You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1669 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1668 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1658 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1655 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1667 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1961 - 1963 ҚАБУЛ ШУДААНД Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1674 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1652 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД Маҷлиси Олии ҶТ 18.12.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1648 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ Маҷлиси Олии ҶТ 25.10.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1633 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1642 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (БАХШИДА БА 62-СОЛГАРДӢ ҚАБУЛИ ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР)»

-A A +A
Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 08/12/2010 - 11:05

     8-уми декабри соли 2010 соати 8-30 дар толори маҷлисгоҳи Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Масоили назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон (бахшида ба 62-солгардӣ қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар)» баргузор мегардад.

     Дар конфронси мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

1.    Мутобиқати санадҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба санадҳои байналхалқӣ

2.    Танзими вазъи ҳуқуқии инсон дар қонунгузории миллӣ

3.    Проблемаҳои татбиқи ҳуқуқҳои инсон дар амалияи хуқуқтатбиқсозӣ

4.    Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи судӣ

5.    Ҳимояи хуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

6.    Татбиқи ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

7.    Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

8.    Ҳифзи хуқуқҳои кудакон, занон ва дигар гӯруҳҳои иҷтимоӣ

 

Барномаи конфронс

 

08.30-09.00    Бақайдгирии иштирокчиён

09.00-09.15    Суҳани ифтитоҳӣ:

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ  Раҳимов М.З.

Роҳбари Филиали ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналҳалқӣ «Хелветас» Конкиевич Э.

09.15-09.30    Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон. Ализода З. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

09.30-09.40    Музокира

09.40-09.50    Зарурат ва аҳамияти Эъломияи ҳуқуқи башар. Раҷабов М. дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналҳалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

09.50-10.00    Музокира

10.00-10.10    Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар мурофиаи судӣ. Исоев М. Сардори Раёсати назорати қонуни будани қарорҳои судҳо  оид   ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи Генералии ҶТ

10.10-10.20    Музокира

10.20-10.30    Меҳанизмҳои судии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҶТ. Табаров Н. муовини сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ

10.30-10.40    Музокира

10.40-10.50    Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ: ки ва чи тавр онро амалӣ менамояд. Гозиев М. Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии ДРТС. 

10.50-11.00    Музокира

11.00-11.10    Асосҳои маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ. Диноршоев А. Сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ

11.10-11.20    Музокира

11.20-11.40    Кофе-брейк

11.40-11.50    Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ. Бадриддинов А. ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон».

11.50-12.00    Музокира

12.00-12.10    Ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Қаюмов С. Прокурори калони Раёсати назорати  умумии Прокуратураи Генералии ҶТ

12.10-12.20    Музокира

12.20-12.30    Вазъи ҳуқуқии тарбияи ҳуқуқшиносони баландиҳтисос дар қонунгузории миллии ҶТ. Иброҳимов Ҳ. Сардори шӯъбаи ҷамбасткунӣ ва ёрии амалӣ ба судҳои поёнии Суди Олии ҶТ

12.30-12.40    Музокира

12.40-13.30    Обед

13.30-13.40    Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ташаккули ҳуқуқи инсон. Сафаров Б. Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

13.40-13.50    Музокира

13.50-14.00    Ҷамбаҳои ҳуқуқии консепсияи муосири даҳолати башардӯстона. Мансуров У. Мудири кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ-давлатии факултети ҳуқуқшиосии ДРТС

14.00-14.10    Музокира

14.10-14.20    Ҳифзи ҳуқуқии қурбониёни ҷанг дар давраи низоъҳои ҳарбӣ. Бобоева Х. мутаҳассиси Шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ

14.20-14.30    Музокира

14.30-14.40    Нақши ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар низоми ҳуқуқҳои инсон. Салоҳиддинова С. мутаҳассиси Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ

14.40-15.00    Кофе - брейк

15.00-15.10    Масоили диффаматсия дар низоми ҳуқуқи инсон. Пулатов А.  сармутаҳассиси Шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ

15.10-15.20    Музокира

15.20-15.30    Таъмини муҳити зисти солим кафили амали шудани ҳуқуқ ба саломатии инсон. Фарҳуддинов Ҷ. мутаҳассиси Шӯъбаи қонгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ

15.30-15.40    Музокира

15.40-15.50    Озод намудан аз толори суд ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои судшаванда. Назаров Н. ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»

15.50-16.00    Музокира

15.40-16.00    Ҷамбасти конфронс

 

Конфронси мазкур бо дастгирии Филиали ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналҳалқӣ «Хелветас» ва ТҶ Маркази ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад.