You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 13:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
316
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 13 Декабр, 1996

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод. 340; соли 2000, №11, мод. 533; мод. 552; соли 2004, №2, мод. 37; мод. 53; соли 2005, №3, мод.118; №7, мод. 408; №12, мод.653; соли 2007, №  , мод. )    

 

Бинобар ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993 с, №14, м.285) тағйирот ва иловаҳо ворид намуда дар таҳрири зайл баён карда шавад.

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принципҳои ташкил  ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъминоти он

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

 

Моддаи 2.  Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;

ҳифзи фазои ҳавоии давлат;

муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;

иштирок  дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд.

Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъиноти онҳо  вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

қонуният ва адолати иҷтимоӣ, ҳисоботдиҳӣ ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия;

яккасардорӣ, риояи интизомии ҳарбӣ, таҳияи дастаҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;

омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;

ўҳдадории умумии доимии шаҳрвандон ва ихтиёрӣ ба хизмат даромадан; 

нигоҳдории сирри давлатӣ;

таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо.

 

Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:

қўшунҳои хушкигард;

қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи  зиддиҳавоӣ;

қўшунҳои зудамал.

Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.

Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси  назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.

 

Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ба тартиби ихтиёрӣ, аз рўи шартнома, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарбӣ пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарбӣ ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии ҳайати  ғайри ҳарбӣ бо фармондиҳии ҳарбӣ вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд.

Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касбӣ ташкил намоянд.

 

Моддаи 7. Роҳбарӣ ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ўҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузошта шудаанд, масъул мебошад.

Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишинҳои ў ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истисноӣ шахсони ғайриҳарбӣ ишғол карда метавонанд.

Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонун, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амалӣ намудани онҳо дар  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешавад. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегиранд.

Барои роҳбарӣ ва идоракунии қўшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мақоми асаосии идоракунии амалии қўшунҳо Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:

- нақшаи истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбарӣ ва нақшаи ба таври фаврӣ таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати  мудофиаи мамлакат таҳия  менамояд;

- оид ба докторинаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохт, ҳайат ва ҷойгиршавии қўшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;

- идоракунии амалии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом  медиҳад;

- фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;

-тайёрии сафарбарӣ ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

- тайёрии зарури ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

- омодагии амалии ситодҳо ва қўшунҳоро ташкил менамояд;

- тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти  амалии  стратегиро ба роҳ мемонад;

- нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад.

 

Моддаи 9. Ҷойгиронӣ ва истифодабарии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон             

Ҷойгиронии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амаӣ мегардад.

Плани ҷойгиронии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ мегардад.

Тағйирдиҳии ҷои қўшунҳо дар ҳудуди қаламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегирад.

Ҷойгироӣ ва истифодабарии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя) дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.  

Моддаи 10. Ҳамкорӣ ва амали якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар дар соҳаи мудофиа, ҳифзи сулҳу амният, инчунин соҳаи сохтмони ҳарбӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ўҳдадории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя), дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳида дохил шуда ё таҳти фармондеҳии муттаҳида қарор гирифта метавонад.    

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

 

Моддаи 11. Фаъолияти хоҷагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате ба фаъолияти ҳоҷагӣ машғул шуда метавонад, ки он ба тайёрии ҳарбӣ ва қобилияти  ҷангиашон таъсир нарасонад.

Тартиби амалӣ намудани фаъолияти ҳоҷагӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 12. Маҳдуд намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятие, ки вазифаи ҳимояи ҷамъиятӣ, тарбияи ҳайати шахсиро доранд ва шахсони юридикӣ нестанд, ташкил ёфта метавонанд.

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкили ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо  манъ аст.

Истифодаи мансабҳои штатӣ ва воситаҳои молии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили сохторҳо ва фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар ғайр аз онҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, манъ аст. Бурдани ҳамагуна таблиғоти сиёсӣ дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

 

Моддаи 13. Таъмини қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорат ба қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ў сурат мегирад.

Ҳимояи ҳуқуқи ҳизматчиёни ҳарбӣ, баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ва гражданӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳарбӣ амалӣ мегардад.

 

 

                 Президенти

         ҶумҳурииТоҷикистон                                                                                     Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996,

№ 316