ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОД ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 14:08
   Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
       Эмомалӣ Раҳмон
 
     Ҳар як ҷомеаи иҷтимоӣ барои ба иҷро расонидани вазифаҳои муайян ва расидан ба натиҷаҳои муайян ба ягонагии иҷтимоӣ ва баробарии иҷтимоӣ такя менамояд. Аз ин рӯ, ин шакли ягонагӣ маҳз дар асоси муносибатҳои байни аъзоёни он ба вуҷуд меояд. Ҳамасола рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз саннаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.
      Воқеан, ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, ки зарари зиёди ҷонию моддӣ ба бор овард, барои имрӯзу ояндаи миллат бояд дарси ибрат бошад. Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳастии миллати тоҷик зери хавфу хатари зиёд қарор гирифта буд. Дар ҷомеа се гурӯҳи ба ҳам зид ташаккул ёфт. Якум – онҳое, ки Ҳукуматро ба даст доштанду аз боиси ноуҳдабароии онҳо тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд. Дуюм – онҳое, ки бо сарпарастии молиявии қудратҳои хориҷӣ ва хоҷагонашон мехостанд тавассути ҷанг ва зӯран ба Ҳукумат соҳиб шаванд. Сеюм – онҳое, ки аз ҳаммиллатони фурсатталабамон дар хориҷи кишвар интизори ғалабаи қувваҳои мухолифин буданд ва ба мухолифин дасти ёрӣ дароз мекарданд.
     Дар натиҷаи ин ҷанги таҳмилӣ садҳо модари тоҷик фавтиду садҳо фарзандони наврас ятим монданд. Оилаҳои зиёд хароб шуданду ба нестӣ рафтанд. Дар ҳақиқатан, роҳи расидан ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввуротҳо осон намояд, вале ҳаёт худ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз сокинони кишвар мубориза, ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро талаб менамуд ва карда истодааст. Табиист, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби ҳаёт пешрафти ҷомеа инсонӣ аз шаҳрвандонамон ғановати бузурги маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳниро тақозо менамояд. Зеро Истиқлолият ба чунин шахсият дар ҳамаи давраҳо зарурат дошт ва имрӯз ҳам дорад, мо низ ин нуқтаро набояд ягон лаҳза фаромӯш кунем.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои фарзона ва дилсӯзу ғамхори миллатанд, ки бо камолоти маънавӣ ва нури фазлу дониш роҳи моро дар вазъияти басо мураккабу мудҳиш, рӯзҳои ноумедиву тираву тор равшан сохтанд ва бо ҷоннисориву азхудгузаштанҳо оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш карданд, миллатро муттаҳид ва сулҳро дар сарзамини тоҷикон таҳким бахшиданд. Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то соли 1997 дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Ашқобод, Исломобод, Кобул, Хостдеҳ дар ҳашт давра гуфтушунид миёни намояндаи Ҳукуматиҳо ва аъзои мухолифин баргузор гардид.
      Ҳамин тавр, 27 –уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Имзои созишномаи сулҳ кафолати мондагории истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллиро таҳким бахшид. Дар заминаи созишномаи сулҳ дар кишвар боварӣ, сулҳ, субот, ягонагӣ, рушди бомаром тантана намуд.
    Инчунин, бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва амалӣ намудани меъёрҳои он ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳити босубот бо боварӣ ва эътимоди хосса дар самтҳои мухталиф кору фаъолият намуда, дар роҳи баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа талош дорад. Акнун ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд. Ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.
    Вақт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.
    Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
     Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо аз мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон доираҳои илмӣ ва фарҳангии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ таҷриба омӯхта, ба он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ баҳои баланд медиҳанд.
     Аз ин рӯ, арзиши олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст.
     Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир, махсусан он кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, имрӯз бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ба бозии қудратҳои мушаххаси хориҷӣ дода нашавем ва баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ муттаҳид бошем. Вазъи кишварҳои Шарқи Наздик собит менамоянд, ки набудани ваҳдати миллӣ боиси дар ҳоли хатар мондани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва зиндагии мардум мегардад.
     Моро зарур аст, ки ба қадри тинҷиву амонӣ бирасем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, нагузорем як “нафарак” ё чанд “нафараке”, ки бо тинати ғаразноки худ имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма аз хориҷи кишвар хусумат ва таассуб меангезанд, ба сулҳу ваҳдати мо халал расонанд.
     Таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шинохта, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муҳаббати фарзандонаи худ ба Ватану миллат аз сари сидқу садоқат содиқ бошем.
      Пас хурду бузурги миллат муваззафанд, ки ваҳдати миллӣ, амнияту суботи кишвар ва тамоми дастовардҳои замони Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм ҳимоя намуда, баҳри гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз талошҳои пайваста намоянд.
    Мо танҳо дар заминаи Ваҳдати миллӣ метавонем Ватанамонро обод ва рисолати таърихии миллатро анҷом диҳем.
       Зинда бод Ватан! Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!!!
 
                                                                                 Сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба 
                                                                                 сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
                                                                                 Сабурзода Наврӯзи Мирзоалӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад