ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҲИМИЯТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/06/2024 - 14:53
     Мусаллам аст, ки паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта мушаххас ва муайян карда мешаванд.
     Таҳлили паёмҳо собит месозад, ки онҳо вобаста ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ, бо таҳлилҳои воқеии вазъи кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди арзёбӣ сурат гирифта, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, бо назардошти вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамо, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
       Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошанд.
     Муҳим будани ин масъала дар он ифода меёбад, ки риоя ва иҷрои Қонститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ, тафаккури баланди зеҳнӣ, дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон вобастагии калон дорад.
     Дар робита ба ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668 ба имзо расид.
      Фармони мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардидааст.
    Ба анҷом расонидани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамоянд.
    Маърифати ҳуқуқӣ воситаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа маҳсуб ёфта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дарки муҳим будани риояи чаҳорчӯбаи муайяннамудаи рафтор, ки тавассути меъёрҳои қонунгузорӣ муқаррар шудааст, сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаро муайян мекунанд. Бевосита тавассути маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванд имкон пайдо менамояд, ки зарурати қабул ва татбиқи қонунҳоро ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дарк намояд.
     Ба ақидаи Нематов А.Р. татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдор танҳо дар сурати сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шахс ва иҷрокунандаи ҳуқуқ ба даст оварда мешавад. Ташаккули малакаи хониш ва эҳтироми қонун дар байни шаҳрвандон ва мардум шарти зарурии татбиқи қонун мебошад. Фарҳанги ҳуқуқӣ ба шаҳрванд барои дарки ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқӣ кумак мерасонад ва ба татбиқи он мусоидат мекунад, зеро маърифати ҳуқуқӣ инчунин дарки зарурати риояи қатъиян талаботи қонунро дар бар мегирад.
     Бешубҳа, маърифати баланди ҳуқуқӣ риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба он мебошад. Шахси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона иштирок менамояд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
    Дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон мaсъaлaи мaърифaти ҳуқуқӣ вa тaъмини тaрбияи ҳуқуқии шaҳрвaндон зaминaи мустaҳкaм доштa, бо мaқсaди тaъмини волоияти қонун дaр ҷомеa, риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бaлaнд бaрдоштaни таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, дарки шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии aҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонунвaйронкуниҳо тули солҳои соҳибистиқлолӣ тaдбирҳои зaрурӣ aмaлӣ гaштa, дaр ин сaмт якчaнд сaнaдҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” аз 16 декабри соли 2022, №332; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ»; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, қабул гардидаанд.
      Боиси зикр аст, ки эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бa 30-солaгии қaбули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ оид бa қaбули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вa aҳaмияти зарурии он дaр ҳaёти мaмлaкaт чунин тaъкид намуданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
    Ҷойгоҳи Конститутсия дар татбиқи амалии ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эътирофи давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ягона, инчунин амалӣ гардидани меъёрҳои он дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
     Ҳамин тариқ, бо ибтикори Пешвои миллат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ, маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ нақши назарраси худро мегузорад. Дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат соли 2024 низ дар рушду нумӯи минбаъдаи давлату давлатдориамон, иқтисоди миллӣ ва боз ҳам боло рафтани вазъи некӯаҳволии шаҳрвандон нақши хотирмон хоҳад гузошт.
 
Тоирзода Малика Тоир,
муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)