ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 564 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШИ ИНТИХОБОТ ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 24/02/2025 - 16:48
      Интихобот воситаест, ки тавассути он шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлатӣ амалӣ менамоянд. Он робитаи байни халқ ва ҳокимият, қонунияти ниҳодҳои сиёсиро таъмин менамояд.
     Интихобот яке аз қадимтарин ниҳодҳои ҷомеаи башарӣ мебошад. Баъзе унсурҳои он ҳанӯз ба ҷомеаи ибтидоӣ маълум буд. Дар баъзе давлат шаҳрҳои Юнони қадим ва Руми қадим дар замони ҷумҳурият ниҳоди интихобот дар раванди таъсисёбии давлат нақшу мавқеи муҳим дошт. Ҷомеаи феодалӣ низ аз интихобот, махсусан ҳангоми интихоби муассисаҳои намояндагии тоифавӣ то ҳадди зарурӣ истифода мекард[6].  
     Аммо, интихобот бо ба миён омадани ҷомеаи сармоядорӣ ва барқарор шудани шакли идораи ҷумҳурӣ ба ниҳоди муҳими таъсисёбии давлат, мақомоти алоҳидаи он ва ифодакунандаи сатҳи демократӣ будани давлати марбута табдил ёфт. Созмон ёфтани мақоми намояндагии умумимиллии интихобӣ - парламент ба ҳадди кофӣ ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи навзуҳури сармоядорӣ буд. Ҳанӯз дар он замон маъракаҳои интихобот ба сифати баррасии махсуси муборизаҳои сиёсӣ, ҳамчун инъикоскунандаи обрӯю эътибори ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ ва намояндаҳои онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
     Зарурат ба таъкид аст, ки нақш ва мавқеи интихобот дар ҳаёти сиёсии ҳар як кишвар на танҳо аз шумораи мақомот ва шахсони мансабдори интихобӣ, балки аз аҳаммияту эътибори воқеии ин мақомот ва шахсони мансабдор вобаста аст.
     Ҳанӯз дар замони худ Ш.Л. Монтескйе зарурати интихоби намояндагии мардумро чунин асоснок карда буд: “Аз он ҷое, ки дар давлати озод ҳар фард озод эътироф мешавад ва бояд худро мустақилона идора кунад, аз ин рӯ ҳокимияти қонунгузорӣ бояд ба тамоми мардум тааллуқ дошта бошад” [3].
     Интихобот унсури бунёдии ҷомеаи демократӣ буда, дар ташкили ҳокимият, нигоҳ доштани қонуниятҳои низоми сиёсӣ ва ифодаи иродаи шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Маҳз тавассути интихобот халқ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлат амалӣ менамояд, ки ин принсипи асосии демократия мебошад.
     Аввалан, интихобот механизми ташаккули ҳокимиятро таъмин мекунад. Ин равандест, ки тавассути он шаҳрвандон намояндагони худро ба мақомоти қонунгузорӣ ва мансабҳои асосии давлатӣ интихоб мекунанд.       Ба шарофати ин, низоме ба вуҷуд меояд, ки дар он ҳокимият ба иродаи аксарият асос ёфтааст ва манфиатҳои ҷомеа баробар ҳифз карда мешаванд.
     Дуюм, интихобот дар таъмини қонунияти ҳокимият нақши муҳим мебозад. Демократия талаб мекунад, ки ҳокимият дар асоси эътимоди ҷамъият амал намояд.
     Нақши интихобот дар раванди демократӣ бузург аст. Бе интихобот ҷомеаи демократӣ моҳияти худро гум карда, ба сохторе табдил меёбад, ки дар он ақидаи шаҳрвандон нақши ҳалкунанда надорад. Аз ин рӯ, интихобот унсури ҷудонопазири демократия мебошад, ки устуворӣ ва рушди онро кафолат медиҳад.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихобот дар Конститутсия пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ин масъала бевосита дар моддаҳои 27 оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситаи вакилон, моддаи 49 оид ба тартиби баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, моддаи 51 оид ба мустақилияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намоядагон ва тобеъ набудани онҳо ба амри интихобкунандагон, моддаи 57 салоҳияти Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент, ҳамзамон мувофиқи бандҳои 2 ва 6 салоҳияти ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва таъини раъйпурсиро дорад, моддаи 65 дар хусуси тартиби интихоби Президенти ҶТ, моддаи 66  оид ба вазъи ҳуқуқии интихоботи Президент, моддаи 69  салоҳияти Президент вобаста ба таъини раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, моддаи 71 қисми 2, моддаҳои 98 ва 99 Конститутсия, ки масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро фарогир аст ва ҳамзамон муқаррароти интиқолии Конститутсия, ки ба  масъалаи интихобот ва раъйпурсӣ бахшида шудааст, иборат мебошад.
     Конститутсия масъалаҳои вобаста ба  интихоботро дар маҷмуъ ифода мекунад, аммо масъалаҳои мушаххас вобаста ба ҳар як раванди баргузории онро ба қонунҳои конститутсионӣ ҳавола мекунад, ки ба онҳо Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ” дохил мешаванд.
    Имсол дар ҷумҳурӣ баргузории маъракаи муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ дар пеш аст. 2 марти соли 2025 дар кишвар интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ин интихоботи навбатии ҳафтуми парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистон хоҳад гашт. Аввалин интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 26 феврали соли 1995 баргузор гардидааст ва аз ҳамин сол шуруъ намуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар панҷсола интихоботи Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад.
    Интихоботи вакилон дар асоси Конститутсия ва Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад”[2]. “Қонуни Конститутсионии мазкур мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои он, тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунад[2].
     Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро доранд[1].
     Айнан ҳамин муқаррароти Конститутсия дар моддаи 4 Қонуни Конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ”[2] пешбинӣ шудааст: “Шаҳрвандони ҶТ, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд”.
     Ҳамзамон, тибқи моддаи 49 Конститутсия[1]  вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
     Хулоса, интихобот дар ҷомеаи демократӣ нақши марказиро мебозад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки афзалиятҳои худро баён карда, дар раванди сиёсӣ иштирок намуда, ба рушди ҷомеа таъсир расонанд. Интихоби демократӣ на танҳо озодӣ ва баробариро кафолат медиҳад, балки барои ташаккули низоми устувор ва одилонаи сиёсӣ асос мебошад. Илова бар ин, интихоби демократӣ ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими эътимод байни ҳокимият ва халқ мусоидат мекунад. Ин на танҳо ҳуқуқ, балки ҷузъи муҳимми масъулияти иҷтимоӣ мебошад, ки некӯаҳволӣ ва ояндаи тамоми ҷомеа аз он вобаста аст. Танҳо бо иштироки фаъол ва огоҳонаи шаҳрвандон имконпазир аст, ки принсипҳои демократӣ нигоҳ дошта шуда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пешрафт ба даст оварда шавад.
 
Адабиётҳо:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағийру иловаҳои 22 майи соли 2016//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 28.01.2025);      
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 10.12.1999.№856, бо тағйирот аз 19.07.2019. №1639, https://mmk.tj/content/ санаи дастрасӣ 13.02.2025;
3. Алескеров Ф.Г., Ортешук П. Выборы. Голосование. Партии. / Предилс. А. Н. Шубина, М. А. Сафоновой. -М.,2001;
4. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ” аз 10 декабри соли 1999 №858 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 6, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383; № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269;
5. Диноршоев А.М., Якубова С.Н., Камолов Ш.Ҳ. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матни лексияҳо // Лексияи 12. Низоми интихобот ва ҳуқуқи интихобот: Душанбе, 2015. -С. 76-77;
6. Тоҳиров Ф.Т., Маҳмудов М.А., Олимов К.О., Имомов А.И., Сотиволдиев Р.Ш., Усмонов И.К., Ализода З., Диноршоев А.М., Шарифов Т.Ш., Зоиров Ш.Ю., Ҳайдаров Х., Ҳуқуқи асосии конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Қисми умумӣ. Ҷилди 2.-  Душанбе: ЭР- граф, 2013-500саҳ.
 
          Сайдаҳмадзода Ш.Ҳ.
Мутахасиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)