ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ, ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ ВА ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ: ҲОЛАТ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 25/12/2024 - 16:40

     24 декабри соли 2024 бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузорӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 баён доштанд, ҳамзамон ҷиҳати шарҳу баррасии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» аз 24 декабри соли 2022, №1922 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» аз 21 июли соли 2010, №629 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ: ҳолат, мушкилот ва дурнамо» ташкил ва баргузор карда шуд.

    Чорабинии мазкур бахшида ба 15 солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳои соҳавӣ, инчунин олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Конференсияро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода И.Ҳ. кушода эълон намуда, доир ба масъалаҳои умумии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ ибрози назар намуданд.

        Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар фазои муосири иқтисодӣ «тиҷоратикунонӣ» ҳамчун раванде муайян карда мешавад, ки бо истифодаи амалии натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ бо мақсади ҷорӣ намудани молҳо, хизматрасониҳо ё равандҳои нав ё мукаммал ба бозор барои ба даст овардани самараи тиҷоратӣ алоқаманд аст.

     Фаъолияти инноватсионӣ дар иқтисодиёти муосир омили асосии рақобатпазирии дарозмуддат мебошад. Ин на танҳо ба тиҷорат, балки дар асл ба ҳама ташкилотҳое, ки иштирокчии муносибатҳои бозорӣ мебошанд, тааллуқ дорад. Дар бисёр кишварҳо инноватсия ҳамчун абзори (инструменти) муҳими сиёсати иқтисодӣ, саноатӣ ва маориф эътироф карда мешавад, ки ба ин кишварҳо имкон медиҳад то дар радабандии ҷаҳонӣ аз рӯйи қудрати иқтисодӣ, сифати таҳсилот ва сифати зиндагӣ мавқеи аввалро ишғол намоянд.

     Чуноне ки зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи соли 2024 иброз намуданд «мо соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»-ро қабул намудем. Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд».

     Воқеан, Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

     Ҳамзамон, дар бахши ифтитоҳии конференсия Бодуршода М.А. муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зикр доштанд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ ба шумор рафта, дар ин самт корҳои назаррас давра ба давра амалӣ гардида истодаанд.

     Конференсияи мазкур ташаббуси муҳим дар самти муаррифӣ намудани дастовардҳо оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ, таҳлили мушкилотҳо дар ин самт, андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартарафсозии мушкилотҳои мавҷуда ва пешбинӣ намудани дурнамои рушди масъалаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ ба шумор меравад.

      Дар идома, аз ҷониби муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Соҳибзода М.М. дастовардҳои илмӣ ва маводҳои нашрии Маркази миллии қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ, ки 6 ададро ташкил медиҳанд, муаррифӣ карда шуд.

        Ҳамчунин, дар кори конференсия намояндагон аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо иштирок ва бо маърӯза баромад намуданд.

Дар конференсия мавзуъҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд:

– Баъзе масъалаҳои вазъи ҳуқуқии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат, мушкилот ва дурнамо;

– Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷораткунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– Иҷозатномаҳои озод дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ ва тиҷоратикунонии онҳо: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо;

– Паркҳои технологӣ ҳамчун омили рушди инноватсионии иқтисодиёт;

– Тартиби андозбандии фаъолияти инноватсиониву технологӣ (паркҳои технологӣ);

– Ташкили паркҳои технологӣ ва афзалиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Нақши Парки технологӣ дар рушди муассисаи таълимӣ;

– Баъзе масъалаҳои рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– Ҳуқуқҳои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– Кафолатҳои ҳуқуқӣ ва танзими тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;

– Баъзе масъалаҳои ҳуқуқӣ ва барномавии фаъолияти инноватсионӣ дар Тоҷикистон;

– Тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Баъзе масъалаҳо оид ба такмили ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва ғайра.

     Дар фарҷоми кори конференсияи илмӣ-амалӣ, ки бахшида ба 15 солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, як зумра кормандони Марказ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад