ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Пшб, 10/11/2022 - 16:07
ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
    Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, кӯшиш менамояд, ки барои шаҳрвандон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам орад. Аз ин рӯ, фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ барои расидан ба ин ҳадафи бузург нигаронида шудааст. Яке монеаҳои асосӣ дар самти таъмини шароити зиндагии арзанда барои сокинон зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб меравад.
    Мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин вазифаи давлат ва мақомоти он ба ҳисоб рафта, таҳкими истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ низ аз ин фаъолият вобаста мебошанд.
    Ба имзо расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар соли 2003 ва таъсиси Ассотсиатсияи байналмилалии ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ натиҷаи дарки амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари ҷиддии оқибатҳои коррупсия мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва рушди ташаббусҳои зиддикоррупсионӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз аввалин кишварҳои узв буд, ки Конвенсияи СММ-ро бар зидди коррупсия ба тасвиб расонд.
    Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, дар ин радиф барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
    Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин муддат ду маротиба санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуданд.
    Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
    Манбаъ ва сарчашмаи асосии ҳамаи ин санадҳои зиддикоррупсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 ба ҳисоб мерафт, ки бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» санаи 7 августи соли 2020, №1714 аз эътибор соқит дониста шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия муқаррар намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъият аз таҳдидҳо, ки аз зуҳури коррупсия бармеоянд, нигаронида шудааст.
    Аз ҷумла дар моддаи 1 Қонуни мазкур коррупсия чунин муайян шудааст: «Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
    Бо мақсади таҳияву татбиқи тадбирҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо қабул гардиданд. Аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, инчунин бо дарназардошти зарурати таъхирнопазирии таҳияи усулҳои нави пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузории зиддикоррупсионӣ чораҳо меандешад. Тавре ишора гардид дар ин самт қонуну барномаҳои соҳавӣ қабул шудааст.
    Фаъолияти самарабахши мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдори давлатӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандон тавассути пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳое, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоранд, таъмин карда мешавад.
Моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» субъектҳои муқовимат ба коррупсияро ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст:
  1. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда;
  2. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд.
Моддаи 8 Қонун бошад, субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунандаро чунин муайян намудааст: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яъне ҳамаи инҳо субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд.
    Мутобиқи моддаи 10 Қонуни болозикр субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, инҳо мебошанд: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бонки миллии Тоҷикистон; мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати; мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; мақомоти дигари давлатӣ; субъектҳои хоҷагидор; ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ; намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
    Ҳар ду гуруҳи субъектҳои муқовимат ба коррупсия дорои ваколатҳои муайян мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
    Дар маҷмуъ, мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси татбиқи ҳамаҷонибаи тадбирҳое сурат мегирад, ки ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия комилан мувофиқанд. Ин тадбирҳо асосан инҳоянд:
- омӯзиши криминологии ҷиноятҳои коррупсионӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои ба вуҷуд омадани коррупсия, арзёбии онҳо ва пешгӯии рушди вазъият ҷиҳати сари вақт андешидани чораҳои муассир оид ба пешгирии коррупсия;
- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия;
-таҳия ва татбиқи тадбирҳои иқтисодии мубориза бо коррупсия бо рафъи заминаҳои мавҷудияти он.
Низоми чораҳои миллии зиддикоррупсионӣ чунин самтҳоро фаро мегирад:
- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба мубориза бо коррупсия;
– муқаррар намудани маҳдудиятҳо, инчунин талаботи махсус, ки ба таъмини назорати молиявии шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсия ва ошкор намудани онҳо нигаронида шудаанд;
– таъмини танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, назорати давлатию ҷамъиятӣ аз болои ин фаъолият;
- такмили низоми мақомоти давлатӣ, кори кадрӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамоянд;
– барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии поймолшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рафъи оқибатҳои зараровари ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ва коррупсия шароит фароҳам меоранд;
- муқаррар намудани мамнуиятҳои ҳуқуқӣ бо мақсади фарқ кардани уҳдадориҳои хизматӣ (меҳнатӣ) аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигари ғайрирасмии шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда муайян намудани кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои марбут ба маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешгирии маблағгузорӣ ё дигар шаклҳои таъминоти моддии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз манбаъҳои манънамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани тадқиқоти криминологии ҷиноятҳои коррупсионӣ бо мақсади баҳодиҳӣ ва пешгӯии онҳо, муайян намудани замина ва сабабҳои ба амал омадани коррупсия, андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирии онҳо;
- роҳандозӣ намудани тадбирҳои маҷмуии мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани заминаҳои иқтисодӣ барои рафъи сабабҳои он.
    Низоми тадбирҳои мубориза бо коррупсия ба принсипҳое асос ёфтааст, ки онҳо аз ҷониби давлат ва ҷомеа пазируфта шудаанд ва самаранокии муқовимат бо кирдорҳои коррупсиониро таъмин менамоянд.
    Дар муқовимат бо коррупсия муносибати маҷмуӣ лозим аст. Аз ҷумла андешидани маҷмуи тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад: муқаррар намудани меъёрҳои шаффофи болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ, таъсиси механизмҳои ба инобат гирифтани манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми қабули қарорҳо дар сатҳи ҳукумат, ба таври қатъӣ ҷудо кардани фаъолияти хидматӣ ва тиҷоратӣ, назорати ҷамъиятӣ аз болои даромад ва хароҷоти шахсони мансабдор, ҷорӣ намудани принсипҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ, таҳияи расмиёти шаффофи харид ва ғайра.
    Рафъи коррупсия бо роҳи дар тафаккури аҳолӣ бедор кардани эҳсоси таҳаммулнопазирӣ нисбат ба рафтори коррупсионӣ, гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани талаботи махсус нисбати шахсони ба мансабҳои давлатӣ таъиншаванда, ҷорӣ намудани тартиби аз кор озод намудани шахсони дар амалҳои коррупсионӣ дастдошта ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, имконпазир мегардад.
    Тадбирҳои зикргардида аз ҷумлаи роҳҳои маъмултарини мубориза бо коррупсия мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани онҳо пайваста саъю талош менамояд.
 
 
Магистранти курси якуми Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдусолиева Г.А.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)