ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА МОҲИЯТИ БУНЁДИИ ОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 04/06/2024 - 17:52
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо дар назар доштани манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ташаккул меёбад.
   Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
    Ҳамзамон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шудааст.
      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва новобаста аз муносибати шаҳрвандон ба кадом дин ва мансубияти динӣ онҳо дар назди қонун баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
    Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
     Давлат ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад. Давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динӣ ва мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, то ин ки ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва мазҳабҳои гуногун ба роҳ монда нашавад.
     Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод.
     Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» аз 8 июни соли 2007, №272, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, №489, «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011, №762, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин» аз 4 апрели соли 2018, №1042 қабул шудааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз доштанд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад”.
     Яъне, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ карда мешавад.
     Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин амалӣ намудани вазифаҳои асосии зеринро пайгирӣ менамояд:
      - ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар, рушди устувори робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ;
     - таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ кардан ва ё накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ;
     - таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод;
    - такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ;
     - таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа;
     - мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик;
     - ташаккули низоми шаффофу муосири таълимоти динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазириву ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоият дар ҷомеа;
     - пешгирии барангехтани кинаю адоватӣ динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ;
     - ҷалби иттиҳодияҳои динӣ ба раванди бунёди давлати дунявӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа.
     Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Мутахассисони зиёде бар он ақидаанд, ки давлати дунявӣ шакли олитарини таъмини озодии виҷдон барои шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, давлати дунявӣ ба ҳеч ваҷҳе давлати атеистӣ набуда, он эътиқоди динӣ доштан ё надоштани шаҳрвандонро идора намекунад. Ҳамзамон, дар давлати дунявӣ дин ба идоракунии давлатӣ, муносибатҳои оммавӣ-ҳокимиятӣ, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқию сиёсӣ дахолат намекунад.
     Нишонаҳои асосии давлати дунявиро ба тариқи зайл метавон тасниф кард:
     - манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
    - аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ;
     - қоидаву меъёрҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ хизмат намекунанд;
     - давлат ба масъалаи озодии виҷдони шаҳрвандон мудохила намекунад;
   - ҳеҷ гуна дин, иттиҳодияҳои динӣ наметавонад ҳамчун дини давлатӣ ё ҳатмӣ муқаррар карда шавад;
    - низоми таълиму тарбияи давлатӣ характери дунявӣ дошта, ҳадафи ташаккули ин ё он намуди муносибатро ба дин пайгирӣ намекунад;
     - ҳамаи динҳо баробар эътироф шудаанд;
     Ин далел, ҳамчунин, гувоҳӣ медиҳад, ки барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
     Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.
     Бояд гуфт, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори динӣ (мазҳабӣ), инчунин тарҷиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
     Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҳаргиз маънои онро надорад, ки ташкилотҳои динӣ бо давлат ҳамкорӣ намекунанд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро барои эътиқоди динӣ ва фаъолияти динӣ маҳдуд намекунад. Танҳо он иттиҳодияҳои ҷамъиятие манъ карда мешаванд, ки нажодпарастию миллатгароӣ, хусумату бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд. Давлат дар он маврид ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ дахолат мекунад, ки агар ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низом ва суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ хатар эҷод карда шавад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ихвон-ул-Муслимин”, “Ҳаракати Толибон”, “Ҳизб ут-таҳрир ал-Исломӣ”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ан-нусра”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизби назҳати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони озод” ва дигар - ташкилоти динии ифротгароёна манъ карда шудааст. Ё худ дар натиҷаи баррасии аризаи даъвоии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ кардани фаъолияти равияи “Салафия” қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси манъ карда шудани фаъолияти ин равия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, зеро пайравони ин равия ошкоро бадбинии мазҳабиро тарғиб менамуданд ва ин кирдори онҳо, пеш аз ҳама, ба меъёри конститутсионӣ оид ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мухолифат дорад.
     Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем. Бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат мо бояд ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат пешгирии таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта мунтазам чораҷӯӣ намоем.
 
 
Сабурзода Наврӯз Мирзоалӣ, сармутахассиси шуъбаи қонунгузори оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад