ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 17:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1349
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.07.2016
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 2.01.2019 № 1573, аз 01.03.2024 № 2045)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2016 №457 қабул карда шуд.
 
Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2016 №276 ҷонибдорӣ карда шуд.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти суғуртавиро муқаррар намуда, ба таъмини ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти суғуртавӣ - фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба бастан ва иҷрои шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ки дар асоси иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- мақоми назорати суғуртавӣ - Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- суғуртакунӣ - муносибатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои қонунии молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавии муайян аз ҳисоби фондҳои пулии аз мукофотҳои суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) пардохтшуда, инчунин маблағҳои дигари ташкилотҳои суғуртавӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ташаккул ёфтаанд;
- объекти суғурта - манфиатҳои молумулкӣ ё шахсии ғайримулумулкии суғурташаванда, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, дар шартномаи суғурта пешбинӣ шудаанд;
- иштирокчиёни касбии бозори суғурта - ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), брокери суғуртавӣ, ташкилотҳои актуарӣ, адҷастерӣ, сюрвейери суғуртавӣ, ки дар асоси иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ фаъолият мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- суғуртаи ҳатмии давлатӣ - суғуртае, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад;
- суғуртаи ҳатмӣ - суғуртае, ки тибқи қонун ба зиммаи шахси дар он зикргардида уҳдадории ба сифати суғурташаванда суғурта кардани ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахси дигар, ё ҷавобгарии мадании худ дар назди шахси дигар аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби шахси манфиатдор гузошта шуда, нисбат ба объектҳои афзалиятноки суғурта, ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷорӣ гардида, тибқи он ҳодисаи суғуртавӣ, маблағи суғуртавӣ, мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ), пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) ҳамчун меъёри ҳатмӣ бо қонун муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи умумӣ - суғуртаи шахсӣ, молумулкӣ, суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои суғурта, ки ба соҳаи суғуртаи ҳаёт дахл надоранд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи ҳаёт - намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои фавти шахси суғурташуда ё дар давоми зиндагии ӯ то ба охир расидани муҳлати суғурта ва ё то синну соли дар шартномаи суғурта дарҷгардида пешбинӣ менамояд;
- суғурта ҳангоми рух додани ҳодисаи муайян дар ҳаёт - намуди суғуртаи захиракунанда, ки бо маблағи муқарраршуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар сурати фарорасии ҳодисаи қаблан қайдгардида (бастани ақди никоҳ ё таваллуди фарзанд) дар ҳаёти шахси суғурташуда пешбинӣ менамояд;
- суғурта аз ҳодисаи нохуш - намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро бо маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти суғурташуда дар ҳолати фавт, бемории касбӣ, қисман ё пурра гум кардани коршоямӣ ё расидани зарар ба саломатии шахси суғурташуда, дар натиҷаи рух додани ҳодисаи нохуш пешбинӣ менамояд;
- суғурта ҳангоми беморӣ - намуди суғурта, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро бо маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти шахси суғурташуда бо сабаби беморӣ ё иллати дигари саломатӣ пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи воситаҳои нақлиёт - намуди суғурта, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории воситаи нақлиёт, аз ҷумла дуздидан ё рабудан, инчунин дар натиҷаи расидани зарар ба он, вайрон ё нобуд шудан пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи борҳо - намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории бор, аз ҷумла бағоҷ, молҳо ва дигар намудҳои маҳсулот дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудан ва гум шудани онҳо, новобаста ба тарзи интиқолашон расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи молу мулк - намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории молу мулк дар натиҷаи вайрон, нобуд шудан ё дуздидани он расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ - намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба уҳдадории ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм дар натиҷаи суғуртакунии ҳамаи хавфҳо расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт - намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба уҳдадориҳои ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз ҷониби ӯ истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҷавобгарии маданию ҳуқуқии интиқолдиҳанда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи қарзҳо - намуди суғурта, ки пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро ҳангоми пайдо шудани зарарҳои қарздиҳанда дар натиҷаи аз тарафи суғурташаванда (қарзгиранда) иҷро нагардидани уҳдадориҳояш дар назди қарздиҳанда пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи ипотекавӣ - намуди суғуртае, ки қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зарари расонидашуда дар натиҷаи иҷро нагардидани уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи қарзгиранда тибқи шартномаи қарзи ипотекавӣ, пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи кафолатҳо - намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни зарари ба манфиатҳои молумулкии шахси кафолатдиҳанда дар натиҷаи иҷрои кафолат ё замонати ба уҳда гирифтааш расонидашударо пешбинӣ менамояд;
- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ - намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти ҷуброни суғуртавиро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарар дар натиҷаи гум кардани кор, аз даст додани даромад, офатҳои табиӣ, хароҷоти ғайричашмдошт, талафи нархи бозорӣ ва дигар зарарҳо дар натиҷаи анҷом додани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи хароҷоти судӣ - намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти ҷуброни суғуртавиро ҳангоми зарар дидани суғурташаванда (шахси суғурташуда) дар натиҷаи хароҷоти сарф кардааст вобаста ба муҳокимаи судӣ пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи шахсӣ - суғуртаи манфиатҳои молумулкии шахси воқеӣ марбут ба ҳаёт, саломатӣ, қобилияти меҳнатӣ, ки ба шахсияти худи суғурташаванда, инчунин шахси дигари дар шартнома зикргардида (шахси суғурташуда) вобаста аст;
- ташкилоти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти суғуртавиро дар асоси иҷозатномаи дахлдори мақоми назорати суғуртавӣ ба роҳ мемонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- седент - ташкилоти суғуртавие, ки қисми хавфи суғурташударо ба азнавсуғуртакунӣ додааст;
- суғурташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо ташкилоти суғуртавӣ шартномаи суғуртаро бастааст;
- меъёрҳои мақбули ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) - меъёрҳои иқтисодие, ки мақоми назорати суғуртавӣ бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқаррар намудааст ва риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба фоидаи ӯ шартномаи суғуртаи шахсӣ баста шудааст ва ё шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо шартномаи суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ, ҷавобгарии ӯ суғурта карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- фоидагиранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби суғурташаванда барои гирифтани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар шартномаи суғуртавӣ таъин шудааст ва дар полиси суғуртавӣ дарҷ гардидааст;
- филиали ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ - воҳиди сохтории алоҳидае, ки аз ҷониби ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла вазифаи намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- азнавсуғуртакунӣ - фаъолияти як ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба ҳимояи манфиатҳои молумулкии ташкилоти суғуртавии (азнавсуғурташавандаи) дигар, ки бо базиммагирии уҳдадориҳо аз тарафи охирин ҷиҳати анҷом додани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғурта алоқаманд мебошад;
- азнавсуғуртакунии факултативӣ (ихтиёрӣ) - азнавсуғуртакуние, ки ҳангоми он азнавсуғурташаванда ҳуқуқ дорад уҳдадорӣ ё қисми онро нисбати пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи асосии басташуда ба ташкилоти азнавсуғуртакунӣ супорад, ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ҳуқуқ дорад уҳдадории мазкур ё қисми онро аз нав суғурта намояд ё ин ки азнавсуғуртакунии онро рад намояд;
- азнавсуғуртакунии облигаторӣ (ҳатмӣ) - азнавсуғуртакуние, ки ҳангоми он азнавсуғурташаванда уҳдадор аст ба ташкилоти азнавсуғуртакунӣ барои азнавсуғуртакунӣ уҳдадорӣ ё қисми онро нисбати пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи асосии басташуда супорад ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ уҳдадор аст уҳдадории мазкур ё қисми онро аз нав суғурта намояд;
- ташкилоти азнавсуғуртакунӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба бастан ва иҷрои шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдори мақоми назорати суғуртавӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- азнавсуғурташаванда - ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки қисми хавфи суғуртавии аз рӯи шартномаи суғурта қабулкардаашро ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар мувофиқи шартҳои бо шартномаи азнавсуғуртакунӣ муайяншуда медиҳад;
- суғуртаи муштарак - фаъолият оид ба суғурта, ки нисбати объекти суғуртавӣ бастани шартномаи суғуртаро аз ҷониби якчанд ташкилоти суғуртавӣ бо суғурташаванда пешбинӣ менамояд, ки дар асоси он хавфҳои суғуртавӣ, андозаи маблағи суғуртавӣ ва мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) байни ташкилотҳои суғуртавӣ ба ҳиссаҳои бо шартномаи мазкур муқарраргардида тақсим карда мешаванд;
- суғуртаи мутақобила - суғуртаи молу мулк, манфиатҳои дигари молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси мутақобил бо роҳи таъсисдиҳии ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила ва дар онҳо муттаҳид намудани маблағҳои зарурӣ;
- ҷамъияти суғуртаи мутақобила - ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ки суғуртаи молу мулк ва манфиатҳои дигари молумулкии аъзои худро тибқи қонунгузории соҳавӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи гурӯҳӣ - суғуртакунӣ аз рӯи як шартномаи суғуртавӣ, ки дар он метавонад ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки якчанд шахс суғурта карда шавад;
- суғуртаи ҷамъшаванда - суғуртае, ки аломатҳои амонат ва пасандозкунии маблағҳои пулиро дошта, пардохти суғуртавиро ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ пешбинӣ менамояд, аз ҷумла дар сурати ба охир расидани муҳлати дар шартномаи суғурта муқарраргардида ва ё ҳодисаи дигари бо шартномаи суғурта пешбинигардида, вобаста ба он ки кадоме аз онҳо дар вақти муайяншуда пештар ба амал меоянд;
- хавфи суғуртавӣ - ҳодисаи эҳтимолӣ, ки дар ҳолати рух додани он суғурта анҷом дода мешавад;
- тарифи суғуртавӣ - арзиши воҳиди рӯйпӯшкунии суғуртавӣ;
- сирри суғуртавӣ - сирри тиҷоратии суғурташаванда, шахси суғурташуда ё фоидагиранда ва ё маълумоти дигар оид ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ё фоидагиранда, ки дар амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва шахси фаъолияти миёнаравии суғуртавиро анҷомдиҳанда (агент, брокер) маълум гардидааст;
- пардохти суғуртавӣ - маблағи пулӣ, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда (фоидагиранда) дар доираи маблағи суғуртавӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба шахси суғурташуда мепардозад;
- мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) - маблағи пулии дар шартнома дарҷшуда, ки онро суғурташаванда уҳдадор аст ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо тартиб ва дар муҳлатҳои дар шартномаи суғурта муқарраргардида пардохт намояд;
- маблағи суғуртавӣ - маблағи пулие, ки ба он объекти суғуртавӣ суғурта карда шудааст ва он ҳаҷми ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар бар мегирад;
- ҳодисаи суғуртавӣ - воқеае, ки ҳангоми рух додани он ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи қонун ва шартномаи суғурта бояд пардохти суғуртавиро (пардохти ҷуброни суғуртавиро) анҷом диҳад;
- ҷуброни суғуртавӣ - маблағе, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи шартномаи суғуртавӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ барои пӯшонидани зарари ба молу мулки суғурташуда расонида пардохт менамояд;
- захираҳои суғуртавӣ - уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ки дар асоси ҳисобҳои актуарӣ арзёбӣ мегарданд;
- агенти суғуртавӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба ташкили бастани шартномаҳои суғурта аз ном ва бо супориши ташкилоти суғуртавӣ анҷом медиҳад;
- брокери суғуртавӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба хизматрасонии брокери суғуртавӣ барои анҷом додани амалиёти ҳуқуқӣ ва дигар амалҳо нисбати бастан, тағйир додан, қатъ намудан ва иҷрои шартномаҳои суғуртаро бо супориши шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (суғурташавандагон) аз номи худ, вале аз ҳисоби шахсони мазкур ё иҷрои амалиёти ҳуқуқӣ, ё дигар амалҳоро нисбати бастан, тағйир додан, қатъ намудан ва иҷрои шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) аз номи суғурташавандагон (азнавсуғурташавандагон) ё ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва аз ҳисоби онҳо иҷро менамояд, инчунин фаъолияти машваратиро оид ба масъалаҳои суғуртавӣ анҷом медиҳад;
- актуарий - шахси воқеие, ки фаъолиятро оид ба ҳисобҳои иқтисодию риёзӣ ба таври касбӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ ё маданию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- ташкилоти актуарӣ - шахси ҳуқуқие, ки дорои мутахассисони соҳиби ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаи аз тарафи мақоми назорати суғуртавӣ додашуда мебошад ва фаъолият оид ба анҷомдиҳии ҳисобҳои иқтисодию риёзии ҳаҷми уҳдадориҳо, меъёри мукофотҳои (ҳаққи) суғуртавиро аз рӯи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ, инчунин арзёбии фоидаоварӣ ва даромаднокии намудҳои суғурта, ки аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) гузаронида мешаванд ё ба нақша гирифта мешаванд, бо мақсади таъмин намудани сатҳи зарурии пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- адҷастер - шахси воқеие, ки бо арзёбӣ ва танзими зарарҳо машғул буда, намояндаи ваколатдори ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мебошад;
- ташкилоти адҷастерӣ - шахси ҳуқуқие, ки манфиатҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба танзими эродҳои аз ҷониби суғурташаванда пешниҳодшударо вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ намояндагӣ менамояд, инчунин хавфро баъди ҳодисаи суғуртавӣ арзёбӣ намуда, уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ба асос гирифта, маблағи ҷуброни суғуртавиро муайян менамояд ва хулосаи экспертӣ тартиб медиҳад;
- ассистанс - аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод намудани кумак дар шакли пулӣ ва (ё) аслию моддӣ тавассути мусоидати техникӣ ё тиббӣ ба суғурташавандае (шахси суғурташудае, фоидагирандае), ки дар натиҷаи рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҳангоми саёҳат ё дур будан аз ҷойи истиқомат ба ҳолати душвор дучор омадааст;
- ташкилоти ассистансӣ - шахси ҳуқуқие, ки ба суғурташавандагон (шахсони суғурташуда, фоидагирандагон) дар натиҷаи рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҳангоми сайёҳат ё дур будан аз ҷойи истиқомат ба душворӣ дучор омадаанд, хизматрасониро пешниҳод менамояд;
- сюрвейери суғуртавӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки оид ба азназаргузаронӣ ва ташхиси объекти суғуртавӣ то бастани шартномаи суғурта, гузаронидани таҳлили далелҳо ва ҳолатҳои хавфнок, муайян намудани дараҷаи хавф, тартибдиҳии хулосаи экспертӣ нисбати объекти суғуртавии таҳқиқшаванда хизмат мерасонад;
- аннуитет (рента) - маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ ба шахси воқеӣ тибқи шартномаи (созишномаи) басташуда давра ба давра дар давоми якчанд сол ё якумра пардохта мешавад;
- суғуртаи аннуитетӣ - намуди суғуртаи шахсӣ, ки бастани шартномаҳои суғуртаро аз рӯи пардохтҳои дарозмуҳлат ва амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавии давриро дар шакли нафақа ё аннуитет (рента) ҳангоми ба синну соли муайян расидани шахси суғурташуда, гум кардани қобилияти меҳнатӣ (вобаста ба синну сол, бо сабаби маъюбӣ ё беморӣ), фавти саробон, бекорӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки ба камшавӣ ё аз даст додани даромадҳои шахсии суғурташуда оварда мерасонанд, пешбинӣ менамояд;
- шартномаи суғурта - шартнома дар шакли коғазӣ ва электронӣ, ки тибқи он суғурташаванда уҳдадор аст ҳаққи суғуртавиро мутобиқи шартнома пардохт намояд ва ташкилоти суғуртавӣ уҳдадор аст ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавии бо шартнома пешбинишуда ба суғурташаванда ё шахси сеюм (фоидагиранда), ки ба фоидаи ӯ шартнома баста шудааст, пардохти суғуртавиро (пардохти ҷуброни суғуртавиро) анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) - иттиҳодияи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки фаъолияти суғуртавиро аз рӯи намудҳои алоҳидаи суғуртавӣ ё хавфҳои суғуртавӣ дар асоси шартномаи рафоқати оддӣ (шартнома дар бораи фаъолияти муштарак) якҷоя бо мақсади таъмини устувории фаъолияти суғуртавӣ амалӣ менамоянд;
- портфели суғуртавӣ - маҷмӯи ҳама шартномаҳои суғуртавии басташуда;
- полиси суғуртавӣ - ҳуҷҷат дар шакли коғазӣ ва электронӣ, ки воқеияти баста шудани шартномаи суғурта ва тибқи талаботи шартномаи мазкур мавриди амал қарор гирифтани уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавиро оид ба пардохти ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- регресс - ҳуқуқи талаби бозпаси тарафҳои муносибати суғуртавӣ оид ба ҷуброни маблағи пардохтшуда;
- ҳодисаи нохуш - ҳодисаи ногаҳонӣ ва кӯтоҳмуддате, ки сарфи назар аз иродаи инсон рух дода, дар натиҷаи он ба ҷисми суғурташуда таъсири берунии механикӣ, барқӣ, кимиёвӣ ё гармӣ расидааст, инчунин аз таъсири офатҳои табиӣ саломатии ӯ зарар дида, ӯ маъюб гаштааст ё фавтидааст;
-  молик - бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573);
- қоидаи суғурта - ҳуҷҷати дар шакли коғазӣ ва электронӣ таҳиянамудаи ташкилоти суғуртавӣ, ки шартҳои анҷомдиҳии суғуртаро оид ба намуди муайяни он муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- кормандони роҳбарикунанда - роҳбари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва иштирокчиёни касбии дигари бозори суғурта, сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), аз ҷумла филиали ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод - шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ва ё коррупсионидошта маҳкум нагардидааст; шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки дар давраи ба ҳайси роҳбар ё сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва иштирокчии дахлдори касбии дигари бозори суғурта фаъолият карданаш иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва иштирокчиёни касбии дигари бозори суғурта бо гуноҳи онҳо бинобар татбиқ гардидани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ӯ бозхонд нашудааст; шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки нисбат ба ӯ санади судии амалкунанда дар хусуси маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян дар соҳаҳои иқтисод ва молия мавҷуд нест; шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки бинобар татбиқ гардидани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ аз вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва субъектҳои дигари фаъолияти суғуртавӣ озод нашудааст (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Объекти суғурта ва субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ
1. Манфиатҳои молумулкӣ ё шахсии ғайримолумулкӣ объекти суғурта шуда метавонанд, аз ҷумла суғуртаи вобаста ба:
- ҳаёт, саломатӣ, қобилияти меҳнат, таъминоти нафақавӣ ва дигар манфиатҳои шахси суғурташуда;
- соҳибӣ, идоракунӣ ва истифодаи молу мулк;
- расонидани зарар ба шахси сеюм (воқеӣ ё ҳуқуқӣ) ё худ ба молу мулки ӯ.
2. Объектҳои суғуртаи ҳаёт манфиатҳои молумулкие мебошанд, ки бо расидани шаҳрвандон ба синну соли муайян ё то ба охир расидани шартномаи суғурта ва ё то рух додани ягон ҳодиса дар ҳаёти шахс, инчунин бо фавти онҳо (суғуртаи ҳаёт) алоқаманданд.
3. Объектҳои суғуртаи умумӣ:
- манфиатҳои молумулкии вобаста ба расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон, инчунин бо фавти онҳо дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ (суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо);
- манфиатҳои молумулкии вобаста ба пардохти маблағ ҷиҳати ташкил ва расонидани ёрии тиббию доруворӣ (хизматрасонии тиббӣ) ва хизматрасонии дигари дар натиҷаи бад шудани саломатӣ ё ҳолати ҷисмонии шахси суғурташуда, ки ташкил ва расонидани чунин хизматрасонӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, ки дараҷаи хатари ба ҳаёт ва саломатии шахси воқеӣ таҳдидкунандаро коҳиш медиҳанд ё онҳоро (суғуртаи тиббиро) бартараф мекунанд;
- манфиатҳои молумулкии вобаста ба хавфи нобудшавӣ (нестшавӣ), норасоӣ ё зарар дидани молу мулк (суғуртаи молу мулк);
- манфиатҳои молумулкии суғурташаванда (шахси суғурташуда) вобаста ба хавфи нагирифтани даромад, пайдоиши хароҷоти пешбининагардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (суғуртаи хавфҳои молиявӣ);
- манфиатҳои молумулкии вобаста ба хавфи пайдошавии зарар аз фаъолияти соҳибкорӣ бинобар риоя накардани уҳдадориҳо аз ҷониби контрагентҳои соҳибкор ё худ тағйирёбии шартҳои ин фаъолият, ки бо ҳолатҳои ба соҳибкор новобаста, аз ҷумла бо хавфи ба даст наовардани даромадҳои пешбинишуда (суғуртаи хавфи соҳибкорӣ);
- манфиатҳои молумулкии вобаста ба хавфи фарорасии ҷавобгарӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва ба молу мулки шаҳрвандон, молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои дигар, инчунин хавфҳои фарорасии ҷавобгарӣ барои риоя накардани шартнома.
4. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта ба якҷоякунии объектҳои суғуртаи умумии сархатҳои якум бо дуюм, инчунин сархатҳои аз сеюм то шашуми қисми 3 ҳамин модда пешбинигардида роҳ дода мешавад.
5. Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ иштирокчиёни касбии бозори суғурта ва субъектҳои дигаре мебошанд, ки мутобиқи қонунгузорӣ фаъолияти суғуртавӣ ва фаъолияти дигари бо ҳамин Қонун пешбинишударо анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
6. Суғуртакунии объектҳои суғуртае, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва маблағҳои ба манфиати давлат ҷалбшуда амалӣ мегардад, танҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ватанӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 4. Шаклҳо, соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳои суғурта
1. Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани танзими давлатӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ суғурта ба шаклҳо, соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳо ҷудо карда мешавад.
2. Суғурта дар шаклҳои ихтиёрӣ, ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ амалӣ мегардад.
3. Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи суғурта ва қоидаҳои суғуртакунӣ, ки шартҳои умумӣ ва тартиби амалигардонии онро муайян менамоянд, амалӣ мегардад.
4. Қоидаҳои суғурта дорои муқаррарот оид ба субъектҳо ва объектҳои суғурта, ҳодисаҳои суғуртавӣ, хавфҳои суғуртавӣ, тартиби муайян намудани маблағи суғуртавӣ, тарифи суғуртавӣ, ҳаққи суғуртавӣ, тартиби бастан, иҷро ва қатъ намудани шартномаҳои суғурта, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо, муайян намудани ҳаҷми зиён ё зарар, тартиби муайянкунии маблағи пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ҳолатҳои рад кардани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) ва муқаррароти дигар мебошанд. Қоидаҳои суғурта аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё иттиҳодияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мустақилона дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таҳия гардида, бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 01.03.2024 № 2045).
5. Суғуртаи ҳатмӣ ба объектҳои афзалиятноки суғурта, ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ, новобаста ба шакли моликияташон, ки ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, амалӣ мегардад.
6. Суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт ва саломатии шахсони мансабдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби ташкилотҳои давлатии суғуртавӣ амалӣ карда мешавад. Ҳаққи суғуртавӣ дар чунин ҳолат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
7. Суғурта аз рӯи соҳаҳо ба суғуртаи ҳаёт ва суғуртаи умумӣ (яъне гурӯҳҳои дигари суғурта, ки ба суғуртаи ҳаёт мансуб нестанд) ҷудо мешавад.
8. Соҳаи «суғуртаи ҳаёт» гурӯҳҳои зерини шакли ихтиёрии суғуртаро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045):
- суғуртаи ҳаёт;
- суғурта ҳангоми фарорасии ҳодисаи муайян дар ҳаёт;
- суғуртаи аннуитетӣ.
9. Соҳаи «суғуртаи умумӣ» гурӯҳҳои зерини шакли ихтиёрии суғуртаро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045):
- суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;
- суғурта дар ҳолати ба беморӣ гирифтор шудан;
- суғуртаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- суғуртаи нақлиёти роҳи оҳан;
- суғуртаи нақлиёти ҳавоӣ;
- суғуртаи нақлиёти обӣ;
- суғуртаи борҳо;
- суғуртаи молу мулк аз зарар, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархатҳои сеюм - ҳафтуми ҳамин қисм зикргардида;
- суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти ҳавоӣ (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти обӣ (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархатҳои нуҳум - ёздаҳуми ҳамин қисм нишондодашуда (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- суғуртаи қарзҳо;
- суғуртаи ипотекавӣ;
- суғуртаи кафолатҳо;
- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ;
- суғуртаи хароҷоти судӣ;
- гурӯҳҳои дигари суғурта, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
10. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта ташкилоти суғуртавӣ намуди суғуртаро дар шакли ҳуҷҷати дахлдор таҳия намуда, ба суғурташаванда дар доираи як ё якчанд гурӯҳҳои суғурта пешниҳод менамояд. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад фаъолият оид ба бастани шартномаи суғуртаро дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда танҳо баъди гирифтани иҷозатнома ва бо тартиби муқарраргардида бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа намудани қоидаҳои намудҳои мушаххаси суғурта, ки дар доираи гурӯҳҳо ва соҳаҳои суғурта таҳия мегарданд, амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 01.03.2024 № 2045).
11. Намуди суғурта маҳсули суғуртавиест, ки ташкилоти суғуртавӣ онро дар шакли санади меъёрӣ таҳия намуда, ба суғурташаванда дар доираи як ё якчанд гурӯҳи суғурта тавассути бастани шартномаи суғурта пешниҳод менамояд. Ташкилоти суғуртавӣ ҳуқуқ дорад танҳо баъди бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа намудани қоидаҳои суғурта ва гирифтани иҷозатнома оид ба бастани шартномаи суғурта дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда фаъолият намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
12. Ҳар як намуди суғуртаи ҳатмӣ гурӯҳи алоҳидаи суғурта ба ҳисоб меравад. Муҳтавои ҳар як гурӯҳ дар шакли суғуртаи ҳатмӣ ва талаботи иловагӣ аз рӯи шартҳои гузаронидани он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.
13. Якҷоякунии соҳаҳо ва гурӯҳҳои суғурта аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
14. Аз рӯи шартномаҳои суғуртаи ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ хавфи худи суғурташаванда ва танҳо ба манфиати ӯ суғурта шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 5. Кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ
1. Давлат риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти суғуртавиро кафолат медиҳад.
2. Дахолати мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар ба фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ роҳ дода намешавад, агар он ҳуқуқҳои мақоми назорати суғуртавиро, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, халалдор насозад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
3. Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 6. Асосҳои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Иҷозатномадиҳӣ барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" сурат мегирад.
2. Дар асоси иҷозатномаи барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ гирифташуда ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолияти суғуртавиро бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз рӯйи қоидаҳои намудҳои мушаххаси суғурта, ки дар доираи шаклҳо, гурӯҳҳо ва соҳаҳои суғурта таҳия ва тасдиқ шуда, бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа карда шудаанд, амалӣ менамояд. Барои ҳар як шакл ва намуди суғурта иҷозатномаи алоҳида пешбинӣ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
БОБИ 2. БОЗОРИ СУҒУРТА
Моддаи 7. Иштирокчиёни касбии бозори суғурта
1. Фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад, ба истиснои фаъолияти актуарийҳо, ки аз ҷониби мақоми мазкур аттестатсия карда мешавад.
2. Маълумот дар бораи иштирокчиёни касбии бозори суғурта бо тартиби муқарраркардаи мақоми назорати суғуртавӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
3. Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта маълумотро дар бораи иштирокчиёни касбии бозори суғурта, номи он, макони ҷойгиршавӣ, роҳбар, иштирокчиён (саҳмдорон), рақам, таърихи додан, муҳлати эътибори иҷозатнома, намуди фаъолияти суғуртавӣ, ки ба амалигардонии он иҷозатнома дода шудааст, намудҳои суғурта, ки дар доираи намуди мувофиқи фаъолияти суғуртавӣ (барои ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила) амалӣ мегарданд, номи сомонаи расмии иштирокчиёни касбии бозори суғурта, филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва макони ҷойгиршавии онҳо, дар бораи қарори мақоми назорати суғуртавӣ оид ба додани иҷозатнома, азнавбарасмиятдарории иҷозатнома, асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, асос ва санаи бекор кардани иҷозатнома ва қатъ гардидани амали он, сабабҳо ва таърихи аз Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта бароварданро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
4. Дар ҳолати тағйирёбии маълумот оид ба иштирокчиёни касбии бозори суғурта маълумоти мазкур дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ баъд аз санаи тағйирёбии он ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид карда мешавад.
5. Маълумоти дар феҳристи мазкур мавҷудбуда барои шинос намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас мебошад ва маълумот дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон дода мешавад.
6. Маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта (дар шакли коғазӣ ва электронӣ), инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо иҷозатнома дода шудааст, дар парвандаҳои мақоми назорати суғуртавӣ муддати панҷ сол нигоҳ дошта шуда, сипас бо тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супорида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
7. Номи (номи фирмавии) иштирокчии касбии бозори суғурташахси ҳуқуқӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045):
- шакли ташкилию ҳуқуқии иштирокчии касбии бозори суғурта;
- намуди фаъолияти иштирокчии касбии бозори суғурта бо истифодаи калимаи «суғуртакунӣ» ва (ё) «азнавсуғуртакунӣ» ё «суғуртакунии мутақобила», ё худ «брокери суғуртавӣ», инчунин калимаҳои аз чунин калимаву ибораҳо сохташуда;
- нишонаи фардикунонии иштирокчиёни касбии бозори суғурта.
8. Иштирокчии касбии бозори суғурта - шахси ҳуқуқӣ барои пурра истифода бурдани номи иштирокчии дигари касбии бозори суғурта ҳуқуқ надорад. Муқаррароти мазкур ба ҷамъиятҳои фаръӣ ва филиалҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта татбиқ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
9. Ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ бо мақсади таҳлили мутобиқати худ ва омодагии лоиҳаи ҳуҷҷатҳо барои таъсиси филиали худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми назорати суғуртавӣ ариза, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдор пешниҳод намуда, хулосаи пешакии мақоми назорати суғуртавиро мегирад. Ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ бояд хулосаи мусбии мақоми дахлдори давлатеро, ки дар он ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
10. Калимаҳои «ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)», «брокери суғуртавӣ», «ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила» ё калимаҳои аз онҳо сохташуда дар ҳар шакле, ки бошанд, наметавонанд нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ истифода шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шудаанд ва ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода гардидаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти суғуртавиро дар назар надорад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 8. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар шакли ҷамъияти саҳомӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ташкилоти давлатии суғуртавӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис дода мешавад.
2. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) чунин вазифаҳоро амалӣ менамояд:
- арзёбии хавфҳои суғуртавӣ;
- гирифтани ҳаққи суғуртавӣ;
- ташаккул додани захираҳои суғуртавӣ;
- пурра намудани дороиҳо;
- муайян намудани андозаи зиён ё зарар;
- анҷом додани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ);
- дигар амалҳои вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои шартномаи суғурта.
3. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо мақсади гирифтани даромади иловагӣ, инчунин ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории (маблағгузории) захираҳои суғуртавии муваққатан озод машғул шаванд.
4. Ҳангоми таъсис додани ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва амалигардонии фаъолият бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бояд талаботи зерин риоя карда шаванд:
- сармоягузори хориҷӣ уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохтпазирии ӯ ва хулосаи аудиториро (то санаи охирин) пешниҳод намояд;
- на кам аз 50 фоизи аъзои мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавиро, ки бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ таъсис ёфтааст, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳанд;
- ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки розигии пешакии мақоми ваколатдори давлатии назорати суғуртавиро барои зиёд намудани андозаи сармояи оинномавӣ аз ҳисоби маблағи сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва (ё) ҷамъиятҳои фаръии онҳо барои бегонакунии саҳмияҳои худ (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ) ба манфиати сармоягузорони ватанию хориҷӣ (аз ҷумла, барои фурӯш ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ) гирад, саҳмдорони ватанӣ (иштирокчиён) бошанд, уҳдадоранд, ки розигии пешакии мақоми назорати суғуртавиро барои бегонакунии саҳмияҳои (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии) ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ба онҳо тааллуқдошта ба манфиати сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва (ё) ҷамъиятҳои фаръии онҳо гиранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 01.03.2024 № 2045);
- ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) таъсисёбанда ва ташкилоти суғуртавии бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ташкилшаванда уҳдадоранд, ки андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро дошта бошанд, ки он дар лаҳзаи гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ пурра ва дар шакли пулӣ бо пули миллӣ пардохт гардида бошад.
5. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо мақсади расонидани маълумот дар бораи фаъолияти худ ба суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон ва шахсоне, ки хоҳиши бастани шартномаи суғуртаро доранд, бояд сомонаи электронии худро дошта бошад ва дар он иттилооти зерин ҷойгир карда шавад:
- номи пурраи ташкилот, суроға (макони ҷойгиршавӣ), рақами телефонҳо, реҷаи кории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), филиалҳо ва намояндагиҳои он;
- маълумоти дахлдори хизматӣ дар бораи роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, аз ҷумла маълумот дар бораи рақами мушаххаси бақайдгирии давлатӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, дар бораи рақами бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи иштирокчиёни касбии бозори суғурта, инчунин маълумот дар бораи иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва муҳлати амали он;
- номгӯи намудҳои суғуртаи амалишаванда;
- қоида ва тарифҳои суғуртавӣ;
- ҳисоботи солонаи муҳосибавии (молиявии) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо хулосаи аудитории тасдиқкунандаи эътимоднокии он барои соли ҳисоботӣ;
- ҳисоботи молиявии солонаи маҷмӯӣ бо хулосаи аудитории тасдиқкунандаи эътимоднокии он барои се соли ҳисоботии гузашта;
- рейтингҳои ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби агентиҳои рейтингӣ додашуда (дар ҳолати соҳибшавӣ);
- маълумот дар бораи фаъолияти ташкилоти суғуртакунанда (азнавсуғуртакунӣ), таҷрибаи кори он тибқи намудҳои суғурта;
- маълумот оид ба иштирок дар иттиҳодияҳои касбӣ, иттифоқҳо, пулҳо ва ассотсиатсияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- маълумоти дигаре, ки зарурати нашри он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
6. Маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар қисми 5 моддаи мазкур қайд шудааст, дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ баъд аз рӯзи қабули қарори дахлдор аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар сомонаи он ҷойгир карда мешавад. Дар сурати зарурати бақайдгирии он ё огоҳонидан оид ба қарори қабулкардаи мақоми назорати суғуртавӣ- мувофиқан аз рӯзи бақайдгирӣ ё огоҳкунӣ ҷойгир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
7. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ватанӣ пеш аз оғози фаъолияти филиал ва намояндагии худ бояд мақоми назорати суғуртавиро огоҳ намоянд. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ватанӣ бо ин мақсад ба мақоми назорати суғуртавӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045):
- нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тасдиқгардидаи низомномаи филиал ва намояндагии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо зикри номгӯйи намудҳои фаъолияти суғуртавии ба филиал ё намояндагӣ иҷозатдодашуда;
- маълумоти зарурӣ дар бораи кормандони роҳбарикунандаи филиал ва намояндагии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
8. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолияти филиал ва намояндагиҳоро дар ҳолати риоя гардидани талаботи зерин оғоз менамояд:
- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ будани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал ё намояндагӣ;
- аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя гардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми назорати суғуртавӣ ва меъёрҳои мақбули барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқарраргардида.
9. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд дар хусуси қатъ намудани фаъолияти филиал ва намояндагиҳои худ мақоми назорати суғуртавиро хабардор намоянд.
10. Намояндагии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд калимаҳои «ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» ё калимаҳои «брокери суғуртавӣ»-ро дар номи худ истифода набарад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои «ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» ё калимаҳои «брокери суғуртавӣ» қисми ҷудонопазири номи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷиеро ифода кунанд, ки онҳо ба он тааллуқ доранд, ба шарте ки дар чунин ҳолатҳо калимаи «намояндагӣ» илова карда шавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 9. Иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта
1. Иштирокчиёни касбии бозори суғурта бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои умумии аъзои худ метавонанд иттифоқҳо, пулҳо ва ассотсиатсияҳо таъсис диҳанд.
2. Ба Феҳристи иштирокчиёни касбии бозори суғурта маълумот оид ба иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар асоси нусхаи шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии чунин иттиҳодияҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, ки ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод шудаанд, ворид мегарданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 10. Пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Пулҳои суғуртавӣ барои таъмини устувории молиявии иштирокчиёни он, аз тарафи онҳо иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ки ҳаҷмашон метавонанд аз маблағҳои худии (сармояи) як ташкилоти суғуртавӣ зиёд бошанд, таъсис ёфта, дар асоси принсипҳои суғуртаи муштарак ё азнавсуғуртакунӣ амал менамоянд.
2. Пулҳои азнавсуғуртакунӣ барои васеъ намудани имкониятҳои молиявии аъзои худ тавассути аз тарафи онҳо амалӣ намудани азнавсуғуртакунии қисми барзиёдии нигоҳдории шахсии аъзои пул аз рӯи шартномаи суғурта созмон дода мешаванд. Уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ки аз маблағҳои худии (сармоявии) аъзои пули суғуртавӣ барзиёданд, аз номи пули суғуртавӣ барои азнавсуғуртакунӣ дода мешаванд.
3. Иштирокчиёни пули азнавсуғуртакунӣ - ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дорои иҷозатнома барои амалисозии азнавсуғуртакунӣ, инчунин ташкилотҳои хориҷии азнавсуғуртакунӣ буда метавонанд. Шумораи иштирокчиёни пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маҳдуд нест.
4. Иштирокчиёни пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) принсипу муносибатҳои ягонаро бо шартҳои суғуртакунӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар доираи фаъолияти пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) анҷом дода, табодули маълумот дар бораи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) оид ба арзёбии хавфҳои суғуртавӣ, муайян намудани зиён ё зарар, мақомоти идоракунии пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), салоҳияти онҳо, тартиби ширкат дар дигар пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), расмиёти баромадани иштирокчиёни пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз пули дахлдорро муайян менамоянд.
5. Маълумот дар бораи фаъолияти пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар сомонаи пули мазкур ё дар сомонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) - пешсафи пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир карда мешавад.
6. Хусусиятҳои ташкил ва фаъолияти пулҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 11. Ташкилотҳои фаръии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои фаръии худро таъсис диҳанд.
2. Ташкилоти фаръии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқи созмон додан ё доштани ташкилоти фаръиро надорад.
3. Ташкилоти фаръии суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки дар номи худ калимаи "фаръӣ"-ро нишон диҳад ва номи ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) асосиро истифода барад.
Моддаи 12. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 13. Брокерҳо ва агентҳои суғуртавӣ
1. Фаъолияти брокерҳо ва агентҳои суғуртавӣ аз рӯи фаъолияти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ ба манфиатҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ё суғурташавандагон бо мақсади ба онҳо расонидани хизмат оид ба интихоби суғурташаванда ва (ё) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), шартҳои суғуртакунӣ (азнавсуғуртакунӣ), барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, бастан ва назорати шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ба он дохил намудани тағйирот, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҳангоми танзими талабот дар ҳолати анҷомдиҳии пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ҳамкорӣ бо ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), амалисозии фаъолияти машваратӣ равона гардидааст. Ҳамин гуна фаъолият, ки аз ҷониби суғурташаванда ва ташкилоти суғуртавӣ (кормандони он) анҷом дода мешавад, ба фаъолияти брокер ва агенти суғуртавӣ тааллуқ надорад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
2. Ба сифати брокер ва агенти суғуртавӣ шахсоне, ки доғи судии барҳамнахӯрда ё бардоштанашуда доранд ё ин ки дар давоми ду сол ташкилоти суғуртавиро то аз ҷониби мақомоти судӣ муфлис эътироф шудан ё то ба охир расидани се сол аз рӯзи муфлис эътироф шудан роҳбарӣ намудаанд, инчунин шахсони дар мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ, ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи он мансаб ишғол менамоянд ва кормандони штатии онҳо, ҳуқуқи фаъолият намуданро надоранд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
3. Брокер ва агенти суғуртавӣ барои иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳое, ки аз фаъолияти онҳо бармеоянд, аз ҷумла, барои ифшои маълумоти сирри тиҷоратии ташкилоти суғуртавӣ ва маълумоти шахси суғурташаванда, оид ба дурустӣ, воқеият, пуррагӣ ва сари вақт пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аз ҷониби онҳо иҷро гардидани ваколатҳояшон ҷавобгар мебошанд.
4. Брокер ва агенти суғуртавӣ бо тартиб ва шартҳои дар шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва агент ё брокери суғуртавӣ, ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар ҳолати гирифтани мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ аз суғурташаванда уҳдадоранд, ки нигоҳдории маблағи пулӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ ва суғурташаванда пешниҳодшударо таъмин намоянд ва ба ташкилоти суғуртавӣ оид ба истифодаи варақаҳои полиси суғуртавиро ҳисобот пешниҳод намоянд, варақаҳои полиси суғуртавии истифоданашуда ва вайронгардидаро баргардонанд.
5. Брокер ва агенти суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ташкилоти суғуртавӣ маълумот оид ба андозаи сармояи оинномавӣ, захираҳои суғуртавӣ, иҷозатнома барои амалигардонии суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ, муҳлати фаъолият ба сифати субъекти фаъолияти суғуртавӣ, оид ба намуд ва шартҳои суғуртакунии амалишавандаро талаб кунанд.
6. Брокер ва агенти суғуртавӣ наметавонанд аз рӯи шартномаҳои суғуртаи ба фоидаи шахсони сеюм аз ҷониби онҳо басташуда, худро ба сифати фоидагиранда дарҷ кунанд. Ташкилоти суғуртавӣ, новобаста ба услубҳо, муҳлати амалигардонии полиси суғуртавӣ ва санаи ба ташкилоти суғуртавӣ ворид гардидани мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) аз ҷониби суғурташаванда ба брокер ва агенти суғуртавӣ интиқолшуда, уҳдадор аст шартномаҳои суғуртаи аз ҷониби брокер ва агенти суғуртавӣ аз номи он ва (ё) ба манфиатҳои ташкилоти суғуртавӣ басташударо иҷро намояд.
7. Агентҳои суғуртавӣ ба суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон, шахсоне, ки хоҳиши бастани шартномаи суғуртаро доранд, маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, инчунин тибқи талаби онҳо маълумот оид ба фаъолияти худ, ваколатҳо ва ном, аз ҷумла, рақами телефон, реҷаи корӣ, макони ҷойгиршавӣ (барои агенти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ), номгӯй ва арзиши хизматрасонии худро пешниҳод менамоянд.
8. Ташкилотҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи хизматрасонӣ бо брокери суғуртавӣ номгӯи хизматрасонии аз ҷониби брокери суғуртавӣ пешниҳодшаванда, ҳуқуқу уҳдадориҳои он, тартиби иҷрои шартнома, муҳлати амали он, арзиши хизматрасонӣ (андозаи маблағи ҳавасмандгардонии брокери суғуртавӣ), тартиби ҳисоббаробаркунӣ, аз он ҷумла тартиб ва муҳлати ба ташкилоти суғуртавӣ аз ҷониби брокери суғуртавӣ интиқол намудани маблағҳои пулии барои пардохти шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) гирифташударо (агар чунин фаъолият аз ҷониби брокери суғуртавӣ амалӣ гардад) муайян менамоянд.
9. Дар сурати ба манфиати ташкилоти суғуртавӣ аз ҷониби брокери суғуртавӣ амалӣ намудани фаъолияти миёнаравӣ ӯ уҳдадор аст дар ин бора суғурташавандаро огоҳ намояд ва ҳуқуқи аз рӯи як шартномаи суғурта аз ташкилоти суғуртавӣ ва суғурташаванда гирифтани маблағи ҳавасмандгардонӣ барои хизмати расонидашударо надорад. Брокерҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти дигари хизматрасонии вобаста ба суғурта ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашударо, ба истиснои фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, азнавсуғуртакунӣ ва агенти суғуртавӣ, амалӣ созанд. Брокер ва агенти суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд хизматрасониро аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ амалӣ намоянд.
10. Брокерҳои суғуртавие, ки маблағҳои пулиро аз суғурташавандагон (азнавсуғурташавандагон) ба ҳисоби пардохти шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) қабул менамоянд, маблағи мазкурро ба суратҳисоби бонкии худ барои интиқол ба ташкилоти суғуртавӣ дар муҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ ворид менамоянд. Брокерҳои суғуртавӣ ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти дигарро бо истифодаи маблағи аз рӯи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба суратҳисоби мазкур воридшуда надоранд.
11. Фаъолияти брокерҳои суғуртавии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии фаъолияти миёнаравӣ, ба сифати брокери суғуртавӣ иҷро намудани азнавсуғуртакунӣ иҷозат дода мешавад.
12. Брокери суғуртавӣ уҳдадор аст тибқи талаби суғурташаванда маълумотро оид ба номи худ, макони ҷойгиршавӣ, иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти миёнаравӣ ба сифати брокери суғуртавӣ, номгӯи хизматрасонии ташкилоти суғуртавие, ки ба манфиатҳои он суғуртакунӣ амалӣ мегардад, пешниҳод намояд. Брокери суғуртавӣ маълумотро оид ба иштирок кардан ё накардан (бо нишон додани саҳм) дар сармояи оинномавии ташкилоти суғуртавӣ, намуд ва шартҳои суғуртакунӣ, инчунин таҳлили натиҷаҳои хизматрасонии суғуртавиро бо назардошти талаботи суғурташаванда пешниҳод менамояд.
13. Брокери суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ маълумотро оид ба хавфи суғуртавӣ, объекти суғурта, предмети суғурта, эҳтиёҷи он ба суғуртакунӣ, ки аз суғурташаванда дастрас намудааст, инчунин маълумот ва ҳуҷҷатҳои дигарро барои бастан ва идома додани шартномаи суғурта ва иҷрои уҳдадориҳои худ бо тартиб ва ҳаҷме, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва брокери суғуртавӣ муқаррар намудаанд, пешниҳод менамояд.
14. Назорати фаъолияти брокери суғуртавӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ, инчунин иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бо шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва брокери суғуртавӣ пешбинигардида аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
15. Брокер ва агенти суғуртавӣ уҳдадоранд, ки ба суғурташаванда, шахси суғурташуда, фоидагиранда, инчунин шахсоне, ки хоҳиши бастани шартномаи суғуртаро доранд, аз рӯи дархости онҳо мафҳумҳои дар қоида ва шартномаи суғурта мавҷударо фаҳмонанд. Брокер ва агенти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ уҳдадоранд, маълумоти дар қисмҳои 7 ва 12 моддаи мазкур пешбинигардидаро дар сомонаи худ ҷойгир намоянд.
16. Ташкилотҳои суғуртавӣ феҳристи агентҳо ва брокерҳои суғуртавиро, ки бо онҳо шартнома оид ба хизматрасонии вобаста ба суғуртаро бастаанд, пеш мебаранд ва маълумотро (насаб, ном, номи падар (дар ҳолати мавҷудият) ё номи брокер ва агенти суғуртавӣ, рақами шаҳодатнома ё шартнома) дар сомонаи худ ҷойгир менамоянд.
17. Фаъолияти агентҳои суғуртавӣ ва брокерҳои суғуртавӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии вобаста ба бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғурта (ба истиснои шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ) ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ ё брокерҳои суғуртавии хориҷие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома нагирифтаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Моддаи 14. Актуарийҳои суғуртавӣ (ташкилоти актуарӣ)
1. Актуарийҳои суғуртавӣ бо супориши ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) намудҳои зерини хизматрасониро анҷом медиҳанд:
- баҳисобгириҳои эҳтимолии рух додани воқеаҳои суғуртавӣ, муайян намудани такроршавӣ ва дараҷаи вазнинии оқибати зарари расонидашуда дар гурӯҳҳои алоҳидаи хавфҳо ва аз рӯи маҷмӯи суғуртавӣ;
- асосноккунии хароҷоти зарурӣ барои ташкили раванди суғуртакунӣ ва ҳисоб намудани арзиши аслии хизматрасонии суғуртавӣ;
- муқаррар намудани андозаи тариф оид ба ҳар як намуди суғурта (азнавсуғуртакунӣ) бо дарназардошти хусусияти дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат будани амалисозии онҳо барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти сармоягузории ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо истифодаи ҳисобҳои актуарӣ;
- банақшагирии даромадҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи намудҳои гуногуни суғурта (азнавсуғуртакунӣ).
2. Актуарийи суғуртавӣ бояд забони давлатиро донад, дорои таҳсилоти олии математикӣ, техникӣ ё иқтисодии бо ҳуҷҷати дахлдори тасдиқгардидаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, инчунин шаҳодатномаи тахассусии тасдиқкунандаи дониши ӯ дар соҳаи ҳисобҳои актуарӣ бошад.
Моддаи 15. Адҷастерҳои суғуртавӣ (ташкилоти адҷастерӣ)
1. Адҷастерҳои суғуртавӣ бо супориши ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) намудҳои зерини хизматрасониро амалӣ менамоянд:
- азназаргузаронӣ ва ташхиси объекти суғуртавӣ баъд аз рух додани ҳодисаи суғуртавӣ;
- таҳлили далелҳо ва ҳолатҳои ба миён омадани хавфи ҳодисаи суғуртавӣ;
- муқаррар намудани сабабҳои осеббинии объекти суғуртавӣ, расонидани зиён ё зарар ба объекти мазкур ва мавҷуд будани ҳодисаи суғуртавӣ;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ - муқаррар намудани дараҷаи осеб ва андозаи зараре, ки дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ расонида шудааст;
- муайян намудани маблағи ҷуброни суғуртавии пардохтшаванда;
- тартиб додани хулоса (санад) оид ба ҳодисаи суғуртавӣ барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
2. Адҷастерҳои суғуртавӣ фаъолияти худро тибқи шартномаи бо ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) басташуда амалӣ менамоянд.
3. Хулосаи (санади) тартибдодаи адҷастерҳои суғуртавӣ, метавонад дар мавриди ҷуброни зарар ва ҳалли баҳсҳо аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) истифода бурда шавад.
4. Адҷастерҳои суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд ба сифати ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалиёти суғуртавӣ ва азнавсуғураткуниро анҷом диҳанд, фаъолияти миёнаравиро оид ба суғуртакунӣ амалӣ намоянд ва дар фондҳои оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) саҳмгузор бошанд.
Моддаи 16. Ассистанси суғуртавӣ
1. Ҳаққи хизматрасонии ассистанси суғуртавиро ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бе иштироки суғурташавандагон (шахсони суғурташуда) пардохт менамояд.
2. Ассистанси суғуртавӣ ҳуқуқ надорад, ки ба сифати ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалиёти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакуниро анҷом диҳад, фаъолияти миёнаравиро оид ба суғуртакунӣ амалӣ намояд ва дар фондҳои оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) саҳмгузор бошад.
Моддаи 17. Сюрвейери суғуртавӣ
1. Сюрвейери суғуртавӣ фаъолияти худро мутобиқи шартномае, ки бо ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё суғурташаванда бастааст, иҷро менамояд.
2. Сюрвейери суғуртавӣ ҳуқуқ надорад, ки ба сифати ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалиёти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакуниро анҷом диҳад, фаъолияти миёнаравиро оид ба суғуртакунӣ амалӣ намояд ва дар фондҳои оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) саҳмгузор бошад.
Моддаи 18. Суғурташаванда
1. Суғурташаванда шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ ва ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ мебандад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
2. Суғурташаванда метавонад шартномаҳои суғуртаи шахсии шахсони сеюмро ба манфиати охирин (шахсони суғурташуда) бандад.
3. Барои гирифтани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) аз рӯи шартномаҳои суғурта суғурташаванда ҳуқуқ дорад ҳангоми бастани шартномаҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ шахсони сеюм (фоидагирандагон)-ро дарҷ намояд, инчунин дар давоми амали шартномаи суғуртавӣ аз рӯи салоҳдиди худ онҳоро иваз намояд.
4. Суғурташаванда ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ ҳуқуқи интихоби ташкилоти суғуртавиро дорад.
БОБИ 3. АМАЛИСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ
Моддаи 19. Ҳодисаи суғуртавӣ
1. Ҳангоми суғуртаи ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ намудҳои ҳодисаҳои суғуртавӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми суғуртаи ихтиёрӣ бо шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешаванд.
2. Далели рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дигар маълумот, ки боэътимод будани онҳо боиси шубҳа намегардад, бо қарори суд ва дигар мақомот, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси хулосаи дахлдори экспертӣ ё бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бо қоидаҳои суғурта пешбинишуда муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
3. Асосноккунии ҳодисаи суғуртавии рухдода ва зарари расонидашуда бо гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳодисаи мазкур аз мақомоти дахлдор ба зиммаи суғурташаванда вогузор карда мешавад. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ суғурташаванда ҳуқуқи аз ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) талаб намудани маблағи суғуртавии дахлдор (ҷуброни суғуртавӣ) ва иҷрои уҳдадориҳои дигарро пайдо мекунад, ки онҳоро шартномаи суғурта ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар навбати худ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадории дахлдор ба вуҷуд меояд.
4. Санади ҳодисаи суғуртавиро ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тартиб медиҳад. Ҳангоми зарурат ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ аз мақомоти дахлдор ва корхонаю муассисаҳои дигар, ки оид ба ҳодисаи суғуртавӣ иттилоот доранд, маълумоти заруриро гирад, инчунин сабабу ҳолатҳои ҳодисаи суғуртавиро мустақилона муайян намояд. Мақомот ва корхонаю муассисаҳои дахлдор, сарфи назар аз шакли моликияташон, уҳдадоранд ба ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мувофиқи дархости онҳо вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ маълумот диҳанд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 20. Маблағи суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ
1. Андозаи маблағи суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ дар асоси шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешаванд. Ҳангоми суғуртаи ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ онҳо набояд аз андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам бошанд.
2. Тартиб ва муҳлати пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ ҳангоми суғуртаи ихтиёрӣ бо шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
3. Ҳангоми суғуртаи молу мулк маблағи суғуртавӣ наметавонад аз арзиши воқеии молу мулк (арзиши суғуртавӣ) дар лаҳзаи бастани шартнома зиёд бошад. Маблағи суғуртавии дар шартнома дарҷгардида мавриди баҳси тарафҳо қарор гирифта наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти суғуртавӣ исбот намояд, ки суғурташаванда онро ба иштибоҳ андохтааст. Агар маблағи суғуртавии бо шартнома муайяншуда аз арзиши суғуртавии молу мулк (арзиши молу мулк) зиёд бошад, шартномаи суғурта дар он қисми маблағи суғуртавӣ, ки он аз арзиши суғуртавии молу мулк (арзиши молу мулк) дар лаҳзаи бастани шартнома зиёд аст, эътибор надорад.
4. Ҳангоми суғуртаи молу мулк ё масъулият ҷуброни суғуртавӣ набояд аз ҳаҷми зарари воқеӣ, ки ба суғурташаванда (шахси суғурташуда) расидааст, зиёд бошад.
5. Агар маблағи суғуртавӣ аз арзиши суғуртавии молу мулк кам бошад, ҳаҷми ҷуброни суғуртавӣ тибқи таносуби маблағи суғуртавӣ ба арзиши суғуртавии молу мулк коҳиш меёбад, агар дар шартномаи суғурта тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
6. Агар молу мулк аз ҷониби якчанд ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба он маблағе, ки дар маҷмӯъ аз арзиши суғуртавии молу мулк зиёд аст, суғурта шуда бошад (суғуртаи дукарата), ҷуброни суғуртавии аз ҳамаи ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба суғуртаи мазкур гирифташаванда набояд аз арзиши суғуртавии молу мулк зиёд бошад. Дар ин ҳолат ҳар як ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷуброни суғуртавиро мутаносибан ба натиҷаи тақсими арзиши суғуртавии молу мулк ба маблағи суғуртавии умумӣ аз рӯи ҳама шартномаҳои суғурта пардохт менамояд.
7. Шартномаи суғуртаи молу мулк метавонад бо қарори ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) иваз намудани ҷуброни суғуртавиро бо ҷуброни зарар (пурра ё қисман) дар шакли молумулкӣ (аслӣ) (дар доираи ҷуброни суғуртавӣ) пешбинӣ намояд.
8. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад, ки назорати беосеб нигоҳ доштани молу мулки суғурташударо анҷом диҳад ва дар ҳолати муқаррар намудани далелҳои муносибати бесарусомонона ё нигоҳдории номатлуби молу мулки суғурташуда ба суғурташавандагон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида таъиноти барои иҷро ҳатмӣ пешниҳод намояд ва дар сурати иҷро накардани он ҳуқуқ дорад андозаи маблағи суғуртавиро кам кунад.
9. Ҳангоми суғуртаи ихтиёрии шахсӣ маблағи суғуртавӣ бо шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми суғуртаи ихтиёрии шахсӣ ба суғурташаванда (шахси суғурташуда, фоидагиранда), новобаста ба додани маблағ аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин шартномаи суғуртавии дигар ё бо тартиби ҷуброни зарар, пардохти суғуртавӣ дода мешавад.
10. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки пардохти ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) аз рӯи шартномаи суғуртаи масъулият анҷом додааст, дар доираи ин маблағ ҳуқуқи талаби регрессӣ нисбат ба шахси гунаҳкор, ки бо айби ӯ ба суғурташаванда ё шахсони сеюм зиён (зарар) расонида шудааст, мегузарад. Агар суғурташаванда аз даъвои худ нисбат ба шахси мазкур ё аз ҳуқуқҳое, ки иҷрои ин талаботро таъмин менамоянд, даст кашад, дар ин ҳолат ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз пардохти он қисми ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ), ки бояд аз ин шахс меситонид, озод карда мешавад.
11. Агар суғурташаванда ё шахсе, ки ба манфиати ӯ пардохти ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) анҷом дода мешавад, ҷуброни пурраи зиёнро (зарарро) аз шахси гунаҳкори зиёнрасонида (зараррасонида) гирифта бошад, дар ин сурат ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз додани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) озод мегардад. Ҳангоми аз тарафи шахси гунаҳкор қисман додани ҷуброни зиён (зарар), ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пардохти ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) бо дарназардошти маблағе, ки шахси мазкур аз шахси гунаҳкор гирифтаст, анҷом медиҳад.
12. Дар лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё моликбенефитсиар ва фоидагиранда аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст расмиёти зерини санҷиши дахлдори суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаро аз рӯи шартномаи суғурта анҷом диҳад:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҷои истиқомати суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси воқеиро талаб намояд, шахсияти онҳоро муайян кунад ва санҷад;
- ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ, рақами бақайдгирии давлатӣ, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба моликият, инчунин суроғаи маҳалли ҷойгиршавии суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси ҳуқуқиро муайян намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573).
13. Пеш аз он ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё моликбенефитсиар ва фоидагиранда ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ)-ро аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намояд, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки шахси сиёсии бонуфуз будан ё набудани суғурташаванда ё молик-бенефитсиар ва/ё фоидагиранда, инчунин дорои хавф будани онҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» муайян намуда, чораҳои дахлдор андешад. Дар сурати ошкор кардани хавф ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки пеш аз пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғурта оид ба аҳд/амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни зикргардида хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573).
14. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро на камтар аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573, аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 21. Суғуртаи муштарак
1. Ҳангоми мавҷуд будани созишномаи дахлдор оид ба суғуртаи муштараки байни ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), яке аз онҳо метавонанд ташкилотҳои дигари суғуртавиро дар муносибатҳои бо суғурташавандагон доштаашон муаррифӣ намоянд ва дар назди охирин танҳо аз рӯи ҳиссаи худ масъул монанд.
2. Ҳангоми суғуртаи муштарак шартҳои шартномаи суғурта тибқи қоидаҳои суғуртаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муайян карда мешаванд, ки ба худ вазифаҳо ва салоҳияти ташкилоти суғуртавии пешбарро бо шартҳои муайянкардаи шартномаи суғуртаи муштарак қабул кардааст. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дар шартномаи суғуртаи муштарак ширкаткунанда ҳуқуқ доранд шартномаҳои суғуртавиро бо шартҳои дигар, ки дар қоидаҳои онҳо аз рӯи намуди суғуртаи мазкур пешбинӣ нашудааст, банданд.
3. Дар суғуртаи муштарак иштироки он ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар иҷозатномаи ӯ намуди суғуртаи мазкур дарҷ нагардидааст, манъ аст.
Моддаи 22. Азнавсуғуртакунӣ
1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад иҷрои қисми уҳдадориҳои худро оид ба суғуртакунӣ дар ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар бо роҳи азнавсуғуртакунӣ таъмин намояд.
2. Азнавсуғуртакунӣ ба намудҳои мутаносиб ва номутаносиб тақсим мешавад. Мавҷуд будани иҷозатномаи азнавсуғуртакунӣ ба соҳиби иҷозатнома ҳуқуқ медиҳад, ки фаъолиятро дар самти азнавсуғуртакунии мутаносиб ва номутаносиб амалӣ намояд.
3. Ҳангоми азнавсуғуртакунии мутаносиб ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ба зиммаи худ уҳдадорӣ қабул менамояд, ки пардохти ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) ҳангоми фарорасии шартҳои бо шартномаи суғуртавии дахлдор пешбинишуда дар ҳаҷми мутаносиби ҳиссаҳои уҳдадориҳои суғуртавӣ, ки аз ташкилоти суғуртавӣ (седент) аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ қабул кардааст, анҷом диҳад.
4. Ҳангоми азнавсуғуртакунии номутаносиб ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ба зиммаи худ уҳдадорӣ қабул менамояд, ки пардохти ҷуброни суғуртавии (пардохти суғуртавии) ҳаҷми зарарро ба андозаи зиёда аз миқдори маблағҳои нигоҳдории худии ташкилоти суғуртавӣ (седент) дар ҳолати ба амал омадани шартҳои бо шартномаи суғуртавии дахлдор пешбинишуда амалӣ намояд.
5. Муносибати байни ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки қисми масъулияти худро медиҳад ва ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки масъулияти мазкурро ба зимма мегирад, тибқи шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ин маврид уҳдадории ташкилоти суғуртавӣ (седент) дар назди суғурташаванда пурра боқӣ мемонад.
6. Супоридани минбаъдаи қисми хавфи пардохт аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ аз ҷониби ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ба ташкилотҳои азнавсуғуртакунии дигар иҷозат дода мешавад.
7. Азнавсуғуртакунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки уҳдадориҳои суғуртавии қабулнамударо аз ҳисоби маблағҳои худӣ рӯйпӯш карда наметавонанд, ҳатмӣ мебошад.
8. Азнавсуғуртакунии хавфҳоро ҳам дар ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом додан мумкин аст.
9. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ бо азнавсуғуртакунӣ фаро гирифта намешавад.
10. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда (муштарак ё пурра бо сармояи хориҷӣ таъсисёфта) ҳуқуқи қабул намудани хавфро ба азнавсуғуртакунӣ аз рӯи намудҳои суғуртае, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома гирифтаанд, доранд.
11. Азнавсуғуртакунӣ ба тарзи факултативӣ (ихтиёрӣ) ва облигаторӣ (ҳатмӣ) амалӣ мегардад:
- ҳангоми азнавсуғуртакунии факултативӣ (ихтиёрӣ) ташкилоти суғуртавӣ (седент) ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ бо уҳдадориҳои шартномавии пешакӣ алоқаманд нестанд. Қарор дар бораи зарурат ва ҳаҷми азнавсуғуртакунӣ, инчунин оид ба додани хавфҳо ба азнавсуғуртакунӣ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (седент) ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ аз рӯи ҳар як хавф бо тартиби алоҳида қабул карда мешавад. Азнавсуғуртакунии ихтиёрӣ дар сурате истифода бурда мешавад, агар хавфи ба азнавсуғуртакунӣ додашаванда тибқи шартномаи азнавсуғуртакунии амалкунанда пӯшонида нашавад;
- азнавсуғуртакунии облигаторӣ (ҳатмӣ) тибқи шартнома амалӣ гардида, дар асоси он як шахс (ташкилоти азнавсуғуртакунӣ) мувофиқи маблағи муайянгардида, яъне мукофоти азнавсуғуртакунӣ (ҳаққи азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор мегардад, ки ҳиссаи хавфи муқарраршудаи шахси дигарро (ташкилоти суғуртакуниро, азнавсуғурташавандаро) ба масъулияти худ гирад.
12. Ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар ҳолати мавҷуд набудани ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд на камтар аз 5 фоизи хавфҳои аз рӯи шартномаҳои асосии суғурта дар ташкилотҳои азнавсуғуртакунии хориҷӣ қабулшударо, ки рейтинги баланди байналмилалӣ доранд, аз нав суғурта кунанд.
Моддаи 23. Суғуртаи ҷамъшаванда
1. Суғуртаи рух додани воқеаи муайян дар ҳаёти шахси суғурташуда ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳодисаи пешакӣ дарҷгардида амалисозии пардохти суғуртавиро ба андозаи маблағи муқарраршуда пешбинӣ менамояд.
2. Суғуртаи ҳаёт бо иштироки суғурташаванда дар даромади сармоягузории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маҷмӯи намудҳои суғуртаи ҷамъшаванда мебошад, ки анҷомдиҳии пардохти суғуртавиро бо маблағи қайдшуда ё пардохтҳои суғуртавиро бо намуди нафақа ё аннуитет (рента) дар ҳолатҳои фавти шахси суғурташуда ё дар давоми зиндагии ӯ то ба охир расидани муҳлати суғурта ё то синну соли дар шартномаи суғурта муайянгардида ба он шарте, ки суғурташаванда (шахси суғурташуда, фоидагиранда) дар фоидаи дар натиҷаи фаъолияти маблағгузорӣ, афзоиши маблағи суғуртавӣ ва воридшавии мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) иловагӣ ташкилоти суғуртавӣ бадасторанда ширкат меварзад, пешбинӣ менамояд. Тартиби иштироки шахси суғурташуда (фоидагиранда) дар даромаде, ки ташкилоти суғуртавӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ (маблағгузорӣ) ба даст меорад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)
1. Мукофоти суғуртави (ҳаққи суғуртави)-ро суғурташаванда бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохт менамояд.
2. Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ тибқи маблағи суғуртавӣ, ки суғурташаванда бо ташкилоти суғуртавӣ мувофиқа кардаанд, муайян карда мешавад.
3. Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рӯи суғуртаи ҳатмии давлатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рӯйи суғуртаи ҳатмӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
5. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти ҳаққи суғуртавиро ҳангоми суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ ташкилоти суғуртавӣ бо розигии суғурташаванда дар асоси шартнома муқаррар менамояд.
6. Корфармоён - шахсони ҳуқуқӣ уҳдадоранд бо супориши кормандони худ, ки шартномаи суғуртаи ихтиёрии аз ҳодисаҳои нохуш ё ҳаётро бастаанд, аз ҳисоби музди меҳнати онҳо (даромадашон) ҳаққи суғуртавиро нигоҳ дошта, ба суратҳисоби ташкилоти суғуртавӣ гузаронанд.
7. Ташкилоти суғуртавӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми зиёдшавии хавфи рух додани ҳодисаи суғуртавии объекти суғурташуда, бо розигии суғурташаванда андозаи ҳаққи суғуртавиро баланд намояд, агар ҳудуди ҷадвали ҳаққи суғуртавӣ (тарифҳо) чунин имкониятро дода тавонад.
Моддаи 25. Тарифи суғуртавӣ
1. Тарифи суғуртавӣ ҳамчун меъёри андозаи ҳаққи суғуртавӣ мустақилона аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ бо назардошти объекти суғурта ва хусусияти хавфи суғуртавӣ муайян карда мешавад.
2. Ташкилотҳои суғуртавӣ уҳдадоранд тарифҳои суғуртавии аз лиҳози актуарӣ (иқтисодӣ) асоснокшударо, ки тибқи услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ анҷом дода мешаванд, истифода намоянд.
3. Талабот нисбат ба услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ба таркиб ва мазмун, тарз ва принсипҳои баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ (андозаи тарифҳои асосӣ ва коэффитсиенти онҳо ё ифодаи ниҳоии коэффитсиентҳои нишондодашуда) аз рӯи намудҳои суғурта, нисбат ба тартиби истифодаи маълумоти оморӣ аз рӯи намудҳои суғуртаро мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 25(1). Суғуртаи мутақобила
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси мутақобила бо роҳи таъсисдиҳии ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва дар онҳо муттаҳид намудани маблағҳои зарурӣ намудҳои суғуртаи мутақобилаи молу мулк ва манфиатҳои дигари молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсии худро анҷом диҳанд.
2. Муқаррароти суғуртаи мутақобила, таъсисдиҳии ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила бо қонун муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
БОБИ 4. ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ ВА ПАРДОХТПАЗИРИИ ТАШКИЛОТҲОИ СУҒУРТАВӢ (АЗНАВСУҒУРТАКУНӢ)
Моддаи 26. Шартҳои таъмини устувории молиявию иқтисодӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Кафолатҳои таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тарифҳои суғуртавии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда, захираҳои суғуртавии кофӣ барои иҷрои уҳдадориҳо (оид ба суғуртакунӣ, суғуртаи муштарак, азнавсуғуртакунӣ ва суғуртаи мутақобила), маблағҳои худӣ (сармоя), азнавсуғуртакунӣ мебошанд.
2. Маблағҳои худии (сармояи) ташкилотҳои суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ (ба истиснои ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила) сармояи оинномавӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ, фонди ҳавасмандгардонӣ, инчунин фоидаи тақсимнашударо дар бар мегиранд.
3. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд маблағҳои худиро (сармояро) дар асоси шартҳои гуногуншаклӣ, бозоргирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ сармоягузорӣ (маблағгузорӣ) намоянд.
4. Мақоми назорати суғуртавӣ вобаста ба тахассуси ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва хусусияти шартҳои намудҳои суғурта, номгӯи дороии барои сармоягузорӣ иҷозатдодашуда, инчунин тартиби сармоягузории маблағҳои захираҳои суғуртавиеро, ки талаботи пешбинишударо ба эмитентҳои коғазҳои қиматнок ё барориши коғазҳои қиматнок, ба таркиби дороие, ки ҷойгиршавии маблағҳои худӣ дар он иҷозат дода шудааст, муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
5. Сармоягузории маблағҳои худӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мустақилона ё ба тарзи додани қисми маблағҳо ба идоракунии ба боварӣ асосёфтаи ташкилоти идоракунанда анҷом дода мешавад.
6. Ташкилотҳои суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ (ба истиснои ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила) бояд дорои сармояи (фонди) оинномавии ҳадди ақалли пурра бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда бошанд, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
7. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазириро дар қисмати ташаккулёбии захираҳои суғуртавӣ, тартиб ва шартҳои сармоягузории (маблағгузории) маблағҳои худӣ (сармоя) ва маблағҳои захираҳои суғуртавӣ, таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулкарда, инчунин дигар талаботро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар кардаанд, риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
8. Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи (аз ҷумла, муайянсозии нишондиҳандаҳои барои чунин ҳисобкунӣ истифодашаванда) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
9. Дар ҳолати аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя нагардидани таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои ба зиммагирифта ташкилоти мазкур уҳдадор аст, ба мақоми ваколатдори давлатии назорати суғуртавӣ нақшаи солимгардонии вазъи молиявиро пешниҳод намояд, ки нисбат ба он талаботи мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 27. Захираҳои суғуртавӣ
1. Барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо оид ба суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ ва суғуртаи мутақобила ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила захираҳои суғуртавиро ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
2. Ташаккулёбии захираҳои суғуртавӣ бо мақсади анҷомдиҳии пардохтҳои суғуртавии (ҷубронҳои суғуртавии) минбаъда аз рӯи шартномаҳои суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ ва иҷрои амалҳои дигар тибқи шартномаҳои мазкур (уҳдадориҳои суғуртавӣ) бояд ба арзёбии актуарии уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) асос ёбад.
3. Ташкилоти суғуртавӣ уҳдадор аст маблағҳои захиравии суғуртавиро бо шартҳои диверсификатсия, бозоргирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ бо тартиби тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ сармоягузорӣ ё бо тарзи дигар ҷойгир намояд. Ташкилотҳои суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд маблағҳои захиравии суғуртавиро барои сармоягузории векселҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгир намоянд ва аз ҳисоби маблағҳои захиравии суғуртавӣ қарз диҳанд.
4. Сармоягузории маблағҳои захиравии суғуртавиро ташкилотҳои суғуртавӣ мустақилона ё бо роҳи додани қисми маблағҳо ба идоракунии ба боварӣ асосёфтаи ташкилоти идоракунанда анҷом медиҳанд.
5. Ташаккулёбии захираҳои суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавии муқаррарнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
6. Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ танҳо барои иҷрои уҳдадориҳои суғуртавӣ истифода мегарданд.
Моддаи 27(1). Полиси суғуртавӣ ва талабот нисбат ба он
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта аз рӯйи намудҳои суғурта, суғуртакунанда баъди аз тарафи суғурташаванда пардохт гардидани мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) муқарраргардида ба суғурташаванда полиси суғуртавӣ медиҳад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалишавии намуди мушаххаси суғурта мебошад.
2. Номгӯйи маълумотеро, ки бояд дар полиси суғуртавӣ нишон дода шаванд, мақоми назорати суғуртавӣ дар шакли тавсиявӣ тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 27(2). Меъёрҳои мақбули ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) меъёрҳои мақбули ҳатмии зерин муқаррар карда мешаванд:
- андозаи ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ;
- ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
2. Меъёрҳои мақбул, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми назорати суғуртавӣ танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 28. Интиқоли портфели суғуртавӣ
1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) метавонад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст уҳдадориҳоро аз рӯи шартномаҳои суғурта (портфели суғуртавӣ) ба як ё якчанд ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ба истиснои ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобилаи ба талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ ҷавобгӯ, бо назардошти уҳдадориҳои азнавқабулшуда ва дорои иҷозатнома оид ба амалисозии намудҳои суғурта, ки аз рӯи онҳо портфели суғуртавӣ (ивази ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) интиқол дода мешавад, супорад.
2. Пурра ё қисман интиқол намудани портфел бе розигии пешакии мақоми назорати суғуртавӣ ба ҷо оварда намешавад. Ҳангоми интиқол намудани портфели суғуртавӣ ва гузашт намудани созишнома ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар ҳуқуқи суғурташавандагон набояд халалдор гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
3. Ба таркиби портфели суғуртавии интиқолшаванда дохил мешаванд:
- уҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои суғурта, ки ба захираҳои суғуртавии ташаккулёфта мувофиқ мебошанд;
- дороие, ки барои пӯшонидани захираҳои суғуртавии ташаккулёфта қабул гардидааст.
4. Асосҳои интиқоли портфели суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) чунин мебошанд:
- бозхонди иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ бо ташаббуси мақоми назорати суғуртавӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- риоя нашудани талаботи муқарраргардидаи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки ба бадшавии вазъи молиявии он оварда мерасонад, агар интиқоли портфели суғуртавӣ бо нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ шуда бошад;
- қабули қарор аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба азнавташкилкунӣ ё барҳамдиҳӣ;
- қабули қарор аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба ихтиёран рад кардани амалисозии фаъолияти суғуртавӣ ё намудҳои алоҳидаи суғуртакунӣ;
- асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
5. Интиқоли портфели суғуртавӣ дар асоси шартнома оид ба интиқоли портфели суғуртавии байни ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ ва ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) қабулкунандаи портфели суғуртавӣ басташуда, инчунин санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ анҷом дода мешавад. Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли зикргардида аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
6. Ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ дар сомонаи худ хабарномаро оид ба мақсади интиқолдиҳии портфели суғуртавӣ ҷойгир менамояд, инчунин ин хабарномаро дар нашрияҳои муайяннамудаи мақоми назорати суғуртавӣ нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
7. Рад кардани ивазкунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунии) ба қатъшавии пеш аз муҳлати шартномаи суғуртавӣ ва ба суғурташаванда баргардонидани қисми мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) мутаносибан ба фарқи байни муҳлати шартномаи суғурта басташуда ва муҳлате, ки дар давоми он шартномаи мазкур амал кардааст ё ба пардохти маблағи харидашаванда аз рӯи шартномаи суғуртаи ҳаёт анҷом меёбад.
8. Ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, уҳдадор аст:
- санҷиши мутобиқати шартномаҳои суғуртавиро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилоти мазкур аз рӯи шартнома оид ба интиқоли портфели суғуртавӣ ташкил намояд;
- ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ маълумотро дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии худ пешниҳод намояд;
- ба ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ оид ба ивазкунии азнавсуғурташаванда дар шартномаҳои азнавсуғуртакунии аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) басташуда, ки интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ аст ва ба зиммаи ташкилоти қабулкунанда гузаштани иҷрои уҳдадориҳои шартномаҳои суғуртавии дар портфели суғуртавии интиқолшуда дохил гардидаанд, хабар медиҳад;
- амалиёти дигарро, ки аз шартнома оид ба интиқолдиҳии портфели суғуртавӣ бармеояд, иҷро менамояд.
Моддаи 29. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
БОБИ 4(1). БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
Моддаи 29(1). Соли молиявӣ
Соли молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва субъектҳои дигари фаъолияти суғуртавӣ аз 1 январи соли тақвимӣ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад. Барои филиалҳои ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад.
Моддаи 29(2). Асосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ
1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоида ва зарар, ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ, ҳисобот оид ба тағйирёбӣ дар маблағҳои худӣ (сармоя) ва замимаҳо ба ҳисоботҳои муҳосибӣ иборат мебошад, мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ омода мекунанд.
2. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила, мақоми назорати суғуртавӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ феҳристи ҳисобот, шаклҳо, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявиро муқаррар менамояд.
Моддаи 29(3). Пешниҳоди ҳисобот
1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила уҳдадоранд ҳисоботи молиявии солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ то 30 апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод намоянд.
2. Ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд ба мақоми назорати суғуртавӣ вобаста ба таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), таркиб ва андозаи захираҳои суғуртавии ташаккулёфта, таркиб ва сохтори дороиҳое, ки дар онҳо маблағҳои худии (сармояи) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир шудаанд, таркиб ва сохтори дороиҳое, ки дар онҳо маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир шудаанд ва ҳисоботҳои дигар тибқи талаботи Қонуни мазкур маълумот пешниҳод намоянд.
3. Филиалҳои ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи солонаро доир ба амалиёти солонаи худ омода намуда, бевосита ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод менамоянд.
4. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал доранд, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмуии солонаи худро бо хулосаи аудитори беруна дар муҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз анҷоми соли молиявии ҳисоботии он ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод мекунанд.
5. Брокерҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои актуарӣ, адҷастерӣ, сюрвейерҳои суғуртавӣ ва ташкилотҳои болоии суғуртавии гурчҳи суғуртавӣ ҳисоботҳои омориро аз рӯйи шакл ва бо тартибе, ки мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар кардааст, таҳия намуда, онҳоро ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод менамоянд.
Моддаи 29(4). Нашри ҳисоботи молиявии солона
Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудити ҳатмӣ гузаштааст, дар муҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар сомонаи расмии худ ҷойгир ва дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби худ нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 30. Назорати дохилӣ
1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст низоми назорати дохилии таъминкунандаи ноилшавӣ ба мақсадҳои зеринро ташкил кунад:
- самаранокӣ ва натиҷагирии (аз ҷумла, безарарии) фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳангоми иҷро намудани амалиёти суғуртавӣ ва амалиёти дигар;
- самаранокии идоракунии дороиҳо, аз ҷумла таъмини ҳифзи онҳо, маблағҳои худӣ (сармоя), захираҳои суғуртавӣ ва уҳдадориҳои дигари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- самаранокии идоракунии хавфҳои ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ (ошкорсозӣ, арзёбии хавфҳо, муайянсозии дараҷаи кофии хавфҳои базиммагирифтаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), чораҷӯӣ оид ба нигоҳдории сатҳи хавфҳо, ки ба устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таҳдид намекунад);
- боэътимодӣ, пуррагӣ, воқеияти ҳисоботҳои муҳосибӣ (молиявӣ), ҳисоботи оморӣ, ҳисобот оид ба тартиби назорат, таҳия ва пешниҳоди саривақтии чунин ҳисобот;
- риояи қоидаҳои одоб, принсипҳои касбият ва салоҳиятнокӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573).
2. Мутобиқи ваколатҳои муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилию фармоишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) назорати дохилиро анҷом медиҳанд:
- мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) (муовинони ӯ);
- аудитори дохилии (хадамоти аудити дохилии) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- шахси мансабдор, сохтори таркибии барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ ва татбиқи барномаҳо оид ба амалисозии онҳо масъул, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" таҳия гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573);
- актуарий;
- кормандон ва сохторҳои таркибии дигари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мутобиқи ваколатҳои бо ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилию фармоишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муайянгардида.
Моддаи 31. Аудити дохилӣ
1. Бо мақсади таъмини сатҳи зарурии боэътимодии назорати дохилӣ, арзёбии самараи он ва санҷиши мутобиқати фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоида ва стандартҳои иттиҳодияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба муқаррароти ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилию фармоишӣ ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аудити дохилиро ташкил намуда, бо ин мақсад шахси мансабдорро таъин менамояд ва ё сохтори таркибиро таъсис медиҳад.
2. Бо мақсади таъсиси аудити дохилӣ ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) низомнома дар бораи ташкил ва амалисозии аудити дохилиро тасдиқ менамояд, ки он иборат аст аз:
- мақсад ва вазифаҳои аудити дохилӣ;
- объектҳои аудити дохилӣ мутобиқи шаклҳои идоракунии хавфҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- шаклу усулҳои аудити дохилӣ;
- тартиби амали аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ ҳангоми ошкорсозии норасоиву камбудиҳо дар фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- таркиби ҳисобот оид ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда, шаклу тартиби пешниҳоди он;
- тартиби амалисозии назорат (аз ҷумла, гузаронидани санҷишҳои такрорӣ) оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ошкоркардаи аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ дар фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- тартиби иттилоотонии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ, аъзои ҷамъияти суғуртакунии мутақобила доир ба норасоиҳои аз ҷониби мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ роҳдодашуда, ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиён) ташкилоти суғуртавӣ, инчунин маҷлиси умумии аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила;
- ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ;
- шакл ва тартиби арзёбии хавфҳо ва самараноки идоракунии хавфҳо;
- тартиби амалӣ намудани арзёбии мақсаднок ва босамар будани амалиёт ва муомилоти анҷомёбанда;
- шакл ва тартиби амалӣ намудани санҷиши таъмини нигоҳдории дороӣ;
- шакл ва тартиби иштирок дар гузаронидани таҳлили ҳолати молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- муқаррароти дигаре, ки ба қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.
3. Низомнома дар бораи аудити дохилиро Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавӣ ё дар ҳолати набудани он, маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ, маҷлиси умумии аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
4. Аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ дар асоси қарори Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавӣ, раёсати ҷамъияти суғуртаи мутақобила ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мегарданд ва ба Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавӣ, маҷлиси умумии аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд ё дар ҳолати мавҷуд набудани Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавӣ дар асоси қарори маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод гардида, ба маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
5. Ба шахси ба вазифаи аудитори дохилӣ ё роҳбари хадамоти аудити дохилӣ таъйиншуда дар ду (чанд) вазифа кор кардан иҷозат дода намешавад.
6. Аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ метавонанд ба ҳайати комиссияи санҷишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) шомил гарданд.
7. Аудитори дохилӣ, роҳбар ва кормандони хадамоти аудити дохилӣ, ки пештар вазифаҳоро дар сохторҳои дигари таркибии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ишғол менамуданд, метавонанд баъд аз гузаштани дувоздаҳ моҳ аз рӯзи хотимаёбии кор дар ин сохторҳои таркибӣ дар санҷиши фаъолияти сохторҳои мазкур ширкат варзанд.
8. Аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
- санҷиш ва таъмини самараи фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- санҷиши мутобиқати фаъолияти ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо ва стандартҳои иттиҳодияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дохилии ташкилиюфармоишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- санҷиши риояи қоидаҳои назорати дохилӣ ва татбиқи барномаҳои амалисозии он аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" таҳия гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573);
- санҷиши эътимоднокӣ, пуррагӣ, воқеияти ҳисобот ё маълумоти дигари дархостшаванда ва пешниҳоди саривақтии он аз ҷониби сохторҳои таркибии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) (аз ҷумла, муассисаҳои мустақил) ба мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- таҳлили сабабҳои роҳ додан ба камбудиву норасоиҳо дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ошкоргардида;
- додани тавсия оид ба пешгирии камбудиву норасоиҳо, ки дар натиҷаи санҷиши қаблии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) камбудиву норасоиҳои ба ин монанд ошкор гардида буданд;
- арзёбии хавфҳо ва самаранокии идоракунии онҳо;
- амалисозии арзёбии мақсаднок ва босамари амалиёту муомилот;
- амалисозии санҷиши таъмини нигоҳдории дороӣ;
- ширкат дар таҳлили вазъи молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва таҳияи номгӯи чорабинӣ оид ба пешгирӣ аз муфлисшавӣ;
- мувофиқасозии ҳисоботҳо, аз ҷумла ҳисоботҳои фосилавӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинӣ, ки тибқи нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ гардидааст;
- амалисозии санҷиши эътимоднокӣ, пуррагӣ, воқеияти ҳисоботу маълумотҳо бо назардошти нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҳисоботҳо, аз ҷумла ҳисоботҳои фосилавӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинии бо нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинишуда ба мақоми назорати суғуртавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин назорати пешниҳоди саривақтии онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
9. Аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ ҳуқуқ доранд:
- санҷиши ҳама самтҳои фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), аз ҷумла филиалҳо ва воҳиди дигари мустақил ва кормандони ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) амалӣ намоянд;
- аз роҳбарон ва кормандони ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва сохтори таркибии он ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти барои амалисозии ваколатҳои худ зарурро гиранд;
- ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумотҳо, аз ҷумла ба файлҳои компютерии иттилоотӣ, бе ҳуқуқи ворид намудани тағйирот ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд.
10. Аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ уҳдадоранд:
- нигоҳдорӣ ва баргардонидани ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти аз воҳидҳои сохтории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) гирифтаро таъмин намоянд;
- ҳангоми амалисозии ваколатҳои худ махфияти маълумоти гирифтаро риоя намоянд;
- оид ба ҳамаи холатҳои норасоӣ ва камбудиҳо, ки дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ошкор гардидаанд, мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), мақоми дастҷамъии иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва роҳбари воҳиди сохтории ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) огоҳ намоянд;
- назоратро оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ошкоргардида, риояи чораҳои тавсиянамудаи аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ бо мақсади пешгирии содир накардани норасоӣ ва камбудиҳои ба ин монанд дар фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалӣ намоянд.
11. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ ҳисоботҳои семоҳа тартиб дода, ба мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҳисоботҳои солонаро ба маҷлиси умумии ҳарсолаи саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
12. Ҳисоботҳои зикршуда дар баробари маълумот оид ба норасоиву камбудиҳои дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ошкоргардида ва дар бораи оқибатҳои онҳо маълумоти ҷараёни бартарафсозии норасоиву камбудиҳои қаблан ошкоргардидаро доро мебошанд.
13. Дар ҳолати ошкор гардидани норасоиҳо аз рӯи натиҷаи санҷиш, дар шакли қабули қарор аз ҷониби мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон (иштирокчиён) мансуб, аудитори дохилӣ, роҳбари хадамоти аудити дохилӣ дар шакли хаттӣ саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавиро, ки зиёда аз як фоизи саҳмияҳоро доро мебошанд (ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии ташкилоти суғуртавӣ), на дертар аз понздаҳ рӯз аз лаҳзаи ошкор гардидани чунин норасоиҳо хабар медиҳанд.
14. Бо дархости мақоми назорати суғуртавӣ ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст ҳисоботҳои аудити дохилӣ ва (ё) хадамоти аудити дохилиро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 32. Аудити ҳатмӣ ва нашри ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатман таҳти санҷиши аудитӣ қарор дода мешавад.
2. Ташкилоти аудитӣ аз рӯи натиҷаи аудити ҳатмии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст хулосаи аудитӣ оид ба ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) тартиб диҳад, ки он бояд дорои фаслҳо оид ба иҷрои талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар намудааст ва самараи ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
3. Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) на дертар аз 1 июли соли навбатии баъд аз соли ҳисоботӣ якҷоя бо хулосаи дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда нашр мегардад.
4. Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) он вақт нашргардида ҳисобида мешавад, агар дар сомонаи расмии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир ё дар воситаҳои ахбори омма, ки дастраси шахсони манфиатдори ин ҳисобот мебошанд, нашр шуда бошад.
5. Маълумот дар бораи нашри ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби худи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба мақоми назорати суғуртавӣ бо тартиби аз тарафи мақоми мазкур муқарраргардида пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
6. Хулосаи аудитӣ оид ба боэътимодии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), иҷро гардидани талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва дар бораи самараи ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) якҷоя бо ҳисоботи мазкур нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
7. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро паи ҳам зиёда аз се давраи ҳисоботи солона аудитор таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
8. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ ҳамзамон ба назар гирифта мешаванд:
- дараҷаи воқеан ҷавобгӯ будани ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
- усуле, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиётҳое, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ заруранд, истифода менамояд;
- камбудиҳои ҷойдошта ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳои солҳои гузашта.
9. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ нусхаи онро ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод менамояд.
10. Мақоми назорати суғуртавӣ метавонад аз ташкилоти аудиторӣ тавзеҳоти иловагиро вобаста ба хулосаи он дархост намояд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
БОБИ 5. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ
Моддаи 33. Вазифаҳои танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ
1. Вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ чунин мебошанд:
- таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули инфрасохтори бозори суғурта;
- танзими бозори суғурта ва назорат аз рӯи фаъолияти суғуртавӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон;
- вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғурта муайян намудааст.
2. Сиёсати давлатиро дар соҳаи суғурта мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ амалӣ ва назорати фаъолияти суғуртавиро мақоми назорати суғуртавӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 34. Назорати субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 01.03.2024 № 2045)
1. Назорати фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ (назорати суғуртавӣ) бо мақсади аз ҷониби онҳо риоя намудани қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта, огоҳкунӣ ва аз ҷониби иштирокчиён риоя накардани муносибатҳо, ки бо Қонуни мазкур ва қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта танзим гардидаанд, таъмини ҳимояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони дигари манфиатдор ва давлат, рушди босамараи бозори суғурта амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487, аз 01.03.2024 № 2045).
2. Назорати суғуртавӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ошкорбаёнӣ ва ягонагии ташкилӣ амалӣ мегардад.
3. Назорати суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
4. Мақоми назорати суғуртавӣ иттилооти зеринро дар матбуоти муайян нашр ва (ё) дар сомонаи худ ҷойгир менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487):
- тавзеҳоти масъалаҳои мансуб ба вазифаҳои мақоми ваколатдори назорати суғуртавӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта, Феҳристи иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта;
- санадҳо оид ба маҳдудкунӣ, боздоштан ё аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ;
- санадҳои бозхонди иҷозатнома оид ба амалисозии фаъолияти суғуртавӣ;
- маълумоти дигар оид ба масъалаҳои санҷиш ва назорат дар бораи фаъолияти суғуртавӣ;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ.
5. Назорати суғуртавӣ инҳоро дар бар мегирад:
- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта, Феҳристи иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта;
- назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта бо роҳи гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- додани хулосаҳо барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- мувофиқасозӣ бо мақсади зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ барои бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ амалӣ намудани муомилот оид ба бегонакунии саҳмияҳои (ҳиссаҳо дар сармояҳои оинномавии) ташкилотҳои суғуртавӣ, барои кушодани намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии суғуртавӣ, азнавсуғуртакунӣ, брокерӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки фаъолияти суғуртавиро амалӣ менамоянд, инчунин барои кушодани филиалҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо сармоягузории хориҷӣ;
- тибқи талаботи Қонуни мазкур пурра ва боэътимод будани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, инчунин ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ будани онҳо (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон (саҳмдорон), ки пардохти сармояи оинномавии (фонди) ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) таъмин ва тасдиқ менамоянд;
- қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи (фонди) оинномавӣ воридшаванда;
- ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ будани молики ҳиссаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) - саҳмдорон, манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо ва кормандони роҳбарикунанда;
- ба шарту талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мутобиқ будани сохтор, ҳайати кормандон ва андозаи сармояи (фонди) оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- мутобиқати намудҳои фаъолияти дар оинномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дарҷгардида ба талаботи қонунгузорӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон, аз ҷумла тавассути қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавиро муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- қабули қарор дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ оид ба боздошт ва маҳдудкунии ваколатҳои мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ уҳдадоранд:
- талаботи қонунгузориро дар соҳаи суғурта риоя намоянд;
- ҳисоботҳои муқарраргардида оид ба фаъолият, маълумот оид ба вазъи молиявӣ, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- таъиноти мақоми назорати суғуртавӣ дар хусуси бартарафсозии риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи суғуртаро иҷро намуда, маълумоту ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷро гаштани онро дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- аз рӯи дархости мақоми назорати суғуртавӣ дар муҳлатҳои муқарраргардидаи ин дархостҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои амалисозии назорати суғуртавӣ зарур, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоро оид ба вазъи молиявии худ пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045);
- ҳуҷҷатҳои номзадҳои ба мансабҳои роҳбар ва сармуҳосиби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ таъиншавандаро ба мақоми назорати суғуртавӣ барои мувофиқа пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487);
- ба мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" доир ба ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок оид ба анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани он иттилоъ диҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1573);
- маълумоти мушаххасшуда оид ба муштарӣ, дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба аҳдҳо (аз ҷумла шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ)), ҳуҷҷатҳо ва сабтҳоро аз рӯйи ҳар як аҳд ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ доранд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
7. Бо мақсади сари вақт ошкор намудани хавфҳои пардохтнопазирии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мақоми назорати суғуртавӣ бо тартиби муқарраргардида мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавиро бо истифодаи нишондиҳандаҳои молиявӣ (коэффитсиентҳо), ки тавсифкунандаи вазъи молиявии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва устувории онҳо нисбати омилҳои хавфҳои дохилӣ ва берунӣ мебошанд, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
8. Мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавиро мақоми назорати суғуртавӣ дар асоси принсипҳои мустақилият, воқеият, истифодабарии қоидаҳои ягонаи муқарраркунандаи талабот ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ, маҷмӯӣ, фаврият ва асосноккунии арзёбии фаъолияти онҳо амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 34(1). Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Мақоми назорати суғуртавӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро нисбат ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни мазкур татбиқ менамояд.
2. Асосҳои татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ инҳоянд:
- риоя нагардидани талабот вобаста ба ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавии барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқарраргардида, аз ҷумла аз рчйи таъинот истифода нашудани он;
- риоя нагардидани талабот оид ба ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва талабот оид ба ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- риоя нагардидани шарту талабот оид ба меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- риоя нагардидани талабот оид ба тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои даврӣ дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ ва пешниҳод накардани ҳисобот ё пешниҳод кардани ҳисоботи носаҳеҳ;
- пешниҳод нагардидани маълумоти дархостнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори суғурта;
- бе мувофиқаи қоидаҳои суғурта бо мақоми назорати суғуртавӣ анҷомдиҳии фаъолияти суғуртавӣ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо;
- аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешниҳод нагардидани маълумот оид ба ҳар гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид шудаанд;
- мамониат нишон додани субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ба гузаронидани санҷиш, ки дар муҳлати муқарраргардида имконияти гузаронидани онро намедиҳад;
- ислоҳ нагардидани камбудиҳое, ки дар ҳисоботи аудити ҳатмӣ дарҷ гардидаанд ва ба устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъсири манфӣ мерасонанд;
- пешниҳод гардидани хулосаи нодурусти комиссияи тафтишотии ҷамъияти суғуртаи мутақобила;
- риоя нагардидани баҳисобгирии полисҳои суғуртавӣ;
- бар хилофи қонунгузорӣ пардохт кардан ё накардани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ);
- сарф намудани маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ барои пӯшонидани хароҷот вобаста ба фаъолияти оинномавии ҷамъияти суғуртаи мутақобила;
- аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои ҷамъият бе хулосаи комиссияи тафтишотии ҷамъияти суғуртаи мутақобила тасдиқ намудани ҳисоботи солонаи муҳосибавии он;
- риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- иҷро накардани талаботи дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарору амрномаҳои мақоми назорати суғуртавӣ, ки дар натиҷаи он манфиатҳои суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон зери хатари ҷиддӣ гузошта мешаванд;
- иштирок намудани ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар содир намудани ҷинояти қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, мақоми назорати суғуртавӣ метавонад нисбат ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
1) тавассути амрнома:
- таҳия ва пешниҳод намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо, дар муҳлати муқарраргардида ислоҳи вазъи баамаломада, инчунин пешниҳоди маълумот оид ба чораҳои андешидашударо муқаррар намояд;
- муваққатан кушодани филиал ва намояндагиҳоро то бартараф кардани камбудиҳо боздорад;
- дар сурати дар муҳлатҳои муқарраргардида бартараф нагардидани камбудиҳои ошкоршуда, боздоштани фаъолияти филиал ва намояндагӣ ё бастани онҳоро муқаррар намояд;
- муваққатан боздоштани анҷомдиҳии намудҳои алоҳидаи суғуртаро муқаррар намояд;
- тақсим ё пардохти ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро байни иштирокчиён манъ намояд;
- аз мақоми идоракунии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки намояндагони мақоми назорати суғуртавиро муқаррар намояд;
- дар муҳлати муайянгардида пурра намудани ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавиро муқаррар намояд;
- маҳдудияти муваққатии қабул ва интиқоли дороиҳоро муқаррар намояд;
2) бо қарор дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаи субъекти фаъолияти суғуртавӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
4. Боздоштани амали иҷозатнома якҷо бо чораҳои дигари фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар банди 1) қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда метавонад татбиқ гардад, агар идомаи фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта то иҷро намудани чораҳои дигари фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии татбиқшуда имконнопазир бошад ё татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонӣ бе боздоштани амали иҷозатнома бенатиҷа арзёбӣ гардад.
5. Дар амрнома ва қарори мақоми назорати суғуртавӣ бояд маълумоти зерин дарҷ гарданд:
- асосҳо ва сабабҳои қабули амрнома ва ё қарор;
- номи пурраи иштирокчии касбии бозори суғурта;
- санаи эътибор пайдо кардани амрнома ва ё қарор.
6. Мақоми назорати суғуртавӣ амрнома ва қарор дар бораи татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии қабулнамудаашро дар шакли хаттӣ дар давоми на дертар аз се рӯзи корӣ ба маълумоти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мерасонад.
7. Маълумот оид ба санади судӣ дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома аз тарафи мақоми назорати суғуртавӣ дар давоми се рӯз аз рӯзи қабули он дар сомонаи расмӣ ва воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 35. Пешгирии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим дар бозори суғуртавӣ
Пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва бартарафсозии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолимро дар бозори суғуртавӣ мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо мақоми назорати суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти зиддиинҳисорӣ таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1487).
Моддаи 36. Мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва қонунҳои дигар бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.
2. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии тибқи қонунгузорӣ иҷозатдодашуда таъсис дода шудааст, уҳдадор аст дорои сармуҳосиб, роҳбари аудити дохилӣ ва актуарийи масъул бошад, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти шартномаи басташуда бо шахси дахлдор оид ба ваколатдиҳии вазифаҳои суғуртавӣ, ки бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ қабулгардида, пешбинӣ гардидаанд.
3. Мақоми идоракунии ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) давлатӣ ва ваколатҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Мақоми олии идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мустақиман ва ё тавассути таъсиси Шчрои директорон (Шчрои нозирон) барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва таъмини назорати татбиқи он, ташкил ва нигоҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилии аз тарафи воҳиди аудити дохилӣ ва мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалишаванда, идоракунӣ, ҷойгиркунӣ ва хароҷоти самараноки сармояи оинномавӣ, даромад ва маблағҳои дигари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ масъул мебошад.
5. Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) метавонад аз ҳисоби муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, таъсис дода шавад.
6. Узви Шчрои директорон (Шӯрои нозирон) наметавонад:
- узви мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, бошад;
- корманди ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, бошад;
- дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар бошад;
- дар як вақт узви Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) ва роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, роҳбари мақоми дастҷамъии иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошад;
- хизматчии давлатӣ бошад, ба истиснои узви Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки давлат дар он саҳмдор аст (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 37. Талаботи тахассусӣ ва дигар талаботе, ки ба кормандони роҳбарикунандаи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ пешниҳод карда мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045)
1. Роҳбари (аз ҷумла шахсе, ки вазифаи роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, роҳбари мақоми дастҷамъии иҷроияро амалӣ менамояд) субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ бошад, дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқие бошад, ки бо ҳуҷҷати эътирофшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олӣ тасдиқ шудааст, қонунгузории соҳаи фаъолияти суғуртавиро донад ва дорои собиқаи кории на камтар аз дусола ба сифати роҳбари воҳиди субъекти фаъолияти суғуртавӣ ё ташкилоти молиявии дигар бошад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
2. Сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ҷамъияти суғуртаи мутақобила ва брокери суғуртавӣ ба талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мутобиқат карда, ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ бошад, собиқаи кории на камтар аз ду сол аз рӯи ихтисос дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё дигар ташкилоти молиявӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
3. Аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ бояд забони давлатиро донад, таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқшиносӣ, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти олии мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст ва собиқаи кори на камтар аз ду сол аз рӯи ихтисос дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), дигар ташкилоти молиявӣ ё аудиторӣ дошта бошад.
4. Ба вазифаи аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ шахсони зерин таъин шуда наметавонанд, агар онҳо:
- вазифаи роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, сармуҳосиби ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ба уҳда дошта бошанд ва ё ба ҳайати мақоми иҷроияи дастҷамъии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) давоми ду сол пеш аз таъин шуданашон ба вазифаи аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ шомил бошанд;
- саҳмдори (иштирокчии) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошанд;
- бо роҳбари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё бо шахсе, ки роҳбари ягонаи мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мебошад ё ба ҳайати Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) ё мақоми иҷроияи дастҷамъии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) шомил буда ё бо сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муносибатҳои хешутабории наздик дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
5. Роҳбарон (аз ҷумла, роҳбари ягонаи мақоми иҷроия) ва сармуҳосиби субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунанд.
6. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд ба талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда ҷавобгӯ бошанд (Қонуни ҶТ аз 01.03.2024 № 2045).
Моддаи 38. Андозбандии фаъолияти суғуртавӣ
Андозбандии фаъолияти суғуртавӣ мутобиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 39. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти суғуртавӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 41. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010, № 681 «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, с.2010, №12, қ.1, мод. 840; с. 2014., №3, мод. 154) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе, 23 июли соли 2016,  №1349