ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:15
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
753
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.08.2011

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод.608; с. 2012, №7, мод.684, №12, қ.1, мод. 1011, мод.1012; с. 2014, №7, қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209, №7-9, мод.706; с. 2016, №5, мод.371, №7, мод.619, №11, мод.878; с. 2017, №1-2, мод.13, №5, қ.1, мод.294)

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834, аз 28.12.2012 № 917, аз 28.12.2012 № 918, аз 26.07.2014 № 1104, аз 18.03.2015 № 1187, аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.05.2016 № 1320, аз 23.07.2016 № 1341, аз 14.11.2016 № 1362, аз 24.02.2017 № 1390, аз 30.05.2017 № 1437, аз 2.01.2018 № 1480, аз 23.12.2021 № 1819, аз 18.03.2022 № 1862, аз 08.06.2022 № 1878, аз 24.12.2022 № 1935, № 1936)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:

- Соли нав - 1 январ;

- Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 10 январ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1390);

- Рӯзи кормандони мақомоти гумрук - 22 январ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 25 январ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 917);

- Иди Сада - 30 январ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;

- Рӯзи Модар - 8 март;

- Рӯзи матбуот - 11 март;

- Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура - 14 март (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1218, аз 14.11.2016 № 1362);

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 март (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1878);

- Рӯзи фарҳанг - 20 март (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1437)

- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;

- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834);

- Рӯзи кормандони мақомоти иҷро - 5 апрел (Қонуни ҶТ аз 24.12.2024 № 1936);

- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;

- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;

- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ - 18 апрел;

- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми моҳи апрел;

- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;

- Рӯзи кормандони мақомоти адлия - 20 апрел (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1862);

- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;

- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;

- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ - 6 май (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1935);

- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;

- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;

- Рӯзи Шашмақом - 12 май;

- Рӯзи байналмилалии оила - 15 май;

- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология - 25 май (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1104);

- Рӯзи адвокатқо - 26 май;

- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;

- Рӯзи кормандони соҳаи кимиё - якшанбеи охири моҳи май (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;

- Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар - 1 июн (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1878);

- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 июн (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 918);

- Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;

- Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия - 6 июл (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи маъюбон - 8 июл;

- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;

- Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ - якшанбеи сеюми моҳи июл(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ - 25 июл (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - 26 июл (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1862);

- Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ - 30 июл (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи варзишгарон - 10 август;

- Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ -17 август;

- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;

- Рӯзи кормандони соҳаи тиб -18 август;

- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;

- Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт - якшанбеи охири моҳи август (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;

- Рӯзи дониш - 1 сентябр;

- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;

- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;

- Рӯзи китоб - 4 сентябр;

- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;

- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;

- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;

- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;

- Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ - якшанбеи охири моҳи сентябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ - 29 сентябр (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1341);

- Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;

- Рӯзи пиронсолон - 1 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;

- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480)

- Рӯзи Фалак - 10 октябр;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1862);

- Рӯзи соҳибкорон - 14 октябр (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1187);

- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ - 15 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1819);

- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ - 26 октябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябр (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;

- Рӯзи кормандони милитсия - 10 ноябр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1320);

- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;

- Рӯзи геологҳо - 9 декабр (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 834);

- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;

- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.08.2015 № 1218);

- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;

- Рӯзи кормандони соҳаи энергетика - 22 декабр;

- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1480);

- Иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ

Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:

- 1 январ - Соли нав;

- 8 март - Рӯзи Модар;

- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1390);

- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362);

- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ид

Дар рӯзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид

1. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

2. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рӯзҳои ид бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешаванд.

Моддаи 5(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартаби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1362).

Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод.237; с. 1998, №10, мод.125; №23-24, мод.338; с. 1999, №5, мод.76; №12, мод.308; с. 2002, №4, қ.1, мод.191; мод.194; мод.197; с. 2003, №4, мод. 132; №8, мод.449; №12, мод.678; с. 2004, №5, мод.350; №12, қ. 1, мод.697; с. 2005, №3, мод.131; №12, мод.658; с. 2008, №1, қ.2, мод.9; №3, мод. 188; №12, қ.1, мод.988; с. 2009, №5, мод.319; №7-8, мод.493; №11, мод.698; мод.699; с. 2010, №7, мод.544; мод.548) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

2 августи соли 2011 № 753

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 3 ноябри соли 1995, №99 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 238) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш.Душанбе, 22 июни соли 2011, № 481

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоыикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 № 201