ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Хабарҳо

-A A +A

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ПЕШВОИ МО!

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 08/09/2020 - 15:35
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (5 овоз)

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД!

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 22/04/2025 - 16:04
    18 апрели соли 2025 дар шаҳри Тошканд вохӯрии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Институти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои мавҷуда, натиҷаҳои фаъолияти муштарак ва дурнамои густариши онҳо дар самтҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ-ҲУҚУҚИИ НАВСОЗИИ СИСТЕМАИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ НАМОЯНДАГӢ: ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ ӮЗБЕКИСТОН»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 22/04/2025 - 15:49
     17-18 апрели соли 2025 директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии навсозии системаи мақомоти ҳокимияти намояндагӣ: таҷрибаи байналмилалӣ барои Ӯзбекистон», ки  бо ташаббуси Институти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзуи «Ташаккули падидаи парламент дар Ҷумҳурии Т
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СИПОСНОМАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 17/04/2025 - 09:36
16-уми апрели соли 2025 корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Н.М.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 11/04/2025 - 17:03
     11 апрели соли 2025 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки аз 6 августи соли 2021 тасдиқ гардидааст, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СУБЪЕКТ ВА ОБЪЕКТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 09/04/2025 - 16:58
    Давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди соҳибкорӣ  ҳамеша  аҳамияти махсус медиҳад ва барои   пешрафти  он тадбирҳои зиёде андешида мешавад.  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҳар як паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала диққати махсус дода, барои рушди  ин соҳаи муҳими ҳаёти  ҷаъмиятӣ дастурҳо медиҳад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 01/04/2025 - 16:44
     Дар шароити муосир, таҳлил ва баҳодиҳии фаъолияти молиявӣ ва истеҳсолии ташкилотҳо яке аз омилҳои асосии идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳо ҳамчун воситаи муҳим барои ҳисобу таҳлил ва қабулу қаророҳо хизмат мекунанд. Омӯзиши мафҳум ва моҳияти нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо ҳам ба равандҳои иқтисодӣ ва ҳам барои такмилу рушди низоми идоракунии молиявӣ аҳамияти калон дорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 20/03/2025 - 16:04
     «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
     Коррупсия ба рушди босуръату бомароми иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида, эътимоди халқро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ коста мегардонад. Бинобар ин, ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои ҳуқуқиву ташкилӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ХУЛОСАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ҲАМЧУН РАВАНДИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 19/03/2025 - 15:24
     Яке аз соҳаҳое, ки ҳамасола бевосита дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати зиёд дода мешавад, ин рушди иқтисодиёти кишвар ва дастгирии соҳибкорон ба ҳисоб меравад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 19/03/2025 - 13:07
    Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар баромаду мулоқоти худ махсус таъкид менамоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРИИ ШАҲРВАНДОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 18/03/2025 - 13:43
     Дар марҳилаи муосири рушди иқтисодиёти миллӣ ташаккули фарҳанги андоз ва маърифати андозсупории шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа бидуни азнавсозии ниҳодҳои давлатие, ки ҷараёнҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва тақсим менамоянд, ғайриимкон аст. Азбаски зиёда аз 80 фоизи воридоти даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо таъмин карда мешавад, андозбандӣ ва рушди он дар шароити тағйирёбандаи иқтисодиёти муосир яке аз бахшҳои муҳимми низоми андозбандӣ боқӣ мемонад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ омили рушди иқтисод

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 14/03/2025 - 10:19
      Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ҶИНОЯТӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 11/03/2025 - 16:12
     Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҶТ) бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад [1].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Семенари омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои ҳуқуқии интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”.

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 15:08
     28 феврали соли 2025 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» баргузор гардид.
     Чорабиниро директори Марказ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, доир ба нақш ва аҳаммияти интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ибрози андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИНТИХОБОТ – ВАСИЛАИ ИШТИРОКИ МАРДУМ ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 13:23
«Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо