ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ»

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 11/01/2022 - 17:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1808
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.12.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ»
Қонуни мазкур принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) амали террористӣ – бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва  ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин, кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд;
2) амалиёти зиддитеррористӣ – маҷмуи чорабиниҳои муташаккилонаи махсуси оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, оперативӣ-ҷангӣ, маъмурию ҳуқуқӣ ва дигар чораҳое, ки баҳри пешгирии амали террористӣ, таъмини  амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин, то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои амали террористӣ равона шудаанд;
3) гурӯҳи террористӣ – ду ва ё зиёда шахсони воқеӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;
4) гаравгон – шахси воқеӣ, ки бо мақсади маҷбур намудани давлат, созмонҳои  байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ё гурӯҳи шахсон барои иҷро ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан  бо таҳдиди куштан ё расонидани зарар ба саломатии ӯ дастгир ё нигоҳ дошта шудааст;
5) муқовимат ба терроризм – фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти дигар оид ба пешгирии терроризм, аз ҷумла ошкорсозӣ ва минбаъд бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии амали террористӣ мусоидаткунанда, ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ, қатъ намудан, кушодан ва тафтиш кардани амали террористӣ, то ҳадди камтарин расонидан ва (ё) бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ;
6) мубориза бо терроризм – фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, инчунин, кушодан ва тафтиш кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ;
7) минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ – қитъаи алоҳидаи маҳал, воситаи нақлиёт, бино, иморат, иншоот, ҳудуде, ки дар атрофи он амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида мешавад;
8) терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад;
9) терроризми байналмилалӣ – терроризме, ки амалҳои он дар ҳудуди бештар аз як давлат содир шудаанд, дар як давлат содир шуда, аммо тайёрӣ, банақшагирӣ, роҳбарӣ ё назорати онҳо асосан дар давлати дигар сурат гирифтаанд, дар як давлат содир шуда, вале бо иштироки гурӯҳи террористӣ ё ташкилоти террористӣ, ки фаъолияти ҷиноятиро дар ҳудуди на камтар аз як давлат амалӣ мегардонад, содир шудаанд, дар як давлат содир шуда, оқибатҳои ҷиддии онҳо дар давлати дигар ба вуқуъ омадаанд; 
10) террорист –  шахси воқеӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамояд ва (ё) мақсади иштирок дар фаъолияти террористиро дорад;
11) ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот ҳамчунин террористӣ ба ҳисоб меравад, агар яке аз воҳидҳои сохтории он фаъолияти террористиро бо огоҳсозии ақаллан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи ин ташкилот анҷом диҳад;
12) фаъолияти террористӣ – фаъолияте, ки ба содир намудани як ва ё якчанд ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст ва  кирдорҳои ташкил, банақшагирӣ, тайёрӣ ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст, моил кардан ба содиркунии амалҳои террористӣ, даъвати зӯроварӣ бо ҳадафҳои террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ҳарбикардашудаи  ғайриқонунӣ ё ташкилоти ҷиноятӣ бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, инчунин, иштирок намудан дар онҳо, ҷалб кардан, мусаллаҳ намудан ё истифодаи террористон, инчунин, ба онҳо омӯзонидани малакаи террористӣ, маблағгузории ташкилоти террористӣ ё террористон, дар ҳама шакл кумак расондан ба ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст, таблиғоти ғояҳои терроризм, паҳн кардани мавод ё иттилооте, ки ба амалигардонии фаъолияти террористӣ даъват менамояд ё зарурати амалигардонии чунин фаъолиятро асоснок ё сафед мекунанд, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии истифодаи умум ва Интернет, мусоидат кардан ба тайёр ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст;
13) фаъолияти террористии байналмилалӣ – фаъолияти террористие, ки аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар ҳудуди зиёда аз як давлат амалӣ гардонида мешавад ё ба манфиатҳои зиёда аз як давлат зарар мерасонад, аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар ҳудуди давлати дигар содир мегардад, берун аз ҳудуди давлатҳое содир шудааст, ки  ҳам террорист ва ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ин давлатҳо мебошанд;
14) ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ – ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба терроризм
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба терроризм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 
Моддаи 3. Принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм
Муқовимат ба терроризм ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
2) қонуният; 
3) афзалияти чораҳои пешгирии терроризм;
4) муҳофизати ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсоне, ки дучори хатари террористӣ гардидаанд;
5) ногузирии ҷазо барои амал ва фаъолияти террористӣ;
6) низомнокӣ ва истифодаи маҷмуии чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм; 
7)  роҳ надодан ба гузашткуниҳои сиёсӣ ба террористон;
8) яккасардорӣ дар роҳбарӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;
9) ошкор насохтани ҳайати иштирокчиён, воситаҳои махсус ва  тарзҳои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;
10) ҳамбастагии тарзҳои ошкоро ва ғайриошкорои муқовимат ба терроризм;
11) мутобиқати чораҳои муқовимат ба терроризм ба хусусият ва дараҷаи таҳдидҳои террористӣ;
12) то ҳадди камтарин расонидан ва (ё) бартараф намудани оқибатҳои амал ва фаъолияти террористӣ;
13) ҳамкории давлат бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин, бо шаҳрвандон дар муқовимат ба терроризм;
14) кафолати ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки дар муқовимат ба терроризм мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ
Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризм
1. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
1) муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризм;
2) амалӣ намудани роҳбарии умумӣ дар самти муқовимат ба терроризм;
3) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
2. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) роҳбарӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризм;
2) қабул ё тасдиқи консепсия, стратегия, барномаи давлатӣ ва нақшаҳоро дар самти муқовимат ба терроризм, иҷрои онҳоро назорат мекунад;
3) андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии терроризм, то ҳадди камтарин расонидан ё бартараф намудани оқибатҳои он;
4) ташкили таъмини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро оид ба муқовимат ба терроризм бо қувваҳо, воситаҳо ва захираҳои зарурӣ;
5) таъмини маблағгузории чораҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризм;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муқовимат ба терроризмро дар доираи ваколатҳои худ амалӣ менамоянд.
Моддаи 5. Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатие, ки ба терроризм муқовимат мекунанд
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо  мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии дигар амалӣ мекунанд. 
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ бояд бо мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд, ҳамкорӣ намоянд.
3. Шаклҳои ҳамкории байни мақомоти ҳокимияти давлатии ба терроризм муқовиматкунандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии ба терроризм муқовиматкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
Моддаи 6. Пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ
1. Бо мақсади пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ анҷом додани амалҳои зерин манъ аст:
1) таъсис ва фаъолияти ташкилотҳое, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ, динӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд; 
2) ба роҳ мондани фаъолияте, ки бо таблиғи терроризм алоқамандӣ дорад;
3) ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони дар фаъолияти террористӣ иштироккарда;
4) додани гувоҳномаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар фаъолияти террористӣ иштироккарда;
5) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар фаъолияти террористӣ иштироккарда;
6) бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани молу мулк (воситаҳо) бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва (ё) бо дарки он, ки ин молу мулк (воситаҳо) барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд; 
7) аз ҷониби кормандони истгоҳҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо барои нигоҳдорӣ, қабул намудани бағоҷ, бори дастӣ (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадҳо ваколатдорнамудаи бағоҷхонаҳо)-и мусофирон;
8) гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бидуни риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) кирдорҳои дигари қасдона, ки барои фаъолияти террористӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
2. Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:
1) ҳангоми гузарондани чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва чорабиниҳои оммавии дигар, бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб намудани қувваю воситаҳои иловагии субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда;
2) таҳкими чораҳои муҳофизатию реҷавӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар ташкилотҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити зист хатари калон доранд;
3) бо дархости мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон супурдани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар фаъолияти террористӣ дар ҳудуди ин давлатҳо иштирок намудаанд;
4) ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани маълумот доир ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба махзани мутамаркази байниидоравии маълумот доир ба масъалаҳои терроризми назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онҳо.
3. Пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ метавонад амалисозии чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро низ дар бар гирад.
Моддаи 7. Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд
1. Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ бо ҳукми суд гунаҳгор дониста мешаванд. Нусхаи санадҳои зикргардидаи судӣ барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
3. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.
4. Нусха аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти зарурӣ дар бораи чунин шахсон фавран ба субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат ба терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва андешидани чораҳо оид ба ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони мазкур фиристода мешавад.
5. Аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд хориҷ намудан бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 8. Ҳавасмандгардонии шахсоне, ки ба муқовимат ба терроризм мусоидат менамоянд
1. Шахсоне, ки ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, муайян ва дастгир кардани шахсони воқеии тайёркунанда, содиркунанда ё содиркардаи чунин ҷиноятҳо мусоидат менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо мукофоти пулӣ ё молӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 
2. Ҳавасмандгардонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 3. МУҚОВИМАТИ ИТТИЛООТИЮ ТАБЛИҒОТӢ БА ТЕРРОРИЗМ
Моддаи 9. Мақсадҳои муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм ва уҳдадории мақомоти давлатӣ дар амалигардонии он
1. Муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) шарҳи хатари терроризм;
2) фошкунии шакл, воситаву тарзҳое, ки бо ёрии онҳо террористон ғояву ақидаҳои худро таблиғ менамоянд;
3) ташаккул додани руҳияи зиддитеррористӣ дар ҷомеа;
4) муттаҳидсозии кӯшишҳои мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии терроризм;
5) маҳдуд кардани заминаи иҷтимоии дастгирии терроризм.
2. Мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд, уҳдадоранд:
1) дар доираи ваколатҳои худ муқовимат ба терроризмро ташкил ва ҳамоҳанг созанд; 
2) фаъолияти иттилоотию таблиғотии намояндагони воситаҳои ахбори омма, шахсони ҳуқуқӣ ва иттиҳодияҳои диниро дар самти мазкур ҳавасманд намоянд;
3) дар ташаккул додани руҳияи зиддитеррористӣ дар ҷомеа иштирок намоянд.
Моддаи  10. Уҳдадориҳои воситаҳои ахбори омма дар самти муқовимат ба терроризм 
1. Воситаҳои ахбори омма ҳангоми шарҳи ҳодисаҳое, ки бо амалҳои террористӣ ва фаъолияти зиддитеррористӣ алоқаманданд, уҳдадоранд:
1) афзалияти ҳуқуқи одамон ба ҳаёт ва амниятро нисбати ҳуқуқ ба озодии дастрасии иттилоот ва паҳнкунии иттилоот ба инобат гиранд;
2) ҳангоми ба даст овардани маълумот оид ба амали террористии тайёршаванда фавран ба мақомоти дахлдори бевосита ба терроризм муқовиматкунанда хабар диҳанд; 
3) дар сурати доштани маълумот ё ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти террористӣ ва амали террористӣ, онҳоро ба мақомоти давлатии бевосита ба терроризм муқовиматкунанда супоранд.
2. Роҳбарони воситаҳои ахбори омма уҳдадоранд чораҳо андешанд, ки маводи дар ташкилоти таҳти роҳбарии онҳо қарордошта омодашуда фаъолияти террористӣ ва дигар фаъолияти экстремистии ба ҷамъият хавфнокро сафед накунанд, ба чунин фаъолият даъват накунанд ва ё барангезандаи он набошанд, инчунин, кинаву хусумати динӣ, мазҳабӣ, миллӣ ва нажодиро таблиғ накунанд.
Моддаи 11. Масъулияти воситаҳои ахбори омма
Роҳбарон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, ки дидаву дониста уҳдадориҳояшонро дар самти муқовимат ба терроризм иҷро намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва (ё) фаъолияти чунин воситаҳои  ахбори омма дар асоси санади дахлдори судӣ метавонад қатъ карда шавад. 
Моддаи 12. Роҳ надодан ба истифодаи шабакаҳои алоқа барои амалигардонии фаъолияти террористӣ
1. Истифодаи  шабакаҳои  алоқаи  барқӣ барои амалигардонии фаъолияти террористӣ манъ аст.
2. Ҳангоми дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла дар шабакаи Интернет, ошкор гардидани иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, амалигардонии фаъолияти экстремистию террористӣ, иштирок дар ҷамъомадҳои оммавӣ бо халалдор сохтани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ даъват мекунад, инчунин, экстремизм ва терроризмро тарғиб менамояд, дастрасӣ ба чунин иттилоот маҳдуд карда мешавад.
 
БОБИ 4. ҲИМОЯИ ОБЪЕКТҲО АЗ ТАҲДИДИ ТЕРРОРИСТӢ 
Моддаи 13. Низоми чораҳои умумидавлатӣ оид ба ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ 
1. Барои ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ (ҳимояи зиддитеррористии объектҳо) низоми чораҳои умумидавлатие амалӣ карда мешавад, ки мақсади он баланд бардоштани сатҳи устувории ин объектҳо нисбат ба амали террористӣ ва пурзӯр намудани омодабошии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати то ҳадди камтарин расондан ва бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ мебошад. 
2. Низоми чораҳои умумидавлатӣ оид ба ҳимояи зиддитеррористии объектҳо чорабиниҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, ҳарбӣ, махсус, муҳофизатӣ ва ғайраро дар бар мегирад. 
3. Вобаста ба хусусиятҳои таҳдидҳои террористӣ мутобиқи Қонуни мазкур метавонад реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шавад.
Моддаи 14. Объектҳои таҳдиди террористӣ 
Ба объектҳои таҳдиди террористӣ дохил мешаванд:
1) шахсони воқеӣ;
2) объектҳои давлатӣ;
3) ҳудуди ташкилотҳое, ки манбаъҳои эҳтимолии садамаҳои дорои хусусияти техногенӣ мебошанд;
4) маҳалли будубоши оммавии одамон;
5) объектҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла объектҳои об, энергетика, алоқа ва нақлиёт;
6) объектҳои дигаре, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муайян намояд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ дар ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ 
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор уҳдадоранд, ки ҷиҳати ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ чораҳои дахлдорро таҳия ва амалӣ намоянд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ташкилотҳои дигар уҳдадоранд талаботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимояи объектҳои таҳдиди террористиро риоя намоянд. 
Моддаи 16. Уҳдадориҳои роҳбарон ва моликони объектҳои таҳдиди  террористӣ 
Роҳбарон ва моликони объектҳои таҳдиди террористӣ, новобаста ба шакли моликият, уҳдадоранд барои иҷрои талаботи муқарраршуда, меъёр ва қоидаҳо дар самти ҳимояи зиддитеррористии объектҳои ба онҳо боваркардашуда ё тааллуқдошта чорабиниҳоро ба нақша гиранд ва амалӣ гардонанд.
 
БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ БА ТЕРРОРИЗМ МУҚОВИМАТКУНАНДА
Моддаи 17. Субъектҳои ба терроризм муқовиматкунанда
1. Муқовимат ба терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад.
2. Субъектҳои ба терроризм муқовиматкунанда ба субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда ва субъектҳои дар муқовимат ба терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.
Моддаи 18. Субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда
Субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
1)  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 19. Ваколатҳои субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда
1. Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муқовиматкунанда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он чунин ваколатҳо дорад:
1) ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ;
2) ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ;
3) таъмини амнияти ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони ин ташкилотҳо ва аъзои оилаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) таъмини амнияти объектҳои муҳофизати давлатӣ ва шахсони ҳифзшаванда;
5) ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ кардани кӯшишҳои гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;
6) пешгирии ҳолатҳои ба воситаи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва ашёҳои дигаре, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст;
7) тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд; 
8) бо тартиби муқарраргардида таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба терроризм;
9) пешниҳоди ахбор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм;
10) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда;
11) ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани иттилоот оид ба ҳолат ва тамоюлҳои терроризм, аз ҷумла иттилооти аз субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда ба махзани мутамаркази байниидоравии маълумот доир ба масъалаҳои терроризм дохилшуда;
12) бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм;
13) амалӣ гардонидани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба терроризмро тавассути ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди маълумоти омории вобаста ба самти муқовимат ба терроризм, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва шахсони чунин ҷиноятҳо содирнамуда амалӣ менамояд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба терроризмро ба воситаи назорати иҷрои қонунҳо дар самти муқовимат ба терроризм, ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, дастгирии айбдоркунии давлатӣ дар судҳо, пешниҳоди аризаҳо ба суд оид ба террористӣ эътироф намудани ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳо, ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур ва андешидани чораҳои дигар дар доираи ваколатҳояш амалӣ менамояд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудан ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ кумак мерасонад.
5. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терроризм муқовимат менамояд.
6. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терроризм муқовимат менамояд.
7. Гвардияи  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба терроризмро тавассути иштирок дар таъмин намудани амнияти зиддитеррористии объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда, инчунин, иштирок дар тайёрӣ ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ амалӣ менамояд.
8. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари ба терроризм муқовиматкунанда ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода амнияти зиддитеррористии маҳалли корҳои анҷомдиҳӣ ва садамаю барқароркуниро таъмин менамояд.
Моддаи 20. Субъектҳои дар муқовимат ба терроризм иштироккунанда
1. Субъектҳои дар муқовимат ба терроризм иштироккунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Иштирок дар муқовимат ба терроризм бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:
1) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорати фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд;
2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣ ҳангоми ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст; 
3) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар ашёҳое, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин, мусоидат ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба фаъолияти террористии байналмилалӣ; 
4) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани истифодаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла алоқаи барқӣ, ба мақсадҳои террористӣ;
5) Бонки миллии Тоҷикистон тавассути андешидани чораҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом».
3. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок мекунанд. 
 
БОБИ 6. ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ
Моддаи 21. Шартҳои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ 
1. Амалиёти зиддитеррористӣ барои қатъ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои амалҳои террористӣ гузаронида мешавад, агар пешгирии онҳо бо қувва ва усулҳои дигар имконнопазир бошад. 
2. Қарор дар бораи гузаронидан ва (ё) қатъ намудани амалиёти зиддитеррористиро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ӯро ивазкунанда қабул менамояд. 
3. Агар барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ қувва ва воситаҳои зиёд талаб карда шаванд ва он ҳудудеро фаро гирад, ки шумораи зиёди одамон истиқомат мекунанд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ӯро ивазкунанда дар бораи ҷорӣ намудани реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ дар ҳудуде, ки дар он амалиёт гузаронида мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавридҳои зарурӣ, дигар шахсони мансабдорро хабардор мекунад.  
Моддаи 22. Роҳбарӣ ба амалиёти зиддитеррористӣ
1. Барои идоракунии амалиёти зиддитеррористӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ӯро ивазкунанда дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди оперативиро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ мекунад.
2. Роҳбари ситоди оперативӣ:
1) сохтор ва тартиби кори ситоди оперативӣ, инчунин, вазифаҳои шахсони мансабдори ба ҳайати ситод дохилшударо муайян менамояд;
2) қувва ва воситаҳоеро, ки барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ заруранд, муайян намуда, дар бораи ба кори ситод ҷалб кардани шахсони дигар қарор қабул мекунад;
3) дар бораи корҳои омодабошӣ ҷиҳати гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ба ситоди оперативӣ амр медиҳад;
4) бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувва ва воситаҳои дар ихтиёри мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии соҳаи мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, корҳои хориҷӣ, мудофиаи гражданӣ қарордоштаро бо мақсади ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз вазъияти фавқулода, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва амнияти одамон дар объектҳои обӣ барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои амали террористӣ ҷалб менамояд; 
5) намояндаи ситоди оперативиро, ки барои робита бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа масъул аст, муайян мекунад;
6) дастгоҳи кории ситодро дар давраи амалиёти зиддитеррористӣ таъсис дода, вазифаҳои онро муайян ва роҳбари онро таъин мекунад;
7) ҳудуде (объекте)-ро, ки дар доираи он реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда мешавад, муайян намуда, маҷмуи чораҳо ва маҳдудкунии муваққатиеро, ки дар қисми 3 моддаи 25 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, муқаррар менамояд;  
8) дар бораи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ тасмим мегирад ва фармон медиҳад;
9) дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намояд. 
Моддаи 23. Ваколатҳои ситоди оперативӣ 
Ситоди оперативӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) бо мақсади муайян кардани хусусият ва миқёси амали террористии тайёршуда ё содиршаванда дар бораи вазъият маълумот ҷамъ меоварад, иттилооти бадастомадаро баҳо дода, таҳлилу ҷамъбаст менамояд;
2) оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ пешниҳодҳо менамояд;
3) нақшаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари ситод пешниҳод карда, иҷрои онро таъмин ва назорат менамояд;
4) фармон ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки тартиби омодагӣ ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористиро муайян менамоянд, тайёр мекунад;
5) ҳамоҳангсозии қувва ва воситаҳои зиддитеррористии барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалбшавандаро ташкил менамояд;
6) барои гуфтушунид бо террористон иҷозат медиҳад, тактика ва роҳу усулҳои гузаронидани онро тасдиқ менамояд, инчунин, барои гуфтушунид бо террористон шахсони масъулро муайян мекунад;
7) тартиби ба воситаҳои ахбори омма расонидани иттилоот дар бораи амали террористӣ, ҷараён ва натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро муайян менамояд;
8) барои то ҳадди камтарин расондан ва бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад.
Моддаи 24. Қувваю воситаҳои барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалбшаванда
1. Амали террористӣ бо қувва ва воситаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои ташкилшуда қатъ карда мешавад. 
2. Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ бо қарори роҳбари ситоди оперативӣ дар ҳайати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятдор гурӯҳҳо созмон дода мешаванд.
3. Идоракунии ягонаи қувва ва воситаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардидаро роҳбари ситоди оперативӣ ба амал мебарорад. Ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб карда мешаванд, то анҷом ёфтани амалиёти зиддитеррористӣ ба роҳбари ситоди оперативӣ итоат мекунанд. 
4. Ҷузъу томҳои мақомоти дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок менамоянд, техникаи ҷангӣ, силоҳ ва воситаҳои махсусро мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
5. Мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ барои пешгирии амали террористӣ ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи давлатҳои хориҷӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ҷалб карда мешаванд. 
Моддаи 25. Реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ 
1. Бо мақсади қатъ намудан ва кушодани амали террористӣ, то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат бо қарори шахси мансабдоре, ки тибқи қисми 2 моддаи 21 Қонуни мазкур дар бораи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ қабул шудааст, дар  ҳудуди гузаронидани он реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ дар давраи гузаронидани он ҷорӣ карда мешавад. 
2. Қарор дар бораи ҷорӣ намудани реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, ки дар он ҳудуд (номгӯи объектҳо), номгӯи чораҳои татбиқшаванда ва маҳдудиятҳои муваққатӣ муайян карда шудаанд ва қарор дар бораи бекор кардани реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ бояд бетаъхир интишор ё эълон карда шаванд.
3. Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, ки дар доираи он реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шудааст, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ татбиқи чораҳо ва маҳдудиятҳои муваққатии зерин раво дониста мешавад:
1) муваққатан маҳдуд кардан ё манъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон дар кӯчаю роҳҳо, роҳ надодани воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин, шаҳрвандон дар минтақаҳо ва объектҳои алоҳида ё баровардани шаҳрвандон аз минтақаҳо ва объектҳои алоҳида, ҳамчунин кашида бурдани воситаҳои нақлиёт; 
2) санҷидани ҳуҷҷатҳои шахсони воқеӣ, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад ва дар сурати набудани чунин ҳуҷҷатҳо дастгир намудани чунин шахсон барои муайянкунии шахсияти онҳо; 
3) дастгир намудани шахсони содиркарда ё содиркунандаи ҳуқуқвайрокунӣ ё амалҳои дигар, ки ба талаботи қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористӣ монеъ мегарданд, инчунин, амалҳое, ки барои бе иҷозат ворид шудан ё кӯшиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ алоқаманданд;
4) бемамониат ворид (дохил) шудани шахсоне, ки амалиёти зиддитеррористиро мегузаронанд, ба биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои дигари шаҳрвандон, ба ҳудуд ва биноҳои ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, ба воситаҳои нақлиёт ҳангоми қатъ намудани амали террористӣ, агар кашолкорӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари воқеӣ ба вуҷуд орад; 
5) азназаргузаронии шахсии шаҳрвандон ҳангоми гузаштан, аз ҷумла бо нақлиёт, ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва ҳангоми баромадан аз он, азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт ва бори онҳо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ;
6) истифодаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла воситаҳои алоқаи махсуси шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликияташон, бо мақсадҳои хизматӣ;
7) истифода бурдани воситаҳои нақлиёти ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва намояндагиҳои дигари давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон барои пешгирӣ кардани амали террористӣ, таъқиб ва дастгир намудани шахсони воқеӣ, ки амали террористӣ содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобатӣ бурдани шахсони воқеӣ, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, инчунин, барои рафтан ба ҷойи ҳодиса бо мақсадҳои хизматӣ;  
8) пурзӯр намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, объектҳои таҳти ҳимояи давлат қарордошта ва объектҳое, ки ҳаёту фаъолияти аҳолӣ ва ҳаракати нақлиётро таъмин менамоянд, инчунин, объектҳое, ки арзиши махсуси моддӣ, таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ё фарҳангӣ доранд;
9) бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назорати гуфтугӯҳои телефонӣ ва иттилооти дигаре, ки дар шабакаҳои низоми телекоммуникатсионӣ пахш мешаванд, инчунин, анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин шабакаҳо ва муросилоти почтавӣ бо мақсади ошкор намудани иттилоот дар бораи ҳолатҳои содиршавии амали террористӣ, дар бораи шахсони воқеии тайёркунанда ва содиркунандаи он ва бо мақсади пешгирии дигар амалҳои террористӣ;
10) муваққатан боздоштани фаъолияти истеҳсолоти хавфнок ва ташкилотҳо, ки дар онҳо маводи тарканда, радиоактивӣ, ашёҳои хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ истеҳсол ё истифода мегарданд, инчунин, истеҳсол ва фурӯши дигар маводе, ки метавонанд дар фаъолияти террористӣ истифода бурда шаванд;
11) боздоштани хизматрасонии алоқа ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё маҳдуд кардани истифодаи шабакаҳо ва воситаҳои алоқа;
12) муваққатан ба минтақаҳои бехавф кӯчонидани шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ ҷоришуда истиқомат мекунанд, бо таъмини ҳатмии онҳо бо ҷойи истиқомати муваққатӣ; 
13) ҷорӣ кардани карантин, гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемиологӣ, байторӣ ва дигар чораҳои беҳдоштӣ;
14) маҳдуд ё манъ кардани фурӯши силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои махсус ва моддаҳои заҳролудкунанда;
15) дигар чораҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
4. Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма аз тарафи роҳбари ситоди оперативӣ ё шахси таъиннамудаи ӯ танзим карда мешавад. 
5. Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ иҷро накардани амр ё талаботи қонунии роҳбари ситоди оперативӣ ва ё монеъ шудан ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин, бе иҷозат ворид ё кӯшиши ворид шудан ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
Моддаи 26. Гуфтушунид бо террористон 
1. Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, неъматҳои моддӣ, инчунин, омӯзиши имкониятҳои қатъ намудани амали террористӣ бе истифодаи қувва, бо террористон гуфтушунид кардан иҷозат дода мешавад. Барои гуфтушунид бо террористон танҳо шахсони аз тарафи ситоди оперативӣ муайянгардида роҳ дода мешаванд. 
2. Ҳангоми гуфтушунид бо террористон масъалаи ба террористон супурдани ин ё он шахси воқеӣ, додани силоҳ ва дигар олоту воситаҳо, ки истифодаи онҳо метавонад ба ҳаёту саломатии одамон хатар эҷод кунад, инчунин, масъалаи иҷрои талаботи сиёсии террористон набояд ба сифати шарти қатъ намудани амали террористӣ аз ҷониби онҳо баррасӣ карда шавад. 
3. Гуфтушунид бо террористон асос ё шарти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидани онҳо барои кирдори содиркардаашон шуда наметавонад. 
Моддаи 27. Хабардор кардани ҷомеа дар бораи амали террористӣ ва вазъият дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ 
1. Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хабардор кардани ҷомеа дар бораи амали террористӣ дар шакл ва ҳаҷме, ки аз тарафи ситоди оперативӣ муайян шудааст, аз ҷониби намояндаи ситоди оперативӣ, ки барои робита бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа масъул аст, сурат мегирад.
2. Паҳн кардани иттилоот манъ аст, агар он:
1) тарзу усулҳои техникии махсуси гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро ифшо намояд;
2) гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро мушкил гардонад ва ба ҳаёту саломатии одамоне, ки дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё берун аз он минтақа қарор гирифтаанд, хатар эҷод созад;
3) дар бораи шахсоне бошад, ки ба амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб шудаанд ва ё дар гузаронидани чунин амалиёт ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 28. Анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ 
1. Амалиёти зиддитеррористӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад, агар амали террористӣ қатъ шуда бошад ва ё хатар ба ҳаёт, саломатӣ, моликият ё манфиатҳои дигари қонунии одамоне, ки дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ қарор доранд, аз байн рафта бошад. 
2. Қарори анҷоми амалиёти зиддитеррористиро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ӯро ивазкунанда қабул мекунад ва аз натиҷаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.
Моддаи 29. Тартиби дафни ҷасади террористони дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ безараргардонидашуда
Ҷасади террористоне, ки дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ безарар гардонида шудаанд, бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дафн карда мешавад.
 
БОБИ 7. МУҚОВИМАТ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ
Моддаи 30. Андешидани чораҳо ҳангоми ба даст овардани маълумот оид ба маблағгузории фаъолияти террористӣ 
Субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда ё субъектҳое, ки ба ин фаъолият ҷалб мегарданд ва ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро доранд, ҳангоми ба даст овардани маълумот дар бораи он, ки шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии мушаххас ба маблағгузории фаъолияти террористӣ алоқамандӣ доранд, уҳдадоранд  бо истифодаи тамоми чораҳои ошкоро ва ғайриошкори пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши хабари дохилшуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. 
Моддаи 31. Ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони бо терроризм алоқаманд
1. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар амалиёт анҷом медиҳанд, инчунин, шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое, ки аҳду амалиётро мегузаронанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайрифаъол гардонида мешаванд. 
2. Мусодираи маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз рӯи қарорҳо оид ба ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигарашон бо тартиби судӣ шикоят намоянд, инчунин, шахсони воқеӣ аз ҳисоби маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари ғайрифаъолгардонидашуда то мусодира гардидани онҳо, оид ба пардохти хароҷоти хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва таъмини моддию маишии аъзои оилаашон муроҷиат намоянд.
4. Бекор кардани ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
5. Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
Моддаи 32. Мусодираи молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо мақсадҳои террористӣ истифода шудаанд ва ё дар натиҷаи фаъолияти террористӣ ба даст омадаанд
Молу мулке, ки бо мақсадҳои террористӣ истифода шудаанд ва ё дар натиҷаи фаъолияти террористӣ ба даст омадаанд, тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.
 
БОБИ 8. ҲИМОЯИ ХУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ИШТИРОК МЕКУНАНД
Моддаи 33. Шахсони воқеии дар муқовимат ба терроризм иштироккунанда, ки таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ қарор мегиранд
1. Шахсони воқеии зерин таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ қарор мегиранд:
1) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ бевосита иштирок мекунанд (кардаанд);
2) шахсони воқеӣ, ки ба субъектҳои бо терроризм муқовиматкунанда дар ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ, қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он, инчунин, дар кушодан ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба амали террористӣ ба таври доимӣ ё муваққатӣ кумак мерасонанд;
3) шахсони воқеӣ, ки дар бораи фаъолияти террористӣ ва ҳолатҳои дигар маълумот додаанд ва хабари онҳо барои ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ мусоидат намудааст;
4) аъзои оилаи шахсоне, ки дар ҳамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таъмини ҳимояи онҳоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.
2. Чораҳои ҳимояи давлатӣ ва амниятӣ, инчунин, дастгирии иҷтимоии шахсони воқеӣ, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок ва ҳамкорӣ кардаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» амалӣ мегардад.
Моддаи 34. Ҷуброни зарари дар натиҷаи амали террористӣ ба ҷабрдидагон расондашуда
1. Ҷуброни зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи амали террористӣ расондашуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ  пардохт гардида, бо тартиби даъвои мутақобила (регрессӣ) мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсе, ки зарар расондааст, ба фоидаи давлат ситонида мешавад.
2. Зараре, ки дар натиҷаи амали қонунӣ ҳангоми пешгирии амали террористӣ ба саломатӣ ва молу мулки шахси воқеии дар амали террористӣ иштироккунанда расонда шудааст ё боиси фавти ӯ гардидааст, ҷуброн карда намешавад. 
Моддаи 35. Барқарорсозии иҷтимоии шахсони воқеӣ, ки дар натиҷаи амали террористӣ зарар дидаанд
1. Барқарорсозии иҷтимоии шахсони воқеӣ, ки дар натиҷаи амали террористӣ зарар дидаанд, инчунин, шахсони воқеӣ, ки дар моддаи 33 Қонуни мазкур зикр шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо мақсади баргардондани онҳо ба ҳаёти муътадил амалӣ мегардад ва он ёрии ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббӣ, барқарорсозии касбӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ ба кор барқарор кардан ва ба онҳо додани манзилро дар бар мегирад.
2. Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсони воқеии аз амали террористӣ зарардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Барои шахсони воқеӣ, ки дар моддаи 33 Қонуни мазкур номбар шудаанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба ғайр аз барқарорсозии иҷтимоӣ чораҳои дигари барқарорсозиро пешбинӣ намояд.
Моддаи 36. Баҳисобгирии имтиёзноки собиқаи хизматӣ 
1. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони мақомоти дахлдори давлатӣ, ки дар ҷузъу томҳои субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба муҳлати собиқаи хизматӣ барои таъмини нафақа – як рӯзи хизмат ҳамчун ду рӯз ва ҳангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ – як рӯзи хизмат ҳамчун се рӯз (агар ин муҳлатҳо тибқи қонунгузорӣ барои онҳо ба андозаҳои бештар ҳисоб карда нашаванд) ҳисоб карда мешавад.
2. Давраҳои иштироки бевоситаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони мақомоти дахлдори давлатӣ дар амалиёти зиддитеррористӣ ҷиҳати баҳисобгирии имтиёзноки собиқаи хизматӣ (собиқаи меҳнатӣ), барои таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 
 
БОБИ 9. ХУСУСИЯТҲОИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР АМАЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ
Моддаи 37. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои иштирок дар амал ва фаъолияти террористӣ 
Шахсони воқеӣ, ки дар амал ва фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамоянд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Моддаи 38. Ҷавобгарии ташкилотҳо барои фаъолияти террористӣ 
1. Таъсисдиҳӣ ва амалисозии фаъолияти ташкилоте, ки мақсад ё амалҳояш ба тарғиб, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм ё содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст, манъ аст.
2. Ташкилот бо қарори суд дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат террористӣ ҳисобида, фаъолияташ манъ карда мешавад, агар ташкил, тайёр ва содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ аз ном ва ба манфиати ташкилот анҷом дода шавад, инчунин, агар амали мазкурро шахси воқеие содир намояд, ки ташкилот таҳти назорати ӯ бошад. Қарори дахлдори суд дар бораи манъи фаъолияти ташкилот ба сохторҳои маҳаллӣ ва сохторҳои дигари он низ паҳн мешавад. 
3. Барои аз ҷониби суд террористӣ эътироф гардидани ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалӣ (шуъба, филиал, намояндагии он) маводи мавҷудбуда ва ё тибқи шартномаи байналмилалӣ ё дар асоси мутақобила маводи пешниҳодкардаи давлати дахлдор, ки алоқамандии ташкилотро ба фаъолияти террористӣ тасдиқ менамоянд, асос шуда метавонанд. 
4. Дар сурати террористӣ эътироф шудани ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалӣ (шуъба, филиал, намояндагии он), фаъолияти ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар манъ мегардад ва он барҳам дода мешавад, молу мулки ба ин ташкилот тааллуқдошта ва ё бевосита ё бавосита дар ихтиёри он қарордошта мусодира карда мешавад. Ҳамчунин, молу мулке, ки барои кумак расондан ба ташкилоти хориҷӣ ё байналмилалии мазкур дар фаъолияти террористӣ истифода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира мегарданд. 
Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои маблағгузории фаъолияти террористӣ 
1. Шахсони воқеӣ, ки дар маблағгузории фаъолияти террористӣ гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
2. Фаъолияти ташкилотҳое, ки фаъолияти террористиро маблағгузорӣ мекунанд, бо қарори суд манъ шуда, молу мулки онҳо ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. Роҳбарон ва кормандони шахсони ҳуқуқии фаъолиятшон манъшуда, ки дар маблағгузории фаъолияти террористӣ бевосита иштирок намудаанд, мувофиқи қисми 1 ҳамин модда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
3. Тартиби танзими муносибатҳои шаҳрвандони, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва ташкилотҳо оид ба гузаронидани амалиётҳо бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва молу мулки дигар, инчунин, мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди  гузаронидани амалиёт бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигарро бо мақсади муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ назорат мекунанд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
 
БОБИ 10. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ
Моддаи 40. Мақсади ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризм 
Мақсади ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризм инҳо мебошанд:
1) ҳимояи шахс, ҷамъият, давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдидҳои террористӣ;
2) таҳкими ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ;
3) таҳияи роҳҳои мувофиқашудаи муқовимат ба терроризм, аз ҷумла доир ба масъалаи пешгирии фаъолияти террористӣ;
4) ошкор ва бартараф намудани сабабҳои паҳнгардии таҳдидҳои террористӣ, инчунин, шароите, ки ба амалисозии фаъолияти террористӣ мусоидат мекунанд;
5) ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ нисбати як ё якчанд давлат ва то ҳадди камтарин расондани оқибатҳои амали террористии содиршуда;
6) таъмини ногузирии ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иштирок дар фаъолияти террористӣ;
7) роҳ надодан ба амалияи татбиқи стандартҳои духела дар муқовимат ба терроризм;
8) такмил додани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар муқовимат ба терроризм, рушд ва мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;
9) афзун намудани самарабахшии ҳамкории мақомоти давлатӣ оид ба ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ, қатъ ва тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ошкор ва қатъ кардани фаъолияти ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти террористӣ алоқамандӣ доранд, инчунин муқовимат ба маблағгузории терроризм.
Моддаи 41. Шаклҳои ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризм 
Шаклҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризм инҳоянд:
1) мубодилаи иттилоот;
2) таъсис додани махзани махсуси маълумот;
3) ҳамкорӣ дар ошкор, манъ кардан ё ҳабс гузоштан ба маблағҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ истифода мешаванд ё барои он пешбинӣ шудаанд, инчунин, мусодираи молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани чунин ҷиноятҳо ба даст оварда шудаанд;
4) супурдани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро содир намудаанд ё дар содиркунии чунин ҷиноятҳо асоснок гумонбар дониста шудаанд; 
5) ташкили ҷустуҷӯ, дастгиркунӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони воқеӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва иштирок дар фаъолияти террористӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд;
6) расондани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, оперативӣ, методӣ, техникӣ, ҳарбӣ ва кумакҳои дигар;
7) амалигардонии чорабиниҳои муштарак ва (ё) ҳамоҳангшудаи оперативӣ, амалҳои тафтишотӣ, машқҳои зиддитеррористӣ ва тадбирҳои дигар;
8) иҷрои дархостҳо дар бораи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ, тафтишотӣ  ва чорабиниҳои дигар;
9) тайёр кардани кадрҳо, мубодилаи таҷрибаи корӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак дар самти муқовимат ба терроризм;
10) ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ бо мақсади пешгирии терроризм;
11) иштирок дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба терроризм;
12) фаъолияти муштарак ҷиҳати бартараф ва рафъ намудани сабабу шароите, ки ба содиршавии амалҳои террористӣ мусоидат намудаанд;
13) таҳияи сиёсати мувофиқашуда ва ҳамкорӣ дар таъминоти иттилоотию таблиғотии муқовимат ба терроризм. 
Моддаи 42. Ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаи супурдани шахсони воқеӣ, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро содир намудаанд ё дар содир намудани онҳо гумонбар шудаанд
1. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости давлатҳои хориҷиро дар хусуси супурдани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро содир намудаанд ё дар содир намудани чунин ҷиноятҳо ба таври асоснок гумонбар дониста мешаванд, баррасӣ менамояд. 
2. Дар сурати рад кардани ба давлати хориҷӣ супурдани шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиро содир намудаанд ё дар содир намудани чунин ҷиноятҳо асоснок гумонбар дониста мешаванд, бинобар сабаби ба ин шахсон додани паноҳгоҳи сиёсӣ ва ё мавҷуд будани асосҳои кофии таъқиби онҳо дар давлати хориҷӣ аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ, нажодӣ, динӣ ё мазҳабӣ, чунин шахсон дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.     
БОБИ 11. НАЗОРАТИ АМАЛИГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ 
Моддаи 43. Назорати амалигардонии фаъолият оид ба муқовимат ба терроризм 
Назорати амалигардонии фаъолият оид ба муқовимат ба терроризмро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори дигари давлатӣ дар доираи салоҳияташон анҷом медиҳанд.
 
БОБИ 12. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №11, мод. 275; с. 2005, № 3, мод. 116;  с. 2007,  №5, мод. 355; с. 2008, №10, мод. 802; с. 2012, № 8, мод. 816; с. 2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1112) аз эътибор соқит дониста шавад.  
Моддаи 46. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1808