаҳои зараровар
1) Таҳияи барномаҳои компютерӣ ё даровардани тағйирот ба барномаҳои мавҷуда бо мақсади бе иҷозат нобуд ё муҳосира кардан ё тағйир додан ё нусхабардории иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо маҳфуз аст, инчунин таҳияи барномаҳои махсуси вирусдор, дидаю дониста истифода бурдани онҳо ё паҳн кардани махзанҳои дорои чунин барномаҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 304. Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи система ё шабакаи компютерӣ
1) Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи системаи ё шабакаи компютерӣ аз ҷониби шахсе, ки ба ин система ё шабака ҳуқуқи даромаданро дорад, агар ин амал аз беэҳтиётӣ боиси нобуд ё муҳосира шудан ё тағйир ёфтани иттилооти компютерӣ, вайрон шудани кори таҷҳизоти компютерӣ ё расонидани дигар зарари ҷиддӣ гашта бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар ҳангоми истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ, ки иттилооти ниҳоят арзишнок дорад, содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
ФАСЛИ XIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ
Моддаи 305. Хиёнат ба давлат
1) Хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;
д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ махрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359).
Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 306 ва 308 Кодекси мазкурро содир кардааст, агар ихтиёрӣ ва бо сари вақт огоҳонидани мақомоти ҳокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорҳои ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 306. Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият
1) Ҳаракате, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ба ғасб кардани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ҳамчунин ба мақсади бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо зӯроварӣ тағйир додани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;
д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359).
Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007
№ 301);
д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002
№ 89).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002
№ 89, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359)
1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;
а) такроран;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359).
Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурӯҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015
№ 1261).
2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 25.12.2015
№ 1261).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015
№ 1261).
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015
№ 1261).
2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016
№ 1359),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015
№ 1261).
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта
(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 750)
1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015
№ 1261).
2. Ҳамин кирдор, агар:
- бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;
- бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011
№ 750, аз 13.06.2013
№ 966, аз 25.12.2015
№ 1261).
Супоридани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ё намояндагони онҳо, инчунин ҷамъоварӣ, тасарруф кардан ё нигаҳдоштани чунин маълумотҳо бо мақсади супоридан ба онҳо ҳамчунин супоридан ё ҷамъоварии дигар маълумотҳо мутобиқи супориши кашфи (разведкаи) хориҷӣ барои истифода бурдани онҳо бар зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин кирдор аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 309. Таҳрибкорӣ (Диверсия)
1) Бо мақсади ноустувор сохтани амнияти иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содир намудани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдорҳое, ки барои нобуд ё вайрон кардани корхонаю иншоот, роҳ ва воситаҳои нақлиёт, воситаҳои алоқа, объектҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 310. Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардонидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият (акти террористӣ) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45).
Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ
1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ӯ бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ӯ маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ӯ нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ
Аз ҷониби шахсе, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дорад, вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо аснодҳои дорои сирри давлатӣ дошта, ҳамчунин бо предметҳое, ки маълумот дар бораи онҳо сирри давлатӣ мебошанд, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси гум шудани онҳо ё фаро расидани оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 313. Исёни мусаллаҳона
Ташкили исёни мусаллаҳона ё иштироки фаъолона дар он бо мақсади аз байн бурдан ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
БОБИ 30.ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАНФИАТҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 314. Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ
1) Аз ҷониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатҳои хизмати худ бархилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳо ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду. нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020
№ 1717).
Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекси мазкур шахси таъин ё интихобшуда фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017
№ 1380).
2) Таҳти мафҳуми шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад, дар моддаҳои боби мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки мансабҳои барои иҷрои бевоситаи салоҳияти мақомоти давлатӣ муайнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
3) Хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба шумули шахсони мансабдор дохил намешаванд, мутобиқи моддаҳои ҳамин боб дар ҳолатҳои махсус пешбининамудаи моддаҳои дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 24.02.2017
№ 1380).
4) Вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ - ваколатҳо оид ба амалӣ намудани роҳбарии коллективи меҳнатӣ, доираи муайяни кор, кормандони алоҳида, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ташкили меҳнати кормандони тобеъ, назорат ва санҷиши риояи интизоми меҳнат, татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017
№ 1380).
5) Вазифаҳои маъмурию хоҷагидорӣ - ваколатҳо оид ба идора ва ихтиёрдории молу мулк (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017
№ 1380).
Моддаи 315. Беамалӣ дар иҷрои вазифа
Аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ иҷро накардани вазифаҳои хеш, агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 316. Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ
1) Аз ҷониби шахси мансабдор анҷом додани ҳаракате, ки аз ҳадди ваколатҳои ӯ баръало берун мебарояд ва боиси ба таври ҷиддӣ поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гаштааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин ҳаракатро агар шахсе содир карда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
в) бо расонидани оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 317. Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор
Аз ҷониби хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор ва вобаста ба он содир намудани ҳаракате, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳоро ба таври ҷиддӣ поймол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ
Аз ҷониби шахси мансабдор таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ё шахсан иштирок дар идораи чунин ташкилот ё ба воситаи шахси боваринок хилофи манъи муқаррарнамудаи қонун, агар ин кирдор аз фароҳам овардани имтиёз ва бартарӣ ё бо дигар шакли пуштибонӣ ба чунин ташкилот алоқаманд бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 319. Гирифтани пора
1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 12.11.2013
№ 1028),-
бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274).
2) Аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 12.11.2013
№ 1028),-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018
№ 1472, аз 3.08.2018
№ 1538),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274, аз 3.08.2018
№ 1538)
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 3.08.2018
№ 1538);
в) бо тамаъҷӯии пора;
г) ба миқдори калон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274).
Эзоҳ: 1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325-и ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин моддаҳо содир шуда бошад.
3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013
№ 1028).
4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013
№ 1028).
1) Додани пора шахсан ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ ё аз тариқи миёнарав (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013
№ 1028),
бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274).
2) Додани пора ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ барои аз ҷониби онҳо дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013
№ 1028),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274, аз 3.08.2018
№ 1538);
Эзоҳ: 1) Агар аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ тамаъҷӯии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба мақоме, ки ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад хабар диҳад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 12.11.2013
№ 1028).
2) Таҳти мафҳуми тамаъҷӯе, ки дар моддаи 319 ва 320 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, талаботи шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ оид ба додани пора зери таҳдиди содир кардани чунин амалҳои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатҳои қонунии порадиҳанда зарар расонад, ё инчунин қасдона гузоштани шаҳрванд ба чунин ҳолате, ки ӯ маҷбур аст барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии худ пора диҳад, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 12.11.2013
№ 1028).
Моддаи 321. Иғвои порадиҳӣ
Кӯшиши ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ додани пул, коғазҳои иматнок, дигар молу мулк ё хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ бе розигии онҳо бо мақсади сохтани далелҳои сунъӣ оид ба гирифтани пора (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386) аз 12.11.2013
№ 1028, аз 3.08.2018
№ 1538);
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274).
1) Хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 323. Сохтакории хизматӣ
Сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани маълумотҳои бардурӯғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 323(1). Ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурӯғ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)
1) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ҳамчунин аз ҷониби шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурӯғ ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ба таври дахлдор иҷро накардан ё хунукназарона иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ё ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451).
Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ
1) Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчӣ
1) Додани мукофот ба хизматчӣ, яъне додани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ ба хизматчии корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои ба манфиати шахси мукофотдиҳанда иҷро кардани амали ғайриқонунӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) ба миқдори калон;
г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаҳои 324 ва 325-и Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 326. Ғайриқонуни иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)
Ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 327. Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад
Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ, инчунин истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
БОБИ 31. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Моддаи 328. Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият
1) Истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин таҳдиди несту нобуд кардани молу мулк нисбат ба намояндаи ҳокимият ё наздиконаш вобаста ба иҷрои вазифаашон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми намояндаи ҳокимият шахсе дар назар дошта шудааст, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ хизмат карда ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба шахсони таҳти тобеъияти хизматиаш қарорнадошта ваколати амрдиҳиро дорад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 329. Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд сохтани молу мулк нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин нисбати шахсони наздики онҳо бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ин шахсон оиди муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини бехатарии ҷамъият ё аз рӯи интиқом барои чунин фаъолияташон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият
1) Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо, бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз ду моҳ то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007
№ 301),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо ва муассисаҳои ҳабси пешакӣ
1) Таҳдиди зӯроварӣ нисбати кормандони муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо, нисбати кормандони муассисаҳои ҳабси пешакӣ бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти мӯътадили ин муассисаҳо,
бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Бо ҳамин мақсад истифода бурдани зӯроварӣ нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии шахс хавфнок аст;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:
в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 332. Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд
1) Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намуда, дар:
а) таҳқиру шиканҷаи маҳкумшудагон;
б) ҳамла овардан ба намояндагони маъмурияти ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ;
в) ташкил намудани гурӯҳҳо бо ин мақсад ё дар амали онҳо фаъолона иштирок намудан ифода ёфтааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахси барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкумшуда содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 333. Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар
Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои тафриқаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
1) Худсарӣ, яъне худсарона бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ зарари ҷиддӣ расонидааст,
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 31.12.2008
№ 451).
Моддаи 334(1). Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1809)
Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 №
1809).
Моддаи 334(2). Вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2050)
Барои вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин аз ҷониби шахсони дигар ба таври дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта содир шудани ҳамин кирдорҳо дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазору дусад то ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024
№ 2050).
Моддаи 335. Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451).
2) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи муташаккил ё бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи ҳамин модда нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бо вайрон кардани қоидаи гузаштан аз Сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ҳуқуқи паноҳгоҳи сиёсӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд, паҳн намегардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 2.01.2018
№ 1472).
Моддаи 335(1). Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунии чунин шахсон ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
д) бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти ғайриқонунӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451).
3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Моддаи 335(2). Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451)
1) Ташкили ғайриқонунӣ фиристонидан ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Бо кор таъмин намудани муҳоҷирон аз ҷониби шахсе, ки барои амалӣ намудани чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451).
Моддаи 336. Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ
Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ, ки дар давоми сол пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои ҳамин гуна вайронкуниҳо содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлатӣ
Тасарруфи мукофоти давлатӣ,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694)
1) Худсарона ишғол намудани қитъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 ва 338(1) Кодекси мазкур пешбинигардида дар ҳамон вақт такроран содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои дар ҳамин моддаҳо пешбинигардидаро содир намуда бошад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011
№ 694).
Моддаи 338(1). Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 694)
1) Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз ваколати мансабӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011
№ 694, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр
1) Тасарруфи шиноснома (паспорт) ё дигар ҳуҷҷати муҳими шахсии шаҳрванд,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз ҳаштод то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Бо мақсади ғаразнок ё манфиати дигари шахсӣ тасарруф, нобуд, вайрон ё пинҳон кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, штамп ё мӯҳр,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисоб ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади савдои одамон содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 33, аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 340. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ
1) Сохтакории шиноснома (паспорт), шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, штампу мӯҳр ё бланкаҳои қалбакӣ, инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 33),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011
№ 694).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи техникаи компютерӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011
№ 694).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади савдои одамон содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 33).
Моддаи 340(1). Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 97)
1. Сохтакорона тайёр кардан бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқати муҳофизатшаванда ва ё истифодаи онҳо,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2. Ҳамин кирдор, агар бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва ё гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005
№ 97, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
Моддаи 341. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофоти давлатӣ
Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда, инчунин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 341(1). Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1609)
1. Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ чунин кирдор содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин истифода гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1084),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019
№ 1609).
Моддаи 342. Таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ
Таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 343. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ
1) Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси ӯҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Саркашӣ аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳи:
а) ба худ расонидани зарар ба саломатӣ;
б) бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Моддаи 344. Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ
Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
БОБИ 32. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ
Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274)
1) Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Дар ҳар шакле дахолат кардан ба фаъолияти прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо мақсади монеъ шудан ба ҳамаҷониба, пурра ва объективии таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакии парванда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматии худ содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ
1) Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:
а) бо гунаҳгор кардан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;
б) бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;
в) аз нияти ғаразнок (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,
бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида агар:
а) нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274);
б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004
№ 35).
Моддаи 347. Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он
1) Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ӯ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Пинҳон доштани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини пешакӣ ваъданашуда,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: 1) Ҳамсар ва хешовандони наздики шахси содирнамудаи ҷиноят барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашудаи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. Ҳамчунин қурбонии савдои одамон барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашуда, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
2) Инчунин ходими калисо барои хабар надодан дар бораи ҷинояте, ки ба ӯ ҳангоми омӯзиш маълум гардидааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.
Моддаи 348. Дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ
1) Дидаю дониста шахси бегуноҳро ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 15.03.2016
№ 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) вобаста бо айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;
б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;
в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 349. Дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ
1) Дидаю дониста аз тарафи судя (судяҳо) ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) вобаста бо баровардани ҳукми аз озодӣ маҳрум сохтан;
б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;
в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 350. Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274)
Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 351. Гувоҳии бардурӯғ
1) Дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани шоҳид, ҷабрдида ё хулосаи ғалат додани коршинос (эксперт), ҳамчунин ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё дар суд дидаю дониста нодуруст тарҷума кардани тарҷумон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:
а) ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин:
б) ба тайёр кардани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;
в) бо мақсади ғаразнок;
г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: 1. Агар шоҳид, ҷабрдида, коршинос ё тарҷумон дар ҷараёни таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё мурофиаи судӣ то баровардани ҳукм ё ҳалномаи суд дар хусуси бардурӯғ будани баёнот, хулосаҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума карданашон ихтиёрӣ арз намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
2) Қурбонии савдои одамон барои додани нишондоди бардурӯғ, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Моддаи 352. Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан
1) Саркашӣ кардани шоҳид ё ҷабрдида аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ба суд ё нахостани додани нишондод (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Саркашӣ кардани коршинос (эксперт), мутахассис тарҷумон ё шахси холис аз ҳозир шудан ба даъвати худи ҳамон мақомот ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008
№ 451),
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Эзоҳ: 1. Шахс барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ба муқобили худ ва хешовандони наздикаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274).
2) Қурбонии савдои одамон барои саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд, ё нахостани додани нишондод нисбат ба ҷиноятҳое, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманданд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019
№ 1554).
Моддаи 353. Ришвадиҳӣ ё маҷбур кардан барои додани баёноти бардурӯғ, хулосаи бардурӯғ ё тарҷумаи нодуруст
1) Ришвадиҳӣ ба шоҳид, ҷабрдида бо мақсади аз ҷониби онҳо додани баёноти бардурӯғ ё ба коршинос бо мақсади пешкаш намудани хулосаи бардурӯғ ё додани нишондоди бардурӯғ, ҳамчунин ба тарҷумон бо мақсади нодуруст тарҷума карданаш,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Маҷбур сохтани шоҳид, ҷабрдида барои додани нишондоди бардурӯғ, коршинос барои пешниҳоди хулосаи бардурӯғ ё тарҷумон ҷиҳати нодуруст тарҷума кардан, ҳамчунин маҷбур сохтани шахсони мазкур барои саркашӣ намудан аз додани нишондод вобаста бо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) иръоб (шантаж);
б) таҳдиди куштан;
в) таҳдиди зарар ба саломатӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) нобуд сохтани молу мулки ин шахсон ё наздикони онҳо содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии шахсони мазкур хавфнок набуда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае,ки:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии шахсони зикргардида хавфнок содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 354. Аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274)
1) Бо роҳи таҳдид, иръоб ё кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ё шоҳидро маҷбур намудан ба додани нишондод, инчунин коршиносро барои пешниҳоди хулоса маҷбур кардан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 15.03.2016
№ 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012
№ 808).
Моддаи 355. Беэҳтиромӣ нисбати суд
1) Беэҳтиромӣ нисбати суд, ки дар таҳқири иштирокчиёни мурофиаи судӣ ифода ёфтааст,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Таҳқири судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд,
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 356. Таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ", таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274)
1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд кардани молу мулк нисбати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, адвокат, эксперт, тарҷумон, пристави суд ё котиби суд, иҷрочии суд, ҳамчунин наздикони онҳо вобаста ба гузаронидани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 15.03.2016
№ 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Бо сабаби гузаронидани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, истифода намудани зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатиашон хавфнок нест (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 15.03.2016
№ 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда бо истифода намудани зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 357. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35)
Моддаи 358. Ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан
1) Дидаю дониста ғайриқонунӣ дастгир намудан,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Дидаю дониста ғайриқонунӣ ҳабс кардан ё дар ҳабс нигоҳ доштан,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 359. Сохтакории далелҳо
1) Сохтакории далелҳои парвандаи гражданӣ аз ҷониби шахси дар парванда иштирокдошта ё намояндаи ӯ,
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду шаст то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахсони дар қисми дуюми ҳамин модда зикргардида, агар (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386):
а) дар хусуси ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад;
б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 360. Ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ
Шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдоршавандаро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274)
Бе иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор маълумоти таҳқиқ ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фош накардани онҳо огоҳонида шуда буд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1274),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 362. Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке, ки рӯйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386)
1) Молу мулки рӯйхат шуда ё ба он ҳабс гузошташударо исроф намудан, бегона ё пинҳон кардани шахсе, ки молу мулки мазкур ба вай бовар карда супурда шуда буд, ҳамчунин аз тарафи хизматчиёни ташкилотҳои кредитӣ ба амал баровардани амалиётҳои бонкӣ ба воситаҳои пулӣ (пасандозҳо), ки ба онҳо ҳабс гузошта шуда буд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Пинҳон ё азони худ кардани молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда мешавад, ҳамчунин бо тарзи дигар саркашӣ кардан аз иҷрои эътибори қонунӣ пайдокардаи ҳукми суд оиди таъмини мусодираи молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386,
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 363. Иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ
Ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, инчунин ба иҷрои онҳо монеъ шудан (Қонуни ҶТ
аз 2.01.2018 № 1472),
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
Моддаи 364. Саркашӣ аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ кардани шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ба ӯ барои аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати кӯтоҳ сафар кардан иҷозат дода шудааст ё иҷрои ҳукм дар мавриди татбиқи ҷазо мавқуф гузошта шудааст баъд аз ба охир расидани мӯҳлати иҷозати сафар кардан ё мӯҳлати мавқуф гузошта шуда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 365. Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ гурехтани шахсе, ки ҷазоро адо мекунад ё дар ҳабси пешакӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) бо зӯроварии барои ҳаёт ё саломатии шахсони дигар хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи силоҳ ё предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Шахсе, ки дар мӯҳлати се рӯз ихтиёрӣ ба ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ба ҳабси пешакӣ бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гурехтан озод карда мешавад, агар дар ҳаракатҳои ин шахс таркиби ҷиноятҳои дигар набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
ФАСЛИ XIV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
БОБИ 33. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Моддаи 366. Мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ
1) Ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ - он ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин боб эътироф карда мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси даъват ё бо тартиби иттиёрӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё шахсоне, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хизматии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
2) Шахсоне, ки дар ҳамин модда зикр нашудаанд, барои шарикӣ дар ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ аз рӯи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс ба сифати ташкилкунанда, таҳриқкунанда ва ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 367. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Моддаи 368. Иҷро накардани фармон
1) Аз ҷониби зердаст иҷро накардани фармони мутобиқи тартиби муқарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари ҷиддӣ расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои иҷро накардани фармони баръало ҷиноятӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 369. Муқобилият ба сардор ё маҷбур кардани ӯ ба вайрон кардани вазифаҳои хизматӣ
1) Муқобилият нишон додан ба сардор ё ба шахси дигаре, ки иҷрои вазифаи сардор ба ӯҳдааш гузошта шудааст, ҳамчунин барои вайрон кардани ин вазифаҳо маҷбур сохтани ӯ, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он алоқаманд аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) бо истифодаи силоҳ техникаи ҷангӣ ё моддаҳои тарканда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 13.06.2013
№ 965);
в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 370. Истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор
1) Лату кӯб ё истифодаи шакли дигари зӯроварӣ ба сардор вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбии ӯ ё ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин ҳаракат, агар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35):
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
б) бо истифодаи силоҳ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 371. Таҳдид ба сардор
1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ ё таҳдиди лату кӯби сардор дар ҳолати мавҷудияти асосҳои кофӣ, барои амалӣ шудани ин таҳдид бинобар вазифаҳои хизмати ҳарбиро иҷро кардани вай (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 372. Таҳқири хизматчии ҳарбӣ
1) Аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ таҳқир намудани хизматчии ҳарбии дигар ҳангоми иҷрои вазифа ва ё вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то шаш моҳ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Сардорро таҳқир кардани зердаст, ҳамчунин таҳқири зердаст аз ҷониби сардор ҳангоми иҷрои вазифа ё вобаста ба иҷрои вазифаи хизмати ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то як сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 373. Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо
1) Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад,
бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) нисбати ду ва зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
г) бо истифодаи силоҳ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965);
д) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 374. Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат
1) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат, ҳамчунин бидуни сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба хизмат пас аз рухсатӣ аз қисми ҳарбӣ, рухсати меҳнатӣ, ҳангоми таъин кардан ё гузаронидан ба дигар ҷой ба хизмат, ё ба дигар хизмат гузаронидан, ё аз сафари хизматӣ барнагаштан, ё аз муассисаҳои табобатӣ, ки зиёда аз се шабонарӯз, вале на зиёда аз даҳ шабонарӯзро дар бар мегирад аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват хизмат мекунанд, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат ба ҳамин мӯҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ мӯҳлати ҷазоро адо мекунад, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
3) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё ҷои хизмат аз ҷониби хизматчии хизмати ҳатмии ҳарбӣ, шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчие, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунад, инчунин барнагаштан ба хизмати ҳарбӣ дар вақти муайяншуда бе сабабҳои узрнок, зиёда аз даҳ шабонарӯз, вале на бештар аз як моҳ инчунин саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ ба ҳамин мӯҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳали хизмат, ё бе сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз даҳ шабонарӯз, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат бо мӯҳлати зикргардида бо роҳи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб, аз ҷониби хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ мӯҳлати ҷазоро адо менамояд, содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 12).
5) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳали хизмат, инчунин бе сабабҳои узрнок барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз як моҳ аз чониби шахсони дар қисмҳои якум ва сеюми ҳамин модда зикргардида,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 12, аз 17.05.2004
№ 35).
6) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷанг ё замони ҷанг, сарфи назар аз давомнокии он содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 12).
Эзоҳ: Хизматчии ҳарбии кирдори дар қисми якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур пешбинишударо бори аввал содир карда, агар худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ бо сабаби пеш омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 12).
1) Фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншуда,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчии ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ адои хизмат мекунад содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005
№ 125),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
3) Фирор бо силоҳе, ки дар ҷои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Фироре, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Хизматчии ҳарбие, ки мутобиқи кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бори аввал фирор кардааст, агар ихтиёран дар мӯҳлати се рӯз омада ба гуноҳаш иқрор шавад ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877).
Моддаи 376. Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар
1) Саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё саркашӣ бо роҳи бемории сохта ва ё фиреби дигар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877, аз 17.05.2004
№ 35).
3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷанг ё дар замони ҷангӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877).
Моддаи 377. Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ
1) Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) оид ба сари вақт ошкор намудан ва зада гардонидани ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба таъмини амнияти он, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар расонад,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877).
3) Вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба хизмат, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳдуд кардани дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 378. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ
1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ, аз ҷониби шахси дар хизмати наряди сарҳадӣ буда ё иҷрокунандаи дигар вазифаҳои хизмати сарҳадӣ, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар оварад,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки сабаби оқибатхои вазнин шудааст,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 379. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ
1) Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ (посбонӣ) аз ҷониби шахси ба ҳайати қаровулӣ (посбонӣ) дахилшуда, агар ин кирдор боиси ба объектҳои аз ҷониби қаровул (посбон) муҳофизатшаванда расонидани зарар гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Вайронкунии хизмати оинномавии қаровулӣ (посбонӣ), дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 380. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон
Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати дохилӣ аз ҷониби шахси ба ҳайати наряди шабонарӯза дохилбуда, ҳамчунин вайронкунии қоидаҳои оинномавии гардиши посбон дар гарнизон аз ҷониби шахси ба ҳайати наряди посбонон дохил буда, агар ин кирдор боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 381. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ
1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини амнияти ҷамъиятӣ, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонида бошад,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 382. Ихтиёран додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ва техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)
Ихтиёран ба шахси дигар додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки ба ӯ ин чизҳо барои истифодаи хизматӣ бовар карда супурда шудааст ва агар он боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 383. Воситаҳои бурдани ҷангро ба душман таслим намудан ё он воситаҳоро партофта рафтан
Қувваҳои ҳарбии ба ӯ бовар карда супоридашударо ба душман таслим намудани сардор, инчунин бе зарурияти вазъияти ҷанг истеҳком, техникаи ҷангӣ ё дигар воситаҳои бурдани ҷангро ба ихтиёри душман партофта рафтани сардор, ки вай ин ҳаракатҳоро бе мақсади ба душман ерӣ расондан содир карда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877).
Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё саркашӣ кардан аз кор фармудани силоҳ
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)
Дар вақти ҷанг худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё ки дар вақти ҷанг саркашӣ кардан аз кор фармудани силоҳ (
Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ
Аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Несту нобуд ё вайрон кардани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ дар натиҷаи беэҳтиётӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
2) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422).
3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 387. Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)
1) Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ, моддаҳои тарканда ё дигар маводу асбобу анҷоме, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии ҷабрдида, нобуд шудани техникаи ҳарбӣ ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Барбод додан, яъне аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ фурӯхтан, ба истифода додан, ба шахси дигар ё ба гарав мондани сарулибос ё асбобу анҷомҳои ҳарбие, ки ба ӯ барои истифодабарии шахсӣ дода шудаанд, инчунин дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои сариштакунӣ гум ё вайрон кардани чизҳои мазкур,
бо ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35,аз6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Вайронкунии қоидаҳои нигоҳдории симлоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҷангӣ, ки барои истифодаи хизматӣ бовар карда супорида шудааст, агар ин сабаби гум шудани онҳо гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 6.10.2008
№ 422, аз 21.07.2010
№ 617).
3) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинӣ шуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 389. Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳо
1) Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии ҷабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,
бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори дар банди якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 390. Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё тайёрӣ ба он
Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё ин ки тайёрӣ ба он, инчунин вайронкунии қоидаҳои истифодабарии аппаратҳои парвозкунанда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибаҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 391. Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият
1) Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 21.07.2010
№ 617).
2) Ҳамин кирдорҳо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломати инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳамин кирдорҳо, агар:
а) аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон;
б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
4) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 392. Муносибати хунукназарона ба хизмат
1) Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои хизматии худ аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор дар натиҷаи муносибатҳои беэҳтиётона ё беинсофона ба онҳо, ки боиси расондани зарар ба миқдори калон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 10.12.1999
№ 877, аз 17.05.2004
№ 35).
2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 393. Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)
1) Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё дигар молу мулки ҷангӣ, ки дар анборҳои ҳарбӣ ё дигар анборҳо, дар истифодаи хизматӣ ё дар дасти дигар хизматчиён маҳфузанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
2) Тасарруфе, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386);
в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир гардидааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) ба миқдори калон ё боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Тасарруфе, ки:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) ба миқдори махсусан калон;
в) бо истифодаи зӯроварии ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 394. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 64)
ФАСЛИ XV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ
БОБИ 34. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ
Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона
1) Ба нақша гирифтан ё тайёр кардани ҷанги таҷовузкорона,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
2) Оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45, аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 396. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона
1) Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008
№ 422).
2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет ё аз ҷониби шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007
№ 301, аз 18.06.2008
№ 386, аз 6.10.2008
№ 422),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияги муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35).
Эзоҳ: Рӯйхати шахсоне, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунанд, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386).
Моддаи 397. Муомилоти ғайриқонунӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018
№ 1515)
1) Ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан ё соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
2) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳое, ки дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
4) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур ҳар навъ дороиҳои ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳо дар ҳар шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин, кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ ва бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018
№ 1515).
Кирдорҳое, ки ба пурра ё қисман маҳв сохтани гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ бо роҳи пурра ё қисман қир кардани онҳо, зӯроварона монеъ шудан ба таваллуди кӯдак равона гардидаанд, ё аз як гурӯҳи одамон ба дигаре додани кӯдакон, расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо ё фароҳам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба нобудкунии ҷисмонии аъзои ин гурӯҳ нигаронида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004
№ 46, аз 1.03.2005
№ 86).
Истифодаи силоҳи зарравӣ, нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ ё силоҳи дигари қатли ом бо мақсади нобуд кардани мардум ва муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 965),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004
№ 46, аз 1.03.2005
№ 86).
Маҳви оммавии олами наботот ё ҳайвонот, заҳролудкунии атмосфера ё захираҳои об, инчунин анҷоми кирдорҳои дигаре, ки фалокати экологиро ба вуҷуд оварда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 966).
3) Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст (Конуни ЧТ аз 17.05.2004
№ 35).
Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо
Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014
№ 1088).
- "Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015
№ 1176).
Моддаи 402. Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта
1) Ҳамлаи қасдона ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бинобар мақоми расмии онҳо ё бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
2) Таҳдиди бо ҳамлаи дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966):
а) бо ҳуҷуми мусаллаҳона;
б) аз тарафи гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;
в) боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013
№ 966).
Моддаи 403. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир шудааст
(Қонуни ҶТ аз 23.05.2016
№ 1330)
1) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалмилалии ҳуқуқи башар, ки дар вақти низои мусаллаҳонаи байналхалқӣ ё дохилӣ содир шудааст, яъне ҳамла ба аҳолии мулкӣ ё шахсони алоҳидаи мулкӣ, ҳуҷуми дорои хусусияти интихобнагардида, ки ба манфиати аҳолии мулкӣ, ё иншооти мулкӣ дахолат мекунад, ҳуҷум ба дастгоҳҳо ё иншооте, ки дорои нерӯи хавфнок мебошад, ҳуҷум ба шахсе, ки иштироки худро дар амалиёти ҷангӣ қатъ кардааст, ба манбаи ҳуҷум қарор додани маҳалли муҳофизатнашаванда ва минтақаҳои ғайринизомӣ гардонидашуда, аз байн бурдан ё осеб расонидан ба ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат ё маҳалҳои адои расму русуми динӣ, ки ёдгории фарҳангӣ ё маънавии халқҳо мебошад, аҳдшиканона истифода бурдани нишонаҳои фарқкунандаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар нишонаҳои ҳимоявӣ ва бонгҳое (ишоратҳое), ки мутобиқи ҳуқуқи байналхалқии башар эътироф шудааст, аз ҷониби давлати забткунанда аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол додани қисми аҳолии мулкӣ ба ҳудуде, ки аз ҷониби он забт шудааст ё депортатсияи он ё интиқол додани як қисм ё тамоми аҳолии ҳудуди забтшуда дар доираи ҳамин минтақа ё берун аз ҳудуди он, беасос дароз кардани мӯҳлати репатриатсияи асирони ҳарбӣ ё шахсони мулкӣ, истифодаи амалияи апартеит ё дигар кирдорҳои ғайрибашардӯстона ё пастзананда, ки шаъни шахсиятро таҳқир мекунад ва ба дискриминатсияи наҷодӣ асос ёфта ва боиси марг гардидааст ё зарари назаррас ба ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳии ҳама гуна шахс зарари ҷиддӣ расонидааст ё зиёни калон ворид намудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.05.2016
№ 1330),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё дохилӣ содир шуда, ба муқобили шахсоне равона гардидааст, ки дар амалиёти ҳарбӣ иштирок намекунад ё дорои воситаи ҳимоя намебошанд, инчунин ба муқобили захмиён, беморон, ҳамчунин ба муқобили ҳайати шахсии табибон ва рӯҳониён, қисмҳои санитарӣ ё воситаи нақлиёти санитарӣ, муқобили асирони ҳарбӣ, шахсони мулкӣ, аҳолии мулкӣ, ки дар минтақаҳои забтшуда ё дар минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ қарор доранд, ба муқобили гурезаҳо ва апатритҳо, ҳамчунин ба муқобили дигар шахсоне, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ аз ҳимоя истифода мебаранд ва он дар кирдорҳои зайл ифода ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.05.2016
№ 1330):
а) қину азоб додан ё муомилаи ғайриинсонӣ, ки таҷрибаҳои биологии ба одамон татбиқ карда шударо дар бар мегирад;
б) расонидани азобу шиканҷаи вазнин ё амале, ки ба ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ таҳдид мекунад;
в) маҷбур намудани асири ҳарбӣ ё пуштибонро ба хизмат ба қувваҳои мусаллаҳи рақиб (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35);
г) маҳрум кардани асири ҳарбӣ ё шахси дигари пуштибонро аз ҳуқуқи мурофиаи судии беғараз ва мӯътадил;
д) депортатсия ё бадарғаи ғайриқонунӣ ё дастгир кардани шахсони таҳти пуштибон қароргиранда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004
№ 35, аз 18.06.2008
№ 386);
е) гаравгонгирӣ;
ж) худсарона расонидани харобкориҳо ба миқьёси калон ё аз худ кардани молу мулке, ки аз нуқтаи назари ҳарбӣ зарур нестанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003
№ 45).
Моддаи 404. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё дохилӣ бо таҳдид ба саломатӣ содир шудаст ё боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст
(Қонуни ҶТ аз 23.05.2016
№ 1330)
Нисбати шахсоне, ки дар таҳти ҳокимияти тарафи муқобил қарор доранд, шахсони дастгиршуда ё бо ин ё он сабаб аз озодӣ маҳрум шуда, истифода бурдани ҳама гуна навъи амалиёти тиббӣ, ки мутобиқи вазъи саломатӣ шахсони зикргардида ба он зарурат надоранд ва он ба меъёрҳои умумиқабулгардидаи тиббӣ, ки ҳангоми ҳолатҳои аз ҷиҳати тиббӣ шабеҳ нисбат ба шаҳрвандони давлате, ки чунин амалро анҷом медиҳанд истифода бурда мешаванд, мувофиқ нестанд, аз ҷумла ҳатто бо розигии онҳо нисбат ба чунин шахсони истифода бурдани амале, ки боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст, гузаронидани таҷрибаҳои тиббӣ ё илмӣ, амалиёт оид ба ҷудо карда гирифтани бофтаҳо ё узв барои ба дигар кас шинонидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 23.05.2016
№ 1330),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 405. Дигар қонуншиканиҳои меъёри байналмилалии ҳуқуқи башар
(Қонуни ҶТ аз 23.05.2016
№ 1330)
Ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 403 ва 404 ҳамин Кодекс, толонгарӣ, яъне дар вазъияти ҷанг соҳиб шудан ба молу мулки шахсони фавтида ё захмиён, ҳамчунин молу мулки шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ мононда шудаанд, истифодаи шахсони зикргардида барои ҳимояи қӯшуни худ ё иншоот аз амалиёти ҳарбӣ, дар амалиёти ҳарбӣ ё мухолифати мусаллаҳона истифода бурдани восита ва маводе, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ манъ шудаанд, истифодаи силоҳи қатли ом, ки мутобиқи шартномаи байналхалқӣ манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386, аз 13.06.2013
№ 965, аз 23.05.2016
№ 1330),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
Замимаи 1 дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 1984)
Замимаи 1
ба Кодекси ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар муомилот қарор доранд, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 "Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, инчунин ҳамаи қонунҳое, ки дар давраи аз 17 августи соли 1961 то 21 маи соли 1998 ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид кардаанд, аз рӯзи амалӣ гардидани Кодекси нав беэътибор дониста шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе, 21 маи соли 1998 № 574
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расман нашр шуданаш аз 1 сентябри соли 1998 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қарор мӯҳлати дигари мавриди амал қарор доданро муқаррар кардааст.
2. Минбаъд то ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар қисме, ки онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, истифода карда мешаванд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ:
а) таклифҳояшро доир ба мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷорӣ бо Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
б) қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад.
4. Бинобар он, ки дар асоси моддаи 13 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук месозад, инчунин ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, ҳукми судҳо ва дигар санадҳое, ки чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро доранду то рӯзи амалӣ гардидани ҳамин Кодекс бароварда шудаанд, бо мақсади мутобиқ сохтани онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада шаванд.
Аз нав дида баромадани ҳукмҳои судҳо ва дигар санадҳои судии қаблан бароварда шуда, аз ҷониби судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суде, ки дар ҷои адои ҷазои маҳкумшуда ҷойгир аст, ба амал бароварда мешавад.
Ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда оиди кирдорҳое, ки мутобиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф нашудаанд, қатъ карда шаванд.
5. Ҳолатҳои ҳамин Кодекс оиди намудҳои ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ё ҳабс баъд аз ба мавриди амал қарор додани Кодекси иҷроияи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешаванд, ҳангоми ба вуҷуд овардани шароитҳои зарурӣ оиди иҷрои ин намуди ҷазоҳо, вале на дертар аз 1 январи соли 2000.
6. Шахсоне, ки мутобиқи моддаи 24 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон реседивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд, ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ дар калонияҳои ислоҳии низомашон махсус адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008
№ 386).
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов