You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Май 2021

-A A +A

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Чшб, 12/05/2021 - 10:58

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Сшб, 18/05/2021 - 16:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1773
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 20 Апрел, 2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 марти соли 2021, № 332
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апрели соли 2021, № 137
ҷонибдорӣ карда шуд.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти адлия) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки дар доираи ваколатҳои худ таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти мақомоти адлия
Фаъолияти мақомоти адлия ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) баробарии ҳама дар назди қонун;
4) инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
5) шаффофияти хизмат дар мақомоти адлия, ба истиснои фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
6) ягонагии низоми мақомоти адлия;
7) ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
8) ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
9) касбият ва салоҳиятнокии кормандони мақомоти адлия;
10) ғайриҳизбият.
 
Моддаи 4. Самтҳои фаъолияти мақомоти адлия
Самтҳои фаъолияти мақомоти адлия инҳо мебошанд:
1) таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ;
2) иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
3) баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
4) гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии давлатии онҳо;
5) пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) мураттабсозӣ ва пешбурди нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
7) пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
9) санҷиш ва назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;
10) дар доираи ваколатҳои худ таъмини фаъолияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар омодасозӣ ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ;
11) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва таблиғоти ҳуқуқӣ;
12) таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
13) бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;
14) гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура;
15) роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасонии давлатӣ;
16) таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
17) ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
18) амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 2. НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
 
Моддаи 5. Низом ва сохтори мақомоти адлия
1. Ба низоми мақомоти адлия инҳо дохил мешаванд:
1) дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо;
4) корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари мақомоти адлия.
2. Дар мақомоти адлия таъсис додан ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.
3. Низомнома ва оинномаҳои мақомоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ба истиснои низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва маркази ёрии ҳуқуқӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро тасдиқ мекунад, аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
4. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассиса, корхона, ташкилотҳои дигар ва шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият таъмин ва бо тартиби муқарраргардида фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад. Фармон дар бораи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани вазир дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинон дорад, ки яке аз онҳо ҳамзамон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Муовини якум ва муовинони вазири адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Шумораи муовинонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳо иборат мебошад, ки роҳбарон ва кормандони онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
5. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти адлия ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис), муовини якум ва муовинони ӯ (аз рӯи мансаб), дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Ҳайати мушовараи вазорат бо пешниҳоди вазири адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни мазкур, низомномаи вазорат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
 
Моддаи 7. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ буда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъмин мекунад. Роҳбарии умумии сарраёсат, мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Сарраёсатро муовини вазир - сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ роҳбарӣ менамояд. Сардори сарраёсат муовини якум ва муовинон дорад, ки онҳо, инчунин командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, сармуҳосиб, сардорони муассисаҳои ислоҳӣ бо пешниҳоди сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
 
Моддаи 8. Раёсати адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
1. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо раёсати адлия таъсис дода мешавад.
2. Раёсати адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳоро сардори раёсат роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
3. Сардори раёсат дорои як муовин мебошад, ки аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4. Дар раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо бо тартиби муқарраргардида воҳидҳои сохторӣ ташкил карда мешаванд, ки кормандони онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори раёсат бо розигии хаттии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
5. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии раёсатро низомномаи он танзим менамояд.
 
Моддаи 9. Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
1. Нотариати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории мақомоти адлия ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамояд.
2. Нотариуси давлатӣ ва кормандони техникии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод менамояд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии низоми нотариати давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
 
Моддаи 10. Раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳохонаҳои ақди никоҳ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
1. Раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳохонаҳои ақди никоҳ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчун воҳидҳои сохтории мақомоти адлия фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҳамоҳанг месозанд.
2. Роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳо-хонаҳои ақди никоҳ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дигари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
 
Моддаи 11. Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
1. Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ воҳиди сохтории мақомоти адлия буда, тавассути дониши махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ва ҳунар фаъолиятро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар асоси таъиноти суд, қарорҳои судяҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ барои муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд, амалӣ менамояд.
2. Роҳбарии умумии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва муовинони ӯ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" ва оинномаи он танзим менамоянд.
 
Моддаи 12. Маркази ёрии ҳуқуқӣ
1. Маркази ёрии ҳуқуқӣ воҳиди сохтории мақомоти адлия буда, мақсади он ташаккул додани асосҳои рушди низоми давлатии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони касбӣ ба аҳолӣ мебошад.
2. Роҳбарии умумии маркази ёрии ҳуқуқиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Директори маркази ёрии ҳуқуқӣ ва муовини ӯ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии марказро оинномаи он танзим менамояд.
 
Моддаи 13. Муассисаи таълимии мақомоти адлия
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муассисаи давлатии таълимӣ буда, фаъолияти он ба баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия, хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, ташкил ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда мешавад.
2. Роҳбарии умумии муассисаи таълимиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ректори муассисаи таълимӣ ва муовинони ӯ аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Муассисаи таълимӣ метавонад кафедра ва шуъбаҳо дошта бошад, ки кормандони онҳо дар мувофиқа бо вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ректор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
4. Тартиби амалисозии фаъолият, низоми идоракунӣ ва вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро оинномаи он танзим менамояд.
 
Моддаи 14. Корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари мақомоти адлия
1. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами мақомоти адлия корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ташкил карда мешаванд.
2. Роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
3. Тартиби амалисозии фаъолият ва низоми идоракунии корхона, муассиса ва ташкилотҳои мақомоти адлияро оинномаи онҳо танзим менамояд.
 
БОБИ 3. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
 
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
3) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор додани лоиҳаи қонунҳое, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод мешаванд, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;
5) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони ҳуқуҷэҷодкунанда.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ амалӣ менамояд.
 
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
1) иштирок дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
3) таъминоти ҳуқуқии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
4) гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
5) додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шартномаҳои қарзие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд;
6) иштирок дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон қабул кардааст;
7) додани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ заруранд;
8) бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди мақомоти давлатӣ анҷом додани таҳлили санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ворид намудани (имплементатсия) меъёрҳои онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти адлияи давлатҳои хориҷӣ;
10) бастани шартнома ё созишномаҳо оид ба ҳамоҳангсозии корҳо, ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҳуқуқии давлатҳои хориҷй, инчунин бо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
 
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
2. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ менамояд.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида пас аз бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
5. Нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур зикргардида дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз дошта мешаванд.
6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядрой ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мегузаронад. Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамоянд.
7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
 
Моддаи 18. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуҳуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта амалӣ менамояд.
2. Дар сурати ошкор намудани санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабулгардида, ки аз қайди давлатӣ нагузаштааст, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани он протокол тартиб дода, чопи онро дар нашрияи расмй таъмин менамояд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта амалӣ менамояд.
 
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
2) қайди баҳисобгирии филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
3) пешбурди феҳристи ягонаи ҳизбҳои сиёсй ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
4) бақайдгирии давлатии гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;
5) бақайдгирии давлатии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда;
6) бақайдгирии давлатии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва иваз кардани насаб, ном ва номи падар;
7) бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти минтақавии он, кабинетҳои адвокатӣ, маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, коллегия ва бюроҳои адвокатӣ;
8) пешбурди Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ ва Феҳристи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти адлия ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ;
2) таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар муассисаҳое, ки адои ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ амалӣ менамоянд, таъмини бехатарии маҳкумшудагон ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, инчунин кормандон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дар ҳудуди чунин муассисаҳо қарордошта;
3) огоҳонидан, фош кардан, ошкор кардан, пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва вайронкуниҳои тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегиранд ва ё содир карда мешаванд;
4) мусоидат ба фош ва ошкор намудани ҷиноятҳое, ки маҳкумшудагон пеш аз ба муассисаи ислоҳӣ омадан содир кардаанд;
5) муҳофизати мақомот, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
6) муҳофизат ва посбонии маҳкумшудагон ва маҳбусон ҳангоми аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани онҳо;
7) иҷрои меъёрҳои шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
8) ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнат ва таъмини таҳсилоти умумӣ, инчунин таълими касбии онҳо дар муассисаҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор;
9) таъмини фаъолияти мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
10) таҳқиқи парвандаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мансуб мебошанд;
11) гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯй, инчунин мусоидат ба мақомоти гузаронандаи он, барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо;
12) таҳияи пешниҳод оид ба такмили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
13) омодасозии кормандони муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва такмили ихтисоси онҳо;
14) таъмини беҳбудии шароити санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии шахсоне, ки дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд;
15) таъмини бехатарии зидди сӯхтор, экологӣ ва техногенӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
16) таъмини низоми шароити махсус, ки дар асоси фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст.
2. Мақомоти адлия ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 21. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) ташкили фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;
2) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ;
3) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рӯйи дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
4) гузаронидани тадқиқоти илмй дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ;
5) таъмини илмию методии экспертизаи давлатии судӣ;
6) интихоб, омодагии касбй ва такмили ихтисоси коршиносони судӣ.
2. Мақомоти адлия ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 22. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва апостилгузорӣ
1. Мақомоти адлия бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат амалиёти нотариалиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоварад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва истеҳсолоти иҷро апостил мегузорад.
3. Тартиби ташкил ва апостилгузориро низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, танзим менамояд.
 
Моддаи 23. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд;
3) идоракунии умумӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа;
4) мониторинги фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои адвокатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва баландбардории фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;
5) таҳия ва муқаррар намудани талаботи ягона оид ба сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашаванда;
6) назорати риояи меъёрҳои одоби касбӣ ва талаботи сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашаванда;
7) ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
8) амалигардонии ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои давлатии ёрии ҳуқуқиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
 
Моддаи 24. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ
1. Мақомоти адлия дар соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳо андешида, фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои давлатиро дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоҳанг месозанд ва ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.
2. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
3. Иҷрои қарорҳои Шӯро оид ба мутобиқсозӣ дар ин самти фаъолият барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 25. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақомоти адлия нашри расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" амалӣ менамоянд.
2. Пешбурди портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 26. Ваколатҳои мақомоти адлия оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
Мақомоти адлия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи самт ва ваколатҳои ба фаъолияти онҳо мансуббуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мемонанд.
 
Моддаи 27. Ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ
Мақомоти адлия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
2) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва қоидаҳои пешбурди он;
3) мувофиқаи лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
4) гузаронидани мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хизматрасонандагони дигар оид ба таҳияи стандартҳо ва (ё) меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
5) таҳия ва тасдиқи усули муайян намудани арзиши хизматрасониҳои давлатӣ;
6) таҳия ва тасдиқи тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
7) пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
8) бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ;
9) таҳияи қоидаҳои назорати миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
10) назорати миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
11) дархости маълумот дар бораи натиҷаҳои назорати дохилии миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
12) таҳия ва тасдиқи усули арзёбии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
13) ташаккул ва амалигардонии фармоиши давлатии иҷтимоӣ оид ба гузаронидани мониторинги ҷамъиятии миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
14) расонидани кумаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди гузаронидани мониторинги ҷамъиятии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
15) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 4. ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ АДЛИЯ
 
Моддаи 28. Кормандони мақомоти адлия
1. Кормандони мақомоти адлияро хизматчиёни давлатӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибатҳои меҳнатии онҳо тибқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, ташкил медиҳанд.
2. Ба хизмат ба мақомоти адлия бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони давлатиро медонад, таҳсилоти касбии соҳаи дахлдорро дошта, ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошад, қабул карда мешавад.
3. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, ба хизмат ба мақомоти адлия қабул карда намешавад ва дар хизмат буда наметавонад.
4. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти адлия тибқи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ", "Дар бораи нотариати давлатӣ", "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
5. Ба кормандони мақомоти адлия шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад. Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии кормандони мақомоти адлия ва намунаи он аз тарафи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Шаҳодатномаи хизматӣ ҳуҷҷатест, ки шахсияти корманди мақомоти адлия, рутбаи дараҷавӣ ва мансаби ӯро тасдиқ мекунад. Шаҳодатномаи хизматии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якум ва муовинон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
 
Моддаи 29. Рутбаҳо ва унвонҳои махсуси кормандони мақомоти адлия
1. Ба кормандони мақомоти адлия вобаста ба мансаби ишғолкардаашон ва собиқаи корӣ рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ дода мешаванд.
2. Рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия рутбаҳои ҳарбӣ ва махсус дода мешаванд. Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ва махсуси кормандони муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
4. Ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, дар сурати доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ рутбаҳои дараҷавӣ дода мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
5. Кормандони мақомоти адлияи дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида, ки дорои рутбаҳои дараҷавӣ мебошанд, ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмиро доранд. Либоси расмӣ ба онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешавад. Тавсифи аломатҳои фарқкунандаи либоси расмӣ ва қоидаҳои пӯшида гаштани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
6. Ба хизматчиёни давлатии мақомоти адлия, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" рутбаҳои тахассусӣ дода мешаванд.
7. Рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусии кормандони мақомоти адлия якумра мебошанд.
 
Моддаи 30. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия
1. Дар низоми мақомоти адлия ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия амалӣ карда мешавад. Дар доираи ҷойивазкунӣ (ротатсия) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия бо дар назар доштани тахассусашон ба раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, муассисаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода мешаванд ва фаъолияти худро амалӣ менамоянд.
2. Ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, муассисаҳо ва воҳидҳои сохтории дигари он дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад.
3. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 31. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти адлия
Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти адлия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 32. Ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти кормандони мақомоти адлия
1. Кормандони мақомоти адлия барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Кормандони мақомоти адлия барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони корманди фахрии мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагӣ, мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
3. Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони корманди фахрии мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои нишони сарисинагӣ, мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Нисбат ба кормандони мақомоти адлия барои эътирофи хизматашон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо чораҳои ҳавасмандгардонӣ татбиқ карда мешаванд.
5. Кормандони мақомоти адлия барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ 5. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
 
Моддаи 33. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти адлия
1. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти адлия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ғайрибуҷетӣ (махсус) ва аз ҳисоби манбаъҳои дигари маблағгузории пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Мақомоти адлия бо биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва навъҳои дигари таъминот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ғайрибуҷетӣ (махсус) ва аз ҳисоби манбаъҳои дигар, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, таъмин карда мешаванд.
2. Мақомоти адлия метавонад дорои фонди манзил бошанд. Сохтмони манзили хизматӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 34. Мусоидати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти мақомоти адлия
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда мақомоти адлияи дар ҳудудашон воқеъбударо бо биноҳои алоҳидаи хизматии муносиб таъмин ва ба амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд.
 
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ
Моддаи 35. Мавзӯи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти адлия мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти адлия ва мақомоти дигари салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расонидани ёрии ҳамдигарии ҳуқуқӣ, тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқшинос ва омӯзиши таҷрибаи корӣ амалӣ мегардонад.
2. Мақомоти адлия дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ робита барқарор менамоянд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд ва шартномаҳо мебанданд.
 
Моддаи 36. Принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти адлияи мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои зерин ҳамкорӣ мекунанд:
1) эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва бемайлон риоя намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
2) баробарҳуқуқии тарафҳо;
3) афзалияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамкорикунанда, инчунин меъёрҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
4) ҳамаҷониба ривоҷ додани ҳамкорӣ ва эътимод дар байни мақомоти адлия ва мақомоти дигари салоҳиятноки мамлакатҳои ҳамкорикунанда;
5) софдилона иҷро кардани уҳдадориҳои байналмилалӣ.
 
Моддаи 37. Ваколати мақомоти адлия оид ба ҳамкории байналмилалӣ
Мақомоти адлия ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дар ҳалли масъалаҳои ба фаъолияти онҳо мансуббуда ба роҳ мемонанд.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрел соли 2021, № 1773
 
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Сшб, 18/05/2021 - 17:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1780
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 20 Апрел, 2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
 
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 марти соли 2021, № 338
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апрели соли 2021, № 144
ҷонибдорӣ карда шуд.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идоракунии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро муайян намуда, самтҳои фаъолият, вазифа, ваколат ва таъминоти молиявии онро муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аъзои Академияи миллии илмҳо - аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъдАкадемияи миллии илмҳо), ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб гардидаанд;
2) узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо - унвони илмии академӣ, ки ба узви вобастаи Академияи миллии илмҳо барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои дорои аҳамияти муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад;
3) узви вобастаи Академияи миллии илмҳо - унвони илмии академӣ, ки ба олими дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктор ҳабилитат барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад;
4) узви хориҷии Академияи миллии илмҳо - унвони илмии академӣ, ки ба олимон ва шахсиятҳои хориҷии барҷастаи илмию фарҳангӣ барои саҳм дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
5) узви фахрии Академияи миллии илмҳо - унвони илмии академӣ, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми намоён дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника дода мешавад;
6) кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - олимон, ҳайати хизматрасони техникӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибати меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд;
7) Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ - мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти таҳқиқотии ҳамаи ташкилоту муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои табиатшиноси, дақиқ, техники, тибби, кишоварзи, гуманитари ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илмҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илмҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мақоми Академияи миллии илмҳо, ҳайат ва сохтори ташкилии он
1. Академияи миллии илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар ҷумҳурӣ, омӯзиши масъалаҳои муҳимми тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҳамкории илм ва истеҳсолотро таъмин менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ шаклу усулҳои фаъолияташро мустақилона муайян менамояд.
3. Академияи миллии илмҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
4. Ҳайати Академияи миллии илмҳо аз инҳо иборат аст:
1) шахсони воқеӣ - аъзои Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб мешаванд;
2) шахсони ҳуқуқӣ - муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои хизматрасонии илмӣ ва идоракунию тайёр кардани кадрҳои илмӣ, муассисаҳои соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои сохтории Академияи миллии илмҳо.
5. Қонуни мазкур ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо сохтори ташкилии Академияи миллии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои илмиеро, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, муайян менамояд.
 
Моддаи 4. Оинномаи Академияи миллии илмҳо
1. Оинномаи Академияи миллии илмҳоро маҷлиси умумии он қабул менамояд ва он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Оинномаи Академияи миллии илмҳо дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
3. Оинномаи Академияи миллии илмҳо маълумоти зеринро пешбинӣ менамояд:
1) ном, суроға ва мақоми ҳуқуқии Академияи миллии илмҳо;
2) мақсад, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо;
3) ваколатҳои Академияи миллии илмҳо;
4) тартиби идоракунии Академияи миллии илмҳо, сохторҳои ташкилии он ва назорати фаъолияти онҳо;
5) шаклҳо ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмӣ;
6) ваколат, тартиби ташкил ва муҳлати ваколати мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо;
7) тартиб ва шартҳои интихоби аъзои Академияи миллии илмҳо;
8) тартиби ташкил ва фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои Академияи миллии илмҳо;
9) ҳуқуқу уҳдадории аъзо, ташкилотҳои илмии Академияи миллии илмҳо, шартҳои ҳамкории онҳо бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муносибатҳои байналмилалӣ;
10) шакл ва усулҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо;
11) тартиби ишғоли вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо;
12) тартиби интихоб ва озод намудани ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо;
13) тартиби баргузор намудани маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо;
14) тартиби пешбарии номзад ва интихоби аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо;
15) шумора, сохтори ташкилӣ, ҳайат ва фаъолияти шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо;
16) тартиби тасдиқи оинномаҳои ташкилотҳои илмии Академияи миллии илмҳо;
17) тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Академияи миллии илмҳо.
4. Дар Оиннома метавонанд дигар муқаррароти вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо пешбинӣ гарданд.
 
Моддаи 5. Вазифаҳои Академияи миллии илмҳо
Вазифаҳои Академияи миллии илмҳо аз инҳо иборат мебошанд:
1) таҳияи пешниҳодҳо барои ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатии илмию техникӣ, иштирок дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) омӯзиш ва коркарди илмии масъалаҳои муҳим дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихӣ, табиӣ, техникӣ, тиббӣ, технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист;
3) гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамчунин санъатшиносӣ бо мақсади тақвияти неруи илмию техникӣ, ҳарбию саноатӣ, иқтисодию молиявӣ, зеҳнию маънавӣ ва иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) коркарди роҳу усулҳои нави пешрафти илмӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар таҳияи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия, ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа ҳангоми татбиқ ва истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот;
5) ташхиси илмии барномаҳои муҳимтарини илмӣ, илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
6) ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмие, ки барои гирифтани мукофот ва ҷоизаҳо дар соҳаи илм ва техника пешниҳод шудаанд, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника;
7) ташхиси технологияҳои муосири илмӣ;
8) мусоидат барои истифодаи амалии комёбиҳои илми ҷаҳонӣ;
9) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос тавассути магистратура, аспирантура, докторантура (PhD), унвонҷӯй, докторантураи анъанавӣ, постдокторантура, баланд бардоштани тахассуси кормандони илмӣ ва мутахассисони ташкилот ва муассисаҳои илмӣ ва мақомоти давлатӣ;
10) ташкили курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ;
11) тарғибу ташвиқи донишҳо ва дастовардҳои илмӣ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии илмию техникии аҳли ҷомеа;
12) таҳкими робитаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, омода кардани пешниҳодҳое, ки ба рушди заминаи моддӣ ва иҷтимоии илм равона карда шудаанд, баланд бардоштани сатҳи ҳамгироии илм ва маориф, солимии аҳолӣ, амалисозии самарабахши неруи инноватсионии илм;
13) ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги робитаҳои байналмилалии илмию техникӣ.
 
Моддаи 6. Ваколатҳои Академияи миллии илмҳо
Ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд:
1) таъмини фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология, техникӣ, тиббӣ, биологӣ ва кишоварзӣ, илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) таъмини фаъолияти Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) пешбурди фаъолият дар таъмини бехатарии сейсмикӣ;
4) таҳлил ва мониторинги заминларзаҳо ва ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, ҳолати пиряхҳо ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта;
5) ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарие, ки натиҷаҳои онҳо барои вусъатбахшии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҳалли вазифаҳои умумиинсонӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, барои ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани илму техникаи ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд;
6) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои рушди илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо
Самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо инҳо мебошанд:
1) таҳия ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ, нақшаҳои солона ва дурнамои муҳимтарин корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо;
2) ҳамоҳангсозии соҳаҳо ва самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи таъсис додани шӯроҳо, кумитаҳо ва комиссияҳои илмӣ оид ба масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;
3) пешбурд ва ҳамоҳангсозии соҳаҳо ва самтҳои таҳқиқоти илмии амалӣ, иҷрои барномаҳои давлатии илмию техникӣ, коркарди таҷрибавӣ-конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани намунаҳои техника ва технологияҳои нави инноватсионӣ;
4) ташкили истеҳсолоти таҷрибавии маҳсулоти илмӣ ва инноватсионӣ;
5) иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника;
6) таҳлил, арзёбӣ ва мусоидат ба истифодаи амалии дастовардҳои илмию техникии ҷаҳонӣ;
7) муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмӣ, идораи хизматрасонии илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Академияи миллии илмҳо;
8) амалӣ гардонидани фаъолияти илмию таълимӣ дар шакли магистратура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, постдокторантура, унвонҷӯй, аспирантура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори илм;
9) бо тартиби муқарраршуда таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи нақшаҳои маблағгузорӣ, тақсимоти маблағҳои буҷетӣ дар байни муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо;
10) таъминоти моддию техникии пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ.
 
Моддаи 8. Тартиби таъмини фаъолияти Академияи миллии илмҳо
1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти Академияи миллии илмҳо тамоми шароитро муҳайё карда, маблағгузории онро бо тартиби муқарраргардида таъмин менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз рӯи масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд, он метавонад ба ин мақомот, инчунин дигар корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо бевосита муроҷиат намояд, аз онҳо ба дархости худ ҷавоб гирад. Намояндагони ваколатдори Академияи миллии илмҳо ҳангоми баррасии масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд, ҳуқуқ доранд дар ҷаласаи мушовараҳо, шӯроҳои илмию техникӣ ва дигар машваратҳои мақомоти ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ иштирок намоянд.
3. Фаъолияти Академияи миллии илмҳо дар асоси пайвастагии принсипҳои танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва худидораи илмӣ амалӣ карда мешавад, ки он бояд иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди Академияи миллии илмҳо гузошташуда, афзун намудани имкониятҳои эҷодии олимон, амалӣ гардидани ҷустуҷӯи озодонаи илмиро таъмин намояд.
4. Шакл ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмиро дар Академияи миллии илмҳо Оинномаи он муайян мекунад.
5. Муносибатҳои вобаста ба эҷод, ҳифз ва истифодаи моликияти зеҳнӣ, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионии Академияи миллии илмҳо, ташкилотҳои илмии он ва кормандони алоҳидаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
 
Моддаи 9. Фаъолияти таълимии Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба фаъолияти таълимӣ машғул шавад.
2. Фаъолияти таълимии Академияи миллии илмҳо дар шакли таҳсил дар магистратура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, постдокторантура бо додани дараҷаи доктори ҳабилитат, унвонҷӯй, аспирант ва докторант амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти таълимӣ дар Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 10. Фаъолияти табъу нашр ва нашрияҳои Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба фаъолияти ноширӣ, таъсиси нашриёт, аз ҷумла интишори нашрияҳои расмии даврӣ, нашри бевоситаи рисолаву дастнависҳои хаттӣ, мубодилаи нашрияҳо бо муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, китобхонаву осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ машғул шаванд.
2. Академияи миллии илмҳо нашрияҳои расмии илмии даврӣ ба табъ мерасонад. Муассисаҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар нашрияҳои давриро ҳам ба табъ расонанд.
 
Моддаи 11. Бойгониҳои илмии Академияи миллии илмҳо
1. Дар Академияи миллии илмҳо бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии алоҳида амал мекунанд.
2. Академияи миллии илмҳо дар бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии соҳавӣ нусхаи (маҷмӯи) дастнависҳои олимон, ходимони илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо ва дигар маводро, ки барои таъриху ояндаи илму техника муҳим ва нодир мебошанд, маҳфуз медорад.
3. Академияи миллии илмҳо ва бойгониҳои муассисаҳои илмии он бо мақсади ба хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумот дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ иттилоот пешниҳод менамоянд.
 
Моддаи 12. Ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ
1. Шаклҳои асосии ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ аз инҳо иборатанд:
1) таҳия ва иҷрои барномаҳо, нақшаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва коркардҳои илмии муштарак;
2) ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ҷалб кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ;
3) иштироки олимон, мутахассисон ва кормандони Академияи миллии илмҳо дар иҷрои таҳқиқот ва коркардҳое, ки дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;
4) иштироки олимони Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузорӣ дар раванди омодасозии мутахассисон ва кормандони тахассуси олӣ барои ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) ворид кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ҳайати шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо ва комиссияҳое, ки Академияи миллии илмҳо таъсис медиҳад;
6) таъсиси шӯроҳои диссертатсионии муштарак бо дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
7) амалӣ намудани дигар шаклҳои ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.
2. Ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд доир ба самтҳои фаъолияти илмии худ аз рӯи ихтисосҳои эълоншуда номзадҳоро барои иштирок дар интихоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо пешбарӣ намоянд.
3. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад ҳамасола аз ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бораи ҳолат ва натиҷаҳои таҳқиқот маълумот дархост ва дастрас кунад ва ҳолату сатҳу самаранокии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии иҷрошавандаро арзёбӣ намояд.
4. Бо мақсади ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо таъсис дода мешаванд:
1) Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
2) шабакаи шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва ташхис доир ба самтҳои гуногуни пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.
 
БОБИ 2. АЪЗО ВА КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО, ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
 
Моддаи 13. Аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Аъзои Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ба ин унвонҳо интихоб гардидаанд, мебошанд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мебошанд ва дар рушди илми ватанӣ саҳми арзанда доранд, ба истиснои шахсони дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида, тибқи тартиби муқарраргардида метавонанд узви вобаста ва узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми бузург дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника метавонанд узви фахрии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
4. Олимон ва шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангии хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида метавонанд узви хориҷии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
5. Тартиб ва шартҳои интихоби аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо дар Оинномаи он муайян карда мешавад.
6. Аъзои Академияи миллии илмҳо якумра интихоб карда мешаванд.
7. Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол менамоянд, номзад ба узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо шуда наметавонанд.
 
Моддаи 14. Унвонҳои илмии академӣ
1. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқи додани унвонҳои илмии академии зеринро дорад:
1) узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
2) узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
2. Унвонҳои илмии академӣ мутобиқи натиҷаи интихобот, ки дар асоси Оинномаи Академияи миллии илмҳо баргузор мегардад, дода мешаванд.
3. Узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо танҳо узви пайваста (академик) ва узви вобаста номида мешаванд. Шахсоне, ки унвонҳои узви пайваста (академик) ва узви вобастаи академияҳои соҳавиро доранд, ҳангоми навиштани ному насаб ва унвонашон бояд номи академияи мушаххаси соҳавиро нишон диҳанд.
 
Моддаи 15. Пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Ба аъзои Академияи миллии илмҳо аз рӯзи интихоб ва тасдиқ шудан ба узвият унвонпулии ҳармоҳаи якумра муқаррар карда мешавад.
2. Андоза ва тартиби пардохти унвонпулии ҳармоҳаи аъзои Академияи миллии илмҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 16. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:
1) дар идоракунии Академияи миллии илмҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо иштирок намоянд;
2) ба мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо интихоб шаванд ва интихоб намоянд;
3) оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо иттилоот дастрас намоянд;
4) ҳангоми гузаронидани корҳои мустақили илмӣ ва роҳбарӣ ба лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар мувофиқа бо шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо барои фароҳам овардани шароити ҳадди ақали корӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳо ҳуқуқи афзалиятнок доранд;
5) унвонпулии ҳармоҳаи муқарраршударо гиранд;
6) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.
2. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо уҳдадоранд:
1) дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;
2) илмро бо роҳи таҳқиқоти мустақили илмӣ, ташкили таҳқиқи дастаҷамъии масоили илмӣ ва роҳбарии илмӣ рушд диҳанд;
3) барои татбиқи дастовардҳои илмӣ, илмию техникӣ ва омодасозии кадрҳои илмии баландихтисос мусоидат намоянд;
4) қарорҳои раёсати Академияи миллии илмҳо ва шуъбаҳои дахлдорро сари вақт иҷро намоянд, инчунин дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи илмҳо, маҷлисҳои шуъбаҳои дахлдор ва чорабиниҳои умумиакадемӣ иштирок намоянд;
5) ба шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо дар бораи фаъолияти илмии худ ҳамасола ҳисоботи хаттӣ пешниҳод кунанд;
6) дигар уҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
 
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо
Аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:
1) дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи миллии илмҳо ва маҷлисҳои умумии шуъбаҳо бо овози машваратӣ иштирок намоянд;
2) дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию ташкилии умумиакадемӣ ширкат варзанд.
 
Моддаи 18. Тартиби ишғоли вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо
Тартиби ишғоли вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи миллии илмҳо ва оинномаҳои муассисаҳои он муқаррар карда мешаванд.
 
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
 
Моддаи 19. Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо
Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо аз Маҷлиси умумӣ, Раёсат, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ноиби аввал ва ноибони президент, саркотиби илми ва раисони шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо иборат мебошад.
 
Моддаи 20. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо
1. Мақоми олии идоракунии Академияи миллии илмҳо Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо мебошад. Ба ҳайати он аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дохил мешаванд.
2. Ваколатҳои асосии маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо:
1) самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ муайян менамояд;
2) лоиҳаи Оинномаи Академияи миллии илмҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
3) бо тартиби муайннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;
4) бо тартиби муайннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо аъзои раёсати Академияи миллии илмҳоро интихоб ва озод менамояд;
5) бо тартиби муайяннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо - раисони шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;
6) масъалаҳои рушди соҳаи илмро дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ менамояд;
7) масъалаҳои дохилиакадемии дорои хусусияти илмӣ ва илмию ташкилиро баррасӣ ва ҳал мекунад;
8) ҳисоботи фаъолияти Академияи миллии илмҳоро муҳокима ва тасдиқ мекунад;
9) маърӯзаҳои раёсат, шуъбаҳо ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо, инчунин аъзои онро муҳокима менамояд.
3. Тартиби баргузор намудани Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
4. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз рӯи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо дар ҳолате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати рӯйхатии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо иштирок дошта бошанд. Аъзои Академияи миллии илмҳо дар маҷлисҳои умумӣ шахсан иштирок мекунанд.
 
Моддаи 21. Раёсати Академияи миллии илмҳо
1. Раёсати Академияи миллии илмҳо мақоми дастаҷамъии доимоамалкунандаи Академияи миллии илмҳо буда, фаъолияти онро идора менамояд.
2. Раёсат дар ҳайати президенти Академияи миллии илмҳо, ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои раёсати он, мувофиқи шумораи муайянкардаи маҷлиси умумӣ таъсис дода мешавад.
3. Аъзои раёсатро маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ба муҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Тартиби пешбарии номзадҳо ва интихоби аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо, вазифаву ваколатҳояшонро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
4. Раёсати Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро дорад:
1) маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро даъват мекунад;
2) дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд;
3) барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директорони ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо номзадҳоро аз ҳисоби докторҳои илм, докторҳои ҳабилитат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
4) оинномаҳои муассисаҳои Академияи миллии илмҳоро тасдиқ мекунад, риоя намудани Оинномаи Академияи миллии илмҳоро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо назорат менамояд;
5) харҷномаи солонаи Академияи миллии илмҳоро тасдиқ ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои ҷудошударо назорат мекунад;
6) дигар ваколатҳоро тибқи муқаррароти Оинномаи Академияи миллии илмҳо амалй менамояд.
5. Мақоми кории раёсати Академияи миллии илмҳо дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо мебошад, ки дар асоси низомномаи тасдиқкардаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунад. Роҳбари дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо аз рӯи вазифа саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо мебошад.
 
Моддаи 22. Президенти Академияи миллии илмҳо
1. Президенти Академияи миллии илмҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2. Президенти Академияи миллии илмҳо:
1) ба фаъолияти тамоми соҳаву сохторҳои Академияи миллии илмҳо роҳбарй мекунад ва барои иҷрои вазифа ва ваколатҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;
2) Академияи миллии илмҳоро дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо намояндагӣ мекунад;
3) ба фаъолияти раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
4) дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо раисӣ мекунад;
5) аз рӯи вазифа раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ мебошад;
6) дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
 
Моддаи 23. Ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо ва раисони шуъбаҳо
1. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз тарафи Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ба вазифа интихоб ва озод карда мешаванд.
2. Дар сурати ҳузур надоштани президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои ӯро ноиби аввали президенти Академияи миллии илмҳо иҷро мекунад.
3. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо аз рӯи вазифа раисони шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳо маҳсуб гардида, ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекунанд.
4. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро доранд:
1) иҷрои қарорҳои раёсати Академияи миллии илмҳоро таъмин менамоянд;
2) шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳоро роҳбарӣ менамоянд ва барои иҷрои вазифаҳои ба шуъба вогузоршуда масъул мебошанд;
3) маҷлиси умумӣ ва бюрои шуъбаро раисӣ мекунанд;
4) фаъолияти муассисаҳои илмии шуъбаро назорат менамоянд;
5) дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 24. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо
1. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳоро Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо интихоб ва озод мекунад.
2. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо ба фаъолияти дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда масъул мебошад.
3. Ваколатҳои дигари саркотиби илмиро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
 
Моддаи 25. Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо
1. Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо воҳидҳои асосии илмӣ ва илмию ташкилӣ буда, муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро муттаҳид менамоянд.
2. Шумора, сохтори ташкилӣ, ҳайат ва фаъолияти шуъбаҳои Академияи миллии илмҳоро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
 
БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
 
Моддаи 26. Ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо
Академияи миллии илмҳо дар ҳайати худ институтҳои илмию таҳқиқотӣ, агентиҳо, марказҳо ва дигар ташкилотҳои илмию ташкилӣ дорад, ки шахсони ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаҳои тасдиқкардаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунанд.
 
Моддаи 27. Ташкилотҳои дигари Академияи миллии илмҳо
Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи миллии илмҳо ва оинномаҳои ташкилотҳои худ барои таъмини фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ, илмию ташкилӣ, иттилоотӣ, патентию иҷозатномадиҳӣ, метрологӣ, таҳриру нашр, хоҷагидорӣ, истеҳсолӣ ва дигар намудҳои фаъолият метавонад ташкилотҳои озмоишӣ, таҷрибавию конструкторӣ, муассисаҳои татбиқӣ, хизматрасониҳои илмӣ, паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, инчунин дигар ташкилотҳоро таъсис диҳад.
 
БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА МОЛУ МУЛКИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
 
Моддаи 28. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо
1. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
1) маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои пешбурди фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ равона карда мешаванд;
2) маблағҳои фондҳои асосии махсус;
3) даромад аз фаъолияти хоҷагидории Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки Академияи миллии илмҳо таъсис дода шудаанд, инчунин аз фаъолияти табъу нашр;
4) кумакҳои ихтиёрӣ, грантҳо ва хайрияҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷӣ;
5) дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Маблағҳои буҷетӣ, ки барои таъмини фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешбинӣ шудаанд, бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд:
1) гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ;
2) иҷрои барномаҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
3) омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ;
4) таҳкими заминаи моддию техникии Академияи миллии илмҳо ва ташкилотҳои он;
5) таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи миллии илмҳо, раёсати Академияи миллии илмҳо ва Китобхонаи марказии илмии он;
6) пардохти ҳармоҳаи иловапулӣ барои унвонҳои илмии узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ва дараҷаҳои илмӣ;
7) таҳия ва нашри адабиёти илмӣ, илмию техникӣ ва илмию методӣ;
8) баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ;
9) ҳамкориҳои илмию техникии байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ;
10) маблағгузории хароҷот барои ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника, инчунин пардохти маблағи ин ҷоизаҳо;
11) маблағгузории хароҷот барои ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаҳои таъсисдодаи Академияи миллии илмҳо, инчунин пардохти маблағи ин ҷоизаҳо;
12) дигар хароҷоти марбут ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Маблағҳои буҷетӣ инчунин бо мақсадҳои зерин истифода шуда метавонанд:
1) нигоҳдории иншооти Академияи миллии илмҳо;
2) маблағгузории сохтмони асосии объектҳои таъиноти илмию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ.
 
Моддаи 29. Молу мулки Академияи миллии илмҳо
1. Молу мулки Академияи миллии илмҳо ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, дар идоракунии оперативии Академияи миллии илмҳо қарор дорад.
2. Ихтиёрдории молу мулки ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Объектҳои илмию техникии дорои арзиши баланд, ки дар истифодаи Академияи миллии илмҳо қарор дошта, аҳамияти умумидавлатӣ доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд сарвати миллӣ эълон карда шаванд.
 
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
 
Моддаи 30. Фаъолияти байналмилалии Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ки таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти таълимиро анҷом медиҳанд, ҳамкорӣ менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад бо истифода аз восита ва шаклҳои дар амалияи байналмилалӣ қабулшудаи ҳамкорӣ ва табодули илмӣ барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ корхонаю ташкилотҳои хориҷиро ҷалб намояд, дар якҷоягӣ бо онҳо барои ҳалли масъалаҳои илмӣ, илмию ташкилӣ ва илмию техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои илмию таълимӣ ва дигар муассисаҳоро таъсис диҳад.
3. Академияи миллии илмҳо дар таъсиси ташкилотҳои байналмилалии илмӣ иштирок намуда, ҳуқуқи узвият дар созмонҳои байналмилалии илмиро дорад ва дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо академияҳо, муассисаҳои илмии байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии дигар давлатҳо робитаҳои илмӣ, мубодилаи натиҷаҳои илмии бадастовардаи муҳаққиқон, асарҳои илмӣ ва нашрияҳои илмии даврй, усулҳои пешқадами пешбурди таҳқиқоти илмиро ба роҳ мемонад.
4. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии илмӣ шартномаҳои ҳамкорӣ мебандад.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 32. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 311, с. 2007, №5, мод. 371, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 837) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрел соли 2021, № 1780

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Чшб, 19/05/2021 - 13:36

БАРНОМА ДАР МАВЗӮИ “РОБИТАИ СОЗМОНҲОИ МИНТАҚАВӢ”

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Чшб, 19/05/2021 - 16:18

МИЗИ МУДАВВАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ»

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Ҷум, 21/05/2021 - 14:08
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, 25 майи соли 2021 Мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баргузор намояд.

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ТАЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРД, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Чшб, 19/05/2021 - 14:15

19 майи соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, аз қабилӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идор

МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ»

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Сшб, 25/05/2021 - 13:40
   25 майи соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баргузор гардид.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Дшб, 31/05/2021 - 09:30
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи
нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт
мегардад
 

Pages