ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ХУЛОСАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ҲАМЧУН РАВАНДИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 19/03/2025 - 15:24
     Яке аз соҳаҳое, ки ҳамасола бевосита дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати зиёд дода мешавад, ин рушди иқтисодиёти кишвар ва дастгирии соҳибкорон ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатии хеш Роҳбари давлат Ҳукумати кишварро муваззаф намуд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад [5].
     Дар партави дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673 [2] қабул гардида, бо ҳамин падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидааст.
     Яке аз ҷанбаҳои муҳими таҳлили таъсири танзимкунӣ иштироки тарафҳои манфиатдор (субъектон соҳибкорӣ) дар раванди машварати оммавии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад [8, с. 30].
     Дар асоси сархати 18 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» - таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад - дар асоси далелҳои воқеӣ муайян намудани оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва бо дарназардошти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои соҳибкорон ва давлат қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад [1].
     Мақсади асосии таҳлили таъсири танзимкунӣ ин тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба субъектҳои соҳибкорӣ, таҳлили гендерӣ, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, паст намудани хароҷот ва хавфҳо барои муҳити соҳибкорӣ, ки бо танзими давлатӣ, аз ҷумла тағйироти қонунгузории мавҷуда, алоқаманд мебошад.
     Яке аз давраҳои гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ тайёр намудани хулосаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи Фарҳанги забони тоҷикӣ зери истилоҳи хулоса кӯтоҳшудаи матлабе ё навиштае, мазмуни мухтасари чизе дар назар дошта шудааст [9, с. 43].
     Ба андешаи И.Ҳ. Саидзода, Н.Н. Мирзоева гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ давраҳои зеринро дарбар мегирад:
- огоҳонӣ дар бораи оғози таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва гузаронидани машварати оммавӣ;
- ҷойгиркунии матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили таъсири танзимкунӣ ва гузаронидани машварати оммавӣ;
- тайёр намудани хулоса [6, с. 43].
     Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи қисми 6, модди. 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баъди гузаштани муҳлати машваратҳои оммавӣ, мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ ба таҳиякунанда дар бораи ба охир расидани он хулоса медиҳад.
     Аз муқаррароти мазкур маълум мегардад, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ баъди гузаштани муҳлатҳои машварати оммавии огоҳиномаи нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва машварати оммавии худи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи гузаронидани машварати оммавӣ ба таҳиякунанд хулоса пешниҳод менамояд.
     Тибқи муқаррароти қисми 2, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ аз санаи ҷойгир намудани лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунии Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон [4] мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаро оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳои оммавӣ омода менамояд. Ба хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳодҳои аз рӯйи натиҷаи машварати оммавӣ қабулшуда замима мегарданд [1].
     Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунии Портал интернетии иттилоти ҳуқуқӣ ҷойгир карда мешавад.
     Лоиҳаи ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда танҳо дар ҳолати мавҷуд будани таҳлили таъсири танзимкунӣ ва хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкуние, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисми 6 моддаи 35 Қонуни мазкур пешбинӣ карда шудаанд, баррасӣ гардад.
     Дар асоси банди 18 Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ таҳиякунанда лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкуниро дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқӣ ҷойгир намуда, ҳамзамон онҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷиҳати омода намудани хулоса ирсол менамояд.
     Дар хулоса андешаҳо дар хусуси аз тарафи таҳиякунанда риоя шудани тартиби гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, ҷой доштан ё надоштани муқаррароти ҷорикунандаи уҳдадориҳои барзиёд, монеа ва маҳдудиятҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ ё ба ҷорӣ намудани онҳо мусоидаткунанда, инчунин муқаррароте, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба вуҷуд омадани масрафҳои беасос мегарданд, мавҷуд будан ё набудани далелҳои кофии ҳалли масъала бо тарзҳои пешниҳодшудаи танзим дарҷ мегарданд [3].
     Агар дар хулоса аз ҷониби таҳиякунанда риоя нашудани тартиби гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дарҷ шуда бошад, таҳиякунанда лоиҳаи санади маъёрии ҳуқуқиро такмил дода, онро такроран ба мақоми ваколатдор ҷиҳати пешниҳод намудани хулоса ирсол менамояд.
     Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мақоми ваколатдор характери тавсиявиро доро мебошад. Зеро, дар сурати мавҷуд будани таклифҳои гуногун мақоми ваколатдор бо хулосаи худ таклифҳои мавҷударо ба хулосаи худ замима намуда, ба мақоми таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мефиристад. Яъне, хулосаи мақоми ваколатдор танҳо дар сурате манфӣ ҳисобида мешавад, ки агар тартиби гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ риоя нашуда бошад, таҳиякунанда ҳуқуқ дорад, ки боз онро такроран пешниҳод намояд.
     Мавриди зикр аст, ки дар баъзе аз давлатҳои хориҷа хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ хусусияти расмӣ ва ҳатмигиро дорад. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Украина қарори мақомоти ваколатдор оид ба риоя гардидани гузаронидани экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ва ё лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад. Яъне, танҳо дар сурати хулосаи мусбӣ додан аз ҷониби мақоми ваколатдор минбаъд лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои қабул ҷонибдорӣ меёбад. Дар сурати баръакс, манфӣ будани хулосаи мақоми ваколатдор он минбаъд қабул карда намешавад [7, с. 25].
     Дар баъзе аз давлатҳои хориҷӣ бошад, хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ хусусияти тавсиявӣ ғайриҳатмигиро дорад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ характери тавсиявӣ доранд.
     Дар кишварҳое, ки хулосаи мақоми ваколатдор хусусияти тависиявӣ доранд, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорусия ва Ҷумҳурии Арманистон тақдири минбаъдаи қабули лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи мақоми таҳиякунада вогузор карда шудааст. Яъне, мақоми ваколатдори давлатӣ хулосаи худро пешниҳод менамояд, ки дар он танҳо оқибатҳои риоя гардидан ё нагардидани гузаронидан аз таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, дарҷ мегардад.
     Таҳлилҳои болозикр собит менамоянд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъи хулосаи таҳлили таъсири танзимкуниро пешбинӣ намудааст: 1) хулоса оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳои оммавӣ; 2) хулосаи таҳлили таъсири танзимкунӣ.
     Ҳамин тавр, дар натиҷаи таҳлили адабиётҳои илмӣ, қонунгузории ҶТ ва қонунгузории давлатҳои хориҷа маълум гардид, ки дар баъзе аз давлатҳо хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ характери тавсиявӣ ва дар баъзе давлатҳои дигар хусусияти ҳатмӣ доранд.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.03.2025).
  2. Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2025).
  3. Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №355 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 13.03.2025).
  4. Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №617 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 18.03.2025).
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL https://president.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат: 09.03.2025).
  6. Саидзода И.Ҳ., Мирзоева Н.Н. Татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Қонунгузорӣ. – 2018. – №2(30) – С. 43-46.
  7. Зариф У.М. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии экспертизаи Таҳлили таъсири танзимкунӣ бо давлатҳои хориҷӣ // Қонунгузорӣ. – 2022. – №1(45) – С. 25-34.
  8. Акбарализода Дж.А. Роль анализа регуляторного воздействия в совершенствовании правотворческой деятельности // Қонунгузорӣ. – 2022. – №2(46) – С. 30-34.
  9. Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. – Душанбе, 2015. – 1096 с. 
 
 
Исмоилӣ Ифтихор Исроил,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)