ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ
(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 2013, №3, мод. 185)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, танзим намуда, манфиатҳои аъзои иттифоқҳои қарзиро ҳифз ва истифодабарии самараноки манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- иттифоқҳои қарзӣ - ташкилотҳои ғайритиҷоратии қарзӣ, ки дорои ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ буда, барои ба аъзои худ расонидани хизматҳои молиявӣ бо роҳи муттаҳид намудани воситаҳои пулии шахсии аъзояш ва қарздиҳии байниҳамдигарии онҳо таъсис дода мешаванд;
- узви иттифоқи қарзӣ - шахси воқеие, ки барои дохил шудан ба иттифоқи қарзӣ аъзоҳаққии дохилшавиро тибқи оиннома месупорад;
- аъзоҳаққии дохилшавӣ - ҳаққи аъзои иттифоқи қарзӣ, ки ҳангоми дохилшавӣ ба он дар шакли пулӣ барои таъмини фаъолияти иттифоқи қарзӣ пардохт карда мешавад;
- аъзоҳаққии иловагӣ - ҳаққи аъзои иттифоқи қарзӣ, ки ҳангоми зарурати ҷуброни зиёни иттифоқи қарзӣ тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи он пардохт карда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои қарзӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои қарзӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои асосии иттифоқҳои қарзӣ
Иттифоқҳои қарзӣ барои иҷрои мақсадҳои асосии зерин таъсис дода мешаванд:
- муттаҳид намудани воситаҳои пулии аъзои иттифоқи қарзӣ;
- қарздиҳии байниҳамдигарии аъзои иттифоқи қарзӣ;
- расонидани хизматҳои молиявӣ ба аъзои иттифоқи қарзӣ;
- ҷалби аъзои иттифоқи қарзӣ ба идоракунии фаъолияти он.
Моддаи 4. Принсипҳои ташкили фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ
Иттифоқҳои қарзӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ менамоянд:
- худидоракунии иқтисодӣ ва мустақилияти хоҷагидорӣ;
- ихтиёрӣ будани аъзошавӣ ба иттифоқи қарзӣ;
- иштироки аъзои иттифоқи қарзӣ дар фаъолияти он;
- идоракунии фаъолияти иттифоқи қарзӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ;
- баробарҳуқуқии аъзои иттифоқи қарзӣ ҳангоми пешниҳоди қарзҳо ба онҳо;
- дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти иттифоқи қарзӣ барои аъзои он.
Моддаи 5. Фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ
Иттифоқҳои қарзӣ барои амалӣ намудани фаъолияти худ амалиёти зеринро мегузаронанд:
- ҷалби маблағи пулии аъзои иттифоқи қарзӣ дар асоси шартномаҳои қарздиҳӣ;
- додани қарзҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ;
- таъмини кафолатҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои қарзии аъзои иттифоқи қарзӣ ба маблағе, ки оинномаи он муайян намудааст;
- расонидани хизматҳои машваратӣ ва ахборотӣ ба аъзои иттифоқи қарзӣ.
Моддаи 6. Иттиҳодияҳои иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқҳои қарзӣ барои ҳимоя ва муаррифии манфиатҳои умумӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва ҳалли дигар масъалаҳо метавонанд иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) таъсис диҳанд.
2. Фаъолияти чунин иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСДИҲИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 7. Тартиби таъсисдиҳии иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқи қарзӣ аз ҷониби на кам аз 10 нафар шахсони воқеӣ таъсис дода мешавад.
2. Муассисони иттифоқи қарзӣ бояд аз рӯи шуғл ва касб ба ҳам наздик ва ё корфармои умумӣ дошта, дар як ё якчанд маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳам наздик истиқомат намоянд.
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои муассисони иттифоқҳои қарзӣ
Муассисони иттифоқҳои қарзӣ ӯҳдадоранд:
- оинномаи иттифоқи қарзиро, ки фаъолияти онро танзим менамояд, дошта бошанд;
- иттифоқи қарзиро аз қайди давлатӣ гузаронанд;
- аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзиро интихоб намоянд;
- дигар амалҳои марбут ба идоракунии фаъолияти иттифоқи қарзиро иҷро намоянд.
Моддаи 9. Оинномаи иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқҳои қарзӣ дар асоси оиннома амал намуда, ӯҳдадоранд талаботи оинномаро пурра иҷро намоянд.
2. Оинномаи иттифоқҳои қарзӣ талаботи зеринро дар бар мегирад:
- иттифоқи қарзӣ бояд ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад;
- иттифоқи қарзӣ бояд номи пурра ва мухтасар дошта бошад;
- рӯйхати маҳаллаҳои аҳолинишин, ки фаъолияти иттифоқи қарзӣ дар ҳудуди онҳо амалӣ карда мешавад;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои иттифоқи қарзӣ;
- тартиб ва шартҳои қабул ва хориҷ намудан аз аъзогии иттифоқи қарзӣ;
- маблағи ҳадди ақалли аъзоҳаққии дохилшавӣ, ки ба иттифоқи қарзӣ пардохт карда мешавад;
- тартиб ва шартҳои пардохт ва бозпас гирифтани аъзоҳаққӣ аз ҷониби аъзои иттифоқи қарзӣ;
- рӯйхати аъзои иттифоқи қарзӣ;
- мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ, тартиби қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо ва номгӯи масъалаҳое, ки барои баррасии онҳо аксарияти овозҳои аъзои иттифоқи қарзӣ лозим аст;
- тақсими ӯҳдадориҳо байни мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ;
- тартиб ва шартҳои пешниҳоди қарзҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ, инчунин талабот оид ба таъмини онҳо;
- тартиби ҷойгиркунонӣ ва нигоҳдории маблағи аъзои иттифоқи қарзӣ;
- тартиби ташкили захираҳо барои ҷуброни талафу зиёнҳои қарзии эҳтимолӣ, инчунин дигар захираҳои иттифоқи қарзӣ, агар чунин захираҳо ташаккул ёбанд;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттифоқи қарзӣ;
- дигар талаботи марбут ба хусусиятҳои фаъолияти иттифоқи қарзӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 10. Номҳои иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқҳои қарзӣ дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва эълону рекламаҳо танҳо ҳамон номҳоеро истифода мебаранд, ки дар оинномаашон қайд шудаанд.
2. Ба иттифоқҳои қарзӣ ва иттиҳодияҳои онҳо, ба истиснои иттифоқи қарзии умумиҷумҳуриявӣ, дар ном ва нишони худ истифодабарии калимаҳои "миллӣ", "марказӣ" ва "Тоҷикистон" дар шакли пурра ва ё мухтасар ба ҳар гуна забонҳо ва дар пайвастагӣ бо дигар калимаҳо манъ аст.
Моддаи 11. Сармояи иттифоқҳои қарзӣ
1. Сармояи иттифоқҳои қарзӣ аз аъзоҳаққии пардохтшуда, захираҳои тибқи талаботи муқарраршуда ташкилнамудаи иттифоқи қарзӣ ва даромади тақсимнашуда иборат мебошад. Дар ташаккулёбии сармояи иттифоқҳои қарзӣ воситаҳои асосӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар дороиҳои ғайримоддӣ истифода бурда намешаванд.
2. Сармояи иттифоқҳои қарзӣ ҳамчун чораи муҳофизатӣ метавонад барои пешгирии таваккалҳои имконпазире, ки дар ҷараёни фаъолияти он пайдо мешаванд, истифода бурда шавад.
БОБИ 3. АЪЗОГӢ БА ИТТИФОҚИ ҚАРЗӢ
Моддаи 12. Аъзогӣ ба иттифоқи қарзӣ
1. Ҳар шахси воқеӣ, ки дар лаҳзаи дохилшавӣ ба иттифоқи қарзӣ ба синни 18 расидааст, тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, метавонад узви иттифоқи қарзӣ шавад.
2. Раёсати иттифоқи қарзӣ пешниҳодро дар бораи қабул намудан ба аъзогии иттифоқи қарзӣ баррасӣ намуда, оид ба он қарор қабул менамояд.
3. Узви иттифоқи қарзӣ, ки барои ҷиноятҳои дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ содирнамудааш доғи судӣ дорад, наметавонад ба аъзогии раёсат, кумитаи қарзӣ ва ё комиссияи тафтишотӣ интихоб шавад.
4. Узви иттифоқи қарзӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои он баробар ба маблағи аъзоҳаққии пардохтааш масъулият дорад.
5. Аъзои иттифоқи қарзӣ ҳуқуқ доранд бо оиннома, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи аъзои иттифоқи қарзӣ шинос шаванд.
Моддаи 13. Қатъ намудани аъзогӣ ба иттифоқи қарзӣ
1. Аъзогӣ ба иттифоқи қарзӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- баромадан аз иттифоқи қарзӣ;
- додани аъзоҳаққӣ ба дигар аъзои иттифоқи қарзӣ;
- вафоти узви иттифоқи қарзӣ;
- риоя накардани талаботи оинномаи иттифоқи қарзӣ.
2. Баромадан аз иттифоқи қарзӣ бо тартиби пешбининамудаи оинномаи он сурат мегирад.
3. Қарори ҷаласаи раёсати иттифоқи қарзӣ оид ба хориҷ намудани аъзои иттифоқи қарзӣ аз аъзогӣ дар маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Аз рӯи қарори иттифоқи қарзӣ оид ба хориҷ намудани узви иттифоқи қарзӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 14. Мақомоти идоракунии иттифоқҳои қарзӣ
1. Идоракунии иттифоқи қарзӣ аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ, раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотии он амалӣ карда мешавад.
2. Сохтори мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ, салоҳият, ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва ташкили фаъолияти он дар оинномаи иттифоқи қарзӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Қарорҳои қабулшуда бо тартиби ҳатмӣ ба маълумоти ҳамаи аъзои иттифоқи қарзӣ расонида мешаванд.
4. Протоколҳои маҷлиси умумӣ, ҷаласаҳои раёсат ва комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳими ҳисоботӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 15. Маҷлиси умумии аъзои иттифоқҳои қарзӣ
1. Маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ мақоми олии идоракунии он буда, барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ташкил ва танзими фаъолияти он ваколатдор аст.
2. Маҷлиси умумӣ аз ҷониби раёсати иттифоқи қарзӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи оиннома, вале на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз се моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ даъват карда мешавад.
3. Маҷлиси умумии ғайринавбатӣ дар ҳолатҳое, ки оинномаи иттифоқи қарзӣ муайян намудааст, инчунин бо ташаббуси раёсати иттифоқ, комиссияи тафтишотӣ ва ё дар асоси аризаи хаттии на камтар аз даҳ як ҳиссаи аъзои иттифоқи қарзӣ ба унвони раёсат даъват карда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби раёсати иттифоқи қарзӣ рад шудани даъвати маҷлиси умумӣ ваколати даъвати онро комиссияи тафтишотӣ амалӣ менамояд. Ҳангоми рад шудани таклифи комиссияи тафтишотӣ даъвати маҷлиси умумиро гурӯҳи ташаббускор аз ҷумлаи аъзои иттифоқи қарзӣ ба зимма мегирад.
4. Маҷлиси умумии иттифоқи қарзӣ салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар он зиёда аз 50 фоизи аъзои иттифоқи қарзӣ иштирок дошта бошад.
5. Раёсати иттифоқи қарзӣ аъзои онро оид ба даъват ва рӯзномаи маҷлиси умумӣ пешакӣ, вале на дертар аз ҳафт рӯз то гузаронидани он огоҳ месозад. Иштирок накардани узви иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумӣ ӯро аз ӯҳдадории иҷрои қарори маҷлиси умумӣ озод намекунад.
6. Ба салоҳияти маҷлиси умумӣ мансубанд:
- тасдиқи оинномаи иттифоқи қарзӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;
- тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раёсат ва шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ;
- интихоби раиси иттифоқ ва аъзои раёсат, раиси кумитаи қарзӣ, раис ва аъзои комиссияи тафтишотӣ ва қатъ намудани ваколатҳои онҳо;
- тасдиқи ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибӣ, тартиби тақсими даромадҳо ва ҷуброни зиёнҳои иттифоқи қарзӣ (агар ҷой дошта бошад);
- муқаррар намудани маблағи аъзоҳаққӣ, дигар пардохтҳо ва тартиби воридкунии онҳо;
- тасдиқи намудҳо ва маблағи умумии фондҳои иттифоқи қарзӣ, инчунин шартҳои ташаккулёбӣ ва истифодабарии онҳо;
- тасдиқи тартиби дохилшавии иттифоқи қарзӣ ба дигар иттифоқҳо ва ташкилотҳои иттифоқӣ ва хориҷшавӣ аз онҳо;
- тасдиқи дастури кории кумитаи қарзӣ;
- тасдиқи тартиби азнавташкилдиҳӣ ва расмиёти барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ;
- баррасии дигар масъалаҳое, ки тибқи оинномаи иттифоқи қарзӣ ба салоҳияти маҷлиси умумӣ мансубанд.
Моддаи 16. Раёсати иттифоқҳои қарзӣ
1. Раёсати иттифоқи қарзӣ бо шумораи на кам аз се нафар аз ҷумлаи аъзои иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумӣ ба мӯҳлати се сол интихоб карда мешавад ва идоракуниро аз рӯи фаъолияти он иҷро менамояд.
2. Вазифаи асосии раёсати иттифоқи қарзӣ аз ҳифзу нигоҳдории аъзоҳаққӣ ва хизматрасонии молиявӣ барои аъзои иттифоқи қарзӣ иборат мебошад.
3. Раёсати иттифоқи қарзӣ ҳар сол оид ба натиҷаи фаъолияти худ дар маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.
4. Ба ваколатҳои раёсати иттифоқи қарзӣ дохил мешаванд:
- тасдиқи қоидаҳои фаъолияти иттифоқи қарзӣ ва тағйироти минбаъдаи онҳо;
- муқаррар намудани тартиб ва маблағи воридкунии аъзоҳаққии иловагӣ;
- ҳалли масъалаҳои марбут ба қабул ва хориҷ намудани аъзои иттифоқи қарзӣ;
- тасдиқи қарорҳои кумитаи қарзӣ оид ба додани қарзҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ;
- муайян намудани маблағи музди меҳнат барои кормандони кироя, агар чунин ҳолат дар оинномаи иттифоқи қарзӣ пешбинӣ шуда бошад;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳои марбут ба фаъолияти ҷории иттифоқи қарзӣ, ки ба салоҳияти маҷлиси умумӣ мансуб нестанд;
5. Аъзои раёсати иттифоқи қарзӣ ҳуқуқ доранд дар ҳар вақти дилхоҳ бо пешниҳоди аризаи хаттӣ ба унвони раиси раёсати иттифоқ ба истеъфо раванд.
6. Аъзои раёсати иттифоқи қарзӣ танҳо бо қарори маҷлиси умумӣ аз вазифаҳои худ бозхонд карда мешаванд. Қарор оид ба ин масъала бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои иттифоқи қарзӣ, ки дар маҷлис иштирок доранд, қабул карда мешавад.
7. Раёсати иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси нахустини худ раис, муҳосиб ва котибро интихоб менамояд.
8. Маҷлиси раёсати иттифоқи қарзӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Раёсат барои ҳалли масъалаҳои дар он баррасишаванда ҳуқуқ дорад, агар дар ҷаласа аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат иштирок дошта бошанд.
9. Таҳияи протоколи маҷлис ва ҳисоботи стенограммавии маҷлиси раёсати иттифоқи қарзӣ ба зиммаи котиби иттифоқи қарзӣ гузошта мешавад. Протоколи маҷлиси ҷаласаи раёсати иттифоқи қарзӣ бо имзои раиси раёсат ва котиби иттифоқи қарзӣ ба расмият дароварда мешавад.
10. Аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ, комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ фаъолияти худро ройгон амалӣ менамоянд. Бо қарори маҷлиси умумӣ онҳо вобаста ба дараҷаи иштирокашон дар фаъолияти мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Моддаи 17. Кумитаи қарзии иттифоқи қарзӣ
1. Дар иттифоқи қарзӣ кумитаи қарзӣ таъсис дода мешавад, ки аъзои онро маҷлиси умумӣ интихоб менамояд.
2. Кумитаи қарзӣ бо шумораи на кам аз се нафар аз ҷумлаи аъзои иттифоқи қарзӣ ба мӯҳлати се сол интихоб карда мешавад. Кумитаи қарзии иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси нахустини худ раис ва котиби кумитаро интихоб менамояд ва дар ҳар вақти зарурӣ маҷлис мегузаронад.
3. Кумитаи қарзӣ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- баррасии аризаҳои аъзои иттифоқи қарзӣ ва масъалаҳои кор бо қарзҳо;
- таҳияи дастури кории кумитаи қарзӣ ва пешниҳоди он барои тасдиқ ба маҷлиси умумӣ.
4. Кумитаи қарзӣ аз рӯи аризаи ҳар як узви иттифоқи қарзӣ барои гирифтани қарз алоҳида қарор қабул мекунад.
5. Кумитаи қарзӣ қарорҳои қабулнамударо оид ба додани қарз ба аъзои иттифоқи қарзӣ барои тасдиқ ба раёсати иттифоқи қарзӣ пешниҳод менамояд. Қарзҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ пас аз тасдиқ шудани қарори кумитаи қарзӣ дар ҷаласаи раёсати иттифоқи қарзӣ дода мешаванд.
6. Узви иттифоқи қарзӣ, ки аризаи он рад карда шудааст, метавонад аз рӯи ин қарор ба раёсат ва маҷлиси умумии иттифоқи қарзӣ шикоят намояд.
Моддаи 18. Комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ
1. Комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ бо шумораи на камтар аз се нафар аз ҷумлаи аъзои он ба мӯхлати се сол интихоб карда мешавад. Комисияи тафтишотӣ санҷиши дурустии суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо ва ҳолати корҳоро дар иттифоқи қарзӣ мунтазам мегузаронад. Аъзои раёсат ва аъзои кумитаи қарзӣ наметавонанд ба аъзогии комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ интихоб шаванд.
2. Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти худ ҳар сол як маротиба ба ҷаласаи маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.
3. Комиссияи тафтишотӣ метавонад ба маҷлиси умумӣ дар бораи манъ ва ё қатъ намудани ваколати аъзои раёсат ва ё кумитаи қарзии иттифоқи қарзӣ тавсия пешниҳод намояд. Қарор оид ба ин масъала бо тарафдории аз се ду ҳиссаи аъзои комиссияи тафтишотӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 19. Аудити иттифоқи қарзӣ
1. Фаъолияти иттифоқи қарзӣ метавонад ҳар сол таҳти санҷиши аудитии дохилӣ ва берунӣ қарор гирад. Санҷиши аудитӣ дар ҳолати қабул шудани чунин қарор пас аз ду моҳи ба анҷом расидани соли молиявии иттифоқи қарзӣ гузаронида мешавад.
2. Агар раёсати иттифоқи қарзӣ қарор кунад, ки аудити берунӣ гузаронида нашавад, масъулияти аудити берунӣ ба зиммаи комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ гузошта мешавад.
3. Аудитор бояд дар бораи инъикоси аниқи ҳолати молиявии иттифоқи қарзӣ дар охири соли ҳисоботӣ ва натиҷаҳои фаъолияти молиявиро дар соли ҳисоботӣ, инчунин оид ба дурустии пешбурди баҳисобгирӣ хулоса пешниҳод намояд. Санҷиши аудитӣ сифати дороиҳо, инчунин арзёбии кифояти ҳиссаҷудокунии заруриро ба захираҳо барои пӯшонидани талафҳои қарзии эҳтимолӣ дар бар мегирад.
4. Аудитор ба ҳамаи китобҳои муҳосибӣ, ҳисобҳо, ҳуҷҷатҳои воридотию хароҷотӣ, ҳисоб-фактураҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои иттифоқи қарзӣ бояд дастрасӣ дошта бошад. Аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотӣ ба аудитор оид ба фаъолияти худ ахбори пурраро пешниҳод менамоянд.
5. Хулосаи аудитӣ ва тавсияҳо ба раёсати иттифоқи қарзӣ ва комиссияи тафтишотӣ пешниҳод карда мешаванд, ки ӯҳдадоранд онҳоро дар маҷлиси умумӣ ба маълумоти аъзои иттифоқи қарзӣ расонанд.
БОБИ 5. АЪЗОҲАҚҚӢ, ПАРДОХТ, БОЗПАС ГИРИФТАН ВА ДАРОМАД АЗ АЪЗОҲАҚҚӢ
Моддаи 20. Аъзоҳаққӣ дар иттифоқи қарзӣ
Маблағи ҳадди ақалли аъзоҳаққӣ барои дохил шудан ба иттифоқи қарзӣ дар оинномаи иттифоқи қарзӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 21. Тартиби пардохт ва бозпас гирифтани аъзоҳаққии пардохтшуда
1. Ба аъзои иттифоқи қарзӣ оид ба пардохти аъзоҳаққӣ китобчаи аъзоҳаққӣ ва ё дигар ҳуҷҷате, ки пардохти маблағҳои пулии аъзоҳаққиро ба иттифоқи қарзӣ тасдиқ менамояд, дода мешавад.
2. Аъзои иттифоқи қарзӣ барои баромадан аз иттифоқи қарзӣ раёсати иттифоқи қарзиро ба таври хаттӣ огоҳ менамоянд. Иттифоқи қарзӣ ӯҳдадор аст дар давоми на камтар аз 30 рӯзи баъди воридшавии аризаи узви иттифоқи қарзӣ аъзоҳаққии ӯро бозпас гардонад, агар дар оинномаи иттифоқи қарзӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.
3. Дар ҳолати баромадани узви иттифоқи қарзӣ аз иттифоқи қарзӣ даромади аъзоҳаққии ӯ дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи дохилшавӣ ба иттифоқи қарзӣ дода мешавад, агар дар оиннома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Иттифоқи қарзӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо розигии раёсати иттифоқи қарзӣ метавонад мӯҳлати дигари бозпас гирифтани аъзоҳаққиро то санаи эҳтимолии аз иттифоқи қарзӣ баромадани узви иттифоқи қарзӣ муқаррар намояд.
5. Аъзоҳаққии пардохтшудаи узви иттифоқи қарзӣ, ки маблағи умумии ӯҳдадориҳои ин узви иттифоқи қарзиро дар назди иттифоқи қарзӣ ба сифати қарзгиранда пӯшонида наметавонад, бозпас гардонида намешавад.
Моддаи 22. Даромад аз аъзоҳаққӣ
1. Дар охири соли молиявӣ маҷлиси умумӣ маблағи даромади пардохтшавандаро аз аъзоҳаққӣ расман эълон намуда, дар бораи пардохти даромадҳо аз бақияи маблағҳои иттифоқи қарзӣ пас аз ҳиссаҷудокуниҳои зарурӣ ва иҷрои пардохтҳои нишондодашуда барои пӯшонидани хароҷоти иттифоқи қарзӣ қарор қабул менамояд.
2. Ворисони узви вафоткардаи иттифоқи қарзӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, метавонанд аъзоҳаққиро якҷоя бо даромади ҳисобкардашудаи он ихтиёрдорӣ намоянд.
Моддаи 23. Истифодаи аъзоҳаққӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои мӯҳлаташон гузашта
Иттифоқи қарзӣ ҳуқуқ дорад дар сурати мавҷуд будани ҳар гуна қарз ва ё ӯҳдадориҳои аъзои иттифоқи қарзӣ дар назди иттифоқи қарзӣ аз даромади аъзоҳаққӣ ҳисобкардашуда маблағи муайянро барои пӯшонидани ин қарзҳо (ӯҳдадориҳо) ситонад.
БОБИ 6. ҚАРЗ ВА ҚАРЗГИРИҲО
Моддаи 24. Қарзи аз ҷониби иттифоқҳои қарзӣ додашаванда
1. Иттифоқи қарзӣ ба аъзои худ дар асоси талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи иттифоқи қарзӣ, қарз пешниҳод менамояд. Принсипҳои пешбурди сиёсати қарзӣ, муқаррар намудани мӯҳлат ва шартҳои бозгашти қарз, меъёрҳои қарздиҳӣ ва шаклҳои мақбули таъмини онро маҷлиси умумӣ бо дарназардошти талаботи оинномаи иттифоқи қарзӣ муайян менамояд.
2. Қарз танҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ тибқи талаботи оинномаи иттифоқи қарзӣ дода мешавад.
3. Қарз метавонад таъминшуда ва таъминнашуда бошад. Қарз ба аъзои иттифоқи қарзӣ метавонад аз ҳисоби замонати дигар аъзои иттифоқи қарзӣ дар асоси аъзоҳаққии онҳо таъмин карда шавад.
4. Қарз вобаста ба ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раиси раёсати иттифоқӣ карзӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Хароҷоти зарурии марбут ба ҳолатҳои барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди қарз аз ҳисоби қарзгиранда пӯшонида мешавад.
Моддаи 25. Хусусиятҳои қарздиҳӣ
1. Иттифоқи қарзӣ ба аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотӣ бо риояи шартҳои зерин қарз медиҳад:
- мутобиқати қарзи додашаванда ба талаботи Қонуни мазкур, оиннома ва дастурамали қарздиҳӣ ба дигар аъзо бо шартҳои барои ҳамаи аъзои иттифоқи қарзӣ якхела;
- маблағи умумии қарз, аз ҷумла кафолати онҳо, ки ба аъзои иттифоқи қарзӣ дода мешавад, набояд аз маблағи муайяннамудаи оинномаи иттифоқи қарзӣ зиёд бошад.
2. Маълумот дар бораи маблағи умумии қарз, ки ба шахсони дар моддаи мазкур пешбинишуда дода мешавад, ҳатман ва мунтазам аз ҷониби комиссияи тафтишотӣ ва/ё аудити берунӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, ба маълумоти раёсат ва аъзои иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумӣ расонида мешавад.
Моддаи 26. Тартиби сармоягузории маблағҳои иттифоқҳои қарзӣ
Маблағи умумии сармоягузориҳои иттифоқи қарзӣ ба воситаҳои асосӣ (бино, мебел ва таҷҳизот), ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории иттифоқи қарзӣ заруранд, наметавонад аз маблағе, ки меъёрҳои танзимкунандаи оинномаи иттифоқи қарзӣ муқаррар намудааст, зиёд бошад.
Моддаи 27. Захираҳои таъсисдодаи иттифоқи қарзӣ
1. Иттифоқи қарзӣ ӯҳдадор аст барои пӯшонидани талафот ва зиёнҳои эҳтимолӣ аз рӯи қарзҳо ва сармоягузориҳо ва ё дигар талафот аз рӯи дороиҳое, ки байни аъзои иттифоқи қарзӣ тақсим шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ, ба андозаи муқаррарнамуда тибқи оинномаи иттифоқи қарзӣ захираҳо таъсис диҳад.
2. Ҳиссаҷудокуниҳо ба захираҳо то пардохти даромадҳо (дивидендҳо) аз рӯи аъзоҳаққии гузошташуда амалӣ карда мешаванд.
3. Иттифоқи қарзӣ метавонад дигар захираҳои марбутро барои ташаккулёбӣ ва такмили фаъолияти худ таъсис диҳад.
БОБИ 7. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 28. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии иттифоқи қарзӣ
1. Соли молиявӣ барои иттифоқи қарзӣ аз 1 январ то 31 декабр муқаррар карда мешавад.
2. Пешбарии китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, низоми муҳосибӣ ва тартиботи дохилии иттифоқи қарзӣ бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" ва оинномаи иттифоқи қарзӣ ҷавобгӯ бошанд.
3. Иттифоқи қарзӣ ӯҳдадор аст баҳисобгирии дақиқ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳияи ҳисобот истифодашударо таъмин намояд.
4. Иттифоқи қарзӣ дар як сол як маротиба, вале на дертар аз 20 рӯзи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба гузарондани амалиёти молиявӣ ахборот пешниҳод менамояд.
Моддаи 29. Талаботи махсус
1. Иттифоқи қарзӣ дар ҳолати фурӯхтани молу мулки кафолатӣ ба шахсоне, ки аъзои иттифоқи қарзӣ нестанд, ӯҳдадор аст хароҷоти барасмиятдарории аҳдномаи хариду фӯрушро бо розигии маҷлиси умумӣ пӯшонад.
2. Хизматрасонии молиявии иттифоқҳои қарзӣ, инчунин амалиёти марбут ба сармояи онҳо ва маблағҳои ҷалбшуда хусусияти тиҷоратӣ ва мақсади гирифтани фоидаро надоранд.
3. Хароҷоти иттифоқи қарзӣ аз қисмҳои зерин иборатанд:
- хароҷоти зарурии марбут ба фаъолияти ҷории иттифоқи қарзӣ;
- даромадҳо аз ҳисоби аъзоҳаққӣ, ки дар ҷамъбасти соли молиявӣ пардохт карда мешаванд;
- дигар хароҷоти пешбининашуда тибқи оинномаи иттифоқҳои қарзӣ.
БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ
Моддаи 30. Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ
1. Иттифоқи қарзӣ метавонад бо риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил карда шавад.
2. Иттифоқи қарзӣ метавонад ихтиёран мавриди худбарҳамдиҳӣ қарор гирад. Худбарҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- иттифоқи қарзӣ бояд пешниҳоди қарзҳоро аз лаҳзаи қабули қарор оид ба худбарҳамдиҳӣ қатъ намояд;
- иттифоқи қарзӣ пеш аз худбарҳамдиҳӣ бояд ҳамаи ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон ва аъзои иттифоқи қарзӣ иҷро намояд.
3. Дороиҳои иттифоқи қарзӣ, ки баъд аз иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳо аз маблағи умумии аъзоҳаққии пардохтшуда барзиёд боқӣ мемонанд, дар байни аъзои иттифоқи қарзӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи оинномаи иттифоқи қарзӣ тақсим карда мешаванд.
4. Барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ дар ҳолати гум кардани қобилияти пардохтпазирӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ" амалӣ карда мешавад.
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳое, ки дар раванди фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ пайдо мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Моддаи 32.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013,
№ 942