ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
788
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.12.2011
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1159, аз 22.06.2023 № 1975)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои ҳавои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;
- мамнӯъгоҳи табиӣ - ҳудуди замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ ва омӯзиши комплексҳои табиии хос ва нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст;
- парки табиӣ - ҳудуде, ки комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, рекреатсионӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст;
- резервати биосферӣ - қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо ки ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи устувори замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбинӣ шудааст;
- парваришгоҳи табиӣ - ҳудуде, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани ҷузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиӣ ба давраи муайян ҷудо гардидааст;
- ёдгории табиӣ - объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш;
- минтақаи рекреатсионӣ - қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳамияти эстетикӣ, экологӣ ва фарҳангӣ дошта, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонии аҳолӣ истифода мешавад;
- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - минтақае, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад;
- Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - маҷмӯи маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, тавсифҳои миқдорӣ ва сифатӣ, арзишҳои экологӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандагони онҳо;
- Солномаи табиат - ҳуҷҷати илмӣ, ки дар он натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳо оид ба раванд ва зуҳуроти табиӣ, таҳлили маълумоти бадастомада, инчунин қонуниятҳои зоҳиршудаи раванду зуҳуроти табиии мушоҳидашаванда, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо сабт карда мешаванд;
- сайёҳии экологӣ - намуди сайёҳие, ки дар муҳити табиат сурат гирифта, мақсади он тамошои манзараҳои табиӣ, дастгирии ҳифзи муҳити зист ва халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975);
- паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ - муассисаҳое, ки вазифаи онҳо ташкили коллексияи дарахту буттаҳо бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва ғанӣ гардонидани олами наботот, интродуксия ва мутобиқсозии намудҳои нави растанӣ, инчунин амалӣ намудани фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975);
- ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - фаъолияте, ки барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии комплексҳо ва объектҳои пурарзиши табиӣ, пешгирии ифлосшавӣ, таназзул, вайроншавӣ, харобшавӣ, барҳамхӯрӣ ва таъсири дигари манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ба онҳо, таъмини риояи қоидаҳои ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 3. Категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Вобаста ба мақсадҳои ташкил, хусусиятҳои низоми муҳофизат ва истифода категорияҳои зерини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд:
- мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ;
- паркҳои табиии давлатӣ;
- парваришгоҳҳои табиӣ;
- боғҳои давлатии ҳайвонот;
- ёдгориҳои табиии давлатӣ;
- минтақаҳои экологию этнографӣ;
- паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ;
- минтақаҳои табиии солимгардонӣ ва рекреатсионӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда шаванд.
3. Бо назардошти арзиши экологӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
Моддаи 4. Ҳуқуқи моликият ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975)
1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
2. Амалҳое, ки ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вайрон мекунанд, манъ мебошанд.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 5. Идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешаванд. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ месозад.
2. Фаъолият оид ба амалӣ сохтани назорати давлатӣ ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин ҳудудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:
- пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифз ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- қабули қарорҳо оид ба ташкил ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975);
- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- амалӣ сохтани салоҳияти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- ташкили мониторинги ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ;
- таҳияи барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- пешниҳоди даъво оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонида шудааст;
- амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:
- мусоидат ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- муайян кардани чораҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тасдиқи барномаҳои маҳаллии экологӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба ҷалби ихтиёрии маблағ барои иҷрои тадбирҳои ҳифз ва барқарорсозии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 9. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ сохтани тадбирҳо оид ба ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Моддаи 10. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади арзёбии вазъи фонди мамнӯъгоҳҳои табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолии минтақа амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи системаи ягонаи таҳиякардаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор, амалӣ карда мешавад. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 11. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ карда мешаванд. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо назардошти мутобиқати манфиатҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи иқтисодӣ ва экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.
2. Банақшагирии ҷорӣ ва дарозмӯҳлати тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар таркиби консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар асоси барномаи экологии давлатӣ ва нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт бо назардошти иқтидори захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он анҷом дода мешавад.
3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минатақаҳо, нақшаҳои заминсозӣ ва тарҳи ноҳияҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёри онҳо мебошанд, амалӣ мегардад.
Моддаи 12. Таъминоти моддию техникӣ ва маблағгузории тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.
2. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд: - буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ; - фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;
- маблағҳои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият; - кӯмаки ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар намудҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 13. Тартиби ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
Моддаи 14. Минтақаҳои муҳофизати (буферӣ)
1. Ҳангоми зарурати пешгирӣ ё кам кардани таъсироти зарарнок ба комплексҳои табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар атрофи ин ҳудудҳо метавонанд минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) бо фаъолияти хоҷагидории маҳдуд муқаррар карда шаванд.
2. Дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
3. Андозаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ва низоми онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 15. Гузаргоҳҳои экологӣ
1. Гузаргоҳҳои экологӣ барои таъмини алоқаи бефосила миёни ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи системаҳои экологӣ бо мақсади нигоҳ доштани объектҳои фонди давлатии мамнӯъгоҳҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи гузаргоҳҳои табиии муҳоҷирати ҳайвонот ва густариши наботот, ки дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи мазкур ҷойгиранд ва мерӯянд, ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Дар қитъаҳои гузаргоҳҳои экологӣ низоми танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки он ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо дар ҷойҳои зисти муваққатиашон ва дар давраи ҷойивазкунӣ ҳангоми муҳоҷират, инчунин ҳифзи ҷойҳои нашъунамои растаниҳои ёбоиро таъмин менамояд.
3. Марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 16. Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба гурӯҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал, таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ тааллуқ доранд. Дар заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият бар хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.
Моддаи 17. Тартиби муқаррар намудани минтақаҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975)
1. Минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Дар мавриди муқаррар намудани минтақаҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо зарари заминистифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Дар мавриди гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатии замин ба мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба муассисаҳои ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои дигар, ки заминҳои мазкур дар тавозуни онҳо мебошанд, зарар ҷуброн карда намешавад.
Моддаи 18. Дастрасии шахрвандон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба истиснои минтақаҳое, ки низоми қатъии муҳофизатӣ доранд, дастраси умум буда, аз ҷониби шаҳрвандон ба мақсадҳои рекреатсионӣ, солимгардонӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии экологӣ истифода мегарданд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ба истиснои минтақаҳои низоми муҳофизатии қатъидошта, истиқомати начандон зичи аҳолии таърихан муқимӣ, бо шарти нигоҳ доштани мувозинати экологии ҳудуди мазкур иҷозат дода мешавад.
3. Сайёҳии экологӣ дар вақти муқарраргардида ва аз рӯи хатсайрҳои пешакӣ муқарраргардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардааст, анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёри онҳо мебошанд, бо мақсади ҳифзи намудҳои нодир ва аз байн равандаи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти (сабзиши) онҳо, метавонанд сайёҳии экологиро дар минтақаҳои алоҳидаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули сайёҳии экологӣ бояд бо мақомот ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон аст, оид ба таъмини риояи низоми онҳо ва қоидаҳои сайёҳии экологӣ шартнома банданд, хатсайр ва дигар шартҳоро мувофиқа созанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
5. Воридшавӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади сайёҳии экологӣ метавонад музднок бошад. Андоза ва тартиби пардохти музди сайёҳии экологиро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Маблағҳое, ки аз сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба даст меоянд, барои нигоҳдорӣ, таъмини мақсаду вазифаҳо ва низоми ин ҳудудҳо истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 19. Тартиби азнавташкилдиҳӣ, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Азнавташкилдиҳӣ, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
2. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми зарурати тағйир додани намуд ва категорияи онҳо мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор мегиранд.
3. Фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳолатҳои зерин боздошта ё барҳам дода мешаванд:
- ба охир расидани мӯҳлати фаъолият;
- расонидани зарари ҷуброннопазир дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва амалҳои дорои хусусияти техногенӣ;
- гирифтани замини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои дигар эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
БОБИ 4. МАМНӮЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 20. Вазифаҳои мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975):
- ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиии мамнӯъгоҳ;
- пешбурди мониторинги биологӣ;
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ;
- иштирок дар экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар объектҳое, ки амалигардонии онҳо метавонад ба комплексҳои табиии мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири манфӣ расонад;
- мусоидат дар тайёр намудани кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- густариши донишҳои экологӣ.
Моддаи 21. Тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
1. Қарор дар бораи ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, инчунин тағйир додани ҳудуди онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.
2. Барои ташкили мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат машғуланд, зарур нест.
3. Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
Моддаи 22. Идоракунии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.
2. Нақшаҳои идоракунии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1159).
Моддаи 23. Низоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
1. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки рушди муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунанд ва бо иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.
2. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо мутобиқсозии растанӣ ва ҳайвоноти ба ин минтақаҳо хос набуда манъ аст.
3. Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975):
- тадбирҳои нигохдошт, барқарорсозӣ ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои илмию тадқиқотии ба зиммаи мамнӯъгоҳ гузошташуда;
- тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитарӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ заруранд.
4. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ будубоши шаҳрвандон, ба ғайр аз кормандони мамнӯъгоҳ ва шахсоне, ки назорати давлатиро амалӣ менамоянд, танҳо аз тарафи маъмурияти мамнӯъгоҳҳо иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
5. Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ сохтмони объектҳои нави хоҷагидорӣ ва анҷом додани дигар фаъолияте, ки ба низоми мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, боиси афзоиши ғилзати заминавии моддаҳои ифлоскунанда ё тағйирёбии низоми гидрологии ҳудуди мамнӯъгоҳҳо мегардад, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 24. Фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ
1. Фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ тавассути тадқиқоти доимии шабонарӯзӣ ва бисёрсолаи комплексӣ, ки ба омӯзиши комплексҳои табиӣ ва мушоҳидаҳои дарозмуддати ҷараёни равандҳои табиӣ бо мақсади арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудаанд, анҷом дода мешавад. Пешбурди "Солномаи табиат" барои тамоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Хусусиятҳои мушаххас, низом ва самти фаъолияти илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дар низомномаҳои онҳо ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегарданд, муқаррар карда мешаванд.
3. Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ шӯроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати шӯрои олимон ва низомномаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад.
4. Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ бояд бемӯҳлат нигоҳ дошта шаванд. Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.
Моддаи 25. Истифодаи объектҳои мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
Замину об, қаъри замин ва олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи бемӯҳлат ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Ба иҷора додани қитъаҳои замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
БОБИ 5. ПАРКҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 26. Ҳудуди ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои паркҳои табиии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975)
1. Паркҳои табиии давлатӣ дар ҳудуди заминҳои барои ин мақсадҳо ҷудо кардашуда, инчунин қитъаҳои замини истифодабарандагони дигар ҷойгир карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Паркҳои табиии давлатӣ иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975):
- ҳифз ва барқарорсозии комплексҳои табиии қитъаҳо ва объектҳои табиии намунавӣ ва нодир;
- ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ, таърихӣ ва ландшафтҳои табиӣ);
- ташкили маърифати экологии аҳолӣ;
- таҳия ва татбиқи усулҳои илмии ҳифзи муҳити зист;
- муҳайё сохтани шароити мусоид барои сайёҳии экологӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 27. Тартиби ташкили паркҳои табиии давлатӣ
1. Паркҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (паркҳои табиии миллӣ) ва маҳаллӣ бошанд.
2. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии миллӣ ва тасдиқи низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
3. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 28. Идоракунии паркҳои табиии давлатӣ
1. Паркҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.
2. Нақшаҳои идоракунии паркҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ ҷалб карда шаванд.
Моддаи 29. Минтақабандӣ ва низоми паркҳои табиии миллӣ
1. Минтақабандии паркҳои табиии миллӣ ва тағйир додани онҳо аз тарафи мақомоте, ки паркҳои табиии миллӣ дар ихтиёрашон мебошанд, амалӣ гашта, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ мутобиқи минтақабандии ҳудудҳои онҳо ва бо назардошти ҳолати комплексҳо ва объектҳои табиӣ ва имкониятҳои рекреатсионии онҳо низоми мухталифи ҳифз ва истифода муайян карда мешавад.
3. Ҳудуди паркҳои табиии миллӣ ба минтақаҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
- минтақаи мамнӯъ - минтақае, ки дар он низоми манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ҳолати муқаррарии комплексҳо ва объектҳои табииро халалдор мекунад, пешбинӣ шудааст;
- минтақаи парваришгоҳ - минтақае, ки низоми он фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро дар мавсимҳои муайян, дар давраи муайян ба андозае, ки он ба ҳолати комплексҳои табиӣ ва рушди муқаррарии онҳо таъсири манфӣ нарасонад, пешбинӣ менамояд. Дар
минтақаи парваришгоҳ муҳайё сохтани шароит барои истироҳати кӯтоҳмуддати шаҳрвандон тавассути ташкили пайроҳаҳо, паноҳгоҳҳои хурд ва гӯшаҳо барои мушоҳида иҷозат дода мешавад;
- минтақаи фаъолияти хоҷагидорӣ - минтақае, ки дар он истифодаи маҳдуди захираҳои табиӣ, инчунин истифодабарии замин, ки ба объектҳо ва комплексҳои табиии муҳофизатшаванда зарар намерасонад, пешбинӣ мешавад.
4. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ амалҳои зерин манъ аст:
- буридани дарахту буттаҳо, ба истиснои буришҳои санитарӣ ва бо мақсадҳои нигоҳубин;
- фаъолияти корхонаҳое, ки хатари экологӣ доранд;ҷойгиронии организмҳои зинда бо мақсади мутобиқгардонӣ;
- гӯронидани ҳама гуна партовҳо.
5. Тибқи низомномаи паркҳои табиии миллӣ намудҳои фаъолияти дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангии ҳудуди онҳо мегарданд, метавонанд манъ ва ё маҳдуд карда шаванд.
6. Сохтмони роҳ ва хатҳои қубурҳои магистралӣ, хатҳои барқ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба фаъолияти паркҳои табиии миллӣ алоқаманд нестанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 6. ПАРВАРИШГОҲҲОИ ТАБИӢ
Моддаи 30. Намудҳои парваришгоҳҳои табиӣ
1. Парваришгоҳҳои табиӣ метавонанд давлатӣ ва хусусӣ бошанд. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд. Парваришгоҳҳои хусусӣ танҳо аҳамияти маҳаллӣ доранд.
2. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ аз рӯи таъинот ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
- ландшафтӣ (комплексӣ) - барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ландшафтҳо ва комплексҳои пурарзиши табиӣ;
- биологӣ (ботаникӣ, зоологӣ) - барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии намудҳои пурарзиш, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;
- палеонтологӣ - барои нигоҳдории намудҳои алоҳидаи биологии ниҳоят қадим ва маҷмӯи онҳо;
- гидрологӣ (ботлоқӣ, кӯлӣ, дарёӣ) - барои нигоҳдории объектҳои пурарзиши об ва акваторияи онҳо;
- геологӣ ва минералогӣ - барои нигоҳдории намудҳои нодири геологӣ ва минералогӣ.
Моддаи 31. Тартиби ташкили парваришгоҳҳои табиӣ
1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешаванд.
2. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил менамоянд.
3. Қитъаҳои замин метавонанд бе гирифтан аз заминистифодабарандагон парваришгоҳи табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
4. Парваришгоҳҳои хусусӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ ташкил карда мешаванд.
5. Парваришгоҳҳо метавонанд бемӯҳлат ё ба мӯҳлати то даҳ сол ташкил карда шаванд.
Моддаи 32. Тобеият ва маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатӣ
1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Тобеият ва тартиби маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар бораи ташкили онҳо қарор қабул мекунад, муайян карда мешаванд.
Моддаи 33. Низоми парваришгоҳҳои табиии давлатӣ
1. Дар ҳудуди парваришгоҳҳои табиии давлатӣ ҳама гуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ манъ ё маҳдуд карда мешавад.
2. Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои низоми ҳар парваришгоҳи табиии давлатӣ бо низомномаи он муайян карда мешавад.
3. Корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи табиии давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд низоми муқарраргардидаи парваришгоҳро риоя намоянд.
Моддаи 34. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ
1. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар
мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
2. Низоми парваришгоҳи табиии хусусӣ бояд ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, ҳайвонот ва комплексҳои табиӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои омӯзиши онҳоро пешбинӣ намояд.
3. Ҷойгир ва паҳн кардани намудҳои бегонаи олами набототу ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳҳо манъ аст.
4. Парваришгоҳҳои табиии хусусӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи намунаҳои муқарраргардидаи ҳисоботи омори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.
5. Назорати давлатии ҳолати ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти парваришгоҳҳои табиии хусусӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
БОБИ 7. БОҒҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 35. Ташкил ва минтақабандии боғҳои давлатии ҳайвонот
1. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
2. Боғҳои давлатии ҳайвонотро, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.
3. Боғҳои давлатии ҳайвоноти аҳамияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.
4. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бемӯҳлат дода мешаванд.
5. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот барои нигоҳдорӣ, афзоиш ва намоиши ҳайвонот - минтақаи намоишӣ, барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ - минтақаи илмӣ, барои хизматрасонӣ ба тамошобинон - минтақаҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҷагию истеҳсолӣ пешбинӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 36. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои давлатии ҳайвонот ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо
1. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот коллексияи намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ташкил ва ҳифзу нигоҳдории онҳо таъмин карда мешавад.
2. Воридот ва содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо байни боғҳои давлатии ҳайвонот ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот нуқтаҳои назорати байторӣ ва зоотехникӣ, ҳамчунин ҷойҳои махсус барои парвариши насли ҳайвоноти нодир, нобудшаванда ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 37. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои давлатии ҳайвонот
1. Боғҳои давлатии ҳайвонот бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимозод тадқиқотҳои илмӣ гузаронида мешаванд.
2. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо ташкил намоянд, вобаста ба фаъолияти худ адабиёти илмӣ, илмии оммавӣ ва ғайра нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, корҳои селексионӣ ва парвариши ҳайвоноти зотӣ хизмати музднок расонанд.
3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи соҳаи фаъолияти онҳо метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳои барои фаъолияти хоҷагидорӣ зарур ташкил карда шаванд.
БОБИ 8. ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ ВА МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФӢ
Моддаи 38. Тартиби ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиӣ
1. Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
2. Объектҳои табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ эълон карда мешаванд.
3. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиат аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қабул карда мешавад.
4. Объектҳои табиӣ метавонанд бе гирифтани қитъаҳои замини заминистифодабарандагон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
Моддаи 39. Низоми ёдгориҳои табиии давлатӣ
1. Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки ба амнияти онҳо таҳдид карда метавонад, манъ аст.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар қитъаҳои замини мавриди истифодаи онҳо ёдгориҳои табиии давлатӣ ҷойгиранд, ӯҳдадоранд муҳофизати онҳоро таъмин намоянд. Мақомоте, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ӯҳдадории муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он низоми ҳифзи ёдгориҳои табиат муайян мегардад, ба расмият медарорад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Хароҷоти таъмини низоми муқаррарнамудаи ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пӯшонида мешавад.
Моддаи 40. Тартиби ташкили минтақаҳои экологию этнографӣ ва низоми онҳо
1. Минтақаҳои экологию этнографӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
2. Фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ набояд боиси хароб гаштани муҳити зисти сокинони маҳал ва захираҳои биологӣ гардад. Дар маҳалҳои зисти доимии сокинони маҳалии минтақаҳои экологию этнографӣ танҳо ба фаъолияти маҳдуди анъанавии хоҷагидорӣ роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Минтақаҳои экологию этнографӣ дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, оид ба ҳар яки онҳо низомномаи алоҳида қабул қарда мешавад.
БОБИ 9. ПАРКҲОИ ДЕНДРОЛОГӢ ВА БОҒҲОИ БОТАНИКӢ
Моддаи 41. Мақоми паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ
1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд шахси ҳуқуқии мустақил бошанд ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шаванд ё ба сохтори муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ё таълимӣ дохил шуда, дар тавозуни онҳо қарор дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Замини паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз истифодаи хоҷагидорӣ гирифта, барои истифодаи бемӯҳлат ба онҳо дода мешавад.
Моддаи 42. Тартиби ташкил кардани паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ва низоми онҳо
1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд.
2. Дар ҳудуди паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҷудияти набототи худрӯи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.
3. Ҳудудҳои паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд ба минтақаҳои зерин тақсим шаванд:
- намоишӣ, ки воридшавӣ ба он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;
- илмию таҷрибавӣ, ки ҳуқуқи ворид шудан ба онро танҳо кормандони илмии паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ, инчунин мутахассисони муассисаҳои дигари илмӣ доранд;
- мамнӯӣ, ки нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои растаниҳои муқаррарӣ ва нодири табииро таъмин менамояд;
- маъмурӣ.
4. Вазифаҳои мушаххас, соҳаи фаъолияти илмӣ, вазъи ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои низом ва ҳифзи паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ дар низомномаҳои онҳо муайян карда мешаванд.
БОБИ 10. МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ СОЛИМГАРДОНӢ ВА РЕКРЕАТСИОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975)
Моддаи 43. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии солимгардонӣ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975)
1. Минтақаҳои табиии солимгардонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
2. Бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз вайроншавию олудашавӣ ва бармаҳал харобшавӣ минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ анҷом додани корҳое, ки хок, манбаъҳои об ва ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба ҷангалзор зарар ва ба хосиятҳои муолиҷавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
Моддаи 44. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии рекреатсионӣ
1. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мувофиқа бо заминистифодабарандагони манфиатдор эълон карда мешаванд.
2. Дар минтақаҳои рекреатсионӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, ландшафтҳои табииро ҷиддӣ тағйир медиҳад ё ба истифодаи ин минтақаҳо тибқи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва сайёҳӣ мувофиқи шартномаҳое, ки муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо бо заминистифодабарандагони асосӣ мебанданд, истифода карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
4. Низоми минтақаи табиии рекреатсионӣ бо низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.
БОБИ 11. ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДАИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 45. Резерватҳои биосферии давлатӣ
1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ пешниҳод карда шаванд. Қарор дар бораи пешниҳоди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дар асоси пешниҳоди якҷояи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сурати дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дорои аҳамияти байналмилалӣ мегарданд.
2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти байналмилалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд. Низомномаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки мақоми резерватҳои биосферӣ доранд, минтақаҳои зерини функсионалӣ пешбинӣ карда мешаванд:
- минтақаи марказӣ (ядро) - минтақа бо низоми қатъии муҳофизатие, ки танҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ ва муҳайё сохтани шароити рушди биогеосенозҳо пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи марказӣ ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ, ба ғайр аз тадқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинги ҷараёнҳои табиӣ манъ аст;
- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - қисми ҳудуде, ки одатан минтақаи марказиро иҳота мекунад ё бо он ҳамсарҳад буда, барои амалӣ намудани фаъолияти аз назари экологӣ бехатар, аз ҷумла дар бахши маърифати экологӣ, фароғат, сайёҳии экологӣ, инчунин гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975);
минтақаи гузариш - қисми ҳудуде, ки ба дигар заминистифодабарандагон тааллуқ дорад ва барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории раванди экологидошта, ки ба комплексҳо ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зарар намерасонад, истифода мешавад.
Моддаи 46. Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ
1. Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
2. Низоми паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатӣ (давлатҳои) иштирокчии созишномаҳои мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 47. Заминҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ
1. Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ минтақаҳое мебошанд, ки ба сифати макони зисти олами набототу ҳайвоноти маъмул, хусусан, паррандагони обии муҳоҷир хизмат мекунанд.
2. Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ метавонанд ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, паркҳои табиии миллӣ ва дигар намудҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда, шаванд.
3. Дар ҳудуди кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низоми мамнӯӣ, парваришгоҳ ва ё низоми ба мақсадҳои ҳифзи табиат танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
БОБИ 12. ТАРТИБИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 48. Тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
2. Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба воҳидҳои кории кормандони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Директорони мамнуъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ сарнозирони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.
Моддаи 49. Ҳуқуқҳои нозирони давлатии муҳофизати мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ
1. Кормандони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ, ки нозирони давлатии ҳифзи ҳудудҳои мазкур мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангал истифода баранд.
2. Қарорҳои дар доираи ваколатҳои худ қабулнамудаи нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, дар ҳолати норозӣ будан, онҳо ҳуқуқ доранд ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
3. Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштан ва истифода бурдани воситаҳои махсус ва силоҳи хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1159, аз 22.06.2023 № 1975).
4. Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд ва дар сурати маъюб шудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҷуброни зарар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1975).
Моддаи 50. Назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониб ва бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
БОБИ 13. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 51. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.
2. Дар сурати мухолифат кардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал менамоянд.
Моддаи 52. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 53. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 353; с. 1998, №10, мод. 125; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 54. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 788
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" аз 13 декабри соли 1996, №329 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 354) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2011, № 605
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофи-затшаванда" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 241