ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 05/11/2024 - 16:09
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
     Яке аз омилҳои босамар амалӣ гаштани сиёсати ҳуқуқии давлат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ин инкишоф додани илми ҳуқуқшиносӣ дар давлат мебошад.
    Дар замони муосир қонунгузории ҷиноятӣ ба сифати яке аз воситаҳои муҳими танзимсозандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад намуда, манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлатро аз таҷовузҳои ҷинояткорона ҳифз менамояд. Ҷаҳонишавӣ, ба вуқӯъ омадани шаклҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва киберҷиноятҳо аз давлат талаб менамояд, ки қонунгузории ҷиноятиро давра ба давра такмил диҳад.
     Тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”[13] аз 30 майи соли 2017, №1414 дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Дар моддаи 16 Қонуни мазкур қайд карда мешавад, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ин талабот дар худи Конститутсия (дар моддаи 10) низ қайд карда шудааст. Аз нигоҳи назария ва амалия Конститутсия меъёри ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Конститутсия “қонуни тамоми қонунҳо”[6, с.4-5]  аст, зеро ба гуфтаи яке аз олимони Федератсияи Россия С.С. Алексеев аз муқаррароти Конститутсия тақдири низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат вобастагӣ дорад”[1, с.180].
     Дар байни олимон дар масъалаи ба сифати асосҳои қонунгузории ҷиноятӣ баромад кардани Конститутсия фикру ақидаҳои мухталиф ҷой доранд[2, с.63]. Таҳлили адабиётҳои махсуси ба чоп расида, далели ин фикр мебошанд[10, с.143]. Олимони соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ Н.Ф. Кузнетсова, Л.Л. Кругликов, А.Н. Игнатов, Ю.Е. Пудовочикин, С.С. Пригвагидов, Е.Р. Азарян, Шарипов Т.Ш., Бахридинов С.Э. ва дигарон Конститутсияро сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ҷиноятӣ эътироф мекунанд.
     Ба ақидаи олимон ҳамфикр шудан ба мақсад мувофиқ аст, зеро ҳар як санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда дар кишвар бояд ба Қонуни асосӣ мутобиқат кунад. Дар қисми 2 моддаи 1 Кодекси ҷиноятӣ (минбаъд, КҶ) низ бевосита қайд шудааст, ки Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад. Аз ин ҷо, меъёрҳои конститутсионӣ мустақиман амал мекунанд ва ба қонунгузории ҷиноятӣ бевосита таъсир мерасонанд.
     Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Бо дарназардошти ин меъёри конститутсионӣ вазифаи аввалини КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян гардидааст. Оиди бартарияти мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бар хилофи идеологияи навин қонунгузории ҷиноятии қаблӣ бартарияти ҳимояро ба манфиати давлат ва ҷамъият дода буд.
    Масалан, қисми махсуси КҶ РСС Тоҷикистон соли 1961 ҷазо барои ҷиноятҳои хавфноктарини он замон “Хиёнат ба Ватан” ва дигар ҷиноятҳои давлатӣ, пешбинӣ менамуд, баъдан меъёрҳо оиди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти сотсиалистӣ ва дар охир меъёрҳо оиди ҷавобгарӣ барои кушторро дар бар мегирифт[4]. Маъмулан дар бештари давлатҳои дунё қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ бо нишондоди моддаҳо оиди ҷавобгарӣ барои куштор, чун ҷинояти хавфноктарин оғоз мегардад. Акнун дар КҶ соли 1998 дар навбати аввал вазифаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд гузошта шудааст ва баъдан ҷамъияту давлат.
     Қонуни ҷиноятӣ ба принсипҳои қонуният (моддаи 4), баробарӣ дар назди қонун (моддаи 5), ногузирии ҷавобгарӣ (моддаи 6), ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ (моддаи 7), адолат (моддаи 8), инсондустӣ (моддаи 9) ва демократизм (моддаи 10) асос меёбад, ки принсипҳои мазкур ҳамчун асоси роҳбарикунанда аз Конститутсия сарчашма мегиранд.
     Тибқи моддаи 20 Конститутсия ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Меъёри мазкур дар КҶ низ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи принсипи қонуният ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.
     Мутобиқи моддаи 17 Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Принсипи баробарӣ дар назди қонун ба меъёри мазкури конститутсионӣ асос ёфта, муайян менамояд: “шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатьи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд”.
     Баробарии шахс дар назди қонун маънои баробарии онҳоро дар назди қонуни ҷиноятӣ дар назар дорад, яъне меъёрҳои КҶ ба ҳама баробар паҳн мешаванд. Талаботи мазкур ҳамчуни қисми таркибии принсипи баробарӣ танҳо бо риояи шартҳои зерин истифода мегардад:
     - қонунгузории ҷиноятӣ набояд ба ин ё он категорияи шаҳрвандон бартарияти беасос диҳад ва ё ҳуқуқҳои гурӯҳи шаҳрвандони дигарро беасос маҳдуд намояд;
    - қонунгузории ҷиноятӣ набояд барои категорияи гуногуни ҷиноят ҷавобгарии баробарро муайян намояд, дар мавриде, ки онҳо хусусиятҳои хоси худро барои татбиқи ҷавобгарӣ доро мебошанд.
    Махсусияти ҷавобгарии ҷиноятии занон, мардони пиронсол, шахсони мансабдор, ки дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, маънои вайрон намудани принсипи баробарӣ дар назди қонунро надорад. Масалан, мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд (м.78) наметавонад ҳамчун вайрон намудан ва ё даст кашидан аз принсипи баробарӣ барои татбиқи ҷазо дониста шавад. Ин ба ҳолати махсуси психофизиологии занон вобастагӣ дорад.
    Ҳамин тариқ, принсипҳои конститутсионӣ дар қонунгузории ҷиноятӣ на танҳо бевосита паҳн мегарданд, балки меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба онҳо мувофиқ гардонида шудаанд.
     Баъзе аз меъёрҳои конститутсионӣ бетағйир дар КҶ ҷой дода шудаанд ва ё меъёрҳои конститутсионӣ бо ҳамон мазмун пурра гардидаанд. Масалан, мутобиқи моддаи 16 Конститутсия ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад. Меъёри мазкур дар моддаи 16 КҶ ба таври пурра пешбинӣ шуда, муқаррар менамояд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байналмилалӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давлати хориҷӣ супорида шавад.
     Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад (моддаи 1). Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд (моддаи 100). Бо назардошти ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли XIII барои ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ҷавобгарӣ муқаррар намудааст. Дар асоси принсипи тақсими ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ин фасли қонунгузории ҷиноятӣ аз 4 боб иборат аст.
   1) ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат (боби 29 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон);
   2) ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ (боби 30 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон);
      3) ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи идоракунӣ (боби 31 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон);
     4) ҷиноятҳо ба муқобили адолати судӣ (боби 32 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).
     Ҳалли масъалаҳои авф ва бахшиши ҷазо низ аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Пешниҳод кардани лоиҳаи қонун дар бораи авф (моддаи 59) ва ҳал кардани масъалаи бахшиши ҷазо (моддаи 69) ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Тибқи ин талаботи Конститутсионӣ КҶ ҶТ масъалаи авф ва бахшиши ҷазоро мавриди танзим қарор додааст.
     Дар асоси гуфтаҳои боло баръало мушоҳида карда мешавад, ки асосҳои конститутсионии қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории ҷиноятии кишвар дар танзими муносибатҳои алоқаманд, мустаҳкам намудани принсипҳои қонуни ҷиноятӣ ва такмили меъёрҳои он нақши барҷаста дорад.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Алексеев С.С. Проблемы теории права. // Свердловск, СЮИ. 1972. т. 1.– С.180.
  2. Басхолов С.С. Основы уголовной политики: Конститутционный, криминологический, уголовно-правовой и информационный аспекты. Изд.2-ое перераб. // М.. АО ”Центр ЮРИНФОРМ”, 2004. – С.63.
  3. Брайнин Я.М. Уголовный закон и его применение. // М.: “Юридическая литература”, 1967. – С.28.
  4. Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон соли 1961. // (бо тағйиру иловаҳо то 1 июни соли 1988): Душанбе, 1988.
  5. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998. Душанбе, 2004. Минбаъд “КҶ ҶТ”.
  6. Конститутция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия, внесение изменений и основные положения. // Душанбе, 2001. – С.4-5.
  7. Коняхин В.П. Теоретические основы построения Общей части российского уголовного права. // СПБ.: Издательство “Юридический центр Пресс”, 2002. – С.82-88.
  8. Кузнецов Н.Ф. Конститутция Российской Федерации и уголовное законодательство // Вестник МГУ. Сер.11: “Право”, 1994. №5. – С.41.
  9. Кузнецова Н.Ф. Избраннные труды. // СПБ.: Издательство “Юридическая центр Пресс”, 2003. – С.479.
  10. Курс советского уголовного права в 6 томах. Том. 1. Часть общая. Угаловный закон. М. :Наука, 1970. –С.143.
  11. Кригер Г.А. Конститутция СССР и совершенствование уголовного законодательства // Вестник МГУ. Сер.11 “Право”. 1979 .№2. // С.2-9.
  12. Ковалев М.И. Конститутция СССР как источник уголовного законодательства // Конститутция СССР и дальнейшее повышение эффективности норм уголовного права. // Свердловск. 1980. – С.3-10.
  13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 30 майи соли 2017, №1414.
  14. Шарипов Т.Ш., Бахридинов С.Э. Конститутционные основы уголовного права Республики Таджикистан // Конститутционые основы уголовного права. Материалы 1 Всероссийского конгресса по уголовному праву, посвященного 10-летию Уголовного кодекса Российской Федерации. М.: ТК Велби, 2006. С.594-598.
 
Сабурзода Навруз Мирзоалӣ,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад