You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

-A A +A
Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 16:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
33
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 20 Ноябр, 2000

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №11, мод.504; соли 2005, №12, мод. 633; соли 2007, №6, мод. 436; №7, мод. 672; соли 2009, №9-10, мод.549; соли 2011, №6, мод. 440; соли 2013, №7, мод., 526; ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

 

Қонуни мазкур принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқӣ ва тарзу усулҳои танзими фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

                                         БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси механизмҳои бозоргонӣ, институтсионалӣ ва иттилоотӣ ба хотири тараққиёти боэътимодии он ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия иборат аст.

 

        Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

энергетика - соҳаи иқтисодиест, ки ҷустуҷӯ, истихроҷ, истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдорӣ, расонидан, тақсимот ва истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва энергияро дар бар мегирад;

комплекси сӯзишворию энергетикӣ - маҷмӯи  бо ҳам алоқаманди  соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда, барқтаъминкунанда ва барқистифодабаранда, инчунин  зерсистемаҳои минтақавӣ ва дигар объектҳои  энергетикӣ, ки сарфи назар  аз шакли моликият фаъолият менамоянд; (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556)

соҳаи энергетика - қисми таркибии энергетика, ки бо яке аз намудҳои захираҳои энергетикӣ ва энергия вобаста аст;

корхонаи энергетикӣ - ин шахси ҳуқуқиест, аз ҷумла аз субъектҳои монополияи табиӣ сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ки ба як ё якчанд намуди фаъолият дар энергетика машғул аст;

объекти энергетика - ин иншооти махсусест, ки барои истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдорӣ, расонидан ва тақсимоти захираҳои энергетикӣ ва энергия таъин шудааст;

фаъолият дар энергетика, хизматрасонии энергетикӣ - ин истеҳсол, интиқол, расонидан, тақсимот, нигаҳдорӣ, коркард, таҷдид, фурӯши энергия, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ мебошад;

захираи энергетикӣ - ҳомили энергия, ки дар айни замон ё дар оянда метавонад мавриди истифодаи самарабахш қарор гирад. Он чунин тақсимбандӣ мешавад:

а) захираҳои энергетикии барқароршаванда - ин захираҳое мебошанд, ки ба таври табиӣ ба вуҷуд омада, доимо аз нав пайдо мешаванд (гармии офтоб, ҷараёни табиии обу ҳаво, обҳои геотермалӣ ва биомассаҳо) ва ба намудҳои дигари энергия мубаддал шуда метавонанд;

б) захираҳои аввалияи энергетикӣ - захираҳои табиӣ, ки метавонанд бевосита чун сӯзишворӣ истифода шаванд (нафт, гази табиӣ, ангишт) ё мавриди истеҳсоли намудҳои гуногуни энергия қарор гиранд;

в) захираҳои энергетикии дуюмдараҷа - захираҳое, ки ба шакли маҳсулоти иловагӣ дар ҷараёни истеҳсолоти асосӣ ба даст меоянд;

маҳсулоти энергетикӣ - намудҳои мухталифи сӯзишворӣ, маҳсулоти нафт, энергияи қувваи барқ ва гармӣ, ки аз ҳама гуна намудҳои захираҳои энергетикӣ истеҳсол мешаванд;

истеъмолкунандагон дар энергетика - ҳама шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки энергия ва захираҳои энергетикиро мехаранд ва бе мақсади аз нав фурӯхтан онҳоро истифода мебаранд;

истеҳсолкунандагон дар энергетика - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қатъи назар аз шакли моликияташон, ки барои онҳо ҳамаи захираҳои энергетикӣ ва энергия маҳсулоти молӣ мебошанд;

сарфаҷӯии энергия - истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия мебошад;

консессия - шартнома дар бораи ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ тибқи шартҳои муайян муваққатан барои истифода додани объектҳои давлатӣ бо ҳуқуқи фаъолият намудан дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ.

 

       Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.(ҚҶТ аз 22.07.13с.№998)

БОБИ  2.

 Танзими  давлатӣ  дар  со Ҳаи  энергетика

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика

Мақсадҳои асосии давлат дар соҳаи энергетика аз инҳо иборат аст:

- таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҷумҳурӣ ба захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ ва кафолати амнияти энергетикии кишвар;

-  таъмини ҳифзи муҳити зист ва аҳолӣ аз таъсири зараровари фаъолият дар соҳаи энергетика;

- муҳайё намудани шароити зарурӣ барои пайгирона гузаштани энергетика ба муносибатҳои бозоргонӣ, ҷалб намудани сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ ба он, ба корхонаҳои энергетикӣ додани мустақилияти иқтисодӣ ва таъмини тараққиёти онҳо дар асоси рақобати бозоргонӣ;

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, сарфаҷӯии энергия, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани ҳароҷоти нисбии захираҳои энергетикӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии миллӣ.

(ҚҶТ аз 28. 06. 11с. №727).

Моддаи 5. Усулҳои танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика

Танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика ба воситаи таъмини ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозситонӣ, қарздиҳӣ, маблағгузорӣ, таъмини сиёсати сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва назорати иҷроиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»  анҷом дода мешавад.   

 Лоиҳаҳо ва барномаҳои энергетикӣ барои сохтани объектҳои азим ба таври ҳатмӣ аз экспертизаи давлатӣ мегузаранд, ки тартиби гузаронидани онро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика

Салоҳиятҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика чунинанд:

таъмини нақши асосии давлат дар тараққиёти энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

идораи комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани механизмҳои бозоргонии фаъолияти он;

фароҳам овардани шароит барои соҳибкории озод ва рушди ҳамаи шаклҳои моликият дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар фазои пешрафти муносибатҳои  бозоргонӣ;

мусоидат намудан ба иштироки сектори хусусӣ дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кӯмак ба дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи корхонаҳо ва дар соҳаҳои он;

муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои энергетикӣ ва барномаҳои сохтмони объектҳои азими энергетикӣ;

консессия  дар  соҳаи  энергетика;

гузаронидани сиёсати нарх ва тариф дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ;

бурдани  назорат  оиди истифодаи  захираҳои  энергетикии  аввалия ва барқароршаванда ва нигоҳдории онҳо;

муҳайё намудани шароити зарурӣ  барои ташвиқи сармоягузорӣ дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ;

қабули чораҳои фаврӣ барои таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетикӣ ва энергия дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулодда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ дар истифодабарии онҳо;

ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи энергетика;

тасдиқ ва назорат оиди амалӣ гаштани барномаҳо:

- тараққиёти комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба стандартизатсиякунонӣ, амният ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ;

- оид ба ғайриинҳисорӣ ва реструктризатсия-кунонии корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;

- оиди сарфаҷӯии энергия;

- иҷрои дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои  мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи  энергетика

Мақомоти ваколатдори давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика (минбаъд-мақомоти ваколатдор) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Низомномаи мақомоти ваколатдор ва  сохтори онро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ваколатҳои мақомоти ваколатдор инҳо мебошанд:

татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика;

ба нақшагирӣ ва пешбинии самти талабот ва пешниҳодот ба ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ ва энергия барои ба ҳисоб гирифтан ва минбаъд даровардани тағйирот ба барномаҳои амал;

гузаронидани баҳодиҳӣ ба талаботи инвеститсионӣ ва муайян намудани манбаъҳои эътимодноки маблағгузорӣ ва сармоя;

омӯзиши фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ бо мақсади мунтазам гузаштани онҳо ба муносибатҳои бозоргонӣ;

мусоидат барои дохилшавии мунтазами инвеститсияҳои хусусӣ ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва зиёдшавии захираҳои энергетикии маҳаллию алтернативӣ, ва барқароршаванда аз ҷумла тавассути танзими идоракунӣ, соҳибии захираҳои дуюмдараҷа ва маҳсулоти энергетикӣ дар сатҳи истеъмолкунандаи ниҳоӣ;

мусоидат ба тараққиёти рақобат, таъмини имкониятҳои баробар ва шароит барои фаъолияти корхонаҳои энергетикии шаклҳои мухталифи моликият;

амалӣ намудани назорат оид ба риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ  

таҳия ва татбиқи барномаҳо:

- оид ба тараққиёти комплекси сӯзишворию энергетикӣ;

- оид ба стандартизатсиякунонӣ, бехатарӣ ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;

- оид ба сарфаҷӯии энергия;

- оид ба истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

(ҚҶТ аз 28. 06. 11с. №727).

 

Моддаи  8. Комиссияи машваратии байниидоравӣ оид ба энергетика  (Хориҷ карда шуд, тибқи 

Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556).

 

 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ

Ваколатҳои  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.

 

БОБИ  3.

Хусусиятҳои фаъолият дар энергетика

 

Моддаи 10. Идоракунии корхонаҳои энергетикӣ

Ба корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ мустақилият дода мешавад.

Ҳама намуди фаъолияти корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11.  Ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти корхонаҳои энергетикӣ

Корхонаҳои энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар асоси гуногуншаклии моликият (давлатӣ, хусусӣ, саҳомӣ, омехта ва муштарак) таъсис ёбанд ва амал кунанд.

Моликони корхонаҳои энергетикӣ дар назди Қонун баробаранд ва аз ҳимояи баробари Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдоранд.

Давлат ба табъизи (дискриминатсияи) корхонаҳои энергетикӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон роҳ намедиҳад.

 

Моддаи 12.  Ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия

Манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Масъалаҳои маблағгузорӣ дар энергетика

Дар соҳаи энергетика маблағгузорӣ метавонад аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ таъмин гардад.

 

Моддаи 14. Сармоягузории  ватанӣ ва хориҷӣ  дар энергетика

Ҷалб намудани сармояи ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ  ба  истифодаи мўҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд. (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556), (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

Барои сармоягузории ватанӣ ва  хориҷӣ дар энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва дигар имтиёзҳо муқаррар шуда метавонанд. (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556).

 

Моддаи 15. Нархгузорӣ дар соҳаи энергетика

Нархҳо ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматрасонии энергетикӣ ба таври озод (шартномавӣ) мукаррар мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

       Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва  истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электронергияи зиёдатӣ,  мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонанд нархҳо ва тарифҳои дигарро, ба истиснои нархҳо ва тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ  муқаррар намоянд. (Қ ҶТ аз 16.10.09с, №556). (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

Нархҳо ва тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

 

Моддаи 16. Консессияҳо дар энергетика

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон стансияҳои барқӣ ва гармӣ, шабакаҳои магистралӣ ва тақсимкунандаи қувваи барқ, ва иншооти хизматрасони онҳо, хатҳои интиқоли нафту газ, корхонаҳои хоҷагии таъминкунандаи гази табиӣ ва моеъ, объектҳои нафту газ, майдонҳои перспективии дорои нафту газро ба консессия дода метавонад.

Додани консессия ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои кашф, истихроҷ ва истифодаи захираҳои энергетикӣ ва пешбурди дигар фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси шартномаҳои консессионӣ сурат мегирад.

 

                  Моддаи 17. Истифодаи замин дар соҳаи энергетика

Истифодаи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.(ҚҶТ аз 22.07.13с.№998)

 

Моддаи 18. Корхонаҳои давлатии энергетика

Корхонаҳои давлатии энергетикӣ фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагӣ, бо усули бастани шартнома бо  мақомоти ваколатдор анҷом медиҳанд. Чунин шартномаҳо нисбат ба корхонаи давлатии комплекси сӯзишворию энергетикӣ пешбинӣ менамоянд:

- мақоми зарурии корпоративӣ ва тиҷоратии он;

- нақша-ҷадвали корҳои тиҷоратикунонии он;

- дараҷаи мустақилияти молиявӣ ва идоракунии он;

- стандартҳо ва меъёрҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;

- усул ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳии он, аз ҷумла ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи амалкунандаи он, муайян намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокунӣ барои хӯрдашавии он;

- муайян кардани кор ва хизматрасонӣ, ки барои эҳтиёҷоти давлат иҷро мешаванд ва арзиши онҳо;

- нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи молиявӣ ва истеҳсолӣ.

 

                                             БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Назорати давлатии энергетикӣ

Барои таъмини назорат аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя шудани регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида, меъёрҳо ва қоидаҳо дар ҷараёни истеҳсол, интиқол, таҷдид, нигаҳдорӣ, истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, дар истифодаи объектҳо, иншоот, таҷҳизот дар энергетика мувофиқи тартиби муайяншудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикӣ ташкил мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1054)

Назорати давлатии энергетикӣ аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ гузаронида мешавад.

 

      Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с.№998)

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РаҲмонов

ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2000,                 

№ 33

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ  НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ  ОЛИИ  ҶУМ ҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи энергетика» ва мавриди амал қарор додани он

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод. 504)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» қабул карда шавад.

2. Қонуни мазкур  пас аз интишори расмиаш марвиди амал қарор дода шавад.

3.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» мутобиқ гардонад.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 С. Хайруллоев

ш. Душанбе,  4 ноябри соли 2000,

№143

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ  МАҶЛИСИ  МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ  ОЛИИ  ҶУМ ҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод.506)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи энергетика» баррасӣ намуда қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2000,

№123