ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
745
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 456; с. 2014, №3, мод. 151;

с. 2015, №11, мод. 976; с. 2016, №11, мод. 889)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди барориш, паҳнкунӣ, гардиш ва пардохти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ,  новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии эмитент, хусусияти таъсисдиҳӣ  ва фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим намуда, тартиби танзим ва назоратро дар бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали бехавф, кушода ва самараноки бозори коғазҳои қиматнок, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва дорандагони коғазҳои қиматнок, рақобати боинсофонаи иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок муайян менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

андеррайтинг – аз ҷониби андеррайтер дар асоси созишнома бо эмитенти коғазҳои қиматнок гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноке, ки бо тариқи эмиссияи оммавӣ бароварда шудаанд;

андеррайтер – иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо эмитенти коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадории гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноки ба тариқи эмиссияи оммавӣ баровардашуда ё таъмини обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё хариди онҳо аз ҷониби шахсони дигар шартнома мебандад;

барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – маҷмӯи ҳамаи коғазҳои қиматноки як эмитент, ки арзиши номиналии баробар доранд ва ба дорандагони онҳо вобаста аз намуди онҳо андозаи баробари ҳуқуқҳоро медиҳанд. Ба барориши коғазҳои қиматноки  эмиссионӣ рақами ягонаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад, ки он нисбат ба ҳамаи коғазҳои қиматноки эмиссионии барориши мазкур паҳн мегардад. Барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бо роҳи бақайдгирии тарҳи барориш амалӣ карда мешавад;

барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – маҷмӯи коғазҳои қиматнок, ки иловатан ба коғазҳои қиматноки пештар паҳнгардида паҳн карда мешаванд;

бастаи калони саҳмияҳо – 5 фоиз ва зиёда аз он саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;

– бастаи саҳмияҳои назоратӣ – беш аз 50 фоизи саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;

биржаи фондӣ – шахси ҳуқуқие, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфта, ташкили савдои коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд ва ҷиҳати мусоидат барои бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо роҳи истифодаи низоми савдои биржаи фондӣ хизмат мерасонад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

бозори аввалияи коғазҳои қиматнок – муносибатҳое, ки дар раванди аз ҷониби эмитент бегонакунии коғазҳои қиматнок ба соҳибони аввал тавассути бастани аҳди граждании ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешаванд;

бозори муташаккили коғазҳои қиматнок – доираи гардиши коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо расмиёт ва шартҳое танзим мешаванд, ки ташкилкунандаи савдо барои иштирокчиёни ин аҳдҳо мутобиқи қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок – доираи гардиши коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳд бо коғазҳои қиматнок бе риояи талаботи бозори муташаккил амалӣ карда мешавад;

бозори такрории коғазҳои қиматнок – муносибатҳое, ки дар раванди муомилоти коғазҳои қиматноки пештар баровардашуда байни субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок сурат мегиранд, ба истиснои муносибатҳо дар бозори аввалияи коғазҳои қиматнок;

вомбарг – коғази қиматноки эмиссионӣ мебошад, ки ҳуқуқи дорандаи онро барои аз шахси барорандаи вомбарг дар мӯҳлати дар он пешбинишуда гирифтани арзиши номиналии вомбарг ё дигар молу мулки ба он баробарро тасдиқ менамояд, инчунин ба дорандаи он ҳуқуқи гирифтани фоизи он аз арзиши номиналии вомбарг ё ҳуқуқҳои дигари молумулкиро медиҳад;

гардиши коғазҳои қиматнок – бастани аҳдҳои гражданӣ - ҳуқуқӣ  оид ба  коғазҳои қиматнок дар бозори такрорӣ;

делистинг – расмиёти аз ҷониби биржаи фондӣ хориҷ намудани коғазҳои қиматнок аз рӯйхати нархгузорӣ;

дороиҳои сармоягузорӣ – маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, дороиҳои дигар, ки мақоми давлатии ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамчун дороиҳои сармоягузорӣ муайян намудааст;

дорандаи номиналӣ – шахс, иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки соҳибмулки коғазҳои қиматнок намебошад, манфиатҳои саҳмдорро нисбат ба коғазҳои қиматнок намояндагӣ мекунад ва иҷрои ҳуқуқҳоро ба онҳо аз номи худ ва бо супориши соҳибмулк дар асоси шартнома амалӣ менамояд;

инсайдер – шахсе, ки бо сабаби соҳибӣ намудани саҳмияҳои (ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии) эмитент ё шахси бонуфузи он, аъзогӣ дар мақоми идоракунии эмитент ё шахси бонуфузи он, бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи граждании ҳуқуқӣ бо эмитент ё бо шахси бонуфузи он, ваколатҳои ба ӯ ҳамчун мансабдори мақоми давлатӣ додашуда, инчунин дар ҳолатҳои дигари бо қонунгузорӣ муқарраргардида ба маълумоти инсайдерӣ дастрасӣ дорад;

иттилооти махфӣ – ҳама гуна иттилооте, ки оммавӣ (кушода) набуда, ошкор кардани он метавонад ба нархи бозории коғазҳои қиматноки баровардаи эмитент, аҳдҳо бо онҳо, ба худи эмитент ва фаъолияти он, инчунин ба шахсони дигаре, ки иттилооти мазкур ба онҳо дахл дорад, таъсир мерасонад;

иттилооти ба ҳама дастрас дар бозори коғазҳои қиматнок – маълумоте, ки мувофиқи Қонуни мазкур бояд ошкор карда шавад;

иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома барои амалӣ намудани як ё якчанд намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок мебошад;

иҷрои аҳди биржавӣ – иҷрои ҳисобҳо аз рӯи аҳди бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ басташуда тавассути аз ҷониби тарафҳо иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки аз аҳд бармеоянд;

коғази қиматноки эмиссионӣ – коғази қиматноке, ки дар як вақт дорои аломатҳои зерин мебошад: маҷмӯи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро, ки боиси шаҳодат додан, гузашт кардан ва иҷрои қатъӣ бо риояи шакл ва тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, дар худ нигоҳ медорад, бо барориш паҳн карда мешавад, андоза ва мӯҳлати  баробари иҷрои ҳуқуқҳоро дар дохили як барориш, новобаста ба вақти ба даст овардани коғази қиматнок, дорад;

коғазҳои қиматноки эмиссионии номӣ – коғазҳои қиматноке, ки маълумот дар бораи соҳибони он ба эмитент дар шакли феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок бояд дастрас бошад, гузариши ҳуқуқҳо ба он ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои бо он алоқамандбуда ҳаммонандкунии ҳатмии соҳиби онро талаб менамоянд;

листинг – расмиёти ворид намудани коғазҳои қиматнок ба рӯйхати нархгузории биржаи фондӣ;

маълумоти инсайдерӣ – ҳама гуна маълумот оид ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва амалиёт бо онҳо, инчунин дар бораи эмитенти ин коғазҳои қиматнок ва фаъолияти ӯ, ки ба шахсони сеюм маълум нест ва ошкор кардани он ба арзиши бозории ин коғазҳои қиматнок метавонад таъсир расонад;

намуди ғайриҳуҷҷатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – намуди коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки соҳиби он дар асоси навиштаҷот дар низоми пешбурди феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ё дар ҳолати ба нигоҳдорӣ супоридани коғазҳои қиматнок, дар асоси навиштаҷот дар ҳисоби депо муайян карда мешавад;

паҳнкунии коғазҳои қиматнок – бегона кардани коғазҳои қиматноки эмитент ба соҳибони аввал тавассути бастани аҳдҳои граждании ҳуқуқӣ;

пешниҳоди шахсӣ – пешниҳод оид ба паҳнкунӣ ё фурӯш дар бозори коғазҳои қиматнок ба гурӯҳи шахсоне, ки ҳайати он пешакӣ муайян карда шудааст;

пешниҳоди оммавӣ – пешниҳод оид ба паҳнкунӣ ва фурӯши коғазҳои қиматнок, ки ба ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манзур гардидааст, ба истиснои пешниҳоди шахсӣ, фурӯши коғазҳои қиматнок дар раванди амалӣ намудани мурофиаи муфлисшавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурӯши коғазҳои қиматнок ҳангоми иҷрои истеҳсолоти судӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

рақами бақайдгирии давлатӣ – коди рақамӣ (ҳарфӣ, аломатӣ), ки барориши мушаххаси (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионии ба қайди давлатӣ гирифташавандаро муайян менамояд;

рӯйхати нархгузорӣ – номгӯи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки ба талаботи ташкилкунандагони савдо ҷавобгӯ буда, бо тартиби муқарраргардида ба савдо роҳ дода шудаанд ва нисбати онҳо бо ҳуҷҷатҳои дохилии биржаи фондӣ талаботи махсус (листингӣ) ба коғазҳои қиматнок ва эмитентҳои онҳо муқаррар карда шудааст;

сармоягузор – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маблағгузориро ба коғазҳои қиматнок анҷом медиҳад;

сармоягузори институтсионалӣ – шахси ҳуқуқие, ки маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади сармоягузорӣ ба дороиҳои сармоявӣ ҷалб менамояд;

сармоягузори инфиродӣ – сармоягузоре, ки сармоягузори институтсионалӣ намебошад;

саҳмия – коғази қиматноки эмиссионӣ мебошад, ки ҷамъияти саҳомӣ мебарорад ва вобаста ба намуд ва категория ҳуқуқи саҳмдоронро барои гирифтани суди саҳмия (дивиденд), иштирок дар идоракунии ҷамъияти саҳомӣ, гирифтани қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки пас аз барҳам додани он боқӣ мемонад, тасдиқ менамояд;

сертификати коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби эмитент бароварда мешавад ва маҷмӯи ҳуқуқҳоро ба миқдори дар сертификат зикргардидаи коғазҳои қиматнок тасдиқ мекунад. Соҳиби коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад аз эмитент иҷрои ӯҳдадориҳои онро дар асоси чунин сертификат талаб намояд;

низоми савдои биржаи фондӣ – маҷмӯи қоидаҳо, расмиёти гузаронидани савдо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ҳисоббарор, таъминоти барномавӣ, махзани маълумот, воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва таҷҳизоти дигар, ки имконияти бастани аҳдҳо, тақвият додан, нигоҳ доштан, таҳия ва ошкор кардани маълумоти барои бастан ва иҷрои аҳд бо коғазҳои қиматнок зарурро таъмин менамояд;

субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок – эмитентҳо, сармоягузорон, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимкунанда, мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошанд;

тарҳи барориш – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби эмитент бароварда шуда, дорои маълумот дар бораи эмитент, вазъи молиявии он, коғазҳои қиматноки баровардашудаи (баровардашавандаи) он мебошад;

ташкилкунандаи савдо – биржаи фондӣ ва ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок;

ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфта, ташкил ва таъмини техникии савдои коғазҳои қиматнокро бо роҳи истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории байни мизоҷони ҳамин ташкилкунандаи савдо  амалӣ менамояд; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

ташкилотҳои худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок – иттиҳодияҳои ихтиёрии иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд;

қарор оид ба барориши коғазҳои қиматнок – ҳуҷҷати дорои  маълумоти кофӣ барои муайян намудани андозаи ҳуқуқҳои коғазҳои қиматнок мебошад;

– қурби коғазҳои қиматнок – нархи харид ва (ё) фурӯши коғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби иштирокчии савдо пешниҳод шуда, дар низоми савдои биржаи фондӣ эълон карда шудааст;

шакли ҳуҷҷатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – шакли коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки соҳиби онҳо дар асоси пешниҳоди коғазҳои қиматноки ба тарзи муносиб ба расмият даровардашуда ё сертификати коғазҳои қиматнок ё дар ҳолати ба нигоҳдорӣ супоридани онҳо, дар асоси қайд бо ҳисоби депо муайян карда мешавад;

шахси бонуфуз – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои қобилияти ба фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок таъсир расонидан  мебошад;

ширкати идоракунанда – иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки аз номи худ ва аз ҳисоби мизоҷони ширкати идоракунанда ба манфиати онҳо фаъолияти идоракунии бовариноки дороиҳои сармоягузориро  амалӣ менамояд;

ширкати оммавӣ – эмитенте, ки коғазҳои қиматноки онро 50 ва зиёда аз он шахсон соҳибӣ мекунанд ва ё эмитенте, ки пешниҳоди оммавии коғазҳои қиматнокро амалӣ намудааст ё амалӣ менамояд. Ҷамъиятҳои саҳомии кушода ширкатҳои оммавӣ мебошанд.

эмиссияи оммавии коғазҳои қиматнок – эмиссияи коғазҳои қиматнок, ки дар баробари  пешниҳоди оммавии коғазҳои қиматнок сурат мегирад;

эмиссияи шахсии коғазҳои қиматнок – эмиссияи коғазҳои қиматнок, ки дар рафти он эмитент коғазҳои қиматноки худро тавассути пешниҳоди шахсӣ мебарорад ва паҳн мекунад;

эмитенти коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки барориши коғазҳои қиматнокро мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, аз номи худ ӯҳдадор мешавад, ки ӯҳдадориҳоро дар назди соҳибони коғазҳои қиматнок, ки аз шартҳои барориши коғазҳои қиматнок (минбаъд -эмитент) бармеоянд, иҷро мекунад;

эмиссияи коғазҳои қиматнок – маҷмӯи амалҳои пайдарҳам, ки барои паҳнкунии коғазҳои қиматнок зарур мебошанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи бозори коғазҳои қиматнок

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозори коғазҳои қиматнок ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1373)

 

Моддаи 3. Намудҳои коғазҳои қиматноке, ки барориш ва гардиши онҳо бо Қонуни мазкур

                      танзим карда намешаванд

 

1. Қонуни мазкур барориш ва гардиши намудҳои зерини коғазҳои қиматнокро танзим наменамояд:

- коғазҳои қиматноки давлатӣ ва коғазҳои қиматноке, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда ё кафолат дода мешаванд;

- сертификати бонкӣ;

- вексел;

- чек;

- борнома (коносамент).

2. Барориши коғазҳои қиматноки дар моддаи мазкур пешбинигардида, ба истиснои сертификати бонкӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барориши сертификати бонкӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

3. Гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозор баробари дигар коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 4. Тавсифоти асосии саҳмияҳо

 

1. Ҳадди ақали арзиши номиналии саҳмияҳо 1 сомонӣ мебошад. Арзиши номиналии саҳмияҳои зиёда аз 1 сомонӣ бояд ба ҳадди ақали арзиши номиналии саҳмияҳо бебақия тақсим шавад.

2. Арзиши номиналии саҳмияҳои эмитент-резидентҳо инчунин метавонад бо асъори хориҷӣ ифода ёбад. Арзиши чунин саҳмияҳо дар санаи барориш набояд аз ҳадди ақалли арзиши номиналии саҳмияҳои бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда камтар бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

3. Саҳмияҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ ё ғайриҳуҷҷатӣ бароварда мешаванд.

4. Дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ, саҳмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи фирмавии эмитент ва макони ҷойгиршавии он;

- номи коғази қиматнок - саҳмия, силсила ва рақами тартибии он, санаи барориш ва рақами сабти давлатӣ, намуди саҳмия (оддӣ ё имтиёзнок) ва арзиши номиналии он, ном ё номгӯи соҳиби саҳмия (барои саҳмияи номӣ) ё ишора оид ба он, ки саҳмия манзурӣ бароварда шудааст;

- мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

- имзои (факсимили) ду шахси масъули эмитент, шарти гардиш, ном ва суроғаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд (дар қисми қафои он).

5. Сертификати саҳмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи коғази қиматнок «(Сертификати саҳмияҳо)», миқдори саҳмияҳои шаҳодатдодаи он, категорияи саҳмияҳо;

- номи фирмавии эмитент ва маҳалли ҷойгиршавии эмитент;

- номи ширкат (барои шахсони ҳуқуқӣ) ё номи (барои шахсони воқеӣ) соҳиби саҳмия (барои сертификатҳои саҳмияҳои номӣ) ё ишора оид ба он, ки саҳмия манзурӣ бароварда шудааст;

- арзиши номиналии як саҳмия, мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

- маҳал ва санаи барориш, рақами сабти давлатӣ, силсила ва рақами тартибии саҳмия;

- имзои (факсимили) ду шахси ваколатдори эмитент ва номгӯи ҳуқуқҳо аз рӯи саҳмияҳо, инчунин ном ва суроғаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи дорандагони коғазҳои қиматноки эмитентро амалӣ менамояд (дар қисми қафои он).

6. Сертификати саҳмия метавонад дар бораи эмитент дигар маълумотҳоро низ дошта бошад.

7. Ба сертификати саҳмия метавонад варақаи купонӣ барои пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо) замима гардад.

8. Варақаи купонӣ аз ду қисм - худи купон ва талони он иборат мебошад.

9. Купон барои пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо) ҳуқуқи соҳиби саҳмияро барои гирифтани даромад дар шакли суди саҳмия (дивиденд) дар соли дар он ифодаёфта тасдиқ менамояд ва бояд ҷузъиёти асосии зеринро дар бар гирад:

- рақами тартибии сабти купон барои пардохти дивидендҳо;

- рақами сабти давлатии саҳмия, силсила ва рақами тартибии саҳмия, ки аз рӯи он суди саҳмияҳо (дивидендҳо) пардохт карда мешавад;

- номи эмитент;

- маҳал ва санаи барориши саҳмия;

- соли пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо), имзои (факсимили) шахсони ваколатдори эмитенти саҳмия.

10. Талони варақаи купонӣ ҳуқуқи соҳиби саҳмияро ба гирифтани варақаи нави купонӣ баъд аз пардохти тамоми купонҳо тасдиқ менамояд ва бояд ҷузъиёти асосии зеринро дар бар гирад:

- рақами тартибии сабти саҳмия, силсила ва рақами тартибии саҳмияе, ки мувофиқи он суди саҳмияҳо (дивидендҳо) пардохт карда мешавад;

- номи эмитент;

- маҳал ва санаи барориши саҳмия;

- имзоҳои (факсимили) шахсони ваколатдори эмитенти саҳмия.

11. Саҳмия тақсимнашаванда аст. Дар сурати ба якчанд шахс тааллуқ доштани ҳамон як саҳмия, он моликияти муштараки ҳамаи онҳо дониста мешавад.

12. Соҳибони саҳмия метавонанд ҳуқуқҳои худро ба воситаи яке аз онҳо ё тавассути намояндаи умумӣ амалӣ намоянд.

 

Моддаи 5. Тавсифоти асосии вомбаргҳо

 

1. Вомбаргҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бароварда шуда, арзиши ягонаи номиналӣ ва шартҳои якхелаи барориш ва пардохт доранд.

2. Ҳадди ақали арзиши номиналии вомбаргҳо 10 сомонӣ мебошад. Арзиши номиналии вомбаргҳои зиёда аз 10 сомонӣ бояд ба ҳадди ақали арзиши номиналии вомбаргҳо бебақия тақсим шавад.

3. Арзиши номиналии вомбаргҳои эмитент-резидентҳо инчунин метавонад бо асъори хориҷӣ ифода ёбад. Арзиши чунин вомбаргҳо дар санаи барориш набояд аз ҳадди ақалли арзиши номиналии вомбаргҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда камтар бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255);

4. Шартҳои барориш ва паҳнкунии вомбаргҳоро Қонуни мазкур ва оинномаҳои ташкилотҳо (эмитентҳо) муайян мекунанд.

5. Вомбаргҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ ё ғайриҳуҷҷатӣ бароварда мешаванд.

6. Вомбаргҳо метавонанд номӣ ва манзурӣ бароварда шаванд.

7. Дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ, вомбарг бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи коғази қиматнок ("Вомбарг)", номи фирмавӣ ва маҳалли ҷойгиршавии эмитенти вомбарг, номи фирмавӣ ё номи соҳиби вомбарг ё навиштаҷот оид ба он, ки манзурӣ бароварда шудааст, арзиши номиналӣ;

- андозаи фоизҳо, агар он пешбинӣ шуда бошад;

- тартиб, мӯҳлати пардохти он ва пардохти фоизҳо;

- макон ва санаи барориш, инчунин рақами сабти давлатӣ, силсила ва рақами тартибии вомбарг;

- имзои (факсимили) ду шахси ваколатдори эмитент ва ҳуқуқҳое, ки аз вомбарг бармеоянд, инчунин ном ва суроғаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи соҳибони вомбаргҳоро амалӣ менамоянд.

8. Сертификати вомбарг метавонад маълумоти дигарро низ дар бораи эмитент дар бар гирад.

9. Ба ғайр аз қисми асосӣ ба вомбарг варақаи купонӣ барои пардохти фоизҳо метавонад замима гардад.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мақоми идоракунии давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар бозори коғазҳои қиматнок мегузаронад, танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузоронро таъмин менамояд, инчунин дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, тартиби фаъолияти он бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои

                      қиматнок

 

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ваколатҳои зеринро иҷро мекунад:

– самтҳои асосии рушди бозори коғазҳои қиматнокро муайян менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад;

– талаботро нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъсис додани бозори миллии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

– барориши коғазҳои қиматноки эмиссиониро ба қайд мегирад;

– стандартҳо ва қоидаҳои якхелашудаи амалисозии фаъолияти касбиро бо коғазҳои қиматнок, амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ошкор сохтани маълумот аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок таҳия ва тасдиқ менамояд;

– талаботро ҷиҳати таъсис додани бозори миллии коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали самаранок ва шаффофи он муқаррар менамояд;

– маҳакҳои (меъёрҳои) устувории молиявиеро, ки риояи онҳо аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ҳатмӣ мебошад, таҳия намуда, талаботро оид ба риояи онҳо муқаррар менамояд;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти касбӣ бо коғазҳои қиматнок иҷозатнома медиҳад;

– Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;

– феҳристи иҷозатномаҳои додашуда, боздошташуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнокро пеш мебарад;

– аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъиятҳои саҳомӣ риоя гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнокро назорат мебарад;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимшавандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъиятҳои саҳомиро оид ба риоя гардидани талаботи Қонуни мазкур  месанҷад;

– нисбат ба иштирокчиёни касбӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, вайрон кардаанд, чораҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад;

– фаъолияти шахсонеро ки, дар бозори коғазҳои қиматнок бе иҷозатномаи дахлдор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, пешгирӣ менамояд;

– ба рушд ва дастгирии адолат, самаранокӣ, рақобат ва тартиб дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

– бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақомоти давлатии хориҷӣ, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, ҳамкорӣ менамояд;

– манфиатҳои қонунии сармоягузоронро дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд;

– ба баланд бардоштани сатҳи касбии иштирокчиёни бозори  коғазҳои қиматнок мусоидат менамояд;

– оид ба масъалаҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок тадқиқот мегузаронад;

– талаботи тахассусиро нисбат ба шахсон ва ташкилотҳое, ки фаъолияти касбиро бо коғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд, тасдиқ менамояд;

– масъалаҳои вобаста ба танзими бозори коғазҳои қиматнокро шарҳу эзоҳ медиҳад, тавсияҳои методии дахлдорро таҳия менамояд;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ боҷи давлатӣ меситонад ва дигар хизматрасониҳои пулакиро анҷом медиҳад;

– тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки субъектони бозори коғазҳои қиматнок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар медиҳад. Пешниҳоди чунин маълумот ошкор намудани сирри тиҷоратӣ ва  иттилооти махфии бо қонун ҳифзшаванда шуморида намешавад; (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1076)

– ваколатҳои дигари танзими давлатии муносибатҳои дар бозори коғазҳои қиматнок гузошташударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок

 

Бо мақсадҳои амалӣ намудани вазифаҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд ва иҷрои онҳоро таъмин кунад;

- савдоро бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ дар ҳолатҳои ошкор гардидани далелҳои содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ бо коғазҳои қиматнок боздошт намояд;

- амалиётро оид ба ҳисоби шахсии шахси бақайдгирифташуда (саҳмдор) ва амалиётро бо коғазҳои қиматноки эмитент дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт намояд ва боздошти онро беэътибор созад;

- ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок огоҳиномаҳои барои иҷро ҳатмиро фиристонад, инчунин аз онҳо иҷрои онҳоро талаб намояд;

- маводро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристонад ва доир ба масъалаҳои вобаста ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо даъво ба суд муроҷиат намояд;

- аз мақомоти давлатӣ вобаста ба эмитентҳои коғазҳои қиматнок ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок маълумот талаб намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок муҷозоти маъмурӣ диҳад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори хориҷӣ, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расонад;

- аз ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бораи молик-бенефитсиарон (манфиатгирон) маълумот  гирад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1373)

- дигар ҳуқуқҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
 

Моддаи 9. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок

                      ҷиҳати дархости иттилоот аз субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок иттилооти заруриеро, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ карда нашудааст, бо нишон додани сабабҳои дархост талаб намояд.

2. Субъекти бозори коғазҳои қиматнок, ки талаботи хаттиро гирифтааст, вазифадор аст бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ин талаботро иҷро намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар талабот оид ба зарурати пешниҳоди иттилоот сабаби дархост нишон дода нашуда бошад ё иттилооти дархостшуда мутобиқи Қонуни мазкур мавзӯи танзими мақоми ваколатдори давлатӣ набошад.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба сирри тиҷоратӣ ва ҳифзи иттилооти махфӣ риоя намояд.

4. Иттилооти аз субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок воридгардида, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, набояд ошкор гардад ё ба шахси сеюм расонида шавад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок

                        ҷиҳати гузаронидани санҷиши субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад кормандони худро барои гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок, ба истиснои ташкилотҳои қарзӣ, ваколатдор намояд. Дар ташкилотҳои қарзӣ санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бонки миллии Тоҷикистон иҷро менамояд.

2. Корманди барои гузаронидани санҷиш ваколатдоршуда ҳуқуқ дорад:

- ба бинои субъекти бозори коғазҳои қиматнок дар вақти корӣ дохил шавад;

- аз субъекти бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигареро, ки ба гузаронидани санҷиш вобаста мебошад, талаб намояд;

- ҳуҷҷатҳоро тафтиш намояд, аз онҳо иқтибос гирад, инчунин ҳуҷҷатҳои санҷидашударо бо огоҳ намудани роҳбарияти субъекти дахлдор нусхабардорӣ кунад.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок санҷишҳоро бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбиникардаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.

4. Санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар якҷоягӣ бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1076)

5. Субъекти бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад аз рӯи амали мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ва корманди он вобаста ба гузаронидани санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок

                         ҷиҳати андешидани чораҳо нисбат ба субъекти бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои ошкор намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад ба онҳо ҷиҳати иҷрои ҳатмӣ барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузорӣ огоҳинома (амр) фиристонад, субъектҳои мазкурро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад ва ба мақомоти судӣ барои гирифтани қарори суд бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибони коғазҳои қиматнок ва ё мизоҷони иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок муроҷиат намояд.

2. Ҳангоми ба даст овардани далелҳои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бозори коғазҳои қиматнок, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, инчунин барои пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ ва ё нопурра аз ҷониби онҳо ё вақте, ки иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок пардохтнопазир мегардад, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад:

- барои иҷрои ҳатмӣ вобаста ба ислоҳи қонунвайронкунӣ фавран ё дар давоми мӯҳлати муайяншуда огоҳинома (амр) фиристонад;

- чораҳои маъмурӣ андешад;

- бо талаботе, ки  иҷрояш ҳатмӣ мебошад, муроҷиат намояд;

- амали иҷозатномаро ба мӯҳлати то се моҳ муваққатан боздошт намояд;

- бо даъво ба суд барои бекор кардани иҷозатнома муроҷиат намояд.

3. Дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа ё ошкор шудани қонунвайронкунӣ дар фаъолияти ташкилоти қарзие, ки субъекти бозори коғазҳои қиматнок мебошад, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз Бонки миллии Тоҷикистон хоҳиш менамояд ташкилоти қарзии мазкурро санҷад ва тибқи қонунгузории бонкӣ нисбат ба вайронкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ андешад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар хусуси боздошти иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ оид ба фаъолияти иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок муроҷиат намояд.

 

Моддаи 12. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии

                         Тоҷикистон

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешбурд ва нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳамаи коғазҳои қиматноке, ки барориши онҳо аз ҷониби эмитентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст, дарҷ мегардад.

3. Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи пурраи эмитент;

- маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии эмитент;

- суроғаи ҳуқуқии эмитент;

- намуди коғазҳои қиматноке, ки онҳоро эмитент баровардааст;

- маълумот дар бораи миқдори коғазҳои қиматноки баровардашуда аз рӯи  эмиссияи онҳо ва арзиши номиналӣ аз рӯи ҳар намуди коғазҳои қиматнок;

- намуди пешниҳоде (кушода ё пӯшида), ки барои паҳнкунӣ истифода бурда шуда буд;

- маълумоти дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок.

4. Талабот ба эмитент оид ба тартиб ва ҳаҷми ошкор кардани ахборот дар бораи барориши коғазҳои қиматнок бо мақсади ворид кардан ба феҳристи коғазҳои қиматнок бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар карда мешаванд.

5. Шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ оид ба барориши коғазҳои қиматнок барои ворид кардани он ба Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷм ва тартибе, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар кардаанд, масъулият доранд.

6. Ҳар шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбударо, ба истиснои маълумоте, ки дар қисми 6 моддаи 29 Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, дастрас намояд.

7. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби дастрасӣ ба иттилооте, ки дар он мавҷуд аст, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешаванд.

8. Дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пеш мебарад, бояд дар бораи соҳибони бастаи калони саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушода, ки шахсияти моликони коғазҳои қиматнокро ошкор менамояд, маълумот дарҷ гардад. Маълумот дар бораи моликони коғазҳои қиматнок бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1373)

 

БОБИ 3.

МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ ДАР БОРАИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ЭМИССИОНӢ

 

Моддаи 13. Муқаррароти умумӣ

 

1. Коғазҳои қиматноки эмиссионӣ метавонанд номӣ ё манзурӣ бошанд. Коғазҳои қиматноки эмиссионии номӣ метавонанд дар шакли ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатӣ бароварда шаванд. Коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурӣ метавонанд танҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ бароварда шаванд.

2. Бо талаби соҳиби он метавонад як сертификат барои ду ё зиёда коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурии бадастовардаи як барориш  дода шавад.

3. Сертификати коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурӣ бояд маълумотеро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, дошта бошад.

4. Миқдори умумии коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурӣ, ки дар ҳамаи сертификатҳои додашудаи эмитент нишон дода шудааст, набояд аз шумораи коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурии барориши мазкур зиёд бошад.

5. Ҳама гуна ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкие, ки дар шакли ҳуҷҷатӣ ё ғайриҳуҷҷатӣ дарҷ гардидаанд, новобаста ба номгӯи онҳо коғазҳои қиматноки эмиссионӣ мебошанд, агар шартҳои пайдоиш  ва гардиши онҳо ба маҷмӯи аломатҳои коғазҳои қиматноки эмиссионӣ мувофиқат кунанд.

6. Эмитентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд коғазҳои қиматнокро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок паҳн кунанд.

7. Ташкили гардиши коғазҳои қиматноки эмиссионии эмитент-резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути паҳнкунӣ мутобиқи ҳуқуқи хориҷии коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ, ки ҳуқуқҳоро нисбат ба коғазҳои қиматноки эмиссионии эмитент-резидент тасдиқ мекунад, танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.

8. Иҷозати мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳангоми риоя намудани шартҳои зерин дода мешавад, агар:

- бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмитент-резидент амалӣ гардида бошад;

-  коғазҳои қиматноки эмитент-резидент ба рӯйхати нархгузории биржаи фондӣ ворид карда шуда бошанд;

-  дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шуда бошанд.

9. Иҷозат барои паҳнкунӣ ва ё гардиши коғазҳои қиматноки эмитент-резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризае, ки ба он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи талаботи моддаи мазкур замима мегарданд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дода мешавад. Номгӯи чунин ҳуҷҷатҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешавад.

10. Иҷозат барои паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмитентҳо-резидентҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар як вақт бо қайди давлатии барориши (барориши иловагии) чунин коғазҳои қиматнок дода шавад.

11. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ӯҳдадор аст иҷозати мазкурро диҳад ё дар бораи рад кардани он дар давоми сӣ рӯзи баъд  аз санаи гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ қарори далелнок қабул намояд.

12. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад оид ба саҳеҳ будани маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозат пешниҳод шудааст, санҷиш гузаронад. Дар ин ҳолат мӯҳлати пешбининамудаи қисми 11 моддаи мазкур метавонад дар муддати гузаронидани санҷиш, вале на зиёда аз даҳ рӯз тамдид карда шавад.

13. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад чораҳо андешад, то ки коғазҳои қиматноки манзурӣ бо мақсади қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм истифода нашаванд.

14. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо талаби қонунии мақоми ваколатдори мубориза ба муқобили қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм бояд барориши коғазҳои қиматноки манзуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд.

 

Моддаи 14. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки

                         эмиссионӣ

 

1. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

- номи пурраи эмитент, маҳалли ҷойгиршавии он ва суроғаи почтавӣ;

- санаи қабули қарор дар бораи паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- номи мақоми ваколатдори эмитент, ки қарорро дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ тасдиқ  кардааст;

- санаи тасдиқи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- андозаи сармояи оинномавии эмитент;

- мақсадҳо ва самти фаъолияти ӯ;

- нишондодҳои шахсони мансабдори роҳбарикунандаи эмитент;

- номи мақоми назораткунанда;

- маълумот оид ба паҳнкунии коғазҳои қиматноки барориши пештар (дар ҳолати паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии иловагӣ);

- мақсади барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- намуд, категорияи (шакли) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- ҳуқуқҳои молик, ки дар коғази қиматноки эмиссионӣ дарҷ гардидаанд;

- тартиби паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- нишондоди маблағи умумӣ ва миқдори коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар барориши мазкур (барориши иловагӣ);

- тартиби пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

- мӯҳлати обунашавӣ ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- нишондоди шакли коғазҳои қиматноки эмиссионӣ (номӣ ё манзурӣ);

- арзиши номиналии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- мӯҳлати баргардонидани маблағҳо ҳангоми даст кашидан  аз гузаронидани барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- имзои шахсе, ки вазифаи мақоми иҷроияи эмитентро амалӣ менамояд,  мӯҳри эмитент;

- маълумоти дигаре, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи эмитент пешбинӣ шудааст.

2. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионии ҷамъияти саҳомӣ аз ҷониби шӯрои директорон (шӯрои нозирон) тасдиқ карда мешавад.

3. Ҷамъияти саҳомӣ танҳо пас аз пардохти пурраи арзиши ҳамаи саҳмияҳо аз ҷониби саҳмдорон дар бораи барориши вомбаргҳо қарор қабул карда метавонад.

4. Қарор дар бораи барориши вомбаргҳо, ки аз рӯи онҳо иҷрои ӯҳдадориҳои эмитент ба тариқи гарав, кафолати бонкӣ ё дигар усулҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин карда мешавад, инчунин бояд маълумотро дар бораи шахси таъминкунанда ва   шартҳои таъминот дар бар гирад.

5. Таркиби маълумот дар бораи шахсе, ки таъминот пешниҳод мекунад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат қарор дар бораи барориши вомбарг, инчунин бояд аз ҷониби шахсе, ки чунин таъминотро фароҳам овардааст, ба имзо расонида шавад.

6. Вомбарге, ки иҷрои ӯҳдадориҳои он бо яке аз усулҳои дар моддаи мазкур зикршуда таъмин мегардад, ба дорандаи он ҳуқуқи талаб карданро нисбат ба шахси фароҳамсозандаи чунин таъминот низ медиҳад.

7. Эмитент ҳуқуқ надорад қарори барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро дар қисмати ҳаҷми ҳуқуқҳо оид ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки бо ин қарор муқаррар карда шудааст, пас аз қайди давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ тағйир диҳад.

8. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ду нусха таҳия мегардад. Пас аз бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ як нусхаи қарор дар бораи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок нигоҳ дошта мешавад, як нусхаи дигар бошад, ба эмитент дода мешавад.

9. Ҳангоми мавҷуд будани номувофиқӣ дар матнҳои нусхаҳои қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ афзалият ба матни ҳуҷҷате  дода мешавад, ки дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок нигоҳ дошта мешавад.

10. Ҳангоми бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба ҳар нусхаи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ оид ба бадқайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба қайд гузошта мешавад ва рақами бақайдгирии давлатии додашуда ба барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ нишон дода мешавад.

 

БОБИ 4.

ЭМИССИЯИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 15. Расмиёти эмиссия ва давраҳои он

 

1. Расмиёти эмиссияи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, агар тартиби дигар бо Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ нагардида бошад, давраҳои зеринро дар бар мегирад:

- қабули қарор дар бораи паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- тасдиқи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- омода намудани тарҳи барориш;

- бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- тасдиқи ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ.

2. Эмитент барои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ аз лаҳзаи бақайдгирии барориши коғазҳои қиматнок ва додани рақами бақайдгирии давлатӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок  ҳуқуқ дорад.

3. Барориши коғазҳои қиматноке, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, ғайриқонунӣ мебошад. Маблағе, ки аз фурӯши ҳамин коғазҳои қиматнок ба даст меояд, бояд мусодира гардида, ба сармоягузорон баргардонида шавад.

4. Эмитент вазифадор аст дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ пас аз бақайдгирии давлатии (азнавбақайдгирии) шахси ҳуқуқӣ барои бақайдгирӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тарҳи барориши коғазҳои қиматнокро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 16.  Бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки

                         эмиссионӣ

 

1. Бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок (минбаъд - мақоми бақайдгиранда), новобаста ба ҳаҷми умумии эмиссия ва усули обунашавӣ (кушода ё пӯшида будани фурӯши он) амалӣ менамояд.

2. Барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:

- ариза дар бораи бақайдгирии давлатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- нусхаи тасдиқкардаи нотариалии қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки мутобиқи моддаи 14 Қонуни мазкур ба расмият дароварда шудааст;

-  нусхаи тасдиқкардаи нотариалии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

- намунаи бланки коғазҳои қиматнок ва ё сертификати коғазҳои қиматнок дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ;

- ду нусхаи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии барориши коғазҳои қиматнок.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст дар мӯҳлати сӣ рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ пешниҳодшуда барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро ба қайди давлатӣ гирад ё дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ қарори асоснок қабул намояд.

4. Ҳангоми бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба он рақами мушаххаси бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.

5. Ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳар як барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба он ҳамон рақами мушаххаси бақайдгирии давлатӣ бо коди иловагии ин барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дода мешавад.

6. Тартиби додани рақами бақайдгирии давлатӣ ба бароришҳои коғазҳои қиматноки эмиссионӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.

7. Мақоми бақайдгиранда танҳо барои пуррагии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшудаи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ нишон дода шудааст, ҷавобгӯ мебошад.

8. Барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

9. Барои бақайдгирии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки маълумотро танҳо дар бораи коғазҳои қиматноки ба давлат тааллуқдошта дар бар мегирад, боҷи давлатӣ ситонида намешавад.

10. Қоидаҳои барасмиятдарории бақайдгирии барориш ва стандартҳои сертификатҳои коғазҳои қиматнокро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар менамояд.

 

Моддаи 17. Асос барои рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии)

                         коғазҳои қиматноки эмиссионӣ

 

1. Асос барои рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматнок инҳо мебошанд:

- аз ҷониби эмитент вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок, аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мавҷуд будани маълумоте, ки боиси баровардани хулоса дар бораи зиддият доштани шарти эмиссия ва гардиши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқат накардани шароити барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок мегарданд;

- мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ пешниҳодшуда ва таркиби маълумоти дар онҳо мавҷудбуда ба талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок;

- дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод накардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- ба тарҳи барориши коғазҳои қиматнок ё қарор дар бораи барориши коғазҳои қиматнок (ҳуҷҷатҳои дигар, ки барои бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ асос мешаванд) дохил намудани маълумоти бардурӯғ ё маълумоте, ки ба ҳақиқат мувофиқ нест (маълумоти носаҳеҳ).

2. Нисбат ба қарор дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва тарҳи барориши коғазҳои қиматнок ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 18.  Талабот нисбат ба паҳн кардани коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ

 

1. Коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок паҳн карда шаванд.

2. Коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд паҳн карда шаванд, агар эмитенти хориҷӣ шартҳои зеринро қонеъ гардонад:

- эмитент ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар давлате, ки  резиденти он  мебошад, ба қайд гирифта шудааст ва мутобиқи қонунгузории давлате, ки дар он ба қайд гирифта шуда, дорои мақоми ҳуқуқии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъияти саҳомии кушода баробар бошад;

- эмитент бо иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти брокерӣ ва ё дилериро барои муаррифии манфиатҳои он дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, шартнома бастааст;

- эмитент бо иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки фаъолияти пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, барои баҳисобгирии ҳуқуқҳои соҳибони коғазҳои қиматнок, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматноки он пешниҳод шудаанд, шартнома баста бошад.

3. Барои паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ ба ғайр аз талаботе, ки дар қисми 1 ва 2 моддаи мазкур муқаррар гардидаанд, иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

 

Моддаи 19. Талабот нисбат ба мундариҷаи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок

 

1. Маълумоти дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок дарҷгардида бояд ба ҳақиқати воқеӣ мувофиқ буда, барои баҳодиҳии вазъи хоҷагию молиявии эмитент муносиб бошад.

2. Маълумоти дар тарҳи барориш ифодаёфта наметавонад аз мӯҳлати шашмоҳа зиёд бошад.

3. Тарҳи барориши коғазҳои қиматнок бояд инҳоро дар бар гирад:

- тавсифномаи эмитент, номи фирмавӣ, суроға ва санаи таъсиси эмитент, намуди асосии фаъолияти хоҷагӣ, иштироки эмитент дар гурӯҳҳои саноатӣ, бонкӣ ва молиявӣ, иттиҳодияҳои дигар, инчунин маълумот дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидории фаръӣ ва вобастаи эмитент;

- маълумот дар бораи шахсони мансабдори эмитент, аз ҷумла маълумот дар бораи сохтор ва салоҳияти мақоми идоракунии эмитент, рӯйхати шахсони ба ҳайати мақоми идоракунии эмитент дохилбуда, миқдори ба шахсони мансабдор мансуббудаи саҳмияҳои эмитент ва ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи он.

4. Маълумот дар бораи саҳмдорони (иштирокчиёни) эмитент:

- маълумот дар бораи миқдори умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) эмитент;

- маълумот дар бораи соҳибони бастаҳои калони саҳмияҳо ва саҳмдороне, ки соҳибони бастаи назоратии саҳмияҳо мебошанд;

- маълумот дар бораи аҳдҳои бастаи эмитент, ки дар бастани онҳо манфиатдории шахсони мансабдори он, шахсони бонуфузи соҳибони бастаҳои калони саҳмияҳо дар се соли охири молиявии баанҷомрасида ё барои ҳар як соли баохиррасида, агар эмитент фаъолияти худро аз се сол камтар амалӣ карда бошад, инчунин дар давраи то санаи таҳияи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок ҷой дошт.

5. Маълумот дар бораи эмиссияи коғазҳои қиматнок:

- сана ва рақами протоколи қабули қарор дар бораи барориши коғазҳои қиматнок;

- намуд, категория (навъ) ва шакли коғазҳои қиматноки эмиссионии паҳншаванда;

- арзиши номиналии ҳар як намуд, категория (навъ), силсилаи коғазҳои қиматноки эмиссионии паҳншаванда;

- ҳаҷми тахминии барориш бо ифодаи пулӣ ва миқдори коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки паҳнкунии он дар назар дошта шудааст;

- нархи (тартиби муайян намудани нархи) паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- мақсади гузаронидани эмиссия ва самтҳои истифодабарии маблағҳое, ки дар натиҷаи паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба даст омадаанд;

- тартиб ва мӯҳлати паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- тартиб ва шартҳои пардохти коғазҳои қиматноки эмиссионии паҳншаванда;

- тартиб ва шартҳои бастани шартномаҳо дар рафти паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолати мавҷуд будани чунин шартҳо;

- маълумот дар бораи биржаи фондӣ, ки дар он фурӯши коғазҳои қиматнок пешбинӣ шудааст;

- номи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок (агар эмитент аз хизматрасонии он истифода намояд);

- амале, ки дар ҳолати барзиёд ё нарасидани сатҳи обунашавӣ иҷро карда мешавад;

- маълумот дар бораи ҳиссаи иштироки давлат дар сармояи оинномавии эмитент, мавҷуд будани ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ");

- тартиби ошкор кардани ахборот дар бораи паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- тартиби баргардонидани маблағҳои аз пардохти коғазҳои қиматнок гирифташуда, дар ҳолати баргузорнагардида эътироф намудани барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- суроғаи маҳалҳои пардохти даромадҳо;

- номгӯй ва натиҷаҳои эмиссияҳои пештараи коғазҳои қиматнок.

6. Маълумот дар бораи вазъи молиявии эмитент, ки инҳоро дар бар мегирад:

- ҳисоботи солонаи молиявии эмитент дар се соли охири молиявии баохиррасида ё барои ҳар як соли молиявии баохиррасида, агар эмитент фаъолияти худро камтар аз се сол амалӣ карда бошад, хулосаи аудитор (аудиторон) нисбат ба ҳисоботи молиявии  мазкур;

- маълумот дар бораи қарздории ҷорӣ ва кредитҳои эмитент;

- маълумот дар бораи далелҳои асосие, ки дар давоми се соли охири баитмомрасидаи молиявӣ ё ҳар соли баитмомрасидаи молиявӣ рух додаанд, агар эмитент фаъолияти худро аз се сол кам амалӣ карда бошад;

- тартиб ва самтҳои истифодаи маблағҳое, ки дар натиҷаи паҳнкунии банақшагирифтаи коғазҳои қиматнок ҷалб карда шудаанд;

- маълумот дар бораи иштироки эмитент дар мурофиаҳои судӣ, дар ҳолатҳое, ки агар чунин иштирок метавонад ба фаъолияти молиявию хоҷагии эмитент таъсир расонад.

7. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқ ба Қонуни мазкур қабул гардидаанд, метавонад ба таркиб, мазмун ва тартиби барасмиятдарории тарҳи барориш талаботи иловагӣ муқаррар карда шавад.

8. Тарҳи барориш бояд аз ҷониби шахсони масъули иттилооти дар тарҳи барориш дарҷгардида, шахсони мансабдор ва шахсони дигари эмитент имзо карда шаванд.

9. Шахсоне, ки ба тарҳи барориш имзо гузоштаанд, барои зараре, ки дар натиҷаи маълумоти носаҳеҳ, нопурра ба соҳиби коғазҳои қиматнок расонида шудааст ва ё сармоягузорро ба иштибоҳ мебарад, якҷоя бо эмитент ба ҷавобгарии иловагӣ кашида мешаванд.

10. Дар ҳолати таъсисдиҳии ҷамъияти саҳомӣ, тарҳи барориш бояд маълумотҳоеро, ки дар қисмҳои 3 ва 5 моддаи мазкур ифода ёфтаанд, дар бар гирад.

11. Дар ҳолати барориши вомбарг, ба ғайр аз маълумоти дар қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур ифодаёфта дар тарҳи барориш бояд маълумоти зерин ифода ёбад:

- мӯҳлати пардохт;

- дигар шартҳо вобаста ба коғазҳои қиматнок;

- кафолати иҷрои ӯҳдадориҳо.

12. Дар тарҳи барориш омилҳои имконпазири хавф дар фаъолияти эмитент алоҳида бояд қайд карда шаванд.

13. Тарҳи барориши эмитенти хориҷӣ, ки паҳнкунии коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, бояд маълумоти иловагии зеринро дар бар гирад:

- мақсадҳои (сабабҳои) паҳнкунии коғазҳои қиматнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тартиби татбиқи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои соҳибони коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ;

- тартиби баррасии баҳсҳои вобаста ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои соҳибони коғазҳои қиматнок ва изҳори даъво нисбат ба эмитент ҳангоми аз ҷониби он иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба коғазҳои қиматнок;

- номгӯи намояндаи эмитент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳо ва масъулияти он дар назди соҳибони коғазҳои қиматнок;

- хавфҳои вобаста ба хариди коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ;

- чораҳои пасткунандаи хавфҳо вобаста ба соҳибӣ кардани коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ;

- маълумот дар бораи рейтинги кредитии эмитент;

- маълумот дар бораи гардиши коғазҳои қиматнок берун аз ҳудуди мамлакат, ки резиденти он эмитент мебошад;

- маълумот дар бораи ҳамаи биржаҳои фондии хориҷӣ, ки дар онҳо савдо бо коғазҳои қиматноки эмитент амалӣ шудааст (мешавад);

- нашрияҳои  даврии чопӣ ва электронӣ, ки аз онҳо дар бораи эмитент маълумоти иловагӣ гирифтан мумкин аст;

- маълумоти дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи Қонуни мазкур қабулшуда, пешбинӣ гардидааст.

 

Моддаи 20. Тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш ҳангоми эмиссияи коғазҳои қиматнок

 

1. Эмитент вазифадор аст ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тағйиру иловаҳоро ба тарҳи барориши коғазҳои қиматнок бо маълумоти муфассали нав барои бақайдгирии он дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи бавуҷудоӣ ё ошкор шудани тағйиру иловаҳо дар ҳолатҳои зерин пешниҳод намояд:

- агар дар маълумоте, ки дар тарҳи барориш дарҷ гардидааст, тағйирот ба вуҷуд ояд;

- агар маълумоти нави муҳим ба вуҷуд ояд, ки бояд дар тарҳи барориш ошкор шавад, агар он то лаҳзаи пешниҳод намудани тарҳи барориш ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҷой дошта бошад;

- агар тарҳи барориш маълумотеро дар бар гирад, ки он бардурӯғ бошад, ба иштибоҳ барад ё дар тарҳи барориш оид ба ошкор кардани ахборот камбудиҳо мавҷуд бошанд.

2. Тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар мӯҳлати на зиёда аз даҳ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод кардани тағйиру иловаҳо ба қайд гирифта мешаванд.

3. Дар давраи бақайдгирии тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки барориши мазкур манъ карда мешавад.

4. Дар ҳолати бақайдгирии тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориш эмитенти коғазҳои қиматнок бо тартиб ва усулҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок, ки мутобиқи Қонуни мазкур қабул гардидаанд, бояд оид ба тағйиру иловаҳои ба тарҳи барориш воридкардашуда ба обуначиёни коғазҳои қиматнок ва ба дигар сармоягузорони коғазҳои қиматноки ба таври кушода паҳншаванда  ахбор ошкор намояд.

 

Моддаи 21. Боздоштани паҳнкунии коғазҳои қиматнок ва бекор кардани тарҳи барориши

                        бақайдгирифташуда

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад паҳнкунии коғазҳои қиматнокро ба мӯҳлати на зиёдтар аз як моҳ боздорад ва пас аз ба охир расидани ин мӯҳлат метавонад бақайдгирии тарҳи бароришро дар ҳолатҳои зерин бекор намояд:

- тарҳи барориш дорои ҳама гуна маълумоте бошад, ки бардурӯғ аст ё  ба иштибоҳ меандозад;

- дар раванди паҳнкунии коғазҳои қиматнок шартҳои пешниҳоди коғазҳои қиматнок вайрон карда шаванд;

- дар раванди паҳнкунии коғазҳои қиматнок талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси Қонуни мазкур қабул гардидаанд, вайрон карда шаванд.

2. Ҳангоми боздоштани паҳнкунии коғазҳои қиматнок пешниҳоди коғазҳои қиматнок дар давоми мӯҳлате, ки паҳнкунӣ боздошта шудааст, манъ аст.

3. Ҳангоми бекор кардани бақайдгирии тарҳи барориш, шахсони паҳнкунандаи коғазҳои қиматнок вазифадоранд паҳнкунии минбаъдаи коғазҳои қиматнокро қатъ кунанд.

4. Агар ҳангоми эмиссияи коғазҳои қиматнок бақайдгирии тарҳи барориш бекор карда шуда бошад, дар ин ҳолат паҳнкунии коғазҳои қиматнок доирнагардида ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 22. Маълумот дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки

                         эмиссионӣ, ки аз ҷониби эмитент ошкор карда мешавад

 

1. Дар ҳолати бақайдгирии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ эмитент вазифадор аст дастрасии иттилоотро, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок мавҷуд аст ба ҳама гуна шахсони ба ин манфиатдор, новобаста ба мақсадҳои гирифтани ин иттилоот, таъмин намояд.

2. Дар ҳолати обунашавии кушода эмитент вазифадор аст дар бораи бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ахборот чоп кунад, ҳамзамон тартиби ба ҳама гуна шахсони манфиатдор дастрас шудани маълумоти дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок бударо дар мақоми нашриявии ахбори омма нишон диҳад.

3. Дар ҳолати обунашавии пӯшида, ки бо бақайдгирии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ сурат мегирад, эмитент вазифадор аст дар бораи бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ахборот чоп намуда, зимнан, тартиби ба соҳибони эҳтимолии коғазҳои қиматнок дастрас шудани иттилоотеро, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок дарҷ мегардад, ишора намояд.

 

Моддаи 23. Шартҳои паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии баровардашуда

 

1. Эмитент ҳуқуқ дорад танҳо пас аз бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ба паҳнкунии коғазҳои қиматнок шурӯъ намояд.

2. Миқдори коғазҳои қиматноки эмиссионии паҳншаванда набояд аз миқдоре, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок нишон дода шудааст, зиёд бошад.

3. Эмитент метавонад миқдори камтари коғазҳои қиматноки эмиссиониро нисбат ба миқдори дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок нишондодашуда паҳн кунад.

4. Миқдори воқеии коғазҳои қиматноки паҳнкардашуда дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои барориш, ки барои тасдиқ пешниҳод мегардад, нишон дода мешавад.

5. Маблағҳои сармоягузорон ҳангоми баргузор нагардидани эмиссия бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок баргардонида мешаванд.

6. Эмитент вазифадор аст паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии баровардашударо на дертар аз як сол аз рӯзи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) давлатии барориши (барориши иловагии) чунин қоғазҳои қиматнок ба охир расонад.

7. Дар мавриди паҳнкунии кушод ё муомилоти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба яке аз соҳибони эҳтимолӣ нисбат ба дигари он додани афзалият ҳангоми харидорӣ намудани коғазҳои қиматнок манъ аст.

8. Муқаррароти мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

- ҳангоми ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ додани ҳуқуқи афзалиятноки харидорӣ намудани барориши нави коғазҳои қиматнок ба миқдоре, ки ба шумораи саҳмияҳои ба онҳо мансуббуда дар лаҳзаи қабули қарор дар бораи эмиссия мутаносиб аст;

- ҳангоми аз ҷониби эмитент ба ғайрирезидентҳо ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо  барои харидорӣ намудани коғазҳои қиматнок.

9. Ба эмитенте, ки коғазҳои қиматнокро паҳн менамояд, истифода бурдани маблағҳое, ки дар рафти фурӯши коғазҳои қиматнок ба даст меоянд, манъ карда мешавад.

10. Маблағҳои пулие, ки дар рафти фурӯши коғазҳои қиматнок ба даст меоянд, то аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок баргузоргардида ё баргузорнагардида эътироф намудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок дар ҳисоби бонкии бонки хизматрасон нигоҳ дошта мешаванд.

11. Дар ҳолати баргузоргардида эътироф шудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби эмитент гузаронида мешаванд, коғазҳои қиматнок бошанд ба моликияти сармоягузорон (харидорон) ба ҳисоби онҳо гузаронида мешаванд.

12. Дар ҳолати баргузорнагардида эътироф шудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок:

- маблағҳои пулие, ки аз паҳнкунии коғазҳои қиматнок ба даст омадаанд, дар давоми се рӯзи корӣ пас аз рӯзи баргузорнагардида эътироф шудани паҳнкунии коғазҳои қиматнок ба сармоягузорон баргардонида мешаванд;

- коғазҳои қиматнок ба ҳисоби эмитенте, ки ин коғазҳои қиматнокро паҳн кардааст, баргардонида мешаванд. Ҳамзамон коғазҳои қиматноки эмиссияи мазкур, ки паҳнкунии онҳо баргузорнагардида эътироф шудааст, бекор карда мешаванд.

13. Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои 7 ва 8 моддаи мазкур муқаррар гардидаанд, нисбат ба паҳнкунии вомбарг татбиқ намегарданд.

14. Тартиби нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии маблағҳое, ки аз фурӯши вомбарг ворид мегарданд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 24. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои

                         қиматноки эмиссионӣ

 

1. Эмитент вазифадор аст на дертар аз сӣ рӯзи пас аз ба охир расидани паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҳисобот пешниҳод намояд.

2. Дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:

- санаҳои шурӯъ гардидан ва ба охир расидани паҳнкунии коғазҳои қиматнок;

- нархи (нархҳои) воқеии паҳнкунии коғазҳои қиматнок;

- миқдори коғазҳои қиматноки паҳншуда;

-ҳиссаи коғазҳои қиматноки паҳнкардашуда ва паҳнкарданашудаи барориш;

- ҳаҷми умумии воридшавии маблағҳо барои коғазҳои қиматноки паҳншуда, аз ҷумла ҳаҷми маблағҳо бо пули миллӣ, ки барои пардохти коғазҳои қиматнок супорида шудаанд, ҳаҷми маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ, ки барои пардохти коғазҳои қиматноки паҳнкарда супорида шудаанд ва дар лаҳзаи супоридан аз рӯи қурби Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, ҳаҷми дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, ки ҳамчун пардохт барои паҳнкунии коғазҳои қиматнок супорида шуда,  бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд;

- дар бораи аҳдҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аҳдҳои калон эътироф мегарданд ва аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиатдорӣ мавҷуд аст ва дар раванди паҳнкунии коғазҳои қиматнок иҷро шудаанд.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди ҳисобот дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ оид ба тасдиқи ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнок қарор барорад ё паҳнкунии мазкури коғазҳои қиматнокро баргузорнагардида эътироф намуда, бақайдгирии тарҳи бароришро бекор кунад.

4. Дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи ҳисобот дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок эмитент вазифадор аст натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнокро тавассути чоп кардани натиҷаҳои он ошкор намояд.

5. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнок  аз ҷониби шахсе, ки вазифаи мақоми инфиродии иҷроияи эмитентро амалӣ менамояд ва сармуҳосиби он ба имзо расонида мешавад.

6. Шахсоне, ки ҳисобот оид ба натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро ба имзо мерасонанд, ҳангоми мавҷуд будани гуноҳи онҳо барои зараре, ки аз ҷониби эмитент ба соҳибони коғазҳои қиматнок дар натиҷаи дар ҳисоботи мазкур дарҷ гардидани маълумоти носаҳеҳ, нопурра ва ё сармоягузорро баиштибоҳбаранда, ки аз ҷониби онҳо тасдиқ шудааст, якҷоя масъулияти субсидиарӣ доранд.

 

Моддаи 25. Боздоштани барориши коғазҳои қиматнок. Баргузорнагардида ё беэътибор

                        эътироф намудани барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки

                        эмиссионӣ

 

1. Барориши коғазҳои қиматнок метавонад дар ҳама гуна давраҳои расмиёти  эмиссия то тасдиқи ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҳангоми ошкор гардидани қоидавайронкуниҳои зерин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок боздошта шавад:

- дар ҷараёни эмиссия аз ҷониби эмитент вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок;

- дар ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ амалӣ шудааст, ошкор намудани иттилооти носаҳеҳ ё баиштибоҳбаранда.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад эмиссияи коғазҳои қиматнокро то бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ боздорад. Дар ин ҳолат рафти мӯҳлати паҳнкунии коғазҳои қиматнок то лаҳзаи идома додани эмиссия боздошта мешавад. Идома додани эмиссия бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок амалӣ мегардад.

3. Тартиби боздоштан ва идома додани эмиссияи коғазҳои қиматнок бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешавад.

4. Барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ метавонад бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок то ба қайди давлатӣ гирифтани ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ баргузорнагардида эътироф карда шавад.

5. Асос барои баргузорнагардида эътироф кардани барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнок инҳо мебошанд:

- дар рафти эмиссияи коғазҳои қиматнок аз ҷониби эмитент вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танҳо бо роҳи аз муомилот гирифтани коғазҳои қиматноки эмиссионии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнок   бартараф карда мешавад;

- дар ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ амалӣ карда шудааст, ошкор намудани маълумоти носаҳеҳ ё баиштибоҳбаранда, ки боиси вайрон гардидани ҳуқуқҳо ва ё манфиатҳои қонунии сармоягузорон ё соҳибони коғазҳои қиматноки эмитент мегардад;

- аз ҷониби эмитент ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод нагардидани ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пас аз ба охир расидани мӯҳлати паҳнкунии онҳо;

- паҳн накардани ягон коғази қиматноки барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

- аз ҷониби эмитент иҷро накардани талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар бораи бартараф намудани вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми эмиссияи коғазҳои қиматнок ба он  роҳ дода шудааст.

6. Барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ метавонад бо даъвои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар асоси қарори суд беэътибор дониста шавад

7. Беэътибор донистани аҳдҳои алоҳида, ки дар раванди паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ баста мешаванд, боиси беэътибор гардидани барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ намегардад.

8. Баргузорнагардида ё беэътибор донистани барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ боиси бекор гардидани бақайдгирии давлатии он, аз муомилот гирифтани коғазҳои қиматноки эмиссионии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионии мазкур ва ба соҳибони чунин коғазҳои қиматноки эмиссионӣ баргардонидани маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигаре, ки эмитент барои пардохти онҳо гирифтааст, мегардад.

9. Тартиби аз муомилот гирифтани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва ба соҳибони чунин коғазҳои қиматноки эмиссионӣ баргардонидани маблағҳо ё молу мулки дигар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.

10. Ҳамаи хароҷоти вобаста ба баргузорнагардида ё беэътибор донистани барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва баргардонидани маблағҳо ба соҳибони онҳо аз ҳисоби эмитент амалӣ карда мешаванд.

11. Соҳибони коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки бинобар сабаби баргузорнагардида ё беэътибор донистани барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ зарар дидаанд, ҳуқуқ доранд товони зарари расонидаро аз эмитенти коғазҳои қиматнок талаб намоянд.

 

Моддаи 26. Тадбирҳои иловагӣ оид ба ҳимояи манфиатҳои сармоягузорон

 

1. Агар дар давраи гузаронидани фурӯши озоди коғазҳои қиматнок эмитент ба маълумот дар бораи барориши коғазҳои қиматнок, ки дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок нишон дода шудааст, ислоҳот дарорад, шахсоне, ки ба коғазҳои қиматнок обуна шудаанд ё онҳоро харидаанд, метавонанд дар давоми понздаҳ рӯзи баъди нашри маълумоти нав шартномаро бекор намоянд, агар онҳо чунин шуморанд, ки ин ислоҳот метавонанд ба қурби (арзиши) коғазҳои қиматнок таъсири номусоид расонанд.

2. Дар сурати шартномаро бекор кардани харидор эмитент барои талофӣ намудани хароҷоту зиёнҳои сармоягузорон, ки ба обунашавӣ ва харидории коғазҳои қиматнок алоқаманданд, масъул мебошад.

3. Агар ахбори аввал нашргардидаи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок, ки минбаъд ба он тағйирот ворид шудааст, аз тарафи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок тасдиқ шуда бошад, ин иштирокчӣ якҷоя бо эмитент дар назди сармоягузорон масъул мебошад.

4. Агар маблағи воқеии обунашавӣ ё харидории коғазҳои қиматнок аз маблағе, ки онро эмитент дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок эълон карда буд, кам бошад, шахсоне, ки ба коғазҳои қиматнок обуна шудаанд ё онҳоро харидорӣ  намудаанд, дар мӯҳлати понздаҳ рӯзи баъди ба итмом расидани мӯҳлати обунашавӣ метавонанд шартномаро бекор кунанд. Эмитент бошад, дар ин ҳолат вазифадор аст ба сармоягузорон пулҳои гирифтаашро бе ӯҳдадории пардохти фоизҳо ва талофии хароҷот ё зиёнҳои эҳтимолӣ баргардонад.

5. Дар мавриди аз маблағи дар тарҳи барориши коғазҳои қиматнок эълонгардида зиёд будани маблағи обуна эмитент вазифадор аст ба обуначиён пулҳоро ба миқдоре баргардонад, ки аз андозаи барориши эълонгардида зиёд мебошад. Тартиби баргардонидани маблағҳо дар маълумот дар бораи барориши коғазҳои қиматнок тавсиф мегардад.

 

Моддаи 27. Хусусиятҳои барориши вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъияти хоҷагидорӣ

 

1. Барориши вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъияти хоҷагидорӣ пас аз пардохти пурраи сармояи оинномавии он иҷозат дода мешавад.

2. Арзиши номиналии ҳамаи вомбаргҳои ҷамъияти хоҷагидорӣ набояд аз андозаи сармояи оинномавии он ва ё ҳаҷми таъминоте, ки бо ин мақсадҳо ба ҷамъияти хоҷагидорӣ аз ҷониби шахсони сеюм дода шудааст, зиёд бошад.

3. Ҳангоми набудани таъминоте, ки аз ҷониби шахси сеюм дода шудааст, барориши вомбаргҳо на пештар аз соли сеюми мавҷудияти ҷамъияти хоҷагидорӣ ва бо шарти ба тариқи муносиб тасдиқ гардидани ҳисоботи солонаи муҳосибӣ дар ду соли ба охир расидаи молиявӣ иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 28. Ҳуқуқи моликият ба коғазҳои қиматнок

 

1. Ҳуқуқи соҳибони коғазҳои қиматноки шакли ҳуҷҷатии барориш бо коғазҳои қиматнок, сертификатҳо ва сабтҳо аз рӯи ҳисоби депо дар маҳфуздорандаҳо (агар сертификатҳо барои нигоҳдорӣ ба маҳфуздоранда супорида шуда бошанд) тасдиқ мегардад.

2. Ҳуқуқи моликият ба коғазҳои қиматноки шакли барориши ғайриҳуҷҷатӣ дар низоми пешбурди феҳрист - бо сабтҳо дар ҳисобҳои шахсии нигоҳдорандаи  феҳрист ё дар ҳолати баҳисобгирии ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок дар маҳфуздоранда - бо қайдҳо аз рӯи ҳисоби депо дар маҳфуздоранда  тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 29. Гузариши ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок

 

1. Ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки номии ғайриҳуҷҷатӣ дар ҳолатҳои зерин ба харидор мегузарад:

- ба ҳисоб гирифтани ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок дар низоми пешбурди феҳрист - аз лаҳзаи ворид намудани қайдҳои воридотӣ дар ҳисоби шахсии харидор;

- ба ҳисоб гирифтани ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок ба шахсе, ки фаъолияти маҳфуздорандагиро амалӣ менамояд - аз лаҳзаи ворид намудани қайди воридотӣ аз рӯи ҳисоби депои харидор.

2. Тартиби гузаштани ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, дар ин ҳолат маҳфуздоранда ё нигоҳдорандаи феҳрист метавонанд коғазҳои қиматнокро аз ҳисоби як нигоҳдорандаи бақайдгирифташуда ба ҳисоби шахси дигар бо асосҳои зерин интиқол диҳанд:

- бо супориши шахси бақайдгирифташуда;

- фармоиши интиқолӣ;

- бо ҳуҷҷатҳое, ки бастани аҳдро дар биржаи фондӣ тасдиқ менамоянд;

- бо ҳуҷҷатҳое, ки вориси ҳуқуқиро тасдиқ менамоянд;

- бо қарори суд.

4. Шахсе, ки пешбурди феҳристи нигоҳдорандагони коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, вазифадор аст дар бораи гузариши ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок дар феҳрист дар давоми се рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи гирифтани ҳуҷҷатҳо қайди дахлдор кунад ё раддияи асоснокро ба қайди дахлдор пешкаш намояд.

5. Дар ҳолатҳое, ки агар маълумот дар бораи ҷой доштани бавуҷудоӣ, гузариш (супоридан), тағйир ёфтан, гаронӣ ва қатъ гардидани ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок ба шахси баҳисобгирандаи ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок дар лаҳзаи пӯшида шудани феҳрист барои иҷрои ӯҳдадориҳои эмитент, ки таркиби коғазҳои қиматнокро (овоздиҳӣ, гирифтани суди саҳмия ва ғайраҳо) дар бар мегирад, хабар дода нашудааст, иҷрои ӯҳдадориҳо нисбат ба шахси бақайдгирифташуда муносиб эътироф мегардад. Масъулият барои сари вақт расонидани чунин огоҳисозӣ ба ӯҳдаи харидори коғазҳои қиматнок вогузор мешавад.

6. Маълумот дар бораи соҳибони коғазҳои қиматнок, миқдори ба онҳо тааллуқдоштаи коғазҳои қиматнок ва дар бораи амалиёт бо онҳо махфӣ мебошад, ба истиснои маълумот дар бораи соҳибони бастаи калони саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии кушода, ки мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад.

7. Маълумоти мазкур метавонад ба инҳо дода шавад:

- ба соҳибони коғазҳои қиматнок ва намояндагони қонунии онҳо;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок;

- ба шахсони дигар дар асоси санади судӣ, ки қувваи қонунӣ пайдо кардааст.

 

Моддаи 30. Гардиши коғазҳои қиматнок

 

1. Аҳдҳо оид ба хариду фурӯши коғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бозори муташаккил ва номуташаккил баста мешаванд. Аҳдҳо дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок аз ҷониби иштирокчиёни касбӣ бо роҳи хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи худ ё аз номи муштарӣ, аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби муштарӣ баста мешаванд.

2. Аҳдҳо дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок метавонанд ҳам аз ҷониби худи сармоягузорон ва ҳам бо истифодаи хизмати иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок баста шаванд.

3. Ваколатҳои иштирокчии касбӣ дар бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо бастани шартнома бо муштариёнe, ки шартҳои барои бастан ва иҷрои аҳдҳо зарурро муайян мекунанд, тасдиқ мегарданд.

4. Расмиёти бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва сабти онҳо бо қоидаҳои ташкилоти дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок амалкунанда муайян карда мешавад.

 

БОБИ 5.

ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 31. Ошкор кардани иттилоот

 

1. Зери мафҳуми ошкор кардани иттилоот таъмини дастрасии он ба ҳамаи шахсони ба ин ҳавасманд, новобаста ба мақсадҳои гирифтани иттилооти мазкур мутобиқи расмиёте, ки дарёфт кардан ва гирифтани онро кафолат медиҳад, фаҳмида мешавад.

2. Иттилооти дастраси ҳама дар бозори коғазҳои қиматнок иттилоте эътироф карда мешавад, ки  барои дастрасии он имтиёзҳоро талаб намекунад ё он бояд мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда шавад.

3. Эмитенте, ки ҷамъияти саҳомии кушода мебошад, вазифадор аст иттилоотро дар шакли ҳисоботи солона, ки дар таркиби он ҳисоботи молиявии эмитент барои як сол ва дигар иттилооти пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок шомил мебошанд, ошкор созад.

4. Ҳисоботи молиявие, ки ба таркиби ҳисоботи солона шомил мебошад, бояд мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда шавад.

5. Ҳисоботи солона бояд инҳоро дар бар гирад:

- ҳисоботи солонаи молиявии эмитент ва хулосаи аудитор нисбат ба он;

- иттилоот дар бораи ҳамаи коғазҳои қиматноки дар давоми соли ҳисоботӣ баровардаи эмитент;

- маълумот дар бораи миқдори умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) эмитент;

- рӯйхати ҳамаи саҳмдорони калон ва саҳмдорон - соҳибони бастаҳои назоратии саҳмияҳо ва ҳиссаи онҳо дар миқдори саҳмияҳои эмитент;

- маълумот дар бораи ҳар як шахси мансабдори эмитент;

- тавсифи кӯтоҳи таҷрибаи идоракунии корпоративии эмитент;

- маълумоти дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур қабул шудаанд.

6. Ҳисоботи солона на дертар аз навад рӯзи тақвимии пас аз санаи баитмомрасии соли ҳисоботӣ таҳия мегардад.

7. Ифодаи кӯтоҳи ҳисоботи солона, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар воситаҳои чопӣ ё электронии ахбори омма чоп карда мешавад.

8. Нусхаи ҳисоботи солона бояд барои шиносшавӣ ба ҳамаи шахсони манфиатдор, ки ба онҳо нусхаи ҳисобот бо пардохти маблағе, ки аз хароҷот барои тайёр кардани он зиёд нест, метавонад дастрас бошад.

9. Эмитент бояд ба биржаи фондие, ки листинги коғазҳои қиматноки онро анҷом додааст, нусхаи ҳисоботи солонаро на дертар аз сӣ рӯзи тақвимӣ пас аз тасдиқ гардидани ҳисоботи солона аз ҷониби мақоми ваколатдори эмитент пешниҳод намояд.

10. Ҳисоботи солона ва иттилоот дар бораи ошкорсозии он ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок на дертар аз чил рӯзи тақвимӣ аз санаи тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи мақоми ваколатдори эмитент пешниҳод карда мешавад.

11. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад ҳисоботи солонаи эмитентро нашр кунад ё бо тарзи дигар дастрасии онро ба доираи васеи шахсон таъмин намояд.

 

Моддаи 32. Аз ҷониби эмитент ошкор кардани иттилоот дар бораи далелҳои муҳим

 

1. Эмитенте, ки ҷамъияти саҳомии кушода мебошад, вазифадор аст маълумотро дар бораи далелҳои муҳим (ҳодисаҳо, амалиёт), ки ба фаъолияти молиявию хоҷагии он таъсир мерасонанд, ошкор созад.

2. Ба далелҳои муҳим ҳодисае (далеле), ки ба фаъолияти молиявию хоҷагии эмитент ва ё ба нархи коғазҳои қиматнок метавонад таъсир расонад, мансуб мебошад, аз ҷумла:

- тағйирот дар рӯйхати шахсони ба мақоми идоракунии эмитент шомилбуда (ба истиснои маҷлиси умумии саҳмдорон);

- тағйирот дар андозаи иштироки шахсони ба мақоми интихобии идоракунии эмитент дохилбуда, дар сармояи эмитент, инчунин ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи он;

- тағйирот дар рӯйхати соҳибони панҷ ва зиёда аз он фоизи коғазҳои қиматнок (ҳиссаҳо), инчунин дар бораи тағйироти ҳиссаҳои соҳибони панҷ фоиз  ва ё зиёда аз он коғазҳои қиматнок (ҳиссаҳо) доранд;

- тағйирот дар рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки дар он эмитент соҳиби бист ва зиёда аз он  фоизи сармояи оинномавӣ мебошад;

- дар феҳристи эмитент пайдо шудани шахсе, ки соҳиби беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои овоздиҳанда (ҳиссаҳо) мебошад;

- далелҳое, ки боиси якбора беш аз даҳ фоиз зиёдшавӣ ё камшавии арзиши дороиҳои эмитент гардидаанд;

- далелҳое, ки боиси якбора беш аз даҳ фоиз зиёд шудани даромади соф ва зарари софи эмитент гардидаанд;

- далелҳо дар бораи аҳдҳои якдафъаинаи эмитент, ки андозаи онҳо ё арзиши молу мулк аз рӯи онҳо даҳ фоиз ва зиёда аз он дороиҳои эмитентро дар санаи бастани аҳд ташкил медиҳад;

- азнавташкилдиҳии эмитент, ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи он;

-даромадҳои ҳисобкардашуда ва ё пардохтшаванда (пардохтшуда) аз рӯи коғазҳои қиматноки эмитент;

- қарорҳои маҷлиси умумӣ;

- пардохти коғазҳои қиматноки эмитент;

- ҳодисаҳои (далелҳои) дигар, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешбинӣ шудаанд.

3. Эмитент на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи фарорасии далели муҳим вазифадор аст:

- дар бораи далелҳои муҳим дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намояд;

- дар бораи далелҳои муҳим ба биржаи фондӣ маълумот пешниҳод намояд, агар коғазҳои қиматноки эмитенти мазкур дар биржаи фондӣ нархгузорӣ (котировка) карда шаванд.

4. Эмитент на дертар аз се рӯзи корӣ аз санаи ошкор намудани иттилоот дар бораи далелҳои муҳим бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур вазифадор аст дар бораи далелҳои муҳим ва ошкор намудани онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок маълумот фиристонад.

5. Биржаи фондӣ вазифадор аст на дертар аз се рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани иттилоот дар бораи далелҳои муҳим ба иштирокчиёни савдои худ дар бораи далелҳои муҳим маълумот диҳад. Иштирокчии савдо дар мӯҳлати се рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани иттилоот вазифадор аст мизоҷони худро бо иттилоот дар бораи далелҳои муҳим, ки ба ӯ пешниҳод гардида буданд, шинос намояд.

6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад иттилооти эмитентҳоро дар бораи далелҳои муҳим нашр намояд ё дастрасии онҳоро бо тарзи дигар ба доираи васеи шахсон таъмин намояд.

 

Моддаи 33. Иттилооти хизматӣ

 

1. Иттилооти хизматӣ ҳама гуна иттилооти дастраси умуминабуда  дар бораи эмитент ва коғазҳои қиматноки эмиссионии баровардаи ӯ ҳисоб меёбад, ки шахсони дорои онро  бинобар  вазъи хизматӣ, ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ё шартномаҳои бо эмитент басташуда дар муқоиса бо дигар иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок дар мавқеи афзалиятнок ҷой медиҳад.

2. Ба шахсони дорои иттилооти хизматӣ инҳо мансубанд:

- аъзои мақоми идоракунии эмитент;

- аудиторони эмитент ё иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо шартнома бо ин эмитент алоқаманд мебошад;

- хизматчиёни мақомоти давлатӣ, ки бинобар доштани ваколатҳои назоратӣ ва ваколатҳои дигар ба иттилооти мазкур дастрасӣ доранд.

3. Ҳамзамон зери мафҳуми аъзои мақоми идоракунии эмитент  шахсоне фаҳмида мешаванд, ки доимо ё муваққатан дар шахсони ҳуқуқии мазкур вазифаҳои вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои ташкилию роҳбарӣ ё маъмурию хоҷагиро ишғол менамоянд, инчунин  аз рӯи ваколати махсус чунин ӯҳдадориҳоро иҷро мекунанд.

4. Шахсони воқеие, ки ба иттилооти хизматии ба корхонаҳо-эмитентҳо мансуббуда роҳ дода шудаанд, инчунин аъзоёни оилаи онҳо метавонанд коғазҳои қиматноки ин эмитентҳоро танҳо бо шарти бо худ нигоҳ доштани онҳо ба мӯҳлати на кам аз шаш моҳ харидорӣ намоянд.

5. Шахсоне, ки дорои иттилооти хизматӣ мебошанд, ҳуқуқ надоранд иттилооти хизматиро барои бастани аҳд ба шахсони сеюм маълум намоянд.

 

БОБИ 6.

ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ ДАР БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 34. Намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Дар бозори коғазҳои қиматнок намудҳои зерини фаъолияти касбӣ муқаррар карда мешаванд:

- фаъолияти брокерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;

- фаъолияти дилерӣ дар бозори  коғазҳои қиматнок;

- оид ба идораи портфели коғазҳои  қиматнок;

- оид ба муайян кардани ӯҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок;

- оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок;

- фаъолияти маҳфуздорӣ;

- фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок.

2. Иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок шахсони ҳуқуқие буда метавонанд, ки танҳо бо фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок машғул мебошанд.

 

Моддаи 35. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои

                        қиматнок

 

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 36. Шартҳое, ки мувофиқи онҳо ба пешбурди фаъолияти касбӣ бо коғазҳои

                         қиматнок ҳамчун иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок иҷозат дода

                         намешавад

 

1. Шахси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии он ҳиссаи ягон иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ё ҳиссаи шахси ҳуқуқӣ, ки ширкаткунандаи он иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок мебошад, аз бист фоиз зиёд аст, барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти касбӣ бо коғазҳои қиматнок ҳамчун иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок иҷозатнома гирифта наметавонад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок наметавонад аз дигар иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок моликиятро ба андозаи беш аз панҷ фоизи фонди оинномавӣ харидорӣ намояд.

3. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок наметавонад бо инҳо савдо кунад:

- коғазҳои қиматноки манзурии барориши худ;

- саҳмияҳои он эмитенте, ки ӯ соҳиби беш аз панҷ фоизи фонди оинномавии он мебошад.

4. Маълумоти дар моддаи мазкур ифодагардида наметавонад ҳамчун сирри тиҷоратии иштирокчиёни аҳдҳо эътироф гардад.

 

Моддаи 37. Талабот нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок бояд ба талаботи зерин мутобиқат намояд:

- доштани воситаҳои барномавию техникӣ ва таҷҳизоти дигар, ки барои амалӣ намудани фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок заруранд;

- ҳуҷҷатҳои дохилии иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимкунанда, ки шарт ва тартиби амалӣ намудани фаъолиятро дар бозори коғазҳои қиматнок муқаррар менамоянд, бояд ба талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мувофиқат намоянд;

- риояи дигар талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Кормандони иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки дар амалӣ намудани фаъолияти касбӣ бевосита иштирок менамоянд, вазифадоранд ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мувофиқ бошанд.

3. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ва додани шаҳодатномаи тахассусиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар менамояд.

4. Шаҳодатномаи тахассусӣ ба мӯҳлати амали иҷозатномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дода мешавад.

 

Моддаи 38. Фаъолияти брокерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолияти брокерӣ ин фаъолият оид ба бастани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ бо коғазҳои қиматнок бо супориши мизоҷ аз ном ва аз ҳисоби мизоҷ ё аз номи худ ва аз ҳисоби мизоҷ дар асоси шартномаи дахлдор бо мизоҷ эътироф мегардад.

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти брокериро амалӣ менамояд, брокер ном бурда мешавад.

3. Брокер вазифадор аст коғазҳои қиматнок, маблағҳои мизоҷон ва амалиётро бо онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирад.

4. Пул ва коғазҳои қиматноки мизоҷ алоҳида аз дороиҳои шахсии брокер ба ҳисоб гирифта мешаванд ва дар ҳолати муфлисшавӣ ё барҳамдиҳии ихтиёрии брокер ба тавозуни барҳамдиҳӣ дохил карда намешаванд.

5. Брокер баҳисобгирии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки мизоҷони худро дар маҳфуздоранда, нигоҳдории пулҳои мизоҷро дар ҳисоби (ҳисобҳои) алоҳида дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки брокер ё маҳфуздорандаи брокер мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодааст, таъмин менамояд. Дороиҳои мизоҷони брокер, ки дар маҳфуздоранда ё дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷойгир мебошанд, наметавонанд аз рӯи ӯҳдадориҳои брокер ситонида шаванд.

6. Аз ҷониби брокер бе супориши хаттии мизоҷ аз номи мизоҷ харидан ё фурӯхтани коғазҳои қиматнок ё ба шахси дигар додани коғазҳои қиматноке, ки ба мизоҷ мансубанд, манъ аст.

7. Брокер вазифадор аст супоришҳоеро, ки ӯ ё шахси ваколатдори вай аз мизоҷон мегирад, бо нишон додани номи ҳар як мизоҷи  супоришдода, тафсилоти супориш ва вақти воридшавии он ҳаррӯза ба ҳисоб гирад.

8. Брокер вазифадор аст ба мизоҷон ошкорсозии иттилоотро дар бораи коғазҳои қиматноке, ки мавзӯи аҳдҳо мебошанд, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур таъмин намояд.

9. Брокер вазифадор аст супоришҳои мизоҷонро барои харид, фурӯш ва ивази коғазҳои қиматнок бо тартибе, ки супориш ворид мешавад, иҷро намояд ва вазифадор аст ба супориши мизоҷ нисбат ба супоришҳои шахсии брокер ё шахси бонуфуз ё шахси ба брокер алоқаманд доир ба амалиёт бо коғазҳои қиматнок афзалият диҳад.

10. Брокер вазифадор аст супориши мизоҷро бечунучаро иҷро намояд, агар иҷрои супориш бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад. Дар ин ҳолат брокер вазифадор аст ба мизоҷ хабар расонад, ки вай ҳуқуқ надорад супориши ӯро иҷро намояд.

11. Брокер ҳуқуқ надорад бо коғазҳои қиматноке, ки эмитенти он худи ӯ мебошад, аҳдҳо бандад.

12. Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 39. Фаъолияти дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолияти дилерӣ ин бастани аҳдҳои хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ бо роҳи эълони оммавии нархҳои харид ва ё фурӯши коғазҳои қиматноки муайян бо ӯҳдадории харид ва ё фурӯши ин коғазҳои қиматнок аз рӯи нархи эълоннамудаи шахсе, ки чунин фаъолиятро амалӣ менамояд, эътироф мегардад.

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки фаъолияти дилериро амалӣ менамояд, дилер ном бурда мешавад.

3. Ба ғайр аз нарх дилер ҳуқуқ дорад дигар шартҳои муҳими шартномаи хариду фурӯши коғазҳои қиматнокро эълон намояд:

- миқдори камтарин ва зиёдтарини коғазҳои қиматноки харидашаванда ва ё фурӯхташаванда;

- инчунин мӯҳлате, ки дар давоми он нархҳои эълоншуда амал мекунанд.

4. Ҳангоми дар эълон набудани ишора ба дигар шартҳои муҳим дилер вазифадор аст тибқи шартҳои муҳими аз ҷониби мизоҷ пешниҳодшуда шартнома бандад.

5. Дар ҳолати саркашӣ кардани дилер аз бастани шартнома нисбат ба он мумкин аст дар бораи бастани маҷбурии чунин шартнома ва ё дар бораи ҷуброни зарари ба мизоҷ расонидашуда даъво карда шавад.

6. Дилер ҳуқуқ надорад бо коғазҳои қиматноке, ки эмитенти он  худи ӯ мебошад, аҳдҳо бандад.

7.  Тартиби амалӣ намудани фаъолияти дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

 

Моддаи 40. Фаъолият оид ба идоракунии портфели коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолият оид ба идоракунии портфели коғазҳои қиматнок ин фаъолият оид ба идоракунии бовариноки коғазҳои қиматнок эътироф мегардад, ки ба шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби соҳиби ин коғазҳо мутобиқи шартномаи басташуда пешкаш гардидаанд.

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти идоракунии портфели коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, идоракунанда номида мешавад.

3. Фаъолият оид ба идоракунии портфели коғазҳои қиматнок аз ҷониби идоракунанда бо мақсади гирифтани фоида ба манфиати мизоҷи идоракунанда бар ивази мукофтпулӣ амалӣ карда мешавад.

4. Идоракунанда соҳиби дороиҳои мизоҷ намебошад.

5. Молу мулки идоракунанда бояд аз молу мулки мизоҷони идоракунанда ҷудо карда шавад.

6. Ситонидани дороиҳои инвеститсионии мизоҷони ширкати идоракунанда аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкати идоракунанда манъ аст.

7. Тартиби амалӣ намудани фаъолият оид ба идоракунии портфели коғазҳои қиматнок, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои идоракунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 41. Фаъолият оид ба муайян намудани ӯҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи

                         амалиёт бо коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолият оид ба муайян намудани ӯҳдадориҳои тарафҳо (ҷамъоварӣ, муқоиса, таҳрири иттилоот оид ба аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва тайёр кардани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ аз рӯи онҳо) ва ҳисобӣ аз рӯи таъмини коғазҳои қиматнок ва ҳисоббаробаркуниҳо бо онҳо фаъолияти клирингӣ эътироф мегардад.

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти клирингиро амалӣ менамояд, ташкилоти клирингӣ номида мешавад.

3. Ташкилотҳое, ки клирингро бо коғазҳои қиматнок амалӣ менамоянд, бинобар сабаби ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳои муҳосибиро, ки ҳангоми муайян намудани ӯҳдадориҳои тарафҳо дар асоси шартномаҳо бо иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок омода карда шуданд, ки барои онҳо ҳисоббаробаркунӣ гузаронида мешавад, барои иҷро қабул мекунанд.

4. Ташкилоти клирингӣ вазифадор аст қоидаҳои амалӣ намудани фаъолияти клирингиро тасдиқ кунад.

5. Талабот нисбат ба ташкилотҳои клирингӣ, инчунин қоидаҳои амалӣ намудани клиринг бо коғазҳои қиматнок аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешаванд.

6. Қоидаҳои амалӣ намудани клиринг бо коғазҳои қиматнок, инчунин тағйиру иловаҳо ба онҳо бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мувофиқа карда шаванд.

7. Ташкилоти клирингӣ, ки ҳисоббаробаркуниро аз рӯи аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок амалӣ менамояд, вазифадор аст барои паст кардани хавфҳои иҷро накардани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок фондҳои махсус таъсис диҳад.

8. Андозаи камтарини фондҳои махсуси ташкилоти клирингиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар менамояд.

 

Моддаи 42. Фаъолият оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолият оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок ин фаъолият оид ба ҷамъкунӣ, қайдкунӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва пешниҳод кардани маълумоте эътироф мегардад, ки низоми пешбурди феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнокро ташкил медиҳад.

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолиятро оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок амалӣ менамояд, дорандаи феҳрист номида мешавад.

3. Эмитенти коғазҳои қиматнок бояд бо нигоҳдорандаи феҳристи коғазҳои қиматнок барои пешбурд ва нигоҳдории феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок шартнома бандад.

4. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок барои пешбурди феҳристи саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст ва аз рӯи хусусияти фаъолияти худ объектҳои махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд, ҳуқуқ дорад.

5. Ҷамъияти саҳомии пӯшида ҳуқуқ дорад пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдоронро мустақилона таъмин намояд ё пешбурд ва нигоҳдории онро ба нигоҳдорандаи феҳрист супорад.

6. Феҳристи дорандагони  коғазҳои қиматноки як эмитент бояд аз ҷониби як нигоҳдорандаи феҳрист пеш бурда шавад. Нигоҳдорандаи феҳрист метавонад феҳристҳои соҳибони коғазҳои қиматноки шумораи номаҳдуди эмитентҳоро пеш барад.

7. Тартиби пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок, супоридани феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дигари вобаста ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.

8.  Нигоҳдорандаи феҳрист вазифадор аст бо талаби дорандаи коғазҳои қиматнок иқтибосро аз феҳрист, ки дорои маълумот дар бораи соҳиби ҳисоби шахсӣ, миқдори коғазҳои қиматноки мансуб ба ҳамин  дорандаи талабкунанда, далелҳои гаронии онҳо бо ӯҳдадориҳо, инчунин иттилооти дигари марбут ба ин коғазҳои қиматнок мебошад, пешниҳод намояд. Иқтибос аз низоми пешбурди феҳрист, ки ҳангоми гузариши ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок ба расмият дароварда шудаанд, ба соҳибони онҳо ройгон дода мешавад.

9. Дар ҳолати қатъ кардани амали шартнома аз рӯи нигоҳдории низоми пешбурди феҳрист байни эмитент ва нигоҳдорандаи феҳрист, нигоҳдорандаи феҳрист иттилоотро, ки аз эмитент гирифтааст, ҳамаи маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки низоми пешбурди феҳристро ташкил медиҳанд, инчунин феҳристеро, ки дар санаи қатъ кардани амали шартнома таҳия гардидааст, ба дигар нигоҳдорандаи феҳристи нишондодаи эмитент месупорад.

10. Нигоҳдорандаи феҳрист, инчунин кормандони он, муассисон набояд шахси бонуфузи эмитент, шахси мансабдори он ва иштирокчии эмитент бошанд, ки мустақилона ё якҷоя бо шахсони бонуфуз соҳиби панҷ  фоиз ва зиёда аз он саҳмияҳои эмитенти мазкурро соҳибӣ менамоянд.

11. Нигоҳдорандаи феҳрист ҳуқуқ надорад дар ихтиёри худ коғазҳои қиматноки эмитентеро, ки феҳристи нигоҳдории коғазҳои қиматноки онро  пеш мебарад, дошта бошад.

12. Раддияи беасоси нигоҳдорандаи феҳрист дар бораи ворид намудани қайдҳо ба феҳрист ё саркашӣ кардан аз чунин қайдҳо боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

13. Нигоҳдорандаи феҳрист барои зараре, ки бинобар сабаби ғайриимкон гардидани амалисозии ҳуқуқҳои қонунии мизоҷ дар натиҷаи аз ҷониби нигоҳдорандаи феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок вайрон кардани тартиби пешбурди феҳрист дар назди мизоҷ масъул мебошад.

14. Нигоҳдорандаи феҳрист барои аз ҷониби эмитент пешниҳод шудани маълумоти носаҳеҳ бо мақсади таҳия ва пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок ҷавобгар намебошад.

15. Маълумот дар бораи амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ҳисобҳо, миқдори коғазҳои қиматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ифода ёфтаанд, махфӣ мебошад. Иттилооти мазкур ба инҳо дода мешавад:

- соҳибони коғазҳои қиматнок ва намояндагони қонунии онҳо;

- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок;

- маќоми ваколатдор дар соњаи муќовимат ба ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1373)

- шахсони дигар дар асоси қарори суд, ки мавриди амал қарор гирифтааст.

 

Моддаи 43. Фаъолияти маҳфуздорӣ

 

1. Фаъолияти маҳфуздорӣ  ин хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории коғазҳои қиматнок, сертификатҳои коғазҳои қиматнок ва ё баҳисобгирӣ ва гузаштани ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок эътироф карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти маҳфуздориро амалӣ менамояд, маҳфуздоранда номида мешавад.

3. Шахсе, ки аз хизматрасонии маҳфуздоранда  барои нигоҳдории коғазҳои қиматнок, сертификатҳои коғазҳои қиматнок ва ё баҳисобгирии ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок истифода мебарад, депонент номида мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

4. Шартномаи байни маҳфуздоранда ва депонент, ки муносибатҳои онҳоро дар раванди фаъолияти маҳфуздорӣ  танзим менамояд, шартномаи маҳфуздорӣ номида мешавад. Шартномаи маҳфуздорӣ  бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

5. Маҳфуздоранда вазифадор аст шартҳои амалӣ кардани фаъолияти маҳфуздориро, ки қисми таркибии ҷудонашавандаи шартномаи маҳфуздории басташуда мебошанд, тасдиқ намояд.

6. Бастани шартномаи маҳфуздорӣ боиси гузаштани ҳуқуқи соҳибият ба коғазҳои қиматноки депонент намегардад.

7. Маҳфуздоранда ҳуқуқ надорад коғазҳои қиматноки депонентро ихтиёрдорӣ кунад, онҳоро идора намояд ё аз номи депонент ҳама гуна амалиётро бо коғазҳои қиматнок, ба ғайр аз супориши депонент дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи маҳфуздорӣ иҷро намояд.

8. Маҳфуздоранда барои таъмини амнияти сертификатҳои коғазҳои қиматноки дар ӯ маҳфуздошта масъулияти гражданию ҳуқуқӣ дорад.

9. Ба коғазҳои қиматноки депонентҳо наметавонад аз рӯи ӯҳдадориҳои маҳфуздоранда ҷарима баста шавад.

10. Маҳфуздоранда  ҳуқуқ дорад маблағҳои пулии депонентҳоро, ки барои маблағгузории коғазҳои қиматнок пешбинӣ гардидаанд, маблағҳои пулие, ки аз фурӯши коғазҳои қиматнок ба даст омадаанд, инчунин маблағҳои пулиеро, ки дар шакли даромад аз рӯи коғазҳои қиматноки дар маҳфуздоранда  нигоҳдоришавандаи депонент ба даст омадаанд, нигоҳ дорад ва ба ҳисоб гирад.

11. Маҳфуздоранда маблағҳои пулиро дар ҳисоби (ҳисобҳои) бонкии алоҳида, ки маҳфуздоранда дар бонкҳои тиҷоратӣ мекушояд, нигоҳ медорад.

12. Маҳфуздоранда ҳуқуқ дорад дар феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок ҳамчун дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок ба қайд гирифта шавад.

13. Маҳфуздоранда барои иҷро накардан ё ба таври номуносиб иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ аз рӯи баҳисобгирии ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок, аз ҷумла барои пуррагӣ ва дурустии қайдҳо аз рӯи ҳисобҳои депо масъул мебошад.

14. Иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун муассис метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуздорандаи марказиро таъсис диҳанд. Тартиби фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 44. Фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун фаъолияти биржаи фондӣ ва ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок эътироф карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

2. Биржаи фондӣ вазифадор аст ҳуҷҷатҳои зерини дохилиро тасдиқ намояд:

- қоидаҳои савдои коғазҳои қиматнок;

- қоидаҳои листинги коғазҳои қиматнок;

- маблағ ва тартиби пардохти боҷ, аъзоҳаққиҳо ва пардохтҳои дигаре, ки биржаи фондӣ меситонад;

- қоидаҳое, ки фаъолияти иштирокчиёни савдоро барои қаллобии  нархҳо маҳдуд месозад;

- тартиби ошкорсозии ахборот аз ҷониби биржаи фондӣ.

3. Қоидаҳои савдои коғазҳои қиматнок бояд инҳоро дар бар гиранд:

- тартиби бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок тавассути низоми савдо ва шартҳои гузаронидани савдо;

- талаботе, ки нисбат ба иштирокчиёни савдо, тартиби роҳ додан барои иштирок дар савдо ва хориҷ намудан аз ҳайати иштирокчиёни савдо пешниҳод мешаванд;

- тартиби роҳ додани коғазҳои қиматнок ба савдо;

- тартиби боздоштан ва идомаи савдо;

- тартиби иҷрои аҳдҳое, ки дар биржаи фондӣ баста шудаанд;

- тартиби баррасии баҳсҳо байни иштирокчиёни савдо, инчунин байни иштирокчиёни савдо ва биржаи фондӣ.

4. Қоидаҳои савдои коғазҳои қиматнок, инчунин тағйиру иловаҳо ба онҳо бояд ҳатман бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мувофиқа карда шуда, пас аз он мавриди амал қарор дода мешаванд.

5. Биржаи фондӣ вазифадор аст қоидаҳои савдои коғазҳои қиматнок, рӯйхати коғазҳои қиматнокеро, ки ба листинги биржаи фондӣ ворид карда шудаанд, маълумот дар бораи аҳдҳо бо онҳо (ба ғайр аз маълумот дар бораи иштирокчиёни аҳдҳо) ва нишондиҳандаҳои биржавиро барои шиносшавӣ ба ҳар  шахси манфиатдор пешниҳод намояд.

6. Биржаи фондӣ ҳуқуқ дорад андоза ва тартиби аз иштирокчиёни савдо ситонидани аъзоҳаққӣ, боҷҳо ва пардохтҳои дигарро барои хизматрасониҳои худ муайян кунад.

7. Биржаи фондӣ бояд аз рӯи бастани аҳдҳо дар биржаи фондӣ бо мақсадҳои ошкорсозии ҳолатҳои истифодабарии иттилооти хизматӣ, қаллобии нархҳо ва риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби иштирокчиёни савдо ва эмитентҳое, ки коғазҳои қиматноки онҳо ба рӯйхати нархгузорӣ дохил шудаанд, назорати доимӣ барад.

8. Иштирокчиёни савдо вазифадоранд ба биржаи фондӣ тибқи талабаш  маълумоти ба он барои назорат зарурро мувофиқи қоидаҳои гузаронидани савдо дар биржаи фондӣ пешниҳод намоянд.

9. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад нозирони биржавиро, ки барои назорат бурдан ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби биржаи фондӣ ваколатдор мебошанд, таъин намояд.

10. Биржаи фондӣ ҳуқуқ надорад фаъолияти ташкили савдои коғазҳои қиматнокро бо дигар намудҳои фаъолият омехта намояд.

11. Ифодаи «Биржаи фондӣ» ё ифодае, ки дар он ибораи «Биржаи фондӣ» мавҷуд аст ё ибораи ба он монандро дар номгӯи ширкати худ ё барои мақсадҳои корӣ ё рекламаи оддӣ танҳо ҳамон ташкилоте истифода бурда метавонад, ки бо тартиби муайяннамудаи қисми 2 моддаи мазкур таъсис гардида бошад.

12. Қоидаҳои амалӣ намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби биржаи фондӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

13. Фаъолияти асосии ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок ин ташкили низоми мубодилаи нархгузории коғазҳои қиматнок байни мизоҷони ҳамин ташкилкунандаи савдо мебошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

14. Мизоҷони ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок метавонанд танҳо иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бошанд. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

15. Ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- истифодабарӣ ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории коғазҳои қиматнок;

- ба мизоҷони худ додани имконияти дастрасии истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории коғазҳои қиматнок бо мақсади бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва дигар воситаҳои молиявие, ки ба муомилот дар ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок ворид шудаанд;

- ташкили мубодилаи мунтазами нархгузории коғазҳои қиматнок байни мизоҷони ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок;

- ташкили мубодилаи иттилоот оид ба бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок байни мизоҷони ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок;

- ба мизоҷони худ пешниҳод кардани иттилооте, ки барои бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки ба муомилот дар ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок воридшуда зарур мебошад.

(ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

16. Қоидаҳои амалӣ намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок аз ҷониби ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок,  дар  мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок  тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 45. Талаботи иловагӣ нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок,

                        ки фаъолияти ташкили савдоро дар бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти

                       маҳфуздориро амалӣ менамоянд

 

Талаботи иловагӣ нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки фаъолияти ташкили савдоро дар бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти маҳфуздориро дар бозори коғазҳои қиматнок амалӣ менамоянд, инҳоро дар бар мегиранд:

- мавҷуд будани қоидаҳои амалиётӣ ва иқтидорҳои техникии дахлдор барои таъмини иттилоотрасонӣ дар бораи амалиётҳои гузаронидашуда дар реҷаи вақти воқеӣ;

- чораҳои кофӣ барои таъмини назорат ба фаъолияти иштирокчиён ва субъектҳои бақайдгирифташуда дар раванди савдо, инчунин чораҳое, ки иҷрои талаботи биржаи фондиро аз ҷониби онҳо таъмин менамоянд;

- ҳуҷҷатҳои дохилӣ, ки талабот ва ваколатҳои дахлдореро муайян месозанд, ки барои амалӣ сохтани назорат дар бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади пешгирии амалҳои қаллобӣ ва амалӣ сохтани мониторинг бо риояи қоидаҳои дахлдори амалиётии иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок кофӣ мебошанд.

(ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 46. Якҷоя кардани намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Фаъолият оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок фаъолияти истисноӣ буда, наметавонад бо дигар намудҳои  фаъолияти касбии бозори коғазҳои қиматнок якҷоя карда шавад.

2. Маҳдудияти омехта намудани намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ва аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.

3. Дар ҳолати аз ҷониби як шахси ҳуқуқӣ омехта кардани якчанд намуди фаъолияти касбӣ, барои амалӣ намудани ҳар кадоми онҳо шахси ҳуқуқии мазкур бояд иҷозатномаи дахлдор ва воҳиди сохтории алоҳида дошта бошад.

 

Моддаи 47. Дорандаи номиналӣ

 

1. Дорандаи номиналӣ метавонад ҳуқуқҳои зерини молумулкиро амалӣ намояд:

- хариду фурӯши (иваз намудани) коғазҳои қиматнок;

- аз номи мизоҷ гирифтани даромад аз рӯи коғазҳои қиматнок, агар ин дар шартнома пешбинӣ шуда бошад.

2. Ба ҳайси дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок маҳфуздоранда  ва брокер метавонанд баромад кунанд.

3. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки маҳфуздоранда намебошад, наметавонад ҳамчун дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок ба манфиати дигар дорандаи номиналӣ баромад кунад.

4. Супоридани коғазҳои қиматнок ба дорандаи номиналӣ боиси гузаштани ҳуқуқи моликият ба коғазҳои қиматнок ба дорандаи номиналӣ намегардад.

5. Дорандаи номиналӣ ӯҳдадор аст:

- аҳдҳоро бо коғазҳои қиматнок бо супориши шахс (ё намояндаи он), ки ба манфиати он ӯ дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок мебошад ва мутобиқи шартномае, ки бо ин шахс баста шудааст, амалӣ намояд;

- коғазҳои қиматнокеро, ки ӯ ба манфиати шахси дигар дар ҳисобҳои ҷудогонаи берун аз тавозун дорад, ба ҳисоб гирад;

- бо талаби шахс (ё намояндаи вай), ки ӯ ба манфиати вай дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок мебошад, коғазҳои қиматнокро ба ҳисоби шахсии он дар феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок ё ба ҳисоби депо дар маҳфуздоранда  диҳад;

- маълумотро дар бораи соҳибони коғазҳои қиматнок бо талаби нигоҳдорандаи феҳрист, маҳфуздоранда, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор созад;

- на дертар аз се рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани пардохтҳо аз рӯи ин коғазҳои қиматнок дар ин бора шахсеро, ки ба манфиати ӯ дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок мебошад, огоҳ намояд ва маблағи аз ин коғазҳои қиматнок бадастомадаро ба суратҳисоби шахси мазкур дар давоми се рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани супориши дахлдори вай гузаронад.

 

Моддаи 48. Андеррайтер

 

1. Ба ҳайси андеррайтер танҳо брокер ва дилер баромад карда метавонанд.

2. Паҳнкунӣ ва рекламаи коғазҳои қиматнок аз ҷониби андеррайтер наметавонад то бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматнок дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ба ҷо оварда шаванд.

3. Андеррайтер вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

1) омода кардани эмиссияи оммавии коғазҳои қиматнок:

- эълони оммавӣ дар бораи нияти эмитент ҷиҳати гузаронидани эмиссияи оммавии коғазҳои қиматнок;

- якҷоя бо эмитент таҳия намудани ҳуҷҷатҳо ва муайян кардани шартҳои эмиссияи оммавии коғазҳои қиматнок;

- додани баҳои пешакӣ ба эмиссияи оммавии коғазҳои қиматнок, барқарор намудани робитаҳо байни эмитентҳо ва сармоягузорон;

- мусоидат намудан ба бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматнок дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок.

2) фурӯши коғазҳои қиматнок:

- фурӯши коғазҳои қиматнок ба сармоягузорон;

- гузаронидани маъракаи рекламавӣ;

- вобаста ба шакли андеррайтинг кафолат додани хариди коғазҳои қиматнок ҳангоми паҳнкунии онҳо;

- дастгирии корҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ.

4. Аз рӯи шартнома метавонад дигар намудҳои хизматрасониҳо аз ҷониби андеррайтер ё андеррайтерҳо оид ба ташкили оммавии пешниҳод ва хизматрасонии паҳнкунии коғазҳои қиматнок пешбинӣ гардад.

5. Бо шартномаи байни эмитенти коғазҳои қиматнок ва андеррайтер ба ӯҳдаи андеррайтер ӯҳдадории обуна шудан ба ҳамаи коғазҳои қиматнок ё қисми онҳо ё харидани ҳамаи коғазҳои қиматнок ё қисми онҳо, ки бо тариқи обуна паҳн карда намешаванд ё аз рӯи  натиҷаҳои барориши оммавӣ дар рӯзи охирини барои обунашавии оммавии муқарраршуда харида мешаванд, гузошта мешавад.

6. Дар шартнома бояд андозаи мукофоти андеррайтер барои ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ оид ба ташкили пешниҳоди оммавӣ ва хизматрасонии паҳнкунии коғазҳои қиматнок пешбинӣ гардад.

7. Андеррайтерҳо ҳуқуқ надоранд:

- ба саҳмгузорони эҳтимолӣ бо мақсади ҳавасмандкунии онҳо иттилооти носаҳеҳ пешниҳод намоянд ва ба қабули қарори инвеститсионӣ таъсир расонанд;

- оид ба гузаронидани таҳқиқотҳо ба эмитент ҳисоботи ғалат ва носаҳеҳ пешниҳод намоянд ва инчунин тарҳи бароришеро пешниҳод кунанд, ки дар он иттилооти носаҳеҳ ё нопурра ифода гардида бошад;

- тарҳи бароришеро, ки дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ба қайд гирифта нашудааст, истифода  ва паҳн намоянд;

-  маъракаи рекламавиро гузаронанд ё ба таври оммавӣ коғазҳои қиматнокро дар давраи то бақайдгирии тарҳи барориш дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод намоянд;

- иттилоотро дар бораи эмитент пешниҳод намоянд, ки ба пешниҳоди оммавии коғазҳои қиматнок робита надорад.

8. Андеррайтер дар ҳолатҳое, ки агар дар натиҷаи амали ғайриқонунии он эмитент зарар бинад, дар назди эмитент масъулияти пурраи молумулкӣ дорад.

 

Моддаи 49. Аз ҷониби иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ба мизоҷон ошкор

                        намудани маълумот

 

Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ӯҳдадор аст:

- ба мизоҷ ҷиҳати шинос шудан бо ҳамаи иттилооти дар бораи коғазҳои қиматнок мавҷуда, эмитенти онҳо (ба истиснои иттилооте, ки дар бозори коғазҳои қиматнок дорои сирри тиҷоратӣ ва хизматӣ мебошад) ҳангоми қабули фармон барои иҷрои аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок имконият фароҳам созад;

- дар бораи эҳтимолият ва далелҳои ба вуҷуд омадани баҳси манфиатҳо дар раванди бо супориши мизоҷи худ бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок, ӯро огоҳ созад;

- ба мизоҷи худ сабабҳои даст кашидан аз иҷрои талаботи ӯро шарҳ диҳад;

- иттилоотеро, ки аз эмитентҳо гирифта шуда, барои паҳн кардан таъин гардидааст, ба маълумоти мизоҷон расонад;

- дар ҳаҷм ва тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок иттилооти ба фаъолияти иҷозатномадор дахлдоштаро ба мизоҷон ошкор созад.

 

Моддаи 50. Ошкорсозии иттилоот ва ҳисоботи иштирокчии касбии бозори коғазҳои

                        қиматнок

 

1. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст:

- ба маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тағйиру иловаҳоеро, ки ба ҳуҷҷатҳои ҳангоми иҷозатномагирӣ пешниҳодшуда ворид карда шудаанд, расонад;

- бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок иттилооти заруриеро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ карда нашудааст, пешниҳод кунад.

2. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок бояд маълумотро дар шакли ҳисоботи солона ва семоҳа, ки дар таркиби он ҳисоботи молиявии иштирокчии касбии коғазҳои қиматнок барои соли гузашта ва маълумоти дигар, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пешбинӣ гардидааст, ошкор созад.

 

Моддаи 51. Ошкорсозии иттилоот ва ҳисоботи биржаи фондӣ

 

1. Биржаи фондӣ вазифадор аст ба ҳар як шахси манфиатдор маълумоти зеринро ошкор созад:

- ҷадвали хизматрасониҳои биржаи фондӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;

- рӯйхати коғазҳои қиматноке, ки ба рӯйхати баҳодиҳии биржаи фондӣ ворид карда шудаанд, инчунин ҳисобот ва дигар ахбороти эмитентҳои онҳо;

- маълумот дар бораи аҳдҳо дар биржаи фондӣ;

- нишондиҳандаи индекси биржаи фондӣ;

- ҳуҷҷатҳои дохилии биржаи фондӣ.

2. Дар бораи ҳар як аҳди дар биржаи фондӣ басташуда ба ҳамаи шахсони манфиатдор иттилооти зерин расонида мешавад:

- сана ва вақти бастани аҳдҳо;

- номгӯи коғазҳои қиматнок, ки мавзӯи аҳдҳо мебошанд;

- нархи як коғази қиматнок;

- миқдори коғазҳои қиматнок.

3. Биржаи фондӣ ӯҳдадор аст ба иштирокчиёни савдо дастрас будани иттилоотро дар бораи ҷадвали савдои коғазҳои қиматноке, ки ба савдои коғазҳои қиматнок иҷозат дода шудаанд, нархгузории (қурби) коғазҳои қиматнок, натиҷаҳои ҷаласаи савдо таъмин намояд.

4. Биржаи фондӣ ӯҳдадор аст дастрасии иттилоотеро, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур оварда шудааст, тавассути нашр намудан дар интернет - саҳифаи расмии худ таъмин намояд.

5. Биржаи фондӣ ӯҳдадор аст ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳисобот пешниҳод намояд.

 

БОБИ 7.

ТАШКИЛОТҲОИ ХУДТАНЗИМКУНАНДАИ ИШТИРОКЧИЁНИ КАСБИИ БОЗОРИ

КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 52. Ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои

                        қиматнок

 

1. Ташкилоти худтанзимкунанда аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ҷиҳати таъмини шароит барои  фаъолияти касбии иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок, риояи стандартҳои ахлоқи касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, ҳимояи манфиатҳои соҳибони коғазҳои қиматнок ва мизоҷони дигари иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки аъзои ташкилоти худтанзимкунанда мебошанд, муқаррар намудани қоидаҳо ва стандартҳои гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти пурсамарро дар бозори коғазҳои қиматнок таъмин менамоянд, таъсис дода мешавад.

2. Ташкилоти худтанзимкунанда мувофиқи талаботи амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ва гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тасдиқ карда шудаанд, барои аъзои худ қоидаҳои ҳатмии амалӣ намудани фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, стандартҳои гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнокро муқаррар менамояд ва риояи онҳоро назорат менамояд.

3. Ташкилоте, ки аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок таъсис дода шудааст, дар асоси иҷозати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок додашуда мақоми ташкилоти худтанзимкунандаро доро мегардад.

4. Тартиби гирифтани мақоми ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 53. Ӯҳдадориҳои ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори

                        коғазҳои қиматнок

 

1. Ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ӯҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;

- мақоми ваколатдори давлатиро оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар бораи камбудиҳои содирнамудаи аъзои худ ва тадбирҳои андешидашуда огоҳ созад;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳисобот пешниҳод намояд ва оид ба фаъолияти худ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок иттилоотро ошкор созад.

2. Ташкилоти худтанзимкунанда вазифадор аст ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла ба кормандони он ҳангоми иҷрои вазифаҳои танзими бозори коғазҳои қиматнок  мусоидат намояд.

 

Моддаи 54. Боздоштан ва қатъ кардани фаъолияти ташкилоти худтанзимкунандаи

                        иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад фаъолияти худро дар асоси қарори қабулнамудаи аъзои ташкилот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ташкилот қатъ намояд.

2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти худтанзимкунанда вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозори коғазҳои қиматнок мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад, ки амали иҷозати ташкилоти худтанзимкунандаро то аз ҷониби он бартараф намудани қоидавайронкуниҳои ошкоршуда ба мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок боздорад.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок вазифадор аст ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнокро дар бораи қабули чораҳо нисбат ба он, бо нишон додани сабабҳои қабули чунин чораҳо хабардор намояд.

 

БОБИ 8.

АМАЛҲОИ МАНЪШУДА НИСБАТ БА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 55. Аз ҷониби инсайдерҳо манъ будани амалисозии аҳдҳо

 

1. Инсайдерони коғазҳои қиматнок инҳо маҳсуб меёбанд:

- шахсони мансабдори эмитент;

- саҳмгузори калони эмитент;

- шахсе, ки бинобар вазъи хизматии худ, ӯҳдадориҳои меҳнатӣ, шартномаи гражданию ҳуқуқӣ, ки бо эмитент бастааст ё бинобар иҷрои ваколатҳои назоратӣ ва ғайра ба иттилооти махфӣ роҳ дорад;

- шахсони вобастаи шахсони номбурда, ки ба таври ғаразнок ё аз рӯи ҳолатҳои новобаста аз онҳо иттилооти махфиро гирифтаанд ва дар бораи хусусияти иттилооти гирифташуда хабардор буданд ё бояд медонистанд.

2. Ба инсайдерҳо, инчунин ба шахсони  бонуфузи онҳо  инҳо манъ аст:

- гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок бо истифода аз иттилооти махфӣ ба манфиатҳои худ ё ба манфиати шахси сеюм;

- ба шахсони сеюм додан ё дастрас намудани   иттилооти махфӣ ё иттилооти ба он асосёфта, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсони сеюм додани тавсияҳо дар бораи гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ки ба иттилооти  махфӣ асос ёфтааст.

3. Ҳар шахсе, ки иттилооти махфиро аз инсайдери эмитент ё аз шахси бонуфузи ӯ мегирад, дар асоси иттилооти мазкур ҳуқуқи гузаронидани амалиётро бо коғазҳои қиматноки ин эмитент надорад, агар шахси мазкур дар лаҳзаи гирифтани иттилоот ё дар лаҳзаи гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок медонист, ки иттилоот хусусияти  махфӣ дорад.

4. Ба иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматноки эмитент бо шартҳои зерин манъ нест:

- агар иштирокчии касбие, ки амалиётро бо коғазҳои қиматнок мегузаронад, ҳамчун агенти мизоҷ баромад кунад ва барои гузаронидани амалиёти муайян бо супориши мушаххаси мизоҷ амал кунад;

- агар иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дар бораи тибқи  иттилооти аз инсайдер гирифташуда амал кардани мизоҷ огоҳ карда нашуда бошад;

- агар иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ба мизоҷ барои идора кардани коғазҳои қиматнок маслиҳат надода бошад;

- агар мизоҷ шахси вобаста ё бонуфузи иштирокчии касбӣ набошад.

 

Моддаи 56. Амалҳои манъшудаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок амали қаллобии  нархҳо дар  бозори коғазҳои қиматнок манъ аст.

2. Ба қаллобии нархҳо дар бозори коғазҳои қиматнок амалҳое мансуб мебошанд, ки аз ҷониби як ё якчанд шахсон содир мешаванд ва дар натиҷа нархи коғазҳои қиматнок баланд мешавад, паст мешавад ва ё муддате нигоҳ дошта мешавад ё талабот ва ё пешниҳод ба коғазҳои қиматнок баланд мешавад, паст мешавад ва ё муддате нигоҳ дошта мешавад ё ҳаҷми савдои коғазҳои қиматнок баланд мешавад, паст мешавад ва ё муддате дошта мешавад.

3.  Амалиёт бо нархгузории коғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, инчунин бо мақсади идораи қарзи давлатӣ дар бозори коғазҳои қиматнок амалӣ мегардад, қаллобӣ ба ҳисоб намеравад.

 

БОБИ 9.

МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 57. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 58. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

                        бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1992 «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, №11, мод.155; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №22, мод.268 фасли VIII; с.1998, №10, мод.135; с.2003, №12, мод.696; с.2006, №3, мод.157; с.2011, №3, мод.164)  аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 59. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 28 июни соли 2011,

№ 745