ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 04/09/2020 - 15:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
595
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.01.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831, №12, қ.1, мод. 1003; с. 2015, №3, мод. 222)
 
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708, аз 01.08.2012 № 894, аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200, аз 04.07.2020 № 1705; ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян мекунад.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- нафақагир - шахсе, ки ба ӯ нафақа таъин ва пардохт мегардад;
- нафақаи заминавӣ - нишондиҳанда барои ҳисоби нафақа ва иловапулиҳо ба нафақа, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- нафақаи суғуртавӣ - пардохти пулие, ки барои шахси суғурташуда дар низоми давлатии суғуртаи нафақавӣ таъин гардидааст;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- нафақаи иҷтимоӣ - пардохти ҳармоҳаи давлатӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади таъминоти иҷтимоӣ ва дастгирии моддии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавӣ асос ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи нафақавӣ зарур мебошад;
- маҳрум шудан аз саробон - ҳолати аз даст додани манбаи даромад вобаста ба фавти саробони оила, ки аъзои корношоями он таҳти саробонии ӯ қарор доштанд;
- таъмини нафақаи касбӣ - шакли таъмини нафақае мебошад, ки ба кормандони кироя аз ҳисоби маблағи корфармо вобаста ба шароити махсуси меҳнат барои тадриҷан гум кардани қобилияти корӣ то расидан ба синну соли нафақавӣ пардохта мешавад;
- иловапулӣ ба нафақа - маблағе, ки бар иловаи андозаи муқарраршудаи нафақа дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз  18.03.2015 № 1200);
индексатсия - тағйир додани андозаи нафақаҳои таъингардида ва сармояи шартии нафақавӣ бинобар тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- захираи нафақавии инфиродӣ - маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ё фонди ғайридавлатии нафақа мавҷуда (Қонуни ҶТ аз аз 18.03.2015 № 1200);
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- маъюбӣ - нуқсёбии устувори саломатии инсон, ки аз фаъолияти номӯътадили ҷисм дарак дода, ба қисман ё пурра гум кардани қобилияти корӣ оварда расонидааст;
- собиқаи суғуртавӣ - даврае, ки шаҳрванд ё корфармо бо тартиби муқарраргардида саҳмҳои суғуртавиро пардохт намудааст ва он дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба назар гирифта шуда, барои таъин ва пардохти нафақа ҳуқуқ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200);
- сармояи шартии нафақавӣ - ҳаҷми умумии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавие, ки ба ҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои шахси суғурташуда ё аз ҷониби худи шахси суғурташуда гузаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705).
 
Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- давра ба давра ташкил кардани низоми нафақаи бисёрсатҳие, ки сатҳи аз ҷониби давлат кафолатдодаи даромади шаҳрвандони ба нафақа ҳуқуқдоштаро таъмин менамояд;
- муқаррар намудани нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, муайян намудани тартиби пардохти онҳо;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- муайян кардани манбаъҳои маблағгузорӣ аз рӯи намудҳои таъминот ва гурӯҳҳои нафақагирон (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705);
- фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон дар ташаккули маблағи нафақа ва идораи ҷамъиятии низоми таъминоти нафақа.
2. Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дахл дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро анҷом дода, бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 4. Принсипҳои таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
Низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- танзими давлатии андозаи даромади суғурташаванда ва пардохтҳои минбаъдаи суғуртавӣ ба шаҳрвандон (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705);
- мутобиқати андозаи нафақаҳои суғуртавии таъиншаванда ба ҳуқуқҳои андӯхти нафақавӣ ва ҳаҷми даромади суғурташудаи шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- масъулияти баробари давлат, корфармо ва шаҳрванд барои таъминоти нафақаи шаҳрванд дар пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд;
- мутобиқгардонии механизми шарикии иҷтимоӣ ва танзими бевоситаи давлатӣ дар идоракунии низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ вадавлатӣ;
- таъминоти нафақаи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муайян намудааст;
- бисёрҷанбагии манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳавасмандии иштироки бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти иҷтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон;
- аз нав тақсим кардани маблағ дар байни шахсони суғурташуда.
 
Моддаи 5. Ҷалб намудани шаҳрвандон ба идораи низоми таъминоти нафақа
Ҷалб намудани шаҳрвандон ба раванди таҳиясозӣ ва татбиқи сиёсати давлатии нафақа дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705).
 
Моддаи 6. Низоми таъминоти нафақа
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи таъминоти нафақа иборат аз намудҳои зерин амал мекунад:
- таъминоти нафақаи суғуртавӣ;
- таъминоти нафақаи давлатӣ.
 
Моддаи 7. Намудҳои нафақа ва таркиби онҳо
1. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои суғуртавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.
2. Таркиби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва маъюбӣ аз қисмҳои суғуртавӣ ва захиравӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
3. Қисми суғуртавии нафақа - қисми асосии нафақа, ки вобаста ба ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааанд, ба шахси суғурташуда муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
4. Қисми захиравии нафақа - қисми нафақаи суғуртавӣ, ки вобаста аз ҳаҷми захираҳои инфиродии нафақавии шахси суғурташуда муқаррар гардида, аз рӯи маълумоти дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда мавҷудбуда ҳисоб карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
6. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
7. Нафақаҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 8. Ҳуқуқ ба интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани якчанд намуди нафақаро доранд, аз рӯи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти ваколатдори давлатиро, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия, пардохт ва дастрас кардани нафақаҳоро таъмин менамоянд, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа инҳо мансубанд:
- ташкили таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;
- нигоҳдории маблағи барои пардохти нафақаҳо пешбинишуда, аз ҷумла саҳмҳои суғуртавии нафақавӣ, захираҳои нафақавӣ ва даромад аз нигоҳдории онҳо, маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо пешбинӣ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- пешбурди суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- муайян намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ, ҳаҷми маблағҳои захирашудаи дар суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда бақайдгирифташуда ва дар асоси онҳо таҳия намудани дурнамои талабот ба маблағҳо барои пардохти нафақаҳои суғуртавӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- ҳисоб ва муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ.
 
БОБИ 2. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ
 
Моддаи 11. Ташаккул ва таъминоти нафақаи суғуртавӣ
1. Нафақаи суғуртавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар ҷумҳурӣ истиқоматдошта, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъин ва пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Пардохти саҳмҳои суғуртавӣ барои нафақаи суғуртавӣ ҳатмӣ буда, аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
3. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
 
Моддаи 12. Тартиби муайян намудани андозаи нафақаи заминавӣ
1. Андозаи нафақаи заминавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
2. Андозаи нафақаи заминавӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 13. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол
1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад:
- иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷойи онҳо;
- мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо.
2. Ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешаванд:
- ба мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
- ба занҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.
3. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ, ва на камтар аз 120 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ва на камтар аз 96 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;
б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;
в) маъюбони гурӯҳи I аз рӯи биноӣ:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 120 моҳ;
г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;
е) занҳое, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб дошта, ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 14. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
1. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ, ба истиснои шахсони дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, ба шахсоне, ки на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ доранд, таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ ба мардҳо - ҳангоми расидан ба синни 63 ва ба занҳо - ҳангоми расидан ба синни 58 таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра ҳангоми фарорасии ҳолати суғуртавӣ мутобиқи Қонуни мазкур таъин ва пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
 
Моддаи 15. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ
1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ ҳангоми фарорасии гурӯҳҳои I, II ё III маъюбӣ, бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ новобаста ба сабабҳои маъюбшавӣ, давом ёфтани фаъолияти меҳнатии маъюб, инчунин новобаста ба он, ки маъюбӣ ҳангоми кор, то фарорасии вақти кор ё баъди хотима ёфтани кор расидааст, таъин карда мешавад.
3. Барои таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ собиқаи суғуртавии на камтар аз 60-моҳа зарур мебошад.
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ барои давраи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Дар ҳолати вуҷуд доштани захираи нафақавӣ дар суратҳисоби махсуси инфиродии  шахси суғурташуда, ки маъюб дониста шудааст, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ баъд аз расидани ӯ ба синни муқарраршудаи нафақавӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 16. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
1. Ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, ки дар таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд. Оилаи саробони бе ному нишон гумшуда ба оилаи саробонаш фавтида баробар дониста мешавад, ба шарте, ки бе ному нишон гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад.
2. Аъзои ғайриқобили меҳнати саробони фавтидаи оила инҳо эътироф карда мешаванд:
- фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагони ноболиғе, ки падару модари қобили меҳнат надоранд ва дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимии тамоми намудҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии маълумоти иловагӣ таҳсил менамоянд, то анҷом додани таҳсил, аммо на калонтар аз синни 23 ё калонтар аз ин синну сол, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб гардида бошанд;
- падар ё модар, бобо ё бибии саробони фавтида, новобаста ба синну сол ва қобилияти меҳнатӣ, инчунин бародар, хоҳар ё фарзанди саробони фавтида, ки ба синни 18 расидааст, ба шарте, ки онҳо фарзандон, бародарон, хоҳарон ё наберагони ба синни 14 нарасидаи саробони фавтидаро, ки ба гирифтани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, нигоҳубин кунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- падару модар ва ҳамсари саробони фавтида, ки ба синни муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур расидаанд ё маъюб мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- бобо ва бибии саробони фавтида, ки ба синни нафақа расида, нафақаи суғуртавӣ намегиранд ё маъюб мебошанд ва шахси тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро таъминкунанда надоранд.
3. Аъзои оилаи саробони фавтида ба шарте дар таъмини ӯ дониста мешаванд, ки қаблан дар таъминоти пурраи ӯ қарор дошта ё аз ӯ мунтазам кӯмаке мегирифта бошанд, ки барои онҳо манбаи асосии рӯзгузаронӣ ҳисоб меёфт.
4. Падару модари ғайри қобили меҳнати саробони фавтида ба шарте ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, ки новобаста ба давраи баъди даргузашти саробон бе манбаи рӯзгузаронӣ монда бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Ҳамсари ғайри қобили амали саробони фавтида ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон дар сурате ҳуқуқ дорад, ки агар ӯ ба нигоҳубини кӯдаки маъюб, кӯдаки маъюби аз овони кӯдакии гурӯҳи I ё кӯдаки то фавти саробон ё дар давраи то панҷ сол пас аз фавти саробони фавтида корношоямгардида машғул бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Аъзои оилаи саробони фавтида, ки кӯмаки ӯ барои онҳо доимӣ ва манбаи асосии рӯзгузаронӣ буд, вале худашон ҳам ягон намуди нафақа мегирифтанд, ҳуқуқ доранд, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон гузаранд.
7. Фарзандхондагон дар баробари падару модар ва ба фарзандӣ қабулшудагон дар баробари фарзандони ҳамхун ба гирифтани нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд. Фарзандони ноболиғ, ки аз рӯи маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, дар ҳолати ба фарзандӣ қабул шуданашон низ аз ин ҳуқуқ бенасиб намегарданд.
8. Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақагир ҳам боқӣ мемонад.
9. Дар сурати мавҷуд будани собиқаи камтар аз 60-моҳаи суғуртавии саробони фавтида ба оила мутобиқи Қонуни мазкур нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад.
10. Дар ҳолати фавтидани шахси суғурташуда то ба ӯ таъин гардидани нафақаи суғуртавии аз рӯи синну сол ё то бозҳисобӣ кардани андозаи нафақаи мазкур маблағи дар суратҳисоби инфиродии ӯ ба ҳисоб гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
 
Моддаи 17. Ҳисоби собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ
1. Барои муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда (ё ба ҷои ӯ) саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро супорида бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
2. Собиқаи суғуртавӣ аз рӯи моҳи пурра ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳи собиқаи суғуртавӣ моҳи тақвимие дониста мешавад, ки (барояш) шахси суғурташуда (ё ба ҷои ӯ) саҳмҳои суғуртавӣ супоридааст ва маълумот дар бораи музди меҳнати (даромади) моҳи мазкур пешниҳод гардидааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
3. Ба собиқаи суғуртавӣ ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар баробари давраи корӣ ё фаъолияте, ки дар тӯли он мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғурта супорида шудааст, инчунин давраҳои фаъолияте ба ҳисоб гирифта мешавад, ки дар давоми он саҳмҳои суғурта супорида нашудааст, аз он ҷумла (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200):
- давраи хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизмати дигари ба он баробаркардашуда тибқи даъват;
- давраи гузаштани таҳсил дар шӯъбаи рузонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, дар мавриди мавҷуд будани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ) на камтар аз панҷ соли баъди анҷоми таҳсил (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дар курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзии мутахассисон, ординатура, аспирантура ва докторантура (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
-  хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- давраи гирифтани кӯмакпулӣ аз рӯи бекорӣ, аммо на бештар аз 24 моҳ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ;
- давраи фарзандони хурдсолро нигоҳубин кардани падар ё модаре, ки муваққатан кор намекунанд, аммо то ба синни 3 расидани ҳар як кӯдак вале дар маҷмӯъ на бештар аз 60 моҳ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200);
- давраи нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18- сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ дорад, инчунин давраи нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705);
- давраи дар маҳбас будани шахсоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, беасос таъқиб гардидаанд ва баъдан сафед карда шудаанд.
4. Давомнокии давраи бе пардохти саҳмҳои суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда, ба истиснои талаботи пешбининамудаи сархатҳои шашум ва ҳафтуми қисми 3 моддаи мазкур дар маҷмӯъ набояд аз 60 моҳ зиёдтар бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200, аз 04.07.2020 № 1705).
5. Собиқаи суғуртавӣ дар асоси маълумоти ба суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда воридгардидаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва маълумоти пешниҳоднамудаи корфармо ё супорандаи саҳмҳои суғуртавӣ ҳангоми баҳисобгирии инфиродии шахсӣ ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 18. Тартиби тасдиқи собиқаи суғуртавӣ
1. Ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 2013 дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708).
2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар асоси маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда ба ғайр аз дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ), инчунин ҳуҷҷатеро, ки ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
4. Давраҳои дар қисми 3 моддаи 17 Қонуни мазкур номбаршуда аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаи муассисаҳои дахлдор, бо нишон додани асос барои додани онҳо ба ҳисоби собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)
5. Собиқаи корӣ (ба истиснои кор дар назди шахсони алоҳида) барои давраи то 1 январи соли 1999 метавонад бо муқаррароти судӣ, нишондодҳои ду нафар шоҳид ё бештар аз он муқаррар карда шавад, ба шарте, ки ҳуҷҷатҳои фаъолияти меҳнатӣ бар асари оғози амалиёти ҳарбӣ ва офатҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гум шуда бошанд ва имконияти барқарор намудани онҳо мавҷуд набошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ҳуҷҷатҳои боэътимоди тасдиқкунандаи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ дар ин давра доранд, аммо фаъолияти кории онҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ қайд нагардидааст, метавонанд барои ворид намудан ба собиқаи суғуртавӣ онҳоро пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708, аз 28.12.2012 № 909).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
7. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 19. Тартиби баҳисобгирии (барқароркунии) собиқаи суғуртавӣ барои давраҳои меҳнатӣ ва хизмати давлатӣ, ки барои онҳо саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909
1. Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъини нафақа, ки қисми собиқаи меҳнатиашро хизмати давлатӣ, аз он ҷумла берун аз ҳудуди мамлакат ё фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад ва дар ин давра саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст, инчунин дар ҳолатҳое, ки онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ҳуқуқи гирифтани нафақаро пайдо накардаанд, бо мақсади дохил намудани ин давраҳо ба собиқаи суғуртавӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ маблағи умумии саҳмҳои суғуртавӣ бо ҳисоби зайл пардохта мешавад: музди миёнаи меҳнат ба теъдоди моҳҳои ба собиқаи суғуртавӣ дохилшаванда зарб зада шуда, ба тарофаи муқарраргардидаи саҳмҳои суғуртавии соли дахлдор зарб зада мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
2. Пардохти маблағи саҳмҳои суғуртавиро барои давраи чунин фаъолият метавонад худи шаҳрванд (ё ба ҷои ӯ корфармо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
Пардохти маблағро бояд корфармо барои даврае, ки шаҳрванд фаъолият дошт, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ созад.
 
Моддаи 20. Манбаъҳои маблағгузории пардохти нафақаи суғрутавӣ
1. Пардохти нафақаи суғуртавӣ аз манбаъҳои зайл маблағгузорӣ карда мешавад:
- қисми суғуртавии нафақа - аз маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- қисми захиравӣ - аз маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ бо назардошти даромад аз сармоягузорӣ мавҷудбуда Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Дар сурате, ки андозаи ҳисобшудаи нафақаҳои суғуртавӣ аз андозаи камтарини дар моддаҳои 22, 25 ва 26 Қонуни мазкур муқарраршуда кам бошад, фарқияти байни андозаи нафақаҳои суғуртавии ҳисобшуда ва андозаи камтарини муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
3. Маблағи пардохти қисми суғуртавии нафақа аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:
- саҳмҳои нафақавие, ки суғуртакунандагон барои шахсони суғурташуда пардохт кардаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- маблағи саҳмҳои суғуртаи нафақавие, ки худи шахсони суғурташуда пардохт намудаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- даромади сармоявӣ аз сармоягузории ҷойгиркунии маблағҳои озоди суғуртавӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 21. Кафолатҳои давлатии таъминоти нафақа
Ба шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо накардаанд, давлат таъминоти нафақаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур кафолат медиҳад.
 
Моддаи 22. Ҳисоби қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Дар мавриди таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ,   ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва андӯхти захираҳои нафақавие, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ ҷамъ шудаанд, инчунин дигар маълумоте, ки мувофиқи Қонуни мазкур пешниҳод мегарданд, истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол  метавонад иловапулиҳои тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таъингардидаро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3. Барои муайян намудани андозаи қисми суғуртавии нафақа аз рӯи синну сол ҳаҷми ӯҳдадориҳои нафақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа - сармояи шартии нафақавӣ бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200):
- ӯҳдадории нафақавии бо пул ифодагардида то давраи ҷори намудани баҳисобгирии инфиродӣ тибқи муқаррароти моддаи 58 Қонуни мазкур;
- пардохти саҳмҳои суғуртавии дар низоми баҳисобгирии инфиродӣ ба назар гирифташудаи шахси суғурташуда бо роҳи индексатсияи ҳарсолаи онҳо мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ (Қонуни ҶТ аз  28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200);
4. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо роҳи тақсим кардани маблағи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи барои нафақа муроҷиатнамуда ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ баробар мебошад, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ба шахсоне, ки собиқаи зарурии суғуртавӣ надоранд, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии дар қисми 1 моддаи 13 пешбинишударо доранд, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии пешбинишударо надоранд, аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 23. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 24. Зиёд намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо сабаби ба таъхир афтодани муроҷиат барои таъини нафақа
1. Ба шахсоне, ки вобаста ба фарорасии синну соли нафақавӣ тибқи моддаи 13 Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ҳуқуқ доранд, аммо фаъолияти меҳнатиро давом дода, саҳмҳои суғуртавиро пардохт менамоянд, ҳангоми мавқуф гузоштани муроҷиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз ҷониби онҳо, қисми суғуртавии нафақа баъди муроҷиат дар асоси маълумоти инфиродӣ бо назардошти давраи муроҷиат ҳисоб карда мешавад ва тибқи шартҳои дар ҷадвал нишондодашуда бо кам кардани моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200):
 
Миқдори солҳои пурраи мавқуф гузоштани муроҷиат
(ЌҒТ аз 18.03.15с., №1189)
Давраи пардохти эҳтимолӣ
(бо моҳ)
(ЌҒТ аз 18.03.15с., №1189)
1
1
174
2
2
168
3
3
162
4
4
156
5
5
150
6
6
145
7
7
140
8
8
135
9
9
130
10
10 ва беш аз он
125
 
 
2. Моддаи мазкур нисбат ба шахсони воқеие, ки ба таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол дар мавриди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 25. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 22 Қонуни мазкур амалӣ гардида, нафақа ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи 1-100 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II - 85 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III - 70 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол.
2. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра:
- ба маъюбони гурӯҳи 1-150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи II - 125 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи III - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра:
- ба маъюбони гурӯҳи I - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи II - 85 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи III - 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 26. Ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон барои ҳар як узви оилаи бесаробонмонда, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ дорад, бо ҳиссаи баробар (вобаста ба теъдоди аъзои оила, ки талаби гирифтани нафақаро доранд) аз нафақаи суғуртавӣ, ки саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ дошт, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақаи суғуртавӣ барои кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда ба андозаи нафақаи суғуртавие, ки ҳар ду саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ доштанд, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
3. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила - 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила - 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила - 105 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила - 140 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила - 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила - 250 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила - 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, ки вафоти саробон бар асари иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст, наметавонад аз 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида барои ҳар як узви корношоями оила кам бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Бо хоҳиши яке аз аъзои оила, ки нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон мегирад, ҳиссаи ӯ аз нафақаи суғуртавии ба оила таъиншуда метавонад ҷудо карда шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 27. Пардохтҳо аз рӯи таъминоти нафақаи давлатӣ
1. Таъминоти нафақаи давлатӣ аз намудҳои зерини пардохтҳо иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705):
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Ба нафақаҳои таъингардидаи гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иловапулӣ муқаррар кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
 
Моддаи 28. Ҳуқуқ ба таъминоти нафақаи давлатӣ
Ба таъминоти нафақаи давлатӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909):
- шахсоне, ки ба онҳо меъёрҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистбн татбиқ нагардидаанд ва татбиқ намегарданд;
- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсоне, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён доранд;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
Моддаи 29. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 30. Ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ
1. Ба нафақаи иҷтимоӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, аз ҷумла:
- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, аз ҷумла маъюбон аз овони кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18- сола (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909);
- кӯдакон ва наврасоне, ки то синни 18 (барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона то синни 23) аз як ё ҳарду саробон маҳрум шудаанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавии бо сабаби маҳрум шудан аз саробонро надоранд;
- шахсоне, ки ба синну соли пешбининамудаи қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур расидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
Номгӯи нишондодҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
2. Шахсоне, ки доимӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомат мекунанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд, нафақаи иҷтимоӣ ба онҳо дар сурати расидан ба синни 58 ва 53 (мутаносибан мардҳо ва занҳо) таъин ва пардохт мешавад.
 
Моддаи 31. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани онҳоро доранд, ба андозаҳои зерин таъин карда мешаванд:
а) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ:
- ба маъюбони гурӯҳи I ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳҳои II ва III, маъюбони гурӯҳи III аз овони кӯдакӣ - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
в) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон:
- ба кӯдакони то 18-сола, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона - то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак60 фоиз, барои ду кӯдак - 90 фоиз, барои се ва зиёда аз он кӯдак - 120 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона - то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак - 100 фоиз, барои ду кӯдак - 150 фоиз, барои се ва зиёда аз он кӯдак - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд, ба андозаи зерин таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909):
- барои маъюбони гурӯҳҳои I ва II - ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои маъюбони гурӯҳи III - ба андозаи 80 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
Нафақаи иҷтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оилаи хизматчии ҳарбии фавтида, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудааст, ба андозаи 10 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
3. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқараршуда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
 
Моддаи 32. Тартиби таъин кардани нафақаҳои иҷтимоӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Таъин кардан, бозҳисобии нафақаҳои иҷтимоӣ, ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Барои таъин кардани нафақаи иҷтимоӣ шаҳрванд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисте, ки расман ба қайд гирифта шудааст, бо ариза муроҷиат менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки шартҳои таъин намудани нафақаҳои иҷтимоиро ба шаҳрвандон пурра фаҳмонад, инчунин ба ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба онҳо мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ҳуқуқ дорад, ки аз аризадиҳанда ва ё шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои заруриро барои муқаррар намудани нафақаҳои иҷтимоӣ талаб намояд, дар ҳолатҳои зарурӣ санҷишӣ мутақобила гузаронад, санҷиши воқеият ва асоснокии ҳуҷҷатҳоро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Ҳуҷҷатҳо барои муқаррар намудани нафақаи иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар давоми сӣ рӯзи бақайдгирии ариза баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Ҳангоми таъин намудани нафақаҳои иҷтимоӣ қарори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа қабул карда, ба шаҳрвандон шаҳодатномаи шаклаш муқарраргардида дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
7. Дар сурати рад шудани таъини нафақа ҷавоби хаттӣ бо нишон додани сабабҳои он ба аризадиҳанда пешниҳод мешавад.
8. Нафақаи иҷтимоӣ вобаста ба тайғир ёфтани дараҷаи маҳдудияти қобилияти корӣ, сабабҳои маъюбӣ, шумораи аъзои корношоями оилаи саробони фавтида (ҳалокгардида), дар сурати аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани нафақаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз нав дида баромада мешавад.
9. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ заруранд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
10. Шаҳрвандон метавонанд аз қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба мақомоти судӣ шикоят намоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 33. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 34. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 35. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
 
Моддаи 36. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
 
Моддаи 37. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
 
Моддаи 38. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
 
Моддаи 39. Иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909)
1. Ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба андозаҳои зерин иловапулиҳо муқаррар ва пардохт карда мешаванд:
а) ба андозаи 150 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба иштирокчиён ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- ба иштирокчиён ва маъюбони рафъи оқибати садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ;
- ба маъюбони гурӯҳи I, ки маъюбиашон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
б) ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доимӣ истиқомат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
в) ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба маъюбони гурӯҳи I ва гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, ки кор намекунанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- кӯдакони маъюби то 18-сола (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- ба маъюбони гурӯҳи II, ки кор намекунанд ва маъюбиашон дар натиҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ба амал омадааст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
г) хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
 
БОБИ 4. ТАЪИН, БОЗҲИСОБӢ, АЗ ЯК НАМУД БА НАМУДИ ДИГАР ГУЗАРОНИДАН, ИНДЕКСАТСИЯ, ПАРДОХТ ВА ДАСТРАС НАМУДАНИ НАФАҚА
 
Моддаи 40. Тартиби таъин ва пардохти нафақа
Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 41. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа
1. Ариза барои таъини нафақа ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ӯ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз ҷониби суғурташаванда ё корфармо ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар ҷои зисти шахси суғурташуда пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Барои таъини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ва собиқаи суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси суғуртавӣ;
- дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба нафақа (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъминоти нафақаро амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоеро, ки барои таъини нафақа заруранд, талаб намояд, инчунин асоснокии дода шудани онҳоро санҷад.
4. Мӯҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар  мӯҳлати дилхоҳ баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
5. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Ҳангоми рад гардидани ариза дар бораи таъини нафақа дар қарор сабабҳои рад гардидани таъини нафақа пурра нишон дода мешаванд. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи баъди қабули чунин қарор аз натиҷаи он аризадиҳандаро огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
7. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 42. Мӯҳлати таъин ва пардохти нафақа
1. Нафақа аз рӯи синну сол якумра таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақа аз рӯи маъюбӣ барои давраи корношоямии шахс, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъин карда мешавад.
3. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба мӯҳлате, ки тӯли он узви оила корношоям дониста мешавад, таъин мегардад.
4. Нафақа аз рӯзи муроҷиат, аммо на пештар аз пайдо шудани ҳуқуқ ба гирифтани нафақа, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200, аз 04.07.2020 № 1705):
- нафақа аз рӯи синну сол аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа, агар муроҷиат барои таъини нафақа на дертар аз се моҳ пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа сурат гирифта бошад таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
- нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо шудани фавти саробон (фавти саробон), ки барои нафақа ҳуқуқ медиҳад, дар ҳолате, ки муроҷиат на дертар аз 6 моҳи баъди ҳодисаи суғуртавӣ сурат гирифтааст, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
Дар дигар ҳолатҳо нафақа аз рӯзи муроҷиат таъин мегардад.
5. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъини нафақа бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
 
Моддаи 43. Бозҳисобии нафақаҳои таъингардида
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
Андозаи нафақа тибқи муқаррароти Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин бозҳисобӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200):
- ба намуди дигари нафақа гузаштан;
- тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ;
- тағйир ёфтани теъдоди аъзои ғайриқобили меҳнати оила, ки бо нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъмин карда мешаванд.
- давом додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ баъди таъини нафақа (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200);
 
Моддаи 44. Муҳлати бозҳисобии нафақаҳои таъингардида
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200, аз 04.07.2020 № 1705)
1. Андозаи нафақаҳои таъингардида дар мӯҳлатҳои зерин бозҳисобӣ карда мешавад:
- дар ҳолати пайдо шудани ҳуқуқ барои баланд бардоштани нафақааз рӯзи якуми моҳе, ки нафақагир барои бозҳисобии нафақа муроҷиат намудааст, аммо на пештар аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба бозҳисобии нафақа;
- ҳангоми ба амал омадани ҳолате, ки дар натиҷаи он андозаи нафақа кам мешавад - аз рӯзи якуми моҳе, ки баъди моҳи ба амал омадани чунин ҳолатҳо.
2. Ҳангоми тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, ки сабаби зиёд гардидани андозаи нафақа мегардад, нафақа ба андозаи нав аз рӯзи тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ пардохт карда мешавад.
3. Гузаронидан аз як намуди нафақа ба намуди дигари он аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳе, ки дар он муроҷиат барои иҷрои ин амал ворид шудааст, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 45. Ташкили баҳисобгирии нафақахӯрон
1. Ба мақсади таъмини баҳисобгирии нафақахӯрон ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таъминоти нафақавӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои таъини нафақа ҳамаи нишондиҳандаҳои онҳоро ба Феҳристи (рӯйхати) ягонаи давлатии нафақагирон дохил намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
2. Ҷорӣ кардани Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардонад. Тамоми мақомоти дигари давлатӣ, ки ба зиммаи онҳо таъини нафақа вогузор мебошад, вазифадоранд мутобиқи ҳамин моддаи Қонун маълумоти қайдгардидаро дар муддати 30 рӯзи баъди таъини нафақа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
3. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 46. Таъин, бозҳисобӣ ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар
1. Таъини нафақа, бозҳисобии андозаи он, гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар асоси аризаи шаҳрванд сурат мегирад.
2. Муроҷиат барои таъини нафақа, бозҳисобии андозаи нафақа ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар ҳамаи ҳолатҳо баъди  пайдо шудани ҳуқуқ ба нафақа ва бозҳисобии андозаи он бе маҳдудияти мӯҳлат баррасӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705).
3. Андозаи нафақа дар мавриди тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, шумораи аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, бинобар идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ, инчунин дар ҳолати дигар шудани шартҳои таъминоти нафақаи суғуртавӣ бозҳисобӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
4. Бозҳисобии андозаи нафақаи суғуртавӣ бинобар аз ҷониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (ё барои ӯ) пас аз таъини нафақа, як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби ӯ, амалӣ карда мешавад
Дар ҳар сурат, бозҳисобӣ метавонад амалӣ карда шавад, агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъини нафақа фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.
Дар мавриди ҳисоб намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолии дар қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинигардида истифода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 47. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 48. Пардохт ва дастрас намудани нафақа
1. Нафақаро мақомоти ваколатдори давлатии ҷои истиқомати шахси барои нафақа муроҷиаткарда пардохт ва дастрас менамояд. Дар мавриди дигар шудани ҷои истиқомати нафақагир нафақа дар ҷои истиқомати нав, дар асоси асноди нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти бақайдгирӣ дода шудаанд, дастрас ва пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Нафақа шахсан ба нафақагир пардохт карда мешавад ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар аризаи нафақагир нишон дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар се моҳ  ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200) (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)
3. Нафақа, новобаста ба гирифтани музди меҳнат ва дигар даромадҳо, бе маҳдудият пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
4. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва ё модари(падари) яккаву танҳояшон вафот кардааст, инчунин дигар кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, ба андозаи пурра пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705).
Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум гардида, дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 50 фоизи нафақаи таъингардида, вале на камтар аз 25 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақаи суғуртавӣ ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, пардохт карда мешаванд.
Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, нафақа ба андозаи пурра бо тартибе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва мақомоти адлия муайян карда шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
7. Нафақа метавонад дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст, ба мӯҳлати на зиёда аз шаш моҳ пардохт карда шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
8. Пардохти нафақа метавонад бо қарори сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ё қарори суд дар ҳолатҳои зерин то муайян намудани ҳолатҳои бавуқӯъомада боздошт карда шавад:
- таъини нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти носаҳеҳ;
- нагирифтани нафақаи ба мақомоти ваколатдор оид ба пардохти нафақа гузаронидашуда зиёда аз шаш моҳ;

- бедарак ғоиб эътироф намудани нафақагир (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015с., №1200) (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)

- барқарор гардидани саломатии шахси маъюбиятдошта, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шудааст. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)

9. Пардохти нафақа ҳангоми фавти нафақагир дар асоси маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар мӯҳлати то даҳ рӯз пас аз рӯзи бақайдгирии фавти нафақагир ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маълумот пешниҳод менамояд, қатъ карда мешавад.
Маълумот дар бораи фавти нафақагир аз рӯи шакле, ки бо қарори муштараки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва адлия тасдиқ карда мешавад, пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
10. Маблағи нафақаи нафақагир, ки бо сабаби фавти ӯ пардохт нагардидааст, то  рӯзи вафоташ ҳисоб карда шуда, ба аъзои оилаи ӯ, ки якҷоя бо нафақагир зиндагӣ мекард пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705).
Дар сурати мавҷуд набудани аъзои оила, ки бо нафақагир якҷоя зиндагӣ мекарданд, маблағи пардохтанашудаи нафақа ба мерос гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 49. Боздошти нафақа
1. Нафақа метавонад дар асоси санадҳои судӣ (дар қисмати ситонидани молу мулк), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба иҷро мерасанд, боздошта шавад.
2. Андозаи боздошти нафақа аз маблағи ба нафақахӯр барои пардохт ҳисобкардашуда, ҳисоб карда мешавад.
3. Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), ҷуброни зарари ба молу мулки ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифта на бештар аз 50 фоизи нафақа боздошт шуда метавонад.
4. Дар тамоми ҳолатҳои боздошти нафақа барои нафақахӯрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.
5.Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 50. Тартиби пардохти нафақаи шахсоне, ки ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ кӯчидаанд
1. Нафақаи тибқи Қонуни мазкур таъингардида ба шахсоне, ки ҷои зисти доимиашонро берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунанд, новобаста ба нигоҳ доштан ё тағйир додани шаҳрвандӣ бо тартиби зерин пардохт карда мешавад:
- ба шахсоне, ки нафақаи давлатӣ барояшон дар асоси Қонуни мазкур таъин шуда бошад, он дар асоси хабарнома дар бораи кӯч бастани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора барои шаш моҳи оянда пардохта, баъди он қатъ карда мешавад;
- ба шахсоне, ки нафақаи суғуртавӣ мегиранд, пардохти нафақаи онҳо ба андозаи қисмҳои суғуртавӣ ва захиравии он дар ҷои истиқомати нав давом меёбад. Дар ин маврид хароҷоти интиқоли маблағи нафақа аз ҳисоби гирандагони нафақа аст. Тартиби ба хориҷа интиқол додани маблағи нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909).
2. Агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дар хориҷа қоидаҳои дигари пардохти нафақа пешбинӣ гардида бошанд, қоидаҳои муқарраргардидаи ин санадҳо мавриди амал қарор мегиранд.
 
Моддаи 51. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ ва нафақаҳо
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Сармояи шартии нафақавӣ, ки дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, ҳар сол бо тартиби зерин индексатсия карда мешавад:
- барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013мутобиқи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян гардидааст;
- барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 - мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян карда мешавад.
Сармояи шартии нафақавӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни мазкур барои давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 муайян карда шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, шурӯъ аз 1 январи соли 2014 ҳар сол индексатсия карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад.
3. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 51. Индексатсияи нафақа
1. Нафақа дар ҳолатҳои зерин индексатсия карда мешавад:
- баланд бардоштани андозаи нафақаи таъингардида мутаносибан бо индекси афзоиши нархҳо ва ё музди меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бозҳисобии андозаи сармояи нафақавии шартӣ;
- баланд бардоштани андозаи муқарраргардидаи нафақаи заминавӣ.
2. Тартиби индексатсияи нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ 5. НАМУДҲОИ ДИГАРИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАВӢ
 
Моддаи 52. Таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ
Дар баробари суғуртаи ҳатмии давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ ҳуқуқ доранд.
Тартиби амали кардани таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ, ташкили фондҳои ғайридавлатии нафақа ва пардохтҳои нафақавӣ аз ин фондҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
 
Моддаи 53.Таъминоти нафақавии касбӣ
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708)
1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, корфармо ӯҳдадор аст, ки дар давраи иҷрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ" муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1705).
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рӯйхати истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин номгӯи корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708).
 
БОБИ 6. ҚИСМИ ЗАХИРАВИИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 54. Пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби саҳмҳои андӯхтшудаи нафақавии шахсоне, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба синни нафақавии дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда муқаррар карда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои марбути ташаккулёбӣ, ҷудо кардани маблағ барои андӯхти нафақавии ҷиҳати ҷудо кардани маблағ барои қисми андӯхтии нафақаҳои суғуртавӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти субъектҳо, иштирокчиёни ин муносибатҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ бо роҳи тақсими маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, бо назардошти даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории онҳо, ба миқдори моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад.
Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).

3. Андозаи қисми андӯхти ҳармоҳаи нафақаи суғуртавӣ бо роҳи тақсими сармояи нафақавӣ, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ташаккул ёфтааст, ба давраи пардохти эҳтимолии пас аз ба нафақа баромадан, ки қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур муайян  менамояд, муқаррар мегардад.  (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)

4. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавиро ба шахсони суғурташуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1840)

 
Моддаи 55. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
 
Моддаи 56. Ҳуқуқи моликият ба андӯхтҳои нафақавӣ
1. Давлат ба шахсони суғурташуда ҳуқуқи моликиятро ба маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби шахсии инфиродӣ дар шакли андӯхти нафақавӣ мавҷуда кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Муассисаи суғурта вазифадор аст, ки кафолати ҳифз ва ҳимоя кардани маблағи андӯхти нафақавии ба он амонатдодаро аз беқурбшавӣ (таваррум) ва зиёдкунӣ (индексатсия) таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 57. Шахсоне, ки ба қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Шарти асосие, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми захиравии нафақа муайян мекунад, пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро анҷом медиҳанд, дар сурати риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми захиравии нафақа ҳуқуқ доранд.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 58. Бадалкунии (конвертатсияи) ҳуқуқҳои шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)
1. Ҳуқуқҳои нафақавии дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 бадастовардаи шаҳрвандон бояд таҳти аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ қарор гиранд. Дар ин маврид, барои ҳар моҳи пурраи собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда шудааст, сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200, аз 04.07.2020 № 1705).
2. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки барои он дар натиҷаи бо пул арзёбӣ гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3,4,5 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200)  .
 
Моддаи 59. Қоидаҳои гузариш ва тартиби муаяйн намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ
1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, муассисаи суғурта (мақоми ваколатдори давлатӣ) вазифадор аст, ки андозаи сармояи шартии нафақавии ҳар як шахси воқеии дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ суғурташударо то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муайян намояд.
2. Сармояи шартии нафақавӣ барои ҳисоб кардани қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2017 дар асоси маълумоти дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа мавҷудбуда дар бораи музди меҳнати (даромади) шахси суғурташуда, ки аз рӯи он саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ пардохт карда шудаанд, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
3. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои эътимоднок дар бораи мавҷудияти собиқаи суғуртавӣ дар давраи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ба муассисаҳои дахлдори давлатии мамлакати будубош, ки ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) сарукор доранд, давраҳои номбаргардида ба собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд, ба шарте, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакати будубош қарордоди тарафайн, дар бораи баҳисобгирии собиқаи суғуртавии давраи фаъолияти муваққатӣ дар ин давлат, ба имзо расида бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 909, аз 18.03.2015 № 1200).
4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъминоти нафақа аз рӯи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад:
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1954 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1959 таваллуд шудаанд;
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1959 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1964 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд;
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1964 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1969 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва ба таври доимӣ истиқомат мекунанд;
- шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмӯҳлат ҳуқуқ пайдо кардаанд;
- нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" нафақа таъин гардида, барои бозҳисобии нафақа аз музди меҳнати баландтар ё гузаштан ба нафақа аз рӯи синну сол муроҷиат кардаанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
5. Нафақа аз руи асосҳои (намудҳои) дигар мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" аз лаҳзаи мавриди амал қарор дода шуданаш таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди 1 январи соли 1954 (мардҳо) ва баъди 1 январи соли 1959 (занҳо) таваллуд ёфтаанд, тамоми намудҳои нафақа тибқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708).
7.  хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 60. Нигоҳ доштани андозаи нафақаҳои қаблан таъингардида
1. Андозаи нафақаи меҳнатии шаҳрвандоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд, нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
2. Андозаи нафақаи муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур индексатсия карда мешавад.
 
Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани меъёрҳои мақаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1200).
 
Моддаи 62. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 708) .
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе,
12 январи соли 2010 № 595