ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НИЗОМИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 278)
Қонуни мазкур низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти онҳоро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд, инчунин асосҳои ташкили фаъолияти онҳо дар низоми идоракунии давлатӣ мебошад.
2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил, салоҳият ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, татбиқ намегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- мақоми идоракунии давлатӣ - мақоми давлатие, ки вазифаҳои умумии идоракуниро тибқи принсипҳои идоракунии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ менамояд;
- мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - шакли ташкилии амалисозии идоракунии давлатиест, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, фаъолият менамояд;
- низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - маҷмӯи мақомоте, ки таҳти тобеияти якдигар (муносибатҳои иерархӣ) қарор дошта, функсияҳои идоракунии давлатиро мустақилона ва дар ҳамкории мутақобила татбиқ менамоянд ва ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақсим мешаванд;
- мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ - мақоме, ки дар асоси ваколати ба он вогузорнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ва дигар функсияҳои иҷроияро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- ҳамоҳангсозӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - маҷмӯи ваколат ва функсияҳое, ки бо мақсади таъмини сиёсати ягона дар соҳаи муайян тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё шахсони мансабдори алоҳида вогузор карда шудаанд;
- ғайритаҷаммӯъсозии ҳокимияти иҷроия - раванди тибқи қонун танзимгардидае, ки дар ҷараёни он қисми функсияи мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад;
- ғайримутамарказгардонии ҳокимияти иҷроия - раванди дар асоси қонун вогузор намудани қисми ваколатҳои ҳокимият ва ё функсияҳо аз мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва тавсеаи доираи ваколатҳои мақомоти поёнии идоракунӣ аз ҳисоби мақомоти сатҳи болоӣ;
- шартномаи маъмурӣ - санади ҳуқуқие, ки дар асоси он мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи талабот ва шартҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои ҳокимияти давлатиро (ба истиснои функсияҳои назоратӣ) ба зиммаи мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо вогузор менамояд;
- назорати дохилӣ - маҷмӯи тадбирҳои мустақили мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиш ва арзёбии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва шахсони мансабдори ҳамин мақом, ки барои таъмини иҷрои талаботи қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокии фаъолияти онҳо нигаронида шудааст;
- назорати хизматӣ - маҷмӯи тадбирҳои мукаммале, ки қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокиро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд ва тавассути он мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ функсияҳои назоратиро анҷом медиҳад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ инҳоянд:
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- самарабахшии ҳокимияти давлатӣ ва самтгирӣ ба натиҷаҳои ниҳоӣ;
- риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ);
- ҳисоботдиҳии дақиқ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- ғайритаҷаммӯъсозӣ ва ғайримутамарказгардонии ҳокимияти давлатӣ;
- кордонӣ ва риояи одоб дар амал ва қарорҳои хизматчиёни давлатӣ;
- асоснокӣ ва шаффофият зимни тақсиму истифодаи захираҳо ва молияи давлатӣ;
- шаффофият ва дақиқии ташкил ва фаъолият дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатӣ;
- ошкоро будани низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби қисми фаъоли аҳолӣ ба аванди идоракунии давлатӣ.
Моддаи 5. Низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати умҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешаванд.
3. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Ваколат ва функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Низомномаи он муқаррар карда мешаванд.
4. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд.
Моддаи 6. Ҳисоботдиҳанда будан ва ҳамоҳангсозӣ дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Тартиби ҳисоботро Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамоянд.
2. Ҳисоботдиҳанда будани мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни назорати хизматӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.
3. Мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дахлдор ҳамоҳанг месозад.
4. Мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни татбиқи функсияҳои ҳамоҳангсозӣ нисбат ба дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- аз дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумоти дахлдорро ба даст орад;
- ба дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияташ қарор доранд ва вобаста ба онҳо фаъолияти ҳамоҳангсозӣ сурат мегирад, дастур диҳад;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.
Моддаи 7. Назорати хизматӣ
1. Дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини қонуният ва мақсаднокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ назорати хизматӣ вобаста ба ҳисоботдиҳанда будан амалӣ карда мешавад. Тартиби амалӣ намудани назорати хизматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Назорати хизматиро роҳбари мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд.
3. Назорати хизматӣ тибқи тартиби тобеият мутобиқи Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати хизматиро танзим менамоянд, амалӣ карда мешавад.
4. Роҳбаре, ки назорати хизматиро амалӣ менамояд, метавонад аз мақомоти иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳоро талаб намояд, аз шахсони мансабдор тавзеҳот ва хулоса гирад. Мақомоти дахлдор бояд ҳуҷҷат ва тавзеҳоти зикргардидаро дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ пешниҳод намоянд, агар мақоми анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мӯҳлати нисбатан дарозтарро муқаррар накарда бошад.
БОБИ 2. АСОСҲОИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 8. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи иҷроия) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дастгоҳи иҷроия инчунин дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияро таъсис ва барҳам медиҳад, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия, муовини якум ва муовинони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроия Низомнома ва Сохтори Дастгоҳи иҷроияро тасдиқ мекунад.
3. Функсияҳои асосии Дастгоҳи иҷроия аз инҳо иборатанд:
- таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорат ва санҷиши иҷрои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти иҷрои онҳо;
- ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;
- ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо;
- таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба раванди таҳия ва татбиқи сиёсат оид ба масъалаҳои мубрами рушди давлат;
- ҳамоҳангсозии омодагӣ ба ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти судӣ;
- иттилоотонии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди кишвар;
- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 9. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбари Дастгоҳи иҷроия роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи Дастгоҳи иҷроия гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.
2. Ваколатҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроия дар Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 10. Вазорат
1. Вазорат мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад.
2. Вазорат функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.
3. Вазоратро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
4. Ба фаъолияти вазорат вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
5. Вазир муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
6. Теъдоди муовинони вазир, воҳидҳои сохтории вазорат ва функсияҳои асосии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
7. Муовини якум ва муовинони вазир дар назди вазир ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати хизматии фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад. Муовинони вазир фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми вазоратро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи вазорат роҳбарӣ менамоянд ва ҳамоҳанг месозанд.
8. Вазорат функсияҳои асосии зеринро анҷом медиҳад:
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайянгардидаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо ва таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дахлдори идоракунӣ;
- таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти вазорат ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар асоси қонунҳо амалӣ намудани танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти вазорат ва таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷалб намудани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таҳияю татбиқи сиёсат ва барномаҳои стратегии рушди давлат;
- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи вазорат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
9. Дар вазорат таҳти роҳбарии вазир ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари вазорат дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.
10. Дар назди вазорат тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад хадамот, агентиҳо ва дигар мақомотро оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии вазорат таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи вазорат ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 11. Вазир
1. Вазир роҳбарии умумии фаъолияти вазоратро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи вазорат гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.
2. Ваколатҳои вазир дар Низомномаи вазорат муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Кумитаи давлатӣ
1. Кумитаи давлатӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории байнисоҳавиро амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи дахлдори фаъолият ҳамоҳанг месозад.
2. Кумитаи давлатӣ функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.
3. Кумитаи давлатиро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи кумитаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
4. Ба фаъолияти кумитаи давлатӣ раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
5. Раис муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
6. Теъдоди муовинони раис, воҳидҳои сохтории кумитаи давлатӣ ва функсияҳои асосии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
7. Муовини якум ва муовинони раис дар назди раис ҳисоботдиҳанда буда, ӯ назорати хизматии фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад. Муовинони раис фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми кумитаи давлатиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи кумитаи давлатӣ роҳбарӣ менамоянд ва ҳамоҳанг месозанд.
8. Функсияҳои асосии кумитаи давлатӣ аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайяни фаъолият;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдори идоракунӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои онҳо;
- таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи масъалаҳои ба соҳаи фаъолияти кумитаи давлатӣ дахлдошта ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти кумитаи давлатӣ ва таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷалб намудани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таҳияю татбиқи сиёсат ва барномаҳои стратегии рушди давлат;
- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи кумитаи давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
9. Дар кумитаи давлатӣ таҳти роҳбарии раис ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони раис (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари кумитаи давлатӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди раиси кумитаи давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо қарорҳои раиси кумитаи давлатӣ дар амал татбиқ карда мешаванд.
10. Дар назди кумитаи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад хадамот, агентиҳо ва дигар мақомотро оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии кумитаи давлатӣ таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи кумитаи давлатӣ ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 13. Раиси кумитаи давлатӣ
1. Раис роҳбарии умумии фаъолияти кумитаи давлатиро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи кумитаи давлатӣ гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.
2. Ваколатҳои раиси кумитаи давлатӣ дар Низомномаи кумитаи давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 14. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ менамояд. Ба мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор ё директор роҳбарӣ менамояд.
2. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.
3. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар, муовини якум, муовинони роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандони ҳамин мақомро тасдиқ мекунад. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
4. Функсияҳои асосии мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муайяншудаи фаъолият;
- анҷом додани функсияҳои назоратӣ дар соҳаи муайяншудаи фаъолият;
- таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи функсияҳои худ;
- пешбурди мониторинг ва таҳияи пешниҳод оид ба такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи муайяни фаъолият;
- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
5. Дар мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони роҳбар (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешаванд.
6. Ваколатҳои роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
7. Дар назди мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар мақомот оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 15. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигар функсияҳоро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад. Ба мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раис, сардор, директор роҳбарӣ менамояд.
2. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.
3. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар, муовини якум ва муовинони роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
4. Дар мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони роҳбар (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешаванд.
5. Ваколатҳои роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Низомномаи мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
6. Дар назди мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар мақомот оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 16. Мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти машваратию маслиҳатӣ таъсис диҳанд, ки дорои ваколатҳои мустақили ҳокимият намебошанд ва функсияҳои идоракунии давлатиро анҷом намедиҳанд.
2. Вазифа ва тартиби фаъолияти мақомоти машваратию маслиҳатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, Низомномаи онҳоро тасдиқ менамоянд.
БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИМАРКАЗИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 17. Дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
1. Барои таъмини фаъолияти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои он дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - дастгоҳ) таъсис дода мешавад.
2. Дастгоҳ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотию ахборотӣ ва дигар намудҳои таъмини фаъолияти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд.
3. Роҳбари мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, басти вазифаҳои дастгоҳро дар доираи сметаи хароҷоти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ намуда, оид ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти дастгоҳ фармоиш (қарор) қабул мекунад.
4. Воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба функсия, ваколат ва шумораи ниҳоии кормандон метавонанд дар шакли зерин ташкил карда шаванд:
- сарраёсат;
- раёсат;
- шӯъба;
- бахш.
5. Воҳидҳои сохтории дастгоҳ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб нарафта, ҳамчун воҳидҳои ташкилию иҷроиявии таъминкунанда ва батанзимдароварандаи фаъолияти дастгоҳ буда, қисми таркибии ҷудонашавандаи дастгоҳи дахлдор ба ҳисоб мераванд.
6. Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 18. Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
1. Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби муассиси мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- номи пурра ва маҳали ҷойгиршавии мақом;
- соҳаи фаъолият, ваколат ва вазифаҳои мақом;
- ташкили роҳбарӣ, аз ҷумла самтҳои дақиқи ҳисоботдиҳӣ ва низоми назорати дохилӣ;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои роҳбари мақом;
- дигар муқаррароти моҳиятан муҳиме, ки аз мушаххасоти фаъолият дар соҳаи идоракунии мақом бармеоянд.
Моддаи 19. Назорати дохилӣ
1. Дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои назорати дохилӣ таъсис дода мешаванд ва фаъолият менамоянд.
2. Назорати дохилӣ бояд инҳоро таъмин намояд:
- риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти мақом;
- ҳифзи молу мулк аз хароҷоти зиёд, расонидани зарар бинобар истифодаи ғайримақсаднок, идоракунии бесалоҳият ва дигар сабабҳои шабеҳ;
- мақсаднок ва самаранок будани фаъолияти мақом ҳангоми иҷрои вазифаҳои он;
- ҷамъоварӣ, нигоҳдошт ва ба иттилои омма расонидани маълумоти саҳеҳ, саривақтӣ ва оэътимод оид ба фаъолияти мақом.
3. Назорати дохилиро дар мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ роҳбари мақом таъмин менамояд ва барои натиҷабахшии он масъул мебошад.
Моддаи 20. Вогузории функсияҳои ҳокимияти иҷроия
1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ метавонанд дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои дорои хусусияти ёрирасон ё функсияи хизматрасонӣ ба аҳолиро ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо вогузор намоянд.
2. Вогузории функсияҳои ҳокимияти иҷроия дар ҳолатҳои зайл амалӣ карда мешавад:
- агар чунин имконият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ ва танзим шуда бошад;
- агар вогузории функсияҳо аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок бошад;
- агар ҳангоми иҷрои функсияи мазкур сифати он халалдор нагардад ва ба манфиатҳои оммавӣ зиён наоварад.
3. Вогузор намудани функсияҳо ва амалӣ намудани онҳо дар асоси шартномаи маъмурӣ анҷом дода мешавад.
4. Тартиби вогузор намудани функсияҳо, ба имзо расонидани шартномаи маъмурӣ ва амалӣ намудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
умҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
16 апрели соли 2012,
№ 828