ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 02/04/2024 - 09:38
        Ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд.
        Ташкилоти қарзӣ амалиёти бонкиро, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, анҷом медиҳад. Ташкилотҳои қарзӣ  яке аз қисмҳои пайвасткунандаи байни саноат ва савдо, кишоварзӣ ва аҳолӣ мебошад. Инчунин, ташкилотҳои қарзии ҳисоббаробаркунии пулӣ, қарздиҳии хоҷагиҳо, миёнаравӣ дар азнавтақсимкунии сармоя, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро таъмин намуда, хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои бонкиро тавассути шабакаҳои васеи худ, аз ҷумла филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  пешниҳод менамоянд, ки ба фарогирии молиявии кишвар мусоидат мекунад. 
        Тартиби таъсиси ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ; мазкур муайян карда мешавад.
        Ташкилоти қарзӣ бояд инҳоро дошта бошад:
        - номи расмӣ ва ихтисораи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ишора мекунад;
        - номгӯи фаъолият, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;
        - муҳр, бо зикри номи ташкилоти қарзӣ бо забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ.
        Мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро Бонки миллӣ ба уҳда дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад.
        Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва дигар қонунҳои соҳавӣ бо мақсади нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ мондааст.
        Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби гузарондани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, талаботи дастрасии шахсони сеюм ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин талабот ба таъминоти барномавию техникӣ, аз ҷумла низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд.
        Бонки миллии Тоҷикистон назорати маҷмўии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро бо тартиби зерин анҷом медиҳад:
        - ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
        - аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ, ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб мекунад;
        - дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблаљҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзии молиявӣ ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
        - санҷиши ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.
        Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзии молиявиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба талаботи қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзии молиявиро дар бар мегирад.
        Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ташкилотҳои маблаљгузории хурд ва ташкилотҳои маблаљгузории хурди исломӣ, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.
        Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки санҷишгарон талаб мекунанд, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд ба гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
        Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
        - зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо аввалан саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
        - боқимонда зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо, агар ҷой дошта бошад, қарздеҳон бо тартиби қонеъгардонии талаботи қарздеҳон мутобиқи қонунгузории барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
        - зарари дар ҷараёни батанзимдарорӣ ба зиммагирифтаи саҳмдорон (иштирокчиён) ва қарздеҳон набояд аз зараре, ки онҳо ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебинанд, зиёд бошад;
        - талаботи муштариён ва уҳдадориҳои ҳаммонанд (якнавъ) дар асоси баробарӣ ва якхела баррасӣ мегарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон риоя накардани усули мазкур барои пешгирии таъсири манфии эҳтимолии батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкӣ ё барои зиёд намудани арзиши талабот ба манфиати ҳамаи пасандоздорон ва қарздеҳон дар умум, қатъиян зарур муқаррар шуда бошад.
        Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад.
 
 
Одиназода Фарида Шамсулло,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад