ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 09:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
482
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
31.12.2008
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008, №12, қисми 2, мод. 1016)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми октябри соли 2008, № 1140 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 10, мод. 864) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 2008, № 587 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, мод.1053) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо, тартиби ташкил, ҷойгиркунӣ, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон амалӣ мегарданд, муқаррар мекунад.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-фармоиши иҷтимоии давлатӣ –шакли ҳуқуқию иқтисодии иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ равона гардида, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда бо роҳи бастани шартномаи байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунандаи он таъмин карда мешавад;
-эҳтиёҷоти иҷтимоии давлатӣ –талаботи объективие, ки дар барнома ва лоиҳаи иҷтимоии соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳифзи табиат ва муҳити зист, сиёсати давлатии ҷавонон, кор бо занон, пойдории оила, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои демографӣ, сиёсати гендерӣ, дастгирии дигар соҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ифода ёфтааст;
-барномаи иҷтимоӣ – маҷмўи тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, техникӣ ва нақшаи амалиёт, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда барои ноил шудан ба мақсад дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳифзи табиат ва муҳити зист, сиёсати давлатии ҷавонон, кор бо занон, пойдории оила, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои демографӣ, сиёсати гендерӣ, дастгирии дигар соҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ равона карда мешаванд;
-лоиҳаи иҷтимоӣ – маҷмўи тадбирҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои мушаххаси дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар доираи барномаи иҷтимоӣ;
-фармоишгари иҷтимоии давлатӣ –мақоми ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он, ки ба зиммаи онҳо ўҳдадории иҷрои чораҳои марбут ба интихоби иҷрокунанда, аз ҷониби тарафҳо бастани шартнома, маблағгузорӣ ва назорати иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ вогузор шудааст;
-иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар озмун ғолиб омада, бо фармоишгари иҷтимоии давлатӣ шартнома бастааст ва ба зиммаи ў иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ вогузор шудааст;
-ҷойгиркунии фармоиши иҷтимоии давлатӣ – раванде, ки дар ҷараёни он фармоишгари иҷтимоии давлатӣ чораҳои марбут ба интихоби иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ, баста шудани шартнома аз ҷониби тарафҳоро иҷро намуда, масъалаи пешбинӣ намудани маблағгузории онро дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда пешниҳод менамояд; 
-озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ (минбаъд-озмун)- тарзи интихоби иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз тарафи фармоишгар;
-шартнома оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ –шартномаест, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунанда баста шуда, он ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳоро барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ муайян менамояд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мақсади Қонуни мазкур
1.Қонуни мазкур барои таъмини самарабахш ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ҷалбшаванда, ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, мусоидат баҳри беҳдошти вазъи зиндагии шаҳрвандон, инчунин ҷиҳати ба ин кор ҷалб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон ва табақаҳои васеи аҳолӣ, равона карда мешавад.
2.Муносибатҳое, ки ҳангоми иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба миён омада, дар Қонуни мазкур пешбинӣ нагардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
 
Моддаи 4. Принсипҳои ташкил ва ҷойгиркунии фармоиши иҷтимоии давлатӣ
Фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар асоси принсипҳои зерин ташкил ва ҷойгир карда мешавад:
-аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ шудани фармоиши иҷтимоии давлатӣ;
-самарабахшу мақсаднок ҷобаҷогузорӣ ва истифода намудани маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда;
-афзалияти интихоби масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ;
-мувофиқати маблағузории буҷетӣ бо манбаъҳои иловагии ғайрибуҷетӣ;
-ба тариқи озмун интихоб шудани иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ;
-дастрасии баробар ва озоди иттилоот барои иштирокчиёне, ки хоҳиши амалӣ намудани фармоиши иҷтимоии давлатиро доранд.
 
Моддаи 5. Мақсад ва самтҳои амалӣ намудани фармоиши иҷтимоии давлатӣ
1.Мақсадҳои амалӣ намудани фармоиши иҷтимоии давлатӣ инҳоянд:
-қонеъ намудани эҳтиёҷоти иҷтимоии давлатӣ;
-ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки аз доираи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ берун мондаанд ва ё ғайричашмдошт ба миён омадаанд;
-истифодаи воситаҳои иловагии меҳнатӣ ва захираҳои моддию молиявӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ;
-андешидани чораҳои иловагӣ барои дастгирии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон;
-саҳмгузорӣ бо мақсади беҳдошти вазъи зиндагии шаҳрвандон.
2.Фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самтҳои  зерин амалӣ мешавад:
-илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ;
-тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
-тарбияи ҳарбию ватандўстӣ;
-ҳифзи табиат ва муҳити зист;
-таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ;
-кор бо занон, пойдории оила, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои демографӣ ва сиёсати гендерӣ;
-ҳифзи ҳуқуқи модару кўдак;
-дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон;
-дастгирии олимони ҷавон дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
-дастгирии иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи моддии оилаҳои камбизоат, маъюбон, гурезагон, муҳоҷирон, ҳамчунин шахсоне, ки бо сабаби нуқсонҳои ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва ҳолатҳои дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
-омода намудани аҳолӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ намудани онҳо ва кўмак расонидан ба зарардидагон;
-ҳифзи биноҳо, ёдгориҳои таърихӣ, иншооту мавзеъҳое, ки дорои аҳамияти миллӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ мебошанд;
-баланд бардоштани савияи маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон.
 
Моддаи 6. Тартиби таҳияи фармоиши иҷтимоии давлатӣ
1.Фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар шакли барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ таҳия ва пешниҳод карда мешавад. Барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ ҳар сол пеш аз таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда бо роҳи интихоби масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он, ки амалӣ намудани фармоиши иҷтимоии давлатии соҳаи мушаххас дар салоҳияти онҳост, бо ҷалби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон, таҳия карда мешаванд.
2.Ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоие, ки ба салоҳияти якчанд сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд, метавонанд дар доираи як барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ пешниҳод карда шаванд.
3.Барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ бояд дорои чунин маълумот бошанд:
-собит кардани масъала аз лиҳози вазъи мавҷуда ва таҳлили илмию иқтисодии ҳолати аввала;
-вазифаҳои асосӣ, давра ва мўҳлати иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ;
-тартиби иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ;
-номи мушаххаси фармоишгари иҷтимоии давлатӣ оид ба иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ;
-маълумот дар бораи маҷмўи маблағгузорӣ, захираҳои моддию меҳнатӣ ва манбаи таъмини онҳо;
-дурнамо ва натиҷагирии пешакии чашмдошти иҷтимоию иқтисодии барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ дар сурати амалӣ гардонидани онҳо;
-пешниҳоди назорати рафти иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ;
-дигар ҳуҷҷату мавод, ки барои тасдиқи барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ зарур мебошанд.
 
Моддаи 7. Ҷойгиркунии фармоиши иҷтимоии давлатӣ
1.Фармоишгари иҷтимоии давлатӣ чораҳои марбут ба интихоби иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ ва аз ҷониби тарафҳо баста шудани шартномаро иҷро намуда, масъалаи пешбинӣ намудани маблағгузории онро дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда пешниҳод менамояд.
2.Номгўи соҳаҳои афзалиятноки фармоиши иҷтимоии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд.
3.Иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар асоси озмун интихоб карда мешавад. Шарту тартиби баргузории озмунро фармоишгари иҷтимоии давлатӣ муайян карда, дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд. Ба ҳайати ҳакамони озмун намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, ки бевосита ба иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоии мазкур вобастаанд, шомил мегарданд. Ҳамчунин ба ин ҳайат мутахассисон, экспертҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ метавонанд ҷалб карда шаванд. Ғолиби озмун иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ ҳисобида мешавад ва бо фармоишгари иҷтимоии давлатӣ шартнома мебандад.
4.Низомномаи намунавӣ дар бораи баргузории озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5.Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақоми ваколатдори давлатӣ маблағгузории фармоиши иҷтимоии давлатиро ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда пешбинӣ намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро барои тасдиқ пешниҳод мекунад.
 
Моддаи 8. Шартнома оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ
1.Шартномае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунанда баста шудааст, ҳуҷҷати асосӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти онҳоро муайян менамояд, муносибатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникии тарафҳоро ба танзим медарорад.
2.Баҳсҳои байни иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоӣ ва фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ҳангоми бастани шартнома бавуҷудомада, иҷрои шартнома ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни он ё бекор кардани шартнома оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ, инчунин ҷуброни зарари моддӣ ва ё маънавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 9. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои фармоишгар ва иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ
1.Ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафҳо барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз рўи шартнома тибқи талаботи Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
2.Фармоишгари иҷтимоии давлатӣ мувофиқи шартҳои шартнома иҷрокунандаро барои иҷрои он бо таҷҳизоти моддӣ ва захираҳои молиявӣ таъмин менамояд, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур рафти иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро назорат мекунад, ба мақомоти дахлдор оид ба иҷрои он ҳисобот медиҳад ва дар воситаҳои ахбори омма ҳисоботи солонаи иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро нашр менамояд.
3.Иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ вазифадор аст, ки маблағи гирифтаашро танҳо барои иҷрои ўҳдадориҳои шартнома харҷ намояд ва ҳуқуқ дорад барои иҷрои корҳои пешбининамудаи шартнома шахсони сеюмро ҷалб кунад. Ҳамчунин дар ин ҳолат ў дар назди фармоишгари иҷтимоии давлатӣ пурра ҷавобгар мебошад.
 
Моддаи 10. Маблағгузории фармоиши иҷтимоии давлатӣ
Фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:
-маблағи буҷети давлатӣ;
-маблағ ва захираҳои дигари моддию молиявие, ки иҷрокунанда ҷалб намудааст;
-саҳмгузории ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқии онҳо;
-дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
 
Моддаи 11. Назорати иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ
Назорати иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва фармоишгари иҷтимоии давлатӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон, барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008
№482