ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 02/11/2020 - 10:18
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" апрели соли 2018, № 1042
тасдиқ шудааст
 
 
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (минбаъд - Консепсия) мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.
2. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (минбаъд - сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо дар назар доштани манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ташаккул меёбад.
3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ карда мешавад.
4. Ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.
5. Дар Консепсия мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- мазҳаб - шохаи ягон дин, аз ҷумла мактабҳои динии ҳуқуқӣ;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин - мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим амалӣ менамояд ва муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро ҳамоҳанг месозад;
- маросими динӣ - маҷмӯи амалҳои рамзии диние мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, гурӯҳи шахсон ва ё шахсони ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад;
- мафкураи динӣ - маҷмӯи ғояву ақидаҳо ва ҷаҳонбинии динӣ;
- озодии пайравӣ ба дин - ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона интихоб кардани ягон дин ва пайравӣ намудан ба он, иштирок дар ибодати динӣ, адои маросими динӣ ва таълими дин;
- прозелитизми ноҷоиз - фаъолияти ғайриқонунӣ оид ба ҷалби одамон ба иттиҳодияи динӣ бо истифодаи фишор, маҷбуркунӣ ва ё пешниҳоди иттилооти нодуруст;
- таассуби динӣ - пайравии ашаддӣ ба эътиқоду мазҳабе, ки нораво дониста шудааст;
- таҳаммулпазирӣ - бидуни хусумат қабул намудани ҳиссиёт, андеша, ақида, дину оин ва тарзи зиндагонии дигарон, эътироф намудани ҳуқуқ ба мавҷудияти фарҳангҳои дигар ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи гуногунмазҳаб;
- тундгароии динӣ - мафкураи диние, ки ба дигаргуниҳои динӣ дар ҷамъият ва асоснок намудани ақидаи истифода бурдани зӯроварӣ барои ҳалли масъалаҳои динӣ дар ҷомеа марбут аст;
- фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ) - тарғибот ба дини таблиғшаванда бо мақсади гаравиши бединон ва намояндагони дигар динҳо;
- ходимони динӣ - шахсоне, ки аз ҷониби иттиҳодияи динии дахлдор барои анҷоми ибодат ва маросими динӣ ваколатдор карда шудаанд;
- экстремизм- низоми дидгоҳ, ақида ва мақсадҳо, ки бо усулу воситаҳои зуроварӣ, инчунин зиддиҳуқуқӣ ва ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд ва ҳамчун воситаи асосии ҳал намудани хусумату низоъ, рад кардани созишу мусолиҳа, инчунин анҷом додани амалҳои зиддиҳуқуқии ба ғасби зӯроваронаи ҳокимият ё нигоҳдории зӯроваронаи ҷамъият, инчунин ба тағйири иҷбории асосҳои сохтори конститутсионӣ, халалдор сохтани якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии давлат, баробар то таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ бо мақсади дар боло зикршуда, ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ё иштирок дар онҳо, ки тибқи қонунгузории миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
2. ЗАМИНАҲОИ ҚАБУЛИ КОНСЕПСИЯ
 
6. Пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати таърихии эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ба даст оварданд. Гарчи марҳилаи таҳкими давлатдории мустақили миллии тоҷикон мураккаб гузашт, вале имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътирофи комил ва мақоми шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ба шаҳрвандон муяссар гаштааст, ки тайи ин марҳила масъалаҳои асосии раванди давлатсозӣ ва давлатдории худро ҳал намуда, ҷомеа ва давлати худро аз хатари нобудшавӣ раҳонида, бо азми устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшони худ ҳаракат намоянд. Дар ин роҳ яке аз муҳимтарин масъалаҳои раванди эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва шинохти фарҳангу ҳувияти миллии мардуми Тоҷикистон муайян намудани мақоми дин дар ҷомеа ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин мебошад.
7. Зарурати қабули Консепсия аз талабот ва омилҳои зерин бармеояд:
- усул ва меъёрҳои муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гаштааст, вале дар рафти татбиқи амалии онҳо баъзе душвориву норавшаниҳои назариву амалӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Ин вазъият, хусусан ба масъалаҳои таъмини фаҳмишу иҷрои якхелаи мафҳумҳо ва меъёрҳои муқарраршуда дар ин соҳа ҷой дошта, боиси пеш омадани баъзе душвориҳо дар муносибати байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ ва шаҳрвандон мегардад;
- солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ доранд, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундравона гаштааст, ки аз ин вазъият бахши муайяне аз аҳли илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа изҳори ташвиш ва нигаронӣ менамоянд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузорад, боиси пеш омадани таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегарданд;
- дар ду даҳсолаи охир фаъолияти таблиғотии (миссионерии) равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст. Бо вуҷуди аз сӯи давлати Тоҷикистон таҳаммул гардидани фаъолияти озоди ҳамаи ин равияҳои навпайдо ва барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, бахше аз онҳо аз мушкилоти муваққатии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардум сӯиистифода намуда, бо пеш гирифтани фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ) дар байни аҳолӣ сабабгори ба вуҷуд омадани заминаҳои хусумату низоъҳои динию мазҳабӣ мешаванд;
- воридшавии бенизоми адабиёти динию мазҳабӣ ва маводи электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ, ки дар солҳои охир аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдои исломӣ ва ғайриисломӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, нигаронии ҷомеа ва мақомоти давлатиро ба вуҷуд овардааст. Ҳолати мазкур метавонад сабаби пеш омадани бенизомии комил дар бозори адабиёти динӣ, паҳн гаштани таълимоти дорои хусусиёти ифротӣ дар байни наврасону ҷавонон ва барангехтани низоъ ва хусумати динӣ дар ҷомеа гардад. Ба танзим даровардани раванди воридот, табъу нашр, интишор, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин ашёву маводи таъиноти динӣ аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳои танзими вазъи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад;
- дуруст танзим нагардидани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ба Ватан барнагаштани ҳамаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд, боиси афзудани воридшавии ғояву ақидаҳои равияҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво гаштааст. Дар оянда ба Ватан баргаштан ва ба иттиҳодияҳои динӣ ворид гардидани онҳо мумкин аст душвории навро дар муҳити динии кишвар ба вуҷуд оварад ва фазои ороми ҷомеаро халалдор созад;
- дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳворавӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ маҳсуб ёфта, ба муҳити динии мо мутобиқ нестанд, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст;
- бинобар омилҳои таърихӣ рушд наёфтан ва хусусияти куҳнапарастӣ гирифтани тафаккури динии ҷомеа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҷомеаро нигарон намудааст, ки дар хусусияти таассубӣ ва то ҳадде хурофотӣ гирифтани тафаккур ва маърифати динии мардум ба мушоҳида мерасад;
- дар пайи тавсеа ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ, воситаҳои иттилоотӣ ва доман паҳн кардани мухолифати ғояву ақидаҳои гуногуни динӣ, муҳити динии суннатии кишвар ба дастгирии давлат эҳтиёҷ пайдо кардааст.
 
3. ВАЗЪИ КУНУНИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ДИН
 
8. Раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон боис гашт, ки шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд.
9. Эълони озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, бунёди масҷиду муассисаҳои таълими динӣ ва дигар омилҳои ба ин монанд сабаб гардиданд, ки таваҷҷуҳи мардум ба дин ва диндорӣ ба маротиб зиёд шавад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, рафтуомади озоди шаҳрвандон ба хориҷа, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар, воридшавии таълимоти равияву мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва ғайриисломӣ ба фазои динии кишвар ва теъдоди зиёди адабиёти динӣ аз хориҷ, чопу нашри китобу маводи дигари таблиғи динӣ дар дохил ва ғайра боис гашт, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон фазои муайяни динӣ ба вуҷуд ояд.
10. Дар тӯли даҳсолаи охир дар натиҷаи таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва геополитикӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ хусусиятҳои фазои динии кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтанд. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии танзими муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштаанд.
11. Мусулмонони Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоати дини ислом мебошанд ва 3 дарсади ин шумораро пайравони мазҳаби исмоилии дини ислом ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3900 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин 2 кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 1 ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳабҳои гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шуда, фаъолият мебаранд.
12. Иқдоми муҳиме, чун дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик ва аксар мусулмонони ҷаҳон - Имоми Аъзам (р), ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани Қуръони Карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии "Таърихи дин" ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.
13. Бо дар назар доштани вазъи баамаломада Консепсия таҳия карда шуд, ки дурнамои дарозмӯҳлати сиёсати давлатиро дар соҳаи мазкур муайян месозад.
 
4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ДИН
 
14. Мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бо дар назар доштани ҳадафҳои стратегӣ ва масъулиятҳое, ки давлат дар самти таҳкими истиқлолияти кишвар, таъмини амнияту манфиатҳои миллӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷомеа дар шароити нави таърихиву сиёсӣ дар пеши худ гузоштааст, муайян карда шуда, аз фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳкими робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав дар муҳити динӣ ва ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон иборат мебошад.
15. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин амалӣ намудани вазифаҳои асосии зеринро пайгирӣ менамояд:
- ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар, рушди устувори робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ;
- таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ кардан ва ё накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ;
- таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод;
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ;
- таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа;
- мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик;
- ташаккули низоми шаффофу муосири таълимоти динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазириву ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоият дар ҷомеа;
- пешгирии барангехтани кинаю адоватӣ динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ;
- ҷалби иттиҳодияҳои динӣ ба раванди бунёди давлати дунявӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа.
 
5. ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ДИН
 
16. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ҳамчун сиёсати созанда ва дарозмуҳлат дар заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва таърихию назарӣ ташаккул меёбад.
17. Заминаҳои сиёсию ҳуқуқии ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории кишвар муқаррар гашта, мафҳумҳои асосӣ, усулҳои меъёрӣ ва воситаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.
18. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии давлатро муайян намуда, ба сифати сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон баромад менамояд. Меъёрҳои он барои ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи дин заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Тамоми махзани ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи дин дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 ва 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин марбутанд, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар ин асос, меъёрҳои Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мавқеи асосиро ишғол менамоянд.
19. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши назаррас доранд, ки татбиқи онҳо бо риояи талаботи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ба ин гуна санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ ва ғайра дохил мешаванд.
20. Санади меъёрии ҳуқуқии асосие, ки фаъолияти иттиҳодияҳои диниро дар Тоҷикистон бевосита танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" мебошад. Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Тибқи қонуни мазкур озодии инсон ва шаҳрванд нисбат ба интихоби дин, инчунин ба ҷо овардани маросими динӣ кафолат дода шуда, иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамоянд.
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим намуда, дахолат накардани давлатро ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин менамоянд ва таҳаммули мазҳабиро байни динҳо ва мазҳабҳои гуногун кафолат медиҳад.
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ", "Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар", "Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши муҳим доранд, ки ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба танзим медароранд.
23. Заминаҳои таърихию назарии ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи динро омилҳо ва воқеиятҳои зерин ташкил медиҳанд:
- дар тамаддуни бостонии тоҷикон озодии виҷдон ҳамчун кафили ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳо муаррифӣ гардида, нишонаи беназири фарҳанги олии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Меъёри мазкур бори нахуст дар Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун нахустин санади меъёрӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ гардида, дар озодии ҳамаи халқҳо дар парастишу эътиқодашон ифода меёфт. Таҷрибаи бостонии халқи тоҷик дар соҳаи дин ба ҳайси нишондиҳандаи рушди тамаддуни волои инсонӣ эътироф гашта, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон чун арзиши пурқимат ворид шудааст ва ҳамчун омили пойдории сулҳу субот дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Таҷриба ва анъанаҳои бостонии халқи тоҷик дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бо дар назар доштани шароити замони муосир ба назар гирифта мешавад;
- мардуми тоҷик беш аз 1300 сол бо фарҳангу эътиқоди исломӣ зиндагӣ доранд. Дар ин муддат дини ислом ба яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мубаддал шуда, меъёри ахлоқию маънавии он дар зиндагии аксарияти мардум ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи раванди тӯлонии омезиши арзишҳои исломӣ бо арзишҳои миллии тоисломии тоҷикон дар фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик марзи мафҳумҳо ва арзишҳои миллӣ ва динӣ асосан аз байн рафта, дар зиндагии амалии аксари мардуми Тоҷикистон ин арзишҳо ба сифати бахшҳои пайвастаи як низоми комили арзишию ахлоқӣ муаррифӣ мегарданд. Дар шароити кунунӣ дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин арзишҳои динӣ ҳамчун бахши фарҳанги миллӣ баҳри таъмини ҳамзистии осоишта ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди омӯзиш ва ҳифз қарор мегиранд;
- тоҷикон бо пазируфтани ислом дар ташаккули фарҳанги исломӣ нақши муҳим бозидаанд ва садҳо нафар аз намояндагони онҳо ба унвони имомону пешвоёни динӣ, фақеҳону муҳаддисон, олимону мутафаккирони соҳаҳои гуногун дар рушди тамаддуни исломӣ мақоми устувор дошта, ному корномаи онҳо дар зумраи бузургтарин чеҳраҳои таърихи ислом сабт гаштааст. Дар ин ҷумла, шахсиятҳои барӯманди тоҷиктабор, чун Салмони Форсӣ, Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Насафӣ, Имом Мотуридӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва садҳо нафари дигар аз шахсиятҳои пурифтихори ҷаҳони ислом мебошанд. Сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон дар тӯли садсолаҳо ҳамчун бузургтарин маркази ташаккули илму фарҳанги исломӣ муаррифӣ гардида, дар масири таърих забони тоҷикӣ ба унвони забони дуюми олами ислом шинохта мешавад. Мероси гаронбаҳои фарҳангии мутафаккирони тоҷик дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа мавриди истифода қарор мегирад;
- аксарияти аҳолии Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом буда, таълимоти ин мазҳаб дар фарҳанги миллии тоҷикон нақши меҳварӣ дорад. Мазҳаби ҳанафӣ барои тоҷикон танҳо як маҷмӯаи таълимоти фиқҳӣ набуда, дар тӯли садсолаҳо фарҳангу маънавиёт, одобу ахлоқ, меъёрҳои рӯзмарраи ҳаёт ва расму оинҳои мардуми тоҷик бо он пайваст гаштаанд. Бинобар мақоми таъинкунандаи мазҳаби ҳанафӣ дар фазои динии Тоҷикистон, вазъияти муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ асосан ба муносибати давлат нисбат ба мазҳаби мазкур вобаста мебошад. Ба мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун ба мазҳаби аксарияти мутлақи аҳолии кишвар ва меҳвари фарҳангу суннатҳои мардуми тоҷик эҳтироми хоса гузошта шуда, дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин омили мазкур ба назар гирифта мешавад;
- таълимоти муътадил ва инсонмеҳваронаи дину мазҳабҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда боис гаштааст, ки мардуми тоҷик дорои тафаккури динии муътадил ва таҳаммулпазир гардида, дар масири таърих дар Тоҷикистон собиқаи тӯлонии ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳабҳои мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ инкишоф ёбад. Ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии пайравони равияву мазҳабҳои гуногуни барои муҳити динии кишвар анъанавӣ, аз ҷумла пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом, пайравони равияи исмоилии дини ислом ва пайравони равияи православии дини масеҳӣ омили суботи муҳити динӣ буда, ҷузъи ҷудоинопазири таъриху фарҳанги ҷомеа ба ҳисоб меравад. Воқеияти мазкур баҳри ба самти рушду созандагӣ сафарбар намудани ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шуда, дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ба назар гирифта мешавад.
 
6. МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
 
24. Дар асоси талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро манъ намудааст, ки ногузирии меъёри мазкурро дар масири таърих таҷрибаи давлатдории миллии муосири тоҷикон собит намудааст.
25. Иттиҳодияҳои динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда, давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ, инчунин дар масъалаҳои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифротгароӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, саҳми иттиҳодияҳои динӣ дар беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, бунёдкориву созандагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа назаррас мебошад.
26. Бо дар назар доштани он ки аксари мутлақи аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ба масъалаи танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динии дорои эътиқоди исломӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун мусоидат намуда, ба зуҳуроти таассуб, хурофот ва ифротгароӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад.
27. Ҳангоми сохтмони биноҳои иттиҳодияҳои динӣ ҳолатҳои риоя ва иҷро нашудани меъёрҳо ва стандартҳои мавҷудаи экологӣ, сӯхторнишонӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин ба роҳ мондани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ дар таҷриба боқӣ мемонанд. Дар ин сурат эҳтимолияти паҳн гардидани ғояву ақидаҳои ифротӣ дар чунин маконҳо афзун гардида, тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чунин раванд дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
28. Баҳри мукаммал намудани раванди бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бино ва иншооти парастишӣ, қабристону зиёратгоҳҳо, риояи қоидаҳои шаҳрсозию меъморӣ ҳангоми таъмиру тармими биноҳои иттиҳодияҳои динӣ, пешниҳоди ҳисоботи иттиҳодияҳои динӣ дар бораи сарчашмаҳои ташаккули молумулк ва хароҷоти он зарурати такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" тақозо мегардад, ки ба таҳкими волоияти қонун дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ нигаронида мешавад.
29. Иттиҳодияҳои динӣ метавонанд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона адабиёти динӣ ва дигар ашёву маводи таъиноти диниро дастрас намоянд ва истифода баранд. Давлат бо мақсади пешгирии густариши ғояву ақидаҳои ифротӣ истеҳсол, содир, ворид, фурӯш ва паҳн гардидани адабиёти динӣ ва дигар ашёву маводи таъиноти диниро тавассути ташаккули низоми гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ ба танзим медарорад.
30. Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад ва тавассути дастгирии молиявии иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони динӣ баҳри татбиқи барномаву чорабиниҳои барои аҳли ҷомеа муҳими фарҳангиву маърифатии онҳо мусоидат менамояд. Дар ин замина, зарур аст, ки дастгирии башардӯстонаи иттиҳодияҳои динӣ аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдор қарор дода шуда, он танҳо дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалӣ ва бо дар назар доштани манфиатҳои давлативу миллӣ роҳандозӣ карда шавад.
31. Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҳангоми амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин пеш аз ҳама талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои давлативу миллиро ба роҳбарӣ мегиранд. Инчунин масъулони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин татбиқи якхелаи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва пешгирии табъиз аз рӯи нишонаҳои диниро таъмин менамоянд.
32. Хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ яке аз принсипҳои асосии низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ маҳсуб ёфта, хизматчиёни давлатӣ ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, новобаста аз мансубияти динии худ, уҳдадориҳои мансабии худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамоянд. Хизматчиёни давлатӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ҳуқуқ надоранд, ки дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ иштирок намоянд ва ба фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ) машғул шаванд.
33. Давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар масъалаи тарбияи ахлоқию маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ ба воя расидани наврасону ҷавонон ҳамкорӣ менамояд.
 
7. МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ БА ШАКЛГИРИИ ТАФАККУР ВА ТАЪЛИМИ ДИНӢ
 
34. Муносибати давлат ба шаклгирии тафаккур ва таълими динӣ ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин мебошад. Сатҳ ва навъи таълимоти динӣ муайянкунандаи вазъи тафаккури динии ҷомеа буда, дар ташаккули маърифати маънавию ахлоқӣ ва фарҳанги мардум таъсири ҷиддӣ дорад.
35. Дар сатҳи таассубу хурофотӣ боқӣ мондани тафаккури динии баъзе аз шаҳрвандон метавонад яке аз монеаҳои рушди устувори ҷомеа ва нуктаҳои заифи суботу амнияти миллии кишвар бошад, ки тавассути ба роҳ мондани барномаҳои таълимию маърифатӣ, боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқию динӣ ва такмили раванди омӯзиши қонунҳо, таърих ва асосҳои дин, диншиносӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ ислоҳ гардидани ҳолати мазкурро тақозо менамояд.
36. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории кишвар дастрасии ихтиёрии хоҳишмандонро ба таълими динӣ кафолат дода, ҳуқуқи падару модарро дар тарбияи динии фарзандон таъмин менамояд. Бинобар хусусияти ҳатмӣ ва ҳамагонӣ доштани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълими динии кӯдакони синни мактабӣ фақат дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ва дар вақтҳои фориғ аз барномаҳои таълимии мактабӣ сурат мегирад.
37. Ҷиҳати дар дохили кишвар омода намудани рӯҳониёни исломии дорои дониш ва маърифати баланду муосири динию дунявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 547 муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" таъсис дода шуд, ки минбаъд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 281 муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит" номгузорӣ карда шуд. Барномаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва корҳои идоракунӣ дар донишкадаи мазкур дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
38. Дар солҳои охир бахше аз ҷавонон барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар мераванд, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ вобаста ба танзими масъалаи мазкур ин раванд дар ҳолатҳои муайян идома дорад. Чунин раванд нораво буда, он бояд дар доираи қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф ҷиҳати таъмини риоя ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 662 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар" ва минбаъд ба Ватан баргардонидани толибилмоне, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил доранд, тадбирҳои мушаххас андешанд.
 
8. НАҚШИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ
 
39. Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд, ки мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизмро муайян менамояд.
40. Муҳити динӣ бар асари омилу воқеиятҳои мухталиф аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм бештар осебпазир буда, мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қутбҳо ҷудошавии он бар асари ворид шудани ақидаҳои тундгаро ва донишҳои нокифояи динии аҳолӣ ба ин раванд мусоидат менамояд.
41. Чорабиниҳо вобаста ба пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм аз корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ, омӯзишиву таълимӣ ва таҳлилу муайян намудани сабабу омилҳои зуҳури ин раванд дар ҷомеаи муосир иборат буда, дар амалӣ намудани онҳо нақши иттиҳодияҳои динӣ муассир мебошад.
42. Давлат шаклҳо, усулҳо ва муҳтавои иттилооти диниро дар муҳити динӣ, аз ҷумла дар воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва бадбинии динию мазҳабӣ, ки ба амнияти давлату миллат таҳдид менамояд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Ходимони диниро зарур аст, ки пайваста ташвиқу тарғиби арзишҳои миллиро дар воситаҳои ахбори омма ва мулоқоту вохӯриҳо ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротӣ, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн карда мешаванд, нишон додани вокунишҳоро роҳандозӣ намоянд.
43. Ифротгароии динӣ дар кишвар то андозае бо таъсири марказҳо ва ташкилотҳои хориҷии экстремистӣ ба миён меояд. Баъд аз хатми таҳсил баъзе аз хатмкардагони муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғояҳо ва мафкураҳои динии кишварҳоеро, ки дар он ҷо таълими динӣ гирифтаанд, паҳн менамоянд ва аз ҷониби онҳо тарғиб намудани тарзи ҳаёт, фарҳанг, шакли зоҳирӣ, либос ва урфу одатҳои ба мардуми мо ғайрианъанавӣ ба мушоҳида мерасад. Бозгашти онҳо ва бо худ овардани таълимоту назарияҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайрианъанавии диниву мазҳабӣ фазои ороми диниро халалдор намуда, боиси пеш омадани заминаи низоъҳои динӣ ва сиёсӣ мегардад.
44. Фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ба муқобили ташкилотҳои динии ифротгаро ва ё шахсони алоҳидае, ки фаъолияти онҳо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин соҳа вайрон мекунанд, равона карда мешавад.
45. Фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ доир ба ҷалбкунии аъзои нав аксаран дар байни ҷавонон ва занон амалӣ карда мешавад, ки ба амнияти давлативу ҷамъиятӣ ва арзишҳои анъанавии оилавӣ хатарҳо эҷод менамояд. Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар хусуси пешгирии тундгароии динӣ дар байни ҷавонон ва занон ба таври васеъ роҳандозӣ карда мешавад.
46. Сабабу шароитҳои ба тундгароии динӣ ва экстремизм мусоидаткунанда, истифодаи унсури динӣ ҳамчун воситаи сиёсӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, инчунин мавҷудияти омилҳои диние, ки бо мафҳуми экстремизму терроризм фарогир нестанд, вале ба заиф гаштани пояҳои давлатдории дунявӣ оварда мерасонанд, зарурати таъмини устувори риояи қонун ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҳуқуқиро тақозо менамояд, ки дар мукаммалгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ мегардад.
47. Баҳри таҳкими нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм дар марҳилаи татбиқи Консепсия муҳим аст, ки бозомӯзӣ ва такмили сатҳи донишу ихтисоси кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин доир ба пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм пайваста ба роҳ монда шавад, инчунин механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи ташхисгарон вобаста ба ташхиси давлатии диншиносӣ муқаррар карда шавад.
 
9. МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ БО ОМИЛИ ДИНӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
48. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати хориҷии давлати соҳибихтиёри демократию дунявӣ бо дар назар доштани манфиатҳои миллии дарозмуҳлати кишвар дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332 тасдиқ шудааст, тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешавад.
49. Омили динӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳон ва минтақа ба таври назаррас таъсиргузор буда, равандҳои ҷаҳонишавӣ метавонанд дар муҳити динии кишварҳои ҷудогона ба низои байни меъёрҳои анъанавии динӣ ва арзишҳои ғайрианъанавии аз берун таҳмилшаванда оварда расонанд, ки воқеияти мазкур дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври воқеъбинона дар назар гирифта мешаванд.
50. Халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣ саҳми бузург ва ҳалкунанда гузошта, бо офаридани осори бузурги моддию маънавии илмӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ яке аз саҳмиядорони асосии хазинаи пурғановати тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Бинобар ин, мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон имрӯз худро аз ҷумлаи меросдорони маънавии ин саҳмияи бузурги гузаштагони худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ дониста, ҳамчун бахши ҷудонашавандаи тамаддуни исломӣ нисбати сарнавишти имрӯзаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бетафовут нестанд.
51. Тоҷикистон ҳамчун узви мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати равандҳои асосии сиёсати байналмилалӣ дар канор набуда, аз ҷумла дар масъалаҳои мубориза бо падидаҳои экстремизму терроризм, таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байнитамаддунӣ мавқеи мушаххаси худро дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз халқи тоҷик дар саҳнаи ҷаҳонӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маҳкум намудани экстремизму терроризм ва ба таълимоти дини ислом нисбат надоштани ин падидаҳои манфур ба таври возеҳ баён доштааст. Дар ин масъала, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ба асли муколамаву гуфтугӯи тамаддунҳо, таҳаммулпазирию эҳтиром ва ҳамзистии фарҳангҳо дар сатҳи байналмилалӣ ташаккул меёбад.
 
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
52. Татбиқи Консепсия фаъолияти дастаҷамъонаи вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, инчунин дигар аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
53. Механизми амалишавии Консепсия аз инҳо иборат мебошад:
- муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо;
- пай дар пай амалӣ намудани чорабиниҳои пешбинишуда;
- ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар амалишавии Консепсия.
54. Ҷиҳати татбиқи Консепсия аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин нақшаи чорабиниҳо барои ҳар панҷсола таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
55. Вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои татбиқ ва иҷрои самараноки он масъул мебошанд.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)