ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ КОРГУЗОРӢ БО ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 11/02/2026 - 14:35
Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бо ташаккули давлатҳои миллӣ масъалаи манфиатҳои миллӣ муҳим арзёбӣ гардида, ҳимояи манфиатҳои миллӣ низ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ба мадди аввал арзёбӣ мегардад. Яке аз чунин манфиатҳои миллӣ ҳифзи забони давлатӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Воқеан ҳам, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Зеро, забон яке аз чунин падидаҳои фарҳанги миллӣ буда, воситаи худшиносӣ ва ифтихори ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Забон анъана ва суннатҳои халқро ифода менамояд. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба онҳо эҳтирому арҷгузорӣ менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади ҳимояи забони давлатӣ ҳануз дар  давраи Шуравӣ аввалин маротиба аз ҷониби Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, 22-юми июли соли 1989, №150 “Қонуни забони  Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Вале бо гузашти вақт, баъзе аз меъёрҳои қонуни мазкур дар давраи соҳибихтиёрӣ, ки пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд, иваз карда шуданд. Зарурати тағйиру иловаҳо ворид намудан ба қонуни забон пеш меомад. Зимни ба вуқуъ пайвастану идома ёфтани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, пеши роҳи онро гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз доштанд, ки «сарчашмаи қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
6 ноябри соли 1994 бо ташаббуси Пешвои миллат нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибиихтиёр бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва қонунгузорӣ дар Тоҷикистон гардид.
Дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Конститутсияи нав, тамоми қонунҳои замони шӯравӣ аз нав баррасӣ гардида, қонунҳо ва кодексҳои мутобиқ ба талаботи замон таҳия ва қабул карда шуданд. Дар ин раванд барои рушду такмил додани забони давлатӣ ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид ва расман 5-уми октябрро “Рӯзи забони давлатӣ” эълон намуда, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид намуданд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Яке аз меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” танзими коргузорӣ бо забони давлатӣ мебошад.
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони коргузорӣ номгузорӣ шуда, аз меъёри пешбининамудаи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки дар он омадааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Тибқи моддаи 5 Қонун коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Зимни таҳлили меъёри мазкур забони коргузориро ба се шохаи ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст. Ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мустақил буда, ҳамзамон дар ҳолати мувозинат, худнигаҳдорӣ, таъсири мутақобила қарор доранд.
Меъёри мазкур дар мадди аввал коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузорро пешбинӣ намудааст.
Ҳокимияти қонунгузор салоҳияти омода намудани лоиҳаи қонун, муҳокима, қабули қонунро дорад. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи мақоми намояндагӣ, ки аз тарафи шаҳрвандон ба муҳлати муайян интихоб мешавад, амалӣ карда мешавад. Ҳокимияти қонунгузор ба парламент тааллуқ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти қонунгузор аз тарафи мақоми интихобӣ ва намояндагӣ – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, матни санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон таҳия ва қабул карда мешавад, бо забони давлатӣ анҷом дода мешавад.
Дар моддаи 6 Қонун сухан дар бораи забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд ба забони давлатӣ таҳия гардида, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ онҳо ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.
Мутобиқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.
Тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо ба дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дуюм, меъёри мазкур ба забони давлатӣ сурат гирифтани коргузории мақомоти иҷроияро пешбинӣ менамояд.
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ин иҷроиши ҳуқуқ маҳсуб меёбад, ки дар рафти он мақомоти иҷроия бо мақсади амалӣ гаштани вазифаҳои давлат ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, воситаҳои ҳуқуқиро истифода менамоянд, аз ҷумла санадҳои татбиқи ҳуқуқ қабул мекунанд, тадбирҳои дигари ҳуқуқиро амалӣ мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар рафти ҳуқуқэҷодкунӣ қабул гардида, асоси ҳуқуқии амалӣ гаштани функсияҳои давлатро ташкил медиҳанд, дар рафти иҷроиши ҳуқуқ дар ҳаёти воқеӣ татбиқ мешаванд.
Иҷроиши ҳуқуқ бо истифода аз шаклҳои гуногун, аз қабили идоракунии давлатӣ, татбиқи ҳуқуқ, фаъолияти амрдиҳӣ, супоришҳои давлатӣ ва ғайра анҷом дода мешавад. Иҷроиши ҳуқуқ шакли асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошад. Аз он зимни амалӣ намудани функсияҳои давлат ҳукумат, мақомоти соҳавии идоракунии давлатӣ (вазоратҳо), мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, маъмурияти ташкилотҳо истифода мебаранд. Иҷроиши ҳуқуқ фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти давлатӣ буда, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, илм, маориф, фарҳанг, молия, андоз, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, алоқа, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра, анҷом дода мешавад, ки бо забони тоҷикӣ амалӣ мегардад.
Сеюм, меъёри мазкур ба забони давлатӣ сурат гирифтани коргузории мақомоти судиро пешбинӣ менамояд.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 18 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии ҷиноятӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.
Тибқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 36 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти маъмурӣ ба забони давлатӣ амалӣ карда мешавад. Агар аризаи маъмурӣ ё дигар ҳуҷҷати пешниҳоднамуда ба забони давлатӣ таҳия нашуда бошад, мақомоти маъмурӣ муҳлати пешниҳод намудани тарҷумаи аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи аризаи маъмурӣ ё дигар ҳуҷҷатро муқаррар менамояд.
Дар моддаи 12 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сухан дар бораи забони мурофиаи судӣ меравад.
Тибқи қисми 1 моддаи 12 мурофиаи судӣ дар суди иқтисодӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва ғайра. 
Инчунин, масъалаи коргузорӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», мантиқан таъкид шудааст, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадоранд услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд.
Умуман, яке аз талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, дар кадом соҳае набошад, донистани забони давлатӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин ҳаминро қайд кардан зарур мешуморем, ки ҳатмӣ будани коргузорӣ бо забони давлатиро пешбинӣ менамояд.
Ба ҳаминҳо монанд, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, ки ҳамаи онҳоро дар мақола ҷой додан саҳифаҳои зиёдро дар бар мегирад.
Меъёри муқаррарнамудаи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба муносибатҳои коргузорӣ бо забони давлатӣ ва тартиби татбиқи он на танҳо дар қонунҳо, инчунин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низ муайян гардидаанд.
Мавқеи марказиро дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025,№355 дар бораи “Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ишғол менамояд.
Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ба роҳ мондани коргузорӣ ва назоратро муқаррар карда, кор бо ҳуҷҷатҳоро аз лаҳзаи таҳия, ворид, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва гардиши минбаъдаи онҳоро то бойгоникунонӣ тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ танзим менамояд.
Тибқи сархати дуюми банди 14 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 дар бораи “Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, навоварӣ ва ҷалби корфармоён ба раванди таҳсил, иштироки волидон ва ҷомеа дар ҷараёни таълим ва идоракунии самарабахш ба фикру мулоҳизаҳо асосёфта, бояд манбаъҳои асосии фаъолияти соҳаи маориф буда, таъмини маводи интернетӣ барои аксарияти фанҳо ва васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои интерактивии таълим бо истифода аз ТИК, аз ҷумла таҳсилоти фосилавӣ (онлайн) ва рушди барномаҳои заминавии таълимӣ бо забони тоҷикӣ яке аз нуқтаҳои асосии рушдро ташкил менамояд. Ба ҳамин монанд, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017, №276 дар бораи “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2023, №12 дар бораи “Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра.
Хулоса, коргузорӣ бо забони давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳимми идоракунӣ мебошад, ки дар ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳои давлатӣ ва дигар субъектони мустақили хоҷагидор новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, тартиб, низом ва интизоми меҳнат аз он cap мешавад. Коргузорӣ бо забони давлатӣ, фаъолияти субъектони мустақили хоҷагидор новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликиятро, ки аз ҳуҷҷатҳои гуногуни ҳуқуқию меъёрӣ, дастури, мукотибаҳои гуногун иборатанд, ба низом дароварда, ба кормандон таҷрибаи кор ва маҳорату малакаи тартиб додани ҳуҷҷатҳоро бо забони давлатӣ ёд медиҳад. Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ тартибу низоми давлатиро тақвият дода, дар беҳбудии забони давлатӣ ҳиссаи муносиб мегузорад. Ин амал барои давлатии соҳибихтиёри мо хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад. Зеро, баланд бардоштани нуфузи забони тоҷикӣ дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ ва дар арсаи байналмилалӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ, садоқат ба анъана ва арзишҳои миллӣ, татбиқи пурраи забони давлатӣ дар кишвар, ҳифз ва рушди забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои маскуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ, муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо ва вазифаҳои афзалиятнок, марҳилаҳои умедбахши рушди забони тоҷикӣ ва сиёсати забон, мувофиқи мақсад мебошад.
 
 
Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират
ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ
ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)