ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИСТИҚЛОЛ БАХТ, ЭЪТИБОР ВА ИФТИХОРИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 04/09/2023 - 13:59
Дар ин рӯзҳо мардуми шарифи тоҷик дар остонаи таҷлили бошукӯҳи ҷашни бузурги миллӣ 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор доранд. Ин ҷашни хуҷаста ҳар хонадони тоҷику тоҷикистониро фараҳманду хушнуд ва қалби ҳар фарзанди Ватанро аз эҳсоси ифтихор ва неъмати муқаддаси озодӣ ва истиқлол, ваҳдати шикастнопазири миллӣ лабрез намуда, мақоми шоиста ва эътибори баланди Тоҷикистони мустақилро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Истиқлолият рамзи саодат ва асолати миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик буда, шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми  давлатдории мустақил ва бузургии миллат ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллатро ба набзи сайёра ҳамсадо намуд.

Дар масири таърих миллати мо аз шебу фарозҳо, озмоишҳои нангину сангин гузашта бо дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби тоҷикӣ, илму фалсафаи оламшумулашро арҷ гузошта, онҳоро ҳифз намудааст. Таърихи Истиқлолияти давлатӣ дар тақдири миллати мо озмоиши бузург, аз қабили пешгирӣ  аз  бесуботии ҷомеа, фалаҷ  гардидани пояҳои давлатдорӣ, дар гирдоби нестӣ қарор доштани миллати тоҷик, бегона гаштани тафаккури миллӣ, касод шудани тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо чандин марҳилаҳои тақдирсозро тай намудааст ва хушбахтона пирӯз гаштем.

Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми дар шаҳри Хуҷанд доир гардида дар худшиносии мардумони мо гардиши куллӣ ба ҳисоб рафта, масири сарнавишти моро куллан тағйир дод.  Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи басо душвору сангин масъулияти идоракунии давлатро маҳз дар ҳамин Иҷлосия бар дӯш гирифта, аз оғози фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлати тоҷикон ба мардуми шарифи тоҷик нахустин изҳорот ва аввалин баёнияҳо аз ояндаи неки халқи кишвар башорат доданд: «Ман кори худро аз Сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам», гуфтанд он кас. Барои ҳаёти осоиштаи миллат Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро дар оғози роҳбариаш пойдории бунёди ду арзиши ҳаётӣ ва ҷовидонӣ – «Сулҳ ва Истиқлолият» медиданд, ки ҷанбаҳои ниҳоят ҷонбахш ва зиндагисоз доранд. Пайваста дар ҳар суханронии хеш оид ба ин ду арзиш, ки ҳарду ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва шарти бунёдии бақои инсон ва ҷомеъа мебошанд, ишора мекунанд.

Бо интихоб гардидани Сарвари давлат фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти халқи азияткашидаи тоҷик марҳила ба марҳила рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Сарвари ҷавони тозаинтихобгардида  дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, асъори миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ дар ин марҳила таъсис дода шуд, ки рисолати ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро назорати доимӣ менамоянд.

Бешубҳа, Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузург-тарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Кулли сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд: «Истиқлолият бузургтарин сарват, бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад», мебошад.

Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Даврони Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Дар ин лаҳзаи фараҳбахш кулли мардумро  ба муносибати 32-умин солгарди  Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, бахту саодат, сиҳатмандию комёбиҳои беназирро дар фаъолияти меҳнатӣ таманно менамоям.      

Бигузор, бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ пояндаву ҷовидон боқӣ бимонад!

 

Мутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид

ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ

Паҳлавонов Сулаймон Каримович

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)