ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АФЗАЛИЯТҲОИ ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 15/02/2024 - 16:58
     Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ва тавзеҳоти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
     Масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
     Зеро бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин арзишҳои тарбияи ватандӯстӣ, ба мисли ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлат ва ба мисли ҳамин арзишҳо дар сатҳи Конститутсия таҷассуми худро ёфтаанд.
     Бо сипарӣ шудани зиёда аз се 10-сола аз Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 406 адад санадҳои қонунгузорӣ қабул карда шудааст, ки аз ин шумора 45 адад қонунҳо ба таври умумӣ масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд.
    Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз зиёда аз 10 консепсия, стратегия ва барномаҳои махсуси тарбияи ватандӯстиро қабул ва роҳандозӣ намудааст.
      Вале солҳои охир бо мураккаб шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир арзиши Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар умум, пойдории давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад.
    Маҳз бо мақсади пойдории арзишҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи онҳо, пешгирии таҳдиду хатарҳои замони муосир Ҳукумати кишвар аз роҳу василаҳои гуногун истифода менамояд.
    Вале таҷриба воқеан собит намуд, ки яке аз омили муҳим дар ин самт ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
     Барои ҳалли ин масъалаҳо зарурати ба таври дақиқ муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, мақсад ва вазифаҳои он, низом, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин соҳа, инчунин таъмини фаъолият ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи мазкур зарурати танзими ҳуқуқии мушаххасро дар доираи Қонуни алоҳида тақозо менамуд.
     Ба андешаи мо, маҳз бо таваҷҷуҳ ба ин омилҳо, сатҳи баланди тарбияи ватандӯстӣ ва фаъолияти касбии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ аз озмоиши баланди ҳуқуқӣ гузаштааст ва 24 декабри соли 2022 Қонуни мазкур қабул карда шудааст.
      Амали зиёда аз як соли Қонуни мазкур воқеан собит намуд, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи таҳия ва қабули он асоснок, саривақтӣ ва дорои афзалиятҳои ҳуқуқии муҳими зерин мебошад:
      1) яке аз афзалияти муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар он аст, ки дар Қонуни мазкур масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз дидгоҳи хоси ҳуқуқӣ, балки бо фарогирии ҷанбаҳои иҷтимоиву фалсафӣ, сиёсиву идеологӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таҷассум ёфтааст.
      Ин ҳолатҳо бозгӯйи он ҳастанд, ки падидаи «тарбияи ватандӯстӣ» падидаи сирф ҳуқуқӣ набуда, аз нигоҳи илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешавад.
       Маҳорати баланди фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар ин соҳа ифодаи он аст, ки ҷанбаҳои мухталифи тарбияи ватандӯстӣ дар сатҳи Қонуни мазкур инъикоси худро ёфтаанд. Аз ҷумла, дар он масъалаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва дигар ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ мустаҳкам карда шудааст.
    Дар умум, чунин афзалияти Қонуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки зимни тарғибу ташвиқ ва роҳандозӣ намудани корҳои тарбиявӣ дар ин соҳа дар баробари донишҳои ҳуқуқӣ, инчунин донишҳои соҳаҳои дигари ҷомеа басо муҳим аст.
    Дар ҳамин замина, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати густариши тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар баробари ҳуқуқшиносон, дигар мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҷомеашиносӣ низ бояд ҷалб карда шаванд;
   2) афзалияти дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар он аст, ки он хос бо дарназардошти арзишҳои миллӣ, таълимоти ниёгон, таҷрибаи низоми қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни моделии ИДМ (байнипарлумонӣ) «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» таҳия ва қабул гардидааст.
     Таҳлилҳои мо бозгӯйи он ҳастанд, ки дар низоми қонунгузории давлатҳои дигар, махсусан ИДМ дар чунин шакл дар сатҳи умумидавлатӣ қонуни алоҳида то ҳол қабул нашудааст.
    Тибқи баъзе сарчашмаҳо, аллакай дар давлатҳои ИДМ иқдом оид ба таҳияи чунин лоиҳаи қонун бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мо аст.
    Бояд иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи таҳияи қонунҳо бо назардошти хусусиятҳои хос ба низоми сиёсати ҳуқуқии кишварро дорад. Махсусан, бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидаанд, ки чунин таҷрибаи қонунэҷодкунӣ зимни таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба назар гирифта шудааст.
    Воқеан ин иқдомҳо ба рушди устувори низоми қонунгузории миллӣ мусоидат намуданд, ки доир ба танзими соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа чунин қонунҳои хос ба низоми давлатдории мо таҳия ва қабул карда мешаванд.
    Аз ҷумла, дар пасманзари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (03.01.2024) қабул гардид, ки идомаи чунин таҷрибаи хоси қонунгузории кишвар ба ҳисоб рафта, чунин таҷриба дар қонунгузории давлатҳои дигар ба мушоҳида намерасад;
   3) сеюм афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар он аст, ки таҳлили меъёрҳои қонун аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бештари масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ба таври мушаххас дар Қонуни мазкур танзим гардида, ба санадҳои дигари қонунгузорӣ ҳавола намекунад.
    Таҳлили муқаррароти Қонуни мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 97 дарсади муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ бевосита дар қонун танзим шудааст. Танҳо барои татбиқи ин қонун қабули се санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ шудааст.
     Аз ҷумла, як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ду қарори мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба муайян кардани воҳиди сохторӣ ва тартиби ташаккули феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур пешбинӣ шудааст.
     Бояд иброз намуд, ки аллакай дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мазкур қабул карда шуда, мувофиқи он Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Дар ин самт аллакай қарорҳои мақоми ваколатдор ҳам таҳия ва қабул гардидаанд.
     Ин ҳолатҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки пурра механизми татбиқи ин қонун мавҷуд аст, ки ин ҳолат аз мукаммал будани Қонуни мазкур шаҳодат медиҳад.
     Ҳол он ки баъзе мушкилотҳо дар қонунҳои соҳаҳои алоҳида ба мушоҳида мерасанд, ки қабули санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқиро пешбинӣ менамоянд, аммо то ҳол қабул нагардидаанд.
    Қонуни мазкур бо дарназардошти афзалияти мазкур яке аз қонунҳои мукаммал ба шумор меравад;
   4) дигар афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар он ифода меёбад, ки дар Қонуни мазкур тарбияи ватандӯстӣ на танҳо ба ҷавонон, балки ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол ва касбу кор равона гардидааст.
    Вале, дар маҷмӯъ дар меҳвари он таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон зоҳир карда шудааст.
    Ин ҳолатҳо беҳуда нест, зеро мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2022 аз шумораи умумии аҳолӣ, 33 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳад ва дар 20 соли охир шумораи ҷавонон 33 фоиз зиёд гардидааст.
    Инчунин, тибқи омори мавҷуда 97 фоизи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд.
    Вобаста ба ин қисмати масъала метавон хулоса намуд, ки барои татбиқи ҳарчи бештари меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан моддаи 43 он, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии қабули он қарор дорем, қабули Қонуни мазкур муҳим ва саривақтӣ маҳсуб меёбад.
    Мо боварии комил дорем, ки амалигардонии меъёрҳои Қонуни мазкур барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳидоят ба ояндаи неки давлатдорӣ ва таъмини арзишҳои миллӣ, пойдории давлатдорӣ мусоидати амиқ менамояд.
    Солҳои охир бо мақсади танзими идоракунии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа падидаи банақшагирии стратегӣ рӯйи кор омадааст.
    Ба таври мухтасар моҳияти банақшагирии стратегӣ аз он иборат аст, ки дар сатҳи ҳуҷҷатҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои алоҳида чор масъалаи асосӣ: вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамои рушди онҳо ба таври консептуалӣ ва мушаххас муайян карда мешавад.
    Ҳамзамон, дар паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ишора гардида буд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди банақшагирии стратегӣ дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пурра ҷорӣ карда шавад.
    Инчунин, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ба таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат менамояд, ин паёмҳои Президенти мамлакат ба ҳисоб мераванд.
    Таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат собит менамояд, ки дар заминаи онҳо 90 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ таҳия ва қабул карда шудааст.
    Бояд қайд намуд, ки то ин муддат 495 адад ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла 68 адад консепсия, 60 адад стратегия ва 367 адад барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки доир ба масъалаҳои умумии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ин шумора зиёда аз 80 адади ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва махсус ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зиёда аз 10 адади он равона карда шудааст.
      Ҳадафи асосии банақшагирии стратегӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ин қабули барнома, стратегия ва консепсияҳои мушаххас бо мақсади марҳила ба марҳила муайян кардани ҳолати мавҷуда, мушкилотҳои ба миён омада, роҳу василаҳои ҳалли онҳо ва рушди минбаъдаи масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ба шумор меравад.
      Дар маҷмуъ, таҳлили заминаҳои ҳуқуқӣ ва банақшагирии стратегӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаҳои мазкур аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсӣ муайян ва мустаҳкам карда шудааст.
     Роҳандозиву амалӣ гардонидани чорабиниҳои гуногуни тарбиявиву маърифатӣ дар ин соҳа ва дар маҷмуъ, татбиқи самараноки ин санадҳои муҳимми давлатдорӣ боиси ба тарбия ва ба камол расонидани шахсони ватандӯсту меҳанпараст ва ҳимоятгарони низоми устувории вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, иқисодиву иҷимоӣ ва фарҳангӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
 
 
Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ,
муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)