ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/06/2024 - 11:22
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста дар суханрониву мулоқот ва сӯҳбатҳои худ зикр менамоянд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти кишвар, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
     Бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки барои тамоми ҳуқуқшиносон боиси хушнудӣ буда, масъулиятро дар самти рушди донишҳои ҳуқуқӣ дар миёни аҳолӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ афзун менамояд.
     Дар ин замима, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-553 “Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024” ба тавсиб расид, ки дар ин радиф чорабиниҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.  
    Эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон саҳифаи навро боз менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд гардидани фарҳангӣ ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳангии аҳолӣ, шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии мардуми кишвар соли ҷориро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.
     Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониву мулоқот ва сӯҳбатҳои худ зикр намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти кишвар, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
    Таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон омили асосии пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеаи маданӣ мебошад. Эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории кишвар, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.
  Дар шароити муосир масъалаи баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хело муҳим пайдо намудааст. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо роҳи тарғиб ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ басо арзишманд буда, ҳадафи асосии онро таъмини волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.
     Дар робита ба ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз василаҳои муҳими муқовимат ба коррупсия ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки коррупсия дар қатори дигар падидаву омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
     Ин зуҳуроти номатлуб решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, дар қатори дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимои ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
     Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб сиёсати зиддикоррупсиониро дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст.
     Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудан ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлуб пайваста дар баромаду мулоқотҳои худ махсусан таъкид менамоянд.
    Дар партави ин сиёсат дар Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба коррупсия ва заминаҳои он аҳамияти махсус дода шуда, як силсилаи қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо доир ба ин мавзӯъ таҳия гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.
     Ҳанӯз соли 1999 ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, инчунин аз соли 2003 дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намудани кишвари мо бо Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд аз иқдом ва қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.
    Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро ба имзо расонида, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркиби низоми қонунгузории кишвар эътироф намуд.
    Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию тафтишӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва ин ниҳод дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва паст кардани шиддати он нақши худро гузошта истодааст.
     Дар ин давра ҷиҳати бартараф ва коҳиш додани коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Аз ҷумла, 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазифа, самтҳои асосии фаъолият, принсипҳо, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматчиёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ мемонад.
    Таъсиси “Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия” ва дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, се маротиба таҳия ва амалӣ намудани стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва 2021-2030 идомаи сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин падидаи манфӣ буда, нишонаи ташаккули маърифати ҳуқуқию фарҳангии сокинони кишвар дар мубориза ба коррупсия мебошад.
     Мақсаду мароми Стратегияҳои зикргардида ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудаанд.
     Бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории давлат ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия ва мувофиқат кардан ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 28 декабри соли 2012, №925 қабул гардид, ки ин ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо мусоидат менамояд.
     Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
     Ҳаминро зикр намудан ба маврид аст, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
      Бояд гуфт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
     Дар ин замина, доир ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, инчунин татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии мамлкат пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифат, шуур ва фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон аввалиндараҷа маҳсуб мегардад.
     Дар ин асно, ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, ки бо дарки масъулияти баланд ва оқибатҳои нангини ин зуҳуроти номатлуб дар муқовимат ба коррупсия бетараф набуда, тамоми имкониятҳои худро дар доира қонунгузорӣ баҳри решакан кардани ин падида истифода баранд ва нақши худро гузоранд.
 
Раҳмонов Ҳикматулло Раҳмонқулович,
Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)